Фирдавси Аъзам

Адабу фарҳанги Мастчоҳ

Мусо Исо


Мусо Исоев соли 1952 дар дехаи Пастигави нохияи Мастчох ба дунё омада, омузишгохи касбию техникии нохия ва донишкадаи варзиши пойтахти чумхуриро хатм кардааст.Устоди варзиш, кахрамони чандин каратаи чумхурият оид ба гуштини классики ва дзю-до , кахрамони Озарбойчон аз руи гуштии дзю-до.Нахусин мастчохие, ки дар кино накшхои асоси, аз чумла дар филмхои “Кафорат”,”Номзад”, “Бори 300” офаридааст.Дар филми “дарду алами афгон” хамрохи хунарпешаи машхури итолиёви Микеле Плачидо накш офаридааст.
Соли 1992 аз чониби дастахои номаьлум дар Душанбе вахшиёна ба катл расид. Continue reading

Advertisements

January 26, 2010 Posted by | Bukhara, Culture, Душанбе, Душман, Кахрамон, Мастчох, Муаррифинома, Мусо Исо, Озарбойчон, Озоди, Тоҷикистон, Фараж, Хасодат, Identity, Mastchoh, Mentor, Tajiks | 4 Comments

Муллоев Шариф

Муллоев Шариф Бокиевич 7 – уми январи соли 1965 дар кишлоки Худгифи Офтобруя нохияи Мастчох мутаввалид шудааст.Мавсуф хатмкардаи мактаби №10(1972-1982) нохияи Мастчох чамъияти саххомии “Сомониён”  собик колхози Оржоникидзе мебошад.

Муллоев Шариф солхои 1983–1985 дар Кушунхои хавои дар Семипалатинск Москва хидмати харбиро ба чо овардааст.Пас аз адои хидмат дар соли 1986 хуччатхояшро барои идомаи тахсили оли ба Донишгохи омузгории шахри Душанбе  ба номи К. Ш. Чураев супорида онро бо муваффакият соли 1992 ба итмом мерасонад.

Муллоев Шариф аз соли 1996 то 2000 дар Академияи улуми Точикистон Институти забон ва адабиети ба номи Рудаки хамчун аспирант маьрифат андухтааст.Тачоруби кори ва фаолияти у аз инхо иборат аст: Continue reading

January 17, 2010 Posted by | Culture, Адабиёт ва санъат, Адиб, Маскав, Мастчох, Муаррифинома, Муллоев Шариф, Озоди, Пажухиш, Тарихи журналистикаи точик, Тоҷикистон, Худгифи Соя, Хунар, Identity, Mastchoh, Mentor, Tajiks, َФолклор | 1 Comment

Асрори Азиз

Асрори Азиз санаи 23 декабри соли 1977 дар деҳаи Худгифи Офтоб аз оилаи коргар ба дунё омадааст.Сентябри соли 1984 ба дабистон шомил гашта онро соли 1994 хатм намудааст.Худи ҳамон сол ҳуҷҷатҳояшро ба Омузишгоҳи тибби супорида кабул мешавад ва соли 1997 пас аз хатми омузишгоҳ фаолияти кории хешро аз беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ дар шуъбаи “Эҳё” ба ҳайси беҳёр огоз намудааст.Аз соли 2000-ум инҷониб дар маркази саломатии “Зарафшон” ба сифати беҳёри бачагона адои вазифа намуда истодааст.Асрори Азиз аз зумраи он пизишконест, ки дар миёни ҷомеаи Мастчоҳ аз oбрую эҳтироми вижае бархурдор аст. Continue reading

January 12, 2010 Posted by | Culture, Адабиёт ва санъат, Асрори Азиз, Ишк, Кахрамоннома, Муаррифинома, Пажухиш, Тоҷикистон, Хунар, Шеър, Шеъру тарона, Identity, Mastchoh, Mentor, Poetry, Tajiks, َФолклор | 1 Comment