Фирдавси Аъзам

Адабу фарҳанги Мастчоҳ

Қувватбеки Давлат


Қувватбек рафту монд “Гулбонг”-аш

  Чанде пеш аҳли адаби устони Суғд 60- солагии Қувватбеки Давлат,шоир, рӯзно-манигор ва муассиси нашрияи “Гулбонг”- ро дар зодгоҳаш – деҳаи Табушни Кӯҳистони Мастчоҳ таҷлил намуданд ва дайни худ медонам бархе ногуфтаҳоро дар бораи шахсият ва осори он азиз, ки нону намакхўр ҳам будем,  дар ин матлаб баён намоям.

   Зуҳури нашрияи “Гулбонг” дар ноябри соли 1996 дар устони Суғди Тоҷикистон гўӣ садду деворҳо ва қолиби марсум ва маҳдудро шикаст ва зангўлаи бедориро ба гўши ҳамдиёрон ба садо даровард. Ин нашрия дар шумораи нахуст, ки бо коғази маъмулӣ дар ҳаҷми 4 саҳифа бо шуморагони 900 нусха чоп шуда буд, шарҳи ҳоли Шайх Абулҳақ – Эшонбобои Маҷнунро ҳамроҳ бо аксашон ба  чоп расонд. Ва ин матлаб нухустин мақолае буд, ки аз зиндагии ин орифи раббонӣ, яке аз охирин раҳравони роҳи тариқат дар водии Зарафшон ҳикоят мекард. Исми аслии эшон Абулҳақ буд ва ба хотири ишқи ҷунуносо дар ҳасрати Ҳазрати Дўст лақаби “Маҷнун”- ро баргузида буданд. Мавсуф дар хонаводаи Эшони Хоҷа, аз пешгомони маслаки Қодирия дар даҳаи аввали қарни 20 ба дунё омад ва муддате дар мадрасаи Хуқанд таҳсили улуми динӣ карданд ва то поёни умр (соли 1993) дар роҳи Худо ва зикри ҷамили Ў буданд. Низ навиштаанд, ки Эшон хати зебое доштаанд…

  “Гулбонг” даст ба даст мегашт ва ба фурўшгоҳҳо нарасид, балки тавассути муштоқони адаб дар кўчаву бозорҳо ба фурўш  рафт ва баъдҳо ин нашрия ба далели камбуди молӣ мутаваққиф шуд. Қувватбеки Давлат, муассиси “Гулбонг” аз шоирони тавоно ва хушзавқу нозукбаён буд, ки даст бар ин иқдоми бесобиқа зад.

  Ин нашрия дар шумораҳои баъдии худ дар бораи шахсиятҳои маъруфи динӣ, ҷиҳодию сиёсӣ ва фарҳангӣ, ки дар гузашта навиштан дар мавриди онон мамнуъ буд ва ё дастикам мардум дар бораи онҳо иттиллоъи андак доштанд, матолиби хонданӣ ва ҷаззоб навишт, ки сафҳаи муҷоҳидатҳои мусулмонон дар водии Зарафшон алайҳи Артиши Сурх, ки дар таърихи шўравӣ ба иштибоҳ бо номи “босмачӣ” ва “ғоратгар” ёд мешуданд, дар ин миён ҷойгоҳи вижа дошт ва акнун мардуми ташна бар ин матолиб дар бораи зиндагӣ ва осори шахсиятҳои номдори илмию мазҳабӣ Ҳазрати Алӣ(ъ), Имоми Аъзам(раҳ.), Исмоили Сомонӣ, Мунта-сири  Сомонӣ, Абдуллоҳи Ансорӣ, Ҳазрати  Ғафсулаъзам, Аҳмадшоҳи Масъуд, Муҳаммади Иқбол, Бобоҷон Ғафуров, Халилуллоҳи Халилӣ, Муртазо Мутаҳаррӣ, Эраҷ Мирзо, Иброҳимбек, афроди номдори Мастчоҳ – Мири Мастчоҳ – Саид-аҳмадхӯҷа, Мири Калон, Махдуми Аъзам, Мулломираҳмади Ғузнӣ, Юсуф Вафо, Нори Дӯстбек, Ҷаҳонгирбеки Табушнӣ, Ғиёсуддини Бобокалон, Қодир Шукурӣ, Боймаҳмади Муждифӣ, Ибодулло Оқилов ва муборизоти озодихоҳонаи Нусратшоҳ (Мири Нусрат), Қозӣ Саидшариф,  Ҳомид – муҷоҳидини номдор ва диловару шикастнопазир, Эшони Муфтии Муллоаҳмад, Эшони Матлубхон – шахсиятҳои мазҳабӣ, Халифаи балогардон, Қаландарбек – мушовири Абду-раҳмонхон – шоҳи вақти Афғонистон, Ҳайдарбек, Ботурхоҷа, Қозӣ Исматуллоҳ, Мулло Эшони Ҳасанзода… ва дигар абармардон, ки хадамоти шоиста барои Ватан ва мардум анҷом дода буданд ва ё баръакс бархе сафҳаи сиёҳе дар таърих ба сабт расонидаанд, мақола ва рисолаҳои таҳлилӣ ва жарфу ростин менигошт, ки дар ҳақиқат нақши ин нашрия дар таърихи матбуоти тоҷик азим аст ва бояд таҳқиқ ва пажуҳишҳои  амиқ дар ин замина сурат бигирад.

  “Гулбонг” дар ҳар шумора намунаҳое аз “Маснавии маънавӣ” ва осору ашъори дигар бузургони адаби форсӣ мунташир менамуд, ки ин матолиб бо истиқболи самимии алоқамандони адабу фарҳанг мувоҷеҳ мешуд ва бо даргузашти Қувватбеки Давлат- муассиси “Гулбонг” ин нашрияи вазин аз садо бозмонд ва дигар мунташир нашуд.

   Қувватбеки Давлат, ки дар 52- солагӣ дар соли 2005 дори фониро видоъ гуфт, шоири тавоно низ буд ва аҳли адабу фарҳанг бар чирадастии ў дар арсаи шеър борҳо ишора кардаанд. Шоир, ки солҳо хабарнигори рўзномаи “Газетаи муаллимон” ( баъдҳо “Омўзгор”) дар устони Суғд буд, аз зиндагии мардуми устони Суғд садҳо мақола ва рисола таълиф намуда ва дарвоқеъ чашми бинои ин  рўзнома  дар бузургтарин вилояти Тоҷикистон буд.

   Қувватбеки Давлат дар ғазал ва ашъори нимоии худ даст ба тозакориву наво-вариҳо зад ва афкору андешаҳои шоиронаашро дар қолиби мавзун ва муқаффо баён менамуд.

   Шоири андешаманд дар шеъри сафеде аз даргириҳо  ва ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992-1997) ба дод меояд ва аз ҳамаи тарафҳо дархост мекунад ба хотири оромиш ва барқарории сулҳу субот ва якпорчагии Тоҷикистон дасти оштӣ ба ҳам бидиҳанд ва аз гузашту муросо ва бахшиш кор гиранд, ки бидуни тардид ин сурудаи шоир дар он рўзгор шўҳрати фаровонеро барои гўяндаи он ба армуғон овард:

Барои барқарории сулҳу салоҳ

Барои осоиши имрўзу пагоҳ

Дастдиҳии Эмомалӣ Раҳмонов – Раиси Ҷумҳурӣ,

Бо сарвари мухолифони тоҷик – Саидабдуллоҳи Нурӣ.

Қавӣ бодо!

Ба манзили мурод,

Майлашон ҳамравӣ бодо!

Илоҳӣ Омин!

Ба сулҳи тоҷикон

Ҳар кӣ биёрад зиён,

Ба милиса афтад,

Ба балниса афтад,

Фатарот шавад,

Банкрот шавад,

Хонасалот шавад,

Илоҳӣ омин!

Ҳар кӣ сулҳро дар Тоҷикистон намехоҳад,

Сараш шох барорад,

Рӯяш доғ барорад,

Варам аз ҷоғ барорад,

Тар шавад,

Ҷар шавад,

Кар шавад,

Пакар шавад,

Патак шавад,

Пачақ шавад,

Илоҳӣ омин!

Ҳар кӣ сулҳи моро ба ҷанг барад,

Ба пош ғиҷҷад хор,

Дар гарданаш печад мор,

Мисли таноби дор,

Қутур шавад,

Шутур шавад,

Ҳама шавандаш савор,

Мурад дар таги бор,

Илоҳӣ омин!

Дар ин диёр Илоҳо

Сулҳу салоҳ шавад,

Халъи силоҳ шавад.

Бадхоҳи сулҳи мо,

Ҳолаш табоҳ шавад.

Каҷ гашта луққи ў,

Рўяш сиёҳ шавад.

Гар фитна созад ў,

Дасташ ҷудо шавад.

В-ар фикри бад кунад,

Ҷиннинамо шавад.

Хоҳад, ки чоҳ канад,

Дар зери чоҳ шавад.

Илоҳӣ омин!

Поко, Парвардигоро!

Илоҳо дар ин диёро,

Дуди андўҳ равад,

Нури ханда биёяд.

Дар ин баҳори сулҳ,

Ҳазор – ҳазор муҳоҷир,

Чу хайли паранда биёяд.

Гурезаю гумшудаҳо,

Ҳама зинда биёяд.

Ва сулҳ чун баҳори биҳиштӣ

Поянда биёяд.

Омин,

Бираҳматика ё арҳамарроҳимин!

   Қувватбеки Давлат, ки дар «Гулбонг» бо тахаллуси «Хилватӣ» низ шеър мегуфт, дар шеъре бо унвони «Риш» ба ин мавзўъи иҷтимоъӣ, ки гоҳ ба мавзўъи доғи рўзгор ва зоҳирбинон табдил шуда буд, дахл мекунад ва ришро сипаре дар муқобили Шайтон ва гузоштани онро суннати Расули Акрам (с) медонад. Ин шеър дар миёни мардум бо гармӣ истиқбол шуд ва афроди фаровоне онро ҳифз карданд. Хилватӣ мегўяд:

Маро риш сабзида бинӣ агар,

Аз имону ихлос дорад асар.

Ту рише, ки бинӣ, фақат мўй нест,

Бирўида аз ишқи Ў чун самар.

Аз ишқи Худои Кариму Раҳим,

Аз ишқи Худованди ин баҳру бар(р).

Ту риши маро хор хонӣ, чӣ бок,

Ки Иблисро бастаам раҳгузар.

Бубастем роҳи гуноҳу ҳавас,

Чу Шайтон кунад ҳамла, дорам сипар.

Ҳамерўбам аз хонаи дил ғубор,

Ту ҷорўби ботини моро нигар.

Зи Пайғамбар(с) омад маро суннат ин,

Магў одат омад маро аз падар.

Сафеду сиёҳ аст гар мисли дуд,

Ки пуроташам ман ба ҷону ҷигар.

   «Гулбонг» ба ҷуз ин, дар муаррифӣ ва баррасии суннатҳо ва оину осори шифоҳию мактуби мастчоҳиён, зориҳо, нақлу ривоятҳо аз рӯзгори онон ҳикоёти латиф ва ҷаззобе менигошт. Чунончи, дар яке аз шумораҳои ин нашрия дар рубрикаи «Лабханди мастчоҳиён» аз хушгӯиҳои Боймаҳмади Иштошонӣ ҳикоятҳои ширин меоварад, ки бад нест дар ин мухтасар бахше аз онро биёварем:

   «Боймаҳмад аҳли саводу китоб буд буд ва хутбаи никоҳ мехонд. Солҳои ҳафтод хутбаи никоҳеро мехонад: Шумо ҷавони ҳозиристода, ки фалонӣ ибни фалонӣ мебошед, фалонӣ бинти фалониро ба занӣ хостед ва қабул кардед? Домод, ки нав аз хизмати аскарӣ омада, гуфтораш пур аз калимаҳои русӣ буд, дарзамон мегӯяд: Канешна. Боймаҳмад ҳам ҷавоби муносиб медиҳад: садис саллага!»

 Ва ё дар ҷои дигар аз фолклори Масчоҳ суруди «Мирзошариф»-ро  меоварад:

Мирзо барумад аз тагоб,

Чашмош худи лахчий алоб.

Кафки даҳонаш ҷӯи об,

Мартун барад Мирзошариф.

Аз ҷар ғуррундан гирифт,

Мирзора гирюндан гирифт,

Мирзо мегуд: э Худо,

Инҳо гурган ё бало?

Санго пури ишкамба шуд,

Хӯроки зоғу акка шуд,

Ду гӯши Мирзо лаққа шуд,

Мартун барад Мирзошариф.

Пирбузи зарди модарам,

Ҳамиқа буд дар оғилам,

Монад ғамонаш дар дилам,

Меноламаш бо сад алам,

Мартун барад Мирзошариф.

(Мартун барад-марг барадат).

   Ҳамчунон, ки гуфта шуд, Қувватбек дар танзу шўхӣ назир надошт ва вақте ӯ дар кӯчаҳои Бӯстон – маркази ноҳияи Мастчоҳ пайдо мешуд, дӯстону мухлисонаш гирдаш ҳалқа мезаданд ва «лашкар»-и Қувватбек ба як сипоҳ табдил мешуд ва солҳои 1996-99, ки инҷониб дар рӯзномаи «Машъал»- и ноҳияи Мастчоҳ муовини муҳаррир будам, ин лашкар ба идораи рӯзнома низ меомад ва сипас дар ошхона ё чойхонае ҷамъ меомадем, ки сӯҳбату баҳсҳо дар он ба авҷ мерасид ва гули сари сабади ин нишастҳо ҳамоно Қувватбек буд, ки ҳарфу андешаҳояш мисли ҳайкали рустамонааш аз ҳама қавӣ буданд. Ҷое, ки Қувватбек буд, ғайбату бадгӯӣ набуд, масъалаҳои глобалӣ ва ҷаҳониро ба ҳозирон матраҳ мекарду аз пешрафти Тоҷикистону ояндаи он мегуфт. Ҳар вақт касе кореро мувофиқи табъаш анҷом медод, панҷаашро боло бурда бо ханда мегуфт: «баҳотун панҷ» ва ҳар гоҳ касе кори ноҷою ношостае анҷом медод, боз ҳам бо табассуми малеҳ мегуфт: «аз болотун менависам!». Шоир бо ин “таҳдид” алайҳи нокасони пастфитрат, ки аз худ тавонотарро чашми дидан надоштанду бо ҳар баҳона тӯҳмат мезананд, меситезид ва ин афродро ҳамеша ба боди истеҳзо мегирифт, чун дар ботину ниҳоди ӯ аз ин сифот заррае дида намешуд ва душмани қаҳҳори аризанавису бахилу ғайёб ва мунофиқ буд.

   Қувватбек ҷуссаи баҳодурона дошт ва ба гуфтаи худи ў  дар солҳои донишҷӯиаш чанде аз дӯстони варзишкор пешниҳодаш кардаанд гуштингир шавад, вале бо он ҳама ҳайкалу тану туши азим мӯреро намеозурд ва вазнину ором буд.

  Наздики 20 сол, ки рӯи тазкираи “Суханварони Мастчоҳ” кор мекунаму ҳанӯз ҳам идома дорад ва дар он  дар бораи шахсияту осори ҳар адиб бидуни мавзеъгирӣ ва ба дур аз иғроқу ғулӯ нукта ба нуктаро ошкоро хоҳам гуфт, ба натиҷае расидам, ки Қувватбек яке аз шахсиятҳои хушном низ буд, ки ин барои як адиб ва умуман инсонҳо мояи саодат аст. Зеро бо инки Қувватбек соҳиби қалами тавонои танзу мутоиба буд, аммо касеро шеър намемонду масхара намекард ва худро аз дигарон боло намегузошт, балки бо хурду бузург баробар буд.

  Соле пеш, ки дар Хабаргузории “Форс”-и Эрон матлаберо таҳти унвони “Қувват Давлат, шоире, ки бояд аз “Гулбонг”- аш шинохт”- ро (алоқамандон метавонанд ин мақоларо рӯи ин линк мутолиа намоянд: http://www.farsnews.com/printable.php?nn=13901101000995), аз ин Хабаргузорӣ ба ман занг заданд ва ташаккур карданд ва дидам, ки чандин сомонаю торнамои дигар ин матлабро рӯи сомонаҳои хеш гузоштаанд.

   Қувватбек ҳамчунонки дар танз қудрату нерӯи азим дошт, дар сурудани ашъори ҷиддӣ – ғазалу маснавӣ ва рубоиёт низ маҳорати зиёд дошт, ки агар ба ин баҳс пардозем, худ як матлаби муфассал хоҳад шуд.

 Ӯ аз хислатҳои занонаи мардон бо завқ мегуфту қаҳ-қаҳ ба ҳолашон механдид ва ҳамеша мегуфт, ки адиб бояд аз мардуми ом бо андешаю амалаш сад қадам пештар бошад ва агар ба омӣ сар ба сар шавем, мо адиб нестем, адиб боястӣ намунаи бартари як ҷомеа бошад, ки адаб шамъи роҳаш бувад ва агар хӯи омӣ дорад,  суханаш асар надорад ва об бар ҳован мекӯбад. Бигзарем.

  Қувватбек устоди тавонои ашъори танзомез буд. Инак, боз ҳам намунае барои мухлисони азиз:

Иштие дорам, ки аз як гов як поро хӯрам,

Коса- коса ошу мошу супу угроро хӯрам.

Ман наям кӯдак, ки гардам сер аз кафлесу дег,

Нону шӯрбошон бигӯӣ, кӯҳу дарёро хӯрам.

Уштуру аспу наҳангу фил як луққам шавад,

Рам(м)аю чӯпону гургу корду ассоро хӯрам.

Бо хаёли қанду бо ёди бухори деги ош,

Майли он дорам Самарқанду Бухороро хӯрам.

Ҷангалистонро бибалъам бо палангу хирсу хук,

Маззае дорад агар ман санги хороро хӯрам.

Ғарру ғӯр аз рӯдаам садҳо «Камаз» дорад гузар,

Ҳосили шаҳру деҳу маҳсули саҳроро хӯрам.

Баҳрро бо моҳиёну шаҳрро бо сокинон,

Пой ҳар ҷое, ки монам, мулки он ҷоро хӯрам.

Моҳро чун косаи пуршир ошомам тамом,

Гар замин серам насозад, ман Сурайёро хӯрам.

  Ва ин танз то ҷое амиқ меравад, ки хислату хӯи сиёсӣ пайдо мекунад ва ба навъе ба эътирозу норизоятии гӯяндаи он табдил меёбад. Муассиси «Гулбонг», ки дар фикри беҳрӯзию рушди мардуми ҳамдиёр ва ҳаммеҳанонаш буд, гаҳу ногаҳ бо силоҳи танз мушкилоти ҷомеаро баён менамуд ва бо дирафши суханаш ба дуздону мардумфиребон неш мезад. Масалан,

Кӣ кашад заҳмати пунба,

Кӣ хӯрад равғани дунба.

Ё:

«Ал –пахта» – тиллои сафеде, ки пахтакорон сафедиашро мебинанду тиллоиашро не.

«Ал-мафия» – ҷуз Худованд дасти бандае ба он нарасад.

«Ал-заҳ» – офатест бадтар аз беобӣ.

«Ал-буққа» – наҷотдиҳандаи мардум дар бӯҳрони иқтисодӣ.

  Ҳоло, ки сухан аз «буққа» рафт, барҷост, ки шеъри дигари шоирро аз силсилаи «Говнома» – и ӯ, ки «Зиҳӣ буққа» унвон гирифта, мурур намоем, ки танҳо як мис-раъи он – «Ба мисли ҳайкали Маркис» хашму ғазаби дӯстдорони Марксро дар ҳамон замон – соли 1997 ба вуҷуд овард ва ҷамъе низ хостори баста шудани «Гулбонг» шуда буданд:

Ду шохат ҷоми қафқозӣ,

Дават чун машқи сарбозӣ,

Думат дар ҷилваю бозӣ,

Чу зулфи турки шерозӣ.

Зиҳӣ буққа, зиҳӣ буққа.

Зи буъасат ҳаво ларзад,

Дару дарвозаҳо ларзад,

Дарахту козаҳо ларзад,

Ба гербат ҷо кунанд,арзад.

Зиҳӣ буққа, зиҳӣ буққа.

Ба занҷире тавон бастат,

Ки зӯри танк дар шастат,

Шуда қассоб дилбастат,

Ба чашмони чигитмастат.

Зиҳӣ буққа, зиҳӣ буққа.

Бигуфтам ман туро «шок- шок»,

Давидам аз паи хошок,

Намудам баҳри ту испок.

Зиҳӣ буққа, зиҳӣ буққа.

Набошӣ мешавам муфлис,

На дег асту на «ҷаззу биз»,

Аз ин рӯ, мо туро мухлис,

Гузорем ҳайкалат аз мис,

Ба мисли ҳайкали Маркис.

Зиҳӣ буққа, зиҳӣ буққа.

Ногуфта намонад, ки шоир ин силсилашеърҳоро ба муносибати соли бақар (гов) -1997 суруда буд. Шоири танзпардоз дар шеъри дигар – «Шикояти гов» низ дар идомаи ҳамин силсила ба дарди рӯз – гову говдорию бепулию фақри ҷомеа даст мезанад, ки ин сатрҳо аз нӯки хомаи оташинаш берун чакидаанд:

Эй соҳиби ман алаф надорӣ,

Не бедаю коҳу не ҷуворӣ.

Бар Макка макун нияти рафтан,

Кӯшиш бинамо, ки макка корӣ.

Шармат бодо зи баъу буъам,

Бояд, ки алаф маро биёрӣ.

Бояд биравӣ ба пеши биргад,

Бинмуда санову карда зорӣ.

То шир диҳам туро фаровон,

Ҳам кӯдаки ту кунад наҳорӣ.

Гар нест алаф,намедиҳам шир,

Ширам зи алаф бигашт ҷорӣ.

Бе йему алаф лағат зи мо бин,

Ҷӯшанда шавад зи ман фирорӣ.

  Нависанда дар «Ғалатнома»-и «Гулбонг» низ ба идомаи ин равиш – танзу ҳазлу шӯхӣ, ки дар батни он дарду мушкилоти мардум ниҳон аст, мепардозад: «Ҳайкани Ленин», «Мавсими талладарав», «Корхонаи пахтамаззакунӣ», «Ведо-мости гоҳхона», «Лодири сиёсӣ», ки дар таҳу умқи ин зарофатҳо нуқсонҳои ҷомеа нуҳуфтааст, ки муроди адиб ислоҳи ин навоқис аст.

 Шоир дар сурудаи дигар ба даводаву талошҳои бефоида ва мустамари мардум, ки танҳо дар фикри шикам ва гову гӯсола мегузарад, ишора мекунад ва ин ҷо муроди шоир уфти сатҳи маънавии мардум ва хор шудани қадри илму олим ва маънавиёт аст, ки бар асари ҳамин бекифоятию бесаводӣ ҷомеа гирифтори фақру дуздию касофатию бадахлоқӣ шудааст ва ин ба навъе ҳушдор ва бонги изтироб аст, ки ҳосили он ба ақиб рафтани ҷомеа ва афзоиши мушкилоту сахтиҳои зинда-гист:

Меҳнати дунё кашидем ҳашшу ҳуш,

Бар пасу боло давидем ҳашшу ҳуш.

Даргурез аз фозилу фарҳангу илм,

Пеши гову хар расидем ҳашшу ҳуш.

Чанг камтар бар таноби Ҳақ задем,

Банди гӯсола кашидем ҳашшу ҳуш.

Дил, ки бар дарё надодӣ чун наҳанг,

Ҷӯй бар ҷӯе ҷаҳидем ҳашшу ҳуш.

Рӯзии мо деҳ бе дуздӣ, Худо,

Ризқи худ дуздона чидем ҳашшу ҳуш.

Ронда аз Ҷаннат шудем з-ин нафси бад,

Он ки мо худ баргузидем ҳашшу ҳуш.

Ҷашну шодӣ карда бо Шайтон басе,

Бо ҳарос аз Ҳақ рамидем ҳашшу ҳуш.

Аз баландии ғуруру авҷи кибр,

Эй хуш он соат хамидем ҳашшу ҳуш.

  Ин ашъор гувоҳи ин аст, ки Қувватбек дар танз дасти чира ва тавоно дорад, ки эҳтимол ҳассосияти замона ва зарурати рӯзгор водораш намуда, ки ба ин навъи шеър рӯй биёварад, ки маъмулан дар таърихи адабиёти мо суханварон дар мар-ҳилаҳои нозук ба ин навъи адабӣ даст мезаданд ва ин бахш аз фаъолияти шоир низ ҷои таҳқиқу тафаҳҳус дорад.

  Ҳамчунонки аз фарҳангу луғатномаҳо бармеояд, маънии «Гулбонг» овози қаландарон ва шотирон ва ба маънии мутлақ шӯри мардум, ки дар вақти шодӣ мебошад, мустаъмал мешавад ва дар «Фирдавс-ул-луғот» ба маънии овози хуш ва муждаи нек мебошад ва муассис низ бо ҳамин нияту орзу даст ба таъсиси «Гулбонг» зада буд.

  Қувватбеки Давлат дар шеъри «Паси печка» низ, ки дар қолиби танзу шӯхӣ эҷод шуда, дар ҳамон ҳолу ҳаво бар асари сардиҳо ва мушкилоти зимистон дар паси печкаи бобоӣ паноҳ бурдааст, ишора мекунад:

Дар ин сармо маро форад паси печка,

Танам лаззат бибардорад  паси печка.

Агар сармо карахтат карду беҳушат,

Ба ҳушат боз меорад паси печка.

Нагирам думи ину он дар ин сармо,

Бигирам ман сади дар сад паси печка.

На ҳарфи ҷоҳил аст ин ғур- ғури қифак,

Диламро кас наёзорад паси печка.

Маро дар дӯзахи сармост чун Фирдавс,

Худо дар Ҷаннатам дорад паси печка.

   Гўянда гоҳ барои муассир шудани сухан аз танзи қавӣ ва ширин, ки хоси сўҳбатҳояшон низ буд, кор мегирад ва ҳар аз гоҳе аз сафҳаҳои «Гулбонг» ин ашъори намакинро, ки шабоҳатҳое бо сурудаҳои Маликушшуарои  Баҳор, Алиакбари Деҳхудо, Фаррухии Яздӣ ва Эраҷ Мирзо дар замони инқилоби Машрутаи Эрон дорад, ба табъ мерасонд, ки ба таври сареҳ бар шеъри рўзи ҷомеа табдил мешуданд. Аз ҷумла, дар шеъре, ки «Худо нигаҳ дорад» (Ба ҷои омин) унвон ирифта ва дуъогуна аст, мегўяд:

Аз тўҳмати ноҳақ,

Аз танобу фалақ,

Аз дорои мумсик,

Аз ҳамдами фосиқ.

Аз ғундаю мор,

Аз сели баҳор,

Аз ҷавонмаргӣ,

Хорию бебаргӣ

Худо нигаҳ дорад!

Аз балоҳои охирзамон,

Аз силоҳҳои охирзамон.

Аз ҳур- ҳури сагон,

Аз хур-хури меҳмон,

Аз ғур- ғури занон,

Аз шўриши тўфон,

Худо нигаҳ дорад!

Аз сўҳбати ҷоҳил,

Аз ҳамкори коҳил,

Аз ошнои бахил,

Аз хушгапи баддил,

Аз сўхтори манзил,

Худо нигаҳ дорад!

Аз гадои чаққа,

Аз ҳузури лаққа,

Аз бадмасти шанқа,

Аз сукути булбул,

Аз ғурури баққа,

Худо нигаҳ дорад!

  Нависанда ва рӯзноманигори огоҳ мисли ҳар қаламкаши дардфаҳм талош мекард дар ҳар шумора ҳарфу ҳиҷои тоза ва бедоркунандае ба гӯши хонан-дагонаш расонад ва дарвоқеъ мехост рисолати нигорандагии худро бад-ин тариқ анҷом диҳад. Қувватбек, ки дар шеър ва рӯзноманигорӣ бидуни тардид, соҳиби мактаби худ буд, ҳамвора бар ин муҳим иттико мекард ва «Гулбонг»-ро ба як зангӯлаи бедорӣ дар ҷомеаи он рӯз табдил дода буд. Нависанда дар мақолаҳои «Тоҷикистон чӣ дорад?», «Чеченҳо чаро ҷасуранд»?, «Тоҷикистону Эрон наздик мешаванд», «Тарки бидъат», «Сулҳро ҳифз мекунем», «Туйи бешароб – туйи босавоб», «Баҳори сулҳу сабзиш» …ба масъалаҳои муҳими рӯз – ҳифзу ҳимояти сулҳи деринтизор, таҳаввул дар арсаи кишоварзӣ, тарки бидъатҳо ва расму русуми беманфиат ва пурхарҷ пардохта,роҳу равишҳои осон ва камхарҷу фоидаоварро ба мухлисонаш нишон медиҳад.

   Яке аз ширинтарин ашъори Қувватбеки Давлат, ки шоир онро дар «Гулбонг» бо имзои аслии худ мунташир кард, «Шеъри рўз» унвон дошт, ки шоир бо пайравӣ аз «Мўшу гурба» – и Убайди Зоконӣ аз фурўпошии Иттиҳоди шўравӣ, шароити сахти зиндагии мардум ва таҳаввулоти ба вуҷуд омада ва низ  сулҳи деринтизори тоҷикон…. бо забони танз афкору андешаҳои худро баён мекунад:

Шуд аҷоиб замону давроно,

Паст гардид қадри инсоно.

Пашша шуд меҳру оқибат, эй дўст,

Фил гардид ҳирсу нафсоно.

Шўравӣ киштии бузурге буд,

Ногаҳон пора шуд зи тўфоно.

Шуд зи ҳар пора заврақе тавлид,

Мустақил давлат узви «ООН»-о.

Тоҷикистон вале дареғу дард,

Саҳнае шуд ба макри Шайтоно.

Фитнаеро гиронду равған рехт,

Байни тоҷик дасти хасмоно.

Чингиз он сон накарда буд бедод,

Зидди тоҷик дар Қубодёно.

Тоҷико, сахтиҳо фузун дидӣ,

Баъди он рўзгори Сомоно.

Зарбаҳои қавӣ басо хўрдӣ,

Аз муғулу зи ғузу Шайбоно.

Зинда гаштӣ гирифта ҷон аз нав,

Душманонро намудӣ ҳайроно.

Қиматӣ бину бепулӣ бингар,

Мисли раҳзан намуд меҳмоно.

Ҷумла мардум нишаста дар бозор,

Рафта нархи наво ба кайҳоно.

Сахтӣ он аст кас шавад бемор,

Нархи доруст захми пайконо.

То касал беҳ шавад,кунад падруд,

Бо бӯзу гӯсфанду говоно.

Пахтакорон ба фикри читу суф,

Ғаллахарӣ бирафта деҳқоно.

Хайрият буққаи алоям буд,

Аз пули ӯ ҳамехӯрам ноно.

Хайрият буд барраи наррам,

Зор монӣ ба бӯи ҷуброно.

Шукри гови сиёҳи хушширам,

Шукри чории дасти чӯпоно.

Шукри мурғу хурӯсу харгӯшам,

Шукри ин ҷонварону ҳайвоно.

Шукри бозўи ман, ки рӯёнид,

Аз замин ҳосили фаровоно.

Караму тарбузу пиёзу мош,

Сабзию турбу боқилаҷоно.

Зада бар хок қимати фарҳанг,

Нафс ғолиб шуд, ақл ғалтоно.

Раҳму шафқат гуреза гардиданд,

Адлу инсоф гашта пинҳоно.

Оқилу фозилу сахӣ кам шуд,

Раҳзан афзуду ғарру мастоно.

Беш гардид мумсику муфлис,

Шуд зиёда гадою дуздоно.

Метавон боз талху ҳақ гуфтан,

Мегазам ман забон ба дандоно.

То ғаме ронам аз дилу бастам

Қофия чун Убайди Зоконо…

Баъди шоми нифоқҳо, чун субҳ

Медамад сулҳи мо дурахшоно.

Эй хушо, кинаҳо муҳаббат шуд,

Шуд ҳамоғўш Ғарму Хатлоно.

Шуд ҳамоғӯш тоҷику тоҷик,

Дур афтид туфангу патроно.

Бо муҳаббат фишурда шуд бо ҳам,

Дасти Кўлоб бо Бадахшоно.

Гарчи Маскав ба сулҳ кумак кард,

Мо бигўем сано ба Теҳроно.

Ҳамчу Ҷаннат бисоз, эй Яздон,

Баҳри тоҷик Тоҷикистоно!

   Шоири шўрида ва баландназар, ки худро вориси барҳаққи ниёкони хушному некном медонист, ҳамвора лаб ба ситоиш ва васфи корномаҳои беназири онон мепардозад ва дар лобалои ашъори самимиаш аз бузургону адибони форсигўй, ки мояи ифтихори форсизабонони оламанд, бо муҳаббат ёд мекунад ва аз нақшу хадамоти арзандаи онон ба ёд меорад. Аз ҷумла, дар шеъре бо унвони «Фирдавсӣ» аз ҷойгоҳи «Шоҳнома» ва соҳиби он – сипаҳсолори сухан бо эҳсоси қалбӣ месарояд:

Кист аз он шоирони хушсухан,

Кард девонро дари ҳифзи ватан.

Зулмате омад сиёҳӣ дар давот,

Додӣ бар лафзи дарӣ оби ҳаёт.

Мисраҳояш ҷавшани Эрон шуданд,

Ҳарфҳояш нохуни шерон шуданд.

Дар сари ҳар нукта омад устувор,

Бар замин афканд чандин шаҳриёр.

Хуш қалам меронд бар ҳарфу рақам,

То ҷаҳонгир омад аз теғи қалам.

Нозукандоме нанолад то зи хор,

Оҳанинаш кард чун Исфандиёр.

Ҳар хаташ чун барқ омад пурғирев,

Ҳамчу теғи Рустам андар ҳалқи дев.

Беҷароҳат ў зи худ н-омад бурун,

Дар сари ҳар мисрае дил кард хун.

Дар сухан чун ў наёмад зўрчанг,

Дилнишинтар ҳарфаш аз тири хаданг.

Рустаме рахши баёнаш барқҷаҳ,

Бо каманди байт орад меҳру маҳ.

Кард тўфоне ба дарёи сухан,

Баҳру бар аз гуфтаи ў мавҷзан.

Нозукии лафзро бурранда кард,

Мавҷхези шавқро ғурранда кард.

Пухта гуфт ў ҷону дилро сўхта,

Маънии ҳар ҳарфро афрўхта.

Аз хўриш хуни дил омад неъматаш,

Чашм пўшидан зи дунё – хилъаташ,

Шоҳкоре кард ў андар сухан,

Дар варақҳо зинда хезад бо кафан.

Он даме Маҳмуд ранҷашро надид,

Неши ҳарфи заҳрдор ўро газид.

Гуфт: «андозедаш андар пои фил,

Неши ҳарфаш то бурун афтад зи дил».

Раст Фирдавсӣ аз он қайди ситам,

Шаҳ фитода дар лагадкўби қалам.

   Сармуҳаррири «Гулбонг» ба унвони рӯзноманигори ҳирфаӣ мекӯшид ҳар шумораи нашрия аз шумораи қаблӣ пуррангу пурмуҳтаво ва хонданӣ бошад. Ин буд, ки «Гулбонг» – ро мардум бесаброна ба интизор менишастанд ва ҳар шумораи он даст ба даст мегашт. «Гулбонг» нашрияи мардумӣ ва мардумписанду мардумниҳод буд. Қувватбек дар рубрикаҳои ҳамешагии нашрия – «Замзама», «Аз хазинаи Аҷам», «Фурўғи маърифат» намунаи ашъори адибони гузаштаю муосир, «Гӯшаи муассис» – тарҳи мавзӯъ ва масъала, «Аз таърихи паҳлавонони Мастчоҳ» – бозтоби корномаи диловармардони диёр, «Родмард», «Абармард», «Чеҳраҳои таърихӣ», «Марди Худо», «Дарси таърих», «Ёди некон», «Ситораи ҳунар», «Сӯҳбати солеҳ туро солеҳ кунад», «Дарди рӯз», «Нуқтаи назар», «Дарси ахлоқ», «Ёди давлатмардон», «Алвидоъ, материализм», «Варзиш», «Мусоҳиба», «Бозёфти таърихӣ», «Фоли рӯз», «Фолклор», «Ҳазли шуаро», «Ёднома», «Мероси ниёкон» …ба шарҳу баррасӣ ва таҳлили муҳимтарин мавзўъоти рӯзгор дар гузаштаву ҳол ва оянда мепардохт, яъне ба нудрат метавон мушоҳида кард, ки масъалаи муҳими сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию иҷтимоӣ аз назари муассиси «Гулбонг» ба дур монда бошад. Ҳарчанд «Гулбонг» ҳафтанома ва баъдҳо ба далели камбуди будҷа ва вазъи ноҳинҷори муассиси он ба моҳнома ва гоҳнома табдил шуд, вале ба назари ман дар таърихи журналистикаи тоҷик  нақши неку мондагори худро гузошт ва имрӯз дар ҷомеаи мо ҷои холии он ба вузуҳ эҳсос мешавад. Аз ҷумла, нигоранда дар матлаби “Террори Отахон Латифӣ” дар шумораи 8 (аз сентябри 1998) бо дард ин хабарро ба ҷони худ мегирад ва менигорад: ”Барҷастатарин рӯзноманигори тоҷик, қаламкаши номовар, узви Комиссияи Оштии Миллии Тоҷикистон Отахон Латифӣ саҳари 22-юми сентябр дар назди манзилаш дар рӯзи равшан бо чор тири думбадум аз ҷониби ашхоси номаълум ба шаҳодат расид.

  Ин дасти сиёҳи кист, ки чароғи андешаҳои равшани миллатро замон – замон хомӯш мекунад ва пойдории сулҳ дар Тоҷикистон барояш мақбул нест? Ӯ кист, ки ба миҷози аҳриманию завқи чингизӣ ба хуни тоҷик даст меолояд?

  Ин чор тире, ки ба сӯи Латифӣ парронданд, магар тирҳои охиринанд…Ин ҷо роҳи наҷот ваҳдати миллат аст. Ваҳдате, ки дар сафҳои ба ҳам фишурдааш фитнакорону сиёҳкорон чун шаётин раҳ наёбанд”.

   Лозим ба тазаккур аст, ки “Гулбонг” ба Мастчоҳу мастчоҳиён маҳдуд набуд, балки  мавзуъоти умда ва муҳими Тоҷикистону ҷаҳон дар он мунъакис мешуд ва дар ҳақиқат “Гулбонг” порае аз таърихи диёри мо маҳсуб мегардад, ки ҳатто бархе аз матолиби он аҳамияти таърихӣ ва адабии хеле фаровон доранд ва бо таваҷҷуҳ ба инки моли як рӯз ва як моҳу як сол нестанду аҳамияташонро барои муддате аз даст намедиҳанд, агар онҳоро дар маҷмуае гирд оварем, бешак арзиши як китоби пурмуҳтаворо хоҳанд гирифт. Қувватбек саьй мекард тоза гӯяду тоза нависад ва аз мавзуъоти обшустаю расмӣ ва қолибию клешаӣ берун по ниҳад ва бо ин қасду маром ҳатто забони матолиби онро мардумӣ ва суфтаю равон намуда буд ва хуб медонист мардум аз мутолиаи маводи такрору омиёна хаста шудаанд.

   Қувватбек яке аз шахсиятҳои рӯшанфикри рӯзгори мо маҳсуб мешуд, ки ҳам дар шеър ва ҳам дар мақолаҳои публитсистию таҳлилиаш ин амр ба таври ошкор мушоҳида мешавад. Вай, ки дорои афкори мунсаҷим ва фарогир буд, дар қолибҳои маъмулӣ намеғунҷид ва талошаш мудом ин буд, ки аз ин масир кор бигирад.

    Метавон гуфт нашрияи “Гулбонг” растохези фикриро дар миёни мардуми устон ба вуҷуд овард ва пас аз нашри ҳар мақолаю матлаб афроди зиёде дар ҷустуҷӯи Қувватбек мешуданд, ки дар бораи фалон муҷоҳид ё қаҳрамони гумному некном нависед ва ё аз зиндагии фалону баҳмон маълумот диҳед, ки иттилоъи зиёде мабнӣ бар зиндагии ӯ нест ва ё дар мавридаш таҳриф шудааст. Бад-ин тариқ, “Гулбонг” ҳарфҳои ногуфта ва асрори сар ба мӯҳр ва розҳои нокушудаю мармузро рӯшан намуд ва танҳо пас аз нашри ин ҷарида бисёре аз воқеъоту ҳаводис ошкору шаффоф шуданд ва мардум ба ҳақиқат пай бурданд. Яъне коре, ки Қувватбеку “Гулбонг”- аш дар амри рӯшангарию ҳидояти ҷомеа анҷом доданд, касони дигар ва гурӯҳҳои дигар, ки бештар аҳли иддаою иззати пучанд, аз ӯҳдаи он оҷиз буданд.

   Қувватбеки Давлат дар умри бошарофати хеш се маҷмўъаи шеърӣ бо номҳои «Пайрави дил», «Боли самандар» ва «Шаҳри ишқ» – ро мунташир намуда буд, ки дар маҳофили адабии ин кишвар мавриди тамҷиду таъриф қарор гирифта буданд, то ҷое, ки Бозор Собир, ки ба нахустин маҷмуаи ӯ пешгуфтор навишта буд, аз зуҳури шоири тозасухан мужда медиҳад. Вале «Гулбонг» – и  ў, ки бешак сафҳаи дурахшони корномаи ин адиби равшанфикр ва худшиносу огоҳ маҳсуб мешавад, дар амри худшиносӣ ва ҳуввиятёбии мардум нақши мунҳасир ба фард дорад, ки то кунун ҷои ин нашрияи пурмуҳтаво ва рангин дар фазои иттилоотӣ ва фарҳангии Тоҷикистон холӣ аст.

Шоҳмансури Шоҳмирзо,

шаҳри Теҳрон.

November 2, 2012 - Posted by | Bukhara, Culture, Адабиёт, Адабиёт ва санъат, Адиб, Душанбе, Мастчох, Пажухиш, Точикон, Тоҷикистон, Шеър, Mastchoh, Қувватбеки Давлат, Tajiks

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: