Фирдавси Аъзам

Адабу фарҳанги Мастчоҳ

Олим Салимзода


Olim Salimzoda- public figureОлим Салимзода 28 январи соли 1956 дар дехааи Худгифи Соя чашм ба олам гушуд. Тахсили хамагониро дар дабистони № 10 фаро гирифт. Соли 1978 бахши журналисти Донишгохи давлатии Точикистонро бо бахои аъло поён дод. Мудати 10 сол дар рузномаи «Точикистони Совети» фаъолият дошт. Хамчунин, 6 соли баъди дар Кумитаи давлатии матбуот раиси шурои чумхуриявии танзими тарчумаи адабиёт ва сардори сарраёсати табъу нашри матбуоти даври ва байналмилалии Вазорати ахбор буд.
Олимчон аз охири 1994 дар Вазорати фарханги чумхури вазифаи муовини вазирро дар душ дорад.
Очреку тарчумахояш дар рузномаву мачаллахо ва мачмуахои дастчамъи бо номи «Давлати безавол» ва монанди ин интишор ёфтаанд.
Бо калами мавсуф «Барои мардони то 16 сола» ном асари Анатолий Маркуша, «Дар чанг ва баъди чанг»-и Отачон Таган таввасути нашриёти «Адиб» ба нашр расидаанд.

Аз 17 марти соли 2005 муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот.Ихтисос аз рӯи таҳсилот – филолог, рӯзноманигор. Номзади илмҳои филология. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дуюм (2000-2005). Дорандаи медали “Хизмати шоиста”.

June 21, 2009 - Posted by | Culture, Адиб, Ишк, Кахрамоннома, Муаррифинома, Олим Салимзода, Пажухиш, Тоҷикистон, Хунар, Шеър, Шеъру тарона, Identity, Mastchoh, Mentor, Poetry, Tajiks

1 Comment »

  1. simoi zeboi zebanda ba makomi balandpoya.

    Comment by Soro | June 26, 2009 | Reply


Leave a comment