Маликнеъмат
Маликнеъмат дар таърихи 20 ноябри соли 1959 дар дехаи Мадрушкати нохияи Мастчох мутаввалид шудааст.Маликнеьмат аз шоирони бузурги Мастчох махсуб меёбад,ки айни замон дар литсейи №1 фаолият мекунад.Вазифааш чонишини директор, омузгори забони точики.
Дарачот: Аълочии маорифи Точикистон, аълочии фарханги Точикистон.
Узви ИН Точикистон, узви ИР Точикистон, номзади илмхои суханшиноси.
Муаллифи китобхои «Нилуфари махтоб», «Одамасп», «Эхёи Мадрушкат»,
«Ин дарахтон», «Маснавии нави» ва монографияи илмии «Рашахоту айнилхаёт»-и Фахруддин Алии Сафи ва мохияти адабию ирфонии он». Continue reading
Муҳаммадзамони Солеҳ
Мухаммадзамони Солех соли 1951 дар дехаи Падрохи нохияи Мастчох ба дунё омадааст.Нависанда ва журналисти варзида мебошад.Китобхои “Сарви кишмар”, “Ишки актёри пир” ва чандин хикоёти дигар аз офаридахои у мебошанд.Аввалин достони кӯтоҳи ӯ дар матбуот дар охири солҳои 1970 таваҷҷӯҳи адабиётшиноси маъруф Муҳаммадҷон Шакуриро ба худ кашида буд. Шакурӣ дар сарсухани китоби нахустини Муҳаммадзамони Солеҳ “Сарви Кишмар” навишта буд, Continue reading
Мирзонабии Холиқзод
Мирзонабии Холиқзод aз соли 1995 бо радиои Озодӣ ҳамкорӣ мекунад. Ҳоло раиси дафтари радиои Озодӣ дар Тоҷикистон мебошад.Дар соли 1962 дар ноҳияи Масчо зода шудааст. Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1985, ба ҳайси муҳаррири бахши адабию драмавии Телевизиони Тоҷикистон ва баъдан ҳамчун сардабири ҳамин бахш кор кардааст.Соли 1994 корманди масъули Вазорати фарҳанги Тоҷикистон буд. Дар зер чанд намунае аз эҷодиёти муаллиф иро мешавад. Continue reading
Асрори Азиз
Асрори Азиз санаи 23 декабри соли 1977 дар деҳаи Худгифи Офтоб аз оилаи коргар ба дунё омадааст.Сентябри соли 1984 ба дабистон шомил гашта онро соли 1994 хатм намудааст.Худи ҳамон сол ҳуҷҷатҳояшро ба Омузишгоҳи тибби супорида кабул мешавад ва соли 1997 пас аз хатми омузишгоҳ фаолияти кории хешро аз беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ дар шуъбаи “Эҳё” ба ҳайси беҳёр огоз намудааст.Аз соли 2000-ум инҷониб дар маркази саломатии “Зарафшон” ба сифати беҳёри бачагона адои вазифа намуда истодааст.Асрори Азиз аз зумраи он пизишконест, ки дар миёни ҷомеаи Мастчоҳ аз oбрую эҳтироми вижае бархурдор аст. Continue reading
Абдумалик Зухури
Абдумалик Зухури 20 ноябри соли 1951 дар дехаи Ревомутки нохияи Кухистони Мастчох таваллуд шудааст.Соли 1976 ба шуъбаи иктисодии Донишгохи давлатии Точикистон шомил шуда, онро соли 1971 пирузмандона хатм намудааст.
Муддате дар идораи шуъбаи молияи нохия, КСН-17 ба хайси сармутахассис ва аз соли 1978 то имруз дар чамъияти саххомии “Сомониён” дар риштаи хисобу китоб хамчун сармухосиб адои вазифа менамояд.
Намунаи ашъораш дар китобхои муштараки “Хордаста” , “Сурмаи дил” ва рузномаву мачаллахои чумхури ба чоп расидаанд. Continue reading
Нуъмон Рачабзода
Нуъмони Раҷабзода 20-уми октябри соли 1971 дар ҷамоати Мастчоҳ, ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №10 соли 1989 шомили факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон гашта, ин даргоҳи маърифатро соли 1994 хатм менамояд. Фаъолияти кории хешро Нуъмони Раҷабзода ба сифати омузгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ва синфҳои ибтидоӣ дар мактаби миёнаи №24 оғоз карда, дар тарбияи шогирдон наздики даҳ сол саҳми муассир гузошт. Пайваста навиштаҳояш дар нашрияҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба чоп мерасиданд. Фаъолияти рузноманигории худро дар ҳафтаномаи «Суғд» соли 2002 оғоз карда, баъдан муҳаррири масъули ҳафтаномаи «Суғдиён» интихоб мегардад. Котиби масъули нашрияи «Анвори дониш» низ бар уҳдаи у вогузошта мешавад. Баъдан фаъолияти хешро ҳамчун хабарнигор дар ҳафтаномаи «Вароруд» идома дода, айни замон мухбири махсуси ҳафтаномаи «Омузгор» дар вилояти Суғд мебошад. Аз соли 2008 узви Иттифоrи журналистони Тоҷикистон аст. Дар зер чанд намуна аз навиштахои уро манзур мегардонем. Continue reading
Гулноз
ДАР ШУКУФАРЕЗИ НИГОХИ ИРФОН
Мафохиме вучуд доранд, ки асли зухури ин отифаи равонии инсонро тавзех медиханд ва дар ин миён эхсос, тафаккур, хаёл, маърифат, дарк, шинохт ва амсоли ин дар саргахи диданихову шуниданихо аз шеър карор дорад. Чун шеър аслан як навъ маърифати лахза, фурсат, ходисаву вокеа, холат ва хатто як ашёст, пас кадами эхсосот дар ин каламрав пешгузар хам метавонад бошад. Чаро? Чун башарият худ барои расидан ба маърифати кулл эхсосро ба масобаи нардбоне карор дод, ки руи он боло шави ва уруч намои то ба фарози осмонхои асолат, ки онро зинахои дигаре аз аклу идроку фалону фалону ва мунтахои он, ки макарраш шахри хафтуми Аттор- яъне Ишк аст, боло мебаранд, бираси. Аз хамин чост, ки дар андешахои мунтакидону файласуфон ва хатто худи шоирон иттисоли равонии шоир, ашё, шеър вачхи мухимми рисолати шеър гуфтан аст, ки туфони нихояти ин анчумани васл, чунонки борхо гуфтаем,хамон нидои «Аналхак» аст, ки аз uояти шавки беандоза аз ниходи шахси шоир ба сурати «Анашшеър» берун меояд, то равшан кунад бароямон асолати шеърро. Continue reading
Олим Салимзода
Олим Салимзода 28 январи соли 1956 дар дехааи Худгифи Соя чашм ба олам гушуд. Тахсили хамагониро дар дабистони № 10 фаро гирифт. Соли 1978 бахши журналисти Донишгохи давлатии Точикистонро бо бахои аъло поён дод. Мудати 10 сол дар рузномаи «Точикистони Совети» фаъолият дошт. Хамчунин, 6 соли баъди дар Кумитаи давлатии матбуот раиси шурои чумхуриявии танзими тарчумаи адабиёт ва сардори сарраёсати табъу нашри матбуоти даври ва байналмилалии Вазорати ахбор буд. Continue reading
Аъзами Хучаста
Аъзами Хучастасоли 1955 дар дехаи Худгифи Соя, нохияи Мастчох ба дунё омад.Соли 1972 мактаби миёнаи раками 10-ро хатм намуда, дар хамон сол ба донишкадаи таърихи ДДТ дохил шуд. Аз соли 1977 то соли 1985 дар мактаби миёнаи раками 10 омузгор буд. Дар солхои 1985-1988 дар Афгонистон ба унвони тарчумон кор кард. Аз соли 1988 то 1996 хабарнигори рузномаи “Машъал” буд. Аз соли 1997 то кунун корманди бахши точикии “Садои Хуросон” аст.
Мачмуаи ашъораш бо номи “Соярушан” дар Чумхурии Исломии Эрон ба табъ расидааст. Continue reading