Фирдавси Аъзам

Адабу фарҳанги Мастчоҳ

Комил Ёдгор


Комил Ёдгор 6 майи соли 1950 дар нохияи Мастчох таваллуд шудааст. Омўзишгоҳи рассомии шаҳри Душанберо дар соли 1971 ва Институти рассомии ба номи В. И Сурикови шаҳри Маскавро соли 1978 хатм кардааст. Соли 1987 котиби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон интихоб шуда буд. Комил Ёдгоров аслан рассоми монументалист маҳсуб мешавад. Асарҳои ў “Фоҷеъаи Саргазон”,  “Парастуи аввалин”, “Парастуҳои заминҳои навкорам”, “Пиллаи Дилварзин”,  “Аѓбаи Шаҳристон”,  “Тарки дарбор”, “Суѓддухтарон”,  “Қатли шоир”  ва даҳҳои дигар мебошанд. Дорандаи ҷоизаи комсомоли Тоҷикистон (1987) аст. Офаридаҳои ин мусаввири мониқалам дар Чехословакия, Булѓория, Кореяи Шимолӣ, Никарагуа, Япония ва дигар кишварҳо намоиш дода шудаанд. Эҷоди қалами ин ҳунарманд аз марзҳои Тоҷикистон фаротар рафта, дар расадхонаву осорхонаҳои Аврупову дигар манотиқи ҷаҳон зуҳур ёфтаанд. Ў ҳунари ҳайкалсозӣ ҳам дорад. Аз соли 1979 инҷониб Комил Ёдгоров дар корзори ҳунари рассомӣ машѓул аст. Аввалин асари ў “Парастуи нахустин” ном дорад, ки дар намоишгоҳи умумииттифоқӣ ҷойгоҳи волое касб карда буд.

Наққошӣ ва муҷаcсамасозӣ ҳунарҳое ҳастанд, ки қабл аз пайдоиши хат дар зиндагии инсон ҳузур доштаанд. Комил Ёдгор, ин мусаввири барҷаста дар тўли 30 сол ба танҳоӣ беш аз 50 иншооту биноҳои фарҳангию давлатиро бо асарҳояш тазйин кардааст, ки ҳунарсолории  ў шояд бесобиқа бошад. Фақат дар шаҳри Хуҷанд 5 иншооти бузурги фарҳангӣ тавассути дастони мониқалам – Комил Ёдгор офарида шудаанд, ки охирин намунаи он – осорхонаи таърихии вилояти Суѓд аст.

Бузургворе гуфта буд, ки инсон барои саргармии худаш дар шаҳр зиндагӣ мекунад ва дар русто барои саргармии дигарон. Воқеан, Комил Ёдгор аз зумраи чунин инсонҳост, ки дар шаҳрҳову кишварҳо хонд, дид, омўхт, санҷид, такмил ёфту  рушд кард ва дубора ба дудмоне , ки зиндагияш оѓоз ёфта буд, баргашт.

Барои мусаввир Комил Ёдгор имрўз деҳа  қароргоҳи ҳунар гаштааст.  Ба андешаи ў русто бартариҳои зиёд дорад, чун оромӣ, зебоӣ ва ѓайраҳо. Аммо дар зодгоҳ  устохонае надорад, ки қаламкашӣ кунад. Ахиран се маротиба катбӣ ва шифоҳӣ  ба ҳукумати марказӣ  ва ҳукумати вилояти Суѓд муроҷиат кардааст,лек ҳамоно посухи рад шунавид.

Вале ба осори ӯ назар мекунед устохонааш пеш аз ҳама мағзи фикрофаринаш аст. Ҳастанд Расомоне ки устолхаонаҳои муҷаҳҳаз доранд аммо осорашон ба дил роҳ намеёбад. Бинобар ин, дар осори ў симои шодӣ дида намешавад. Бояд таъкид намуд, ки қаламрави ҳар ҳунаре – чӣ тасвирию чӣ наққошӣ аз чашмаи андеша маншаъ мегирад ва ин ҳунар аз дидгоҳи Комил Ёдгор гунае аз андеша аст.

Ба эътимоди Комил Ёдгор, ҳар нафар мувофиқ ба дарду ҳолати худ метавонад асарро дарку фаҳм намояд, яъне пазироии бинанда аз асар бастагӣ ба дарду ҳолати бинанда дорад. Санъати мусиқӣ ҳамсон бо санъати тасвирӣ аз диди ин рассом ниёзе ба тарҷумон надоранд. Ў мегўяд  осори ҳунарии чеҳраҳое чун Микеланҷело, Рафаэл, Леонардо дa  Винчи ҷовидона дар авроқи таърихи башарият маҳфуз мемонанд ва ҳеҷ кўҳнашавӣ надоранд. Аз рассомони Ѓарб ҳамаро эътироф мекунад, хоса рассоми чирадасти Итолиё Сандро Ботичеллиро, ки услуби вежа ва хосаи худро дорад. Олами Комил Ёдгор аз лиҳози фалсафӣ хеле амиқ асту мураккаб.

Оскар Войл, нависандаи ирландӣ  чӣ хуб фармуда, ки “Як ҳунарманди бузург чизҳоро ҳамон тур, ки ҳастанд намебинад, агар медид, ҳунарманд набуд”.  Гумон мекунам, ин гуфторро метавон дар ҳаққи ҳунармандоне чун Комил Ёдгор ишора кард, ки дар воқеъ диде доранд мутафовит аз диди дигарон.

Комил Ёдгор наққоши навпардозест, ки аксаран мавзўъҳоро барои асарҳояш интихоб намекунад, бадоҳатан дар зеҳнаш пайдо намешаванд. Масалан, ў шоҳиди солҳои ҷанги хунин буд, ҳамаро бо ду чашми сар медид. Даҳшатҳои он солҳо, нолаҳои модари писаргумкардаро мешунид. Ин ҳама дар ў таъсире амиқ гузоштааст, ки чун рассом ва ҳунарманд хомўш будану бетараф будан нисбати ин ҳолатро ба худ иҷозат намедиҳад. Дарвоқеъ, рисолати ҳунарманд дар ҳамин  ҷо бурўз мекунад, ки бештару пештар ва амиқтар печидагиҳои зиндагӣ ва муаммоҳои онро бинаду эҳсос кунад ва дар амри кушодани ин чигилҳо талош ба харҷ диҳад.

Дигар аз осори ҷозибаноки ў “Нури ситораи дур аст”, ки  бахшида ба 1100-солагии Исмоили Сомонӣ дар зарфи ду сол офарида шудааст ва айни замон асари мазкур дар Осорхонаи Камолиддини Беҳзод нигаҳдорӣ мешавад. Комил Ёдгор соли 1999 ба унвони рассоми халқии Тоҷикистон мушарраф гашт.

Дигар асари дардолуду фоҷиавии рассом “Фоҷиаи булбул” унвон дорад, ки аз ҳаёту куштори фоҷиаовари Кароматуллоҳи Курбон нақл мекунад. Ба эътиқоди Комил Ёдгор, Кароматуллои Қурбон сарояндае буд  нотакрору бемисл ва дорои овози фавқулодда, ки  умр фурсат надод то дар ҳунари сарояндагӣ ва навозандагии тоҷик таҳаввулоте ба вуҷуд  оварад. ў аз ҷанги хонумонсўзи солҳои 1992-97-ум бо таассуф ёд мекунад, ки ҳам қишри оддӣ ва ҳам истеъдодҳои барҷастаи моро ба коми хеш бурд. Ва дар миёни он ҳама қурбониҳо кам набуданд ҳунармандони моҳир

Асари Комил Ёдгор “Ҳамсояҳо” аз лиҳози мавзўъ ва мўҳтаво  шабоҳате қарин ба “Фоҷиаи булбул” дорад. Рассом дар зиндагии ҳаррўзаи рустоӣ шоҳиди хархашаву мубоҳисаҳои ҳамсояҳост. Ҷангу ҷидолу муноқишаҳо ва нотифоқии онҳо ўро ором намегузорад ва даст мебарад ба тасвири ҳолати рўҳии хеш дар шакли тоблу.  ў аз бемеҳриҳо, аз беотифагиҳои инсонҳо гила мекунад.

“Атои худо” – асарест, ки мавзўи онро Комил Ёдгор мавзуи ором унвон мекунад. ў дар ин мусаввара талош кардааст ҳаёти якрўзаи деҳотиёнро ба тасвир кашад. Гов дар ин тасвир рамзи серию пурист, онро беҳтарин муъҷиза мехонад. Зеро зиндагӣ бидуни маҳсулоти ин махлуқ душвор аст. Он гуна, ки дар тасвир мушоҳида мешавад, ҳамроҳи модар ду кўдак низ ҳузур доранд, ки зебоии ин манзараро даҳчанд мекунад. Рассом ҳадаф аз офаридани чунин асареро таҷассуми зебоии бонуи тоҷик ва мўъҷиза будани вайро медонад.

Дар “Субҳ” рассоми мониқалам ҳаёти ҳаррўзаи инсонҳои гуногунро таҷассум мекунад, ки ба иллати нодориҳо ва талош барои бақо, дар партовгоҳҳои мухталиф ризқи хеш меҷўяд. Дар ин асар рассом кўшидааст нишон бидиҳад, ки ин зумра одамон баҳри ризқи хеш ҳатто бо сагу гурба дар набарданд, чун ин махлуқот низ дунболи қути лоямути хеш мегарданд. Яъне рассом мурод аз чунин наққоширо эътирози худ нисбати камбизоативу нодорӣ баён мекунад ва аз дороён даъват мекунад, дасти кўмак ба эшон дароз кунанд. Ин асари зебо гўиё мегўяд : дар ҳоле, ки Худованд ҷумла инсонро якхел, яъне урён меофарад, чаро қисме нисбати иддае бетараф ҳастанд, чаро мардум дидаи бино боз намекунанд? Ин андешаҳо рассоми моҳирро ранҷ медиҳанд. Ў ин амалкарди инсонҳоро истисмор мехонад.

Комил Ёдгор дар асарҳояш ба вижагии мутобиқати рангҳо бо мавзўъ ва мўҳтаво таваҷҷўҳи хосе дорад. Аз ҷумла, дар асари “Даравгар”, ки мавзўи он воқеан умумибашарист, тарзи ранггузорӣ низ мутобиқи мавзўъ сурат гирифтааст. Ин асар нишон медиҳад, ки ҳамарўза  теъдоди аъзами инсонҳо аз истифода ва истеъмоли машрубот, маводи мухаддир ҷон месупоранд. Яъне мусаввир талош мекунад то ба корбарони ин корзор нишон бидиҳад, ки оқибати ин амалҳо ҷуз маргу фано чизе нест ва рўзе аз рўзҳо доси марг сабзаи инсониятро хоҳад даравид.

Advertisements

May 26, 2010 - Posted by | Culture, Адабиёт, Душанбе, Ишк, Кахрамон, Комил Ёдгор, Мастчох, Муаррифинома, Наққошӣ, Пажухиш, Санъат, Тоҷикистон, Хунар, Identity, Mastchoh, Tajiks, َФолклор

8 Comments »

  1. салом, зинда бод Фирдавсчон, ташаккур бародар,ки чунин корхоро мекуни. офаринат, худованд туро нигахдор шавад.

    Comment by Ajbarjon | May 27, 2010 | Reply

  2. Афсус аз ин абармарди хунар насли чавон бахрае гирифтан наметавонад.Лаънат бар чунин хукумат,ки барои ин хунарманд хучрае чудо карда натавонад.Чавонони масчои ташнаи хунаранд.

    Comment by dust | May 27, 2010 | Reply

  3. Salom ba dusti aziz Firdavsi A’zam!
    Tashakkur az in ,ki chunin shahsiyathoro hanuz dar kaydi hayot budaanshon muarrifi menamoed, ofarin ba shumo.
    Mo hej goh natavonistem farzonagoni kheshro takdir namoem, hej ghh natavonistem yak sohibhunarro bo on hama iste’dodash arzish namoem, hej goh natavonistam dar zinda budanashon kore baroi onho bikunem,tanho pas az guzashtashon yode az ishon mekunem,ki aslan niyoze nest,
    Kosh HUkumati o chunin hunarmandonro kadr mekard.
    Moskva

    Comment by kamol | May 28, 2010 | Reply

  4. Дуруд.

    Наход нашавад ки як нафар ахли зиё, як нафар ахли хунарро бо як устохонаи кучак таь,мин кард, наход чунин як хунармнанде,кид ар арсаи чахон хунари расомии точикро шиносондааст, наарзад,ки як устохонааш созем, наход мо ин кадар нобино шудаем,ки чунин шахсиятхои бузурги фархангиро нодида мегирем.

    Худо моро тавфик дихад.
    ХУдо нигахбон
    Кулоб

    Comment by Чахонгир | May 28, 2010 | Reply

  5. Салом додари азиз Фирдавс!
    Ман пайваста навиштахои шуморо дар ин мулки гурбат мехонам ва хамвора аз чавононе чун шумо ифтихор мекунам, ин дуюмин маводест дар бораи рассоми хушсалика Комил Ёдгор,ки мехонам, аввалиро устоди азиз Салими Айюбзод навишта буданд ва инро шумо.Офарин ба хардуятон.
    Зинда бошед.
    Абдурашид
    шахри Сургут, Россия

    Comment by Абдурашид | May 28, 2010 | Reply

  6. Офарин ба шумо ва кахрамони шумо!

    Comment by Кароматчон | May 28, 2010 | Reply

  7. ХУнари точикро агар хунармандони он боло набаранд хукуамти кишвар харгиз ин корро намекунад хатто вазорати маориф низ ин корро намекунад.Холо кам андар кам нафароне пайдо мешаванд,ки сар дар гиребони андеша фуру бубаранд ва аз ки будану чи будани хеш харф зананд.
    Аз хамаи шумо точикони азиз даьват мекунам то хешро бишносед, фардо дер мешавад.
    Обод бошед
    Субхиддин

    Comment by Субхиддин | May 28, 2010 | Reply

  8. Бо салому дуруд
    Ахсант ба ин гуфтори иктибосшуда КИ МЕГУЯД: “Бузургворе гуфта буд, ки инсон барои саргармии худаш дар шаҳр зиндагӣ мекунад ва дар русто барои саргармии дигарон” нА ИН КИ РАССОМОН БАЛКИ ХАМА АХЛИ ЗИЁИ ДУРУСТКОРИ МО имруз чунин мекунанд.

    Comment by Shohin | May 28, 2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: