Фирдавси Аъзам

Адабу фарҳанги Мастчоҳ

КУРБОН ХУСАЙНИ

Курбон ХусайниКУРБОН ХУСАЙНИ 16 июли соли 1939 дар дехаи Худгифи Офтобр.и нохияи Масчо ба дунё омада соли 2005 ба рахмати Хак пайвастаанд. Форигуттахсили Институти педагогии шахри Ленинобод (хозира Донишкадаи омузгории шахри Хучанд ба номи Б. Гафуров) буда,чихилуяк сол пешаи омузгориро ба душ дошт. Чакидахои хомааш дар нашрияхои «Машъал»: «Ом.згор»: «Начот» «Хакикати Ленинобод» «Чархи гардун»: тазкираи «Хуршедхои гумшуда»: мачаллаи «Оинаи зиндагиū» чопи /ИИ: Тазкираи дучилдаи «Аз садр то сока»-и чопи Ирон: китобхои «Аз таърихи Мастчох»: «Сурмаи дил» «Начвои сардара»: ва гайра ба табъ расидаанд. Борхо дар садо ва симои чумхури ва радиои«Садои Хуросон» бо шеърхои тару тозааш баромад кардааст.
Устод Хусайни муаллифи китобхои «Рози нигох» (1994с. нашриёти «Симург» ) ва «Ривояти Масчо» (1999с.нашриёти «Салим»): «Шаби кадр» (2005с. нашриёти «Деваштич» ш. Душанбе) мебошад. Continue reading

Advertisements

October 21, 2009 Posted by | Ишк, Кахрамоннома, Курбон Хусайни, Муаррифинома, Шеър, Шеъру тарона | 4 Comments

Нуъмон Рачабзода

Нуъмони Раҷабзода 20-уми октябри соли 1971 дар ҷамоати Мастчоҳ, ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №10 соли 1989 шомили факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон гашта, ин даргоҳи маърифатро соли 1994 хатм менамояд. Фаъолияти кории хешро Нуъмони Раҷабзода ба сифати омузгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ва синфҳои ибтидоӣ дар мактаби миёнаи №24 оғоз карда, дар тарбияи шогирдон наздики даҳ сол саҳми муассир гузошт. Пайваста навиштаҳояш дар нашрияҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба чоп мерасиданд. Фаъолияти рузноманигории худро дар ҳафтаномаи «Суғд» соли 2002 оғоз карда, баъдан муҳаррири масъули ҳафтаномаи «Суғдиён» интихоб мегардад. Котиби масъули нашрияи «Анвори дониш» низ бар уҳдаи у вогузошта мешавад. Баъдан фаъолияти хешро ҳамчун хабарнигор дар ҳафтаномаи «Вароруд» идома дода, айни замон мухбири махсуси ҳафтаномаи «Омузгор» дар вилояти Суғд мебошад. Аз соли 2008 узви Иттифоrи журналистони Тоҷикистон аст. Дар зер чанд намуна аз навиштахои уро манзур мегардонем. Continue reading

October 11, 2009 Posted by | Ишк, Кахрамоннома, Муаррифинома, Нуъмон Рачабзода, Пажухиш, Санъат, Турку точик, Хунар, Шеъру тарона, Identity, Mastchoh, Poetry, Tajiks, َФолклор | 2 Comments