Фирдавси Аъзам

Адабу фарҳанги Мастчоҳ

Қувватбеки Давлат

Қувватбек рафту монд “Гулбонг”-аш

  Чанде пеш аҳли адаби устони Суғд 60- солагии Қувватбеки Давлат,шоир, рӯзно-манигор ва муассиси нашрияи “Гулбонг”- ро дар зодгоҳаш – деҳаи Табушни Кӯҳистони Мастчоҳ таҷлил намуданд ва дайни худ медонам бархе ногуфтаҳоро дар бораи шахсият ва осори он азиз, ки нону намакхўр ҳам будем,  дар ин матлаб баён намоям.

   Зуҳури нашрияи “Гулбонг” дар ноябри соли 1996 дар устони Суғди Тоҷикистон гўӣ садду деворҳо ва қолиби марсум ва маҳдудро шикаст ва зангўлаи бедориро ба гўши ҳамдиёрон ба садо даровард. Ин нашрия дар шумораи нахуст, ки бо коғази маъмулӣ дар ҳаҷми 4 саҳифа бо шуморагони 900 нусха чоп шуда буд, шарҳи ҳоли Шайх Абулҳақ – Эшонбобои Маҷнунро ҳамроҳ бо аксашон ба  чоп расонд. Ва ин матлаб нухустин мақолае буд, ки аз зиндагии ин орифи раббонӣ, яке аз охирин раҳравони роҳи тариқат дар водии Зарафшон ҳикоят мекард. Исми аслии эшон Абулҳақ буд ва ба хотири ишқи ҷунуносо дар ҳасрати Ҳазрати Дўст лақаби “Маҷнун”- ро баргузида буданд. Мавсуф дар хонаводаи Эшони Хоҷа, аз пешгомони маслаки Қодирия дар даҳаи аввали қарни 20 ба дунё омад ва муддате дар мадрасаи Хуқанд таҳсили улуми динӣ карданд ва то поёни умр (соли 1993) дар роҳи Худо ва зикри ҷамили Ў буданд. Низ навиштаанд, ки Эшон хати зебое доштаанд… Continue reading

Advertisements

November 2, 2012 Posted by | Bukhara, Culture, Адабиёт, Адабиёт ва санъат, Адиб, Душанбе, Мастчох, Пажухиш, Точикон, Тоҷикистон, Шеър, Mastchoh, Қувватбеки Давлат, Tajiks | Leave a comment