Фирдавси Аъзам

Адабу фарҳанги Мастчоҳ

Муллошо Давлатов


Муллошо Давлатов 20 декабри соли 1942  дар хонаводаи дехкони дехаи Хадишахри нохияи Мастчохи вилояти Ленинобод Муллошоев Давлатбвек ба дунё омадаст. Соли 1949 ба мактаби ибтидоии хамон деха шомили синфи якум гашта соли 1959 мактаби миёнаи раками 3 нохияи Мастчохро хатм кардааст.

Тули ду сол яьне то соли 1961 донишчуи техникуми хочагии кишлоки нохияи Мастчох шуда, тахсил намудааст. Вале соли 1961 уро ба сафи артиши Иттиходи Шурави даъват намуда, раванди тахсили у катъ гардид. Аз мохи ноябри соли 1961 то мохи июли 1964 дарс афи артиш ифои вазифа карда мохи июл барои дохилшави  ба Донишгохи Милли Точикистон уро рухсат медиханд ва у бо супурдани имтихонхои дохили пеш аз мухлат аз сафи артиш озод гардидда аст.

Аз мохи сентябри соли 1964 ба бахши аввали факултаи таърихи Донишгохи Миллии Точикистон дохил сахуда, мутобики барномаи чахорсолаи тахсилот соли 1968 факултаи номбурдаро хатм кардааст. Аз мохи августи соли 1968 уро ба хайси асистенти кафедраи  фалсафаи донишгохи тибби Точикистон ба номи Абуали ибни Сино кабул карданд. Дар тули фаьолияти педагоги ду маротиба барои такмили ихтисос ба шахрхои Москва ва Киев сафарбар шудааст.Инчунин, чанд сол раиси иттифоки  касабаи донишчуён шуда кор кардааст.Аз соли 1976 тибки конкурс ба вазифаи  сармуаллими кафедраи фалсафаи ДМТ гузашта, аз хамончо ба Чумхурии Афгонистон ба хайси тарчумон сафарбар шудааст. Баьди бозгашт ба Ватан соли 1979 то январи 1981 дар вазифаи худ сармуаллими кафедраи фалсафаи ДМТ кор кардааст.Аз мохи январи соли 1981 дубора ба Чумхурии демократии Афгонистон ба хайси устоди чомеашиноси Донишгохи Давлатии Кобул равона шуд.Дар институти Политехникии Кобул мушовири ташкилотии хизбии ончоро ба ухда дошт.

Баъди бозгашт ба Ватан ба у  мухлати як солаи аспирантури доданд ва дар муддати як соли тахсил хам кори номзадиро анчом дод ва хам як монография ва чандтои догар маколоти илми ба табь расонид. Кори илмияшро дар Пажухишгохи Ховаршиносии Иттиходи Шурави дар шахри Москав ба анчом расонидааст. Аз соли 1984 боз ба кафедраи фалсафаи ДМТ баргашта  то соли 1987 ончо фаолият намудааст.Аз соли 1987 то соли 1993 хамчун номзади илмхои таьрих уро ба кафедраи таьрихи халки точики ДМТ даьват карданд.Аз сентябри соли 1993 бо сабаби хаводиси маьлум ба Донишгохи Давлатии Хучанд омада то мохи июли 1994 ба хайси дотсенти кафедраи таьрихи халки точик ифои вазифа кардааст. Аз мохи июли соли 1994 уро ба вазифаи директори омузишгохи омузгории нохияи Мастчох даъват намуданд ва дар ончо то соли 2009 масъулияти рохбариро бар душ дошт.Хуб, Мулошо Давлатов оиладор аст ва сохиби чахор писар ва як духтар  мебошад.

Дар ояндаи хеле наздик номгуи осори Муллошо Давлатовро инчо хохед дид.

July 2, 2010 - Posted by | Culture, Адабиёт, Адабиёт ва санъат, Адиб, Душанбе, Маскав, Мастчох, Муаррифинома, Муллошо Давлатов, Точикон, Тоҷикистон, Фалсафа, Identity, Mastchoh, Tajiks

2 Comments »

  1. Hama filosofho az Mastchoh budaand ku,

    Comment by Jaloliddin | July 2, 2010 | Reply

  2. Бародари арчманд, Фирдавс!

    Вокеан коре ки шумо мекунед, кобили ситоиш аст, худованд шуморо саломат дорад.Мастчох хеле шахсиятхои бузург дорад, хеле хуб мешуд агар онхоро низ инчо меовардед, мутаминам,ки ба тадрич ин корро хохед кард,ба шумо сихат саломати мехохам,

    Comment by Абдушукур | July 4, 2010 | Reply


Leave a comment