Фирдавси Аъзам

Адабу фарҳанги Мастчоҳ

Мирзонабии Холиқзод


Мирзонабии Холиқзод aз соли 1995 бо радиои Озодӣ ҳамкорӣ мекунад. Ҳоло раиси дафтари радиои Озодӣ дар Тоҷикистон мебошад.Дар соли 1962 дар ноҳияи Масчо зода шудааст. Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1985, ба ҳайси муҳаррири бахши адабию драмавии Телевизиони Тоҷикистон ва баъдан ҳамчун сардабири ҳамин бахш кор кардааст.Соли 1994 корманди масъули Вазорати фарҳанги Тоҷикистон буд. Дар зер чанд намунае аз эҷодиёти муаллиф иро мешавад.

Тарки фикр, марги тан…

Мирзонабии Холиқзод

Пас аз харидани себу дигар меваҳо дар бозори Шоҳмансур хостам, ноки обдори хушмазза ҳам бихарам. Муйсафеде ки нокҳояш коғазпеч буданд таваҷҷӯҳи маро ҷалб кард.

Пурсидам: “Барои чӣ бобо бо коғаз нокҳоро мепечонед”, гуфт, ки дар зимистон барои дарозмуддат ҳифз шаванд ва ҳам ҳангоми гирифтану мондан латма нахӯранд. Мӯйсафед аввал коғазҳои печондашударо мегирифт, баъд нокҳоро дар тарозу мегузошт. Ман ба коғазҳое зарду доғдор нигоҳ мекардам ва намедонам бо амри тасодуф буд ё қазои сарнавишт, чашмам ба варақи китобе афтод, ки рӯи он «Рисолаи Ҷарри Исқол» навишта шуда буд.

«Илтимос, ҳамон варақи китобро ба ман диҳед,” хоҳиш кардам аз муйсафед. Вай суоломез ба ман нигарист ва даст афшонда, гуфт: “Ин як коғазай, бачам, чӣ кораш мекунӣ…”

Барои ман ин унвони китоб шинос буд, зеро чанд сол қабл дар Китобхонаи Фирдавсӣ муддате ба мутолиаи рисолаҳои Сино пардохта будам.

БАШАРАНДЕШИИ ТОҶИКОН

Агар шумо рисолаҳои Абӯалӣ ибни Синоро нигоҳ кунед, яке аз рисолаҳои илмию техникии ва маъруфи Сино «Ҷарри исқол»ё «Ҷарри сақил» ном дорад ва дар он ҳаким Бӯалӣ бунёди фишанг ё механизми бардоштани вазнҳои сангинро нишон медиҳад. Ҳатто дар пушти ҳамин сафҳае, ки ҳоло мӯйсафед ба ман дод, дар он нақшаи бо вазнҳои андак бардоштани вазнҳои сангин нишон дода шудааст. Масалан бо истифодаи 100 кило бардоштани як тонна вазн ё бо 1 тонна бардоштани сад тоннаро нишон медиҳад….

Ман дар ин навишта намехоҳам, аз муйсафеди бозор гила кунам, ки чаро варақаҳои ин китоби муҳимро барои нокпечонӣ истифода кардааст. Манзури ман дигар аст.

Ҳанӯз Абӯалии Сино фарзанди тоҷик дар даврони худ даҳ аср қабл як тарҳи фаннӣ-техникиро дар як рисолаи таҳқиқӣ пешкаши ҷомеаи замони худ кардааст.

Ва боз даҳҳо ҳамчунин рисолаҳои Сино, Абурайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ ва даҳҳо олимону донишмандони дигари даҳ аср қаблро метавонам мисол орам, ки бо тавони андешаи худ дар пешрафти башар таъсир гузоштаанд.

Яъне даҳ қарн пеш миллати тоҷик барои башар андеша мекард ва тавони тавлиди андешаро ё ба истилоҳ тавони халлоқиятрро дошт. Ман дар бораи расадхонаҳо ва мадрасаҳо, улуми хонасозӣ, улуми тиб, риёзиёт ситорашиносӣ, манорасозӣ, меъморӣ обёрии шаҳрҳо, корезканӣ ва ғайра ҳарф намезанам. Зеро қисса дароз хоҳад шуд ва шояд шумо мутаваҷҷеҳи ончие ки ман мехоҳам бигӯям, нашавед.

Имрӯз, дар асри 21, шумо боре андешидаед, ки ба унвони як тоҷик дар Тоҷикистон барои аҳли башар чӣ кори созандае ва чӣ барномаву фикри наверо пешниҳод карда бошед?

ФИКР ДАРКОР НЕСТ?

Шояд баъзе мисолҳое пешниҳод куне, вале бо ду-се ё чору панҷ гул баҳор нахоҳад шуд.

Ҳоло фақат аққалан як бор ба бозори Султони Кабир дароед ва растаҳои мухталифи онро бубинед, мушоҳида хоҳед кард, ки аз сӯзану чумчаву косаву пиёла то ҷиҳози хонаву қисмҳои эҳтиётии мошинҳо ва хишту девору вассаи бому ҳама моли Чин аст. Моли кишваре, ки бо Тоҷикистон ҳамсояи девор ба девор аст.

Ҳоло мо, тоҷикҳо, амалан бар рӯи амри андешаи чиниҳо зиндагӣ дорем. Аммо вақте, ки моли ватанӣ, яъне моли Тоҷикистонро меҷӯӣ, ба ҷуз аз чанд намуди меваю сабзиҷот аслан чизи дигареро намеёбӣ.

Мисли ин ки фикр кардан, кашф кардан, итироъ ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳузури худро нишон додан барои ин миллат ба охир расидааст ва мисли ин ки дигар ин миллат танҳо ба як колбуд табдил шудаст, ки шаффофу рӯшан даруни он чизе наменамояд, яъне танҳо бадани бидуни мағзи ин халқ мондааст, ки нафас мекашад. Чаро?

Имрӯз тавони фикр карданро чанд миллати дунё доранд, ки ангуштшуморанд. Масалан, ҷопониҳо, олмониҳо, амрикоиҳо, русҳо ва чанд халқияти дигаре ҳастанд, ки башар бар рӯи андешаи онҳо чӣ аз лиҳози фанноварӣ ва чӣ инсонӣ бо ҳар шароите зиндагӣ доранд. Ва кишварҳое ҳам ҳастанд.ки талошу саъй доранд ба ин сатҳ бирасанд.

Тоҷикистон дар ин арса дар чӣ поя қарор дорад?

ПЕШНИҲОДИ ПРЕЗИДЕНТ

Дар миёнаҳои моҳи декабри соли гузашта президент Эмомалӣ Раҳмон дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон бо олимони тоҷик рӯбарӯ суҳбат кард ва ба зарурати эҷоди шароит барои хурдсолони ихтироъкор таъкид кард.

Президенти Тоҷикистон аз кӯдакони амрикоӣ ва кишварҳои дигар ёдовар шуд, ки «мактаббачагони Штатҳои Муттаҳидаи Амрико аз хонандагони давлатҳои мутараққӣ, ба монанди Англия, Нидерландия, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур ва ғайра қафо монда истодаанд».

Вале дар ин сӯҳбат вазъи иҷтимоии феълии мактаббачаҳои тоҷик аслан ёдовар нагардид, ки имрӯз чӣ гуна мактаббачаи тоҷик саҳни бозорҳо ва роҳу хиёбонҳоро аз синфхона афзалтар мешуморад. Чаро президент аз гирифториҳои кӯдаки хурдсоли тоҷик, ки дар кӯчаҳои Душанбе ба мошиншӯӣ ва дар бозорҳои Шоҳмансур, Саховат, Баракат ба халтабардорию аробакашӣ машғуланд аслан як ҷумла ёдовар нашуд.

Як ҳафта пеш дар бозори «Саховат» як хурдсоли тақрибан 11-сола, номаш Хуршед, мехост, халтаи 45-килоии як харидорро то назди таксӣ бибарад, ман ки ин манзараро медидам, гуфтамаш, ки ин халтаро чӣ хел мебарӣ, аслан ба ҳарфҳои ман таваҷҷӯҳ накарду зуд халтаро бардошта бурд. Ман ба худ фикр кардам, ҳоло барои ин бачаи 11-сола муҳим пул аст. На фикри қаламу дафтар на китобу ихтироъ ва на синфхонаю мактаб ва на чизи дигар. Ва созмонҳои байналмилалии масоили кӯдакон низ дар гузоришҳои худ мегӯянд, ки дар Тоҷикистон бар асари мушкили иҷтимоӣ теъдоди кӯдакони хиёбонӣ, ки талабаҳои мактабҳоянд сол ба сол меафзояд.

Вале президент Раҳмон дар ҳамон суханронӣ дар Фарҳангистони улум фақат ишора мекард, ки нисбати солҳои пешин теъдоди мактабҳо ва синфхонаҳо дар кишвар бештар ба истифода дода шудааст.

Ин дар ҳолест, ки вазири маорифи Тоҷикистон дар нишасти хабарии ахири худ 11-уми январ аз заъфи таълим дар мактабҳои кишвар изҳори норозигӣ намуд. Чунин ба назар мерасад, ки мақомоти дахлдори кишвар тавони дуввумбора ба сари мизи китобхонӣ баргардондани хурдсолонро надоранд.

ШАРОИТИ САДАИ 21?

Шояд дар инҷо шумо суол диҳед, ки чӣ хел даҳ ё нӯҳ аср пеш дар шароити набуди барқу техникаи пешрафта Синову Беруниву дигарон тавонистаанд, рисолаҳо ва андешаҳои муҳими хуро эҷод кунанд? Чуноне таърихнависҳо мегӯянд, дар он давраҳо таълиму тадрис дар мадрасаҳо чи дар бахши фиқҳу шариат ва чи дар бахши улуми дақиқ бисёр қавӣ ва ҷиддӣ будааст. Ва ҳавзаҳои илмӣ бисёр фаъол будаанд. Имрӯз чӣ? Барои эҷоди дастаҳои ихтироъкорӣ ва синфҳои эҷодкорӣ манзурам дар бахши фанҳои дақиқ ва техника дар макотиби Тоҷикистон бинобар норасоии маблағ шароит муҳайё нест.

Имрӯз чуноне, ки бозорҳои шаҳр нишон медиҳанд, машғулияту гирифтории як хурдсоли ҳафтсоларо ба як марди ҳафтодсола ки бори сангини зиндагӣ бар дӯшаш аст баробар кардааст. Ва ба назари ӯ ояндаи дур ҳам ҳамин бозор хоҳад буд.

Тавре як корманди собиқ Пажӯҳишгои Иқтисодии Тоҷикистон таъкид карда буд, чунин вазъ пеш аз ҳама имкони андешиданро аз зеҳни хурдсолону ҷавонон берун мекашад ва бетафовутию бетаваҷҷӯҳии ниҳодҳои масъули Тоҷикистон ин марҳиларо давомдор хоҳад кард, ки идомаи дарозмуддати он ҷомеаро вориди як тамаддуни дигар хоҳад кард, ки онро «тамадуни ҷангалӣ» меноманд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки президент Раҳмон соли 2010-ро дар Тоҷикистон Соли маориф ва илму техника эълон кардааст.

Ҳалокати ду сокини Исфара аз таркиши мина

Мирзонабии Холиқзод

Бар асари таркиши мина дар марзи Тоҷикистону Узбакистон ду сокини рустои Зархоки ноҳияи Исфара, зану шавҳари ҷавон, ба ҳалокат расиданд.

Ҷасади хуншори зану шавҳари ҷавон Ойбек ва Зарифа тақрибан ду рӯз дар маҳалли таркиши мина дар мавзеи марзии Зархоки Исфара мехобиданд, аммо талоши шабонрӯзии ҳамдеҳагон имкон намедод онҳоро ба манзилашон биёранд. Зеро аз бими таркиши минаи навбатӣ онҳо ҳарос доштанд. Танҳо бо мусоидати афроди огоҳ аз харитаи минаҳои Узбакистон дар марзи Тоҷикистон субҳи 27-уми декабр мардум тавонистанд ҷасади ин ду нафарро ба деҳа биёранд ва ба хок супоранд.

Аз хонаводаи Ойбек Иброҳимов ва Зарифа Каримова ду фарзанди хурдсол – Зарринаи 10-сола ва Ҷаҳонгири 6-сола ятим мондаанд.

Бо вуҷуди он ки аҳли хонаводаи Ойбек, ки аз курсҳои омӯзишӣ  гузаштаанд ва қабл аз ҳодиса аз онҳо тақозо низ кардаанд, ки аз роҳ баргарданд, аммо онҳо қабул накарда, дар ин мавзеъ ба ҷамъоварии ҳезум машғул шудаанд …

Ойбек Иброҳимов ба тозагӣ аз муҳоҷирати корӣ ба хотири ҷамъоварии ҳезум барои сармои зимистон аз Русия баргашта буд. Бо вуҷуди огоҳ кардани мардум аз хавфи вуҷуди мина дар мавзеъҳои марзии Узбакистон бо Тоҷикистон дар қаламрави ноҳияи Исфара, Ойбек ҳамроҳи хонумаш ба ҷамъоварии хори шубок, ки дар оташ хуб месузад, машғул шудааст.

Корманди маркази миллии поксозии минаҳо дар Тоҷикистон Шаҳриниссо Давлатова мегӯяд, «бо вуҷуди он ки аҳли хонаводаи Ойбек, ки аз курсҳои омӯзишӣ гузаштаанд ва қабл аз ҳодиса аз онҳо тақозо низ кардаанд, ки аз роҳ баргарданд, аммо онҳо қабул накарда, дар ин мавзеъ ба ҷамъоварии ҳезум машғул шудаанд. Дар маҳаллҳои вуҷуди минаҳо маркази миллии минрубӣ аломатҳои махсуси эҳтиёт аз минаҳо гузошта шудааст, вале ҳоло ин аломатҳо нестанд ё кам ҳастанд. Бо вуҷуди ин ҳама ҳодисаи нохуш сар задааст ва ин дуввумин ҳодиса дар ноҳияи Исфара мебошад. Қаблан дар деҳаи Лакон бар асари таркиши мина ду сокини маҳаллӣ кушта шуда буд».

Тайи 10 сол минакорӣ шудани марзи Узбакистон бар асари таркиши минаҳо дар марз 76 нафар кушта ва 87 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Дар соли равон бар асари таркиши минаҳои Узбакистон чаҳор сокини Тоҷикистон кушта ва чаҳор нафари дигар захмӣ шудаанд. Ин рақам дар нисбат ба солҳои пештар камтар мебошад, вале масъалаи аслӣ яъне замони вуҷуди минаҳои Узбакистон дар марзи Тоҷикистон ҳамчунон ба таври номаълум боқӣ мондааст.

Ҳоло вуҷуди минаҳои Узбакистон барои сокинони Тоҷикистон хусусан мавзеъҳои марзӣ нигаронкунанда аст. Ин дар ҳолест, ки  фаъолияти Маркази миллии минрубии Тоҷикистон барои маҳв ва хунсо кардани минаҳо дар ҳамаи навоҳии Тоҷикистон барои даҳ соли дигар дароз карда шудааст, вале масъалаи барчидани минаҳои Узбакистон ба барномаи даҳсолаи ин созмон тааллуқ надоштааст.

Парвиз Мавлонқуло, муовини раиси Маркази миллии поксозии минрубии Тоҷикистон, мегӯяд, «ҳангоми таҳия намудани талабнома барои тамдид кардани ӯҳдадориҳои Тоҷикистон масъалаи поксозии марзи Тоҷикистону Узбакистон аз минаҳо ҳал нашуда буд. Ин мавзӯъ мавзӯъи хеле ҳассос аст ва он бо ризоияти ду кишвар ҳал мешавад. Ҳоло ҳам поксозии минаҳо дар ин минтақа номуайян аст. Ҳарчанд, ки марз тахминан 97 дарсад муайян карда шудааст, вале марзбандӣ нашудааст. Барои марзбандӣ намудани сарҳад бояд он аз минаҳо пок карда шавад. Аммо ин масъала то ҳол ҳалли мусбати худро наёфтааст».

Маркази минрӯбии Тоҷикистон мегӯяд, дар идомаи панҷ соли амалисозии ин тарҳи поксозии минаҳо дар қаламрави ин кишвар, ҳудуди 900 маҳал таҳқиқ ва бештар аз 2 миллион метри мураббаъ аз минаҳо поксозӣ шудааст. Вале ҳанӯз ҳудуди 17 миллион метри мураббаъ аз қаламрави кишвар бо шумули мавзеъҳои вуҷуди минаҳои Узбакистон таҳти хатари минаҳо боқӣ мондааст, ки ба ҷони садҳо сокини осоишта таҳдид мекунад.

Фарҳанги “хидмат” дар нақлиёти Душанбе

Мирзонабии Холиқзод

«Эй бародар, ту бо Шоири Халқии Тоҷикистон сӯҳбат дорӣ, аққалан худата эҳтиром кун, наход ҳамин эҳтироми одамӣ дар шаҳр бошад. Охир эшон шоир, Шоири Халқии Тоҷикистон Раҳмат Назрӣ ҳастанд».

Ҳарчанд ман ба истилоҳ ба пулчинаки автобуси мусофирбари рақами 18 – пойтахт таъкид мекардам, ки бадрафторӣ накунад, вай аслан фаҳмидан намехост. Ва ёғиёна билети узвият дар Иттиҳоди нависандагони шоирро пас гардонда гуфт, ки “ин дар укази мо нест.”

Пули гаишника аз куҷо диҳам, пули налогавикро аз куҷо диҳам, ҳозир боз агенти коррупсия пайдо шудааст, инҳо пул мехоҳанд…

Ин баҳс ҳангоми дохил шудан ба автобуси рақами 18, ки аз истгоҳи Қарияи Боло ба самти марказ меомад, сурат гирифт.

Устод Раҳмат Назрӣ дар истгоҳи Қарияи Боло ба бинои Иттифоқи Нависандагон, ки аз Турсунзода то Мӯъмин Қаноат ва аз Лоиқ то Бозорро дар доманаш парваридааст, меомад ва дар дасташ як баста китобҳои чопи Теҳрон дошт.

Вай дар сӯҳбат гуфт, ки ман ҳамагӣ ду истгоҳ яъне то Иттифоқи нависандагон меравам. Дар роҳ то бозори “Баракат” ин кондуктори ҷавон борҳо ба мусофирин ҳамла мекард: “пештар рав, байн холӣ аст!». Ҳол он, ки автобус пури одам буд. Касе ҳам ба вай ҳарфе намезад. Мисли ин ки мардум бо ин «фарҳанг» одат кардаанд

Вай бо садои баланд мисли ин ки дар кадом биёбон бошад, дод мезад, ки «мефуроӣ, пеш биё.»

Дар истгоҳи назди бозори “Баракат” устод Раҳмат Назрӣ фуромад ва ба он ҷавон фаҳмонд, ки як гурӯҳ адибони тоҷик аз тарафи шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев имтиёз доранд, ки дар нақлиёти мусофирбари шаҳр бепул равуо кунанд. Аммо маълум буд, ки ин ҷавон намедонад, ки Иттифоқи нависандагон чисту шоир кисту адиб чӣ маънӣ дорад.

Барои дақиқ будани ин ҳолат ман аз Иттифоқи нависандагони ҳамин суолро кардам. Гуфтанд, ки дар ҳақиқат шаҳрдори Душанбе ба 18 нафар аз адибони тоҷик ҳамин имтиёзро додаст, ки Раҳмат Назрӣ яке аз онҳост

Ман мефаҳмам,ки Раҳмат Назрӣ ё адибони дигар ба кадом имтиёз мӯҳтоҷ нестанд, вале бархӯрд ба шоир, ба зиёӣ дар ҷомеаи имрӯзи мо ба поёнтарин сатҳ афтодааст. Ин манзараҳо ва ин ҳолатҳо бонги изтиробанд, ки оё касе ё масъуле дар пайи ислоҳи ин вазъ аст?

Вақте ки ман дар истгоҳи дигар аз автобус фуромадам, ба ҷавони кондуктор гуфтам, ки агар ҳатто номи адиби тоҷик дар «указ»и шумо нест, магар ҳамин тавр мешавад рафтор кард? Ин ахлоқ аз куҷост? Ба ӯ фаҳмондам, ки инҷо шаҳр аст.

Бегоҳи ҳамон рӯз аз бозгашт ба маҳалли зист дар миниавтобуси “Газел”-и рақами 19 нишастам. Аввал ба ҷуз ман дар ин миниавтобус касе набуд. Аммо дар роҳ то ба истгоҳи оянда чаҳор ва баъд нӯҳ, баъдтар 11 нафар шудем. Вақте ки ба гардиши Қарияи Боло расидем, бо вуҷуди банд будани курсиҳо 5 нафари дигар савор шуд, ки дар миёни инҳо ду зани солхӯрда буд. Ва нафарони нишаста маълум буд, ки бо малол ҷойро барои инҳо холӣ карданд.Чанде пештар нарафтем, ки ду нафари дигар савор шуданд.

Аз ронанда пурсидам, чаро ин қадар одам савор мекунӣ, гуфт, “пули гаишника аз куҷо диҳам, пули налогавикро аз куҷо диҳам, ҳозир боз агенти коррупсия пайдо шудааст, инҳо пул мехоҳанд,” гуфта, бо овози баланд ба ман посух дод.Ҳайрон шудам ба ӯ чӣ бигуям.

Дохили Газел ба ҳадде тоқатфарсо буд, ки хонумҳое сари по истода ба худ чизе мегуфтанд ва маълум буд, бисёр нороҳат буданд, вале баъд аз посухи ронанда онҳо низ ором гирифтанд.

Шумо фикр накунед. ки ман ба ҳайси журналист барои анҷоми як таҳқиқот махсус дохили ин автобусҳои мусофирбар мегардам. Ман ҳам як мошини сабукрави “Фолксваген Пассат” дорам, тавоноии мотораш 2,8 аст ва 6 силиндр дорад. Азбаски куҳнааст ва зуд зуд хароб мешавад, ночор бо автобус ба ҷои кор меравам.

Вале мусофирон мегӯянд таи чанд сол аст, ки вазъ ҳамин хел буда, аслан беҳбудие дида намешавад. Хусусан ҳангоми саҳар ва шом дар нақлиёти мусофирбаре, ки аз гӯшаҳои шаҳр ба марказ меоянд, вазъ таҳамулнопазир аст.

Дар чунин вазъ ду суол дар зеҳни ман мечархад. Оё ин ҳолатро ба сурати умум ронандаҳо ва ба истилоҳ кондукторони автобусҳои мусофирбар эҷод кардаанд ё масъулони ин идораҳо чунин шароитро фароҳам овардаанд, ки ронанадаҳо ночор ба ин «тартиб» рафтор кунанд? Кадом?

Вале ба ҳар сурат аҳли адаб ва зиё ба ин фикр ҳастанд, ки имрӯз ба ҳар ҳол Душанбе Бухорост, вале вақте ки бо чашмони худ мебинем, бо як шоир ва зиёӣ чунин рафтор мешавад, чӣ хулоса мекунем. Шояд баъзеҳо ба ин сатрҳо бовар накунанд, вале аққалан як бор шаҳрдори Душанбе ва ё президенти кишвар ҳудуди 500 метр дар “Газел”-и 19 ё дар автобуси 18 ва ё дар дигар нақлиёти мусофирбар бо либоси ғайрирасмӣ савор шаванд, бисёр чиз хоҳанд омӯхт…

Ман дар маҳаллаи «Ҷалҷинбозор» аз “Газел”-и 19 фуромадам ва ба ёдам автобуси 18 ва устод Раҳмат Назрӣ, асабониятҳои ӯ ва ёғигариҳои кондуктори ҷавон расиду фақат ҳаминро гуфтам, “Устод, худо нигаҳдор!”

Сардабир: Албатта, имтиёз ба афроди алоҳида дар нақлиёти ҷамъӣ дар ягон кишвари дигари дунё дида намешавад, аммо чунин, ба истилоҳ “фарҳанги хидмат” низ дар ҷаҳон камназир аст. Бахше аз мушкилоти марбут ба нақлиёт дар Душанберо ҳамчунин метавонед, дар ин видео тамошо кунед:

Тоҳири Юлдош кушта шуд?

Мирзонабии Холиқзод

Тибқи гузоришҳои расида,Тоҳири Юлдош, раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон, дар паи ҳамлаи мушакии ҳавопаймои бехалабон дар Вазиристони ҷанубӣ дар Покистон кушта шудааст.

Бино ба хабаргузории Ассошиейтед-пресс, манобеи амниятии Покистон ба нақл аз қавли наздикони Тоҳири Юлдош гуфтаанд, ки дигар Тоҳири Юлдош зинда нест ва дар ҷои ӯ Абдураҳмони тотор – яке аз чеҳраҳои бонуфузи ин ҳаракат роҳбар интихоб шудааст.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, азбаски хабари дақиқ аз кушта шудани Тоҳири Юлдош надоранд, аз ин рӯ наметавонанад аз маргу зиндагии ӯ иттилое диҳанд.

Таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд, Ҳаракати исломии Узбакистон як наҳзати созмонёфта ва бо барнома ва ҳадафи мушаххас аст ва аз байн рафтани лидерони он маънои парешон шудани ин наҳзатро нахоҳад дошт …

Аҳмад Рашид, журналист ва коршиносни масоили минтақа, ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки аҳамияти ин ҳодиса яъне марги Тоҳири Юлдош дар он аст, ки дар айни дубора авҷ гирифтани ситезаҷӯӣ дар Осиёи Марказӣ ин ҳодиса ба вуқӯъ пайваст, зеро Ҳаракати исломии Узбакистонро заминаи аслии сетзаҷӯӣ дар минтақа медонанд.

Вале ба назари Аҳмад Рашид, ба сурати умум вуҷуди ин ҳаракат барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, хатарзо нест.

Тоҳири Юлдош ҳануз наздики 30 сол дошта буд, ки дар натиҷаи як ошӯби худҷӯш дар Узбакистон алайҳи ҳукумати Ислом Каримов дар соли 1992 ба Тоҷикистон фирор кард. Дар он солҳо Тоҷикистон дучори нооромиҳо буд. Моҳи марти соли 1993 ӯ бо ҳамроҳонаш ба Афғонистон гузашт. Тарибан пас муддате дар Душанбе низоми сиёсат тағйир кард ва бо ба сари қудрат расидани ҳукумати Эмомалии Раҳмон нерӯи Иттиҳодияи оппозитсиюн ҳамроҳ бо муҳоҷирон дар Афғонистон паноҳ бурд.

Давлат Усмон, аз лидерони собиқи Иттиҳодияи оппозистсиюни тоҷик, доир ба ошноияш бо Тоҳири Юлдош мегӯяд, «вай дар соли 1994-19 95 ҳамроҳи муҳоҷирони мо дар лагери Сахӣ дар Пешовар буд. Пас аз он ки нерӯҳои Иттиҳодияи оппозитсиюни тоҷик таҳти сарварии устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо ҳукумат талошҳо барои оштӣ шуданро оғоз карданд, Тоҳири Юлдош ин сулҳро напазируфт ва инҷоро тарк гуфт ва ба Покистон рафт».

Тоҳири Юлдош, ки аслан бо ҷома ва дастори покистонӣ ва бо риши куса, ки ӯро зирак нишон медод, раҳбарии маънавии Ҳаракати исломии Узбакистонро бар ӯҳда дошт. Ва пас аз кушта шудани Ҷумъаи Намангонӣ, фармондеҳи ҳарбии Ҳаракати исломии Узбакистон, дар Афғонистон дар соли 2001 тамоми умури ин наҳзатро Тоҳир ба дасти худ гирифт.

Дар Тоҷикистон ба марги Тоҳири Юлдош чандон ба як фоҷеаи бесобиқа ба сарнавишти вуҷуди баъдии Ҳаракати исломии Узбакистон нигоҳ намекунанд. Давлати Усмон, таҳлилгари масоили сиёсӣ, мегӯяд, Ҳаракати исломии Узбакистон як наҳзати созмонёфта ва бо барнома ва ҳадафи мушаххас аст ва аз байн рафтани лидерони он маънои парешон шудани ин наҳзатро нахоҳад буд.

Ба қавли таҳлилгарон, ин ҳаракат ҳамчунон манбаи аслии таҳдидзо ба амнияти кишварҳои Осиёи Миёна боқӣ мемонад. Сардори шуъбаи масоили байнулмилалии Маркази мутолеоти стратегии раисиҷумҳури Тоҷикистон Абдунабӣ Сатторзода, низ бар ин аст, ки кушта шудани Тоҳири Юлдош маънои маҳви ин наҳзатро нахоҳад дошт

Ахиран вазири умури дохилаи Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров дар ҷамъи хабарнигорон аз вуруди эҳтиомолии гурӯҳи мусаллаҳи Ҳаракати исломии Узбакистон ба мавзеъҳои марзии Тоҷикистон иттилоъ дод. Вай гуфт, амалиёти вижаи зиддитеррори нерӯҳои амниятии Афғонистон ин ҳаракатро водор мекунад, ки дар минақаҳо мушкилгузари кӯҳистони Тоҷистон паноҳ баранд.

Додситонии вилояти Суғди Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир парвандаи 6 узви Ҳаракати исломии Узбакистон дар ин кишварро баррасӣ дорад. Додраси ин додгоҳ гуфт, ки дар Тоҷикистон як шабакаи созмонёфтаи Ҳаракати исломии Узбакистон фаъол аст ва ҳамла ба кормандони умури дохила ва кушта шудани кормандони милиса дар Исфараи Тоҷикистонро амали дасти ҳамин созмон медонанд.

Дар ин навори бойгонӣ саҳнаи гирдиҳамоӣ ва рӯёрӯии Тоҳири Юлдош бо президенти Узбакистон, Ислом Каримовро метавонед дид.

Нерӯгоҳи “Сангтӯда -1″-ро хомӯш мекунанд?

Мирзонабии Холиқзод

Масъулини нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-1» ба унвони нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов нома навишта, ҳушдор додаанд, ки агар то якуми декабр ширкати «Барқи тоҷик» ҳудуди 10 миллион доллар қарзи худро напардозад, масъулини «Сангтӯда-1» ночор додани барқро қатъ хоҳанд кард.

Мудири генералии нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» Раҳметулла Алҷанов дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ вазъи фаннии нерӯгоҳро хатарнок арзёбӣ намуд ва таъкид кард, ки агар ҳукумати Тоҷикистон ба ҳалли пардохти қарз мусоидат накунад, онҳо маҷбур мешаванд, ки интиқоли барқро бас кунанд.

Ӯ гуфт: «Бо назардошти қарзҳои пешин ва мувофиқи нархномаи нави барқ дар Тоҷикистон қарзи ширкати «Барқи тоҷик» баробар ба 10 миллион доллар мебошад. Мегӯянд, ки вазъи молӣ хароб аст, илова ба ин, ҳукумати кишвар барои пардохти қарз дахолат намекунад. Вазъи техникии нерӯгоҳ бисёр сангин аст, мо маҷбур шудем ба Оқил Оқилов нома нависем, ки агар ҳол ҳамин тавр идома кунад, лозим мешуморем, ки дар таърихи 1-уми декабр додани барқро ба ширкати «Барқи тоҷик» қатъ кунем.»

Масъулини ширкати «Барқи тоҷик» дар масъалаи наҳваи баргардонидани қарз чизе намегӯянд. Танҳо Санъат Раҳимов, раиси ширкат, ба хабаргузориҳо гуфтааст, Тоҷиистон 25 дарсади саҳмияи ин нерӯгоҳро соҳиб мебошад. Вай таъкид кардааст, ки раҳбарияти «Сангтӯда-1» ҳаққи ҳуқуқии қатъи барқро надорад. Ин масъаларо вазоратҳои энергетикии Тоҷикистону Русия ҳал мекунанд.

Раҳметулла Алжанов дар посух ба ин иддао мегӯяд: «Дар қарордоди мо, яъне, миёни ширкати «Барқи тоҷик» ва «Сангтӯда-1» имзои ҷаноби Санъат Раҳимов истодааст, на имзои кадом вазири энергетика. Мо бар асоси қарордод ҳақ дорем, ки додани барқро то сирф маҳдуд кунем. Мо бо ин ҳеҷ гуна амали ғариқонунӣ намекунем.»

Масъулини «Сангтӯда-1» мегӯянд, онҳо барқи тавлидшударо ба «Барқи тоҷик» мефурӯшанд ва тавзеъи барқ ба манотиқ ҳаққи ширкат аст.

Дар ҳамин ҳол, ахиран «Барқи тоҷик» додани барқ ба манотиқи Тоҷикистонро маҳдуд кард. Ба иттилои вазорати энергетикаи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир, захоири оби обанбори нерӯгоҳи Норак бисёр кам шудааст. Аз берун ба Тоҷикистон тақрибан барқ намеояд.

Пушти девори зиндонҳо чӣ мегузарад?

Мирзонабии Холиқзод

Дар Тоҷикистон танҳо раисиҷумҳур, намояндагони ҳукумат ва вакилони порлумон ҳаққи вуруди бемамониат ба маҳбас ва мулоқот бо маҳбусонро доштаанд.

Қонунҳои ҷории Тоҷикистон ба созмонҳои байналмиллалӣ, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва ба аҳзобу созмонҳои маҳаллӣ иҷозаи вуруд ба маҳбасҳоро намедиҳад.

Ин нуктаро Баҳром Абдулҳақов, муовини раиси раёсати маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон, дар ҳузури намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ҳуқуқшиносон ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар шаҳри Душанбе таъйид намуд ва гуфт, ҳанӯз ба ҷуз намояндагони ҳукумату депутатҳо ҳеҷ кас ҳаққи вуруд ба маҳбасҳоро надорад.

Вале дар расидагӣ ба ин суол ки оё таи чанд соли ахир раисиҷумҳур ё кадом намояндаи ҳукумат ва ё вакили порлумон аз маҳбасҳо дидан кардаанд, Баҳром Абдулҳақов гуфт: “Бале, аз моҳи март то апрели соли равон танҳо вакилони мардумии вилояти Хатлон аз маҳбасҳо дидан кардаанд ва санаду пешниҳодоти худро ба раёсати маҳбасҳои ирсол доштанд.”

Дар ҳоле ки Баҳром Абдулҳақов мегӯяд, ки вакилони порлумон тибқи қавонини ҷории ин кишвар ҳаққи вурудро ба маҳбасҳо доранд, намояндаи ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон Ҳикматулло Сайфуллозода ин иддаоро рад намуд таъкид кард, ки раиси ҳизби наҳзат Муҳиддини Кабирӣ, ки ҳамзамон вакили Маҷлиси намояндагон аст, ба дархосташ барои дидор аз як маҳбас аз раёсати маҳбасҳо посухи рад гирифт.

Аммо ба ҳар ҳол роҳи ҳал кадом аст? Ё ин ки ҳамчунон дарвозаҳои маҳбасҳои Тоҷикистон барои ниҳодҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар барои давраи номаълум баста мемонад?

Намояндаи Маркази Созмони Амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон Паёми Фуруғӣ пешниҳод мекунад, ки танҳо пас аз шомили протоколи байналмилалии ихтиёрии зидди шиканҷа шудани Тоҷикистон метавонад ин масъала ҳаллли худро пайдо кунад ва роҳро барои дигарон ҳамвор кунад.

Дар ҳоле ки Тоҷикистон вуҷуди маҳбусони сиёсӣ дар зиндонҳои худро ба таври қатъӣ рад мекунад, таҳлилгарони масоили сиёсӣ ва ҳуқуқӣ сабаби аслии роҳ наёфтани созмонҳои байналмилалӣ ва маҳалиро ба зиндонҳо дар вуҷуди ҳамин масъала медонанд.

Маълум мешавад, ҳатто омбудсмен, ки ахиран дар Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ намуд, низ ҳақи вуруд ба зиндонҳоро ҳанӯз надорад.

Бонки ҷаҳонӣ барои Роғун маблағ медиҳад

Мирзонабии Холиқзод

Бонки ҷаҳонӣ оид ба вазъи баҳрабардорӣ аз захоири обу энергетикаи Осиёи марказӣ изҳороте нашр карда, дар он доир ба нерӯгоҳи Роғун гуфтааст, ин созмон ба Тоҷикистон барои гузаронидани омӯзиш ҷиҳати арзёбии имконпазирии лоиҳа ва таъсири он ба минтақа маблағ пешниҳод мекунад. Вале дар ин баёнияи матбуотии Бонки ҷаҳонӣ доир ба ҳаҷми ин маблағ иттилоъе нест.

Дар ин изҳорот омадааст, омӯзишҳо арзёбии фаннӣ-иқтисодиро дар бар гирифта, бозрасии таъсири экологӣ ва арзёбии иҷтимоӣ аз ҷониби ширкати мушовирии дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшуда, ки дар моҳҳои наздик тибқи дастур оид ба хариди молу хидматрасониҳои Бонки ҷаҳонӣ ба кор ҷалб мешавад, гузаронида мешавад. Доираи фаъолиятҳои ин омӯзишҳо масъалаҳои ҳалталабро, ки аз ҷониби кишварҳои каронаи дарёҳо муайян шудаанд, ба назар мегирад. Бонки ҷаҳонӣ ҳайатеро таъсис медиҳад, ки дар бораи натиҷаҳои омӯзиш андешаҳои мустақилро пешниҳод мекунанд.

Дар баробари омӯзишҳои мазкур, ба хотири таъмини шаффофият ва шомил кардани нигарониҳои ҳамаи тарафҳои манфиатдор, Бонки ҷаҳонӣ ба наздикӣ машваратро бо кишварҳои назди соҳил (Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон) шурӯъ кард. Ин машваратҳо дар солҳои 2009-2010 идома меёбад, чун натиҷаҳои ин омӯзишҳо ва назари коршиносони мустақил омода мешаванд ва аз ҷониби кишварҳои назди соҳил таҷдиди назар мешаванд.

Тавлиди маводи сӯхти биологӣ дар Душанбе

Мирзонабии Холиқзод

Тоҷикистон барои нахустин бор ба тавлиди навъи нави маводи сӯхт, биоэтанол шурӯъ кард, ки ҳамсони бензини А-98, аммо аз он арзонтар мебошад.

Ин мавод, ки аз растаниҳо ҳосил мегардад, қарор аст, як бахши ниёзи кишвар ба бензинро бароварда созад. Садафмоҳ Абдуллоева, мудири кулли ширкати “Фондарё”, ки ин барномаро пиёда кардааст, мегӯяд, дар канораи пойтахти Тоҷикистон полоишгоҳе боз шуд, ки ҳар шабонарӯз то 20 тонна биоэтанол тавлид мекунад. Ба гуфтаи вай, ҳоло биоэтанол аз ҷуворимакка истеҳсол мешавад, аммо мақомоти давлат барои ширкат дар навоҳии наздики пойтахт 100 гектар замин додаанд, то зироати зарурӣ, аз ҷумла як навъи махсуси картошкаро барои тавлиди биоэтанол парвариш кунад. Хонуми Абдуллоева мегӯяд, ширкати “Фондарё” фанновариеро истифода мекунад, ки тибқи он маводи хоми истифодашуда метавонад, бо мақсадҳои дигар низ ба кор равад.

Биоэтанол як маводи сӯхтест, ки аз рустаниҳои гуногун, монанди ҷуворимакка, офтобпараст, найшакар ва ғайра тавлид шуда, аз рӯи кайфият ба бензини А-98 монанд аст. Дар ҳоле ки дар кишварҳои пешрафта, монанди Ҷопон, Иёлоти Муттаҳида, Канада аз ин сӯзишвории биологӣ васеъ истифода мешавад, дар кишварҳои шӯрави собиқ ин мавод комилан нав ба шумор меравад.

Дар панҷ истгоҳи сӯхти шаҳри Душанбе биоэтанол ба нархи 2 сомонӣ ва 80 дирам ба фурӯш меравад, дар ҳоле ки нархи бензини А-98 дар шаҳр 3 сомонӣ мебошад.

Маҳви мушакҳои хатарнок дар Тоҷикистон

Мирзонабии Холиқзод

Дар канораи шаҳри Душанбе шуморе аз расонандаҳои мушакии хатарноки навъи СА-75 бо мадади донорҳои байнулмилалӣ хунсо карда шуд.

Раиси намояндагии САҲА дар Тоҷикистон, Владимир Пряхин, гуфт, мавҷудияти ин аслиҳа дар қаламрави Тоҷикистонро як хатари ҷиддӣ ба амнияти минтақа ва худи Тоҷикистон мебошад. Шумори аслии ин рокетҳо 108 адад мебошад ва онҳо дар анбори  пойгоҳи низомии собиқ шуравӣ ҳифз мешуданд нерумандии маҷмӯии ин рокетҳои ба 65 тонна борут баробар будааст, ва дар назар аст, ки то авохири моҳи ноябри соли равон ҳамаи онҳо нобуд карда шаванд.

Ба кавли Владимир Пряхин сафири САХА дар Душанбе ин  барнома бо маблағгузории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Фаронса, Испания,  Норвегия, Белгия ва кишварҳои дигар дар ҳаҷми ду миллион евро ва бо кӯшишиш САҲА амалӣ шудааст: “Ин барандаҳои мушакӣ барои ракетахои намуди зиддиҳавоӣ омода гардида, дар  солҳои 70-ум истеҳсол  шудаанд, айни замон онҳо метавонанд, барои минтақа  хатарҳои низомӣ ва зистмуҳитӣ эҷод кунанд.  Аз ҳамин сабаб қарор шуд,  онҳо маҳв шаванд.”

Намунаҳое аз барандаҳои мушакӣ

Рамил Нодиров, муовини вазири дифои Тоҷикистон, маҳви   барандаҳои мушакиро натиҷаи ҳамкории наздики Тоҷикистон ва САҲА шуморида, гуфт, Тоҷикистон наметавонист ин навъи силоҳро безарар гардонад: “Мо имруз дар расми  безарар гардонии силоҳҳои ниҳоят хатарнок ширкат доштем, ки  нобуд кардани онҳо нисбат ба кишвархои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ, амсоли Русия, ки дар он ҷо ҳануз дар авоили солҳои дуҳазорум  ин барнома амалӣ шуда буд, дертар  сурат гирифт.  То кунун мушкилиҳое ба монанди ҳифзи амнияти чунин анбори силоҳ, набудани мутахассисони баландихтисос, ки тавонанд ин амалиётро ташкил ва иҷро кунанд ва мушкили набудани маблағ монеъаи ин кор буданд. Биноан мо ба  САҲА муроҷиат кардем.”

Барномаи маҳви барандаҳои мушакӣ дар соли гузашта тарҳрезӣ шуда, барои он мутахассисони тоҷик дар размоишгоҳи Лоҳур омӯзиш диданд.

February 1, 2010 - Posted by | Bukhara, Culture, Абӯалӣ ибни Сино, Адабиёт ва санъат, Адиб, Душанбе, Душман, Исфара, Ишк, Кахрамон, Кахрамоннома, Маскав, Мастчох, Мирзонабии Холиқзод, Муаррифинома, Озоди, Пажухиш, Раҳмат Назрӣ, Роғун, САҲА, Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Сангтӯда -1, Тарихи журналистикаи точик, Тоҳири Юлдош, Тоҷикистон, Тоҷикистону Узбакистон, Чароғи рӯз, Шеър, Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Эмомалӣ Раҳмон, Identity, Mastchoh, Mentor, Poetry, Tajiks

1 Comment »

  1. Mirzonabii Xoliqzod niz beshak yake az jurnalistoni jasuri zamoni most!!!!

    Comment by Sufi | April 22, 2011 | Reply


Leave a comment