Қувватбеки Давлат
Қувватбек рафту монд “Гулбонг”-аш
Чанде пеш аҳли адаби устони Суғд 60- солагии Қувватбеки Давлат,шоир, рӯзно-манигор ва муассиси нашрияи “Гулбонг”- ро дар зодгоҳаш – деҳаи Табушни Кӯҳистони Мастчоҳ таҷлил намуданд ва дайни худ медонам бархе ногуфтаҳоро дар бораи шахсият ва осори он азиз, ки нону намакхўр ҳам будем, дар ин матлаб баён намоям.
Зуҳури нашрияи “Гулбонг” дар ноябри соли 1996 дар устони Суғди Тоҷикистон гўӣ садду деворҳо ва қолиби марсум ва маҳдудро шикаст ва зангўлаи бедориро ба гўши ҳамдиёрон ба садо даровард. Ин нашрия дар шумораи нахуст, ки бо коғази маъмулӣ дар ҳаҷми 4 саҳифа бо шуморагони 900 нусха чоп шуда буд, шарҳи ҳоли Шайх Абулҳақ – Эшонбобои Маҷнунро ҳамроҳ бо аксашон ба чоп расонд. Ва ин матлаб нухустин мақолае буд, ки аз зиндагии ин орифи раббонӣ, яке аз охирин раҳравони роҳи тариқат дар водии Зарафшон ҳикоят мекард. Исми аслии эшон Абулҳақ буд ва ба хотири ишқи ҷунуносо дар ҳасрати Ҳазрати Дўст лақаби “Маҷнун”- ро баргузида буданд. Мавсуф дар хонаводаи Эшони Хоҷа, аз пешгомони маслаки Қодирия дар даҳаи аввали қарни 20 ба дунё омад ва муддате дар мадрасаи Хуқанд таҳсили улуми динӣ карданд ва то поёни умр (соли 1993) дар роҳи Худо ва зикри ҷамили Ў буданд. Низ навиштаанд, ки Эшон хати зебое доштаанд… Continue reading
Комил Ёдгор
Комил Ёдгор 6 майи соли 1950 дар нохияи Мастчох таваллуд шудааст. Омўзишгоҳи рассомии шаҳри Душанберо дар соли 1971 ва Институти рассомии ба номи В. И Сурикови шаҳри Маскавро соли 1978 хатм кардааст. Соли 1987 котиби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон интихоб шуда буд. Комил Ёдгоров аслан рассоми монументалист маҳсуб мешавад. Асарҳои ў “Фоҷеъаи Саргазон”, “Парастуи аввалин”, Continue reading
Маликнеъмат
Маликнеъмат дар таърихи 20 ноябри соли 1959 дар дехаи Мадрушкати нохияи Мастчох мутаввалид шудааст.Маликнеьмат аз шоирони бузурги Мастчох махсуб меёбад,ки айни замон дар литсейи №1 фаолият мекунад.Вазифааш чонишини директор, омузгори забони точики.
Дарачот: Аълочии маорифи Точикистон, аълочии фарханги Точикистон.
Узви ИН Точикистон, узви ИР Точикистон, номзади илмхои суханшиноси.
Муаллифи китобхои «Нилуфари махтоб», «Одамасп», «Эхёи Мадрушкат»,
«Ин дарахтон», «Маснавии нави» ва монографияи илмии «Рашахоту айнилхаёт»-и Фахруддин Алии Сафи ва мохияти адабию ирфонии он». Continue reading
Муҳаммадзамони Солеҳ
Мухаммадзамони Солех соли 1951 дар дехаи Падрохи нохияи Мастчох ба дунё омадааст.Нависанда ва журналисти варзида мебошад.Китобхои “Сарви кишмар”, “Ишки актёри пир” ва чандин хикоёти дигар аз офаридахои у мебошанд.Аввалин достони кӯтоҳи ӯ дар матбуот дар охири солҳои 1970 таваҷҷӯҳи адабиётшиноси маъруф Муҳаммадҷон Шакуриро ба худ кашида буд. Шакурӣ дар сарсухани китоби нахустини Муҳаммадзамони Солеҳ “Сарви Кишмар” навишта буд, Continue reading
Мирзонабии Холиқзод
Мирзонабии Холиқзод aз соли 1995 бо радиои Озодӣ ҳамкорӣ мекунад. Ҳоло раиси дафтари радиои Озодӣ дар Тоҷикистон мебошад.Дар соли 1962 дар ноҳияи Масчо зода шудааст. Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1985, ба ҳайси муҳаррири бахши адабию драмавии Телевизиони Тоҷикистон ва баъдан ҳамчун сардабири ҳамин бахш кор кардааст.Соли 1994 корманди масъули Вазорати фарҳанги Тоҷикистон буд. Дар зер чанд намунае аз эҷодиёти муаллиф иро мешавад. Continue reading
Муллоев Шариф
Муллоев Шариф Бокиевич 7 – уми январи соли 1965 дар кишлоки Худгифи Офтобруя нохияи Мастчох мутаввалид шудааст.Мавсуф хатмкардаи мактаби №10(1972-1982) нохияи Мастчох чамъияти саххомии “Сомониён” собик колхози Оржоникидзе мебошад.
Муллоев Шариф солхои 1983–1985 дар Кушунхои хавои дар Семипалатинск Москва хидмати харбиро ба чо овардааст.Пас аз адои хидмат дар соли 1986 хуччатхояшро барои идомаи тахсили оли ба Донишгохи омузгории шахри Душанбе ба номи К. Ш. Чураев супорида онро бо муваффакият соли 1992 ба итмом мерасонад.
Муллоев Шариф аз соли 1996 то 2000 дар Академияи улуми Точикистон Институти забон ва адабиети ба номи Рудаки хамчун аспирант маьрифат андухтааст.Тачоруби кори ва фаолияти у аз инхо иборат аст: Continue reading
Асрори Азиз
Асрори Азиз санаи 23 декабри соли 1977 дар деҳаи Худгифи Офтоб аз оилаи коргар ба дунё омадааст.Сентябри соли 1984 ба дабистон шомил гашта онро соли 1994 хатм намудааст.Худи ҳамон сол ҳуҷҷатҳояшро ба Омузишгоҳи тибби супорида кабул мешавад ва соли 1997 пас аз хатми омузишгоҳ фаолияти кории хешро аз беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ дар шуъбаи “Эҳё” ба ҳайси беҳёр огоз намудааст.Аз соли 2000-ум инҷониб дар маркази саломатии “Зарафшон” ба сифати беҳёри бачагона адои вазифа намуда истодааст.Асрори Азиз аз зумраи он пизишконест, ки дар миёни ҷомеаи Мастчоҳ аз oбрую эҳтироми вижае бархурдор аст. Continue reading
Абдумалик Зухури
Абдумалик Зухури 20 ноябри соли 1951 дар дехаи Ревомутки нохияи Кухистони Мастчох таваллуд шудааст.Соли 1976 ба шуъбаи иктисодии Донишгохи давлатии Точикистон шомил шуда, онро соли 1971 пирузмандона хатм намудааст.
Муддате дар идораи шуъбаи молияи нохия, КСН-17 ба хайси сармутахассис ва аз соли 1978 то имруз дар чамъияти саххомии “Сомониён” дар риштаи хисобу китоб хамчун сармухосиб адои вазифа менамояд.
Намунаи ашъораш дар китобхои муштараки “Хордаста” , “Сурмаи дил” ва рузномаву мачаллахои чумхури ба чоп расидаанд. Continue reading
Салими Аюбзод
Салими Аюбзод 18 августи соли 1960 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар нашрияҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», «Ҳафтганҷ» ва «Чароғи рӯз» кор кардааст. Охири соли 1992 Тоҷикистонро тарк намуда, дар Маскав ба сифати котиби масъули ҳафтаномаи «Голос» ва таҳлилгари «Независимая газета» фаъолият намуд. Дар соли 1995 барои кори доимӣ ба радиёи «Озодӣ» даъват шуд ва ба Прага кӯчид. Муаллифи осори мустанади «Ҳамосаи пайкон» (1988), «Сад ранги сад сол. Тоҷикон дар қарни бистум» (2002) ва бадеии «Девор (1991), «Гунги хобдида» (1999). Осораш ба забонҳои англисӣ, чехӣ, олмонӣ, русӣ ва эстонӣ нашр шудаанд. Собиқ узви садорати Иттифоқи журналистони СССР, барандаи ҷойизаи аввали Конфедератсияи кишварҳои муштаркулманофеъ дар соли 1990.Дар зер чанде аз навиштахои ин рузноманигори саршносу шахири точикро манзур мегардонем. Continue reading
Нуъмон Рачабзода
Нуъмони Раҷабзода 20-уми октябри соли 1971 дар ҷамоати Мастчоҳ, ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №10 соли 1989 шомили факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон гашта, ин даргоҳи маърифатро соли 1994 хатм менамояд. Фаъолияти кории хешро Нуъмони Раҷабзода ба сифати омузгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ва синфҳои ибтидоӣ дар мактаби миёнаи №24 оғоз карда, дар тарбияи шогирдон наздики даҳ сол саҳми муассир гузошт. Пайваста навиштаҳояш дар нашрияҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба чоп мерасиданд. Фаъолияти рузноманигории худро дар ҳафтаномаи «Суғд» соли 2002 оғоз карда, баъдан муҳаррири масъули ҳафтаномаи «Суғдиён» интихоб мегардад. Котиби масъули нашрияи «Анвори дониш» низ бар уҳдаи у вогузошта мешавад. Баъдан фаъолияти хешро ҳамчун хабарнигор дар ҳафтаномаи «Вароруд» идома дода, айни замон мухбири махсуси ҳафтаномаи «Омузгор» дар вилояти Суғд мебошад. Аз соли 2008 узви Иттифоrи журналистони Тоҷикистон аст. Дар зер чанд намуна аз навиштахои уро манзур мегардонем. Continue reading
Гулноз
ДАР ШУКУФАРЕЗИ НИГОХИ ИРФОН
Мафохиме вучуд доранд, ки асли зухури ин отифаи равонии инсонро тавзех медиханд ва дар ин миён эхсос, тафаккур, хаёл, маърифат, дарк, шинохт ва амсоли ин дар саргахи диданихову шуниданихо аз шеър карор дорад. Чун шеър аслан як навъ маърифати лахза, фурсат, ходисаву вокеа, холат ва хатто як ашёст, пас кадами эхсосот дар ин каламрав пешгузар хам метавонад бошад. Чаро? Чун башарият худ барои расидан ба маърифати кулл эхсосро ба масобаи нардбоне карор дод, ки руи он боло шави ва уруч намои то ба фарози осмонхои асолат, ки онро зинахои дигаре аз аклу идроку фалону фалону ва мунтахои он, ки макарраш шахри хафтуми Аттор- яъне Ишк аст, боло мебаранд, бираси. Аз хамин чост, ки дар андешахои мунтакидону файласуфон ва хатто худи шоирон иттисоли равонии шоир, ашё, шеър вачхи мухимми рисолати шеър гуфтан аст, ки туфони нихояти ин анчумани васл, чунонки борхо гуфтаем,хамон нидои «Аналхак» аст, ки аз uояти шавки беандоза аз ниходи шахси шоир ба сурати «Анашшеър» берун меояд, то равшан кунад бароямон асолати шеърро. Continue reading
Олим Салимзода
Олим Салимзода 28 январи соли 1956 дар дехааи Худгифи Соя чашм ба олам гушуд. Тахсили хамагониро дар дабистони № 10 фаро гирифт. Соли 1978 бахши журналисти Донишгохи давлатии Точикистонро бо бахои аъло поён дод. Мудати 10 сол дар рузномаи «Точикистони Совети» фаъолият дошт. Хамчунин, 6 соли баъди дар Кумитаи давлатии матбуот раиси шурои чумхуриявии танзими тарчумаи адабиёт ва сардори сарраёсати табъу нашри матбуоти даври ва байналмилалии Вазорати ахбор буд. Continue reading