Фирдавси Аъзам

Адабу фарҳанги Мастчоҳ

КУРБОН ХУСАЙНИ


Курбон ХусайниКУРБОН ХУСАЙНИ 16 июли соли 1939 дар дехаи Худгифи Офтобр.и нохияи Масчо ба дунё омада соли 2005 ба рахмати Хак пайвастаанд. Форигуттахсили Институти педагогии шахри Ленинобод (хозира Донишкадаи омузгории шахри Хучанд ба номи Б. Гафуров) буда,чихилуяк сол пешаи омузгориро ба душ дошт. Чакидахои хомааш дар нашрияхои «Машъал»: «Ом.згор»: «Начот» «Хакикати Ленинобод» «Чархи гардун»: тазкираи «Хуршедхои гумшуда»: мачаллаи «Оинаи зиндагиū» чопи /ИИ: Тазкираи дучилдаи «Аз садр то сока»-и чопи Ирон: китобхои «Аз таърихи Мастчох»: «Сурмаи дил» «Начвои сардара»: ва гайра ба табъ расидаанд. Борхо дар садо ва симои чумхури ва радиои«Садои Хуросон» бо шеърхои тару тозааш баромад кардааст.
Устод Хусайни муаллифи китобхои «Рози нигох» (1994с. нашриёти «Симург» ) ва «Ривояти Масчо» (1999с.нашриёти «Салим»): «Шаби кадр» (2005с. нашриёти «Деваштич» ш. Душанбе) мебошад.
Аз Устод Курбон Хусайни якчанд китобхо ва киссахои дилангез амсоли «Хабдах газоти Хазрати Али» «Киссаи Бахром ва Гуландом» (киссаи номбурда дар сахифахои рузномаи «Адабиёт ва санъат» ба табъ расидааст.»): «Киссаи Бобоараб»: «Киссаи Сабзпари ва Зарпари»: “Девони”-и Хазрати Гафсулаъзам – Саид Абдулкодири Гелони(Мухйи): «Киссаи Варкаю Гулшох» «Киссаи Косиму Гулъузор»: «Киссаи Юсуф ва Зулайхо» -и /унайдулло Хозик ба хуруфоти сирилик баргардон шудаанд: ки феълан дар бойгонии банда карор доранд ва бо фарорасии шароити мусоид онхоро тасмим дорем ба дасти чоп расонем Киссаи «Ятими Ансори» барге аз ин ганчинаи маъони аст: ки пешкаши Шумо хонандагони гироми менамоем.
Курбон Хусайни Аълочии Маорифи Халки Точикистон мебошанд.

Бо ашъори Муаллим Қурбон Ҳусайни – тақрибан муддати 20 сол боз ошнои дорам. Барои он Муаллим мегуям, ки у умре пешаи омузгори дорад ва нахустин бор уро вакили мардум дар Ма ҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар, собиқ муовини аввали Вазири фарҳанг Олим Салимзода бо ман ошно намуд ва афзуд, ки- «Ин шоир Муаллими ман аст ва мо дар ҳама ҷо аз дуъои ин устод дар суди ҷони худ баҳра ме ҷуем» ва илова намуд,ки ман бо шеъри эшон ошно шавам ва ҳамин шеър ва иншои ин жанри латофатбору назофатбори адабиёт буд,ки маро бо у наздикиву ихлосу муҳаббат бахшид ва аз ҳамон нахустин дидорбиниҳоямон пайванди мо аз садоқатамон гувоҳ аст.
Суханаш гуворову шеъраш самимист. Манзураш аз ҳамин э ҷод сармоя ҷуи нест, зеро рузгори оддии мардуми оддиро васф мекунад ва танҳо аз фалсафаи чунин рузгоре суд ҷустан бар некии барандаи ҳамин рузгор аст ва барандаи ин рузгор халқ аст ва халқ ба ҷуз некиву покиву иффат сармояе беш намехоҳад. Каломаш, чунон ки афзудам, панднома аст ва ҳамин панд аст, ки барои таълими мазоқи одами ва ҷамъияти он офарида мешавад ва каломи Муаллим ҳамеша ҳодии роҳи ростин ба гузари фардо ва равшангари роҳи маърифат будааст. Ана ҳамин тарзи ифода, ки ба отифат такя мезанад, хоси баёни Қурбон Ҳусайни буда, дар ашъори солҳои гуногун ба табъ расондааш сареҳназарона та ҷассум ёфтааст.
Китобҳои нахустини Қурбон Ҳусайни «Рози нигоҳ» ва «Ривояти Масчо» зери назари банда қарор доштанд ва хусусияти а ҷиби муаллиф дар он бештар ҳувайдо мегардад, ки намехоҳад ифодаашро ба ҷуз мояи назари у дид ва бо назари хеш маъни меофарад.
Имруз э ҷодиёти ин шоир ҳаводорони бешумори хешро дорад ва у дар моварои э ҷод роҳу равиш ва услуби хешро қадр менамояд ва дар ҳама навъи шеър табъ меозмояд.
Мундари ҷаи шеъраш писанди таъби хонандаи заки буда, шеъраш худ балки гувоҳи ин баҳост. Китобе, ки ҳоло манзури ҳаводорони каломаш мегардад «Шаби Қадр» ном дорад ва бо муҳтавои тозатару ҷаззобу ҷолибтаре манзур мегардад ва боиси умедворист,ки нек истиқбол хоҳад шуд.
Дар мунтаҳо барори кору табъи болидаву саршори ин шоирро таманно менамоем ва орзу мекунем,ки «савдои ишқаш» ҷазбаи руҳу равонашро сузу тавони бештаре оварад ва дар ниҳодаш исёнҳо офарад.
Салими Хатлони

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон?Ба хонандаи гироми

Оғози сухан ба зоти Оллоҳ
Раҳмону Раҳим сифоти Оллоҳ
Ҳар лаҳза дуруди шоҳи лавлок
Чун туҳфа фиристамаш ба он пок
Мазҳаб чу ба Буҳанифа дорем:
Аз давлати у дар ифтихорем
Дар силки сулуки Муҳйиддинем
Ангушти сулукро нигинем
Ғафси ягона: қутби дин аст
Бингар лақабаш: ки Муҳйиддин аст
Маҳбуби Худои Безавол аст
Ошиқ ба Худои Лоязол аст
Ҳаст ошиқу маъшуқи илоҳи
Ҳар як ғазалаш диҳад гувоҳи
Азбаски муҳаббаташ қадим аст
Ҳамсуҳбати Холиқи Раҳим аст
Ҳар лаҳза ба қиблаи ниёз аст
Ру карда ба суи Бениёз аст
Номаш магири ту бе таҳорат
Гар дори фаросату маҳорат
Баргир ту китоби Ҳазрати Ғафс
Гар дори вузую поки аз лавс
Бархон ба вузуъ китоби эшон
То баҳра гири аз он фаровон
Қурбон бишавам ба номи покаш
Чун сурма кашам ба дида хокаш

Ишқи ту
(Ғазал)

Эй ишқи ту мояи ҳаётам:
Зикри хуши ту бувад суботам?
Шатранҷи ғами ту бохта месоқ:
Пеши рухи Олии ту мотам?
Ёди ту бувад хазинаи роз:
Ғамҳои ту муҷиби нишотам?
Имон: ки атои Бории туст:
Чун гавҳари олии бисотам?
Тоъат каму маъсият фаровон:
Бинмо ту иҷобати салотам?
Аз баҳри сухан хуме пур аз май:
Бахшиш бинамой чун закотам?
То ҷуръа кашам ба ёди васлат:
Нотиқ бикуни ба исми зотам?
Гар ҷурму хатои ман фаровон:
Лутфу карами ту чун Фуротам?
Шукронаи неъматат нагуям:
Арзиш набувад ба як қиротам?
Исёни ман арчи бешумор аст:
Лутфи ту раҳонад аз сиротам?
Асмои муборакат фаровон:
Кун чеҳракушои бар сифотам?
Бар ман магиру ба кардаи ман:
Бирҳон зи азобу деҳ баротам?
Қурбон ба ибодати Худо куш:
Чун фазли Худо бувад наҷотам?


Худоё: воқифи ҳоли
(Ғазал)

Зи ишқат хонабардушам: Худоё: воқифи ҳоли:
Забони лолу хомушам: Худоё воқифи ҳоли
Ба куҳу дашту саҳроҳо чу бинам сунъи бечунат:
Аз ин ру масту мадҳушам: Худоё: воқифи ҳоли?
Чунон маҳвам: чунон маҳвам: ки худро ҳам
намедонам:
Ду олам бин фаромушам: Худоё: воқифи ҳоли?
Салое дарзани ҳар дам барои ибрати Одам:
Зи сар то по ҳама гушам: Худоё: воқифи ҳоли?
Аз ин хумхонаи ваҳдат ба ёди зикри ту ҳардам:
Шароби ғамзудо нушам: Худоё: воқифи ҳоли?
Надорам тоати афзун: пушаймонам вале акнун:
Гирифта лутфат оғушам: Худоё: воқифи ҳоли?
Биҳамдиллаҳ: ки афканди ту бори ишқи дилҷуят:
Ба сад мамнуни бар душам: Худоё: воқифи ҳоли?
Гаҳе дар ғафлати маҳзам: сару корам ҳама бидъат:
Пушаймон гашта бихрушам: Худоё: воқифи ҳоли?
Аз ин бори гунаҳ Қурбон: чунон дар печутобастам:
Ба мисли деги дар ҷушам: Худоё: воқифи ҳоли?

Дучорам кард
(Ғазал)
3

Сару савдои ишқи ту биёбонгарду зорам кард:
Бибурд аз ман қарореву ба ғурбатҳо дучорам кард:
Биҳамдиллаҳ басе шодам: аз ин ганҷе: ки ман дорам:
Даруни миҷмари ишқаш бисухту чун ғуборам кард?
Гаҳе дар фаршу дар ъаршам: гаҳе дар барру дар баҳрам:
Ба шамъи руи Бечунаш чу парвона фигорам кард:
Чи хуш бошад: чи хуш бошад: рухи аълои он дилбар:
Бурид аз мосиво ҳушам: ба ишқи хеш ёрам кард?
Ба ғайр аз меҳнату ҳасрат аз ин дунё вафое на:
Халосам кард аз ғурбат: раҳо аз байни норам кард?
Дуруди беадад гуям ба зоти поки он Сарвар с:
Ки динаш тоҷи динҳо омаду аблақсаворам кард?
Набуд Одам: набуд олам: вале нураш ба ҷавлон буд:
Туфайли нури поки у: ки имонро нисорам кард:
Бувад имони ҳар банда аҷоиб неъмати аъло:
Ки имонро чароғи гури ваҳшатзои торам кард?
Сарам чун хоки раҳ гардад ба он чор ёри Пайғамбар:
Ба роҳи ҳар яки инҳо ба фардо чашми чорам кард?
Чи ғам дорам: ки пири мо бувад пири ҳама пирон:
Ки номи Ғафсулаъзамро ба ҷон зуру мадорам кард?
Гаҳе аз Шамси Табрези ғазал хонам: шавам сармаст:
Ки ҷуши ишқи Мавлоно саропо дилфигорам кард?
Агар аз пири Ансори муноҷоте чу бархонам:
Қабул афтад ба даргоҳаш басе хору низорам кард?
Худоё: дуст медорад ба ҷону дил туро Қурбон:
Ки номи дусти дустонат ба ъолам бовиқорам кард?

Рузи нав
(Ғазали наврузи)
4

Дашту саҳро гулбасар аз омади Навруз шуд:
Рузи нав омад:аз ин ру номи у Навруз шуд?
Наварусони чаман: хезед базми гул расид:
Мавсими бусу канору лаҳзаи пурсуз шуд?
Мезанад бар зулфи гулҳо шона боди навбаҳор:
Буи гулҳо бар фазо пурнашъаю пируз шуд?
Мерасад ҳар дам садои андалеб аз шохи гул:
Бар умеди хандаи гул мурғи дастомуз шуд?
Гаштаам Қурбони зоти поки Яктои Қадим:
Ҳар ки қоил шуд ба сунъаш шамъи базмафруз шуд?

Метарсам
(Ғазал)

Зи ёрони бади бо душманон оганда метарсам:
Зи алфози қабеҳу туҳмати шарманда метарсам:
Надорад аз касе тарсу ҳаросу аз Худо биме:
Аз ин расвоии марду занони ганда метарсам?
Даруни баҳри исён монда сар то по ҳама нуқсон:
Аз ин мусичаи «беайб»-и айбҷуянда метарсам:
Зи абри фитнааш резад ҳазорон қатраи офат:
Ман аз ин зоти бар мардум балооранда метарсам:
Рабояд луқма аз ҳалқу даҳону сурма аз чашмон:
Кулоҳи фитна бинед бар сараш зебанда: метарсам?
Намакрези ҷароҳат гашта андар синаи мардум:
Аз ин тарёки заҳромези қотил банда метарсам?
Бале: Қурбон: зи бими гуру аз ҳавли қиёмат бин:
Ҳама аз гиря меваҳманду ман аз ханда метарсам?

Девор каҷ
(Ғазал)

Хона меафтад зи бун: бошад агар девор каҷ:
Масти лояқил равад дар кучаи ҳамвор каҷ?
Носипоси бенаво ҳам ҷоҳили сармоядор:
Мениҳад аз манмани бар фарқи худ дастор каҷ?
Эй писар: аз макри аъдо бош доим пурҳазар:
Занг баста дил даруни синаи ағёр каҷ?
Ру ба суи манзили мақсуд кай орад ҳасуд:
Фикру зикру феълу ху-ин ҷумлаи ҳар чор каҷ?
Худшинос аст он: ки бишносад Худои хешро:
Аблаҳи дун бар миёнаш баста бас зуннор каҷ?
Гар забону дил ба ҳам якҷо набошад: вой-вой:
Кай расад бар манзили асли чу бошад бор каҷ:
Некиро ояд бади: бадро бади бе ҳеҷ қол:
Кору боре бигзарад дар гунбази даввор каҷ?
Мефизояд гоҳ-гоҳе иззати қаллобу дун:
Чунки гардунро бувад пайваста ин рафтор каҷ?
Ҳаққи мазлумро хурад он золими бедодгар:
Мефитад бар зери чаҳ ин фосиди кирдор каҷ?
Ҳар ки зад неше ба ҷисме хоҳад у маҳшур шуд:
Дар қиёмат каждуми нешдораки ҷаррор каҷ?
Рост рав: Қурбон: дар ин гардишгаҳи шому саҳар:
Тир н-ояд бар нишон бошад агар суффор каҷ?

Намо парчин
(Ғазал)
7

Мадад фармо: иноят кун: илоҳо бар мани мискин:
Зи чанги мубҳами аъдо рабоям луқма чун шоҳин?
Рақибо: хурданат моли ҳарому пушишат ҳам низ:
Хаёлам ин ки бо моли ҳаромат бастаанд кобин?
Ба ҳар боғу замин ои: бигуи мулки аҷдодам:
Чунин даъвои ботилро ба бисмиллаҳ куни парчин?
Чи медони ту қадри кас: басе аз одами дури:
Чу ту номарду нокасро надидам дар Чину Мочин?
Паи нафсу ҳаво този ба буи устухон чун саг:
Вале дар хизмати Мавло надори заррае тамкин?
Гиёҳи зарқ борад замини фикру зикри ту:
Ба ҳар маҷлис: ки ру ори бадиро мекуни талқин?
Шунидам аз хирадмандон аҷаб панде-дурри шаҳвор:
Кунад бар ҷони бадхоҳон замину осмон нафрин?
Ҳавои заҳроганда бимиронад дилу ҷонро:
Агар буяш бувад мушкин: в-агар бошад гули насрин?
Расид аз Ҳотифи ғайбам нидое% бишнав эй Қурбон:
Бадонро бад расад аз Ҳақ: накуёнро ҳама таҳсин?

Зи соғарҳои Доғули

Чаҳон маҳву хароб омад зи соғарҳои Доғули:
Сияҳпуш омад ин гардун зи ёварҳои Доғули?
Хазон шуд ғунча нашкуфта зи сарсарҳои Доғули:
Надидам аз вафо ҳарфе ба дафтарҳои Доғули?

Сабақомузи бадхоҳон:гиреҳбанди савобу хайр:
Ба зоҳир савмиа биншин: вале ботин ба суи дайр:
Мусулмон бар забон аммо:вале қалбаш ба суи ғайр:
Ҳамин аст мояву маҳсули минбарҳои Доғули?

Надидам дар ҷаҳон тухме чу у пурзаҳру бадҳосил:
Аз ин тухми наҷас руяд сияҳкору баду ҷоҳил?
Ба кори шар кунад кушиш ба хайру марҳамат коҳил:
Чунин аст: эй азизон: хайлу навкарҳои Доғули?

Ба ҳар як маърака сафдар: суханҳо гуяд аз ҳар бун:
Ба ҳангоми сухангуи ту гуи инак Афлотун?
Вале бо ёру марди худ суханҳояш дигар мазмун:
Гиёҳи зарқ месузад ба миҷмарҳои Доғули?

Ҳазорон шуру шар хезад зи пайдо гаштанаш ҳар дам?
Равад хурсанди аз дилҳо:нишинад ҷои у мотам?
Ба гушаш мерасад савти сагу хар ҳар нафас форам
Бувад зарқу фасоду фитна зеварҳои Доғули

Ба як дам сад фалокат хезад аз зери қудуми вай:
Намак хурдан^ вале туф бар намакдон аз русуми вай:
Ба шур овардани мардум:бале:афъоли шуми вай:
Чафою фитнаю туҳмат гули сарҳои Доғули?

Ғараз нону фасоду фитна шарбатҳои дилҷуяш:
Дуҳулзан Иблису раққоса Далла бар сари куяш:
Фасоду фитнаҳо резад зи ҳар як тораи муяш:
Чаҳон шуд аз ҳароми пур аз ин ғарҳои Доғули?

Зи пушти Даллаю Муҳтола омад насли Доғули:
Ҳарому аз ҳаё дуру палидак асли Доғули?
Бихон авроқи рангине кунун аз фасли Доғули:
Бигуям бо туву бишнав ҳама шарҳои Доғули?

Худоё: решаи ин заҳри қотилро бикан аз бум:
Бируб осори гарду чангу офатҳои рузафзун?
Иҷобат кун ту Қурбонро дуо: эй Қодири Бечун:
Ба хок яксон намо ин қасру манзарҳои Доғули?

Муборак
(Ғазали табрики ба устоди илмам Ҳоҷии Ҳарамайн Мирзо Олими Дашти)

Тавофи Каъба бар ёрон муборак:
Тавофи хонаи Субҳон муборак:
Биҳамдиллаҳ баромад нахли уммед:
Ба тарфи Равзаи Ризвон муборак?
Ҳазорон дил ба даст оварда будед:
Расидед ъайни ин майдон муборак:
Тавофи хонаи Дуст он чи буд фарз:
Ба ҷо овардаед бо ҷон муборак?
Ба куи Дуст арзи бандагиро:
Фуру хондед бар Яздон муборак?
Салому зории дармондагонро:
Бигуфтед бар ҳади имкон муборак?
Вуҷуди хокиён суз асту дард аст:
Туфайли Байти Раб дармон муборак?
Тавофи Каъба чун ҳосил шуд имруз:
Биҳамдиллаҳ: шикаст армон муборак?
Буридан дил зи дунё қарзи зоир:
Задед санг бар сари шайтон муборак?
Зи чоҳи Зам-Замаш нушида обе:
Чу оби чашмаи Ҳайвон муборак?
Зиёрат карда мулки Макка хушдил:
Ваҷаб андар ваҷаб ирфон муборак?
Гирифтед бар Мадина раҳ ба зуди:
Чунин азму чунин тайрон муборак?
Шудед чун суи Равза ашкрезон:
Тавофи Равзаи Султон с муборак?
Дурудхонон ба Ҳазрат аз дилу ҷон:
Вафо бар аҳду бар паймон муборак?
Саломҳову паёмҳо гуфта шуд хуб:
Бибурданд муждаро Ризвон муборак?
Зиёрат карда аҳлу байту асҳоб:
Бихондед сураи Қуръон муборак?
Шудед ҳоҷи: тавофи Каъба кардед:
Шуморо зебад ин унвон муборак?
Навиштам ин ғазалро баҳри табрик:
Бигардад ҳадя аз Қурбон муборак?

Надорам заррае армон
(Марсия бар марги падарарусам Бобои Аваз)

Гирифт пайки аҷал фармон: рабояд аз тане у ҷон:
Абармарде ба пешвозаш расид бо чеҳраи хандон?
Ба аҳлу байту пайвандон нигаҳ афканд% пурмаъни:
Надорам аз касе шиква: надорам заррае армон:
Биҳил кардам ҳама ёрон: гузаштам ҷурми ҳар якро:
Набояд баъди марги ман бисозед нолаю афғон?
Худоё: ру ба ту кардам: ки ҳасти Қодири лакбахш:
Бикун ҷонканданам осон: бикун ҳамроҳи ман имон?
Гузар аз ҷурму исёнам: ки ҳастам осию муҷрим:
Умед аз лутфи ту дорам: ки ҳасти Қодиру Раҳмон?
Бихонед бар сарам Ёсин: ки то ёбад дилам таскин:
Бубахшад бар мани мискин атое Холиқу Субҳон?
Калима бар забон ронда: ба оллоҳгуиё ногаҳ:
Супурда ҷони ширинро ба сад шавқу ба сад пазмон?
Ба бисмиллаҳ бишуд реҳлат аз ин дори фано: акнун
Худоё: ҷояшон гардон даруни Равзаи Ризвон:
Ҳама умр аз паи хизмат барои халқи заҳматкаш:
Ба ҷони халқ бахшиди ба ҷону дил басе дармон?
Дуои неки мардонаш иҷобат шуд ба назди ҳақ:
Шаби вопас ҳузури Ҳақ биёфти чеҳраи тобон?
Аҷоиб дурри пурҳикмат-чаҳор пиру чаҳор такбир:
Чароғи раҳнамо буди ба пайвандон дар ин даврон?
Ба нури худ мунаввар кун даруни қабри торикаш:
Биёсояд ба фазли ту: ба ҳаққу ҳурмати покон?
Ба Бобои Авазмаҳмад видоъ гуфтем ба чоршанбе:
Дар ин моҳи Раҷаб падруд зи юмни ҳиммати хосон?
Ба чордаҳсад фузудам бистуякро чун ҳисобаш ин:
Шумурдам соли реҳлатро зи ҳиҷри инчунин осон?
Даруни ҷаннатулфирдавс расон руҳи варо: ё Раб:
Иҷобат кун ба лутфи худ дуо аз бандаат Қурбон?

Мухаммас бар ғазали устоди
гироми Салми Хатлони

«1»
Моҳи чордаҳу хешро суи Ҳилоли зар кашад,
Хоксори бандаро бар торуми ахзар кашид.
Ҳар зиёну суди мо раҳ ҷониби кайфар кашад,
«Ахгари мо пой бар домони хокистар кашад,
Оқибат бар хок афтад, ҳар ки боло сар кашид».

«2»
Ҳарфи хубу литфу хуш бар дустонат мекашад,
В-ар дори феъли бад, медон, ки онат мекашад.
Бадсиголи мизди худ аз хонумонат мекашад,
«Хуни ноҳақ ҷониби ҷабри замонат мекашад.
Мекунад бози ба хуни худ касе ханҷар кашад».

«3»
Аз такаббур хешро бало гирад аз меҳру маҳ,
Меситояд аҳлу байташро агар гирад қадаҳ,
Туф бар ин афроди бад, як бор не, се чору даҳ.
«Қадри одам бар намедорад ба хоки руи раҳ,
Соҳиби давлат ҷалолат аз мақоми зар кашад.

«4»
Рутббаш афзун шавад ҳар кас, ки созад отифат,
Хубу бад дар ҳар замон бо худ ҳамедорад сифат
Ҳар ки, Қурбон, пай барад з-ин маъни ёбад офият
«Қимати даврон чи хуш донист аҳли маърифат
Қадрдони аҳди дил бо аҳли дил соғар кашад».

декабри соли 2002 Қурбон Ҳусайни.

РУБОИЁТ

1

Ё Раб: зи ғамат соғари лабрезам бахш:
Майдони сухан фароху Шабдезам бахш?
Аз шаҳди муҳаббат суханам ширин кун:
Ҳам байту ғазал чу Шамси Табрезам бахш?

2

Гар дори ба Ҳақ ихлоси беандоза:
Бинмо талаби ризқи ҳалолу тоза?
В-ар з-он: ки ҳаром хурию аз Ҳақ дони:
Ҳасрат хури қадди чу: хами дарвоза?

3

Гар ҳар нафасе ба зикри Ҳақ машғули:
Шукрона бикун: ки назди Ҳақ мақбули?
Бифристи дуруди беадад бар Аҳмад с:
Андар раҳи Ҳақ ҳарису пурмаҳсули?

4
Навруз расиду иди Навруз расид:
Чун ҳри ғарибнавози дилсуз расид?
Аз фазли Худо табиати мурда: бубин:
Шуд зинда: хушо: ки рузи фируз расид?

5
Наврузи муборак омаду сабза дамид:
Бойчечаку қоқу дав-давон ҳарду расид?
Гуфтанд: ки қосиди баҳорем ҳар ду:
Ородиҳи базми сабзаю гул ба умед?

6
Базми гулу сабза андар ин фасли баҳор:
Дилро фараҳи тоза диҳад лайлу наҳор?
Качкули қаландари ба гардан булбул:
Бишкуфтани ғунча матлабаш охири кор?

7
Наврузи ғани омаду Хумҳо бар даст:
Инсу малаку сангу шачар аз ғам раст?
З-он як қадаҳи шароби соқии Аласт:
Ачзои замину осмон омада маст?

8
Навруз шуду баромад аз хоки сияҳ:
Лола ба сараш ниҳода аз шоди қадаҳ?
Борону пасаш хуршеду буи сабза:
Чун абруи ошиқон: нигар: қавси Қузаҳ?

9
Наврузи муборак омад: эй аҳли тамиз:
Аз хоки сияҳ дамида тухми ҳама чиз?
То ҳашри қиҳмат нашавад: кай руяд:
Тухми одам: ки бар замин хуфта азиз?

10
Навруз омад сайри гули дашту даман:
Чонро фараҳи тоза диҳад вачҳи ҳасан?
Сармасти чамоли Ҳақ шуда ваҳшу туюр:
Хушхони кунанд ҳар лаҳза мурғони чаман?

11
Се марди Худо: се авлиҳи Ҳамадон:
Хоки қадами ҳар се ба дардам дармон?
Хоча Иброҳими Сабзпуш: Хоча Исҳоқи Вали:
Ҳам Хочаи Мастон – се чароғи тобон?

12
Дар зери қудуми пири ботадбирам:
Ихлоси бутун дораму пуртақсирам?
Аз руи каромат ар ишорат созед:
Шоҳин шаваму мурғи суханро гирам?

13
Хоча Иброҳими Сабзпуш дар Мазори Беданд:
Дар хайру адолат – Ҳотаму Чамшеданд?
Дар ишқу муҳаббати Худо ошиқи зор:
Дар илму маориф панчаи хуршеданд?

14
Ҳастанд Хоча Исҳоқи Вали аз Қаталон:
Муфтии шариат: олими фиқҳу бидон?
Доранд зи таснифи худ он шоҳи Вали:
Чор дона китоби фатви – ин ҳуччати шон?

15
Ин Хочаи Мастон масти чоми азаланд:
Дар илму калому шеърият бебадаланд?
Бо Ҳазрати Ҳофиз мерасад нисбаташон:
Чун пири камарбаста басе дар чадаланд?

16
Шахҳои Мачитак чои машқи ғазал аст:
На чои сиҳсату шитобу мағал аст?
Чун ошиқи дилдода ба шавқи дидор:
Бикшода ба қонуни муҳаббат бағал аст?

17
Шахҳои Мачитак ру ба руи шон аст:
Пурфайзу ҳаловатбахшу гулафшон аст?
Ҳамчун варақи тоза: нигар: токчаи санг:
Аз баҳри ғазалнависи хушимкон аст?

18
Дар санги сияҳ навиштаам рубои:
Ин ишқу муҳаббат набувад ҳарчои?
Дар роҳи садоқат чон бидеҳ: нола макун:
Дидори мубораки Муҳиб ар хоҳи?

19
Аз курдилон дастаи хор авлотар:
В-аз шаҳди бадон чу заҳри мор авлотар?
Аз хору хасе пухта шавад ҳар хоме:
Аз мурдадилон парҳезу ғор авлотар?

20
Булбул бирамад зи гулшани маккорон:
Сад чома зи макр аст бар тани маккорон?
Олам нафаси тоза гирад меболад:
Аз қатъи бадию мурдани маккорон?

21
Доим ба талоши баҳри мулки дигарон:
Сад шуру мағал месози монанди сагон?
Ҳай бою бадавлат шуди аз моли ятим:
Қорун шудаи зи зумраи бехабарон?

22
Аз раҳ занию харчи ту афзун – афзун:
Ту шуҳра ба даҳри гашта қорун – қорун?
Гар хайру саховати ту оламгир аст:
Мақбули Худо набошад: эй дун: эй дун?

23
Аз моли ҳаром дабдабаат яксаду бист:
Як ҳарфи ҳақе ман бо ту мегуям% ист?
Аз моли ҳалол чу шуд ҳисобат мушкил:
Пас моли ҳаромат сар ба сар русияҳист?

24
Шуру мағалу қасди баду хунрези:
Зулму ситаму бесабрию ҳам тези?
Қатлу яғмо: душманию кину фасод:
Пайдоиши ҳар яке зи бепарҳези?

25
Дустию рафоқати мунофиқ рев аст:
Гар ҳамчу Пашан зуру ба дониш Гев аст?
Зинҳор: зи макру худъааш огаҳ бош:
Дар сурати одаму ба сират дев аст?

26
Иғвогарако: миҳни мардум този:
Мобайни касон тафриқа меандози?
Корат ҳама дам хиҳнату қасди бад аст:
То кай: то кай чоплусию морбози:

27
Арвоҳзадагон ҳеч гаҳ ба чое нарасанд:
Бар манзилу мақсади сафое нарасанд?
Киште бикунанд: хуроки зоғон гардад:
Бемор шаванду бар давое нарасанд?

29
Қавме ба хилофи мазҳаби Пиру мурид:
Бадҳайбату сердалоилу пуртаъкид?
Тарсам: ки ба андак фурсате зид оянд:
Бар қавми Расули Ҳошими турфа навид?

30
Қавме ба талоши мансаб аз худкоми:
Дар чустани пухтаҳо: дигар аз хоми?
Роҳе: ки раванд пайроҳаи пешаш чар:
Сад пора шаванд ғалтида аз бадноми?

31
То чашм ба ҳам задем: чаҳон мегузарад:
Некию бади ягон-ягон мегузарад?
Имруз ғанимату ба тоат кушем:
Фардо чу хабар ояд: фалон мегузарад?

32
Ҳар кас: ки ба дайюсу хуносо ҳр аст:
Бо вай манишин: ки аблаҳу беъор аст?
Чонам ба фидои Шоҳи Мардон: ки бигуфт
Дайюсу хуносо чун саги мурдор аст?

БА НОМИ ХУДОДар сари мазори устод Қурбон Ҳусайни

Марде.ки пур дард буда пайкари покаш.
Пурнур бубин, зиндадило пуштаи хокаш.

Як олами ирфони дар ин зери замин аст.
Ин ҷо на замин аст, ки худ чархи барин аст.

Сокит набувад хок дар ин водии хом.ш.
Аз илми Илоҳи шуда чун Даҷла пур аз ҷуш.

Чун хаста шуд аз суҳбати ащьру мунофиқ.
Ру кард ба даргоҳи Худо солики ошиқ.

Бар турбати гайри дуо ҳеҷ магуед.
З-ин баъд варо дар дили ушшоқ биҷуед!

Дуогуи он бузургвор
АЪЗАМ ХУЧАСТА
Декабри соли 2005. Машҳад.

Ёде аз некон
«Эй ишқи ту мояи ҳаётаму»

Рузгоре,ки ман мактабхон будам ҳар гоҳ устодам Қурбон Ҳусайниū аз кўча намоҳн мешуд, бо тамоми вуҷуд мутаваҷеҳи зоҳиру ботини эшон мешудам.Устод шеърҳо месуруданд ва аз тариқи матбуот ин ашъори намакин ба табъ мерасид ва моро ба ҳайрат меовард.
, омузгор буду шоир ва мо ба симои нуронии устод менигаристему худ ба худ суол медодем: Шеър гуфтан кори душвор нест. Ҳусайни ба ин ҷаҳони барои мо ҳайратангез ва дастнорас чи тавр ворид гардидааст. Ва бо тадриҷ дарк намудам,ки уро муҳаббат ба дуст ва ишқ ба осори бузургони илму адаб ба ин мартаба расондааст.Устод аз дидору дарҳфти як дастхати нодир ва ҳ рисолаву китоби тозанашр ва мулоқот бо фозилони рузгор мисли гул мешукуфт,чеҳраи латифу нурбораш дучандон нурбортар мешуд.
Озарахши рўзгор дар бешаи пурранҷу рози шоирон чанде қабл ин дарахти танумандро сўзонд.Онҳое, ки ба у риштаи дусти пайваста буданд ва шеъраш шамъи болинашон буду чакомаҳояшро дар мағзи дил ҷой дода буданд, акнун аз ин алам дар ғаму сузишанд. Дар нимаи моҳи шарифи Рамазон, ки ҳар шабашро шаби Қадр мехонанд, муаллифи «Шаби Қадр » (унвони сеюмин ва охирин дафтари шеъри марҳум, ки соли 2005 дар интишороти «Деваштич» ба табъ расид) Қурбон Ҳусайниū ба раҳмати ҳақ пайваст. Марги ў « ҳарчанд на корест хурд » ( таъбири устод Рўдаки), аммо чои дареғу афсус дорад. Чаро. Ҳусайнū шоире буд, ки дар деҳ мезист ва табиист, ки шоир- он фарди аз ҳама бошуур ва бедору огоҳ, ки ҳатто дар замони ҷоҳилияти араб эҳтироми беҳтаринро соҳиб буду тасмимоти муҳим, амсоли ҷанг, кўчи қабила, издивоҷи байни авлод…аз сўи ў иттихоз мешуд, дар муҳити танги деҳоти мо чиū гуна ба сар мебарад. Он ҳам ягона шоири диҳр ва дар ҳалқаи васеъи гапгуҳни ноогоҳ. Деҳе, ки мутаассифона, аз ҷониби бузургон накўҳиш шудааст.
Мавлоно
Деҳ марав, деҳ мардро аҳмақ кунад,
Ақлро бенуру беравнақ кунад.

Ҳар ки дар русто бувад рузеву шом,
То ба моҳе ақли ў набвад тамом.

Ҳатто муаллифи «Маснавиū» думи мурғеро, ки сўи шаҳр аст, аз рўи мурғе, ки ба самти деҳ бошад, авло медонад. Ҳарчанд деҳ гоҳо ба унвони ҷисм ҳам маънидод мешавад, вале боз ҳам аз диди орифон мардуд аст. Беҳуда набуд, ки фарзонагони рўзгор тоқату таҳаммули ҳамоқати рустову рустоиҳнро надоштанд ва гўшаи узлат ҳ хонақоҳу кунҷи хилватро интихоб мекарданд ва дар ҳамин ҳол ҳам аз санги маломати ин тоифа ба дур набуданд, ки мисдоқаш дар гузашта фаровон будааст. Худкушию бегонапарастиū хислати дигари аҳли рустост, ки харбузафурўши аз берун омадаро аз ҳамсояи олимаш афзал медонад. Албатта, ў ба хотири эҳтирому икроми меҳмон ин корро намекунад, балки бо ин амал мехоҳад шахсияти олимро паст занад. Ҳамин гурўҳ буданд,ки ҳатто Ҳофизи лисонулғайбро ҳам ба танг оварданд:
Сухандонию хушхониū намеварзанд дар Шероз,
Биҳ, Ҳофиз, ки мо худро ба мулки дигар андозем.

Аммо Лисонулғайб ба таъбири «пои мо ланг асту манзил бас дароз» узр пеш меоварад ва як бор ҳам, ки хост ба Банғола сафар кунад, тўфон имконаш надод.Ҳамин тоифа буданд, ки Соиби ширинсуханро ба тарки Ватану ранҷи ғурбат маҷбур сохтанд:
Доштам шиква зи Эрон ба талофиū гардун,
Дар фаромушкадаи Ҳинд раҳо кард маро.

Ин гуна мисолҳоро метавон дафтар-дафтар навишт, вале иктифо меварзему охирин намунаашро дар мисоли устод Лоиқ меҷўем, ки дар пеши чашмонамон дунҳро видоъ гуфт:
ū Шеърҳои ҷаноби Лоиқро
Дар Мазори Шариф намехонанд.

…Ман аз Мазори Шарифам, на аз мазори касиф,
Ман аз табори шарифам, на аз табори шумо.

Албатта, Ҳусайниū бо пешниҳоди табибон аз води ба кўҳистон рафт. Он ҷо барои беҳбудии вазъи саломатиаш (шодравон аз касолати гурда ва бемории дил ранҷ мебурд ) пешниҳоди зиндагиū дар кўҳистонро доданд, аммо аз куҷо медонист, ки обу ҳавои ҷонпарвар аз як сў мудово,ва аз сўи дигар неши сухани бадгуҳн наштари вуҷуди шарифаш мегардад. Худи ҳамин мафҳум «шоир ва деҳ» як фоҷиаро дар зеҳнҳо ба вуҷуд меорад. Зеро Ҳусайниū дар ҳафтод дар сади ашъораш симои найрангбозону дуруягон, сифлагону ғоратгарони амволи давлатро ба риштаи тасвир мекашад ва алайҳи онҳо метозад, ки мутаассифона шумораашон ба маротиб беш аз он аст, ки мо мепиндорем.
Ҳусайниū се дафтари шеър мунташир намуда буд: «Рози нигоҳ», «Ривояти Масчо», ва «Шаби Қадр». Осори дигараш дар китобҳои «Хуршедҳои гумшуда», маҷаллаи «Оинаи зиндагиū», тазкираи «Аз садр то соқа» (ҳар се чопи Эрон), «Аз таърихи Масчоҳ», «Сурмаи дил», «Наҷвои Сардара» ва чандин нашрияи дигари дохилиū чоп шудаанд. Як назари иҷмолиū ба осори ў чанд нуктаро дар зеҳнҳо падид меорад,
1. Ҳусайниū дар ғазал дасти чира дорад. Таносуби амиқи калом, равони, риояи вазну қофияву радиф, ҳусни мақтаъ, байти тахаллус, маънии тоза, тасвир, талмеҳ,таърих, истиора, киноя… барин санъатҳои шеъриū унсури асосии як шеъри солиманд, ки гуянда аз ҳамаи онҳо дар мачмуъ муъҷаз ва устодона кор мегирад.
2. чанбаи динию мазҳабиū дар саропои ашъораш мавҷ мезанад, ки аз табиати фитриū ва рўҳи покизааш маншаъ мегирад. Ҳусайниū бо риояи суннати пешиниҳн китоби «Шаби Қадр» – ро бо ситоишу наъти Худованд ва Ҳазрати Расули Акрам (с) оғоз мекунад,
Эй ишқи ту мояи ҳаҳтам,
Зикри хуши ту бувад суботам…

Сурма созам хоки поят ҳ Муҳаммад Мустафо(с),
/они ман бодо фидоят ҳ Муҳаммад Мустафо.(с)

Ҳамчунин чил рубои,ки бар асоси аҳодиси набавиū суруда шуда ва чандин ишораҳои фасеҳу талмеҳоти нозук аз огоҳии амиқи шоир ба рамзу рози Қуръонū ва дигар китобҳои муътабари исломū гувоҳиū медиҳад. , ки худ як мусулмони мутадайин буд, ҳамин хислатро дар шеъраш низ таҷассум кардааст.
Қалами Ҳусайниū дар мухаммасу мустазод гирою корист. Мухаммасҳое, ки бар ғазалҳои Санои,ūҲофиз, Сайидо, Бедил, Амир Хусравиū Деҳлавиū, Нозим, Қассоб, Рофеъ, /оми, Амир Умархон, Мавлавииū /унуниū ва дигарон гуфтааст, шаҳодати килки тавоно ва табъи салими сухансароянд. Маълум аст, ки гўяндаи мухаммас бояд дар эчоди ин навъи шеър илова бар риояти вазну қофияву радиф, аз ҷиҳати сабку услуб набояд аз шоири мавриди назар дасти кутоҳ дошта бошад ва бояд аз ҳамон равзанае ба оламу одам бингарад, ки ба он шоир менигарист.
Намунаи як мустазод:
Як шиква гирад ҷои дусад соғари саҳбо дар
мулки муҳаббат,
Умрат шуда бо Маҷнуни мо оҳуи саҳро,
аз рўи садоқат.
Хасме, ки паи кина занад таънаи бисҳр
бар ошиқи мафтун.
Ҳамчун саги девона кунад шуришу ғавғо
аз ҷаҳлу ҳамоқат.
Намунаи мухаммас (бар ғазали Сайидо):
Шудам афсонаи ишқ аз маи ҳиҷрон чашиданҳо,
Ба худ печиданам бингар чу моҳи аз тапиданҳо.
Намонда бар танам далқе зи пироҳан дариданҳо,
«Гирифтам гўшае имрўз аз дарҳо давиданҳо,
Камони ҳалқа шуд пушти асоям аз хамиданҳо.»

Ҳусайниū омузгор буд ва дар шеъраш низ симои як муаллими андарзгўйро мемонд. Мазаммати бадкору туҳматпеша, дузду ҳуққабоз ва дар айни ҳол ситоиши солеҳону некон дар ағлаб сурудҳояш ба вузуҳ эҳсос мешавад. Ба ин вижагии шеъри у шоири шинохтаи тоҷик Салими Хатлониū низ ишора намудааст.
Оҳангин ва аз ғанои мусиқиҳи бархурдор будани ашъори Ҳусайниū аз дигар хусусиҳти шеъри ўст. Ин гуна шеър дур аз сактаю норавонист. Ашъори ўро гўруҳи «Равзана» (дар вилояти Суғд) ва хонандаҳо Тошпулод (аз Панҷакент) ва Саидмурод Воҳидов (аз Ҳвон) замзама мекунанд.Падидаҳои бисҳр музир ва зишти ҷомиъаро шоир сахт маҳкум ва накуҳиш кардааст: «паймоншикану бадгуҳару нохалаф», «зодаи шайтон», «оқи падар», «моҷароҷў», «ҷавваки гандумнамо», «санги роҳ», «зоғаки товусқабо», «каждуми одамнамо», «зодаи кибру риҳ», «лухтаки фукбарҳаво», «гургаки гўсфанднамо», «ношустару», «оби нова», «далла», — ин афроди ноқис ҳамонҳоеанд,ки қонунҳои кишвар ва дастуроти суннатҳои инсониро зери по гузошта ва шоир мусибату бадбахтии ҷомеа ва мардумро аз наҳсонияти онҳо медонад. Ин ҳамон амалдори бемаърифатест, ки ғайр аз пашму пусти гўсфанду саргини гову буз» чизи дигар дар зеҳнаш намеғунчад ва чун тоза ба давлат расидааст ва «андар табораш бузургиū набуд», саломату саъодати худро дар ҷилваҳои мансаб,дар қасрсозиву сарватандузию мошинсаворию лабчарбкунū мебинад. Душмани ў аҳли фаҳму чашми бедор ва дилҳои огоҳанд,

Ба ҷисми хоҷагиū ханҷар задиū ҳ тир ,ҳ ҳарду.
Чунин бераҳмиū аз адл аст ҳ тадбир ҳ ҳарду.
Камар басти паи тороҷи мулки хештан имруз,
Натарсиди зи Қодир, ҳ хати тақдир, ҳ ҳар ду.

Дар зимн шоир ба инҳо ҳушдор ҳамедиҳад:
Ба олам ҳар шукўҳеро заволест,
Сари ҳар неку бадро турфа ҳолест.

Шоир, ки бо чашми дил ба зиндагиū менигарад, тамоми зиштиву хуби,ҳусну қубҳ дар пеши чашмонаш мисли оина рўшан аст. Аслан у оинаи тамомнамои замони худ аст, ки дусту душманро бо як чашм мебинад ва акси ҳар чиро воқеъбинона инъикос мекунад. Вой бар он ки табъи нозуку «хотири тезу теғи хунрез»-и ўро кам бигирад, ки:

Чу шоир биранҷад бигуяд ҳиҷо,
Бимонад ҳиҷо то қиҳмат баҷо!

Ҳатто дар бархе мавридҳо (дар маҷмуаи охиринаш) ба дашноми онҳо бо тунди даст мезанад: «занғари саг», «хуносо», «сагпадар», «ғармодар»,»модарбахато», ки албатта, устод Ҳусайни дар накуҳиши ин галлаи нохалаф, танҳо нест ва пирони ҳампешаи у дар мазаммати афроди манфи сахттар аз эшон шуридаанд ва мо мисдоқашро дар осори бузургоне чун Бедил ва Носири Хусрав фаровон дидаем.
Албатта, мо ҷонибдори тундгўиву дуруштбаҳни нестем ба ҳеҷ ваҷҳ ва офаринхони равони Фирдавсием,ки гуфта буд:
Ки тезиву тундиū наояд ба кор,
Ба нармиū барояд зи сурох мор.
Вале мебинам, ки шоирро ҷон ба лаб овардаанд, корд ба устухонаш расида, мисраҳову сатрҳо худҷўш берун омадаанд, аъмоли онҳо шоирро маҷбур карда, ки лаб ба мазамматашон кушояд, чун ашъори у дар ду маҷмуъаи аввалии эшон бо нарми суруда шудаанд.
Дар ин миҳн Доғули образи марказист, ки дар деҳоти мо гуруҳи азиме аз онҳо машғули фаъолиятанд. Доғулие, ки хабар мебараду хабар меорад, аз шеърхонию шеърнависии шоир зоҳиран шодию хурсандиū мекунад, вале дар ғайби ў мардумро алайҳи шоир мешуронад, фитна меангезад, туҳмат мебофад, таъна мезанад, ҷанг меандозад. Фитраташ, ки пасту нопок аст, бо ҳамин «ҳунар» мехоҳад бесамарию беурзагиашро рупуш кунад ва ҳамеша дар паи озору азияти аҳли илму аҳли ҳаҳст. Ў дар осори Ҳусайниū аввал дуруя, баъд садруя ва дар фарҷом беру аст, ки аз ҳеҷ разолат иҷтиноб намеварзад. Эҳсос мешавад, ки шоир аз дасти ҳамин турфа ба ҷон омада буд ва боиси сурудани ин ҳама ашъори пур аз фарҳд ҳамин Доғулии чуғул аст. Ин турфа сангҳои сари роҳи рушду ваҳдати ҷомиъа мебошанд, ки файзи шаҳру деҳаро бурдаанд, ғайр аз ҳақорат ҳунаре надоранд, аз болои ҳамдигар шикоят менависанд, оби боғҳову киштзорҳоро мебанданд, ниҳолҳои навшинондаро решакан менамоянд, шоирро ҷодугар мехонанд, ашъорашро барғалат ташреҳ мекунанд ва бо ину он уро даргир месозанд. Охирин паҳми Ҳусайниū ба онҳо ин аст:
Нарғули кўҳи, бе буну бастат бинам,
Путҳвкаи Ҳовия ба дастат бинам.
Ҳар ҷо ту шаҳодат медиҳи аз раҳи кизб,
Мардуди,ū ҳамеша дар шикастат бинам!

Ин «путҳвкаи ҳовия» ба даст додани шоир падидаи нав нест, балки баргирифта аз аҳодиси Расули Акрам (с) аст. «Ва Расул(с) гуфт: шаш гуруҳ ба шаш гуноҳ дар дузах шаванд бе ҳисоб: амирон ба ҷавр ва араб ба таъассуб ва молдорон ба кибр ва бозаргонон ба хиҳнат ва аҳли русто ба нодониū ва уламо ба ҳасад» («Кимиҳи Саъодат»-и Имом Ғаззоли, Теҳрон, ширкати интишороти илми ва фарҳанги, 1378, чилди-2 С. 124).
Шеър ягона сипар ва охирин роҳи начоти шоир аз дасти Бахтаку Доғулиҳост. Мутолиаи китобҳои Ҳусайниū ҳамин бардоштро дар ҳар кас падид меорад. ки аслан шеърҳои ў дардҳои ўянд ва китобҳояш дардномаҳояш. Вагарна, шахсе бо он зиндадилию чобуки,ū бо он дарҳи муҳаббат,ки ба зиндаги, ба оламу одам,ба аҳли дил ва китобу қалам дошт, дар гармо-гармии шукуфоии рўҳу эҷод дар синни 66-солаги, ки авҷи камоли ҳар инсон ба вижа эҷодкор аст, аз канори мо намерафт,ки ҷои сад дареғу ҳазор афсус аст!

Шоирро шуури бедори ҳар чомеа мегўянд. Он оташи саршор, ки Ҳусайни ба мутолиаву омўзиш ва муҳаббате, ки ба гўяндагони форсу тоҷикū дошт, аз баҳни ин қалам хориҷ аст, ба тавре ки вассаю болорҳои меҳмонхонаашро дар зодгоҳи ў- деҳаи Худгифи Офтоб ҳамагиū рубоиҳти Абусаиди Абулхайр, Шоҳнеъматуллоҳи Валиū ва дигарон зеб медиҳанд. Ў, ки ҳунари наҷорию дуредгариро аз ниҳгонаш ирс гирифта буд, он абҳти олиро бо ҳавсалаи тамом ҳаккокиū намуд. Эҳтироми шоир ба ин бузўргон ба ҳадде буд, ки ҳаргиз бе вузу китоби онҳоро аз раф намегирифт ҳ шеърашонро ба забон намеовард,ҳамаи онҳоро «шумо» ҳ «ҳазрат» мегуфт.Имрўз он ҳама дастхатҳо ва китобҳои нодиру камҳб, ки шоир мисли занбури асал аз нуқоти мухталиф –Душанбею Панҷакенту Хуҷанду Қурғонтеппаву Тошканду Намангону Бухоро ҷамъ оварда буд, бе хонанда монданд.Оре, ягона шоир ва ягона китобхони деҳа чун нури дида аз шаҳри онҳо рафт. Зимнан, шоир аҳли сафар буд ва дар ҳар шароит, ҳатто дар даврони ҷанги бародаркушиū ба дидори дўстону бародарҳои ҷониаш ба ин ҳ он шаҳр мерафт ва азбаски меҳри онҳо беш аз тасаввур дар қалбаш маъво дошт,куфти роҳҳои ноҳамвори кўҳистон дар чеҳрааш эҳсос намешуд. Аз ин рў, ба хотири адои дайн ба рўҳи ў, пешниҳод мегардад,ки хонаи шоир дар зодгоҳаш ба музейи шоир табдил ёбад. Маъмулан ҳар маконро бо бузургони он мешиносанд ва лоақал баъди гузашти солҳо ояндагон донанд, ки шоире зиставу эҷод карда буд. Албатта, кўмаку ҳамдастии ҳукумати ноҳияи Кўҳистони Масчо дар ин кори хайр заруру муҳим аст ва ҳам махзани бебаҳояш ба китобхонаи оммавиū бо номи “Ганҷинаи Ҳусайнū” табдил шавад.
Банда бо як зумра адибону дўстон ва фарзандони зиндаҳд ният дорем “Девон”-и комили шоирро ҳамроҳ бо хотираҳои ошнову дўстон гирдовариū ва чоп намоем. Дар зимн, шоири пуркор кулбори фаровони шеър дошт, ки то ҳануз дар ҳеҷ ҷо чоп нашудаанд. Ба ҷуз ин, чандин асари боарзиш, аз ҷумла, “Девони”-и Ҳазрати Ғафсулаъзам Саид Абдулқодири Гелони (Муҳйи), достонҳои ширини “Варқаю Гулшоҳ”, “Сабзпарию Зарпари»,»Қосиму Гулузор»ū ва ғайраро бо алифбои имруз баргардон карда буд, ки чопи онҳо низ хидмате ба аҳли фарҳанг хоҳад шуд. Эҳсосоти отифии шоир, ки аз ҷони бедори ў буруз намуда буданд, ҳайф аст, ки пинҳон монад. Вай бо ашъораш алайҳи завол меҷангид ва ба қавли донишманде, “кори ҳунарū як навъ талош аст барои боқū гузоштани номи худ ва нафй маънии марг.”
Рўҳаш шод ва охираташ обод бод!

Шоҳмансури Шоҳмирзо,
Машҳад.

October 21, 2009 - Posted by | Ишк, Кахрамоннома, Курбон Хусайни, Муаррифинома, Шеър, Шеъру тарона

4 Comments »

  1. Хеле оличаноб. Хотираи он бузургворро пос доштед.Ашъор саропо орифона.

    Comment by Bakhtiyor | October 23, 2009 | Reply

    • Tashakkur akoi Bakhtiyor.Pos doshtanu ehtrimo kardani arvohi poki eshon yake az ahdomu mukaddasi most.

      Comment by Firdavsi Azam | October 23, 2009 | Reply

  2. Баракалло, бародари азиз!
    Бисёр кори неку пурсамареро шуруъ кардед, офарин! Бори аввал аст ки, дар ин торнома саре задаму, навиштахои шуморо варак бо варак хондаистодаам. Чолиб ва хонданибоб. Худо кунад ки, дар байни Точикон сафи шумо барин, чавонони равшанфикру гамхори миллат, руз то зур биафзоянд!

    Comment by Patriot | January 2, 2010 | Reply

    • barodar Patriot, lutf mekuned shumo az in ki kori nochizi moro arzish mekuned. Piruzu sarbaland boshed.

      Comment by Firdavsi Azam | January 8, 2010 | Reply


Leave a comment