Фирдавси Аъзам

Адабу фарҳанги Мастчоҳ

Қувватбеки Давлат

Қувватбек рафту монд “Гулбонг”-аш

  Чанде пеш аҳли адаби устони Суғд 60- солагии Қувватбеки Давлат,шоир, рӯзно-манигор ва муассиси нашрияи “Гулбонг”- ро дар зодгоҳаш – деҳаи Табушни Кӯҳистони Мастчоҳ таҷлил намуданд ва дайни худ медонам бархе ногуфтаҳоро дар бораи шахсият ва осори он азиз, ки нону намакхўр ҳам будем,  дар ин матлаб баён намоям.

   Зуҳури нашрияи “Гулбонг” дар ноябри соли 1996 дар устони Суғди Тоҷикистон гўӣ садду деворҳо ва қолиби марсум ва маҳдудро шикаст ва зангўлаи бедориро ба гўши ҳамдиёрон ба садо даровард. Ин нашрия дар шумораи нахуст, ки бо коғази маъмулӣ дар ҳаҷми 4 саҳифа бо шуморагони 900 нусха чоп шуда буд, шарҳи ҳоли Шайх Абулҳақ – Эшонбобои Маҷнунро ҳамроҳ бо аксашон ба  чоп расонд. Ва ин матлаб нухустин мақолае буд, ки аз зиндагии ин орифи раббонӣ, яке аз охирин раҳравони роҳи тариқат дар водии Зарафшон ҳикоят мекард. Исми аслии эшон Абулҳақ буд ва ба хотири ишқи ҷунуносо дар ҳасрати Ҳазрати Дўст лақаби “Маҷнун”- ро баргузида буданд. Мавсуф дар хонаводаи Эшони Хоҷа, аз пешгомони маслаки Қодирия дар даҳаи аввали қарни 20 ба дунё омад ва муддате дар мадрасаи Хуқанд таҳсили улуми динӣ карданд ва то поёни умр (соли 1993) дар роҳи Худо ва зикри ҷамили Ў буданд. Низ навиштаанд, ки Эшон хати зебое доштаанд… Continue reading

Advertisements

November 2, 2012 Posted by | Bukhara, Culture, Адабиёт, Адабиёт ва санъат, Адиб, Душанбе, Мастчох, Пажухиш, Точикон, Тоҷикистон, Шеър, Mastchoh, Қувватбеки Давлат, Tajiks | Leave a comment

Муродбек Насриддин

Муродбек Насриддин 6 октябри соли 1951 дар дехаи Мадрушкат чашм ба олам кушода аст. Сароянда, овозаш тенори лирики. Донишкадаи Хучандшахрро соли 1976 хатм кардааст. Устод Муродбек Насриддин, хонандаи маъруф, баъди фориғуттаҳсил шудан аз Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Хуҷанд ба Филормунии давлатии Тоҷикистон роҳхат гирифт. Continue reading

November 10, 2010 Posted by | Culture, Адабиёт, Адабиёт ва санъат, Душанбе, Мастчох, Точикон, Тоҷикистон, Шеъру тарона, Mastchoh, Tajiks | 3 Comments

Муллошо Давлатов

Муллошо Давлатов 20 декабри соли 1942  дар хонаводаи дехкони дехаи Хадишахри нохияи Мастчохи вилояти Ленинобод Муллошоев Давлатбвек ба дунё омадаст. Соли 1949 ба мактаби ибтидоии хамон деха шомили синфи якум гашта соли 1959 мактаби миёнаи раками 3 нохияи Мастчохро хатм кардааст.

Тули ду сол яьне то соли 1961 донишчуи техникуми хочагии кишлоки нохияи Мастчох шуда, тахсил намудааст. Continue reading

July 2, 2010 Posted by | Culture, Адабиёт, Адабиёт ва санъат, Адиб, Душанбе, Маскав, Мастчох, Муаррифинома, Муллошо Давлатов, Точикон, Тоҷикистон, Фалсафа, Identity, Mastchoh, Tajiks | 2 Comments