Фирдавси Аъзам

Адабу фарҳанги Мастчоҳ

Олим Салимзода

Olim Salimzoda- public figureОлим Салимзода 28 январи соли 1956 дар дехааи Худгифи Соя чашм ба олам гушуд. Тахсили хамагониро дар дабистони № 10 фаро гирифт. Соли 1978 бахши журналисти Донишгохи давлатии Точикистонро бо бахои аъло поён дод. Мудати 10 сол дар рузномаи «Точикистони Совети» фаъолият дошт. Хамчунин, 6 соли баъди дар Кумитаи давлатии матбуот раиси шурои чумхуриявии танзими тарчумаи адабиёт ва сардори сарраёсати табъу нашри матбуоти даври ва байналмилалии Вазорати ахбор буд. Continue reading

Advertisements

June 21, 2009 Posted by | Culture, Адиб, Ишк, Кахрамоннома, Муаррифинома, Олим Салимзода, Пажухиш, Тоҷикистон, Хунар, Шеър, Шеъру тарона, Identity, Mastchoh, Mentor, Poetry, Tajiks | 1 Comment

2.Абёти Дилварзини

Идомаи чакидахои мастчохи аз навиштаи каблии Аз «Хулбуи лаби чу » то «Сузани патефон». Мо дар навиштаи кабли дар бораи ашъору чакидахои халкии мардумони Мастчохи Кухи маълумот дода будем ва инчо мехохам шумо хонандаи нуктасанчро бо чакидахои дилварзини низ шинос намоям.Лутфан ба зер таваччух намоед.
Ман духтари пахтакора ёраш бошам
Дар пахтачини хамдами кораш бошам.

Кошке ки худо муаллимам гардунад,
Дафтарча гирад,биёд ба пешам хунад.
Continue reading

June 14, 2009 Posted by | Муаррифинома, Шеъру тарона, َФолклор | 4 Comments

Шохмансури Шохмирзо

Шохмансури ШохмирзоШохмансури Шохмирзо 7 Майи соли 1971 дар рустои Худгифи Соя, нохияи Мастчох дар оилаи зиёи ва фархангпарвар мутаваллид гаштааст. Соли 1988 ба Донишгохи Давлатии Миллии Точикистон шомил гашта, тахсилро дар риштаи рузноманигори идома дод , сипас онро соли 1993 бо муваффакият ба итмом расонд. Инчунин бо чаридахои мухталифи кишвар аз чумла бо “Сухан”, “Оинаи зиндаги”, “Анбоз”, “Точикистони совети” ва радиои чумхури хамкори дошт ва дорад. Мавсуф солхои 1996-1999 дар нохияи Мастчох муаллими литсей буд ва замоне хамчун муовини сардабири рузномаи Машьал ифои вазифа мекард.. Continue reading

June 11, 2009 Posted by | Ишк, Кахрамоннома, Мавлоно, Муаррифинома, Пажухиш, Шеъру тарона | 3 Comments

Шохмирзои Хучамухаммад

Шохмирзои ХучамухаммадШохмирзои Хучамухаммад 18 феврали соли 1949 милоди дар рустои Худгифи Соя , нохияи Мастчох дар оилаи зиёи чашм ба ин олами хасти во намуда.Узви конфедератсияи байналхалкии журналистон Шохмирзои Хучамухаммад кайхост, ки аз соликони чодаи Сухан мехсуб меёбад.Мавсуф дар рузномаи нохияи Мастчох- “Машъал”, “Агитатори Точикистон”, кумитаи радио ва телевизиони чумхурии Точикистон фаолият дошта,хамчунин муаллифи кутуби “Сурмаи дил” (хамрох бо писараш Шохмансур) ва “Касидаи чавонмарди” (дар хамкори бо Мирзохамдами Шарифзода) буда “Ахтари зулматсуз” асари сеюмини уст, Continue reading

June 9, 2009 Posted by | Кахрамоннома, Муаррифинома | Leave a comment

1. Аз «Хулбуи лаби чу » то «Сузани патефон»

Бешубха аст, ки замону макон, мухити ичтимои ба зиндаги ва фаъолияти инсон таъсир мегузорад, зеро инсон дар доираи онхо мемонад ва берун аз онхо буда ва шуда наметавонад.Чунин таъсир дар фолклор-хикмати халк низ дида мешавад, зеро мардумро одат буда ки бо шеър тавъам зистаанд.Кам одаме ёфт мешавад, ки дар инчо 50-60 байту рубои надонад ё бо оханг нахонад.Мухит чунин инсонхо тарбият менамуд. Continue reading

June 4, 2009 Posted by | Шеъру тарона, َФолклор | 3 Comments

Чура Юсуфй

Jura Yusufi
Чура Юсуфй 16 апрели соли 1957 дар дехаи Худгифи Сояи Кухистони Мастчох ба дунё омадааст. Донишгохи Давлатии Точикистонро соли 1979 хатм карда, дар рузномаи “Машъал”-и Мастчох, хафтаномахои «Ориён», «Сугд», «Сугдиён» ва макотиби нохия кор кардааст. Раиси бахши нохиявии Бунёди забони точикй, муовини сардабири хафтаномаи мустакили “Вароруд” (ш. Хучанд) мебошад.
Ашъораш дар матбуоти вилоятиву чумхурй, мачмуахои “Риштаборон”, “Навсафар”, “Чашмаи шоир” ба табъ расидаанд. Китоби алохидаашро бо номи “Шохаи сабз” нашриёти “Адиб” соли 1989 дар мачмуаи “Санги овоз” ба табъ расонда буд. Соли 1996 нашриёти Рахим Чалил китобчаи илмию оммавии у “Аз таърихи Мастчох”-ро чоп кард. Муаллифи чандин киссахои хуччатй, аз кабили «Хафт пайкор», «Манори Дехманора», «Шахиди хунар» мебошад.
Чура Юсуфй рузноманигор аст. Яке аз дастёбтарин сохибхирфа дар чодаи рузноманигорист, ки анкариб ба 100 нафар рузноманигорони шинохтаи кишвар хукми устодй дорад.
Ашъораш ба китоби “Хуршедхои гумшуда” (Эрон, 1998, бо хати форсй) рох ёфтаанд. Continue reading

June 2, 2009 Posted by | Муаррифинома, Шеъру тарона | 1 Comment