Фирдавси Аъзам

Адабу фарҳанги Мастчоҳ

Муродбек Насриддин


Муродбек Насриддин 6 октябри соли 1951 дар дехаи Мадрушкат чашм ба олам кушода аст. Сароянда, овозаш тенори лирики. Донишкадаи Хучандшахрро соли 1976 хатм кардааст. Устод Муродбек Насриддин, хонандаи маъруф, баъди фориғуттаҳсил шудан аз Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Хуҷанд ба Филормунии давлатии Тоҷикистон роҳхат гирифт.
Дар ҷараёни таҳсил дар донишгоҳи омузгорӣ Муродбек Насриддин дар барномаҳои консертии донишгоҳ ва озмуни сурудҳои мардумӣ зери унвони “Бӯстон” ширкат дошт ва баландтарин имтиёзро соҳиб шуда буд.Хамчунин дар ансамбли “Ганчина” хунарнамои кардааст. Охангхои дилнишин мебандад. Сурудахояш писанди мардуми Точикистон ва берун аз он гардидаанд.Ба чандин мамолики хоричи сафархои хунари намудааст. Соли 1988 унвони Хунарпешаи шоистаи Точикистонро сохиб шуд.
Ҳамин тавр вай ҳанӯз аз овони донишҷӯйӣ ҳаводорони ҳунарашро пайдо карда буд ва аз ин хотир мудири донишгоҳ баъди фориғуттаҳсил шуданаш Муродбекро на ба мактаби миёна, балки ба Филормунии давлатии Тоҷикистон равона кард.

Устод Муродбек мегӯяд: “Муродбек номи бобоям будааст, ки дар рустои Мадрушкати ноҳияи Мастчоҳ ба сар мебурд. Ба гуфтаи мардуми деҳа, бобоям овозхони хубе ҳам будааст. Ҳангоме ки ман ба синни 14 расидам ва ба назди муъаллими суруд ва мусиқии мактабамон рафта ва гуфтам, ки мехоҳам овозхон шавам ва шумо маро ба гурӯҳи ҳаваскорони мактаб қабул кунед. Он кас гуфтанд, ки бояд овозхони хубе бошӣ, агарчи ҳанӯз ман овозхонӣ накарда будам, муъаллим гуфт, ки бобоят овозхони хубе буданд ва ту ҳам ҳатман ҳунар дорӣ.”

November 10, 2010 - Posted by | Culture, Адабиёт, Адабиёт ва санъат, Душанбе, Мастчох, Точикон, Тоҷикистон, Шеъру тарона, Mastchoh, Tajiks

3 Comments »

  1. http://my.mail.ru/community/maddo/

    Comment by Gulos | January 8, 2011 | Reply

  2. 6-6 дуюм. Агар кувват дарк бирасад то охир

    Comment by Gulos | January 10, 2011 | Reply

  3. Хеее он кас чунон оши болаззат мепазанд!!!

    Comment by Бахтиёр | May 19, 2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: