Ҳусейнов Сино Ҳотамович
Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, сармуаллими кафедараи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистикаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳусейнов Сино Ҳотамович. Ҳусейнов Сино Ҳотамович 4 – уми марти соли 1984 дар деҳаи Сурхкати ноҳияи Мастчоҳ дар оилаи омўзгор таваллуд шудааст.
Ў соли 2001 баъди хатми мактаби умумии №11 – уми ба номи Шодихоҷа Асророви ноҳияи Мастчоҳ ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2006 бо баҳои аъло хатм намуда аз ҳамон сол ин ҷониб бо пешниҳоди маъмурият дар факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ, шаҳри Хуҷанд ҳамчун омўзгори (аз соли 2011 сармуаллим) кафедраи «Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистика» фаъолият мебарад.
Ҳусейнов С.Ҳ. дар муддати фаъолияти омўзгории худ муаллифи зиёда аз понздаҳ мақолаҳои илмӣ ва се китоби дарсӣ гидидааст.
Китобҳои дарсии аз нашр баромадаи ў инҳо ба ҳисоб мераванд:
1. Уголовное право Республики Таджикистан. Общая часть. Конспект лекций. «Ношир», Худжанд – 2010. 276 с.;
2. Ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қисми умумӣ). Мафҳумҳо дар нақшаҳо. «Ношир», Хуҷанд – 2011. 136 с.;
3. Таркиби ҷиноят. «Ношир», Хуҷанд – 2011. 212 с.
Бо ташаббус ва таҳририяи Ҳусейнов С.Ҳ. дар соли 2010 се маҷмўаи мақолаи илмии олимон, аспирантону унвонҷўён ва кормандони гуногуни соҳаи ҳуқуқшиносӣ аз чоп баромадааст, ки инҳо ба ҳисоб мераванд:
1. Таъмини волоияти қонун – заминаи муҳими таҳкими истиқлолияти давлатӣ (Маҷмўаи мақолаҳои илмӣ). Нашри – 2. «Ношир» Хуҷанд – 2010. С. 276;
2. Таъмини волоияти қонун – заминаи муҳими таҳкими истиқлолияти давлатӣ (Маҷмўаи мақолаҳои илмӣ). Бахшида ба «Соли – 2010 соли маориф ва фарҳанги техникӣ». Нашри – 3. Хуҷанд – 2010. С. 140;
3. Таъмини волоияти қонун – заминаи муҳими таҳкими истиқлолияти давлатӣ (Маҷмўаи мақолаҳои илмӣ). Бахшида ба ҷашни «20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон». Нашри – 4. Хуҷанд – 2010. С. 128.
Ҳусейнов С.Ҳ. дар муддати фаъолияти эҷодии худ якчанд мақолаҳои илмиро аз чоп баровардааст, ки инҳо:
1. Ҷазои қатл: тарафдорон ва муқобилон. // ВАРОРУД. № 41, саҳ. 13 санаи 11-уми октябри соли 2006.
2. Баъзе масъалаҳои ҳуқуқии ҷиноятҳои коррупсионӣ (пора ё тўҳфа). // ВАРОРУД. №48 аз 26.11.2008.
3. Баъзе масъалаҳои татбиқи ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. // Муаммоҳои замонавии илми ҳуқуқшиносӣ: маҷмўаи мақолаҳои илмӣ. – Хуҷанд. – Ношир. – 2008. с.с. 191 – 195;
4. Маълумотҳои умумӣ оиди ҷиноятҳо ба муқобили амнияти экологӣ ва муҳити зист. // Муаммоҳои замонавии илми ҳуқуқшиносӣ: маҷмўаи мақолаҳои илмӣ. – Хуҷанд. – Ношир. – 2008. с.с. 195 – 200;
5. Коррупция – исторически негативное явление: социально – правовой аспект. // Таъмини волоияти қонун – заминаи муҳими таҳкими истиқлолияти давлатӣ (маҷмўаи мақолаҳои илмӣ). Нашри – 2. Хуҷанд – 2010. с.с. 17 – 25.;
6. Баъзе масъалаҳо оид ба ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. // Таъмини волоияти қонун – заминаи муҳими таҳкими истиқлолияти давлатӣ (маҷмўаи мақолаҳои илмӣ). Нашри – 2. «Ношир» Хуҷанд – 2010. с.с. 87 – 94.;
7. Баъзе масъалаҳои ҳуқуқии мубориза бо коррупсия. // Таъмини волоияти қонун – заминаи муҳими таҳкими истиқлолияти давлатӣ (маҷмўаи мақолаҳои илмӣ). Нашри – 2. «Ношир» Хуҷанд – 2010. с.с. 94 – 104.;
8. Формы и виды проявления коррупции на современных условиях. // Таъмини волоияти қонун – заминаи муҳими таҳкими истиқлолияти давлатӣ (маҷмўаи мақолаҳои илмӣ). Нашри – 3. Хуҷанд – 2010. с.с. 55 – 63.;
9. Уголовно – правовой анализ дачи взятки. // Таъмини волоияти қонун – заминаи муҳими таҳкими истиқлолияти давлатӣ (маҷмўаи мақолаҳои илмӣ). Нашри – 4. Хуҷанд – 2010. с.с. 53 – 57.;
10. Баъзе масъалаҳои ҷиноятӣ – ҳуқуқии гирифтани пора (таҳлили ҷиноятӣ – ҳуқуқӣ). // Маҷмўаи мақолаҳои олимони ҷавони вилояти Суғд «Дар пайроҳаи илми муосир» – Хуҷанд – 2011. 24 – 29.
Ҳусейнов С.Ҳ. июни соли 2010 рисолаи номзадии (PhD) худро аз рўи ихтисоси 12.00.08 – ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, дар мавзўи «Социально – правовые аспекты борьбы с коррупцией в условиях Республики Таджикистан» дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бомуваффақият ҳимоя намуд.Намунае аз навиштахо ва маколоти Хусейнов Сино дар зер манзури хонандагони ин пойгох мешаванд.
Баъзе масъалаҳои боздоштани татбиқи ҷазои қатл дар
Чумхурии Точикистон
Дар низоми ҷазоҳои ҷиноятӣ дар қонунгузории ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, аз он ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои қатл ҷазои аз ҳама вазнин ва ниҳоӣ ба ҳисоб меравад, зеро бо татбиқи он шахс аз ҳуқуқи табии худ, яъне аз ҳаёт маҳрум карда мешавад ва бо ин ба мавҷудияти шахс (маҳкумшуда) дар ҷамъият хотима гузошта мешавад. Ҷазои қатлро ҷазои олӣ ва чораи истисноӣ меноманд. Хуб аст ё бад? Оё барои решакан намудани ҷиноят мусоидат менамояд? Оё ҳуқуқҳои инсонро вайрон менамояд ё ҳамчун воситаи таъмини тартиботи ҷамъиятӣ баромад карда метавонад? Оё дар замони муосир ин намуди ҷазоро таъин ё бекор мекунанд? Ҳамаи ин саволҳо гувоҳи он мебошанд, ки ин намуди ҷазо муаммои актуалӣ (муҳим) мебошад ва оиди он олимону ҳуқуқшиносон ва коркунони мақомоти судӣ ибрози ақида менамоянд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои васеъ омўхтани мафҳумоти бебаҳо ва дахлнопазир будани инсон ва амсоли ин фаъолият мебаранд. Дар тамоми ҷаҳон байни тарафдорон ва ононе, ки зидди таъин ва татбиқи ҷазои қатл ҳастанд, баҳсҳо вуҷуд доранд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки якчанд меъёрҳои ҳуқуқии байналхалқӣ амал мекунанд, ки бисёри онҳо муқобили таъин ва татбиқи ҷазои қатл баромада, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ меҳисобанд.
Мавзўи таъин намудани ҷазои қатл на фақат муаммои даврони мо мебошад, на дар даҳсолаҳои охир ва на дар садсолаву ҳазорсолаи охир вуҷуд дорад. Ҳанўз дар Афинаи Қадим музокираҳо оиди ҷазои қатл фаъолона баргузор мегардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 – уми майи соли 1998 Кодекси ҷиноятии нав қабул намуд, ки он барои 15 намуди ҷиноят ҷазои қатлро пешбинӣ намуд. Бо Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии ҶТ» аз 1 – уми августи соли 2003 – юм санксияи 10 моддае, ки ҷазои қатлро пешбинӣ мекард ҷазои қатл бардошта шуд. Ҳамин тавр, баъди тағйиротҳои воридшуда ҷазои қатл фақат барои 5 номгўи ҷиноят муқаррар шудааст.
30 – юми апрели соли 2004 Президенти кишвар Эмомали Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҶТ доир ба татбиқи ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моратория эълон намуд. Маҳз бо дарназардошти ин изҳороти сиёсии Сардори давлат 15 – уми июли соли 2004 – ум Қонуни ҶТ «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» қабул гардид. Мувофиқи ин Қонун амали ҷазои қатл боздошта шуд, шояд баъди 10 – сол, шояд баъди 100 – сол ё бекор карда мешавад ё аз нав ҷорӣ карда мешавад ва ё давом дода мешавад.
Ҳамин тариқ, Президенти кишвар Эмомали Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати 10 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 – уми ноябри соли 2004 – ум чунин зикр намуданд, «…инсон бо ҳуқуқҳои табиӣ ба дунё меояд ва ин ҳуқуқро ба инсон касе ва ё мақоме намедиҳад. Маҳз бо тақозои чунин принсипи умумибашарӣ мо ба татбиқи ҳукми қатл моратория эълон намудем».
Бояд қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои қатл дар шакли паррондан муқаррар шудааст. Дар замони муосир кишварҳои ҷаҳон роҳҳои гуногуни ба амал баровардани ҷазои қатлро истифода мебаранд, ки 7 тарз мебошанд.
Аксари кишварҳои ҷаҳон ҷазои қатлро бекор кардаанд ё иҷроиши онро боздоштаанд. Дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ин намуди ҷазо дар зиёда аз 36 Штат амал мекунад, чунки аксарияти аҳолии он тарафдори татбиқи ҷазои қатл мебошанд.
Инчунин, дар Федератсияи Руссия нисбати 5 таркиби ҷиноят ҷазои қатл пешбинӣ карда шудааст. Дар айни ҳол дар асоси Қарори Пленуми Суди Олии Федератсияи Руссия аз 2-юми феврали соли 1999 № 3 П оиди таъин ва татбиқи ҷазои қатл моратория эълон карда шудааст.
Чи хеле, ки қайд намудем, байни тарафдорон ва ононе, ки зидди таъин ва татбиқи ҷазои қатл баромад менамоянд, баҳсҳо вуҷуд доранд.
Тарафдорони таъин ва татбиқи ҷазои қатл қайд менамоянд, ки ҳар як инсон баъди ба дунё омаданаш унвони «инсон»-ро соҳиб мешавад. Агар инсон дар ҳаёти худ ҳаракатҳои номатлуби ғайриинсониро ба амал барорад, ҷомеа ҳуқуқ дорад ўро аз доираи худ ҳаётан дур созад.
Муқобилоти татбиқи ҷазои қатл А.В.Клигман, Н.А.Ғаффорова ва дигарон ба ҳисоб мераванд.
Ҳамин тариқ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Н.А.Ғаффорова дуруст қайд намудааст, ки боздоштани татбиқи ҷазои қатл ба мақсад мувофиқ аст, зеро ҷинояткор пеш аз ҳама «инсон» мебошад.
Ҳамчунин, Клигман асосҳои назариявии бекор кардани ҷазои қатлро чунин тартиб додааст:
1 Тамаддуни инсоният дар замони муосир ва инкишофи зеҳнии ў инро дарк намуд, ки ҳаёти шахс муқаддас мебошад.
2 Бекор кардани ҳукми қатл аз системаи ҷазоҳои ҷиноятӣ нишонаи башардўстист.
3 Ҷазои қатл ҳамчун кафолатдиҳандаи тартиботи ҷамъиятӣ баромад карда наметавонад.
4 Бо ёрии ҷазои қатл муваффақ гаштан ба мақсади ҷазо доир ба дар роҳи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ғайриимкон аст.
5 Бекор кардани ҷазои қатл, ки дар Конститутсияи аксарияти кишварҳо мустаҳкам карда шудааст, кафолати раванди демократикунонӣ мебошад.
Итминони комил дорем, ки ҷазои қатл оянда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра бекор карда мешавад ва барои бекор кардани он дар Тоҷикистон як зинаи дигар мондааст, ки ин 10-ум зина мебошад. Раванди бекор кардани ҷазои қатлро дар Тоҷикистон шартан ба 9-зина ҷудо намуданро зарур шуморидем:
1Соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон – 9-уми сентябри соли 1991.
2Қабули конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон – 6 –уми ноябри соли 1994, ки моддаи 5 –уми Сарқонун ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар мадди аввал гузошт.
1 Қабули Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 21 майи соли 1998, ки он миқдори ҷиноятҳое, ки нисбаташон ҷазои қатл пешбинӣ карда мешуд, 15 таркиби ҷиноят буданд, ҳол он ки Кодекси ҷиноятии РСС Тоҷикистон барои зиёда аз 30 таркиб пешбинӣ мешуд.
2 Ба имзо расонидани Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ – 13 ноябри соли 1998, ки моддаи 6 –уми он татбиқи ҷазои қатлро маҳдуд мекунад.
3 Қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии ҶТ» 1 – уми августи соли 2003, ки он ҷазои қатлро барои 10 таркиби ҷиноят ва умуман занон бекор кард.
1 Тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон – 22 июни соли 2003, ки ба моддаи 5 қисми 1 бо мазмуни зайл ворид шуд: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ ба ҳисоб мераванд.
2 Эълон намудани мораторияи ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти ҶТ.
3 Қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» – 15 – уми июли соли 2004.
Қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии ҶТ» аз 1 – уми марти соли 2005 – ум, ки мувофиқи он алтернативаи ҷазои қатл, ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ба ҳисоб меравад.
Ҳамин тарик, асри ХХ миллати тоҷик ба давраи нави давлатдории хеш расида, новобаста ба душвориҳо барои бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ азму талош дорад ва мо боварии комил дорем, ки ин роҳ кишвари моро бемайлон ба сўи ҷомеаи озоду муттамаддин мебарад, ки дар он волоияти қонун ва дахлнопазирии ҳаёт, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мавқеи марказиро ишғол мекунад.
(Муаммоҳои замонавии илми ҳуқуқшиносӣ: маҷмўаи мақолањои илмӣ. – Хуҷанд. – Ношир. – 2008. с.с. 191 – 195)
————————————————————————–
Баъзе масъалаҳои ҳуқуқии мубориза бо
коррупсия
Коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷамъиятӣ буда, омузиши ҷиддӣ ва мунтазам, муносибати махсус, муқобилияти комплекси ва оперативиро талаб менамояд. Таъсири номатлуби коррупсия дар раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, боварии шаҳрвандон ба институтҳои давлати демократӣ тахияи сиёсати зиддикоррупсиониро дар миқёси умумимилли талаб менамояд, ки бояд воситаи муттаҳидсозии саъю кушиши мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҳамаи шакли моликият ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ гардад.
Мубориза бо коррупсия иродаи қатъии роҳбарии сиёсии мамлакат бо мақсади расидан ба тафовуқи (консенсуси) байни ҳамаи қувваҳои солимфикри ҷамъият, вусъати ботадриҷ ва дар амал ҷорӣ намудани сиёсати мубориза бо коррупсия мебошад, ки аз маҷмӯи чораҳои ҳаматарафа ва пешгирикунанда дар таъмини ислоҳоти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҳамчун идомаи мантиқии сиёсати созандагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Аз рузи аввали соҳибистиклолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мақомоти ҳокимият ва махсусан Президенти мамлакат барои мубориза бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешиданд.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 – уми июли соли 1999 № 1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахури)» ба давраи сифатан нави мубориза бо коррупсия ибтидо гузошт.
Дар ин давра қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектони хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи хусусигардонӣ», «Дар бораи мақомоти мАҳаллии ҳокимияти маҳаллӣ», «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳа», кодексҳои гумрук, андоз, меҳнат, гражданӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд. Инчунин, чораҳои шаффофият ва беғараз дар хизмати давлатӣ қабул гардид ва уҳдадории ҳар як хизматчии давлатӣ барои пешниҳоди эъломия дар бораи даромад ва анвол муқаррар карда шуд. Кодекси ахлоқи хизматчии давлатӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Дар соли 2005 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қабул гардид ва меъёрҳои он ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуд. 25 – уми сентябри соли 2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳидро бар зидди коррупсия ба имзо расонид.
Бо мақсади амалӣ сохтани асоси институтсионалии мубориза бо коррупсия соли 2004 дар сохтори Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори махсуси мубориза бо коррупсия ташкил шуд.
Дар охири соли 2006 ислоҳоти мақомоти идораи давлатӣ баргузор гардид. Дар доираи ин ислоҳот миқдори вазорату идораҳо кам карда шуданд. Бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия дар мамлакат ва муттаҳид сохтани саъю кушишҳои зиддикорупсионии давлат, ба мубориза ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони тиҷорат ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин бартараф намудани такрори вазифа ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ барои муқобилият бо коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 – уми январи соли 2007 № 143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифаҳои асосии он аз пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ, инчунин гузаронидани назорати давлатии молиявӣ иборат мебошад. Ҳоло асосҳои меъёриву ҳуқуқии ин мақом ташкил ва тақвият меёбад. Тавассути ислоҳот ба давраи нав ва васеи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо гузошта шуд. Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 – 2012 қисми ҷудонашавандаи Барномаи давлатии мубориза бо ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 – 2015 буда, ҳуҷҷати барномавии сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки принсип ва муносибатҳои асосии онро муайян менамояд.
Таҳияи чораҳои комплексии ташкилию ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ки ба пешгирии самаранок ва муассир, ошкор ва бартараф кардани коррупсия, ташкили муборизаи судманди он дар сатҳи баланди касбӣ нигаронида шудаанд. Ҳамзамон ба татбиқи чораҳои пешгирикунанда диққати махсус дода мешавад, ки ба баланд бардоштани фаъолнокии аҳолии дар мубориза бо коррупсия, фароҳам овардани фазои умумии тоқатнопазирӣ нисбат бо коррупсия ва бартараф сохтани сабаб ва шароитҳои мусоидаткунандаи он равона гардидааст.
Истилоҳи «коррупсия» имрўз дар қонунгузории тамоми давлатҳои ҷаҳон пешбини шудааст, зеро коррупсия дар муносибатҳои ҳуқуқии идоракунии давлатӣ аз ҷониби хизматчиёни он ба назар мерасад. Коррупсия калимаи лотинии «koққғptio» буда, маънои ба худ тобеъ кардан тавассути пора, харидан, ришва додан ба шахсони мансабдор, арбобони ҷамъиятию сиёсӣ ва хизматчиёни давлатиро доро мебошад.[1]
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки хафви баланд доштани коррупсия, дар миқёси давлатҳои Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, дар соли 1999 Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» – ро қабул карда буд.[2] Баъдан вобаста ба вуҷуд омадани зарурият ва мутобиқ сохтани қонунгузорӣ оид ба мубориза бар зидди коррупсия ба талаботи меъёрҳои Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи мубориза бар зидди коррупсия, соли 2005 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз ҷониби Президенти кишвар, ҷаноби Олӣ Эмомали Раҳмон ба имзо расид. Мақсади қонуни мазкур аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъиятӣ, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти мўътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, поктинатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсро муқаррар карда, навъҳои ҷиноятҳои ба коррупсия алоқаманд ва чораҳои ҷавобгариро барои онҳо муайян менамояд.
Иҷроиш, риоя ва эҳтироми қонун – вазифаи ҳамаи шаҳрвандон аст. Чи тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо қайд кардааст: «Дар раванди созмон додани ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши қонун, эҳтиром ва риояи он ниҳоят бузург аст. Маҳз аз ин рў мо борҳо таъкид кардааем, ки конун бояд меъёри муайянкунандаи рафтори ҳаррўзаи шахс, фаъолияти ташкилоту муассисаҳо ва воситаҳои танзимкунандаи муносибатҳои ҷомеа бошад».[3]
Дар қонунгузории давлатҳои алоҳида, аз он ҷумла Тоҷикистон коррупсия ба маъноҳои гуногун истифода мешавад. Чунончи, дар Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», ки аввалин маротиба 10 –уми декабри соли 1999 қабул шуда буд, мафҳуми коррупсия ба таври зайл оварда шуда буд: «Коррупсия ҳаракати (беҳаракатии) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробар кардашуда, ки истифодаи мақоми худ ва имкониятҳои онро барои ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва неъмату имтиёзҳои дигари пешбинӣ накардаи қонунро равона мекунанд, инчунин ба онҳо ғайриқонунӣ пешниҳод намудани неъмату имтиёзҳои мазкур аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад». Баъдан, дар Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» мафҳуми коррупсия саҳеҳ шарҳ дода шудааст ва мутобиқи он «коррупсия – ин кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё ба онҳо баробар кардашудае мебошад, ки мақоми худ ё имкониятҳои онро бо мақсади ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигари бо қонунҳо пешбининашуда, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартариятҳо бо мақсади моилкуӣ ва (ё) қадркунии онҳо барои иҷрои ин ё он кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ истифода мебаранд.[4]
Аз мафҳуми коррупсия чунин бармеояд, ки субъекти ин ҷиноят шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин шахсоне мебошанд, ки ба шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ғайриқонунӣ неъматҳои моддӣ ва ғайримоддиро бо максади манфиатдории шахси ё гурухи пешниҳод мекунанд.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор инҳо мебошанд:
- шахсоне, ки мансаби давлатии ҳокимияти давлатӣ ё мансаби давлатии хизмати давлатиро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», аз ҷумла дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол мекунанд;
- ҳамчунин шахсони мансабдори субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидре, ки ҳиссаи давлат дар моликияти онҳо на кам аз нисфро ташкил медиҳад.
Ба шахсоне, ки ба шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор баробар карда шудаанд, инҳо дохил мешаванд:
- шахсони мансабдори мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдори ташкилотҳо новобаста аз тобеият ва шакли моликият, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои динӣ, шахсоне, ки бо тартиби муқарраркардаи қонун ба сифати номзад ба вазифаҳои давлатии интихобӣ ва аъзои мақомоти давлатии интихобӣ қайд гирифта шудаанд;
- шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмиллалӣ, ки бо шахсони мансабдор, мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибат доранд.[5]
Бинбар ин дар чараёни тахлили чинояти – хукуки бояд ба аломатхои таркиби чиноят ба тарики зайл бахо дода шавад:
Тарафи субъективии ҷиноят – кирдори коррупсионии қасдона буда, барои манфиати шахсӣ содир карда мешавад, ки беэхтиёти чой надорад.
Объекти ҷиноят – фаъолияти мўътадил ва бо санадҳои ҳуқуқӣ химоягаштаи хам мақомоти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, қувваҳои мусаллаҳ, дигар муассисаҳои давлатӣ ва хам субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ, давлатӣ ва ҷамъиятӣ мебошанд.
Тарафи объективии ҷиноят – истифода бурдани вазъи хизматӣ ё имкониятҳои он бо мақсади ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст даровардани неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ, бартарият ё имтиёзҳои дигари бо қонунҳо пешбинишуда, инчунин ба ин шахсон пешкаш намудани ин гуна неъмату бартариятҳо бо мақсади моилкунӣ ва (ё) қадркунии онҳо барои иҷрои ин ё он кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.
Мувофики конун чиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, ки ба ҷиноятҳо ба муқобили ҳокимияти давлатӣ ва манфиатҳои хизмати давлатӣ вобаста мебошанд, инҳо ба ҳисоб мераванд:
- Сўиистифода аз ваколати мансабӣ (моддаи 314);
- Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ (моддаи 316);
- Соҳибӣ кардани ваколати шахси мансабдор (моддаи 317);
- Иштироки ғайриқонунӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ (моддаи 318);
- Гирифтани пора (моддаи 319);
- Додани пора (моддаи 320);
- Иғвои порадиҳӣ (моддаи 321);
- Сохтакории хизматӣ (моддаи 323);
- Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷўӣ (моддаи 324);
- Додани мукофот ба хизматчӣ (моддаи 325);
- Ғайриқонуни нигоҳ доштани муҳофизони шахсӣ ва истифодаи техникаи ҷангӣ бо ҳамин мақсад (моддаи 327).
Ҳамчунин, дигар ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта муайян карда шудаанд, аз ҷумла, баъзе таркибҳои ҷиноятҳои: ба муқобили моликият (боби 26 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон); дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ (боби 27 КҶ ҶТ); муқобили тартиби идоракунӣ (боби 31 КҶ ҶТ); муқобили адолати судӣ (боби 32 КҶ ҶТ); ба муқобили хизмати ҳарбӣ (боби 33 КҶ ҶТ).
Тачрибаи суди – тафтишоти аз он шаходат медихад, ки ҷиноятҳои пахнгаштаи хусусияти коррупсионидошта ин додани пора, гирифтани пора ва дигар ҷиноятҳое, ки ба муқобили ҳокимияти давлатӣ ва манфиатҳои хизмати давлатӣ ба шумор мераванд.[6]
Дар ҷомеа коррупсия гуфта, танҳо додани пора ё гирифтани пора дар назар дошта шудааст, ки холо махдуд аст.
Барои решакан кардани коррупсия мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ харчи бештар кўшиш ба харҷ дода истодаанд. Бе асос нест, ки Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохонов Бобоҷон Каримович дар мақолаи худ бо номи «Волоияти қонун асоси давлати ҳуқуқбунёд» зикр намудааст: «Коррупсия яке аз зуҳуроти номатлуб буда, мутаассифона, ҳоло дар ҷумҳурӣ хело васеъ доман паҳн намудааст. Аз ин рў, мубориза алайҳи чунин амалҳои ҷиноӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад… Аз сабаби он, ки ришвахўриву ришвадиҳӣ бештар доман паҳн кардааст, зарурияти ҳарчи зудтар решакан намудани ин раванди номатлуб ба миён омадааст.[7]
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сабабҳои гуногун ва зиёди коррупсия мавҷуданд, ки омилхои иқтисодӣ доранд. Вале ҳалли муаммоҳои иқтисодӣ худ ба худ кам шудани коррупсияро дар байни хизматчиёни давлатӣ кафолат намедиҳад, яъне бо назардошти таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ танхо ба воситаи баланд кардани даромади расмии хизматчиёни давлатӣ барҳам додани коррупсия ғайриимкон аст. Эътироф шудааст, ки яке аз сабаби асосии мавҷудияти коррупсия тарзи фаъолияти макомотхои давлати мебошад. Боқӣ мондани фармондиҳӣ дар иқтисодиёт ва соҳибкорӣ аз ҷониби мансабдорон барои пойдории коррупсия муҳити хуберо ташкил мекунад. Вобаста ба ин Президенти кишвар ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба аъзои Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми апрели соли 2001 чунин баён намуда буд: «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор вазифадоранд, ки иҷрои санадҳои зидди коррупсиониро таъмин намоянд. Зеро дар бисёр ҳолатҳо коррупсия метавонад афзоиши иқтисодиётро боз дорад».[8]
Чи тавре, ки дар боло маълум гардид дар замони ҳозира яке аз шаклҳои паҳнгардидатарини коррупсия ин гирифтани пора (моддаи 319 КҶ), додани пора (моддаи 320 КҶ), гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷўӣ (моддаи 324 КҶ) ва додани мукофот ба хизматчӣ (моддаи 325 КҶ) ба ҳисоб меравад. Бесабаб нест, ки вақтҳои охир тавассути васоити ахбори умум маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оиди дастгир кардани кормандони мақомоти мухталифи давлатӣ бо ҷурми порагирӣ хело зиёд ба табъ мерасад.
Ҳамин тариқ аҳли ҷомеа дар он ақидаанд, ки гўё пора воситаи ягонаи дахолат ба вусъати кори мақомоти давлатӣ маҳсуб мешавад. Он воситаи таъсиррасониест, ки ба қабули қарори лозимӣ кўмак карда, корафтодагонро бо корманди мақомоти давлатӣ баробар мекунад ва дар як вақт корманди мақомоти давлатиро дар назди корафтода забонкўтоҳ мегардонад.[9] Аз гуфтаҳо хулоса кардан мумкин аст, ки пораро (додан м.319 ва гирифтан м.320 КҶ) бо таври дигар хамчун созиши ғайриқонунии байни корманди мақомоти давлатӣ ва ашхоси корафтода меҳисобанд.
Дар амал ду шакли пораро номбар кардан мумкин аст:
- пора – харидан;
- пора – тўҳфа.
Пора – харидан маънои онро дорад, ки то аз чониби шахси мансабдор ичро гардидани кирдорхои дахлдор ё баъди он аз руи маслихати пешаки дода мешавад. конуни ё гайриконуни будани харакатхои мансабдор, ки ба фоидаи порадиханда содир мешавад, ахамият надорад.
Пора – мукофот бошад, маънои онро дорад, ки шахси мансабдор пас аз иҷрои вазифаҳои хизматии худ аз шахсе, ки амали гайриконуни ба манфиати ў иҷро шуда истодааст, дар шакли подош бе маслиҳати пешакӣ пора мегирад.[10]
Умуман ҳам додан ва ҳам гирифтани пора ба категорияҳои ҷиноятҳои дараҷаи миёна ва вазнин дохил шуда, барои онҳо тибқи қонун ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ шудааст.[11]
Мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ба шахси ба иҷрои мансаби давлатӣ ваколатдор ва мансабҳои ба он баробаркардашуда, манъ карда шудааст, ки аз рўи вазифаҳои хизматии худ анҷом додааст, инъомҳо гирад, ба шахсони мансабдори болоӣ тўҳфа диҳад ва хизмат расонад, ба истиснои тўҳфа ва армуғони рамзӣ, ки дар чорабиниҳои расмӣ ва маросимҳои дигар дода шудаанд. Арзиши умумии тўҳфаҳои гирифташуда аз ҷониби шахси мансабдор дар як сол на бояд аз 100 маоши ҳадди ақал зиёдро ташкил диҳад.[12]
Чи тавре, ки дидем қонун ба шахсони мансабдор гирифтани тўҳфа ва додани тўҳфаро ба шахсони мансабдори болоӣ манъ намуда, бо таври истисно гирифтани тўҳфа ва армуғонҳои рамзиро дар чорабиниҳои рамзӣ иҷозат додааст. Вале дар як вақт нисбати ин тўҳфаву армуғонҳои рамзӣ маҳдудияти миқдориро бо андозаи 100 маоши ҳадди ақал муқаррар намудааст.
Дар ҳоле, ки қонун гирифтани тўҳфаро пурра манъ накардааст, пас фарқияти тўҳфа ё армуғони рамзӣ аз пора дар чист? Қонун гирифтани тўҳфа ё армуғони рамзиро ҳамчун нишонаи эҳтиром ба шахси мансабдор дар маросимҳои суратчаласави ва дигар чорабиниҳои расмӣ иҷозат додааст. Бинобар ин чунин тўҳфаҳо наметавонанд, шакли пулӣ ва ё хизматрасонии ғайрисуратчаласавиро дошта бошанд.
Тўҳфа аз пора бо самимият, холисона ва ошкоро будану мустақилияти минбаъдаи тўҳфагирандаро нигоҳ доштанаш фарқ карда нишонаҳои зеринро дорад:
- Он дар ҳақиқат нишонаи эҳтиром нисбати тўҳфагиранда барои садоқатмандона иҷро кардани вазифаҳои бар дўши ў гузошташуда буда, худи тўҳфагиранда ин гуна эҳтиромро ба ҳеҷ гуна васила ҳавасманд накардааст.
- Тўҳфагиранда дар бораи гирифтани тўҳфаи мазкур ошкоро ба роҳбарият, ҳамкорон, мизоҷон, воситаи ахбори умум ва аҳли ҷомеа хабар дода метавонад.[13]
Барои он, ки додани мукофот ба хизматчӣ ҷиноят ҳисобида шавад, мукофот бояд ба хизматчии корхона барои аз ҷониби ў иҷро кардани амали (ҳаракат ё беҳаракатии) ғайриқонунӣ ба манфиати мукофотдиҳанда дода шавад. Дар акси ҳол, яъне, агар мукофот ба хизматчии корхона барои амалӣ гардонидани ҳаракат ё беҳаракатии қонунӣ дода шавад, он гоҳ таркиби ҷиноят ҷой надорад.[14]
Дар айни замон тавассути қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат маҷмўи тадбирҳоеро андешидааст, ки онҳо хусусияти зиддикоррупсионӣ дошта, дар як вақт барои пешгирӣ кардани коррупсия нақши муҳим мебозанд. Чунин тадбирҳо асосан дар ду қонун, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» мустаҳкам карда шудаанд.
Ба максад мувофик аст, ки ба сифати тадбирҳои хусусияти зиддикоррупсионидошта чунин чорабиниҳо дохил карда шаванд:
- Аз ҷониби макомотҳои давлатӣ ва шахсони мансабдор муайян ва бартараф кардани сабабу омилҳое, ки ба ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта мусоитдат мекунанд;
- Катъиян ба тарики озмун кабул кардан ба хизмати давлатӣ ва вазифаҳои мансабӣ;
- Бо ёрии воситаҳои ахбори умум ҷорӣ намудани саҳифаи арзи шахрвандон мохсус дар бораи «кӣ барои чӣ» пора мегиоад;
- Ҷорӣ намудани савганди хизматӣ барои хизматчиёни давлатӣ;
- Ҷорӣ намудани қоидаҳои этикаи касбӣ;
- Ҳимояи ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ;
- Маҳдуд намудани хизмати якҷояи хешовандони наздик дар вазифаҳое, ки дар зери тобеияти бевосита ё назорати ҳамдигар мебошанд;
- Бо мақсади такмили минбаъдаи сохтори идораи давлатӣ, таҳким пойдории он ба сирояти коррупсия ҳамзамон бо баланд бардоштани музди меҳнати мансабдорон, ҳаматарафа баланд бардоштани сатҳи кордонӣ ва ахлоқи, гузаронидани аттестатсия, бояд ба хизматчиёни давлатӣ барои саривақт пешниҳод накардан ё нопурра пешниҳод намудани маълумот дар бораи вазъи амвол ва даромад, инчунин вазъи молиявӣ ва даромади аъзои оила масъулияти интизомӣ мукаррар карда шавад. ӯҳдадории исбот кардани сарчашмаи ба вуҷуд омадани амвол бояд ба зиммаи мансабдор гузошта шавад. Ҳамзаман бояд талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қонунигардонии маблағхои пулӣ ва дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ бинобар қонунигардонии молу мулк мунтазам риоя карда шавад;
- Ҳамаи қарорҳои маъмурӣ бояд муаллифони масъули худро дошта бошанд, ки барои иштибоҳ мавриди сарзаниш ва барои вайрон кардани қонун ва вазифаҳои хизматӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд;
- Бояд ба такмили кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суръат бахшида шавад, зеро Конвенсия бар зидди коррупсияи Созмони Миллали Муттаҳид, ки онро соли 2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонид, зарурати такмили кодексҳои номбурдаро пешбинӣ менамояд. Аз ҷумла ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба махдуд сохтани амалияи институтҳои истифодаи таъин намудани ҷазои сабуктар нисбат ба оне, ки конунҳо пешбинӣ намудаанд, шартан татбиқ накардани ҷазо, шартан истифода набурдани ҷазо ва шартан пеш аз мӯҳлат озод намудан аз иҷрои ҷазо нисбати шахсони мансабдоре, ки барои аз худ кардани амволи ба онҳо боваркардашуда дар ҳолатҳои вазнинкунанда содир анмудаанд, ё гирифтани пора дар ҳамин ҳолат тағйирот ворид карда шавад. Ҳамзамон нисбати шахсоне, ки товони зарари амволи дуздидашудаи ба гуноҳкор боваркардашуда дар ихтиёри ӯ карордрштаро пардохт намудааст, бояд ҳамчун ҷазои алтернативӣ ҷаримаи калон пешбинӣ карда шавад.
Мусодираи даромади бо роҳи ғайриқонунӣ бадастомада бояд барои ҳамаи намудҳои ҷиноятҳо муқаррар карда шавад. Ин масъала бояд бо таври муфассал дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим двароварда шавад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 – уми июни соли 2007 № 271 Барномаи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд, ки он оид ба таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақш ва мақоми ҳуқуқии он дар ҷамъият, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, таъмини ҳаматарафаи қонуният ва адолат чораҳои мушаххасро пешбинӣ менамояд.
Маҳдуд сохтани коррупсия бояд ба таври маҷмӯӣ ва ҳамматарафа сурат гирад ва азбаски сиёсати зиддикоррупсионӣ метавонад дар сатҳҳои гуногуни ҳокимият ба зиддият рӯ ба рӯ шавад, тақозо мегардад, ки чораҳои мубориза бо коррупсия бояд ҳамеша таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирад, то ки чораҳои каммаҳсул ошкор ва аз онҳо даст кашида шуда, ба чораҳои таъсирбахш иваз карда шаванд.
Тахлил нишон дод, ки таҷрибаи коррупсионӣ гуногуншакл мебошад. Коррупсия дар тамоми шаклҳояш бояд дар қонунгузории ҷиноятӣ, маъмурӣ ва дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дахлдор иникос ёбад.
Бовари дорем, масъалаҳои ҳуқуқии ин зуҳуроти ҷамъиятӣ минбаъд мавриди муҳокимаи доираи васеи шаҳрвандон қарор хоҳад гирифт.
(Таъмини волоияти қонун – заминаи муњими тањкими истиқлолияти давлатӣ (маҷмўаи мақолањои илмӣ). Нашри – 2. «Ношир» Хуҷанд – 2010. с.с. 94 – 104)
[1] Абдулов З.{., {усейнов С.{. Баъзе масъала[ои [уrуrии xиноят[ои коррупсионb. // Вароруд. №48 аз 26.11.2008.
[2] Э.Раҳмон. Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллат ва бунёдкорӣ. Ҷилди 3. Душанбе. 2003., с.587.
[3] Эмомалӣ Раҳмон. Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2007 // Ҳақиқати Ленинобод. № 35. –02.05.2007с.
[4] Моддаи 1 – уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупси» аз 25 июли соли 2005.
[5] Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия».25.06.2005с.
[6] Иброхимов Н. Офицер милиции осужден за взятку. // CRIME – инфо. № 3.20.01.2005.с.
[7] Бобохонов Б.К. «Волоияти қонун – асоси давлати ҳуқуқбунёд» // Ҷумҳурият. № 75. 17 декабри соли 2004.
[8] Э.Раҳмон. Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ». Душанбе. 2001., с.587.
[9] Волженкин Б.В. Квалификация взяточничества. – М. – 1984. – С.87.
[10] Тафсир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Глобус. Душанбе. 2006., с.705.
[11] Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе. 2004. (санксияҳои м.м.319 ва 320).
[12] Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия».25.06.2005. – Моддаи 10.
[13] Абдулов З.{., {усейнов С.{. Баъзе масъала[ои [уrуrии xиноят[ои коррупсионb. // Вароруд. №48 аз 26.11.2008.
[14] Тафсир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Глобус. Душанбе. 2006., с.718.
___________________________________________________________
НЕКОТОРЫЕ ВОПРОСЫ УГОЛОВНО – ПРАВОВОЙ ХОРАКТЕРИСТИКИ ДАЧИ ВЗЯТКИ
Взяточничество – опасное должностное преступление. Оно наносит урон авторитету государственных и общественных учреждений, дискредитирует должностных лиц, нарушает интересы граждан, наносит материальный ущерб государству, часто сопутствует другим преступлениям. Опасность взяточничества определяется также и высокой степенью латентности.
Такое постыдное явление коррупции, как взяточничество, имеет тысячелетнюю историю, уходящую корнями вглубь веков. Коррупция существует со времен, когда на земле начали основываться первые государственные устройства. История знает множество примеров проявления коррупции, как в крупных империях, так и в небольших государствах. Указ Президента Республики Таджикистан о создании Агентства по государственному финансовому контролю и борьбы с коррупцией Республики Таджикистан[1] вывел масштабную антикоррупционную деятельность государства на более качественный уровень. Учрежден специальный государственный орган, ведущий борьбу с коррупцией на всех направлениях.
Обсудив сложившуюся судебную практику по делам о взяточничестве, Пленум Верховного Суда Республики Таджикистан отмечает, что в обстановке проникновения коррупции в различные сферы жизни взяточничество посягает на нормальную деятельность государственных структур и общественных организаций, дискредитирует их, ведет к нарушениям принципа социальной справедливости[2].
Взяточничество – собирательный термин. Он охватывает собой два самостоятельных состава должностных преступлений против государственной власти, интересов государственной службы и службы в органах местного самоуправления – получение взятки и дача взятки.
Дача взятки как преступление предусмотрено в ст. 320 Уголовный кодекс Республики Таджикистан.
Дача взятки в современном уголовном праве рассматривается как преступление против государственной власти. При даче и получении взятки имеет место посягательства на нормальное функционирование органов государственной власти или управления, учреждений, организаций, предприятий (независимо от форм собственности).
Предметом преступления дачи взятки могут быть деньги, ценные бумаги, материальные ценности, а также оказываемые безвозмездно, но подлежащие оплате услуги (например, предоставление санаторных и туристических путевок, проездных билетов; производство ремонтных, реставрационных, строительных и других работ)[3].
Объективная сторона рассматриваемого преступления выражается в даче взятки только должностному лицу лично или через посредника. Дача взятки – формальный состав преступления. Она признается оконченным деянием с момента принятия должностным лицом хотя бы части материальных ценностей, если взятка передается в несколько приемов. Оставление, например, денег в конверте на столе должностного лица либо в его кармане или в ином месте его кабинета, которые, однако, не были им приняты, образуют покушение на дачу взятки.
Дача взятки заключается в незаконном вручении, передаче материальных ценностей или предоставлении выгод имущественного характера должностному лицу лично или через посредника за совершение действий (бездействия), входящих в служебные полномочия должностного лица, в пользу взяткодателя или представляемых им лиц, или за способствование должностным лицом в силу занимаемого им положения совершению действий (бездействия) другим должностным лицом, либо за общее покровительство или попустительство по службе взяткодателю или представляемым им лицам (ч. 1 ст. 320 УК РТ), а равно за незаконные действия (бездействие) должностного лица по службе (ч. 2 ст. 320 УК РТ).
Путем дачи взятки субъект может склонить должностное лицо к совершению заведомо противоправного действия (бездействия) по службе (ч. 2 ст. 320 УК РТ), которое само по себе является преступлением. В этих случаях он должен нести ответственность не только за дачу взятки, но и за соучастие (подстрекательство) в преступлении должностного лица.[4]
Субъектом дачи взятки может быть любое вменяемое лицо, достигшее 16-летнего возраста.[5]
Субъективная сторона состава дачи взятки характеризуется виной в виде прямого умысла: виновный сознает, что он передает должностному лицу незаконное вознаграждение, и желает этого[6]. Однако, если субъект все – таки добросовестно заблуждался относительно оснований передачи предмета взятки, считая, что это не вознаграждение, либо не осознавая его неправомерность, то в этом варианте состав дачи взятки отсутствует[7].
Цели и мотивы дачи взятки могут быть самые различные. Сюда можно отнести побуждения как личного порядка, так и корыстные, желание добиться намеченного результата в обход закона или отблагодарить получателя взятки за решение, принятое в пользу взяткодателя, освободиться от ответственности и т.п.
Квалифицирующие признаками дачи взятки указаны в ч. 2 ст. 320 УК РТ:
- · дача взятки за совершение должностным лицом заведомо незаконных действий (бездействие);
- · дача взятки повторно.
Квалификация дачи взятки по признаку повторности предполагает совершение одного и того же преступления не менее двух раз, если не истек срок давности привлечения к уголовной ответственности.[8]
Необходимо отличать взяткодателя от посредника во взяточничестве, через которого может осуществляться передача и получение взятки.
В отличие от взяткодателя – лица, заинтересованного в соответствующих действиях получателя взятки, посредник, передающий взятку по его поручению, не добивается за счет этого материального вознаграждения совершения или несовершения должностным лицом каких-либо действий по службе в своих интересах. Посредник представляет чужие интересы, выступает не от своего имени. Решение о даче взятки принимает взяткодатель, посредник лишь осуществляет его волю. Действия посредника со стороны взяткодателя квалифицируются как соучастие в даче взятки.
Посредник со стороны взяткополучателя получает предмет взятки не для себя, а для передачи его своему доверителю, который обязуется совершить определенные действия в интересах взяткодателя. Такой посредник выступает от имени и по поручению взяткополучателя, который санкционирует условия получения взятки. Действия посредника со стороны взяткополучателя, если он не является членом организованной группы, квалифицируются как соучастие в получении взятки.[9]
В примечании к ст. 320 УК РТ выделяются два независимых основания освобождения взяткодателя от уголовной ответственности: а) если со стороны должностного лица в его отношении имело место вымогательство взятки или б) если он после дачи взятки добровольно сообщил о случившемся органу, имеющему право возбуждать уголовное дело. При выявлении любого из этих обстоятельств органы предварительного следствия, прокурор или суд обязаны освободить взяткодателя от уголовной ответственности.
В реальной жизни правовая норма примечания к ст. 320 УК РТ по своему содержанию является стимулирующей. Эта норма как бы побуждает лицо, давшее взятку, к деятельному раскаянию, к разоблачению взяткополучателей. При этом весьма важным моментом считается то, что взяткодатель делает сообщение добровольно, только по собственному желанию. Мотивы добровольного сообщения о даче взятки могут быть различными: раскаяние, страх перед наказанием, желание отомстить взяткополучателю, не выполнившему свои обещания, уговоры знакомых и друзей и т.д.
Добровольность заявления означает, что оно было сделано по собственному желанию при осознании факта, что о совершении преступления еще не известно правоохранительным органам. Заявление о даче взятки (устное или письменное), поданное милиции, прокурору, суду либо иному государственному органу, должно признаваться добровольным независимо от мотивов, которыми руководствовался заявитель. Не может признаваться добровольным заявление, сделанное в связи с тем, что о даче взятки стало известно органам власти.
По буквальному толкованию закона соучастники в даче взятки, добровольно сообщившие о преступлении, также освобождаются от уголовной ответственности в силу того же примечания к ст. 320 УК РТ.
Если лицо получает от взяткодателя деньги или иные ценности якобы для передачи должностному лицу в качестве взятки и, не намереваясь этого сделать, присваивает их, содеянное должно квалифицироваться как мошенничество (ст. 247 УК РТ). Когда же в целях завладения ценностями взяткодатель склоняется к даче взятки, то действия виновного помимо мошенничества должны дополнительно квалифицироваться как подстрекательство к даче взятки. Действия взяткодателя в таких случаях подлежат квалификации как покушение на дачу взятки.[10]
Исходя из вышеуказанного при квалификации преступлений коррупционного характера, следует тщательно оценить все обстоятельства совершения преступления, с тем, чтобы обеспечить реализацию принципа неотвратимости наказания и обоснованности осуществления правосудия.
(Таъмини волоияти қонун – заминаи муҳими таҳкими истиқлолияти давлатӣ (маҷмўаи мақолаҳои илмї). Нашри – 4. Хуҷанд – 2010. с.с. 53 – 57)
[1] Мачмуи конунхо ва дигар санадхои меёрии хукуки марбут ба мубориза бар зидди коррупсия дар Чумхурии Точикистон. Душанбе – 2009. С. 3.
[2] Постановление Пленума Верховного Суда Республики Таджикистан «О судебной практике по делам о взяточничестве». 4 июня 1992 г. // Сборник постановлений Пленума Верховного Суда Республики Таджикистан (1992-2009 годы). С.149.
[3] Постановление Пленума Верховного Суда Республики Таджикистан «О судебной практике по делам о взяточничестве». 4 июня 1992 г. // Сборник постановлений Пленума Верховного Суда Республики Таджикистан (1992-2009 годы). С.150.
[4] Взяточничество и смежных составы преступлений. Семинар для адвокатов (подборка материалов). Москва – 2003. С. 27.
[5] Тафсир ба Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон. / Мухаррири масъул Х.Х. Шарипов. Душанбе. Глобус. 2006. С. 708.
[6] Российское уголовное право. Особенная часть. //Под ред. Кудрявцева, А.В. Наумова. – М.: Юристь, 1997. С. 391.
[7] Взяточничество и смежных составы преступлений. Семинар для адвокатов (подборка материалов). Москва – 2003. С. 28.
[8] Постановление Пленума Верховного Суда Республики Таджикистан «О судебной практике по делам о взяточничестве». 4 июня 1992 г. // Сборник постановлений Пленума Верховного Суда Республики Таджикистан (1992-2009 годы). С.151.
[9] Комментарий к Уголовный Кодекс Российской Федерации. // Под общ. ред. В.И. Радченко и А.С. Михлина. Москва, Спарк. 2000. С. 707.
[10] Постановление Пленума Верховного Суда Республики Таджикистан «О судебной практике по делам о взяточничестве». 4 июня 1992 г. // Сборник постановлений Пленума Верховного Суда Республики Таджикистан (1992-2009 годы). С.152.
__________________________________________________________
Баъзе масъалаҳо оиди гирифтани пора
ҳамчун ҷинояти хусусияти коррупсионидошта
(таҳлили ҷиноятӣ – ҳуқуқӣ)
Дар замони муосир, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо коррупсия ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд муборизаи оштинопазирро пеша кардаанд. Коррупсия калимаи лотинии «korruptio» буда, маънои ба худ тобеъ кардан тавассути пора, харидан, ришва додан ба шахсони мансабдор, арбобони ҷамъиятию сиёсӣ ва хизматчиёни давлатиро доро мебошад.[1] Аз рӯзи аввали соҳибистиклолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мақомоти ҳокимият ва махсусан Президенти мамлакат барои мубориза бо коррупсия чораҳои зарурӣ андешиданд. Ҳамин тавр, 1 – уми январи соли 2007 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Феҳрасти ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта тасдиқ карда шудааст, ки мутобиқи муқаррароти он гирифтани пора (моддаи 319 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон[2]) ҳамчун ҷинояти хусусияти коррупсионидошта эътироф карда шудааст.
Гирифтани пора яке аз ҷиноятҳои хавфнокттарини муқобили ҳокимияти давлатӣ (Фасли 8 КҶ ҶТ) ба ҳисоб рафта обрӯву нуфузи давлатро коҳиш медиҳад. Дигар хусусияти хавфнокии гирифтани пора дар он аст, ки дорои латентнокии баланд мебошад, яъне ин ҷиноят нисбати содиршавиашон камтар дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қайд гирифта мешаванд, зеро дар асл ҳам порадиҳанда ва ҳам порагиранда кӯшиш мекунанд, ки ин кирдор пинҳонӣ содир шавад ва сирри миёни тарафҳо боқӣ монад. Аз ин ҷо бармеояд, ки тарафҳо барои ошкоргардидани кирдорҳои пинҳониашон ҳавасманд намебошанд.
Дар моддаи 319 КҶ ҶТ ҷавобгарии ҷиноятиро барои гирифтани пора пешбинӣ менамояд, ки мутобиқи он аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди пул, кощазҳои қиматнок, дигар молу мулк ё фоидаи дорои характери молу мулкӣ дошта, барои иҷро кардан ё накардани амали муайян ба манфиати порадиҳанда ё намояндагони ӯ, агар чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) ба доираи ваколати хизматии шахси мансабдор дохил бошанд ё он вобаста ба қудрати мавқеи мансабиаш ба чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) мусоидат карда метавонад, ҳамчунин барои пуштибонии умумӣ ё саҳлангорӣ дар хизмат.
Алон ба мо зарур аст, ки бо ёрии унсурҳои таркиби ҷиноят (объекти ҷиноят, тарафи объективии ҷиноят, тарафи субъективии ҷиноят ва субъекти ҷиноят) моддаи 319 – ро (гирифтани пораро) квалификатсия (бандубаст) намоем.
Моддаи 319 КҶ ҶТ аз 4 қисм ва эзоҳ (2 қисм) бар он иборат мебошад.
Гирифтани пора ба котегорияҳои ҷиноятҳои дараҷаи миёна ва дар ҳолати ҷой доштани ҳолатҳои вазнинкунанда (қисми 2, 3, 4 моддаи 319 КҶ ҶТ) дараҷаи вазнин дохил мегардад.
Объекти гирифтани пора – муносибати ҷамъиятии бо Қонуни ҷиноятӣ ҳифзшавандае, ки дар вақти содир намудани ҷиноят ба обрӯву нуфузи ҳокимияти давлатӣ ва манфиатҳои хизмати давлатӣ зарар мерасонад.
Ба сифти предмети гирифтани пора – пул, кощазҳои қиматнок, дигар молу мулк ё фоидаи дорои характери молу мулкӣ дошта бармад мекунад. Предмети додани пора (моддаи 320 КҶ ҶТ) ва гирифтани пора як аст.
Ба сифти пул мисол шуда метавонад: асъори миллӣ – сомонӣ; асъорҳои хориҷӣ – рубли Россия, доллари ШМА, еврои – Аврупо ва щайра.
Ба сифати қощазҳои қимматнок мисол шуда метавонанд: чек, аксия, вексел ва щайраҳо.
Ба сифати дигар молу мулк мисол шуда метавонад: зару зевар, аудио ва видеоапаратураҳо, компютер, ҷиҳози хона, автомошинаҳо ва щайра.
Ба сифати фоидаи дорои характери молу мулкӣ дошта мисол шуда метавонад: таъмири замонавии ҳуҷра, сохтмони хона, бо нархи арзон харидории маҳсули пешниҳодгардида, паст кардани пардохти аренда ва щайра.[3]
Тарафи объективии гирифтани пора, дар аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора, ифода мегардад.
Дар амал ду шакли пораро номбар кардан мумкин аст:
——пора – харидан;
——-пора – тӯҳфа.
Пора – харидан маънои онро дорад, ки то аз ҷониби шахси мансабдор иҷро гардидани кирдорҳои дахлдор ё баъди он аз рӯи маслиҳати пешакӣ дода мешавад. Қонунӣ ё щайриконунӣ будани ҳаракатҳои мансабдор, ки ба фоидаи порадиҳанда содир мешавад, аҳамият надорад.
Пора – мукофот бошад, маънои онро дорад, ки шахси мансабдор пас аз иҷрои вазифаҳои хизматии худ аз шахсе, ки амали щайриконунӣ ба манфиати ӯ иҷро шуда истодааст, дар шакли подош бе маслиҳати пешакӣ пора мегирад.[4]
Мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ба шахси ба иҷрои мансаби давлатӣ ваколатдор ва мансабҳои ба он баробаркардашуда, манъ карда шудааст, ки аз рӯи вазифаҳои хизматии худ анҷом додааст, инъомҳо гирад, ба шахсони мансабдори болоӣ тӯҳфа диҳад ва хизмат расонад, ба истиснои тӯҳфа ва армущони рамзӣ, ки дар чорабиниҳои расмӣ ва маросимҳои дигар дода шудаанд. Арзиши умумии тӯҳфаҳои гирифташуда аз ҷониби шахси мансабдор дар як сол на бояд аз 100 маоши ҳадди ақал зиёдро ташкил диҳад.[5]
Чи тавре, ки ба назар мерасад Қонун ба шахсони мансабдор гирифтани тӯҳфа ва додани тӯҳфаро ба шахсони мансабдори болоӣ манъ намуда, бо таври истисно гирифтани тӯҳфа ва армущонҳои рамзиро дар чорабиниҳои рамзӣ иҷозат додааст. Вале дар як вақт нисбати ин тӯҳфаву армущонҳои рамзӣ маҳдудияти миқдориро бо андозаи 100 маоши ҳадди ақал муқаррар намудааст.
Дар ҳоле, ки қонун гирифтани тӯҳфаро пурра манъ накардааст, пас фарқияти тӯҳфа ё армущони рамзӣ аз пора дар чист? Қонун гирифтани тӯҳфа ё армущони рамзиро ҳамчун нишонаи эҳтиром ба шахси мансабдор дар маросимҳои суратҷаласавӣ ва дигар чорабиниҳои расмӣ иҷозат додааст. Бинобар ин чунин тӯҳфаҳо наметавонанд, шакли пулӣ ва ё хизматрасонии щайрисуратҷаласавиро дошта бошанд.
Тӯҳфа аз пора бо самимият, холисона ва ошкоро будану мустақилияти минбаъдаи тӯҳфагирандаро нигоҳ доштанаш фарқ карда нишонаҳои зеринро дорад:
- Он дар ҳақиқат нишонаи эҳтиром нисбати тӯҳфагиранда барои садоқатмандона иҷро кардани вазифаҳои бар дӯши ӯ гузошташуда буда, худи тӯҳфагиранда ин гуна эҳтиромро ба ҳеҷ гуна васила ҳавасманд накардааст.
- Тӯҳфагиранда дар бораи гирифтани тӯҳфаи мазкур ошкоро ба роҳбарият, ҳамкорон, мизоҷон, воситаи ахбори умум ва аҳли ҷомеа хабар дода метавонад.[6]
Таркиби ҷинояти гирифтани пора расмӣ ба ҳисоб меравад, яъне он аз лаҳзаи гирифтани предмети пора новобаста аз он, ки бар фоидаи порадиҳанда ё намояндагони ӯ кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ) содир карда шудааст ё не, ҷиноят хотимаёфта эътироф мешавад ва мутобиқи моддаи 319 КҶ ҶТ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Тарафи субъективии гирифтани пораро гуноҳ дар шакли қасд, қасди бевосита ташкил медиҳад, зеро шахси мансабдор ба ҷамъият хавфнокии гирифтани пораро дар намуди пул, кощазҳои қиматнок, дигар молу мулк ё фоидаи дорои характери молу мулкӣ дошта дарк намуда, бо истифода аз ваколатҳои хизмати худ ба манфиати порадиҳанда содир мекунад.
Субъекти ҷинояти гирифтани пора – танҳо шахси мансабдор шуда метавонад. Агар шахси мансабдор, пораро ба воситаи миёнрав гирад, ҳаракатҳои миёнрав ҳамчун шарикӣ дар гирифтани пора вобаста ба нақши ӯ дар содир кардани ҷиноят бандубаст карда мешавад. Дар ин ҷо миёнрав ҳамчун субъекти ҷиноят – дилхоҳ шахси воқеъии мукаллафе, ки ба сини 16 – расидааст, баромад карда метавонад.
Бояд зикр намуд, ки гирифтани пора дар намуди пул, кощазҳои қиматнок, дигар молу мулк ё фоидаи дорои характери молу мулкӣ дошта, барои иҷро кардан ё накардани амали муайян ба манфиати порадиҳанда ё намояндагони ӯ, агар чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) ба доираи ваколати хизматии шахси мансабдор дохил бошанд ё он вобаста ба қудрати мавқеи мансабиаш ба чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) мусоидат карда метавонад. Агар аз ҷониби шахси мансабдор пора барои ҳаракати (беҳаракатии) щайриқонунӣ гирифта шавад, ҳамчун ҳолати вазнинкунадаи ҷазо эътироф мешавад ва мутобиқи қисми 2 модддаи 319 КҶ ҶТ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Гирифтани пора агар аз ҷониби шахсе содир шуда бошад, ки вазифаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё сардори мақоми худидораи маҳаллиро ишщол мекарда бошад, ҷавобгарӣ тибқи қисми 3 моддаи 319 КҶ ҶТ ба миён меояд.
Дар қисми 4 – уми моддаи 319 КҶ ҶТ ҷавобгариро ҳамчун ҳолати вазнинкунанда пешбинӣ мекунад, ки тибқи он:
а. Аз ҷониби шахси мансабдор бевосита ва ё ба воситаи миёнрав такроран гирифтани пора. Дар ин ҷо Қонуни ҷиноятӣ такрории ҳам соф ва ҳам омехтаро дар назар дорад, зеро дар қисми 2 эзоҳи моддаи 319 КҶ ҶТ таҳти мафҳуми такроран (такрорӣ) дар моддаҳои 319, 320, 324 ва 325-и КҶ ҶТ ҷинояте дар назар дошта шудааст, ки агар қаблан як ё якчанд ҷиноятҳои пешбинӣ намудаи ҳамин моддаҳоро содир шуда бошад;
б. Аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил. Гирифтани пора аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ эътироф мешавад, агар дар содир намудани ҷиноят ду ё бештар шахсони мансабдор, ки пешакӣ оиди якҷоя содир намудани ҷинояти мазкур бо истифода аз ваколати хизматии худ маслиҳат карда бошанд. Ба гурӯҳи муташаккил шахсоне низ дохил буда метавонанд, ки шахсони мансабдор набуда, пешакӣ барои содир намудани як ё якчанд ҷиноят муттаҳид шудаанд. Ҷавобгарии ин гуна ашхос мувофиқи қ.4 м. 37 КҶ ҶТ ҳамчун ташкилкунанда, таҳриккунанда ё ёрдамчӣ ба гирифтани пора ба миён меояд;
- в. Бо тамаъҷӯии пора. Аломати ҳатмии тамаъҷӯӣ таҳдиди вайрон намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд ё бавуҷудории чунин шароите ба ҳисоб меравад, ки ҳангоми он мумкин аст, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон халалдор гардад. Агар пора барои қонеъ намудани манфиатҳои щайриқонунии шахс дода шуда истода бошад ва порагир аз рӯи қонун амал намуда, маҳдуд намудани ҳуқуқҳои шахс ё бо истифодаи чораҳои маҷбурнамоии ба қонун асосёфта таҳдид намояд, чунин кирдорҳои шахси мансабдор ҳамчун тамаъҷӯӣ ба ҳисоб намеравад. Агар бо ҳаракатҳои шахси мансабдор манфиатҳои қонунии порадиҳанда вайрон нагардида бошад ва таҳдиди вайрон намудани онҳо ҷой надошта бошад, талаби додани пора барои содир намудани ҳаракатҳо ба манфиати порадиҳанда ҳамчун тамаъҷӯӣ ҳисобида намешавад;[7]
г. Ба миқдори калон. Дар моддаи 319 КҶ ҶТ зери мафҳуми миқдори калон, миқдори пул, арзиши қощазҳои қиматнок, дигар молу мулк ё фоидаи дорои хусусияти молу мулкӣ доштае фаҳмида мешавад, ки арзиши онҳо аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад. Агар пора ба миқдори калон қисм-қисм гирифта шуда бошад, аммо ин ҳаракатҳо дар маҷмӯъ як ҷинояти давомдорро ташкил намоянд, кирдори шахс ҳамчун гирифтани пора ба миқдори калон бандубаст карда мешавад.
Агар пора ба миқдори калон ба гурӯҳи шахсони мансабдор бо маслиҳати пешакӣ амалкунанда дода шавад, аммо ҳангоми тақсимот ҳиссаи фоидаи моддии ҳар яки онро аз ҳазор маоши ҳадди ақал кам бошад ҳам кирдори чунин шахсони мансабдор ҳамчун гирифтани пора ба миқдори калон бандубаст карда мешавад.[8]
Санксияҳои моддаи 319 барои гирифтани пора чунин ҷазоҳоро пешбинӣ менамояд:
—–Қисми 1 – бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишщоли мансабҳои муайян ё машщул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
——-Қисми 2 – бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то ҳафт сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишщоли мансабҳои муайян ё машщул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
——Қисми 3 – бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишщоли мансабҳои муайян ё машщул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо мусодираи молу мулк ё бидуни он ҷазо дода мешавад.
——Қисми 4 – бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулк бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишщоли мансабҳои муайян ё машщул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Ҳамин тавр, мутобиқи КҶ ҶТ ҳам додани пора ва ҳам гирифтани пора ҷавобгарии ҷиноятиро ба миён меорад. Ин ҷиноятҳо ҳамчун зуҳуроти номатлуби (фасодкунандаи) ҷомеа бо баробари пайдоиши инсон ҳамқадами ҷомеа ҳастан. Мо метавонем дар муборизаи муттаҳид онро ба сатҳи нишондоди поёнӣ расонем, агарчи пурра аз байн бурдани он аз имкон дур бошад ҳам ва умедворем ин масъала минбаъд дар доираи васеи ҷомеа мавради баррасӣ қарор хоҳад гирифт, то ки фазои оштинопазир онҳоро фаро гирад.
Бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия дар мамлакат бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 – уми январи соли 2007 № 143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки тафтишоти ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ аз ҷониби ин мақомот ба амал бароварда мешавад. Шумо метавонед маълумотҳои иловагиро оиди ин мақомот аз сомонаи интернетии http://anticorruption.tj/ дарёфт намоед.
(Маҷмўаи мақолаҳои олимони ҷавони вилояти Суѓд «Дар пайроҳаи илми муосир» – Хуҷанд – 2011. 24 – 29)
[1] Ниг.: Ҳусейнов С.Ҳ. Баъзе масъалаҳои ҳуқуқии мубориза бо коррупсия. // Таъмини волоияти қонун – заминаи муҳими таҳкими истиқлолияти давлатӣ (Маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ). Нашри 2. Хуҷанд – 2010. С. 96.
[2] Минбаъд КҶҶТ.
[3] Ниг.: Лопашенко Н. А. Взяточничество: проблемқ квалификаӣии. //Правоведение. -2001. – № 6. – С. 106.
[4] Ниг.: Ҳусейнов С.Ҳ. Баъзе масъалаҳои ҳуқуқии мубориза бо коррупсия. // Таъмини волоияти қонун – заминаи муҳими таҳкими истиқлолияти давлатӣ (Маҷмӯаи мақолаҳои илмӣ). Нашри 2. Хуҷанд – 2010. С. 101; Тафсир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Глобус. Душанбе. 2006., С. 705.
[5] Ниг.: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия».25.06.2005.
[6] Ниг.: Ҳусейнов С.Ҳ. Баъзе масъалаҳои ҳуқуқии ҷиноятҳои коррупсионӣ. // Вароруд. № 48 аз 26.11.2008.
[7] Ниг.: Тафсир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Глобус. Душанбе. 2006., С. 705.
[8] Ниг.: Ҳамон ҷо.
_______________________________________________________
Маълумотхои умуми оиди ҷиноятҳо ба муқобили амнияти
экологӣ ва муҳити зист
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 – уми сентябри соли 1998 эътибори қонунӣ пайдо кард, бори нахуст дар таърихи қонунгузории ҷиноятии кишвар дорои фасл ва боби мустақили «Ҷиноятҳо ба муқобили амнияти экологӣ ва муҳити зист» мебошад ва ҳуқуқи ҳар шахсро ба муҳити мусоиди зист кафолат медиҳад. Ҳамчунин ин кафолат дар моддаи 38 – уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст, ки давлат барои солимгардонии муҳити зист тадбирҳо меандешад.[1]
Бояд зикр намуд, ки Кодекси ҷиноятии пештараи Тоҷикистон, яъне Кодекси ҷиноятии РСС Тоҷикистон, ки бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон аз 13 – уми октябри соли 1961 қабул карда шудааст, нисбати ҷиноятҳо ба муқобили амнияти экологӣ ва муҳити зист фасл ва боби алоҳида ҷудо карда набуд, яъне ҷиноятҳои номбурда ба бобе, ки чунин ном дошт дохил мешуд: «Ҷиноятҳо ба муқобили бехатарии ҷамъиятӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва тандурустии аҳолӣ» (боби 10 –ум).[2]
Пеш аз он ки боби 24, яъне ҷиноятҳо ба муқобили амнияти экологӣ ва муҳити зистро модда ба модда шарҳ диҳем, бояд худи мафҳуми ҳуқуқвайронкунии экологӣ ва ҷинояти экологӣ муайян карда шавад.
Ҳуқуқвайронкунии экологӣ кирдори гунаҳгорона ва зиддиҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад, ки хилофи тартиби ҳуқуқии муқарраркардаи экологӣ буда, ба муҳити зист зарар мерасонад ё воқеан бо чунин зарар таҳдид менамояд ва нисбати чиноят ахамияти хавфнокиаш кам мебошад.
Ҷавобгарии ҷиноятӣ унсури муҳими системаи тадбирҳои таъмини ҳуқуқии ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ мебошад. Қонунгузории амалкунанда гурўҳи меъёрҳоеро дарбар мегирад, ки барои ҷинояти экологӣ ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ менамояд.
Ҷинояти экологӣ ин кирдори гунаҳгоронаи аз нигоҳи ҷамъиятӣ хатарноке мебошад, ки хилофи тартиби ҳуқуқии экологии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ва амнияти экологии ҷамъиятӣ буда, ба муҳити зист ва саломатии инсон зарар мерасонад.
Ҷавобгарии ҷиноятӣ – ҳуқуқӣ асоси худро аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мегирад, ки дар моддаи 13 – уми он омадааст: «Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ, моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад».[3]
Ҳамчунин, ҳифзи муҳити табиат дар моддаи 2 – юми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун объекти аз таҷовузҳои ҷиноятӣ хифзшаванда номбар шудааст, яъне «Вазифаи ҳамин Кодекс аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияти ҷамъиятӣ ва саломатии аҳолӣ, муҳити зист, тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ, моликият, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷовузи ҷиноятӣ, таъмини сулҳ ва амнияти башарият, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи риояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин пешгирии ҷиноятҳо иборат аст».[4] Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон кирдорҳоеро, ки бар зидди амнияти экологӣ ва муҳити зист равона карда шудаанд, ҷиноят эътироф мекунад ва нисбати он чораҳои ҷиноӣ-ҳуқуқӣ меандешад.
Умуман, ҷиноятҳо ба муқобили амнияти экологӣ ва муҳити зист дар фасли IX боби 24, аз моддаҳои 220 то 236 – ро пешбинӣ намуда, 17 таркиби ҷиноятро дарбар мегирад.
Чи тавре, ки қайд намудем, нисбати ҷиноятҳои экологӣ ва муҳити зист Кодекси ҷиноятии РСС Тоҷикистон соли 1961 фаслу боби алоҳида ҷудо карда набуд ва он дар боби 10 – ум «Ҷиноятҳои муқобили бехатарии ҷамъияти, тартиботи ҷамъиятӣ ва тандурустии аҳолӣ» пешбинӣ шуда буд.[5] Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1998 қабул карда шудааст, фасли 9 ва боби 24 – ро доро мебошад, ки он «Ҷиноятҳо ба муқобили амнияти экологӣ ва муҳити зист» номбар шудааст.
Диспозитсияи ҳамаи меъёрҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои амнияти экологӣ ва муҳити зист бланкетӣ буда, ба қонунҳо ва санадҳои меъёрии зерқонунӣ истинод мекунанд, ки дар онҳо талаботи амнияти экологӣ баён гардидаанд.
Ба қоидаҳои ҳифзи муҳити зист меъёрхое дохил мешаванд, ки дар қонунгузориҳои ҳифзи табиат ва захираҳои табиӣ пешбинӣ гардидаанд: Кодекси замини ҶТ аз 13 – уми декабри соли 1996; Кодекси оби ҶТ аз 20 –уми ноябри соли 2000 – ум (бо тағйирот аз 30.12.2001); Кодекси ҷангали ҶТ аз 24 – уми июни соли 1993; Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи табиат» аз 27 – уми декабри соли 1994; Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифз ва истифодаи олами ҳайвонот» аз 20 – уми июли соли 1994; Қонуни ҶТ «Дар бораи амнияти радиатсионӣ» аз 1 – уми августи соли 2003; Қонуни ҶТ «Дар бораи экспертизаи экологӣ» аз 22 – юми апрели соли 2003; Қонуни ҶТ «Дар бораи карантини растаниҳо» аз 12 – уми майи соли 2001 – ум; Қонуни ҶТ «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» аз 10 – уми майи соли 2002 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои вазорату идораҳо, аз ҷумла қоидаҳои санитарӣ, стандартҳои давлатӣ, дастурамалҳо ва мактубҳои методӣ, ки дорои хусусияти методӣ мебошанд, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти худидораи маҳаллӣ ва маъмурият.
Ба сифати объекти ҷиноят, муносибатҳои ҷамъиятие, ки ба амнияти экологӣ ва муҳити зист зарар мерасонанд ё таҳдиди расонидани зарарро ба вуҷуд меоранд, баромад карда метавонад.
Аз рўи объекти бевосита ҳамаи ҷиноятҳои амнияти экологӣ ва муҳити зист ба се зергурўҳ ҷудо карда мешаванд:
1) ҷиноятҳои экологие, ки умуман ба муҳити зист (табиати зинда ва ғайризинда) таҷовуз мекунанд ва он бо вайрон намудани қоидаҳои экологӣ ҳангоми иҷрои корҳои махсус вобаста мебошад. Ба ин гурўҳи ҷиноятҳои экологӣ ва муҳити зист дохил мешаванд: вайрон кардани қоидаҳои бехатарии экологӣ ҳангоми иҷрои кор (м.220 КҶ); қасдан ниҳон доштан ё таҳриф кардани маълумот оид ба олудагии муҳити зист (м.221 КҶ); наандешидани тадбир ҷиҳати рафъи оқибати олудагии экологӣ (м.222 КҶ); вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми муносибат бо моддаҳо ва партовҳои аз нигоҳи экологӣ хавфнок (м.223 КҶ); вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми муносибат бо омилҳои микробиологӣ ё дигар омилҳои биологӣ ё токсинҳо (м.224 КҶ); вайрон кардани қоидаҳои байторӣ (ветеринарӣ) ва қоидаҳои барои мубориза ба муқобили касалӣ ва ҳашароти зараррасони растанӣ муқарраршуда (м.225 КҶ);
2) ҷиноятҳои экологие, ки ба табиати ғайризинда таҷовуз мекунанд: об, фазо, замин, сарватҳои зеризаминӣ – ифлос кардани об (м.226 КҶ); олуда сохтани фазо (м.227 КҶ); хароб кардани замин (м.228 КҶ); вайрон кардани қоидаҳои ҳифз ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ (м.229 КҶ);
3) ҷиноятҳои экологие, ки ба табиати зинда (ҳайвоноту наботот) таҷовуз мекунанд: сайди ғайриқонунии ҳайвоноти оби (м.230 КҶ); вайрон кардани қоидаҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ (м.231 КҶ); шикори ғайриқонунӣ (м.232 КҶ); нобуд кардани макони дар вазъияти басо хатарнок қарордоштаи зисти организмҳо, ки ба китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд (м.233 КҶ); ғайриқонунӣ буридани дарахт ва буттаҳо (м.234 КҶ); несту нобуд кардан ё осеб расонидан ба ҷангал (м.235 КҶ); вайрон кардани низоми ҳудудҳо ва объектҳои табиии махсус ҳифзшаванда (м.236 КҶ).
Объекти намудии ҷиноятҳо ба муқобили амнияти экологӣ ва муҳити зист – ин муносибатҳои бо қонун ҳифзшавандае мебошанд, ки истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, нигоҳ доштани муҳити табиати барои одам ва дигар мавҷудоти зинда ва ғайризинда безарар ва таъмин намудани амнияти экологии аҳолӣ мебошад.
Ба сифати нишонаи ҳатмӣ дар таркиби ҷиноятҳои амнияти экологӣ ва муҳити зист предмети онҳо баромад менамояд. Ба сифати предметҳои онҳо боигариҳои табиат ва намудҳои алоҳидаи онҳо (об, замин, сарватҳои зеризаминӣ, ҳайвонот, растанӣ, ҳайвоноти обӣ ва ғ.).[6]
Кирдор ҳамчун нишонаи ҳатмии тарафи объективии ҷиноятҳо ба муқобили амнияти экологӣ ва муҳити зист, ҳам дар шакли ҳаракати фаъол ва ҳам беҳаракатӣ содир мешавад.
Кирдор дар шакли беҳаракатӣ содиршуда эътироф карда мешавад, агар: қасдан ниҳон доштани маълумот дар бораи олудагии радиоактивӣ, химиявӣ, бактериологӣ ё дигар олудагиҳои барои ҳаёт ва саломатии инсон ё муҳити зист хавфнок (моддаи 221) содир шуда бошад ва ғайра ба ин монанд.
Ба қатори ҷиноятҳои амнияти экологӣ ва муҳити зист ҷиноятҳое дохил мешаванд, ки таркибашонро расмӣ ташкил медиҳад, яъне аз лаҳзаи содир шудани кирдор, ҷиноят хотимаёфта эътироф мешавад. Ба ин гурўҳи ҷиноятҳо моддаи 221 «Қасдан ниҳон доштан ё таҳриф кардани маълумот оид ба олудагии муҳити зист» дохил мешавад.[7]
Дар таркибҳои материалии ҷиноятҳои экологӣ ва муҳити зист муайян кардани робитаи сабабии байни кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ва оқибати фарорасида чизи асосӣ ба ҳисоб меравад, зеро нишонаи ҳатмии тарафи объективии ҷиноятҳои экологӣ ва мухити зист дар таркибҳои материалӣ ин – кирдор дар шакли ҳаракат ё беҳаракатӣ, оқибати ҷиноятӣ ва робитаи сабабӣ байни кирдор ва оқибат ба ҳисоб меравад. Яке аз ҷиноятҳои экологӣ ва муҳити зист, ки таркибашро материалӣ мебошад – ин моддаи 220 «Вайрон кардани коидаҳои бехатарии экологӣ ҳангоми иҷрои кор» ба ҳисоб меравад. Тарафи объективии ин ҷиноятро ин аломатҳо ташкил медиҳанд:
———-кирдоре, ки аз вайрон кардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист ҳангоми иҷрои корҳои дар диспозитсияи м.220 КҶ номбаршуда иборатанд;
———-оқибатҳои аз нигоҳи ҷамъиятӣ хатарнок дар шакли моҳиятан тағйир ёфтани манзари радиоактивӣ, расонидани зарар ба саломатии инсон, маҳви саросарии ҳайвонот ё дигар оқибатҳои вазнин;
———-робитаи сабабӣ байни кирдор ва оқибати он.
Дар ин ҷо кирдор ҳам дар шакли ҳаракат ва ҳам беҳаракатӣ содир шуда метавонад. Кирдор дар шакли ҳаракат ин аз риоя накардани қоидаҳое, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавҷуданд, иборат мебошад (аз ҷумла истифодаи равандҳои технологӣ, ки мутобиқи қоидаҳои дахлдор манъ шудаанд, иҷрои корҳо ё фаъолияте, ки ба шартҳои литсензия ё иҷозатномаҳо мутобиқ нестанд ва ғ.).
Беҳаракатӣ метавонад дар иҷро накардани ўҳдадориҳое зоҳир гардад, ки мустақиман дар қоидаҳои ҳифзи муҳити зист пешбинӣ шудаанд (мисол иҷро накардани талаботи дар хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ мавҷуда, рад намудани сохтмони иншооти зарурии тозакунанда ва ғ.).
Ҳамаи ҷиноятҳои экологиро ба якчанд зергурўҳ ҷудо намудан мумкин аст. Ба монанди:
1зарар ба саломатии инсон (моддаи 220, 221, қ.2 моддаи 223, қ.1 моддаи 224, қ.2 моддаи 226, қ.2 моддаи 227, қ.1 моддаи 228 КҶ);
2марги саросари ҳайвонот (моддаи 220, қ.2 моддаи 223, қ.2 моддаи 226 КҶ);
3дигар оқибатҳои вазнин (моддаи 220, қ.1 моддаи 224, қ.1 моддаи 225, моддаи 231 КҶ);
4таҳдиди зарар ба саломатии инсон (моддаи 222, қ.1 моддаи 223 КҶ);
5таҳдиди расонидани зарар ба муҳити зист (қ.1 моддаи 223 КҶ);
6олудасозии мўҳити зист (қ.2 моддаи 223 КҶ);
7заҳролудсозии муҳити зист (қ.2 моддаи 223 КҶ);.
8сирояткунии муҳити зист (қ.2 моддаи 223 КҶ);
9бемориҳои оммавии инсон (қ.3 моддаи 223 КҶ);
10паҳншавии эпидемияҳо (касалиҳои сирояткунанда) (қ.1 моддаи 224 КҶ);
11паҳншавии эпизоотия (муромурии ҳайвонот) (қ.1 моддаи 224 ва қ.1 моддаи 225 КҶ);
12оқибатҳои вазнин (қ.2 моддаи 229 КҶ);
1зарар ба олами ҳайвонот (қ.1 моддаи 226 КҶ);
2зарар ба олами наботот (қ.1 моддаи 226 КҶ);
3зарар ба захираҳои моҳӣ (қ.1 моддаи 226 КҶ);
4зарар ба хоҷагии ҷангал (қ.1 моддаи 226 КҶ);
5зарар ба хоҷагии аҳолӣ (қ.1 м.226);
6тағйир додани хосиятҳои табиии ҳаво (қ.1 м.227 КҶ);
7маҳви саросари ҳайвоноти обӣ (моддаи 231 КҶ);
8марги инсон (қ.3 моддаи 223, моддаи 224, қ.3 моддаи 226, қ.3 моддаи 227, қ.3 моддаи 228 КҶ).
Барои муайян кардани тарафи субъективии ҷиноятҳои экологӣ ва муҳити зист ҳатман бояд гуноҳ муайян карда шавад. Гуноҳ – ин ҳолати рўҳии шахс дар шакли қасд ё беэҳтиётӣ нисбат ба кирдори содирнамуда ва оқибати он мебошад.[8]
Ангеза ва мақсад, ҳамчун нишонаҳои факултативии тарафи субъективии ҷиноят, дар ягон таркибҳои ҷиноятҳои экологӣ ва муҳити зист нишонаи ҳатмии тарафи субъективӣ ба ҳисоб намераванд.[9]
Субъекти ҷиноятҳои экологӣ ва муҳити зист ҳам шахси воқеӣ ва ҳам шахси мансабдори мукаллафе, ки ба синни 16 расидааст.
Умуман, субъекти аксарияти ҷиноятҳои экологӣ ва муҳити зист шахсони мансабдор ба ҳисоб мераванд. Аз рўи қоида, ҳамаи шахсоне, ки ҷинояти содирнамудаашон бо вазифаи ишғолменамудаашон вобастааст, субъекти махсус эътироф мешавад.
Яке аз ҷиноятҳои экологӣ ва муҳити зист, ки субъекташ махсус мебошад, ин моддаи 224 «Вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми муносибат бо омилҳои микробиологӣ ё дигар омилҳои биологӣ ё токсинҳо (моддаҳои заҳролуд)», ба ҳисоб меравад. Чунин шахс вазифадор аст қоидаҳои муносибат ба омилҳои биологӣ ё токсинҳо, ки ба муҳити зист хатари имконпазир доранд, риоя кунад.[10]
Ва умуман чиноятҳо ба мукобили амнияти экологӣ ва муҳити зист дорои чунин нишонаҳо мебошанд:
1 онҳо дорои кирдори (дар шакли ҳаракат ё беҳаракатӣ) барои ҷамъият хавфнок мебошанд;
2 хатари умумӣ доштани ҷиноятҳои экологӣ ва мўҳити зист дар он зоҳир мегардад, ки дар вақти содир намудани онҳо ба объектҳои дар боло зикргардида, ба монанди ҳаёт ва саломатии инсон, иқлими табиат, ҳавои атмосферӣ, замин, зеризамин, таг ва рўи об, ҷангал ва дигар намуд сабзанда, олами ҳайвонот, микроорганизмҳо, ландшафтҳои табиат зарар ё таҳдиди расонидани онро ба вуҷуд меоранд;
3 ҷиноятҳои экологӣ зиддиҳуқуқӣ буда, бо Қонуни ҷиноятӣ бо таъину татбиқи ҷазо манъ карда шудаанд;
4 ҷиноятҳои экологӣ ва муҳити зист – ин кирдорҳое, ки гунаҳгорона содир шудаанд. Шахс танҳо дар он сурат ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, агар кирдори ба ҷамъият хавфноке, ки ба муҳити зист зарар расонидааст, қасдан ё аз беэҳтиётӣ содир намуда бошад. Гунаҳгоркунии объективӣ, яъне барои зарари бегуноҳона расонидашуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мумкин нест ва ин яке аз принсипҳои қонуни ҷиноятӣ – принсипи гунаҳгорӣ ба ҳисоб меравад (м.7) ва мафҳуми он дар моддаи 31 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шудааст.
Масъалаҳои амнияти экологӣ ва муҳити зист ҳамчун муаммои глобалӣ дар тамоми ҷаҳон беэътибор намебошад. Барои ноил гаштан амнияти экологиву муҳити зист бояд тамоми халқиятҳои ҷаҳон маърифати экологии худро баланд бардоранд ва барои риояи талаботи муқарраргардида оиди амнияти экологӣ саъю кўшиш намоянд.
(Муаммоҳои замонавии илми ҳуқуқшиносӣ: маҷмўаи мақолаҳои илмӣ. – Хуҷанд. – Ношир. – 2008. с.с. 195 – 200)
[1] Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон. Хуҷанд, 2003.
[2] Кодекси ҷиноятии РСС Тоҷикистон (бо тағйироту иловаҳое, ки то 1 – уми июни соли 1988 дохил карда шудаанд). Душанбе. «Ирфон». 1989.
[3] Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон. Хуҷанд, 2003.
[4] Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (матни расмӣ) Душанбе. – 2004.
[5] Кодекси ҷиноятии РСС Тоҷикистон. Душанбе. «Ирфон». 1989.
[6] Лопашенко Н.А. «Экологические преступления». СПб., 2002. с.33.
[7] Тафсир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. «Глобус». Душанбе, 2006, с.456.
[8] Тафсир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Глобус., Душанбе., 2006, с.62.
[9] Лопашенко Н.А. Экологические преступления. СПб., 2002, с.36.
[10] Тафсир ба КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон. Глобус, Душанбе, 2006 с.460
________________________________________________________
Баъзе масъалахо оид ба ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо мутобики
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 61 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1998) холатхои сабуккунандаи чазои чиноятиро пешбини мекунад, ки он аз 3 қисм иборат буда дар қисми якуми он даҳ ҳолати сабуккунанда нишон дода шудааст.
Хусусияти Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дар он номгўи махдуди ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук мекунанд пешбини карда шудааст. Чи тавре, аз мукаррароти қисмати сеюми моддаи 61 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ба суд ҳуқуқ дода шудааст, ки аз рeи нигоҳи худ ҳолатҳои сабуккунандаи ҷиноятро васеътар муқаррар намояд, новобаста аз он ки онҳо дар номгeи моддаи 61 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар карда шудаанд, дигар холатхо низ метавонанд холати сабуккунандаи чазо эътироф гарданд. Чунин муқаррароти қонун далели пайравии қонунгузор ва принсипи инсондeстӣ мебошад. Масалан: хизматҳои шахс дар назди ҷамъият ва давлат, бемор будани худи гунаҳкор, дар нигоҳубини e будани волидайни пиронсол.
Хамин тавр, холатхои зерин хамчун холати сабуккунандаи чазои чинояти ба эътибор гирифта мешаванд:
1. Бори аввал содир намудани ҷиноят (банди «а» моддаи 61 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон). Чи хеле ки маълум аст, дар вақти таъини ҷазо яке аз ҳолатҳое, ки ба назар гирифта мешавад, ин шахсияти гунаҳгор мебошад.[1] Ба ин ҳолат тарзи рафтори гунаҳгор то содир намудани ҷинояти мазкур дохил мешавад. Қонунгузор бори аввал содир намудани ҷиноятро он сабаб ҳолати сабуккунандаи ҷазо эътироф намудааст, ки то ҳол мафкураи гунаҳгор ақидаҳои зидди ҷамъиятӣ, зиддиҳуқуқӣ ва зиддиахлоқро дар мафкурааш чой дода нашудааст ва дар ин ҳолат ба мақсади ҷазо – ислоҳи маҳкумшуда ноил гардидан бо татбиқи ҷазои сабуктар бо назардошти он, ки бори аввал ҷиноят содир карда шудааст дар гунаҳгор ҳисси боварӣ ба башардўстии мохияти қонуни ҷиноятӣ, риоя гаштани конун, даст кашидан аз кирдорҳое, ки ба меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ мувофиқ набударо ба вуҷуд меорад.[2]
Бори аввал содир намудани ҷиноят ҳамчун ҳолати сабуккунандаи ҷазо на бо мазмуни воқеӣ, балки бо мазмуни ҳуқуқии он фаҳмида мешавад. Масалан, агар шахс воқеан бори дуюм ҷиноят содир намояд, аммо нисбати ҷинояти аввала мeҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё мeҳлати иҷрои ҳукми айбдоркунӣ гузашта бошад ё доuи судиаш барҳам хeрда ё бардошта шуда бошад ё умуман аз ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҷинояти содиркардааш озод карда шуда бошад, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ e ҳамчун шахси бори аввал ҷиноят содиркарда ба ҳисоб меравад ва суд чунин ҳолатро ҳамчун ҳолати сабуккунандаи ҷазо эътироф менамояд.[3]
2. Ноболиғ будани гунаҳгор (банди «б» моддаи 61 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон). Дар назарияи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва дар қонун дар зери мафҳуми ноболиғ шахси ба синни чордаҳсолагӣ расида ва ба ҳаждаҳсолагӣ надаромада фаҳмида мешавад. Дар моддаи 23 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон синну соле, ки аз он ҷавобгарии ҷиноятӣ фаро мерасад, мукаррар карда шудааст. Синну соли умумии ҷавобгарӣ аз синни 16 солагӣ, яъне ноболиғӣ, барои баъзе ҷиноятҳо аз синни чордаҳсолагӣ ва танҳо вобаста ба хусусияти махсуси содир намудани баъзе ҷиноятҳо аз синни ҳаждаҳсолагӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст, лекин боз дар як вақт қонунгузор дар ин синну сол содир намудани ҷиноятро ҳолати сабуккунандаи ҷазо эътироф кардааст, чунки шуури ноболиғ танҳо дар марҳилаи инкишофёбӣ ва барқарорёбӣ мебошад.[4] Ноболиғ дар бисёр мавридҳо бо масъулияти пурра ва кофӣ ба вазъияти бавуҷудомада баҳо дода наметавонад. Аз сабаби сатхи пасти тарбияи ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ ҳам дар оила ва ҳам дар муассисаҳои илмӣ-тарбиявӣ, ноболиғ дар бисёр мавридҳо хусусияти хавфнокии ҷамъиятии кирдорҳои худро намефаҳмад ва ба тарбияи ахлоқӣ-ҳуқуқӣ зарурат дорад.
Ба ғайр аз ин, онҳо бештар дучори таъсири манфӣ аз ҷониби дигар шахсони болиғ гардида, дар зери таъсири онҳо ҷиноят содир мекунанд.[5]
Ногуфта намонад, ки нисбати ноболиғон татбики ҷазои қатл (моддаи 58 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва якумра аз озодӣ маҳрум сохтан (моддаи 58¹ Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) умуман таъин карда намешавад.
3. Ҳомиладор будан (банди «в» моддаи 61 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон). Ҳомиладории зан барои он ҳолати сабуккунандаи ҷазо эътироф карда шудааст, ки ҳолати ҳомиладорӣ бо худ баъзе тағйиротҳои амалкунандаи организми занро ба вуҷуд меорад ва ба асаби ў таъсир мерасонад. Баъзан ҳомиладории зан бо хашмгинии баланд, бадҷаҳлӣ алоқаманд мебошад, ки ин бояд дар вақти таъини ҷазо ба назар гирифта шавад. Лекин, ҳамчун ҳолати сабуккунандаи ҷазо ба ҳисоб гирифтани ҳомиладории зане, ки доимо майзадагӣ мекунанд, тарзи ҳаёти берун аз ахлоқӣ мебаранд ва нисбати нигаҳдории кўдак ғамхорӣ зоҳир намекунанд, ба максад мувофик нест. Ҷазо мумкин сабук карда шавад, танхо нисбати зане, ки дар вақти содир намудани ҷиноят ҳомиладор набуданд, лекин дар лаҳзаи таъини ҷазо дар чунин ҳолат қарор доранд. Дар чунин ҳолат қонун принсипи башардўстиро ба асос гирифта, мақсади муҳофизати манфиатхои зани ҳомила, инкишофи дохили батн ва таваллуди кўдакро дорад.[6]
Ҳомиладор будан дар организми занҳо баъзе таъсироти функсионалӣ ба вуҷуд оварда, ба рeҳияи онҳо таъсир мерасонад. Бинобар ин, ҳолати номбурда дараҷаи ба чамъият хавфнокии ҷинояти аз тарафи занони ҳомиладор содиршударо паст менамояд. Лек, қонуни ҷиноятӣ на ҳама вақт ҳолати ҳомиладории занонро ба содири ҷиноят алоқаманд мекунад. Чунки ҳомиладорӣ мумкин аст дар лаҳзаи таъини ҷазо муқаррар шавад. Дар ин ҳол, мувофики қонуни ҷиноятӣ принсипи инсондeсти бо мақсади таъмини хифзи тандурустии муътадили зани ҳомиладор, инкишофи кeдак ва таваллуди он амал мекунад.
Бояд зикр намуд, ки нисбати занҳои ҳомиладор то санаи 12.12.2002с. умуман ҷазои қатл таъин карда намешуд ва баъди ин сана бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловагиҳо» аз 12 – уми декабри соли 2002 умуман нисбати занҳо ҷазои қатл таъин карда намешавад.
4. Кeдаки хурдсол доштани гунаҳкор (банди «г» моддаи 61 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон). Дар ин ҳолат қонунгузор манфиати оилаи шахси гунаҳкор, ба хусус манфиатҳои ташаккули ҷисмонӣ ва маънавии кeдакони хурдсолро ба инобат гирифта, чунин ҳолатро ҳамчун ҳолати сабуккунандаи ҷазо нишон додаст. Ҳолати мазкур ҳангоми таъини ҷазо на фақат нисбати зан, инчунин нисбати мард низ ба ҳисоб гирифта мешавад. Бояд ҳангоми таъини ҷазо далели мавҷуд будани кeдакони хурдсол дар шахси гунаҳкор, иштироки e дар тарбияву таъмини моддии онҳо муайян карда шаванд.
Дар қонунгузории ҷиноятӣ бори аввал кўдаки хурдсол доштани гунаҳгор ба таври қонунӣ ҳамчун ҳолати сабуккунандаи ҷазо эътироф карда шудааст, гарчанде бе чунин пешбинӣ ҳам суд ҳолати мазкурро дар вақти таъини ҷазо ба назар мегирифт. Дар таҷрибаи судӣ кўдаке хурдсол ҳисоб карда мешавад, ки ба синни чордаҳсолагӣ нарасидааст. Қонунгузор кўдаки хурдсол доштани гунаҳгорро бо назардошти манфиатҳои оилаи шахси гунаҳгор ҳолати сабуккунандаи ҷазо ҳисоб кардааст. Суд дар вақти кўдаки хурдсол доштани гунаҳгорро ҳолати сабуккунандаи ҷазо эътироф намудан пеш аз ҳама накши гунаҳгорро дар нигоҳдории моддӣ ва тарбиявии кўдакон ба ҳисоб мегирад.[7]
Кўдаки хурдсол доштани гунаҳгор на ҳама вакт ҳолати сабуккунанда эътироф карда мешавад. Дар сурате, ки гунаҳгор аз ҳуқуки падарию модарӣ маҳрум карда шудааст, муддати тўлонӣ бо ҳамроҳи оилааш – (кўдак) якҷоя зиндагӣ намекунад, бо тарбияи кўдакон машғул нест, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ намекунад ва ба онҳо сангдилона муносибат мекунад, татбиқи ин ҳолати сабуккунанда нисбат ба гунаҳгор мумкин нест.[8]
Муаллифони рисолаи «Ҷазои ҷиноятӣ ва асосҳои таъини он» Н.И.Ахмедов, К.М.Пўлотов ва И.Ш.Шарипов оиди ин ҳолати сабуккунанда ақидаи худро чунин иброз намудаанд: «Доир ба ин ҳолати сабуккунандаи ҷазо (кўдаки хурдсол доштани гунаҳгор) чунин ақида пешниҳод карданием, ки тарзи ифодаёбии ин ҳолат дар қонун каме нодуруст мебошад. Агар қонунгузор ҳолати мазкурро «фарзанд ё бачаи хурдсол доштани гунаҳгор» ном мегирифт он гоҳ ба фаҳмишҳои тиббӣ ва ҳуқуқии хурдсол, ки мо то синни чордаҳсолагӣ дар назар дорем дуруст мебуд.[9]
5. Бо сабаби вазнинии шароити зиндагӣ ва ё аз рeи дилсузӣ содир намудани ҷиноят (банди «д» моддаи 61 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон). Дар ин ҷо сухан оиди ҳолатҳое меравад, ки онҳо дар содиршавии ҷиноят, таъсири ҳалкунанда дорад, яъне ҷиноят бо мақсади бартараф ё осон намудани вазъияте содир мешавад, ки дар он шахси гуннаҳгор қарор дорад. Ин ҳолатҳо мумкин аст бо сабабҳои оилавӣ, шахсӣ, хизматӣ ва uайра вобаста бошанд: марги шахси наздик, ки ҳолати моддии гунаҳкорро бад гардонидааст, бемории шахси гунаҳкор, кeдакони e, ҳамсар ё дигар шахсони ба e наздик ва uайра.[10]
Аз рeи дилсeзӣ содир намудани ҷиноят, масалан дар ҳолате ҷой дорад, ки шахси ҷабрдида ба бемории вазнини табобатнашаванда гирифтор аст ё азобҳои вазнини рeҳию ҷисмонӣ мекашад ва гунаҳкор бо нияти қатъ гардонидани чунин азобҳои ҷабрдида, eро аз рeи дилсeзӣ аз ҳаёт маҳрум мекунад.
6. Содир намудани ҷиноят дар ҳолати ҳаяҷони сахти рeҳие, ки сабаби он зeроварӣ, таҳқири сахт ё амалҳои дигари uайриқонунии ҷабрдида мебошад (банди «е» моддаи 61 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон). Дар ин ҳолат рафтори шахси ҷабрдида баҳри муҳайё сохтани шароит ва ҳолатҳои сар задани ҷиноят нақши муҳим дорад. Бинобар ин, «гуноҳ» – и шахси ҷабрдида, ҳамчун асоси сабуккунандаи ҷазо нисбати шахси ҷиноят содиркарда хизмат мекунад. Дар ин ҳолат, рафтори шахси ҷабрдида, ки боиси содиршавии ҷиноят мегардад, uайриқонунӣ ё зиддиахлоқӣ буда, шахсро ба ҳолати ҳаяҷони сахти рeҳӣ (аффекти физиологӣ), зеҳни шахс суст гардида, дарк намудани рафтор маҳдуд мешавад. Сабаби ба ҳаяҷони сахти рeҳӣ дучор шудани шахс бояд зeроварӣ, таҳқири сахт ё амалҳои дигари uайриқонунии ҷабрдида бошад.[11]
Ҳолати ҳаяҷони сахти рўҳӣ бояд дарҳол пас аз содир кардани ҳаракатҳои дар боло зикргардида аз ҷониби ҷабрдида ба вуҷуд ояд. Барои он ҳолати сахти ҳаяҷони рўҳӣ ҳолати сабуккунандаи ҷазо эътироф карда мешавад, ки сабабгори содиршавии кирдори хавфнокии ҷамъиятӣ худи ҷабрдида мебошад, яъне «гунаҳгор» – и ҳодисаи бавуҷудомада худи ҷабрдида мебошад ва дар сурати аз ҷониби ҷабрдида содир нашудани ҳаракатҳои зиддиҳуқуқӣ ва зиддиахлоқӣ мумкин аст кирдори хавфноки ҷамъиятӣ аз ҷониби гунаҳгор содир карда нашавад. Дар ҳама ҳолатҳо шарти ҳатмии ҳолати сабуккунанда эътироф кардан бояд рафтори зиддиҳуқуқӣ ё зиддиахлоқии ҷабрдида бошад.[12]
7. Содир намудани ҷиноят дар ҳолати аз ҳадди муҳофизати зарурӣ гузаштан, дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда, зарурати ниҳоӣ, таваккали асоснок, иҷрои фармон ё амр (банди «ж» моддаи 61 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон). Ҳолатҳои номбаршуда ҳангоми риоя накардани ҳамаи шароитҳои дар қонуни ҷиноятӣ муқаррар гардида, ки ҷиноят будани кирдорро истисно мекунад, (м.м.40-45) ҷой дорад. Дар ҳолатҳое, ки шартҳои муқаррар намудаи қонун риоя намешаванд, шахс ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад, аммо ин ҳолатҳо, чун ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо ба назар гирифта мешаванд, зеро гунаҳгор дар ин ҳолат нияти ба муносибатҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ муҳофизаткунанда таҷовуз карданро надошт ва танҳо дар асоси талаби қонун амал карда бо ин ё он сабаб шартҳои муқаррарнамудаи конунро риоя намекунад.[13]
8. Таҳти таъсири маҷбуркунии ҷисмонӣ ё рeҳӣ вобастагии моддӣ, хизматӣ ва ё вобастагии дигар содир намудани ҷиноят (банди «з» моддаи 61 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон). Дар зери мафҳуми маҷбуркуни ҷисмонӣ ё рeҳӣ ин аз ҷониби як шахс дар шаклҳои гуногун истифода бурдани зeроварии ҷисмонӣ ё таҳдиди истифодаи он фаҳмида мешавад, ки шахси гунаҳгорро ба содир намудани ҷиноят маҷбур сохтааст. Ҷой доштани чунин ҳолат шаҳодати дараҷаи нисбатан пасти хавфи ҷинояти содиршуда ва шахсияти гунаҳгорро ифода мекунад. Агар дар натиҷаи маҷбуркунӣ шахс кирдори худро ифода карда натавонад, дар асоси моддаи 43-и КҶ, чунин ҳолат ҷиноят будани кирдорро истисно мекунад.[14]
Дар зери мафҳуми вобастагии моддӣ ҳолатҳое дар назар дошта мешаванд, ки шахси гунаҳгор дар нигоҳубини шахси ба содир намудани ҷиноят моилсозанда қарор дорад, аз e ёрии моддӣ мегирад, дар манзили e истиқомат мекунад, аз e қарздор аст ва uайра.
Вобастагии хизматӣ-ин тобеияти шахси гунаҳгор аз шахси eро ба содир намудани ҷиноят моилсозанда мебошад. Мисол, таҳдиди роҳбарии корхона оиди аз кор озод намудани шахс дар сурати накардани амале, ки конун онро ҷиноят эътироф кардааст.
Вобастагии дигар – ҳама ҳолатҳое мебошанд, ки ба вобастагии хизматӣ ва моддӣ дохил нестанд. Мисол, вобастагии талаба ё донишҷe аз муаллим, шоҳид ё айбдоршаванда аз муфаттиш.[15]
9. Ихтиёран омада ба гуноҳи худ иқрор шудан, cидқан пушаймон шудан, фаъолона мусоидат кардан дар ошкор намудани ҷиноят, фош кардани дигар иштирокчиёни ҷиноят ва дар кофтукови амволӣ дар натиҷаи ҷиноят бадастомада (банди «и» моддаи 61 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон). Ҳолати номбаршуда намудҳои ҷудогонаи пушаймонӣ аз кирдор буда, ифодагари рафтори мусбии шахс пас аз содир намудани ҷиноят мебошад, ки аз нисбатан паст гардидани хавфи ҷамъиятии шахси ҷиноят содиркарда шаҳодат медиҳад. Дар миёни ин ҳолатҳо, аввалан ихтиёран омада ба гуноҳи худ иқрор шудан нишон дода шудааст, ки ҳангоми он шахси гунаҳгор бо хоҳиши худ ба мақомоти давлатӣ ҳозир шуда, ба гуноҳи худ оиди содир намудани ҷиноят иқрор мегардад. Ихтиёран омада бо гуноҳи худ иқрор шудан дар муддати мeҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан (М.75-и КҶ), аҳамияти ҳуқуқӣ –ҷиноятӣ дошта, аз ангезаи ҳозиршавӣ вобаста нест. Оиди содиршавии ҷиноят хабар доштан ё надоштани мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин аз тарафи онҳо ҷустуҷe намудани шахси гунаҳкор, аҳамият надорад. Асос дар он аст, ки гунаҳгор бояд омада, ихтиёран ба хоҳиши худ на ба тариқи маҷбурӣ, ба гуноҳи худ иқрор шавад.[16]
Фаъолона мусоидат кардан дар ошкор намудани ҷиноят, фош кардани дигар иштирокчиёни ҷиноят дар расонидани ёрӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оиди фош кардани иштирокчиёни ҷиноят, пешниҳод ва ҷустуҷeи далелҳо аз рeи парвандаи ҷиноятӣ, ҷустуҷeи предмети ҷиноят, восита ва олотҳои содиршавии ҷиноят ифода меёбад. Дар он ҳолатҳое, ки мақомоти тафтишот ба гумонбаршуда ба расмият даровардани ба гуноҳи худ иқроршавиро таклиф мекунад, вақте, ки ба онҳо аллакай ҳолатҳои содиршавии ҷиноят маълум аст дар чунин ҳолат, ба гуноҳи худ иқроршавии гумонбаршуда ва ҳуҷҷати ба расмият даровардашуда ихтиёран омода ба иқрор шудан эътироф карда намешавад, чунки гумонбаршуда ихтиёран не, балки дар зери маҷбуркунӣ ва фишори муайян дар асоси далелҳои дақиқе, ки иштироки ўро дар содир намудани ҷиноят тасдиқ мекунад, баъд ба гуноҳи худ иқрор мешавад.[17]
Шарти асосии ҳолати сабуккунандаи ҷазо эътироф кардан дар ба таври ихтиёран омада ба гуноҳи худ иқрор шудан ин сидқан пушаймон шудан, фаъолона мусоидат кардан дар ошкор намудани ҷиноят, фош кардани дигар иштирокчиёни ҷиноят ва дар кофтукови амволӣ дар натиҷаи ҷиноят ба дастомада, бе ҳеҷ гуна маҷбурӣ ва фишороварӣ содир намудани ҳаракатҳои дар боло зикргардида ифода меёбад.
10. Бевосита пас аз содир намудани ҷиноят расонидани ёрии тиббӣ ё кeмаки дигар ба ҷабрдида, ихтиёран талофӣ кардан ё рафъ сохтани зарари моддӣ ва маънавии дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда, анҷом додани амалҳои дигаре, ки ба ислоҳи зарари ба ҷабрдида расонидашуда равона гардидаанд (банди «к» моддаи 61 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон). Дар банди мазкур якчанд намудҳои махсуси рафтори мусбии баъдиҷиноятии шахси гунаҳгор пешбинӣ карда шудааст, ки мавҷуд будани ҳар кадоме аз онҳо ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам дар якҷоягӣ ҳамчун асос барои сабук кардани ҷазо хизмат мекунанд. Ба рафторҳои мусбии баъди ҷиноятии шахси гунаҳгор, мисол, даъвати ёрии таъҷилӣ барои ҷабрдидае, ки дар натиҷаи вайрон кардани коидаҳои ҳаракати роҳ ё техникаи бехатарӣ аз ҷониби гунаҳгор ҷароҳат гирифтааст ё бевосита оварда расонидани ҷабрдида ба беморхона, баргардонидани амволи тасарруфшуда ба молик, пурсиши бахшиш аз ҷабрдидаи таҳқир ё тўҳмат шунида ва ғайраҳо дохил мешаванд. Чунин рафторҳои гунаҳгор аз он шаҳодат медиҳанд, ки вай аз ҳодисаи рухдода дар изтироб аст, пушаймонӣ мехўрад ва бо хоҳиши худ бе дахолати мақомотҳои адолати судӣ адолати иҷтимоиро, ки яке аз мақсади имконпазир барқарор мекунад. Зимнан чунин рафторҳои гунаҳгор аллакай аз ноилшавӣ ба мақсадҳои дигари ҷазо – ислоҳи маҳкумшуда ва пешгирии ҷиноятҳои нав аз ҷониби маҳкумшуда низ шаҳодат медиҳанд.[18]
Қисми дуюми моддаи 61 –и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон агар ҳолатҳои сабуккунандае, ки дар моддаи тафсиршаванда зикр гардидаанд, дар моддаҳои дахлдори қисми махсуси КҶ ба сифати аломати ҷиноят пешбинӣ шуда бошанд, онҳоро такроран ҳамчун ҳолати сабуккунандаи ҷазо ба назар гирифтан мумкин нест. Масалан, ҳангоми содир намудани одамкушӣ дар ҳолати сахти рeҳӣ (м.106 КҶ) ё одамкушӣ дар ҳолати аз мудофаи зарурӣ баромадан (м.107 КҶ).[19]
Суд ҳуқуқ надорад, ки ин ҳолатҳоро ҳамчун ҳолатҳои сабукунандаи ҷазо эътьироф кунад. Чунки қонунгузор ин ҳолатҳоро дар таркиби ҷиноятҳои номбурда дохил кардааст ва таъсири ин ҳолатҳои сабуккунанда дар санксияҳои ин моддаҳо ифода ёфтаанд.
(Таъмини волоияти қонун – заминаи муњими тањкими истиқлолияти давлатӣ (маҷмўаи мақолањои илмӣ). Нашри – 2. «Ношир» Хуҷанд – 2010. с.с. 87 – 94)
[1] Анашкин Г. Обстоятельства смягчающие и отягчающие ответственность.//Советская юстиция–1980. № 6. С.2-24.
[2] Ахмедов Н.И., Пўлотов К.И., Шарипов И.Ш. Ҷазои ҷиноятӣ ва асосҳои таъини он. Хуҷанд – 2002. С.116.
[3] Тафсир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Глобус. Душанбе– 2006. С.143.
[4] Миньковский Г.М.Тузов А.П. Профилактика правонарушений среди несовершеннолетних.
Киев– 1987. С.98.
[5] Тафсир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Глобус – Душанбе – 2006. С.206.
[6] Ахмедов Н.И., Пўлотов К.И., Шарипов И.Ш. Ҷазои ҷиноятӣ ва асосҳои таъини он. Хуҷанд – 2002. С.119.
[7] Ахмедов Н.И., Пўлотов К.И., Шарипов И.Ш. Ҷазои ҷиноятӣ ва асосҳои таъини он. Хуҷанд– 2002. С.113.
[8] Тафсир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Глобус. Душанбе – 2006. С.144.
[9] Ахмедов Н.И., Пўлотов К.И., Шарипов И.Ш. Ҷазои ҷиноятӣ ва таъини он. Хуҷанд– 2002 – С.114.
[10] Тафсир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Глобус. Душанбе – 2006. С.144.
[11] Сидоров Б.В. Аффект. Его уголовно-правовые и криминологическое значение. Козань – 1978 . С.65.
[12] Уголовное право России (Общая и Особенная части). Учебник для ВУЗов. Под ощей редакцией д.ю.н. профессора Н.Г. Кадникова. Москва – Книжный мир – 2007. Стр. 247.
[13] Ахмедов Н.И., Пўлотов К.И., Шарипов И.Ш. Ҷазои ҷиноятӣ ва асосҳои таъини он. Хуҷанд – 2002. С.115.
[14] Тафсир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Глобус. Душанбе-2006. С.145.
[15] Ахмедов Н.И., Пўлотов К.И., Шарипов И.Ш. Ҷазои ҷиноятӣ ва асосҳои таъини он. Хуҷанд – 2002 . С.122.
[16] Тафсир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Глобус. Душанбе – 2006. С.146.
[17] Кругликов Л.А. Смягчающие и отягчающие обстоятельства в советском уголовном праве – Ярославль – 1979. Стр.70.
[18] Ахмедов Н.И., Пўлотов К.И., Шарипов И.Ш. ҷазои ҷиноятӣ ва асосҳои таъини он. Хуҷанд–2002. С.116.
[19] Тафсир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Глобус. Душанбе. 2006. С.246.
Устод Хусейнов фахри мо хастанд
Mo duo mekunem, ki safi in kitobho ziyod shavand.
Аз маколахои усто Хусейнов мо як чахон тасаввурот оиди коррупсия пайдо намудем. Мо фахр дорем, ки чунин устод дар ДДХБСТ фаъолият мебаранд.
Мо хамагон фахр дорем, ки шогирди устод Хусейнов хастем ва худро шогирди он кас номида метавонем. Ба устод дар чодаи илм куллахои баландро орзумандам. Умедворам, ки дар солхои наздик ба химояи доктори огоз менамоянд ва мо ёрирасони устод мегардем.
Мехмони вебсайти мо хам бошед. Ин сайт дар бораи фарханги муштараки ду кишвари дуст
ва хамзабон, Эрону Точикистон мебошад. http://www.irantajik.org