Фирдавси Аъзам

Адабу фарҳанги Мастчоҳ

Қувватбеки Давлат

Қувватбек рафту монд “Гулбонг”-аш

  Чанде пеш аҳли адаби устони Суғд 60- солагии Қувватбеки Давлат,шоир, рӯзно-манигор ва муассиси нашрияи “Гулбонг”- ро дар зодгоҳаш – деҳаи Табушни Кӯҳистони Мастчоҳ таҷлил намуданд ва дайни худ медонам бархе ногуфтаҳоро дар бораи шахсият ва осори он азиз, ки нону намакхўр ҳам будем,  дар ин матлаб баён намоям.

   Зуҳури нашрияи “Гулбонг” дар ноябри соли 1996 дар устони Суғди Тоҷикистон гўӣ садду деворҳо ва қолиби марсум ва маҳдудро шикаст ва зангўлаи бедориро ба гўши ҳамдиёрон ба садо даровард. Ин нашрия дар шумораи нахуст, ки бо коғази маъмулӣ дар ҳаҷми 4 саҳифа бо шуморагони 900 нусха чоп шуда буд, шарҳи ҳоли Шайх Абулҳақ – Эшонбобои Маҷнунро ҳамроҳ бо аксашон ба  чоп расонд. Ва ин матлаб нухустин мақолае буд, ки аз зиндагии ин орифи раббонӣ, яке аз охирин раҳравони роҳи тариқат дар водии Зарафшон ҳикоят мекард. Исми аслии эшон Абулҳақ буд ва ба хотири ишқи ҷунуносо дар ҳасрати Ҳазрати Дўст лақаби “Маҷнун”- ро баргузида буданд. Мавсуф дар хонаводаи Эшони Хоҷа, аз пешгомони маслаки Қодирия дар даҳаи аввали қарни 20 ба дунё омад ва муддате дар мадрасаи Хуқанд таҳсили улуми динӣ карданд ва то поёни умр (соли 1993) дар роҳи Худо ва зикри ҷамили Ў буданд. Низ навиштаанд, ки Эшон хати зебое доштаанд… Continue reading

Advertisements

November 2, 2012 Posted by | Bukhara, Culture, Адабиёт, Адабиёт ва санъат, Адиб, Душанбе, Мастчох, Пажухиш, Точикон, Тоҷикистон, Шеър, Mastchoh, Қувватбеки Давлат, Tajiks | Leave a comment

Ҳусейнов Сино Ҳотамович

getImageНомзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, сармуаллими кафедараи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистикаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳусейнов Сино Ҳотамович. Ҳусейнов Сино Ҳотамович 4 – уми марти соли 1984 дар деҳаи Сурхкати ноҳияи Мастчоҳ дар оилаи омўзгор таваллуд шудааст.
Ў соли 2001 баъди хатми мактаби умумии №11 – уми ба номи Шодихоҷа Асророви ноҳияи Мастчоҳ ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2006 бо баҳои аъло хатм намуда аз ҳамон сол ин ҷониб бо пешниҳоди маъмурият дар факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ, шаҳри Хуҷанд ҳамчун омўзгори (аз соли 2011 сармуаллим) кафедраи «Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика» фаъолият мебарад. Continue reading

September 28, 2011 Posted by | Culture, Адабиёт, Адиб, Душанбе, Мастчох, Mastchoh, Ҳусейнов Сино Ҳотамович, Tajiks | 5 Comments

Захруддинов Зайнуддин

Захруддинов Зайнуддин 18 феврали соли 1939 дар рустои Арнохуни нохияи Мастчох таваллуд шудааст. Мактаби 7-соларо соли 1956 дар деха хатм карда 1 сол колхозчи шуда кор кардааст. Соли 1960 факултаи бучаи давлатии техникуми статистики нохияи Орчонкидзеободро хатм карда, худи хамон сол бо роххати Вазорати Молияи Ч.Т. ба кумичроияи нохияи Мастчох ба хайси ёрдамчии мухосиби буччети таъин карда шудааст. Continue reading

May 11, 2011 Posted by | Culture, Адабиёт, Адабиёт ва санъат, Адиб, Захруддинов Зайнуддин, Кахрамон, Мастчох, Муаррифинома, Mastchoh, Tajiks | Leave a comment

Муродбек Насриддин

Муродбек Насриддин 6 октябри соли 1951 дар дехаи Мадрушкат чашм ба олам кушода аст. Сароянда, овозаш тенори лирики. Донишкадаи Хучандшахрро соли 1976 хатм кардааст. Устод Муродбек Насриддин, хонандаи маъруф, баъди фориғуттаҳсил шудан аз Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Хуҷанд ба Филормунии давлатии Тоҷикистон роҳхат гирифт. Continue reading

November 10, 2010 Posted by | Culture, Адабиёт, Адабиёт ва санъат, Душанбе, Мастчох, Точикон, Тоҷикистон, Шеъру тарона, Mastchoh, Tajiks | 3 Comments

Муллошо Давлатов

Муллошо Давлатов 20 декабри соли 1942  дар хонаводаи дехкони дехаи Хадишахри нохияи Мастчохи вилояти Ленинобод Муллошоев Давлатбвек ба дунё омадаст. Соли 1949 ба мактаби ибтидоии хамон деха шомили синфи якум гашта соли 1959 мактаби миёнаи раками 3 нохияи Мастчохро хатм кардааст.

Тули ду сол яьне то соли 1961 донишчуи техникуми хочагии кишлоки нохияи Мастчох шуда, тахсил намудааст. Continue reading

July 2, 2010 Posted by | Culture, Адабиёт, Адабиёт ва санъат, Адиб, Душанбе, Маскав, Мастчох, Муаррифинома, Муллошо Давлатов, Точикон, Тоҷикистон, Фалсафа, Identity, Mastchoh, Tajiks | 2 Comments

Комил Ёдгор

Комил Ёдгор 6 майи соли 1950 дар нохияи Мастчох таваллуд шудааст. Омўзишгоҳи рассомии шаҳри Душанберо дар соли 1971 ва Институти рассомии ба номи В. И Сурикови шаҳри Маскавро соли 1978 хатм кардааст. Соли 1987 котиби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон интихоб шуда буд. Комил Ёдгоров аслан рассоми монументалист маҳсуб мешавад. Асарҳои ў “Фоҷеъаи Саргазон”,  “Парастуи аввалин”, Continue reading

May 26, 2010 Posted by | Culture, Адабиёт, Душанбе, Ишк, Кахрамон, Комил Ёдгор, Мастчох, Муаррифинома, Наққошӣ, Пажухиш, Санъат, Тоҷикистон, Хунар, Identity, Mastchoh, Tajiks, َФолклор | 8 Comments

Карим Абдулов

Даргузашти Карим Абдулов – кумунисте, ки ду бор ҳаҷ кард

Даргузашти Карим Абдулов

Профессор Карим Абдулов дунёи фониро тарк гуфт

Профессор Карим Абдулов 26 феврали соли 1939 дар деҳаи Сурхкати Куҳистони Масчоҳ ба дунё омадааст.Ва дар таърихи 6,12,2010 вафот кард. Баъди хатми мактаби миёна дар Техникуми молияи шаҳри Сталинобод, сипас дар Донишгоҳи давлатии миллии Точикистон таҳсил кардааст. То соли 1967 сарварии комсомолону чавонони ин даргоҳи донишро ба уҳда дошт.
Карим Абдулов соли 1970 ба кори ҳизби гузашт. Солҳои 1988-90 дотсент, доктарант ва профессори ДДМТ буд. Аз соли 1991 то соли 1992 ба ҳайси мудири котиботи Президенти Чумҳурии Точикистон кор кардааст. Ҳоло мушовири Раиси Ҳукумати вилояти Суғд, Раиси Чамъияти «Дониш»-и вилояти «Суғд» мебошад.  Continue reading

March 20, 2010 Posted by | Адабиёт, Адабиёт ва санъат, Адиб, Душанбе, Карим Абдулов, Кахрамоннома, Мастчох, Муаррифинома, Identity, Mastchoh | | 6 Comments

Муҳаммадзамони Солеҳ

Мухаммадзамони Солех соли 1951 дар дехаи Падрохи нохияи Мастчох ба дунё омадааст.Нависанда ва журналисти варзида мебошад.Китобхои “Сарви кишмар”, “Ишки актёри пир” ва чандин хикоёти дигар аз офаридахои у мебошанд.Аввалин достони кӯтоҳи ӯ дар матбуот дар охири солҳои 1970 таваҷҷӯҳи адабиётшиноси маъруф Муҳаммадҷон Шакуриро ба худ кашида буд. Шакурӣ дар сарсухани китоби нахустини Муҳаммадзамони Солеҳ “Сарви Кишмар” навишта буд, Continue reading

February 23, 2010 Posted by | Bukhara, Culture, Адабиёт, Адабиёт ва санъат, Душанбе, Душман, Ишк, Кахрамон, Кахрамоннома, Мавлоно, Мастчох, Муаррифинома, Муҳаммадзамони Солеҳ, Озоди, Пажухиш, Санъат, Тарихи журналистикаи точик, Турку точик, Хасодат, Шеъру тарона, Identity, Mastchoh, Mentor, Poetry, Salimi Ayubzod, Tajiks, َФолклор | , , | 1 Comment