Фирдавси Аъзам

Адабу фарҳанги Мастчоҳ

Карим Абдулов


Даргузашти Карим Абдулов – кумунисте, ки ду бор ҳаҷ кард

Даргузашти Карим Абдулов

Профессор Карим Абдулов дунёи фониро тарк гуфт

Профессор Карим Абдулов 26 феврали соли 1939 дар деҳаи Сурхкати Куҳистони Масчоҳ ба дунё омадааст.Ва дар таърихи 6,12,2010 вафот кард. Баъди хатми мактаби миёна дар Техникуми молияи шаҳри Сталинобод, сипас дар Донишгоҳи давлатии миллии Точикистон таҳсил кардааст. То соли 1967 сарварии комсомолону чавонони ин даргоҳи донишро ба уҳда дошт.
Карим Абдулов соли 1970 ба кори ҳизби гузашт. Солҳои 1988-90 дотсент, доктарант ва профессори ДДМТ буд. Аз соли 1991 то соли 1992 ба ҳайси мудири котиботи Президенти Чумҳурии Точикистон кор кардааст. Ҳоло мушовири Раиси Ҳукумати вилояти Суғд, Раиси Чамъияти «Дониш»-и вилояти «Суғд» мебошад. 

Профессор Карим Абдулов бо ордени «Нишони фахри», се медал мукофотонида шуда, сазовори унвони «Корманди шоистаи Точикистон» ва дорандаи чоизаҳои ба номи академик Бобочон Fафуров, ба номи Аловаддин Баҳоваддинов ва чоизаи Иттифоки рузноманигорон ба номи Абулкосим Лоҳути, аъзо-корреспонденти Академияи мардумии Осиёи Марказии «Нури Хучанд» мебошад.

Профессор Карим Абдулов ба мамолики Олмон, Булғория, Сурия, Ирок, Арабистони Сауди, Эрон, Ҳиндустон, Шри-Ланка сафарҳои расми ва эчоди анчом додааст. Ду маротиба мукаддасоти бузурги мазҳаби, аз чумла ҳаччро ба чо овардааст. Дар тарғиби маърифати ислом аз дидгоҳи дуняви рисолаи махсус бо номи «Ҳачнома» таълиф намудааст.

Аз таасуроти сафари эчодии Эрон китоби публисисти иншо кардааст.

Ба калами К.Абдулов китобҳои публисистии «Роҳи беҳбуд» (Роҳҳои пурпечутоби давраи гузариш), «Дар ин дунё» (иборат аз шаш чилд), «Сиёсатномаи асри ХХI», «Ягонагии сухан ва амал», «Абадзинда», «Лоики миллат», «Дарёниҳод», «Аловаддин Бобоев», «Бахти таърихи», «Асъори милли» ва ғайраҳо мутаалликанд. Дар зер чанд намуна аз навиштахои карим Абдулов пешкаш мешаванд.

ДОСТОНИ ҚИСМАТИ ТАЛХИ МИЛЛАТ

УМЕДҲОИ БАРБОДРАФТА

… Моҳи августи соли 1985. Телефони утоқии кориям занг зад. Овози рафиқ Ҳоҷиев (котиби аввали ҳизби коммунисти вилоят)-ро шунидам, ки ба ман супориш доданд: соати 13.15 ба фурӯдгоҳ ҳозир шавам ва соати 14.30 маро котиби аввали Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон мунтазир аст. Рости гап, дар ҳайрат мондам, ба худ савол медодам, барои чӣ маро мудири шӯъбаи ташвиқот ва тарғиботи Кумитаи партиявии вилояти Ленинободро ба Душанбе даъват кардаанд? Оё ягон хатое содир карда бошам? Ё шояд ба кори дигаре…

Бинобар он ки роҳбари ҳизби вилоят шахсан таъкид кард, лозим донистам, ки ба наздашон дароям, то мақсадашонро фаҳмонанд. Аммо мӯҳтарам Р. Ҳоҷиев гуфтанд: «Аввал ба Душанбе равед, пас аз бозгашт сӯҳбат хоҳем кард».

Инак, ман дар вақти муайяншуда дар назди котиби аввали Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ҳозир шудам. Баъд аз сӯҳбати якка ба якка, дар бюрои КМ маро ҷонишини мудири шӯъбаи илм ва мактабҳои олии Комитети Марказӣ тасдиқ карданд.

Рости гап, хеле шод шудам, зеро ки солҳои ҷавониам дар Душанбе–аввал хонандаи техникуми молиявӣ (1955-1958), сипас донишҷӯӣ ва муаллими Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон (1959-1970) гузашта буд. Шароит, шахсони гуногуни шаҳрро хеле хуб медонистам. Махсусан бо зиёиёни ҷумҳурӣ хуб ошно будам. Аксарияти олимон, адибон, коркунони санъатро аз наздик мешинохтам ва ҳамаи ин ба ман имконият медод, ки дар вазифаи нав бо осонӣ фаъолият намоям.

Боз дилпуриям аз он буд, ки мудири шӯъбаамон Абдулбашир Рашидов буд, ки солҳои тӯлонӣ дар Кумитаи ҳизби вилояти Ленинобод якҷоя кор кардаем, ӯ марди оқил, доно, дурандеш, дилсӯз ва хоксор буд. Кори худро хеле хуб медонист. Барои ҳалли масъалаҳои маорифу тандурустӣ дониши хешро дареғ намедонист. Бо ташаббуси ӯ солҳои охир қарорҳои хубе баҳри рушду нумӯи илму фарҳанг, маорифу тандурустӣ қабул шудаанд.

Ба ман роҳбарияти соҳаи маориф ва таъминоти иҷтимоиро супориданд. Аз оғоз мо кӯшиш кардем, ки мавқеи муаллим дар ҷамъият устувор ва эътиборнок бошад.

Бо як шавқи баланд корро оғоз кардам. Аксарияти роҳбарони маориф дар маҳалҳо шахсони кордон, дурандеш, дилсӯз нисбат ба вазифаи худ буданд. Мехостам дар ин ҷо номи чунин маорифпарварон ба монанди Абдурауф Дадобоев, Абдулбашир Рашидов, Бозгул Додхудоева, Ниёз Сафаров ва садҳо дигаронро, ки ҳамаи таҷрибаи худро баҳри тараққиёти маориф дареғ намедоштанд, ба забон орам. Онҳо шаклу усулҳои нави таълиму тарбияро ҷустуҷӯ мекарданд, таҷрибаи пешқадамро доимо дар тамоми ҷумҳурият паҳн мекарданд.

Ман хеле шод будам, ки бо шахси кордону пуртаҷриба, олиҳиммат, донишманд, шахсе ки тамоми нозукиҳои мактаб, таълим, илми педагогика, хислатҳои омӯзгор ва хонандаро хуб дарк мекард–Абдурауф Дадобоев кор кардам ва бисёр нозукиҳои ин соҳаро аз он кас омӯхтам.

Дар хотир дорам, боре Абдурауф Дадобоевич ба наздам даромаданд ва бо оҳанги хос «Салом, Каримҷон!» гуфта нишастанд. Дар чеҳраи устод хастагӣ дидам, ки ба он кас хос набуд. Одатан, Абдурауф-ако бо чеҳраи кушод, хуштабъ ба наздам медаромаданд ва баҳси тӯлонӣ меоростем, дарди дили ҳар як коллективу шахсро мавриди муҳокима қарор медодем ва баҳри беҳбудии соҳа нақшаҳо меандешидем.

Имрӯз пай бурдам, ки устод коҳише дидаанд ва ё аз касе ранҷидаанд.

Пеш аз он ки риштаи суханро кушоям, эшон бо як рамзи ба худ хос, бе муболиға, бо овози форам ба ман рӯ оварда гуфтанд: «Каримҷон, имрӯз ман ба хулосае омадам, ки аз вазифа бояд равам (он кас Вазири маорифи Ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистон буданд). Зеро ки масъалаҳои маориф хеле бисёранд, ҳалли онҳо вазифаи фақат органҳои маориф не, балки вазифаи органҳои партиявӣ, советӣ, хоҷагӣ ва ҳамаи ҷомеа мебошад. Афсӯс, ки на ҳама вақт мақомоти боло (он кас дар назар доштанд пеш аз ҳама роҳбарияти ҳамонвақтаи Комитети Марказиро) маро тарафдорӣ мекунанд. Ба ҷои он, ки аз ташкилоту идораҳо, органҳои советӣ талаб кунанд, ки баҳри тараққиёти маориф ёрӣ расонанд, баръакс ба кори мо халал мерасонанд, на ҳама вақт дастгирӣ мекунанд».

Мо дар атрофи проблемаҳои маориф хеле фикру андеша рондем ва ба хулосае омадем, ки масъаларо пешкаши муҳокимаи Пленуми Комитети Марказӣ кунем ва ҳамин тавр ҳам шуд. Дар вақти тайёрӣ ба Пленум мо дуруст дарк кардем, ки ҳақиқатан камбудиҳо дар ин соҳа хеле бисёранд. Нарасидани синфхонаҳо, набудани мактабҳои миёна дар қишлоқҷойҳо, нокифоягии муаллимон ба назар мерасид. Дар аксарияти мактабҳо таҷҳизоти техникӣ, китобҳои дарсӣ нокифоя буд. Таҷрибаи пешқадам на ҳама вақт дастраси омӯзгорон мешуд. Шароити зисту зиндагонии онҳо паст буд. Музди меҳнаташон ба дараҷаи хеле кам.

Дар яке аз ҷамъомадҳои фаъолонаи маорифи ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Душанбе барпо гашт, бисёрии вазирон, роҳбарони корхонаҳои калонтарин, намояндагони органҳои советӣ, ҷамъиятӣ иштирок намуданд. Дар он ҷамъомад Абдурауф Дадобоев ба ҳозирон муроҷиат карда, қайд намуданд, ки пешрафти маориф ин гарави муолиҷаи ҷамъият мебошад. Агар мо,– гуфтанд Абдурауф-ако,–одами солим, бовиҷдон ба воя расонем, идоракунии ҷамъият осон мешавад, пешрафти илму техника амалӣ мегардад.

Дар ҷамъомад аксари нотиқон нисбати адабиёти ниёгони мо, омӯхтани забони тоҷикӣ баҳсҳои тӯлоние оростанд ва ба хулосае омаданд, ки бояд забони тоҷикиро пеш аз ҳама забони давлатӣ эълон кунем ва махсус ҳуҷҷате қабул шавад, ки омӯзиши забони тоҷикӣ барои ҳамаи сокинони ҷумҳурият ҳукми қонунӣ гирад. Таклифҳо шуданд, ки дар аксарияти донишкадаҳо дарсҳо бо забони тоҷикӣ гузаранд ва ин пешниҳод аз тарафи ҳамаи иштирокчиёни ҷаласа маъқул дониста шуд.

Дар ёд дорам, баъд аз ду-се рӯзи ҷамъомад ба банда аз институти кишоварзӣ Давлаталӣ Давлатов, ки котиби комитети партиявии он буд, занг зада маслиҳат пурсид, оё барои гузаронидани таҳсил дар гурӯҳҳо ба забони тоҷикӣ иҷозат мешавад ё не? Ман аввал дар тааҷҷуб мондам. Оё ягон ҳуҷҷате нисбати бо кадом забон гузаштани дарсҳо қабул шудаанд? Баъд аз омӯхтану ошно шудан бо ҳуҷҷатҳои қабулшуда, маълум гардид, ки супорише будааст ва мувофиқи он дарсҳо аз аксарияти фанҳо бо забони русӣ гузаронида мешудаанд.

Баъд аз ду-се рӯз банда ба мӯҳтарам Давлатов занг задам ва тавсия додам, ки бо хоҳиши донишҷӯёну омӯзгорон бояд шӯрои илмии институт оиди ҷорӣ намудани таълим бо забони тоҷикӣ қарор қабул кунад, хушбахтона ҳамин тавр ҳам шуд.

Ногуфта намонад, ки дар ҷумҳурии мо шахсоне ёфт мешуданд, ки тоҷик бошанд ҳам, муқобили ҷорӣ намудани таълим бо забони тоҷикӣ буданд. Боре оиди ин масъала бо котиби аввали Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Р. Набиев ҳамсӯҳбат шудам ва ақидаи мо як буд ва сӯҳбат ба ман илҳоми нав дод, кӯшиши банда оиди ҳамаҷониба ҷорӣ кардани таълим бо забони модарӣ дар ҳамаи мақомот қариб ки ҷомаи амал пӯшид. Як рӯз мудири шӯъбаамон Б. Умаров ба наздаш даъват кард ва супориш дод, ки аз Маскав, аз Комитети Марказӣ Саенко (инструктори Комитети Марказӣ) гӯё занг задааст ва супориш додааст, ки дар якчанд факултетҳои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таълим ба забони русӣ ҷорӣ карда шавад ва ман бояд гурӯҳи олимон, мутахассисонро ба назди хеш хонам, то ки ин масъаларо мусбӣ ҳал кунем.

Банда табиист, ки муқобили ин таклиф шудам ва пешниҳоди мудирро рад кардам. Хайрият шахсони мӯътабар дар Комитети Марказӣ ҷамъ омаданд ва хушбахтона, ин таклифи аблаҳона рад карда шуд.

Умаров Бахтиёр Султоновичро ба ман муаррифӣ карданд, ки он шахс писари марҳум Президенти Академияи улуми Тоҷикистон мебошанд. Рости гап банда аз ин хабар хеле мамнун шудам, ифтихор доштам, ки бо фарзанди ин олими забардасти аср, физики бузурги мо, шахси хирадманд, сиёсатмадору ватандӯст шинос мешавам. Чунки ман, хушбахтона, бо он олими машҳур шинос будам, солҳои ҷавонӣ, вақте ки роҳбари ҷавонони донишгоҳ будам, ба муносибати ҷашни В. И. Ленин конференсияи илмии донишҷӯён барпо шуд. Дар он олимон, беҳтарин донишҷӯёни ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, Қазоқистон ва намояндагони донишкадаҳои ҷумҳуриҳои дигари СССР иштирок намуданд.

Дар утоқи кориам машғули кор будам, ки сими телефони дохилӣ ҷарангос зад: «Ман Солеҳ Ашӯрович, зуд ба назди ман ҳозир шавед»–шунидам овози ректорро.

Ба қабулгоҳи ректор ҳозир шудам ва медонистам, ки доимо дар дами дари академик одами зиёде интизоранд ва ректор аввал меҳмононро баъд мизбононро қабул мекунад.

Аммо баробари ҳозир шуданам котиба фармуд, ки ба назди устод дароям.

Дар назди ректор як шахси на он қадар қоматбаланд, чеҳрахандон нишаста буд. Солеҳ Ашӯрович ба он шахс нигоҳ карданд ва гуфтанд: «Домулло, ин шахс роҳбари ҷавонони мо…». Банда пай бурдам, ки ин меҳмон, зодаи шаҳри Камоли Хуҷандӣ мебошад, солҳои тӯлонӣ баҳри сулҳу салоҳ, ояндаи ватани хеш, хушбахтии ҳамдиёрон, беҳбудии ватани азиз илм омӯхт, кӯшиш кард, ки онро ба манфиати диёри худ сарф кунад. Султон Умаров ҳарчанд, ки зодаи Тоҷикистон буд, ба монанди садҳо ва ҳазорҳо ҷавонони Тоҷикистон дар кишвари ӯзбекистон илм омӯхт, олим шуд ва солҳои тӯлонӣ ба ҳазорҳо фарзандони Мовароуннаҳр устодӣ кард.

Султон Умарович ба ман як нигоҳи падарона партофта, бо чеҳраи хеле кушод муроҷиат карданд: «Аввало шумо, Каримҷон, худро хушбахт ҳисоб кунед, зеро ки бо шахси бузург, олиме, ки тамоми иттифоқ ва хориҷи он мешиносандаш ва эҳтиром мекунандаш, ҳамнафас ва ҳамсӯҳбат бо шумоянд ва ин кас чӣ хеле ки ман огоҳ шудам, шуморо хеле эҳтиром мекунанд ва шумо бояд як умр эшонро ҳурмат кунед». Сипас Султон Умарович аз проблемаҳои ҳаёти донишҷӯён ва аз нозукиҳои илмҳои дақиқ ва донишҷӯёни алоҳида пурсон шуданд. Банда номҳои Тошмат Бобоев, Сайфӣ Ҳабибов, Абдунабӣ Сатторовро ёд овардам. Дар он конференсия эшон ба даҳҳо олимони оянда тӯҳфаҳои қиматбаҳо супориданд. Аммо банда хато карда будаам. Чӣ хеле ки дар урфият мегӯянд, писар ҷои падарро мегирад. Афсӯс, ки дар шахси Б. Умаров ман инро гуфта наметавонам.

Б. Умаров ба дараҷае беандешаю бехирад буд, ки ӯ аксарияти олимону аҳли коллективи Академияи Улуми ҷумҳуриятро наҳй мезад, ба аксарияти олимон лақаб монда буд. Охир ин ҳамон олимон ва ҳамон коллектив буд, ки ӯро то доктори фанҳо расондааст. Роҳбарияти КМ бо мақсади ба президенти академия пешбарӣ кардан ӯро ба Комитети марказӣ ба кор гирифт, депутати Шӯрои Олӣ интихоб карданд. ӯ шахси хушомадгӯй, бесалоҳияте буд. Одамонро на аз рӯи фаҳмишу донишашон баҳо медод, балки аз рӯи мансаб ба одамон муносибат мекард, агар касеро бад медид аз болои вай бӯҳтонҳо мекард, аризаҳо менавишт.

Боре дар набудани мудири шӯъба ман ҳуҷҷатҳои вуруди шӯъбаро ба коркунони шӯъба равон мекардам. Аризаеро дидам, ки аз номи Эргаш Муҳаммадиев–доктори фанҳои физикаю математика буд ва оиди камбудиҳо, норасоиҳои директори институти математикаи АИ Тоҷикистон Абдлҳамид Ҷӯраев ҳикоят мекард. Бинобар он, ки Б. Умаров ҳамон вақт ҷонишин мудири шӯъба буд, аризаро ба вай фиристодам. Пас аз гирифтани ариза бо як ҳаяҷон ба наздам омад ва китоб кард, ки барои чӣ ин ариза аз қайди шӯъбаи умумӣ гузаштааст. Ман гумон кардам, ки ӯ ҳоло таҷрибаи кори дастгоҳи партиявиро надорад ва тарзи ҳаракати ҳуҷатҳоро намедонад, хостам фаҳмонам. Дар ҳамин ҳолат ба гуфт: «Карим Абдулович, навиштани ин аризаро ман ба Эргаш Муҳаммадиев фармуда будам, бояд ба дасти ман меомад…».

Дар саҳифаи рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» мақолаи баҳсноки Мирбобои Мирраҳим оиди тоҷикони Самарқанду Бухоро чоп шуд ва дар он нисбати тоҷикони ӯзбекистон, ки дар кӯчаю паскӯча, дар ҳамаи маъракаҳо гуфта мешуд, бори аввал дар рӯзнома акси худро ёфта буд. Баъд аз мутолиаи ин мақола ба роҳбарияти ҳамонвақтаи академия чун одат занг задам ва фикри шахсии хешро оиди мақола гуфтам. Баъди чанд вақт роҳбарияти академия занг заданд ва ба фикрҳои ман розӣ шуданд. Ақидаи онҳо низ оиди мақола мусбат буд. Аммо дар атрофи мақола фикру мулоҳизаҳои муқобил пайдо шуданд. Як рӯз ба наздам Бахтиёр Умаров, ки мудири шӯъба буд, бо як коркуни масъули Академия даромаданд ва рӯихатеро нишон доданд ва маслиҳати бандаро шуниданӣ буданд.

Дар он рӯйхат номи мавзӯъ, шахси масъул, ки бояд бар муқобили баромади Мирраҳим мақола нависад, нишон дода шуда буд. Дар он номи зиёда аз 15 олимон оварда шудааст. Ростӣ асабонӣ шудам ва гуфтам, ки магар ҳардуи шумо ҳам он мақоларо мусбӣ ҳисоб накарда будед ва барои чӣ имрӯз аз фикри худ гаштед? Умаров бе мулоҳиза мувофиқи фаросаташ гуфт, ки ин супориши котиби дуюми Комитети Марказӣ Лучинский П. К. мебошад ва мо бояд онро бечуну чаро иҷро кунем.

Баҳси мо тӯлонӣ шуд ва ду номгӯйро тавсия додем ва фақат яктояш ба имзои академикҳо Р. Амонов ва М. Шукуров ба табъ расид, ки умуман мақоларо дастгирӣ карданд. Ба фикрам хонандаи кунҷкоб метавонад хулосае барорад ва донад, ки барои чӣ мо имрӯз ҳамдигарро чашми дидан надорем, миллатчигию маҳалчигӣ ба дараҷаи олӣ расид. Шахсе монанди Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Бобоҷон  Fафуров набуд, ки бо суханони худ, идроку дониши худ роҳи дуруст нишон бидиҳад, то ки ҳамдигарро қурбон накунем.

Дар солҳои 1983-1991 интихоби кадрҳо тамоман яктарафа шуд. Бе маслиҳати Маскав ягон масъала ҳал намешуд. То дараҷае шуд, ки раиси колхозу роҳбари корхона, мудири маориф бе иҷозати Маскав интихоб намешуд. Хешутаборчигӣ ба дараҷаи баландтарин расид. Ҳамаи ин беадолатиҳо, ноинсофиҳо халқро ба дод овард ва мардум ба ақлу идроки худ, баҳри ҳимояи худ партияю созмонҳои нав ба навро таъсис доданд ва таҳти шиори «демократияро ҳимоя ва ҷорӣ мекунем» муборизаро ҳам аз рост ва ҳам аз чап оғоз намуданд.

Асоси бадбахтиҳо дар он буд, ки партияи ҳукмрон ва мансабдорони органҳо ҳокимияти ва давлат ба таъсисёбии ҳизбу созмонҳо иҷозат доданд, лекин бо онҳо якҷоя кор набурданд ва дар натиҷаи муборизаҳои номардона ба оппозитсия гузаштанд ва муқобили Партияи Коммунистӣ ва давлатдорӣ баромаданд, бо дурӯғу пӯписаҳо мардумро фалаҷ карданд.

Ҳар гуна тӯҳматҳо ба унвони ин ва ё он роҳбар дар рӯзномаҳо чоп шуд. Бо тамоми қувва ваҳҳобиҳо дар ҷамъомадҳо байни меҳнаткашон низоъ андохтанд. Аз тарафи органҳои салоҳиятдор, мансабдорони мақомоти олӣ, миёна ва поён ба ҷои корҳои фармондиҳӣ мавқеи бетарафиро гирифта, нисбати онҳое, ки рӯирост қонуншиканӣ карданду муқобили конститутсияи ҷумҳурӣ баромаданд ва барои сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ мубориза бурданд, ягон чорае намедиданд. Ҳукуматдорону роҳбарони ҳизби коммунист хомӯширо пеша карданд, ки ин хиёнат ба ҷамъият буд ва дар натиҷа худи халқ баҳри ҳимояи давлате, ки худ пойдор карда буд, ба муқобили душманони миллату ватан бархест.

Банда бо Лоиқ, Гулназар, Нур Табаров, Абдуқодир Маниёзов, Раҷаб Амонов, Акбар Турсунов ва дигарон баҳри ғанӣ гардонидани забони тоҷикӣ, ҳаматараф омӯхтани он дар мактабҳои олӣ борҳо машварат кардам, то ки як қонуне оиди омӯзиши забони тоҷикӣ қабул карда шавад. Хушбахтона, чунин қонун ба рӯи коғаз омад, лоиҳаи он тайёр шуд. Як комиссияи салоҳиятдор таъсис гардид ва моҳҳои аввал он хеле хуб кор кард, қонун қариб тайёр шуд, аммо дар рафти кор монеаҳои зиёде пайдо шуданд. Як рӯз маро Б. Умаров ба назди худ хонд ва гуфт, ки мо бояд як қонун барои омӯхтани забони русӣ ва тоҷикӣ қабул биекнем, вассалом. Ман ба эшон фаҳмондам, ки оиди забони русӣ дар тӯли солҳои ҳокимияти шӯро қарорҳои зиёде қабул шудааст, аммо сад афсӯс, ки дар бораи забони хеш, ки давлат номи онро дорад, ягон қарор қабул нашудааст. Имрӯз зиёиёни тоҷик сад дареғ, ки забони худро намедонанд, бо он ҳарф задан барои баъзеҳо амри маҳол шудааст. Дар мактабҳои олӣ таълим ҳатто дар гурӯҳҳои тоҷикӣ бо забони русӣ мегузарад. Аксарияти китобҳои таълимӣ бо забони русӣ чоп мешаванд. Олимон корҳои илмии хешро асосан бо забони русӣ иншо мекунанд. Албатта, донистани забони дигар ин нишони маданият ва ҷаҳонбинии васеъ аст. Аммо забони модарии худро донистан ҳам фарзу ҳам суннат аст. Ба Б. Умаров сахт таъкид кардам ва кӯшиш намудам, ки ба ӯ хубтар, дақиқтар фаҳмонам, ки чунин як ҳуҷҷати таърихиро ҳар як фарди тоҷик интизор аст.

Шарм надошта мудир гуфт, ки ин фикри шахсии вай нест, балки котиби дуюми КМ Лучинский П. К. супориш додааст. Банда дар ҷавоб гуфтам, ки шумо бояд фикри шахсии худро дошта бошед ва дарди миллатро донед, сеюм дар асоси дониши кофӣ доштан, дурбин будан, фикри хешро натарсида бигӯед. Шумо, ки коркуни ҷавони партиявӣ ҳастед, бояд донед, ки ҳақиқату ростгӯӣ дар кори партиявӣ бояд ҷузъи муҳимтарин бошад.

Як рӯз ёрдамчии котиби дуюм занг зад ва ба назди котиб даъват кард. Рафтам. Чун ҳарвақта аз ҷой нахеста, салом надода, бо такаббури доимиаш ба ман рӯ овард: «Барои чӣ шумо супоришҳои мудирро иҷро намекунед?». Ман пурсидам, ки кадом супоришҳоро? Гуфт: «Худатон нағз медонед». Банда дарк кардам, ки сӯҳбати ману мудир ба котиб расонда шудааст. Ба Лучинский гуфтам: «Шумо, рафиқ Пётр Кириллович,. Бояд ғами халқи ҷафокашидаи моро бихӯред, онро ҳимоя кунед. Шумо котиби Комитети Марказии Тоҷикистон, на котиби КМ Русия». Сӯҳбатамон тезутунд шуд. Яке аз аъзоёни бюрои ҳамонвақта В. В. Воҳидов маро танбеҳ дода гуфт, ки одам бо калонҳо тезутунд намешавад. Пай бурдам, ки сӯҳбати мо мавриди муҳокима қарор гирифтааст ва, албатта он ба фоидаи ман набуд.

Рости гап, рӯзҳои тӯлонӣ виҷдон азобам медод. Як рӯз ба Лоиқ дарди дил кардам ва ӯ ба ман тавсия дод, ки вазифаи шумо на он қадар калон аст, ки фикри хешро гузаронед, беҳтараш худро азоб надиҳед, ба кори илмӣ машғул шавед. Ин суханҳо маро боз ба дарёи фикр равона кард ва худ ба худ савол медодам, ки аз ин роҳбарияти болои партиявӣ ғайр аз иғво, тӯҳмат, хешутаборчигӣ, ҳамдигарро ғайбат кардан, тухми миллатчигӣ коштан дигар чизе намерӯяд. Суханони Fоиб Қаландаров–сарвари садою симои тоҷик ба ёдам омад. Як рӯз дар толори КМ ҷамъомади роҳбарони ташкилотҳои идеологии ҷумҳурият барпо шуд ва дар он Лучинский П. К. иштирок дошт. Дар вақти суханронӣ ӯ нисбати санъати мо, забони мо, омӯхтани он суханҳои бемаънӣ гуфт ва ягона шахсе, ки ба фикри ӯ розӣ нашуд, шояд дигарон ҳам розӣ набуданд, Fоиб Назарович буд, ки гуфт: «Пётр Кириллович, шумо мегӯед, ки ҳар рӯз дар садою симо «диринг-диринг» мешаваду халос, бубахшед, ин диринг-диринг не, балки шашмақом аст, авлоди суғдиён аз ин ифтихор доранд, бо ин суханҳо шумо санъати аҷдодони моро таҳқир кардед». ӯ суханашро давом дода гуфт, ки «Шумо имрӯз ба мо супориш медиҳад, ки бо ҳамаи забонҳо гуфтори садо ва симоро барем, мо супоришро иҷро мекунем. Аммо пагоҳ ман дар назди халқи тоҷик чӣ ҷавоб медиҳам? Агар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дошта бошад, бояд аксарияти гуфтори садою симо ба он забон бурда шавад». Ин суханҳое буданд, ки дар ҳамон солҳо на ҳар як коркуни масъул ифода мекард.

Банда ҳоло ин суханҳоро ба ёд оварда, худро тасалло медодам, ки ман якто набудам. Халқи шарифи мо одамони шердил, ростгӯю ростқавл, дӯстдори миллату давлати худро бисёр доштааст.

Бо ҳамин кор дар болои лоиҳаи қонуни забони тоҷикӣ ду-се моҳ қатъ гардид. Дар ин муддат ҷои котиби идеологии КМ холӣ буд. Баъд аз интихоби А. Дадобоев ба вазифаи котиби Комитети Марказӣ банда ба наздашон даромадам ва гуфтам, ки мо як ҳуҷҷате дар бораи забони тоҷикӣ омода кардаем ва онро комиссияи салоҳиятдор тайёр кардааст, хуб мешуд, ки шумо як маротиба ҳайати комиссияро даъват кунед.

А. Дадобоевро кайҳо боз мешинохтам, борҳо бо ҳам сару кор доштем. Дар ҷамъомадҳои коркунони Иттифоқи касаба, ки он кас сарвари он буданд, вохӯриҳо мегузарондем ва ақидаамон ҳама вақт як хел буд. Бинобар он боварӣ карда, кӯшиш кардам, ки зарурияти қабули чунин ҳуҷҷатро ба он кас фаҳмонам. Дар ҳақиқат ба як хулоса омадем ва рӯзи маҷлисро муайян кардем.

Дар ҷамъомад А. Дадобоев ба аъзоёни комиссия рӯ оварда ғайричашмдошт гуфтанд, ки хуб мешуд қонуни ягона дар бораи омӯхтани забони русӣ ва тоҷикӣ қабул кунем.

Ҳамоно банда ба хулоса омадам, ки дасисабозии навбатӣ оғоз шудааст. Маълум шуд, ки пеш аз оғози ҷамъомад бо П. К. Лучинский ин нақша кашида шудааст. Ҷамъомад хушбахтона хуб гузашт. Як чизи аҷоиб он буд, ки Акбар Турсунов хеле хуб ва моҳирона баромад кард, дар охири суханрониаш иброз дошт, ки гӯё фикри котиби дуюми КМ бо фикри А. Дадобоев рост меояд. Агар ҳамин хел бошад, қайд кард Акбар Турсунов, биёед ҳамаи масъалаҳоро ба рафиқ П. К. Лучинский ҳавола кунем, зеро маълум мешавад, ки он шахс мутахассиси забони тоҷикӣ будааст. Бо ҳамин ҷамъомад ба охир расид ва бо супориши мудири шӯъба тақдири ояндаи забон ба шахси дигари масъули шӯъба супурда шуд ва бандаро аз ин кори хайр озод карданд ва гумон доштанд, ки баҳсу мунозираҳоро ба фоидаи дасисабозон ҳал мекунанд. Аммо ин тавр нашуд. Аъзоёни комиссия аз як гиребон сар бароварда, масъаларо ҳаллу фасл карданд ва қонун ҷомаи амал пӯшид. Имрӯз халқи шарафманди мо бо як ҳиссиёти калон, масъулияти ҷиддӣ дар ҳамаи мақомҳо–дар органҳои давлатӣ, идораҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо, мактабҳо гуфтугузор бо забони тоҷикӣ ҷорӣ шудааст ва ҳар фарди миллат кӯшиш ва ғайрат дорад, ки қонун пурра дар амал татбиқ гардад.

Рӯз ба рӯз дасисабозиҳову номардиҳо нисбати банда бо сардориии мудири шӯъбаамон шиддаи мегирифт. Баҳудаю беҳуда бо баҳонаи ночизе маро маломат мекарданд ва мекӯшиданд, ки ягон камбудӣ ёбанду ба сари банда бор кунанд. Аз рӯи нақшаи кори нашриёти «Ирфон» бояд китоби ман оиди идеология аз чоп мебаромад ва ҳамин тавр ҳам шуд.

Барои бандаро сиёҳ кардан бо супориш ва маслиҳати Лучинский П. К. Б. Умаров, Ҷ. Латипов (мудири шӯъбаи идеологии КМ) ба Академияи фанҳои ҷамъиятӣ барои додани тақриз китобро фиристоданд ва ҷавобашро низ гирифтанд. Чун ҳамаи асарҳои чопшуда, ки аз камбудиҳо холӣ набуданд, дар тақриз дар баробари тарафҳои мусбати асар камбудиҳое низ баён ёфта будаанд, ки онҳо ба ман маълум набуданд. Дар яке аз Пленумҳои КМ дар маърӯзаи котиби аввали КМ Қ. Маҳкамов чунин суханон низ буданд: «Китоби Абдулов аз камбудиҳо низ холӣ нест». Банда дар ҳайрат мондам, ки китоб алҳол ба фурӯш набаромадааст, дуюм он, ки вай бо тақриз ва тавсияи институти таърихи партияи коммунистии Тоҷикистон чоп шудааст, сеюм аз тарафи як гурӯҳ олимони таърихшинос нашриёт тақризҳои пӯшида гирифтааст. Ман донистам, ки ин кори кист ва чӣ мехоҳанд. Худбинҳо то дараҷае кор кардаанд, ки аз нашриёт ҳамаи ҳуҷҷатҳоро оиди қонунӣ ё ғайриқонунӣ чоп шудани китоб,. Чанд сӯм ҳаққи қалам гирифтан ва қонунӣ ё ғайриқонунии он (оё ман ҳаққи аъзогии ҳизбӣ супоридаам ё на) тафтиш кардаанд ва ягон камбудие наёфтаанд.

Рӯзе бо кадом коре назди А. Дадобоев даромадам ва баъзе масъалаҳоро маслиҳат кардем. Чанде боз андешае доштам, ки нисбати муносибати ману мудири шӯъба ба он кас ҳарфе занам ва ҳамон вақт соаташ расида буд. Банда фикрамро нисбати мудир изҳор кардам. Бояд котиб моро аз рӯи одоби хурдию калонӣ, этикаи корбарӣ ба назди худ даъват мекард ва муносибати калону хурдро мефаҳмид. Афсӯс ин хел нашуд. Баръакс кор ранги дигар гирифт. Баъди ҳамаи ин ноомадиҳо фаҳмидам, ки Дадобоев ва Умаров рафиқони дерин будаанд ва нози ҳамдигарро мебардоштаанд.

Боре дар утоқи кориам бо як ҳиссиёти калон маърӯзаи Пленуми КМ-ро тайёр карда истода будам, ки Умаров ба ман занг зад ва гуфт, ки соати 14 ба назди Дадобоев ҳозир шавам. Рости гап, дар хаёлам ду чиз омад. Аввало гумон доштам, ки рафти тайёрии Пленумро мепурсад, зеро масъул ва ташаббускори он будам, дуюм мумкин барои ҳаллу фасли муносибати ману Умаров ҷеғ зада бошад.

Вақте ки ба кабинети кории котиб ворид шудам, яку якбора чунин суханон садо доданд: «Карим Абдулович, мо маслиҳат кардем, ки вазъияти институти политехникӣ хеле бад аст ва шуморо ба вазифаи дотсенти он таъйин кунем». Ман гуфтам: «Ташаккур ба таклифатон. Ман ҷои кор дорам, дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, дар он ҷо ба воя расидаам, коллективро ҳурмат мекунам ва онҳо низ маро ҳурмат ва эҳтиром мекунанд».

Баъди ин сӯҳбати ногуворе беҷо ба назди Маҳкамов ва Лучинский даромадам ва буду шуди воқеаро гуфтам. Маҳкамов гуфт, ки хуб мешуд пагоҳ сӯҳбат кунем. Розӣ шудам ва ба ҳуҷраи кориам рафтам ва ҳамаи чизҳои шахсиамро ба мошин бор кардам ва ба хона бурдам. Соатҳои 7-и бегоҳ сими телефон занг зад, гӯшакро бардошта, овози Умаровро шунидам, ки мегуфт, ҳозир ба бюро биёед. Ин дафъа умуман дар ҳайрат мондам. Барои чӣ шитобкорӣ? Охир Маҳкамов гуфта буд, ки пагоҳ сӯҳбат мекунем. Ва даҳҳо дигар фикру андешаҳо аз сарам гузаштанд. Ба толори бюро ворид шуда дидам, ки фақат аъзоёни бюро ва Б. Умаров. Дигар шахсе нест. Дадобоев кадом як мактуберо бо овози баланд ва заҳролуд хонда шарҳ дода истодааст. Дар курсӣ нишаста гӯш кунам, сухан дар бораи китоби ман меравад. Баъд аз хондани мактуб Маҳкамов ба ман нигоҳ карда пурсид: «Шумо ягон сухане доред?». Аз ҷой хестам ва ба аъзоёни бюро рӯ овардам ва гуфтам, ки ман ҳеҷ чизро намефаҳмам. Дар ин ҷо чӣ гап рафта истодааст? Мақсади муҳокима аз чӣ иборат аст?

Маҳкамов ба ман рӯ оварда гуфт: «Магар шумо намедонед, ки тақриз дар бораи китоби шумо навишта шудааст?». Пас ман гуфтам, аввало кӣ инро навиштааст? Бо кадом мақсад навиштааст? Дуюм, барои чӣ ман аз он бехабар, барои чӣ маро шинос накарданд?

Лучинский чунон фаъол ва чунон сухандонӣ кард, ки гӯё дар назди ӯ як душмани хиёнаткори миллат нишастааст ва тайёр аст, ки маро ба дор овезад. Ҳамаи аъзоёни бюро хомӯшанд. Яке аз аъзоёни бюро В. Г. Кошлаков ба Лучинский рӯй оварда гуфт: «Ман ҳеҷ чизро намефаҳмам. Дар тақриз тарафҳои мусбат ва манфӣ инъикос ёфтааст. Хатоҳои сиёсиро надида истодаам. Аз рӯи ин мавзӯъ садҳо китоб навиштан мумкин аст. Муаллиф дар баробари кори асосӣ дар вақтҳои холӣ таҷрибаи кори ташкилотҳои партиявиро таҳлил карда, китобе иншо кардааст, ба ҷои он ки ба вай раҳмат гӯем, мо дар ин ҷо муаллифро муҳокима мекунем». Суханони ӯро Акбар Нусратуллоевич Махсумов–Академики Академияи Улуми Тоҷикистон тасдиқ кард.

Банда дар бюро фикри хешро иброз кардам ва дар охири суханам гуфтам, ки имрӯз барои ман аз хама рӯзи нек ва хушбахтест, зеро ки дар вақти ба кори партиявӣ омаданам ашк резонда будам, имрӯз худро хеле хушбахт ҳисоб мекунам, ки аз Лучинскию Дадобоев, Умарову Латифов баринҳо, ки чунин одамонро Ленин «политические проститутки» номида буд, халос мешавам.

Одатан дар тамоми олам мардум бо фарзанди худ, ки дар ҷамъият обрӯ ва эҳтиром доранд, фахр мекунанд. Аммо чунин хислату хирад дар шахси Лучинский, Б. Умаров барин нокасон набуд.

Моҳи июни соли 1988 ман ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба кор омадам. Коллективи факултаи молия ва иқтисод маро котиби ташкилоти партиявӣ интихоб карданд. Коммунистони донишгоҳ ба котибии комитети партиявии донишгоҳ пешниҳод карданд. Дар конференсияи партиявӣ Лучинский ва Умаров иштирок намуданд. Вақте ки номзадии маро ба ҳайати комитети партиявӣ пешниҳод карданд, Умаров баромад кард ва ба коммунистон муроҷиат кард, ки маро ба ҳайати партком дохил накунанд. Номзади худро ба котибии партком аз комитети партиявии шаҳр оварда буданд. Ба ҳамаи он нигоҳ накарда, маро якдилона ба ҳайати партком интихоб намуданд ва номзади Комитети Марказӣ нагузашт.

Сипас сухан оиди аз ҳайати партком интихоб кардани котиб                                                                                                                                                                                            шуд ва боз номи маро гирифтанд. Аммо Лучинский қатъиян гуфтааст, ки агар ҳамин шахс котиб шавад, мо конференсияи партиявии донишгоҳро ғайриқонунӣ ҳисоб мекунем.

Ана ҳамин хел дар майнаи як идда коркунони партиявӣ шайтон лона карда, бо ҳар роҳ кӯшиш менамуд, ки ҳарифи онҳо пеш наравад. Имонам комил, ки хулоса барорам ва қатъиян бигӯям: дар фоҷиаҳои имрӯзаи халқу миллати мо саҳми Лучинский хеле калон аст. ӯ борҳо халқи моро ба шимолу ҷануб, ғарбу шарқ ҷудо кард. Бо бӯҳтонҳо, дурӯғҳо даҳҳо фарзандони тоҷикро бехонумон кард, ба маҳкама кашид.

Соли 1990 аз рӯи ҳаҷми умумии асарҳои чоп кардаам ва алалхусус, тибқи ҳамон китобе, ки мавриди муҳокимаи бюрои КМ гашт, академияи фанои ҷамъиятшиносии назди комитети Марказии КПСС бандаро барои гирифтани унвони доктори фанҳои таърих тавсия дод ва худи ҳамон сол дар Шӯрои илмии институти таърихи партияи коммунистии ӯзбекистон ман рисолаи докторӣ ҳимоя намуда ва баъд аз ду моҳ дипломи доктори фанҳои таърихро соҳиб шудам.

Ба гумонам асоси ҳама нохушӣ ва нокомиҳо дар ҷумҳурӣ дар касофати ба сари кор омадани одамони тасодуфӣ буд, ки аз тарафи мақомоти Маскав фиристонда шудаанд.

Мо дар назди халқҳои русзабон сари таъзим фуруд меорем. Дар тарбияи кадрҳо, сохтмони иншоотҳои азим, тараққӣ додани илм, маориф, тандурустӣ, обёрии даштҳои асрҳои аср бекорхобида, бунёди шаҳру деҳаҳо саҳми онҳо ниҳоят муҳим аст. Аз солҳои инқилоб то ҳол сарҳади зиёда аз 2, 5 ҳазор километраи мо аз тарафи онҳо муҳофизат карда мешавад. Имрӯз ҳам бо ба кадрҳои пурихтисоси сохтмонӣ, иқтисоддонҳо, физикҳо, математикҳо, астрономҳо ва дигарон мӯҳтоҷ мебошем. Бояд чунин мутахассисонро азиз дорем ва онҳоро ба кор даъват намоем. Дар пеш бурдани фаъолияти роҳбарӣ бошад, гумон мекунам, ки таҷрибаи кофӣ дорем. Ҳар як шахс метавонад ин вазифаҳоро бар дӯши худ бигирад. Шарт нест, ки ба ин вазифаҳо аз дигар ҷумҳуриҳо одамонро даъват кунем.

Дар натиҷаи баромади котиби аввали КМ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар анҷумани ҶҶVII КПСС, ки дар он ба тариқи таҷриба ба ҷумҳуриҳои ҳамдигар фиристонида шудани кадрҳо пешниҳод мешуд, боз низоми роҳбарӣ андаке вайрон шуд. Махсусан ба ҷумҳурии мо чун мӯру малах ба ҳамаи мақомот ба сифати шахсони дуюми роҳбарияти партиявӣ аз Русия, Украина бо супориши КМ КПСС кадрҳоро фиристонданд. Кор ба дараҷае расид, ки ба сифати мудири шӯъбаи комитети партиявии ноҳия, раиси райпо аз Маскав одамон меомаданд. Қисме аз онҳо хуб кор мекарданд. Имрӯз ҳам даст ба даст миллатҳои тоҷику ӯзбек, қазоқу қирғиз, туркману тотор ва ғайра кор ва зиндагӣ мекунанд. Масалан, А. И. Костиря хеле хуб дар Комитети Марказӣ ва ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе ва ҳоло дар истеҳсолот кор карда истодааст. Забони тоҷикиро медонад. Расму одатҳои маҳалро эътироф мекунад. Халқ ҳам ба ӯ эҳтиром дорад. Аммо аксарияти онҳо на баҳри беҳ кадани корҳои партиявӣ, ободонии Тоҷикистон, мустаҳкам кардани дӯстии халқҳо омада буданд. Иддае аз онҳо боиси сиёҳ кардани кадрҳои тоҷик, низоъ ва ҷанҷол дар байни миллатҳо, пурзӯр шудани миллатгароӣ меомаданд. Чунин вонамуд мекарданд, ки гӯё онҳо бовиҷдон,  садоқатманд, тоза ҳастанду дигарон не. Дар асл аз ҳар яки онҳо бӯи хиёнат, миллатчигӣ, порахӯрӣ, майзадагӣ мерасид. Боре дар хонаи ҷонишини мудири шӯъбаи КМ А. Афанасйев, ки аз Калининград омада буд, бо В. Зинченко, ки аз Ростови лаби Дон ба сифати ҷонишини мудири шӯъбаи КМ низ омада буд, нишастем, дар рафти сӯҳбати тӯлонӣ (вақти корӣ буд) банда пешниҳод кардам, ки дер шуд, бояд ба кор расем. Ба ҷои он, ки маро дастгирӣ кунанд, ҳардуяшон яку якбора ба ман рӯ оварда гуфтанд, ки ба мо фиристодагони Маскав боварӣ ҳаст, лек ба шумо боварӣ нест, бояд ту ба кор равӣ. Ин шӯхӣ набуд. Зеро дар КМ Лучинский парастори онҳо буд ва ҳамаи омадагон дар зери навои доираи ӯ рақсу бозӣ мекарданд.

Бадбахтӣ боз дар он буд, ки ҳамаи корҳои хуби дар ҷумҳурӣ мешударо сиёҳ карда, ба Маскав хабар медоданд. Касе аз фиристодагони онҳо агар хабар намерасонид, ба вай нобоварӣ изҳор менамуданд.

Боре ба ман собиқ котиби аввали комитети партиявии шаҳри Панҷакент, дӯсти деринаам Ҷамолиддин Ҳомидов гуфт, ки котиби дуюм, ки аз Маскав омада буд, гуфтааст, ки ба ӯ Саенко В. Н. аз КМ КПСС занг зада, аз корҳои ноҳия маълумот намедодааст. Агар оянда ин корро накунад, аз кор озод мешавад.

Бадбахтона, барои баҳои мусбати марказро соҳиб шудан, аз ягон дурӯғу бӯҳтон рӯй наметофтанд онҳо. Бо фитнаи онҳо кадрҳои русзабони маҳаллӣ аз корҳо ронда шуданд.

Масалан, Сарычев ном рус дар Тоҷикистон аз коргари оддӣ то ҷонишини раиси комиҷроияи шаҳри Душанбе, котиби дуюми комитети ҳизби вилоятӣ расид. Ҳамсараш ҳам яке аз мутахассисони беҳтарин буду онҳо дар байни халқ ба эҳтироми калон сазовор гашта буданд. Писари онҳо яке аз бозингарони беҳтарини командаи «Помир» буд. Бо супориши Саенко В. Н. ва Лучинский П. К. ӯ аз кор ронда шуд. Ё худ бо тӯҳматҳои бардурӯғ котиби аввали Комитети ҳизбии вилояти Кӯлоб Салоҳиддин Ҳасанов ба ҳабс гирифта шуд. Даҳҳо нафар аз паси ӯ ба маҳкама кашида шуданд. Бо ин роҳҳо номи халқи тоҷик, кадрҳои ӯ баном мешуданд. Дар натиҷаи тафтишҳо ҳамаи ҳабсшудагон бо С. Ҳасанов беайб дониста шуданд. Зарари маънавию моддиро дар тӯли 5-6 соли маҳбус буданашон кӣ медиҳад?

Дар ёд дорам конференсияи ҳизбии ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанберо. Як рӯз пеш аз оғози конференсия як гурӯҳ вакилонро ба толори комитети ҳизбии ноҳия хонданд ва номзадии ду русзабонро ба вазифаи котиби аввал пешниҳод намуданд. Инҳо яке мудири шӯъбаи комитети ҳизби шаҳри Душанбе, дигаре котиби дуюми комитети ҳизби коммунистии ноҳияи Хуҷанд Высочин Ю. Д. буданд. Ҳарду номзад таҷрибаи кофии корӣ надоштанд, мутахассисони зарурӣ набуданд, шаҳрро намедонистанд. Номзадии Высочин Ю. Д. аз Маскав тавсия шуда буд. Мутасаддии ин воқеа ҷонишини мудири шӯъбаи КМ ҳизби коммунистии Тоҷикистон Рафиқа Мӯсоева ду пои худро дар як мӯза монда, кӯшиш мекард, ки номзадии котиби комитети ҳизби Хуҷанд гузарад. Аммо коммунистон ба хулосае омаданд, ки Высочин Ю. Д. истеъдоди роҳбарӣ кардан надорад. Аз ин рӯ пешниҳод карданд, ки ба вазифаи котиби аввал шахси кордон, обрӯманд Қиёмиддиновро, ки худ зодаи Тоҷикистон аст, дар вазифаҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсии хоҷагӣ фаъолият намудааст, шаҳру ноҳияҳои Душанберо хуб медонад, иқтисодчии хубест, вазифаи мудири шӯъбаи ҳизби ноҳияро ба ӯҳда дорад, пешбарӣ намуданд. Дар маҷлис Р. Мӯсоева сафсатаҳои зиёде мегуфт, ҳаракат мекард, ки номзади тавсиянамудаи ӯ гузарад.

Қиёмиддинов Х.,–мегуфт Рафиқа Мӯсоева,–ба котибии дуюми комитети ҳизби ноҳия тавсия мешавад. Дар натиҷаи баҳсҳои тӯлонӣ Қиёмиддинов Х. низ ба котибии аввали ҳизби ноҳия тавсия шуд.

Дар рафти конференсия роҳбарони мақомоти боло ба назди ҳар як вакил омада таклиф мекарданд, ки ба номзадии онҳо овоз диҳанд.

Ними шаб бошад, баҳс давом дошт. Дар Пленум танаффус эълон карданд. Баъд аз танаффус соати яки шаб Пленум кори худро давом дод. Дар толор котиби аввали комитети ҳизби шаҳри Душанбе Ҳалимов А. ва намояндаи КМ Мӯсоева Р. эълон карданд, ки Қиёмиддинов дар фаъолияти худ камбудию норасогиҳои зиёдеро роҳ додааст. Ҳангоми директори заводи шароббарории шаҳри Душанбе буданаш ба ғоратгарӣ, дуздӣ, порахурӣ ва ғайра роҳ додааст ва худаш низ шарик аст.

Аъзоёни комитети навинтихобшуда дар ҳайрат монданд, худ ба худ савол медоданд: Ин чӣ беадолатӣ? Барои чӣ ҳамаи ин найрангбозиҳо? Агар чунин хатоҳо будааст, пас барои чӣ ва ба хотири кӣ ӯро ба ҳайати комитети ҳизбии ноҳия ва вакили конференсияи ҳизбии дуюми ноҳия тавсия доданд?

Ҳамааш маълум. Мақсад якто. Хотири Лучинский, Саенко ва монанди ин шахсонро набояд ранҷонанд, исбот кунанд, ки ба онҳо «содиқанд».

Высочин «ғалаба» кард.

Оқибат Высочин дар муддати якуним соли кори «рустамона»-и худ ба ду мошини сабукрави «Жигули», як видеомагнитофон, мебели хориҷа, боигарии зиёд, хонаи кори калон, пули беҳисоб соҳиб шуд. Бо ним контейнер ба Душанбе ворид шуду бо се контейнер Тоҷикистонро падруд гуфт.

Аксарияти меҳмонон мизбононро ғорат карданд ва бо чизу чораи зиёд моро хайрбод гуфтанд. Мо кӯшиш кардем, кофтуков кардем, бо ҳамкорони онҳо ҳамсӯҳбат шудем, ҳуҷҷатҳоро, матбуоти давриро варақ задем ва хостем барои худ чизе пайдо кунем ва ба рӯи коғаз орем, ки онҳо пас аз худ чӣ монданд. Ва ба хулоса омадем: кайфу сафо, тӯҳфаҳо, ҳаммом, ишқварзӣ, сиёҳкунии мардуми мо, наҳ задани кадрҳо, фурӯхтани хонаҳо, пур кардани кисаҳои худ ва амсоли ин буд мероси онҳо дар Тоҷикистон.

Ҳамаи ин натиҷаи бесоҳибии Тоҷикистон буд. Натиҷаи сустиродагӣ, бемасъулиятии роҳбарони аввали ҷумҳурӣ буд. Махсусан, солҳои 1985-1990 ғуломи пурраи марказ шудем. Ҳар як шахс ғами худ, оилаи худ, хешутабории худро мехӯрд. Яке аз сабабҳои ҳамаи харобиҳо, ноадолатиҳо, ноинсофиҳо, вайрон шудани муносибатҳои иқтисодию сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон ба шарофати онҳо буд.

Албатта ин ҳама қатрае аз баҳр аст, ки ман ҳамчун ҷонишини мудири шӯъба мушоҳида менамудам.

Дар давраи кори сесолаи худ дар Комитети Марказӣ ягон ҳисси гуворое наёфтам. Ягон масъала ҳал намешуд. Масъалаҳои пешкаши КМ шаванда, рӯи коғаз мемонданд. Масъала на аз рӯи аҳамияти умумидавлатиаш ҳаллу фасл мешуд, балки аз рӯи завқи роҳбари он ташкилот сурат мегирифт. Ҳамчунин аз рӯи дараҷаи муносибату садоқат ба роҳбари болоӣ ҳал мешуд.

Боре дар назди ман вазири тандурустии ҷумҳурӣ мӯҳтарам Г. Пӯлодов омад ва масъалаҳои гузаронидани съезди акушер-гинекологҳои ҷумҳуриро маслиҳат кард. ӯ гуфт, ки ҳама бо механизмҳои гузаронидани съезд розиянд, коллегия онро тасдиқ кард, аммо ба якчанд фикру мулоҳизаи мо София Ҳафизовна Ҳакимова розӣ нест. Ман гӯшаки телефонро гирифтам ва ба муаллима занг задам ва он шахс иброз дошт, ки агар фикри ман нагузарад, маърӯза намекунам, дар съезд иштирок ҳам нахоҳам кард. Ман «ин кори шумо, ба гумонам бе шумо ҳам съезд мегузарад» гуфта, гӯшаки телефонро мондам.

Съезд гузашт. Ҳакимова С. Ҳ. иштирок карданд. Маърӯзаи хеле пурмазмунро қироат карданд. Ҳайати нав бо сардории профессор аъзо-корреспонденти Академияи тиби иттифоқ Ҳакимова интихоб шуд. Бори дигар як ҳуҷҷати асосноки илмӣ аз тарафи роҳбарияти институти тадқиқотии илмии модар ва кӯдак бо имзои Ҳакимова ба КМ пешниҳод карда шуд. Дар он ҳуҷҷат вазъият, шароити зисту зиндагии меҳнаткашони деҳот, муҳити зисти занҳо, ғамхорӣ оиди кӯдак, модар ва даҳҳо дигар масъалаҳо дарҷ шуда буд. Аз нуқтаи назари илмӣ пешниҳодҳои асосноки судбахш баҳри беҳбудӣ ва ҳимояи модару кӯдак, роҳҳои дуруст кардани шароити зист, кор, хондани занҳо, тарбияи фарзанд, зиёд намудани нуқтаҳои тиббӣ, беҳ кардани шароити кории занҳо ва ҳоказо пешниҳод шуда буд. Рости гап, ҳуҷҷат ба дасти банда омад ва бо маслиҳати мутахассисон мо кӯшиш кардем, ки он ба як қарори хубе табдил ёбад, то он ки проблемаи зану кӯдак як қадар бо мафҳуми пуррааш ҳаллу фасл шавад. Афсӯс, ки пешниҳодот ҷомаи амал напӯшид. Чӣ хеле, ки ба ман коркуни шӯъбаамон ахборот дод, гӯё оиди ин масъалаҳо ҳуҷҷатҳои зиёде қабул шудаанд, лек ҳамаи онҳо дар коғаз мондаанд, сабаби иҷро нашудани онҳо коллективи институти тадқиқоти илмии модару кӯдак бо сардории Ҳакимова мебошад.

Банда дар кофтукови ҳуҷҷатҳои қабулшуда омода шудам ва ғайр аз ду-се ҳуҷҷатҳои хурдаке, ки баъди ин ва ё он эпидемия, ки дар ноҳияҳои гуногун рӯй додааст, чизи дигаре, ки дарди дили тамоми занону кӯдакони ҷумҳуриятро ифода кунад, ёфт нашуд.

Рӯзе, баъд аз корхона омадам ва журнали «Занони Тоҷикистон»-ро духтарам Муҳаббат ба ман дод ва гуфт: «Падарҷон, ин мақоларо бихонед ва бигӯед, ки шумо ин занро мешиносед, агар шиносед он кас чӣ хел одам ҳастанд ва метавонед ба ман шинос кунед? Оё ҳамаи навиштаҷот нисбати он кас дуруст аст? Агар дуруст бошад, чӣ хел мо, фарзандони тоҷик аз чунин модарон наболем?».

Ҳамин дам телефон ҷарангос зад. Духтараки хурдиам Нурҷаҳон телефонро бардошт ва чизе ба он касе гуфт ва давида ба назди ман омад. Гӯшаки телефонро бардоштаму овози зани шиносе ба гӯшам расид. Вай асабона, ба гумонам бо оби чашм сухан мегуфт. Ман он касро шинохтам ва гуфтам: «Муаллима, шумо София Ҳафизовна?». «Медонед, домулло, ман–гуфт София Ҳафизовна,–ҳозир аз Ҷиргатол хабаре шунидам, ки намедонам шабамро чӣ тавр рӯз мекунам». «Чӣ шудааст?» гуфта пурсидам. «Мегӯянд, ки модаре дар беморхона таваллуд кардааст ва бо беаҳамиятии духтурҳо кӯдак вафот кардааст, дигаре се рӯз мешавад, ки таваллуд карда наметавонад, мо ба санавиатсия, ба вазорат занг дада, касеро намеёбем, барои рафтан ба Ҷиргатол се коркуни ман омодаанд!».

Масъаларо ҳал кардем. Ҳамааш ба хубӣ анҷомид. Духтарам гуфт, ки номи София Ҳафизовнаро гирифтед. Магар фамилияи он кас Ҳакимова нест? «Бале, духтарам,–гуфтам. –София Ҳафизовна». «Он кас,–гуфт духтарам,–доктори фанҳои тиб, аъзо-корреспонденти академияи илмҳои тибби иттифоқ, директори кадом институте нестанд?». «Бале, ҳамту. Ту ин маълумотҳоро аз куҷо медонӣ, духтарам?». «Ана, дар маҷалла дар бораи Ҳакимова очерке чоп шудааст».

Очеркро бо як ҳаяҷон, ифтихори баланд хондам, ки дар он ҳаёт, фаъолият, муборизаи муаллима инъикос шудааст. Аз ҳамааш он чиз писанди банда буд ва як умр ифтихор дорам, ки зани тоҷики мо чунин хирад ва дониш доштааст. Сухан дар бораи яке ах сафарҳои муаллима ба хориҷа мерафт. Дар яке аз пойтахтҳои давлатҳои Европа дар Симпозиуми байналхалқии гинекологҳо София Ҳафизовна маърӯзаи илмӣ мекунанд ва онро ба иштирокчиён бо забони англисӣ мехонанд. Баъд аз танаффус оиди ин зани шариф баҳсҳои тӯлонӣ оғоз мешавад: яке мегӯяд ӯ араб аст, дигаре мегӯяд, ӯ аз Болгария, сеюмин ӯро аз Ҳиндустон медонад.

Баъд аз танаффус мактуб ба президиуми симпозиум меравад ва савол медиҳанд, ки профессор Ҳакимова аз куҷост, миллаташ чист? Раиси маҷлис муаллимаро ба минбар мехонад ва София Ҳафизовна бо як ҳиссиёти калон боз ҳам бо забони англисӣ мегӯянд: –Ман тоҷикам, аз ноҳияи Конибодом Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи давлати шӯравиро гирифтам ва ҳоказо.

Рости гап, баъд аз хондани маҷалла то як поси шаб хобам набурд ва мехостам, ки зуд бо ин шахси мӯътабар вохӯрам ва пеш аз ҳама узр хоҳам, ки бо телефон аввалин маротиба табъи муаллимаро хира кардам ва сониян аз наздик бо ин зани пурирода, дилсӯз, ростқавл, ростгӯй шинос шавам ва то қатрае метавонам ба кори хайри он кас кӯмак расонам.

Мо вохӯрдем ва на як бору ду бор. Борҳо дар институт будам. Меҳмонашон шудам. Ба хулосае омадам, ки касе нисбати ҳамин зани олим фикри ботиле дорад, ӯ бехирад аст, хиёнаткори халқу ватани худ аст. Чунин бехирадҳо дар Комитети Марказӣ, вазорату идораҳо буданд, ки нисбати ин шахси мӯътабари миллат, ки дар дафтари заррини мо номаш кайҳо сабт шудааст, беҳурматӣ мекарданд. Бо сардории собиқ котиби Комитети Марказии ҳизб Бобосодиқова, ки аслан шахси серталаб, ба кор дилсӯз, баҳри беҳбудии диёр, соҳаи идеология бисёр мекӯшид, ҳамзамон сухани хушомадгӯйҳо, хабаркашҳо, ғайбатчиҳоро нисбати кадрҳои болайқат бовар мекард. Касе ягон маротиба гурбаашро пишт гӯяд ё гуфта бошад, муқобили ӯ ё ба унвонаш эроде гирад, албатта қасос мегирифт. София Ҳафизовна доимо ҳақиқатро мегуфт. Бисёр гуфтору рафтори София Ҳафизовна ба Бобосодиқова маъқул набуд, аз ин ҷо на ҳамаи таклифу пешниҳодҳои муфиди он кас аз тарафи роҳбарияти ҳизбӣ дастгирӣ меёфтанд.

Шояд меваи бадхоҳони миллат буд, ки мӯҳтарам профессор дар охирҳои вақт дугумона шуданд, нисбати роҳбарият умуман нобоварӣ зоҳир карданд, ба суханҳои болохонадор, дабдабаноки як гурӯҳи хурде гирифтор шуданд ва дар матбуот, баромадҳои кушоди худ ба унвони ҳукумат, парламон нобовариҳо изҳор менамуданд ва гумон мекунам, ки ин кору кирдори гурӯҳи дасисабозон буд.

Моҳи май, ҳаво хеле гарм шуд. Дар толори хурди Комитети партиявии вилояти Ленинобод Пленуми обком барпо шуд. Дар он котиби аввали Комитети Марказӣ Р. Набиев иштирок дошт. Вақте ки бандаро дар қатори аввал дид, ба котиби аввали Комитети партиявии вилоят дар бораи ман чизе гуфт. Ба гумонам ҳамон вақт рафтани ман ба Комитети Марказӣ ҳал шуда буд.

Борҳо орзу мекардам, ки боре ба назди котиби аввали КМ дароям, аммо муяссар намешуд. Дар байни коркунони масъули Комитети Марказӣ чунин ақидае буд, ки ба назди он кас, яъне котиби аввал фақат мудирони шӯъба имконияти даромадан доранду вассалом. Сониян, ҳар як коркун ҳаракат мекард, ки дар толор, рӯи ҳавлӣ, берун кӯшиш кунад, ки ба котиби аввал рӯ ба рӯ наояд. Банда аз ин дар тааҷҷуб будам. Худ ба худ савол медодам, ки барои чӣ ин тавр аст. Ман дар Комитети партиявии вилоят 16 сол кор кардам. Бо роҳбарони вилоят тез-тез вомехӯрдам. Агар онҳоро берун аз утоқи кориашон медидам, албатта вомехӯрдам ва салом медодам. Ба гумонам, салом барои ҳар як кас шарт ва зарур аст.

Моҳҳои аввали кориам дар Комитети Марказӣ дар меҳмонхонаи КМ, ки дар кӯчаи Орҷоникидзе воқеъ буд, истиқомат доштам. Ҳар рӯз соати 7.20 дақиқаи пагоҳӣ ба кор меомадам ва агар Р. Набиевро медидам ё мешунидам, ки дар рӯи ҳавлӣ ҳастанд,. Аз рӯи гуфтаи рафиқон кӯшиш мекардам, ки вонахӯрам. Аммо як рӯз тасодуфан дар назди дари баромад ба ҳавлии идора бо Р. Набиев рӯ ба рӯ шудам. Баъди салому алейк Раҳмон Набиевич маро ба гап гирифтанд ва фаҳмидам, ки сӯҳбат кардан мехоҳанд. «Каримҷон, аввало раҳмат,–гуфтан котиб,–ки китобҳоятро ба ман тақдим кардӣ, аммо барои чӣ ба воситаи котиба, чаро худат надаромадӣ?». Ман ростӣ шаф-шаф нагуфта, шафтолу гуфтам. «Раҳмон Набиевич, бубахшед, маро ба наздатон даромадан намонданд ва гуфтанд, ки мумкин не, мо худамон месупорем. Сониян ба ман,–суханамро давом дода шӯхиомез гуфтам,–мегӯянд, ки шуморо дар берун вохӯрдан, салом додан аз рӯи одоб нест». Раҳмон Набиевич хандиданд ва гуфтанд, ки ман ҳам одам ҳастам, кадом вақт лозим шавад, ба наздам дароед.

Як лаҳзаро бояд қайд кунам, ки Р. Набиев табиатро хеле дӯст медоштанд ва ҳар рӯз соати 7-и саҳар ба кор меомаданд ва чун одат дар рӯи ҳавлии Комитети Марказӣ бо касе, ки вохӯрданд, сӯҳбаткунон аз назди гулҳои тару тоза мегузаштанд, ба табиати саҳни ҳавлӣ як рамзи тоза медоданд. Ҳамчун одат албатта бо боғбон, мӯйсафеди нуронӣ сӯҳбатҳои муфид мекарданд ва пас ба утоқи кориашон медаромаданд. Ин одат дар ҳамаи давраҳои кориашон чун анъана буд.

Дар вақти кори Р. Набиев дар сарварии ҳизб ин бори аввал ва охирини сӯҳбати мо буд.

Баъд аз се моҳи кориам маро Бобосодиқова ба наздаш хонд ва гуфт, ки бо таклифи Р. Набиев мо шуморо ба вилояти Қӯрғонтеппа ба вазифаи котиби комитети партиявии вилоят мефиристем. Ман розӣ нашудам ва гуфтам, ки нав ба Душанбе омадаам, хонаи нав гирифтаам, корро наомӯхта ба дигар ҷой намеравам. Рӯзи дигар боз ба наздаш хонд ва гуфт, ки бо Раҳмон Набиев маслиҳат кардем барои фарзандатон, ки дар Душанбе мехонад, хонаи дигаре ҷудо мекунем. Банда розӣ шуд. Дар ин давра Р. Набиев аз кор рафтанд ва бо ман дигар дар атрофи ин масъала гап нашуд. Ҳаминашро аз одамони оқилу доно фаҳмидам, ки гӯё ман одами Набиев бошам ва бояд пеши роҳи маро гиранд ва ҳамин хел ҳам шуд.

Дӯстону душманони Р. Набиев ҳар чизе, ки намегуфтанд, банда нисбати он шахс ҳурмати калон доштам ва минбаъд ҳам инсон, шахсе, ки барои Ҷумҳурии Тоҷикистон кори зиёде кард ҳурмат мекунам. Инак, банда фикри худро нисбати Р. Набиев дар мақолаҳои худ ифода намудаам ва мехоҳам якн аз онро, ки дар рӯзномаи «Паёми Душанбе» аз 21 сентябри соли 1991 чоп шуда буд, ба хонандагони сершумор пешкаш кунам.

«…Боре аниқтараш, соли 1976 дар яке аз чорабиниҳои вилоятӣ, ки дар Қасри маданияти колхози ба номи ӯрунхоҷаев мегузашт, аввалин маротиба банда Раиси Совети Вазирони Тоҷикистонро дидам. Суханронӣ, проблемагузорӣ, забони ширини тоҷикиро хеле хуб донистан, диққати маро ва ҳамаи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд. ӯ гаштаю баргашта дар бораи Тоҷикистон, ободонӣ, тараққиёти он, махсусан соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани маданияти деҳот, зиёд кардани музди меҳнати деҳқонон, робита бо дигар ҷумҳуриятҳо ва берун аз он ҳарф мезад.

Ҳеҷ аз ёдам намебарояд, вақте ки раиси мӯҳтарам хушнудии толорро ҳис кард, дид, ки одамони касбу кори гуногун яке говдӯш, дигаре роҳбари ҳизбӣ, коргару роҳбари  шӯро, сохтмончию олим, коркуни маданияту маърифат, баробар ба ӯ мароқ зоҳир менамоянд. Нохост чунин шеъри яке аз классикони адабиёти тоҷикро:

Чу офтоб ба ҳар заррае нигоҳ андоз,

Чу абр сояи раҳмат ба гиёҳ андоз.

Баланду пастии дунё қафои ҳамдигар аст,

Агар ба моҳ бароӣ, назар ба чоҳ андоз.

Замзама карда, ба нишастагон муроҷиат кард, ки ба наздикӣ рӯзҳои адабиёт барпо мегардад, бояд мо ба он тайёрии ҷиддӣ бубинем ва меҳмонони олиқадрро бо нону намак, суруд, рақс меҳмоннавозии авлодон истиқбол кунем. Нотиқ дар бораи аҳамияти рӯзҳои адабиёт ҳарф зада, бо ифтихори баланд номҳои арбобони адабиёти классикии тоҷик Рӯдакию Хайём, Синою Фирдавсӣ, Ҷомию Камолро ба забон гирифта, устодон С. Айнӣ, М. Турсунзода, М. Миршакар, Б. Раҳимзода, С. Улуғзода, Ф. Ниёзӣ ва дигаронро таърифу тавсиф кард ва шукрона намуд, ки имрӯз М. Турсунзода сарвари адибони мо мебошад ва номи тоҷиконро бо воситаи шеъри худ, сухани худ дар тамоми ҷаҳон маълуму машҳур кард.

Баъди ин суханҳо ман мафтуни ин фарзанди миллат, зодаи диёри Камоли Хуҷандӣ ва Раҳим Ҷалил гаштам.

Доимо омадани ин шахсро ба вилоят интизор будам ва баромадҳояшро бо шавқ гӯш мекардам ва мехостам боре ҳамсӯҳбат шавам.

Хушбахтона, ин муяссар шуд. Боре моҳи июни соли 1985 Раҳмон Набиев–ҳамчун котиби аввали КМ ҲК Тоҷикистон дар пленуми кумитаи ҳизбии вилоят иштирок намуд ва нохост маро дар толор дид ва ба роҳбарони ҳизби вилоят ким-чӣ ҳарфе зад ва баъд аз як моҳ маро ба КМ хонданд ва гуфтанд, ки шуморо Набиев даъват кардаанд. Дар сӯҳбат Раҳмон Набиевич маро пазируфтанд ва гуфтанд, ки ҳамроҳи онҳо дар КМ кор кунам ва ҳамин тавр ҳам шуд. Афсӯс, ки бо ин шахси шариф, кордон, одамдӯст, дурандеш, поквиҷдон кам кор кардем. ӯ бо сабабҳои гуногун, бо бӯҳтон, ҳам аз тарафи коркунони КМ Ҳизби Коммунистии Иттифоқ бо сардории Е. К. Лигачёв ва ҳам як гурӯҳ ҷабрдидагони аппарати ҳизбӣ ва ҳукуматии Тоҷикистон тангнафас гардида, бо ихтиёри худ, яъне аризаи худ аз мансаб даст кашид. Вале дӯстони ҷониаш аз ӯ дур нашуданд ва ягон рӯз танҳоиро ҳам дар утоқи кориаш ва ҳам дар хонааш ҳис накард. Хизматҳои шоён, одамгарӣ, кору кирдори неки ӯро ба назар гирифта, ба гапу калоча, бӯҳтонҳои бардурӯғи баъзе бадхоҳонаш гӯш накарда Раҳмон Набиевро ба депутатии Шӯрои Олӣ пешниҳод карданд ва ӯро якдилона аъзои парламент интихоб намуданд.

Дар съезди ХХ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон бузургиву поквиҷдониаш, ақл ва шарафи ӯро ба назар гирифта, на мансабдорон, на роҳбарони ҳизб, балки деҳқонони оддӣ, вакилон ӯро ба ҳайати КМ пешбарӣ намуданд.

Бояд бигӯям, ки сабабҳои асосии шикасти ҲКШ дар ҳамин тарзи роҳбарӣ, яъне фақат одами худро ба худ наздик кардан, номи худро ҳимоя кардан, ошноҳои худро ба мансабҳо таъмин кардан, аз халқу демократия дур шудан, худписанд шудан, ташкилотҳои ҷамъиятиб сиёсиро аз ҳизбиён дур кардан мебошад. Беҳуда нест, ки намоишчиён истеъфои роҳбарони ҳизбиро талаб ва барҳам додани ҲК Тоҷикистонро батакрор хоҳиш карданд. Чӣ хеле, ки дар урфият мегӯянд, «аз паси як бенамоз ҳамаи қабристон дар азоб аст». Аз пушти як гурӯҳ нохалафон, ҳамаи ҳазорҳо коммунистони поквиҷдон дар азоб мебошанд. Ба гумонам, вақти он расидааст, ҳамаи онҳоеро, ки нопокӣ карданд, хиёнат карданд, ҳимоятгари аъзоёни худ нашуданд, ҷазои сахт бубинанд.

Р. Набиевро натанҳо тоҷикистониён мешиносанд, ҳурматаш мекунанд ва аз ӯ меболанд, балки ӯро зиёиёни ӯзбекистон, аз он ҷумла Президенти он И. Каримов, роҳбарони Русия бо сардории демократи оташсухан Б. Елтсин, ки ҳини котиби аввали КҲ вилояти Свердловск буданаш бо Р. Набиев дӯстӣ доштанд ва ҳоло ҳам равобитро онҳо гум накардаанд, иззату эҳтиром мекунанд, бо корҳои шоёни таҳсин ӯро намояндагони дигар ҷумҳуриятҳо низ нағз мешиносанд.

Мо мардуми тоҷик имрӯз худ имкон дорем, садри аъзами ҷумҳурии хешро бо ирода, бо ақлу фаросати худ интихоб бикунем. Ва дар ин ҷода ба эҳсосот, ҳаёҳую мағалу ғавғо, беандешагӣ, баҳсу талошҳои соддалавҳона набояд роҳ дод. Оқилонро, одилонро, хирадмандонро оқилона, одилона интихоб бояд кард. Гап дар бораи водиҳо, ноҳияҳо, киҳо аз куҷою аз кадом манзил намеравад.

Дар матбуот, радиою телевизион оиди номзадҳои Раиси ҷумҳурият бисёриҳо ҳарф мезаданд. Хаёл мекунам, ки дар ин бӯҳрони мухталифи фикру ақоид мо ҳамагон додаи ҳиссу хаёлоти парешон набошем. Воқеан дар ҳамин рӯзҳо дар рӯзномаи «Комсомолская правда» нохост чашмам ба як ахборе афтода монд. Он ҷо сухан аз хусуси он меравад, ки гӯё Раҳмон Набиев дар сессияи Шӯрои Олӣ дар хусуси интихоби аввалин Президенти ҷумҳурӣ бо номзадии Қаҳҳор Маҳкамов рақобат карда бошад. Алҳазар! Мардум аз он рӯзҳо бо хубӣ огоҳӣ доштанд, дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ шоҳиди он буданд, ки Раҳмон Набиев даъвогари маснади президентӣ набуд.

Имрӯз, ки меҳнаткашони Тоҷикистон аввалин маротиба президенти давлати худро бо хоҳиши умум интихоб мекунанд, бояд ҳамаи мо худро дар тарозуи ақлу идрок бимонем, то боз хатое накунем.

Номзадии ӯро аҳли зол худаш якдилона дар радифи Маҳкамов гузошт ва он рӯз дастгирии бисёр намояндагони халқро пайдо кард. Аҷабо! Рӯзномаи машҳури шӯравӣ ин ҳама воқеотро дидаву дониста, аҷаб ҳангомаҳо мебофад ва ба шахси мӯътабар чунин ақоиди номатлубро муносиб медонад. Рӯзноманигорони маскавии мо аз афташ аз рӯи мақоли машҳури халқ «Андаруни хона нишаста мефаҳмам ҳавои бом»-ро бо он ақли кӯтоҳи хеш чунин таҳриф кардаанд. Аз дурӯғ ҳазар!

Ояндаи миллат, давлати он, байрақи он дар дасти онҳо ва монанди онҳо хоҳад буд.

Имрӯз чӣ хеле, ки мебинем, дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурият номи Раҳмони замон вирди забони ҳар кас гаштааст. Ба ман ба воситаи телефон аз диёри ман–Мастчоҳ хабар доданд, ки қаҳрамонони водии Дилварзин, заҳматкашони шӯҳратманди Мастчоҳи кӯҳӣ, ҳизбиён, намояндагони ҳизби демократӣ, ҷамъиятӣ, «Растохез», пиндорон, ҳамаи ҷавонон бо як дилу ҷон номзадии шахси поквиҷдон Раҳмон Набиевро ба ин мансаб пешниҳод карданд. Ҳамаи меҳнаткашон ӯро дастгирӣ намуданд. Вақте ки ин сатрҳоро иншо мекардам, писарам рӯзномаи «Паёми Душанбе»-ро ба утоқи кориам овард ва чашмам ба шеъри дӯстам, шоири ширинкаломи мастчоҳӣ Усмони Олим афтод, ки дар ҳаққи ин фарзанди накӯкори халқ чӣ хуш гуфтааст:

Он, ки бошад соҳиби ақли расо,

Дӯстдораш мешавад халқу Худо.

Обрӯяш обрӯи миллат аст,

Баҳри миллат садҳазорон давлат аст.

Хушхабар аз паси хушхабар омада истодааст, ки даҳҳо коллективҳо аз водии зарнисори Вахш аз қаҳрамонони Хатлонзамин, водии зархези Ҳисор, кӯҳистони Қаротегин, водии Зарафшон, Хуҷанди бостонӣ, пойтахти азизамон –Душанбе номи ин шахсро ба замбон мегиранд ва шукр ба худо мекунанд, ки фақат Раҳмон Набиев бо ҳамроҳии ҷавонони оянда метавонад аз бӯҳрони сиёсию моддӣ, иқтисодию иҷтимоӣ моро раҳо кунад. Ба ёд наовардан мумкин нест, ки солиёни роҳбари ҷумҳур будан Раҳмон Набиев чӣ қадар бо дили гарм ғами адабиёт ва фарҳанги моро хӯрда, ба корҳое даст зад, ки мо онро ҳаргиз фаромӯш нахоҳем кард. Дар он айём бо сарпарастии вай комплекси бузурги устод Айнӣ, М. Турсунзода, Абӯалӣ Сино, толорҳои иттифоқҳои касаба, Кохи Борбад ва даҳҳо дигар иншоотҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурият сохта шуданд.

Ё худ бо ташаббуси шахсии Набиев бо ҳамроҳии Девони Вазирони СССР таклиф гузошта буд, ки қарори махсуси ҳукумати иттифоқ оиди тараққиёти шаҳри Душанбе бароварда шавад. Ҳаҷми умумии маблағҳо, ки аз буҷети иттифоқ ва вазоратҳо на кам аз 3 миллиардро ташкил дода буд, бояд барои шаҳри зебоманзарамон пойтахти ҷумҳурият сарф мешуд.

Р. Набиев ният дошт, ки аэропорти Душанберо дар ҷои хушманзарае созад, ки он 800 миллион сӯм арзиш дошт, барои экологияи шаҳрро аз бӯҳрон баровардан ба нақша гирифта шуда буд, ки дар атрофи Душанбе роҳи доирашакл барои ронандагони ба дигар шаҳру ноҳияҳо мерафтагӣ созад. Бо як ҳаваси калон ният ва орзу дошт, ки дараи Варзобро боғи миллии давлати тоҷикон эълон кунад ва ҳамаи наботот, дарахтон, гулҳо ва дигар растаниҳое, ки дар ҷаҳон вуҷуд доранд ва дар диёри мо месабзанд, шинонад.

Мо аминем, ки интихоб шудани Раҳмон Набиев ба аввалин президенти Тоҷикистон аз тарафи халқ имконият медиҳад, ки ӯ ҳамаи нақша, орзуҳо ва нияти поку ақли солими худро барои некӯаҳволии халқҳои Тоҷикистон бахшад.

Бо шарофати бозсозӣ ҳизбҳо, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсии нав ба амал омаданд ва яке аз шахсоне, ки ба ҳамаи онҳо сару кор кард, ин Раҳмон Набиев буд ва онҳо ӯро эҳтиром мекунанд. Охир аввалин сӯҳбати ӯ дар саҳифаҳои рӯзномаи «Сухан», «Чароғи рӯз», «Адолат» эҳтироми ӯ ба ин созмонҳо, ба хонандагони ин рӯзномаҳо магар нест?

Ман борҳо дидаам ва шунидаам, ки мароми Раҳмон Набиев ваҳдат, ягонагӣ, дӯстӣ, рафоқати ҳамаи халқҳои Тоҷикистон мебошад. Аминам, ки он кас бо Оинномаи худ ва амалӣ гардонидани он ҳамаи сокинони Тоҷикистонро шод мегардонанд».

Сессияи Шӯрои Олӣ қарор қабул намуд ва дар Конститутсияи Тоҷикистон оиди таъсис кардани шакли идоракунии президент тағйирот даровард, рӯзи интихоботи раиси ҷумҳур низ муайян шуд. Интихобкунандагон ҳамаи хурду калони диёрамон бо як ҳиссиёти калон ҳаматарафа тайёрӣ медиданд. Беҳтарин фарзандони миллат мавриди баҳсу мунозира мешуданд. Дар матбуот, садою симо пешгӯиҳо фаровон буданд.

Дар арафаи интихобот вазъияти ҷумҳурӣ, махсусан шаҳри Душанбе, муташанниҷ буд. Қариб ҳар рӯз дар назди идораи ҳукумат, КМ, Шӯрои Олӣ мардуми зиёде ҷамъ меомаданд ва дар таҳти шиори «демократия», «озодӣ», «истиқлолият», «Аз хоби гарон хез!» ва ҳоказо гирдиҳамоӣ ташкил мекарданд. «Фидоиёни миллат» Акбари Тӯраҷонзода, Шодмони Юсуф, Тоҳири Абдуҷаббор ва гурӯҳи дигаре ташаббускорони чунин ҷамъомадҳо буданд. Мақсадҳо гуногун бошанд ҳам, қариб ки ҳар рӯз мазмуни дигар мегирифтанд. Дар аввал ба назар мерасид, ки гӯё ташаббускор, илҳомбахш ва ташкилотчии ҳамаи ин ҷамъомадҳо ҳизби демократи Тоҷикистон ва созмони «Растохез» мебошад. Бо фишору таҳқиру фиғони мардуми ҷамъомада қариб, ки ҳар моҳ сессияи Шӯрои Олӣ даъват карда мешуд. Яке аз сустиродагии намояндагони халқ он буд, ки дар бисёр ҳолатҳо субъективона, яктарафа масъалаҳоро ҳал мекарданд, қариб буд, ки дар ҳар як сония баҳри ҳаллу фасли талаботи митингчиён дар Конститутсияи ҷумҳурӣ дигаргуниҳо дохил карда мешуд ва ин ба ҷамъомадагон илҳоми нав ба нав мебахшид. Аз як тараф обрӯй ва эътиқоди қисми хурди марду ба ташаббускорони гирдиҳамоиҳо меафзуд, аз тарафи дигар эҳтироми гурӯҳи депутатҳо, ки бепринсипӣ зоҳир мекарданж, масъалаҳоро хом ҳал мекарданд, нодуруст рафтор мекарданд дар назди интихобкунандагон паст мешуд. Рӯз ба рӯз халқи ҷафодидаи мо ба ду гурӯҳҷудо мешуд. Гурӯҳи якум ҳамчун «адолатпараст ва демократ», баҳри беҳбудии халқ, барои истиқлолият мубориза мебурданд. Ин гурӯҳ сиёсати худро ба воситаи тӯлонӣ ва тарсонидани одамон, талаб кардани истеъфои ин ва ё он роҳбар пеш мебурданд. Рӯз ба рӯз қариб, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурият тарафдорони ба ном демократҳо муайян мешуданд.

Авҷи аълои ин гурӯҳ ҳамон вақт беқасаб пӯшид, ки Шӯрои Олӣ дар таҳти фишори митингчиён ва кӯшишу ғайрати гурӯҳи депутатҳо, ки худро «демократ, озодфикр, ҳақиқатпараст» меномиданд, партияи наҳзати ислом қонунӣ шуд ва ҳамаи ташабусро ба зиммаи худ гирифт ва дар таҳти шиори «бо номи Худо, Оллоҳ, Муҳаммад, Қуръони шариф» фаъолияти хешро пеш бурд. Пешвоёни нави ин гурӯҳ рӯи об омаданд. Акнун дар майдонҳо аксар вақт бо сардории Акбари Тӯраҷонзода номҳои эшони Қиёмиддин, Муҳаммадҷон, Саидашраф, Мулло Абдулло, Давлати Усмон, Ҳимматзода, Абдуғаффор ва даҳҳо дигарҳо вирди забон меомаданд.

Кӯшишу ғайрати онҳо, бо роҳҳои гуногун фиреб додани мардум, ҷамъ кардани онҳо дар майдонҳои шаҳри Душанбе то дараҷае расид, ки роҳбарони қонунии ҷумҳурӣ гурӯҳи Маҳкамов, гурӯҳи Аслонов ба истеъфо рафтанд.

Гурӯҳи дуюм, ин ҳукумати қонунӣ, парламенти халқ интихоб карда, ки аксарияти шаҳрвандони ҷумҳурӣ тарафдорони он буданд, ба ҳисоб мерафт. Ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда, қисми халқи бузургвор ба ояндаи неки ҷумҳурӣ боварӣ доштанд, ба воситаи меҳнати худ, рафтори худ вазъияти ниҳоят муташанниҷи сиёсию иҷтисодию маънавии ҷумҳуриро идора мекарданд, кӯшиш мекарданд, ки ҳамаи масъалаҳо бо хубӣ анҷом ёбанд, ҳодисаҳои нанговари моҳи феврали соли 1990 такрор нашаванд, мардуми ҷафодидаи тоҷик дар ду олам шармандаю шармсор нашаванд. Дар кору рафтор, зиндагии ҳаррӯзаи худ мардумро ба тамкинӣ, оромӣ, сулҳ, дӯстӣ, рафоқат, меҳнат даъват мекарданд, шабу рӯз баҳри беҳбудии Тоҷикистон меҳнат мекарданд. Ҳукумат ва парламонро даъват мекарданд, ки принсипнок шаванд, масъалаҳоро аз рӯи ҳақиқат ҳаллу фасл кунанд, ба ҳар гуна тӯҳмат, иғво, бӯҳтонҳо аз тарафи касе, ки набошад, роҳ надиҳанд. Хиёнаткори миллатро ба ҷавобгарӣ кашанд, пеши ҳар гуна гирдиҳамоиҳои бемаъниро гиранд. Агар пеши роҳи ҳамаи ин беадолатиҳоро нагирем, он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон дар хуни шаҳрвандони худ меғӯтад. Бояд талаботи иштирокчиёни гирдиҳамоиҳоро дар тарозуи ақл баркашем, ҳамаи фикрҳои ҷолиби диққатро, ки ба манфиати халқу давлат мебошад, бояд ба эътибор гирем. Ҳамзамон талаботи ғаразнок, ғайриқонунӣ, тӯҳматангез ва монанди инҳоро таҳлил кунем ва исбот кунем, ки ин пешниҳодҳо ғайриқонунианд, онҳо на ба манфиати миллат, баръакс зарба ба миллат, давлат мезананд ва манфиати душманонро ифода мекунанд.

Ана дар чунин шароити басо муташанниҷ комиссияи интихоботии умумиҷумҳурии интихоботи Президент кори худро оғоз намуд. Ҳар як зиёӣ, мутахассис, студент, коргар, деҳқон, нафақахӯр дар дили худ орзуе дошт, ки шахси болайқат, доно, таҷрибанок, пасту баландии зиндагӣ дида, иқтисоддони диёри хеш бояд сарвар шавад.

Банда бо кори хоксоронаи педагогии худ машғули кор ҳар рӯз бо даҳҳо, садҳо дӯстон вомехӯрдам, бо бародарони хеле азизи демократи худ ҳамсӯҳбат мешудам, шогирдонам саволҳои гуногун медоданд.

Инак, пешбарии номзадҳо оғоз шуд.

АЗ ДУШАНБЕ ТО АМОРАТИ МУТТАҲИДАИ АРАБ

Ҳар як шахс орзуе дар дил дорад. Банда умре орзуи оламу одам диданро дорам. Охир, дунёи рангинро бо чашмони худ дидану бо одамони касбу кори гуногун ҳамсӯҳбат шудан ва аз назари миллату халқиятҳои мухталиф баҳравар гардидан, толеи баланд аст. Классикони адабиёти тоҷик–шайх Саъдиву Ҳаким Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷомию Мавлавии Рум, Носири Нисраву Камоли Хуҷандӣ ва даҳҳо бузургони дигар умри худро–яке дар талаби илм пиёдаву савора, дигаре бо майли оламу одам дидан, қисме аз ҷаври замона–дар сафар гузарондаву таҷрибаи зиндагӣ андӯхтанд. Ва чандон дурри маъонӣ суфтанд, ки саропо панди зиндагии оламиён гардид.

Ба гуфти Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, биноҳои обод хароб гардиду қасрҳои шоҳон ба дори фано рафт. Амирону вазирони зиёде омаданду рафтанд. Аз қисме ном мондаву иддае бе ном рафта, вале шоҳасарҳои эҷоднамудаи бузургони илму адаб ҷовидон мондаву туфайли онҳо аҳли дарбору сарварони онҳо, шоҳону вазирон, таърихи шаҳрҳову дунёи қадим то ба имрӯз ба мо расидаанд.

Аз ин хотир гумон мекунам, ки ҷаҳондида ба мурод мерасад.

Банда қисме аз мамлакатҳои Аврупо, Осиё, Африқои Ҷанубӣ ва Ҳиндустонро дида, аз ин сафарҳо ба худ хулосае баровардаам. Пайваста орзуи онро доштам, ки замоне ба зиёрати ватани Расули Акрам Ҳазрати Муҳаммад саллалоҳу алайҳи васаллам низ бирасам. Гумон мекунам, ки ин орзуи ҳар як фарди мусулмон аст.

Дунёи ислом бо тамаддуни худ маъруфи олам аст. Эъмори масоҷиду аҳроми бошукӯҳ бо манораҳои мунаққашу кандакории ниҳоят ҷолиб маҳсули маданияти исломианд, ҳарчанд ки аз сарчашмаҳои қадима низ об хӯрдаанд. Қисме аз ин ёдгориҳои таърихиро метавон маҳз дар он сарзамине зиёрат кард, ки дар хоки он Қуръони маҷид нозил гардидаву аз обу ҳавои он паямбари охирзамон ҳазарти Расули Акрам нафас кашидаву ошомидааст.

Рӯзе бо марди фозилу доно, инсони наҷибу ҷаҳондида Фатҳулло Файзуллоев дар боби оламу одам дидан сӯҳбат доштем, эшон сафар ба Аморати Муттаҳидаи Арабро пешниҳод доштанд. Ҳамин тавр ин сафари солҳо дар хаёлбуда амалӣ гардиду аз 8 то 14 феврали соли 1994, тайи як ҳафта, ман бо ҳамроҳии завҷаам, бо якҷоягии 64 нафар сайёҳ тавассути ҳавопаймо сафар кардем.

Дар ин сафари кӯтоҳмуддат дар дасти худ ашъори шоири шаҳири тоҷик, сарояндаи сулҳу дӯстӣ, одаму одамгарӣ, устод Мирзо Турсунзодаро доштам. Ҳангоме ки ҳавопаймо ба фазо баланд гардид, мисраҳои устод ба ёдам омаданд:

Дар фазоят мепарам озод чун паррандагон,

Медавам дар кӯҳсори хуррамат чун оҳувон,

Сарҳадатро мекунам наззора ҳамчун посбон,

Шеърхонон дар Амуят бо шино ҳастам равон,

Шоиронро ҳусни зебоят ғазалхон мекунад.

Ин мисраҳоро зам-зама мекардаму солҳои студентӣ, давраи кори илмӣ, кор дар органҳои партиявӣ, советӣ, хуллас, гузашти умр пеши назар меомад.

Чӣ фароғату зиндагии гуворое доштем. Ҳодисаҳои феврали соли 1990, баъд солҳои 1991-1992. Чӣ бадбахтӣ, чӣ нокомӣ, чӣ беадолатӣ, чӣ бешармӣ барои миллати мо омад. Имрӯзи Тоҷикистон низ аз пеши назар мегузашт. Ҳарчанд риққатовар бошад, умед ба фардои нек ҳаст. Иншооллоҳ, таърихи бои мо, фарҳанги ғаниамон, дуои неки бузургон, табиати бою сахии ин сарзамин, мардуми ба ору номуси мо, ба давлати навбунёду ҷавонамон рӯҳу тавони нав медиҳанд. Он рӯз дур нест, ки дар саросари сарзамини тоҷикон боз тӯй, боз шодӣ, боз базму боз озодию рафоқату дӯстӣ тантана хоҳад кард.

Бо чунин ният мо ба Ватани аҷдодони пайғамбари охирзамон Ҳазрати Муҳаммад Мустафо сафар кардем. Банда ният доштам, ки дидаю шунидаҳои хешро, ки ба нафъи имрӯзу фардои диёри мо бошад, ба қалам медиҳам.

Вақте ки ба салони ҳавопаймои «ТУ-154» ворид шудем, чашмам ба салони дуюм афтод, ки ними зиёди курсиҳо дар ҷояш набуд. Ҳайрон шудам. Баъд аз фурсате ба наздам пешхизмати зебою кушодачеҳра омад. Пас аз салому алейк аз ӯ пурсидам, ки чаро ин қисмати салон бе курсӣ аст?

–Дар бозгашт сайёҳон бо худ бору чизи зиёде меоранд ва дар ин ҷо бояд онҳоро ҷой кунем,–гуфт стюардесса.

Рости гап, то ҳамин рӯз ман нисбати сайёҳону саёҳат ақидаи дигар доштам. Онро як воситаи истироҳат, бой гардонидани ҷаҳони маънавии шахс мепиндоштам, ки бо барномаи махсуси мушаххас аз шаҳр ба шаҳр меравӣ, ба ҷойҳои аҷоибу ғароиби мамолик ошноӣ пайдо мекунӣ. Бо донишмандон ва мардуми касбу кори гуногун вомехӯрӣ ва ғайра.

Баъд аз кунҷковиҳои зиёде аниқ гардид, ки сайёҳони имрӯза танҳо корчаллонҳо будаанд, ки барои хариди молу мавод ва фоида ситондан сафар мекардаанд. Тибқи муқаррароти ҷорӣ бошад, ҳар сайёҳ то 100 кило борро бе пул ва аз вай зиёдашро ба ҳар кило 3 доллар пул дода меовардаанд. Аз ин рӯ, ҳавопаймои мо ҳанӯз ба манзил нарасида, ман ба хулоса омадам, ки ин гурӯҳҳо сайёҳон не, балки гурӯҳи корчаллонҳоянд ва Шӯрои ҷумҳуриявии «Сайёҳон» барои кори мусаммари эшон шароити мувофиқ бояд муҳайё гардонад, то онҳо бисёртар бо худ мол биёранд. Охир, кас қариб як миллион сӯм пул сарф мекунад ва дар бозгашт моли кироие ҳам бо худ намеорад, ки ин ҷабр барои онҳост. Аз ҷониби дигар ҳар қадар ба диёрамон мол зиёд ворид шавад, ҳамон қадар беҳтар хоҳад буд, арзонии молу мавод аз зиёдии он аст.

Ҳангоми ба Дубай ворид шудан, чунин гурӯҳҳоро аз дигар ҷумҳуриҳои собиқ СССР (Русия, Украина, Озарбойҷон, ӯзбекистон, Арманистон) низ дидем. Дар вақти сӯҳбат маълум шуд, ки аввалан, мӯҳлати сафари онҳо ду-се баробар зиёд, сониян, ба хизмати онҳо ғайр аз ҳавопаймои мусофиркаш, боз ҳавопаймои боркаш ҳам будааст. Ва ҳар як шахс чӣ қадар мол гирад, вайро ба ҳавопаймои боркаш бепул ҷой медодаанд. Баъзан ду ҳавопаймои боркаш хизмати онҳоро ба ҷо меовардааст.

Ба андешаи камина агар ҳукумати Тоҷикистон оиди ин масъала ҳам андешае кунад, аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Дар он сурат мо метавонем аз ин тараф дар ҳавопаймои боркаш пахта, матоъҳои пахтагин, сигор, об, обҳои минералӣ ва монанди инро фиристонем, ки ба чунин мол эҳтиёҷ доранд ва дар бозгашт бори корчаллонҳою тоҷиронро оранд. Ин ҳаматарафа ба фоидаи ҷумҳурӣ хоҳад шуд. Ва чунин хати сайрро бояд ба дигар мамолик низ ташкил кард. Хеле хуб мешуд, ки дар ин бора вазоратҳои саноат, иқтисодиёт, молия ва Бонки миллӣ саҳмгузорӣ кунанд.

***

Ҳавопаймо дар вақти муайяншуда ба фурудгоҳи шаҳри Шорт фуромад. Дар муддати кӯтоҳе бо ёрии мизбонон ҳамаи расмияти меҳмониро ба итмом расондем. Вақте аз бинои фурудгоҳ ба берун баромадем, табиати ҳаво моҳҳои июн-июли Тоҷикистонро ба ёд меовард. Аз тарафи рости фурудгоҳ бинои масҷиди калон ба ду манораи худ қомат афрохта буд, ки аз он ҷо овози азони пешин ба гӯш мерасид. Муаззин хеле форам нидо мекард. Мардуми атрофи масҷид, ки дар масофаи 120-150 метр аз он буданд, ба сӯи масҷид шитоб надоштанд. Ҷо-ҷо даҳ-дувоздаҳкасӣ (дар ҷои кори худ) намоз мехонданд. Қоидаи ягона ба чашм намерасид. Яке сари луч, дигаре пои бараҳна, сеюмӣ бе ҷойнамоз. Касеро дар фурудгоҳ бинед, ба шумо салом медиҳад, бо ҳурмату эҳтиром бархӯрд менамояд. Мардуми он ҷо асосан бо забони англисӣ ҳарф мезананд. Зеро дар Шорт ва дигар шаҳрҳо эронию покистонӣ, ироқию афғон, ҳиндую кореягӣ ва дигар миллатҳо умр ба сар мебаранд. Тозагии даруну беруни фурудгоҳ шахсро дар ҳайрат мемононад. Гулҳои тару тоза, атроф кабудизор, дар ҷойҳои муайян гилем густурда шудааст. Мусофирон метавонанд болои онҳо истироҳат кунанд. Касе сухани беҷо намегӯяд, овоз баланд намекунад. Занҳоро эҳтироми хоса доранд. Дар фурудгоҳ ва дар хиёбону кӯчаҳои шаҳри Дубай кӯдак ё гадоеро намебинед. Қариб, ки афти политсияро дар фурудгоҳ ва дар ҷойҳои сайругашт надидем. Ин нишонаи оромӣ, тинҷӣ, сулҳ, якдигарфаҳмӣ мебошад. Ин амалкунии қонунҳоро нишон медиҳад. Аҷоибии кор дар он аст, ки дар атрофи фурудгоҳ ва дар атрофи хиёбонҳо курсиҳо барои нишаст нестанд, мардум дар сабзазор менишинанд. Шояд ин анъанаи арабҳо бошад, локин дар дохили фурудгоҳ креслоҳои ҳозиразамон хеле зиёд мондагӣ. Чи дар фурудгоҳу чи дар тамоми Аморат расми манзаравии шаҳрҳо ва объектҳои калонитарину зебо нест. Аммо ҷо-ҷо акси шайхҳою байрақҳои давлат дида мешавад. Аксарияти мардум таоми сахтро бо даст мехӯранд. Ҳамаи ин гуфтаҳо умумиятест, ки дар саросарии Аморат хос.

***

Аморати Муттаҳидаи Араб 20 сол пеш таъсис ёфтааст. Бинобар ривоятҳо дусаду панҷоҳ-сесад сол қабл ин сарзамин мулки ҳафт шайх будааст. Аввалин шайхҳои маскуни он ҷо шаш эронӣ ва як араб будааст. Шояд аз ин нигоҳ халиҷро Халиҷи Форс ном гузоштаанд. Ба як ривояти дигар ин шаш шайх баъд аз дусаду панҷоҳ-сесад соли пойдоршавии Ислом аз Эрон омадаанд.

Дубай зиёда аз 500 ҳазор аҳолӣ дорад. Асосан дар ин ҷо эрониҳо, ҳиндуҳо, покистониҳо, бангладешиҳо, ироқиҳо, мардуми Кореяи Ҷанубӣ, албатта арабҳо ва намояндагони дигар миллату нажодҳо низ зиндагӣ мекунанд. Дубай дар гузашта ва имрӯз ҳам маркази тиҷорати Аморат ба ҳисоб меравад. Минтақаи озоди иқтисодии кишвар аст. Қариб аз тамоми ҷаҳон мол мегирад ва ба хориҷа онро мефурӯшад. Дар Дубай танҳо заводи коркарди нефт ҳаст. Дигар ҳамаи чиз–аз моли саноатӣ то хӯрока–аз хориҷ ворид мешавад. Калонтарин фурудгоҳи давлатӣ дар Дубай ҷойгир шудааст. Баъди ҳар чор-панҷ дақиқа як самолёт парвоз мекунад ва ё як самолёт ба замин мефурояд.

Шайхи Дубай Шайх Мақдум бинни Рашид шоҳи Дубай мебошад. Падари ӯ Рашид ду-се сол пеш аз ин аз олам даргузаштанд. Худаш араб аст. Дубай ба ду қисм ҷудо мешавад. Яке Баҳри Дубай, яъне соҳили чапи он, асосан аз дӯконҳо ва бозорҳои хурду калон иборат аст. Шаҳраки қадима. Дар ин қисми шаҳр хонаҳои кӯҳнаи як-ду ошёна ва хонаҳои баланди ҳозиразамони арабисохт қомат рост кардаанд.

Қисми рости Дубай–дарёи Дубай, ки ин қисм асосан аз иморатҳои калон ва баландошёна иборат мебошад. Мағоза ва бозорҳои хеле калони ҳозиразамон сохта шудаанд. Дар қисми рост қасри Шайх дар лаби Халиҷи Форс ҷойгир шудааст. Беҳтарин ва калонтарин масҷиду мадрасаҳо дар ин ҷо ҷойгиранд.

Дуюмин шайхияти Абу Забир дар гузашта низ чун давлати мустақил дар нимҷазира амал мекард. Асосан арабҳо, эрониҳо, ҳиндуҳо, ироқиҳо ва зиёда аз 50 миллату нажод дар он ҷо умр ба сар мебаранд. Раиси давлат шайх Зайд роҳбарии давлатро ба дӯши худ дорад. Масофаи Дубай ва Абу Забир 180-200 километрро ташкил мекунад. Абу Забир низ маркази фарҳангу илм ба шумор меравад. Fайр аз истеҳсоли нафт ва газ ва корхонаҳои хеле хурди истеҳсолӣ молҳои истеҳсолӣ дигар чизе надорад. Мардумро бо молҳои истеҳсолӣ, маводи саноату хӯрока аз ҳисоби Дубай таъмин мекунад. Мадраса ва маркази илм дар Абу Забир ҷойгир шудааст. Абу Забир зеботарин шаҳри аморат ва давлат ба ҳисоб меравад. Аз ҳама бойтарин ва машҳуртарин арабҳо дар Абу Забир умр ба сар мебаранд.

Машваратҳои ҳамаи ҳафт шайхият, ки аъзоёни ҳукумат ва ҳокимияти ба ҳисоб мераванд, дар Абу-Забир мегузаранд. Ҳамаи ҳафт шайхият нисбатан комилҳуқуқ ҳастанд. Ягонтаашон ба корҳои ҳамдигар мухолифат ва дахолат намекунанд. Ҳамаи корҳои сиёсати берунии давлат бо маслиҳати ҳафтнафарон гузаронида мешавад. Ягон маротиба дар муддати 20 соли муттаҳидӣ мухолифӣ ё нофаҳмие аз тарафи ягон шайхият нашудааст. Мардум аз рӯи қонунҳои тасдиқшуда амал мекунанд.

Шайхияти сеюм Шорт, бо забони форсӣ Шорқе. Дар ин шаҳр 300 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Шаҳри хеле зебо. Ҳамаи хиёбонҳо ороиш дода шудаанд. Иморатҳои 18-20 ошёна дорад. Дар шаҳр калонтарин намоишгоҳи комёбиҳои давлат, фурудгоҳ, меҳмонхонаҳои зебо, масҷиду мадрасаҳо амал мекунанд. Асосан арабҳо, эрониҳо, ҳиндуҳо, покистониҳо дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд. Шайхи Шорт доктор Султон Қосимӣ роҳбари Шорт мебошад.

Азбаски фурудгоҳи Дубай хеле серкор аст, ҳавопаймои мо, ҳиндуҳо ва аз давлатҳои дигар дар ин ҷо мефароянд. Масоҳати Дубай ва Шорт 35-40 километрро ташкил мекунад. Шорт қариб ба Дубай пайваст шудааст.

Шайхияти чорум Расулхима буда, 50-60 ҳазор аҳолӣ дорад. Табиати нисбатан хуб дорад. Мардумаш каму беш ба зироатчигӣ машғул аст.

Панҷум шайхияти Ҳуруфигон. Ин ҳам тақрибан 50-60 ҳазор аҳолӣ дорад. Мардумаш асосан арабҳо, эрониҳо, покистониҳо ва ҳиндуҳо мебошанд.

Шашум, шайхияти Амулқубайн зиёда аз 50 ҳазор аҳолӣ дорад.

Ҳафтум шайхияти Алъин аст, яъне чашм. Ин дар гузашта давлат буда, 70-80 ҳазор аҳолӣ дорад. Ашрофон ва бузургони араб дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд. Ин шайхият фарҳанги аз ҳама бузургтару ғанитар дорад. Дар ин ҷо олимони дини Ислом гирд омадаанд. Китобҳои калону хурд дар ин ҷо нашр мешаванд.

Дар натиҷаи авҷи тараққиёти илму техника дар тамоми ҷаҳон, баландшавии сатҳи зиндагии мардум, авҷу камолоти илму фарҳанг ин шайхиятҳоро водор намуд, ки муттаҳид шаванд ва дар ин ҳафт нимҷазира як давлати мустақил ба тариқи конфедератсия ташкил кунанд.

Гумон мекунам, ки ин муттаҳидӣ хусусияти хоси нимҷазираҳост. Ин нимҷазираҳо қариб дар як вақт пайдо шудаанд, қабилаҳои бо ҳам шиносанд ва робитаҳои доимии иқтисодию фарҳангӣ, сиёсию иҷтимоӣ доранд, сатҳи зиндагӣ, дин, характери мардум қариб якхеланд. Ин давлат имрӯз узви Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳид ва аъзои чандин ташкилотҳои бонуфузи умумиҷаҳонӣ мебошад.

Дар ин давлат 1 миллиону 200 ҳазор аҳолӣ умр ба сар мебаранд. Аз ин 700 ҳазор эрониҳо, 120 ҳазор арабҳо ва боқӣ миллатҳои дигар мебошанд.

Зиёд будани эрониҳо, шояд ба он вобастагӣ дошта бошад, ки аввалин шайхҳои ба ин сарзамин омада, тавре ки дар боло ишора шуд, аз Эрон ҳиҷрат карда, дар ин нимҷазираҳо маскан гирифтаанд. Баъд аз Инқилоби Исломии Эрон бисёрии сармоядорон ба ин давлат кӯч бастанд. Имрӯз таъсири эрониҳо барои ободу зебошавии ин кишвар хеле калон аст.

Иншоотҳои маъмурию коммуналӣ, савдою маданӣ, меҳмонхонаҳои пурҳашамат ба маблағи корчаллонҳои Эрон бунёд шудаанд. Масалан, беҳтарин меҳмонхонаҳо дар Дубай, Шорт ва дигар шайхиятҳо бо даст ва маблағи муҳоҷирони эронӣ сохта шудааст.

***

Оғои Мерих сардори ширкате мебошад, ки қабули моро бар ӯҳда дошт. Эронӣ ҳаст ва 10 сол боз аз Эрон омада, дар Дубай якчанд меҳмонхона бо пули худ сохтааст. Бо Русия, Америка, мамлакатҳои Кавказ, Осиёи Миёна иртибот дорад. Ҳар моҳ якуним-ду ҳазор сайёҳонро қабул мекунад. Ширкати мазкур ҳамагӣ 12 нафар коргар дорад. Дар 5-6 меҳмонхонаи ширкат дар як вақт қариб ду ҳазор сайёҳон дам мегиранд. Ташкили кори сайёҳон бар ӯҳдаи ҳамин миқдори ками кормандон аст. Аз фаррошҳо сар карда, то ошпазҳо, маъмурият ва намояндагони ширкат дар фурудгоҳ барои ҳамаи корҳоро ба сомон расондан заҳмати хеле зиёдеро талаб мекунад. Масалан, дар меҳмонхонае, ки мо истиқомат доштем, фарроши навбатӣ ва коркуни ошхона якчанд вазифаро иҷро мекард. Ва ҳамин вазифаҳоро хуб ӯҳда менамуд. Чунин рафти корбарӣ дар ҳамаи ташкилоту корхонаҳо, мағозаю дӯконҳо, масҷиду мадрасаҳо вуҷуд дорад.

Кошкӣ дар мо ҳам як шахс вазифаи худро ақаллан ба таври қаноатбахш иҷро мекарду нони худро ҳалол карда мехӯрд. Афсӯс, ки имрӯз дар ҷумҳурии мо ҳар кас дар кӯшиши он аст, ки чӣ тавр дигареро фиреб диҳад. Ҳатто дар мактабу муассисаҳои таълимӣ одамоне ёфт мешаванд, ки ҳамдигарро фиреб медиҳанд. Аксарияти коркунони идораю мақомотҳои боло қариб, ки кор намекунанд. Зеро худи кори мекардагӣ муайян нест. Аз ин рӯ агар бисёр ҳиммат кунанд, рӯзи худро дар утоқи корӣ бо чойнӯшӣ, ғайбати ин ва ё он шахс ва пеш аз ҳама роҳбарони худ, бегоҳ мекунанд.

Агар ҳукуматдорони Тоҷикистон роҳҳои ба усулҳои нав корбарӣ, интизоми меҳнатро таҳлил накунанд, маданияти ҳуқуқию меҳнатӣ, иқтисодию маънавӣ, ахлоқию сиёсии мардумро ба як низом надароранд, аз ин ҳам бадтар шудани ҷомеа аз эҳтимол дур нест. Мо ба сифати сайёҳ дар давлате будем, ки ҳеҷ чиз нест, вале бо чашмони худ дидем, ки ҳама чизро дорад. Дар Тоҷикистони азизи мо ҳама чиз ҳаст, аммо ҳеҷ чиз надорем. Пеш аз ҳама дар назар дорам, табиати ҳамешабаҳор, обҳои мусаффо, кишоварзии басо ғанӣ, боигариҳои табиӣ (аз тилло сар карда то уран) хуллас, ҳамаи он барои халқро хӯрондану пӯшонидан барзиёд аст, аммо…

Дар Аморати Арабистон на об асту на зироаткорию на ашёи хоми саноатӣ. Аммо чӣ хеле дар урфият мегӯянд, ғайр аз шири мурғ дигар ҳама чиз таъмин аст ва ними зиёди онро корчаллонҳо ба ҳамаи гӯшаю канори ҷаҳон мебаранд.

Як худи оғои Муҳаммадраҳим, ки баъд аз Инқилоби Исломии Эрон ба Аморат омадааст, ду корхонаи муштарак, корхонаи нефт ва корхонаи чойбарорӣ ва ду-се меҳмонхона дорад. Шабу рӯз кор мекунад. Аз сиёсати давлат бохабар аст. Интизоми меҳнатии худ ва кормандҳояш ба талаботи қонунҳои давлат пурра ҷавоб медиҳанд. Ҳам худ ва ҳам коркунонаш, аз фаррош то ҷойнишинҳояш мошинҳои сабукраву пасандозҳои зиёде доранд, зиндагиашон дар сатҳи аълост. Фақат дилаш барои ватан, шаҳри бостонии Язд дар Эрон месӯзад. ӯ борҳо гаштаю баргашта ватани ба ҷон баробари худро ёд мекунад. Солҳои дар Эрон кӯчак будан, калон шудан, ба кор шурӯъ кардани худро ба ёд меорад ва оҳи бадарде мекашад. Сарвату дороияш дар ивази ватан барояш ҳеҷ аст.

–Орзуе дорам, боз ба ватани азизу зебои худ, ватани аҷдодонам баргардам. Ва баҳри халқу давлати худ бештар кор кунам. Саҳмгузории хешро баҳри Эрони азизам дошта бошам,–мегӯяд ӯ.

Ман ҳам аз халқи азизамон, ки тоҷикистониянд, хоҳиш ва таманнои онро мекунам, ки ватани худро дӯст доранд. Дӯстдорӣ дар меҳнат, интизомнокӣ, маданияти баланд, рияои қонуну қарорҳои ҳукумат, ахлоқи воло, моликияти хешу давлатро ҳимоя кардану дӯстию рафоқатро тараннум намудан, кинаю адоватро аз байн бурдан, фарзандони хешу бегонаро дуруст тарбия намудан, инсондӯст будан, нисбат ба меҳмонҳо хушмуомила будан ва амсоли ин таҷассум мегардад.

Ҳамроҳи рафиқони тоҷикистонии худ дар шаҳри Дубай сафругашт мекардем. Бо одамони касбу кори гуногун ҳамсӯҳбат мешудем. Ростӣ, ки аз он сӯҳбатҳо як курта гӯшт гирифтем.

***

Рӯзи дуюми сафарамон аз меҳмонхонаи Шероз ба хиёбони Шероз баромадам ва бо як ҳаяҷон чашмаш ба хиёбону мағозаҳо, одамону нақлиёт ва дилам бо Тоҷикистон, қадам мезадам. Ногаҳон ба гӯшам овози рубоб расид. Марде бо забони форсӣ сурудеро зам-зама мекард. Беихтиёр сӯи дӯкони овозхон роҳ пеш гирифтам.

Баъд аз ворид шудан ба дӯкон марди тахминан 60-65-солаи лоғарандоми қоматбаланд, ки дар қавораю ваҷоҳат ба мардони кӯҳистони мо шабоҳат дошт, рубоби худро болои миз гузошта, бо забони ширини форсӣ маро хайрамақдам гуфту як пиёла чой дароз кард. ӯ Иброҳим ибни Fулом аз Исфаҳон будааст. Дувоздаҳ сол аст, ки дар Дубай дӯкондор шуда кор мекардааст. 10 фарзанд доштааст, ду нафари онҳо ҳамроҳаш кор мекунанд. Боқӣ аҳлу аёл дар Эрон. Ҳар шаш моҳ як маротиба ба аёдаташон ба Эрон мерафтааст. Дар дӯкони на он қадар калони ӯ ҳамаи намуди маводи хӯрока муҳайё. ӯ фахр мекард, ки дар назди меҳмонхонае, ки номи шаҳри Шероз ва хиёбони Шерозро дорост, дӯкон дорад ва ин ном ба ӯ илҳому қувва мебахшидааст.

Баъд аз шиносоӣ аз мусоҳибам хоҳиш кардам, ки суруде бихонад. Оғои Иброҳим ибни Fулом аз шоҳасари Абулқосим Фирдавсӣ аз бобҳои гуфтор андар ситоиши хирад, гуфтор андар офариниши олам, ситоиши пайғамбару ёронаш, гуфтор андар фароҳам овардани «Шоҳнома» кӯтоҳ-кӯтоҳ шеър мехонду онро бо усули ба худ хос мусиқӣ медаровард.

Аз сӯҳбати ӯ пай бурдам, ки ин мард «Шоҳнома»-ро хеле хуб азбар намудааст. Айёми хурдсолӣ вай дар маҳфили «Шоҳномахонҳо»-и Эрон ширкат доштааст.

Аз кору бори дӯкондориаш пурсон шудам. Дӯконро ба иҷора гирифтааст. Соле 20 ҳазор дирҳам (пули Аморат) медодааст. Молро тавассути корчаллонҳо ба даст медаровардааст. Фарз кардем, агар ҳар як кило молро бо нархи 2 дирҳам харид кунад, 2,2 ва 2,3 дирҳам мефурӯхтааст.

Дӯкони ӯ ҳам мисли дигар дӯконҳо фақат дар вақти намозгузорӣ пӯшида аст. Дар дигар ҳолатҳо аз субҳ, яъне соати 6-7-и саҳар то соати ду-сеи шаб кор мекунад.

Очӣ бароям аҷоиб намуд, он буд, ки дар дӯкони ӯ чилимро дидам. Чунин асбобро дар Тоҷикистон дар музейи Беҳзод дида будам. Вақте пурсони он шудам, оғои Иброҳим ба ман хандида гуфт, ки ин чилим 250 сол умр дорад ва аз бобокалонаш боқӣ мондааст. Номи ин асбоб қалён аст. Дӯстони эрониаш ҳангоми фароғат ба назди ӯ омада суруд гӯш кардаву чилим мекашидаанд.

Оғои Иброҳим ибни Fулом ҳикоя кард, ки дар Дубай маркази эрониҳо мавҷуд аст. Аз рӯи нақшаи муайян дар ин ҷо ҳар шаб сӯҳбатҳо, консертҳо барпо мешудааст. Аз осори классикони адабиёти форсу тоҷик шеърбарак мекардаанд.

–Шеърҳои Ҳофизу Ҷомӣ, Хайёму Румӣ, Рӯдакию Фирдавсӣ ба мо, эрониҳои Дубай, умуман мардуми Аморат, рӯҳ мебахшанд,–гуфт ӯ.

ӯ забонҳои англисӣ, ҳиндӣ ва арабиро хеле хуб медонад. Вақте ки дар бораи манзили истиқоматӣ ҳарф задам, гуфт, ки хонаеро ба иҷора гирифтааст. 12 сол аст, ки дар он зиндагӣ мекунад.

РУКНҲОИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ПОЙГОРИИ ДАВЛАТ

Тоҷикистони мо бо таърихи кӯҳани хеш ва алломаҳояш–шоирону нависандагон, олимону фарҳангшиносони беназир фахр дорад. Иншооллоҳ, дар рафти бозсозӣ, таҳлилу хулосабардорӣ, муайян намудани роҳи тараққиёти сохти давлатдорӣ, боз фарзандони файласуф ва сиёсатдонҳо ба воя мерасанд. Онҳо қадрдони тамоми боигариҳои анъанавӣ ва имрӯзаи маънавиёти хеш мегарданд.

Ба фикри банда сохти ҳар як давлат аз се қисм иборат аст. Сохти сиёсӣ, ки демократия, парламент, ҳизбҳо, синфҳо, раъйпурсиҳо, идора, амали қонунҳо, фаъолияти матбуот ва ғайраро дар бар мегирад. Дуюм, сохти иқтисодӣ. Яъне дар натиҷаи таҳлили пайдоиш, тараққи ёфтан ва такмил ёфтани иқтисодиёт, амали қонунҳои он, шаклу усулҳои моликияти гуногун дар ҷомеа, ҷустуҷӯй кардани роҳои такомул ёфтан. Ҳамаи соҳаҳои иқтисод, молия, насия, муомилот пул ва дигар барои ҳокимияти нав, давлати навбунёд аҳамияти нотакрор дорад. Сеюм, рукни ҷамъиятӣ. Мо пеш аз ҳама дар назар дорем омили ҷамъиятиро. Зеро ки асоси инкишофи таърихиро алоқаи ҷамъиятӣ ташкил медиҳад, ки инсонҳоро аз оила то қабила ва миллат дар давраҳои гуногуни сохти ҷамъият муттаҳид месозад. Аз ин ҷо фаҳмиши оила, қабила, миллат, зан, таълим, мусиқӣ, санъат, варзиш ва ҳоказо ба амал омада, ҳокимиятро пурқувват мегардонад ва ҷузъи пайвастаи сохт аст. Бе доштани сохти сиёсию иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ, ки баҳри ҳимояи халқ, некӯаҳволии он равона мешавад, аз ҳокимият ва давлатдорӣ ҳарф задан беҷост.

Банда бо бисёр ақидаҳои арбоби сиёсии барҷаста, сарвари Ҷумҳурии Халқии Либиёи Араб–Муаммар Каззофӣ («Китоби сабз»,. 1992, 134 саҳифа, матбааи АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе) розиям.

Инак, паҳлӯҳои асосии сохти давлатдориро, аз рӯи таҷрибаи сохти сотсиалистӣ, мамолики ғарб ва давлатҳои ҷаҳони сеюм дида мебароем. Вақте ки сухан дар бораи сохти сиёсӣ ва рукни сиёсии давлатдорӣ меравад, мо дар назар дорем демократияро. Дар тамоми олами башарият демократия як шакли давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Ва ҳимояи ҳамин сохтро ба дӯши худ дорад. Ба ҳама аён аст, ки проблемаи аввалдараҷаи сиёсии ҷамъият дар тамоми ҷаҳон василаи ҳокимият мебошад. Ман гумон мекунам, ки то имрӯз ҳалли ниҳоӣ ва демократии ҳокимияти пайдо нашудааст.

Бубинед, дар тамоми ҷаҳон халқҳо, ҷамъиятҳо ба ин проблема, яъне баҳри пайдо кардани василаи ҳокимият, ба хатоҳои ҷиддӣ вомехӯранд. Барои соҳиб шудан ба ҳокимияти сиёсӣ муборизаи осоишта ё мусаллаҳонаи байни синфҳо, тоифаҳо, қабилаҳо, ҳизбҳо, созмонҳо ва шахсҳо авҷ мегирад. Дар натиҷа ин ва ё он ҳизб, синф, қабила ё шахс ғолиб мешавад. Сари қудрат меояд ва пеш аз ҳама ҳизби худ ва атрофиёни худро ҳимоя мекунад. Дар натиҷа демократияи халқу ҳокимияти халқӣ дар коғаз мемонад. Ва нооромӣ, нотинҷиро ба вуҷуд меоварад. Бубинед, сабаби шикасти Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистонро. 57 фоизи овоздодагон ӯро тарафдорӣ кардан ва 43 фоизи шаҳрвандон муқобил буданд. Дар натиҷа ҳизбу созмонҳо ва шахсоне, ки шикаст хӯрданд, бо ёрию таъсири душманони сохт ба мубориза хестанд ва дар натиҷа гирдиҳамоии майдонҳо ба вуҷуд омад, ки он ба ҷанги хонумонсӯз табдил ёфт.

Бояд мо шакли нави демократияи халқиро пайдо кунем. Василаи ҳокимияти халқиро пеша кунем. Чунин демократия ҷорӣ кунем, ки ҳимояи ҳар як шахсро, сарфи назар аз мансаб, мазҳаб, синф, миллат, моликият, боигарӣ ва монанди ин, ҳимоя кунад. Аз ин хотир шаклу усули идораи парламониро таҳлил мекунем. То соли охир номзад ба депутатиро худи ҳизби коммунист пешбарӣ мекард ва мардум маҷбур буданд, ки ба тарафдории ӯ овоз бидиҳанд. Дар ҳама ҳолатҳо як номзад буд. Ягон шахс аслан ҳуқуқи муқобил овоз додан надошт, ба ҳар ҳол ба ин ҷуръат намешуд.

Солҳои бозсозӣ идеяи бисёрмандатӣ ҷорӣ шуд. Дар натиҷа касе пул дорад, одам дорад, ё ҳизби пурқуввате такягоҳаш аст, ҳамон кас интихоб мешуд. Аз таҷрибаи талхи солҳои охир, махсусан интихоботи охирони парлумони Тоҷикистон, қисме аз номзадҳо барои депутат шудан ними моли давлатро ба интихобкунандагон бе пул, ба хотири овози зиёд гирифтан, тақсим карданд. Як номзад аз Душанбешаҳр ба интихобкунандагони округи хеш моҳӣ тақсим кард. Дар натиҷа чунин шуд, ки депутатҳои парламони Тоҷикистон аксарият зархарид мебошанд. Бинобар он қисме аз онҳо василаи ҳокимиятро фақат дар беҳбудии кори худ ва хешу ошноҳои худ мебинанд. Мустақил нестанд. Некӯаҳволии халқ, ҳимояи онҳо дар плани охирини чунин депутатҳо мебошад.

Бо ташаббус ва фишори оппозитсия Қ. Маҳкамов дар сессия аз мансаб сабукдӯш шуд ва Аслонов роҳбари парламон интихоб гардид.

Бо фишори оппозитсия ҳайкали Ленин зӯран вайрон карда шуд. Дар натиҷаи ин ва дигар сабабҳо депутатҳо Аслоновро аз мансаб озод карданд ва Набиевро роҳбари парламон интихоб намуданд. Бо фишору талабҳои ғайриқонунӣ оппозитсия Набиевро маҷбур сохт, ки муваққатан дар давраи интихоботи Раиси ҷумҳур аз мансаб даст кашад.

Сессияи Шӯрои Олӣ бо талаби майдони «Шаҳидон» Сафаралӣ Кенҷаевро аз вазифааш озод кард. Пас аз чанде бо талабу дархостҳои майдони «Озодӣ», сессияи ғайринавбатӣ ӯро ба вазифааш баргардонд. Боз, пас аз талабу дархостҳои оппозитсия, ӯро Раёсати Шӯрои Олӣ аз кор озод намуд.

Бо тӯҳмату фишори оппозитсия Президенти халқ интихобкардаро дар сессия сабукдӯш карданд ва Искандаровро ғайриқонунӣ роҳбари парламон интихоб намуданд. Охирин, ҳамон депутатҳо дар шаҳри бостонии Хуҷанд ғайриқонунӣ озодшавии Р. Набиевро бекор карданд ва шакли президентии идоракуниро аз байн бурданд. Ҳукумати навро интихоб намуданд.

Ҳама фаъолияти парламон бар хилофи қонунҳо сурат гирифт. Дар чунин ҳолат на ҳокимияти халқӣ амал кард, баръакс диктатураи гурӯҳе, ҳизбе, созмоне парламонро маҷбур сохт, ки ба ин хел бесалоҳиятиҳо роҳ диҳад. Агар чунин интихобот дар оянда такрор шавад, боз ҳамон таҷрибаи талх доданаш ногузир аст. Аз ин ҷо ман гумон мекунам, ки шакли парламонии идоракунӣ дар шакли имрӯзааш фиреб асту бас. Ҳеҷ гуна намояндагӣ аз номи халқ ҳокимияти халқ шуда наметавонад. Демократияи ҳақиқӣ фақат дар сурати иштироки худи халқ имконпазир аст. Бояд рӯирост қоил шуд, ки мардуми камбизоат дар чунин шакли интихоботӣ фаъолият зоҳир наменамоянд.

Таҷрибаи талхи Тоҷикистон нишон дод, ки халқ ҳангоми чунин шакли интихоб қурбони зиддиятҳои дохилӣ мешавад. Дар парламони кунунии Тоҷикистон қариб коркуни оддӣ, ҷавон ва занро намебинед. Агар чунин шакли интихобот боқӣ монад, ҷойҳоро мехаранд ва оҳиста-оҳиста системаи ҳокимияти халқӣ ба авмофиребӣ табдил меёбад. Ҳокимият, гумон мекунам, дар ҳамон вақт халқӣ мешавад, ки он пурра ба халқ, фақат ба халқ тааллуқ дошта бошад. Чунин намуди ҳокимият дар солҳои аввали ҳокимияти Шӯро вуҷуд дошт. Масалан, дар ҷойҳо комитетҳои халқӣ, комиссариатҳои халқӣ аз номи залқ бо иштироки халқ амал мекарданд. Ба ёд оред комиссариатҳои халқии маориф, тандурустӣ, ҳарбӣ, саноат ва ҳоказо вуҷуд доштанд. Беҳуда набуд, ки солҳои 60-ум ҳокимияти советҳо ба ҳокимияти халқӣ табдил шуд ва он имрӯз дар коғаз амал мекунад.

Хуб мешуд, ки ба ҷои парламент конгресси халқӣ, комитетҳои халқӣ, конгресси халқии мунитсипалӣ таъсис дода шавад. Мо аз таҷрибаи талхи шакли парламентии идоракунӣ медонем, ки чунин методи давлатдорӣ дар ҷаҳон бераҳмтарин диктатура ба ҳисоб меравад.

Масъалаи дигаре, ки имрӯз моро ба ташвиш андохтааст, ин ҳизбҳою созмонҳо мебошанд. Банда тарафдори мавҷудияти ҳизбу созмонҳое ҳастам, ки на барои мансаб ва мансабгирӣ амал мекунанд. Баръакс, баҳри беҳбудии халқ, мустаҳкамшавии ҳокимияти халқӣ саҳмгузорӣ мекунанд.

Ҳамаи ҳизбҳо, созмонҳо, аққалиятро ташкил мекунанд. Диктатура гурӯҳи хурдеро таҷассум мекунад. Аз ин хотир бояд мо чунин тарзи системаи ҳокимияти халқӣ дошта бошем, ки таъсири ҳизбҳо дар идоракунии давлат набошад. Имрӯз дар ҷаҳон ҳизбҳои парламонӣ зиёд шуда истодаанд ва онҳо ҳеҷ гоҳ, ҳеҷ вақт, халқро ҳимоя намекунанд. Нисбати аксарият зӯроварӣ зоҳир намуда, ба фаъолияти ҳокимият монеъ мешаванд. Аз тарафи дигар ҳизбу созмонҳои зиёд ва мухолиф рафти тараққиёти ҷамъиятро боз медоранд. Баҳри мақсадҳои қабилавӣ, ноҳиявӣ, соҳавии худ бо ҳар баҳона ба ҳокимият халал мерасонанд. Масалан, кӣ муқобили сохтмонҳои калонтарини ҷумҳурӣ–Роғун, заводи аккумулятории Кӯлоб, алюмини тоҷик, химияи Ёвон, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа–Кӯлоб баромад? Албатта, ҳизбҳои навбаромад ва «падару модарон»-и миллат.

Биёед, ҳодисаҳои солҳои охири Тоҷикистонро пеши назар орем. Кӣ ва чӣ ҳаёти ороми моро вайрон кард? Кӣ ва чӣ маҳалчигиро ба дараҷаи аъло расонд? Кӣ ва чӣ моро ба майдонҳо ҷудо кард? Кӣ ва чӣ тоҷикро ба тоҷик ҷанг андохт? Кӣ ва чӣ президенти халқ интихобкардаро зӯран аз вазифааш сабукдӯш кард? Кӣ ва чӣ «ҳукумати муросои миллӣ»-ро таъсис дод? Кӣ ва чӣ сабаб шуд, ки имрӯз ҳамватанони мо фирорӣ шуданд? Кӣ ва чӣ таъсир расонд, ки имрӯз нанги дар таърих нашударо тоҷики мо раво дидааст ва дари давлатҳои дунё, созмонҳои гуногуни ҷаҳонро охурча карда, ҳукумату ҳокимияти хешро наҳ мезананд ва мехоҳанд вазъи ноороми моро боз ҳам ноороамтар кунанд? Бо сабаби кӣ ва чӣ имрӯз тоҷик дар ҳудуди давлати ҳамсоя паноҳ шуда, тоҷикро тирборон мекунад? Кӣ ва чӣ моро маҷбур кард, ки хароҷоти зиёдеро барои ҳимояи сарҳад аз ҳамватани худ сарф кунем? Албатта, ҳамон ҳизбҳою ҳамон созмонҳою ҳамон «падарон» ва «модарон»-и миллат сабабгори ин ҳама бесомониҳоянд.

Вақте ки сухан аз боби ҳизбу ҳизббозӣ меравад, бояд мо дар конститутсияи хеш муносибати ҳокимияти халқиро нисбати онҳо аниқ ва дақиқ инъикос кунем. Бояд дар матни конститутсия қайд кунем, ки дар давлати ҳокимияти халқӣ бисёрақидагӣ, бисёрҳизбӣ бар хилофи қонунҳои давлат фаъолият накунанд. Ба кору фаъолияти ҳокимияти халқӣ таъсири манфӣ нарасонанд. Баръакс, бо кору рафтори худ ҳокимияти давлати моро ғанӣ гардонанд, баҳри ободию осудагӣ, сулҳу амонӣ саҳмгузор бошанд. Идеологияи рафоқат, дӯстӣ, бародарӣ, баробарӣ, ҳамдигарфаҳмиро тараннум кунанд. Кӯшиш ба харҷ бидиҳанд, ки маданияти ахлоқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангии аъзоёни ҷомеаро баланд бардоранд.

Мо бояд кӯшиш ба харҷ бидиҳем, ки дар ҳокимияти халқ ягон ҳизбро дохил накунем. Касе роҳбари мақомотҳои гуногуни ҳокимият мешавад, муваққатан аз аъзогии ҳизб худдорӣ бикунад. Дар конститутсия мафҳуми ҳизбҳои парламентӣ бояд манъ карда шавад. Ҷумҳурии халқии Тоҷикистон бояд ҳокимияти халқиро тараннум кунад.

Масъалаи дигаре, ки бояд мавриди баҳс қарор гирад, ин системаи сиёсии синфӣ мебошад. Вақте ки мо дар бораи ҳокимияти халқӣ сухан мегӯем, синф, ҳизбҳо, қабила, қавм, ҳамаи онҳо аз халқ баромадаанд ва ҳар яки онҳо манфиати худро ҳимоя мекунад на ҳукумати халқро.

Асосгузорони коммунизми илмӣ дар васфи ҷамъияти бесинфӣ асарҳои бебаҳо эҷод кардаанд ва мақсаду мароми шакли сиёсии давлатдориро ҳокимияти халқӣ ном додаанд. Зеро дар зери мафҳуми халқӣ мо оила, қабила, аҷдод, синф ва миллатро мебинем. Агар як синфро бисёртар тараннум кунем ва нисбати дигараш беаҳамиятӣ кунем, ин ҳам ба диктатураи як синф аз болои синфи дигар табдил хоҳад шуд.

Вақте ки як синф моликияти синфи дигарро мусодира мекунад, онро азони худ мекунад ва ҳокимиятро ба даст мегирад, чунин тарзи фаъолият зиддияти ҷамъиятиро тезутунд мегардонад ва дар натиҷа сохти ҳокимиятро ноором мегардонад. Аз ин хотир мубориза барои ҳукмронӣ аз болои ҷамъият дубора оғоз мешавад. Ҳар яки он кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳокимиятро ба даст гирад.

Агар имрӯз В. И. Ленин дар ҳаёт мебуд, гумон мекунам, ки таҳлили ҳодисаю равишҳо, пастию баландиҳо, омӯхтани қонунҳои ҷамъият ӯро водор мекард ва ба хулосае меомад, ки нобуд сохтани як синф ва ба сари ҳокимият овардани синфи дигар, ба фоидаи ҷомеа, махсусан ҳокимияти халқӣ нест.

Таърихи давлатдории ҷаҳон нишон медиҳад, ки базаи моддию техникӣ, сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба дасти як синф, ҳизб, қабила ва ҳоказо бошад, зуд ё дер ба шикаст дучор мешавад. Ягона роҳе, ки давлатро ба мурод мерасонад, ин ҳокимияти халқӣ ва идораи давлатии он аст. Ва дар он ҳамаи синфҳо, қабилаҳо, қавмҳо, ҳизбҳо, миллатҳо баробарҳуқуқ ҳастанд. Меҳнати озод, ҳуқуқҳои васеъ, вазифаҳои муайян аз рӯи қарору қонунҳои ҳукумати халқӣ амал мекунанд. Шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҷомеаи озод, демократӣ, ҳуқуқбунёд, соҳиби давлати худ ва ҳимоягари он хоҳад буд.

Бояд боз як чизро фаромӯш накунем. Оиди проблемае раъйпурсии умумихалқӣ мегузаронем. Ин ҳам як шакли демократияи ҳизб, созмон, ашхос ё синфе мебошад, ки ба диктатура мебарад. Дар чунин раъйпурсӣ шаҳрванд ба ду калима «ҳа» ё «не» ҷавоб мегардонад. Дар натиҷа сабаби «не» ва «ҳа» номаълум мемонад. Чунин шакли демократия ба диктатураи мутлақ мебарад ва ба ҷамъият ба ҷои фоида зарар меорад. Зеро ташкилкунандагони чунин шакли демократия баҳри фоидаи хеш, диктатураи худ онро истифода мебаранд. Раъйпурсии умумихалқӣ оиди «Шумо СССР-ро мехоҳед ё на?» гузаронида шуд. Кулли шаҳрвандон пойдории давлатро хоҳиш карданд ва натиҷаи он ба тамоми дунё эълон карда шуд. Аммо боз ҳамон гурӯҳи ҳавасмандон, яъне се-чор нафар, дар атрофи мизи мудаввар нишаста ба муқобили хоҳишу талаби халқ ва ҳокимияти халқ баромад карданд ва талабу дархости ҳизбе ё ашхосеро ҳимоя карданд. Зеро дар ин маврид на демократияи халқӣ, баръакс, диктатураи синфе, ҳизбе, ашхосе ҳукмфармо буд. Аз ин лиҳоз ҳама гуна раъйпурсӣ ин мардумфиребӣ аст, ҳокимияти халқиро ба мурод намерасонад. Гумон мекунам, ки чунон василаи ҳукумате бунёд шавад, ки дар он на синф, на ҳизб, на тоифа ва қабила ҳукмфармо бошад, баръакс худ, яъне ҳокимияти халқӣ ифодакунандаи орзуи тамоми халқ бошад. Намояндае аз номи халқ ин фиреби маҳз аст. Бояд дар давлати халқии демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ чунин шакли давлатдорӣ барҳам дода шавад.

Имрӯз вақти он расидааст, ки шакли нави василаи ҳокимият, аз назари ҳимоя ва баробарҳуқуқии ҳамаи халқҳо дар идоракунии давлат дида баромада шавад. Яке аз чунин шакл ё усул идоракунии тарзи президентӣ аст, ки аз тарафи халқ интихоб шуда бошад. Органҳои он дар маҳалҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо, вилоятҳо, конгрессҳои умумихалқӣ, комитетҳои халқӣ амал кунанд.

Ҳисоботи Раиси Ҷумҳур дар конгресси умумихалқӣ ё умумимиллӣ, ҳар ду сол як маротиба шунида мешавад. Ба ҷои вазоратҳо комитетҳои гуногун, фарз кардем, комитети зироат, маориф, дифоъ ва ҳоказо амал кунанд. Ба ҷои Шӯрои вазирон котиботи генералии конгресси умумихалқӣ таҳти назорати Раиси ҷумҳур амал кунад, назорат ба халқ дода шавад. Ҳар як фард имконият пайдо кунад, ки ҳуқуқи назоратро бар дӯш дошта бошад. Дар ин ҳолат назорати халқ бар ҳокимият аз байн рафта ва ҷои худро ба таърифи дуруст, демократия, яъне худназоракунии худи халқ табдил дода мешавад.

Чунин шакли василаи ҳокимият абадан ба шаклҳои гуногуни диктатории ҳукумат, ҳизбҳо ва ғайра хотима медиҳад. Ҳамин тариқ мо метавонем дар замони кунунӣ як қадам ё ду қадам дар роҳи ҳокимияти халқӣ ба пеш гузарем. Таърихи давлатдориҳоро варақ занед. Аввалҳо як кас ҳукмрониро аз болои халқ ба намуди шоҳ, амир ва ҳоказо дошт. Бо мурури замон баҳри тасаллои халқ намояндагии халқ пайдо шуд. Аммо онҳо ягон чизеро баҳри ҳимояи мазлумон ҳал карда наметавонанд. Пас шакли парламонӣ, идоракунии коллективӣ ва ҳоказо ба амал омадааст. Сохти сотсиалистӣ қариб ба ҳокимияти халқ наздик шуд. Бинобар ин, ки дар вақтҳои охир бо сабабҳои гуногун принсипҳои идоракунӣ вайрон шуд. Оҳиста-оҳиста демократияи халқӣ ба диктатураи ҳизбӣ ва шахсони алоҳида табдил ёфт, давлат ба ҷумҳуриҳои алоҳида ҷудо шуд. Имрӯз ҳар яке кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки шакли нави идоракуниро ба талаботи замон мувофиқ кунад то он ки дар идоракунии давлат ҳама баробар ҷавоб диҳанд. Бубинед, ҳокимияти Русия тарзу усулҳои демократияи солҳои тоинқилобиро ба худ раво дид. Ин тақозои замон аст.

Пас аз он, ки сухан дар боби василаи ҳукумат ё худ рукни сиёсӣ меравад, як масъалаи хеле ҷиддӣ ва ҳалталабро бояд аз назар гузаронд. Ин проблемаи қонун. Мо худ медонем, ки дар тамоми давру замонҳо қонунҳои ҷамъият амал мекунанд ва онҳо то як дараҷа ҳалли худро ёфтаанд.

Ҳамаи қонунҳои ҷамъият объективӣ мебошанд. Фарқи қонун аз конститутсия он аст, ки аввало конститутсия маҳсули васила ва хоҳиши давлатро ифода мекунад ва характери субъективӣ дорад. Дар асоси қонунҳои объективӣ сохти ҷамъият ба вуҷуд омад. Аз ин лиҳоз конститутсия қонуни ҷамъият, яъне зотан набуда, балки маҳсули фаъолияти ҳукумат мебошад ва ба манфиати ҳизбу созмон ё парламони ҳукмрон хизмат мекунад.

Аз ин ҷо маҳсули фаъолияти намояндагони василаи ҳокимият мебошад. «Қонун», «Сарқонун» ном гузоштан ҳам аз мавқеи назариявӣ ва ҳам амалӣ хатои маҳз аст. Бояд ҳар як чиз ҷои худ, мақоми худ, мазмуну мундариҷаи худро дошта бошад. Шакли он мазмунашро ифода мекунад. Конститутсия ягона калимае аст, ки дар дигар ҳуҷҷатҳо такрор намешавад.

Саволе ба миён меояд, аз болои қонунҳои ҷамъият кӣ назорат мекунад? Аз нуқтаи назари фаҳмиш, демократия ё ягон синф, ҳизб, қавм, миллат салоҳият надоранд, ки ба қонуни ҷамъият назорат кунанд. Масалан, пеши роҳи борон, барф, жола, шамол, хунукӣ, гармиро кӣ мегирад? Ҳеҷ кас, зеро он ҳодисаи табиӣ ва объективӣ аст. Аз ин ҷо ба қонунҳои ҷамъият худи қонун назорат мекунад. Аммо аз болои конститутсия: демократия ва василаҳои ҳокимият, ки баҳри он сохт тартиб ёфтааст, назорат мекунанд. Президент, комитетҳои халқӣ ва билохир конгресси умумихалқӣ, котиботи конгрессҳои халқӣ ва кумитаҳои халқӣ, нақшаҳои ҳуқуқию сиёсӣ, иқтисодию ҷамъиятии конститутсияро дар давраҳои гуногуни муайян ҷомаи амал мепӯшонанд. Агар конститутсия анъанаҳои ҳокимияти халқӣ, демократияи халқиро аз рӯи талаботи қонунҳои ҷамъият баҳри ҳаллу фасли нақшаи василаи ҳукумат ба таври мушаххас пешгӯӣ карда бошад ва ҳамаи қарору фармонҳо, ҳуҷҷатҳои ҳукумату ҳокимият бо шакли демократӣ ва дар алоқамандӣ ва пайвастагӣ бо конститутсия тартиб дода шуда бошанд, чунин конститутсия баҳри ҳокимият хизмат хоҳад кард.

Муқобили қонунҳои ҷамъиятӣ рафтан, бархилофи онҳо амал кардан, тарафу паҳлӯҳои онро насанҷидаю надониста амал кардан ба диктатура мебарад. Дар натиҷа як қувва ба муқобили қувваи дигар мубориза мебарад ва чунин шакли василаи ҳукмронӣ ба ҷангҳо, нобарориҳо бурда мерасонад. Хуллас, ҳокимият зуд ё дер ба шикасти ҳуқуқию сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ дучор мешавад.

Сиёсати кадрй: Чаро он бебарор аст?

Карим АБДУЛОВ (Бознашр аз “Тоҷикистон”)

Сирри паридаи «кадрҳои худй»

Чанд вақт инҷониб андешаи маро танҳо ҳамин масъала банд карда буд ва чун ба дӯстонам – адибону олимон дар ин бора гуфтам, зумрае аз эшон дастгирӣ карданд, ки ин масъала аз ҷиддитарин муаммои доғи рӯз аст ва ҳарчӣ барвақттар рӯи коғаз оварам ва танҳо бо ҳамин ном пешкаши хонандагон гардонам. Аз рӯзҳое, ки дар мулоқоти охирини Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён дар арафаи Наврӯзи имсола ширкат доштам, то ба имрӯз иншои мақола тӯл кашид, зеро басо нозук ва душвор ҳам ҳаст баррасии ин масъала, чунки хоҳу нохоҳ бояд оид ба фаъолияти бархе аз ходимони идораҳои давлатӣ низ сухан ронам.

Хулосаи муҳими роҳбари давлат оид ба кадр бисёр қавӣ ва асоснок аст, зеро мавсуф баъди таҷрибаи чандинсола, рӯ ба рӯ шудан бо инсонҳои зиёде, ки чун кадрҳои бехтарин ва мутахассисони варзида муаррифӣ мешуданду баъди чанде мисашон баромада, аз кор сабукдӯш мегардиданд, баъди санҷидани муттасили «доираи кадрҳои худию бегона» ба чунин хулосаи барҷо омадаанд, ки ҳар нуктааш як ҷаҳон маънӣ ва таъкид дорад.

КАДРҲОИ БЕҶУРЪАТУ МАНСАБХОҲОНИ ЧАҚҚОН

Мо дар ин мақола на дар бораи кадрҳои воломақоми сатҳи вазорату идораҳои давлатии ҷумҳуриявӣ, балки оид ба кадрҳои сатҳи шаҳрию ноҳиявӣ, яъне сатҳи миёна сухан меронем ва як навъ таҳлил карданӣ ҳам ҳастем, ки дар зарфи даҳ-дувоздаҳ соли охир дар ин самт чӣ қадар мушкилоту нуқсонҳо ба вуҷуд омаданд.

Табиист, ки солҳои аввали баъди эъломи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи интихоби кадр бисёр душвор буд, зеро баробари муташанниҷ будани вазъияти сиёсию иқтисодӣ ҷорӣ гардидани муносибати нави иқтисодӣ – иқтисоди бозаргонӣ, ки бисёриҳо аз қоидаву қонунҳои он бехабар буданд, мушкилотро дучанд мекард.

Кадрҳои даврони шурави аз муносибатҳои бозаргонӣ огоҳ набуданд, қисме аз онҳо шомили «бозиҳои сиёсии мансабталошӣ»-и аввали солҳои навадум гардида, аз боварӣ баромаданд ва як иддаи дигар беҷуръатона худро ба канор ҳам мегирифтанд. Чунин вазъият «гурӯҳи нави кадрҳои чақк,он»-ро ба миён овард, ки бо ҳар роҳ, хоҳ лаёқат доштанд ва хоҳ не, худро ба «командаи» сарварони идораҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ зада, соҳиби вазифа мешуданд, аз як зина ба зинаи дигар баромда: оқибат сарозер меафтонд.

СПИТАМЕН — БУНГОҲИ ИНКУБАТОРИИ РОҲБАРБАРОРЙ

Ба ноҳияи Спитамен дар зарфи шаш-ҳафт соли охир панҷ нафар раис таъин гардид: С. Юлдошева, Н.Акмолов, Ш. Каримов, А. Очилов ва О.Ҷамолова. Баъди Соҳиба Юлдошева, ки аз рӯи гуфти одамони оддӣ хеле хуб кор карда, дар байни халқ соҳиби обрӯю эътибор ҳам гардида буд, се нафари дигар дар вазифаи раиси ноҳия як – якунимсолӣ фаъолият доштанду халос. Суоле ба миён меояд, ки оё дар зарфи як сол роҳбари як ноҳияи калон вазъияти корҳоро бакуллӣ дигар карда метавонад?! Ҳол он ки ин як сол барои омухтани рӯҳияи мардум, вазъи корхонаву хоҷагиҳо, кашидани нақшаи минбаъдаи фаъолият базӯр кифоятӣ мекунад. Дар натиҷаи қариб ҳар сол дигар шудани роҳбарони сатҳи гуногуни ноҳия кор дар ин минтақаи пештар ободу хуррам ҳеҷ пеш намеравад. Калонтарин корхонаҳои саноатии он, амсоли Комбинати ғалла, ки маҳсулоти онро мардуми вилояту берун аз он талош карда мехариданд, корхонаи истеҳсоли мошинҳои хоҷагии қишлоқ «Новсельмаш» ва бисёр ташкилоту муассисаҳои сохтмону бинокори аз фаъолият бозмонданд, садҳо ва ҳатто ҳазорҳо ҷои кор аз байн рафт ва кай ба кор даромаданашон ҳам маълум нест.

ҶАББОР РАСУЛОВ – ПАЙРАВИ СПИТАМЕН

Ҳамин гуна амал дар ноҳияи бо номи Ҷаобор Расулов низ такрор шуд. Баъди фоҷиави ҳалок шудани ду раис сарвари ноҳия Нурулло Умаров таъин гардид, ки худ мутахассиси соҳаи муҳити зисту экология буд. Пас аз вай ба ин вазифа яке аз раисони номдори хоҷагии ҷамоавии ба номи Ҷаббор Расулови ноҳияи Б.Ғафуров Юсуфҷон Ҷабборов таъин гардид. Ҳама умедвор буданд, ки Юсуфҷон дар ноҳия дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд меоварад, зеро хоҷагие, ки ӯ сарварӣ мекард, ҳар сол аз аввалинҳо шуда нақшаҳоро ба иҷро мерасонд ва ба дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ноил шуда буду кишоварзон музди меҳнати кофӣ мегирифтанд, аз кору зиндагии худ қаноатманд буданд. Аммо Юсуфҷон ҳам якуним-ду сол раиси ноҳия шуда кор карду халос. Ба ҷои вай Аюбҷон Очилов, ки дар собиқа ноҳияи Б.Ғафу-ровро хеле пеш бурда, ҳатто ба гирифтани мукофот сазовор шуда буду сипас як сол дар ноҳияи Спитамен раисй кард, роҳбари ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин шуд. Як сол кор карда, вай ҳам сабукдӯш гардид. Сабабаш пеш нарафтани кор. Охир, чуноне ки гуфтем, дар зарфи як сол чӣ гуна метавон тамоми соҳаҳои як ноҳияи калонро, ки махсусиятҳои худро дорад, омӯхта, нақшаи пешрафти ояндаи онро кашида, тамоми соҳаҳоро пеш мебарад кас?! Аллома бошед ҳам, ин кор душвор аст. Ҳол он ки нишондиҳандаҳои истеҳсолии ноҳияи Б.Ғафуров, агар дар вақти раисии А.Очилов нисбатан беҳтар бошад, ӯро аз як ноҳия ба ноҳияи дигар сарсон кардан чӣ ҳоҷат буд?! Дар айни замон раиси ноҳия Насимҷон Обидҷонов – мутахассиси ҷавону пуртаҷрибаест, ки солҳои зиёд дар кумитаи иқтисод ва дурнамои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят адои вазифа кардааст. Вай донандаи хуби махсусияти хоҷагии халқи ноҳия, ва урфу одати мардуми махал низ мебошад. Ба ин ҷавони болаёқат комёбихо орзу мекунем.

БА АШТУ ҚАЙРОҚҚУМ МЕОЯНДУ… МЕРАВАНД

Ноҳияи Ашт низ гирифтори «омадурафти» раисони зиёде шуд ва натиҷаи ин рафтуомадҳо оина барин равшан аст, ки иқтисодиёти он ба ҷои пеш рафтан мӯҳтоҷи субвенсияи (қарзи бебозгашти буҷетӣ) мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят гардид. Хушбахтона, вазъияти ноҳияро хуб дарк карда, раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода соли гузашта барои дастгирии хоҷагии халқи ноҳия зиёда аз 1 миллиону сесад ҳазор сомонӣ (?) ба тариқи ёрдам маблағ ҷудо карданд. Ҷойивазкунии роҳбарони шаҳри Қайроққум ҳам ба пешрафти ин шаҳри саноатию энергетикӣ таъсири манфӣ расондааст. Дар қаламрави он шаҳракҳои калони саноатӣ мавҷуданд, ки дар онҳо дар замони шӯравӣ даҳҳо ҳазор нафар коргарон, геологҳо, шахтёрон ба истеҳсоли фулузоти нодиру ранга машғул шуда, ин шаҳрро машҳур гардонда буданд. Танҳо Комбинати қолинҳо муттакои зиёда аз даҳ ҳазор оила буд. Баъди М.Файзуллоев сарвар шудани Дӯстмуҳаммад Дӯстов, Собитҷон Бобоев, М.Норхӯҷаев, У. Юсуфов ба ин шаҳри дар собиқа интернатсионалӣ чӣ навигарӣ эҳдо кард?! Ҳеҷ! Зеро ягон нафари ин раисон зиёда аз ду сол кор накардаанд. Усмонҷон Юсуфовро имрӯзҳо дар Қайроққум ба некӣ ёд мекунанд, ки дар муддати кӯтоҳи роҳбарияш ҳаддалимкон кӯшиш кардааст, ки каме симои маркази шаҳр дигар шавад. Огози азнавсозихоро ба номи ӯ марбут медонанд. Ҳоло ба шахр боз як кадри чавон – Содиқҷон Мирхолиқов сарвари мекунад. Умед аст, ки фаъолияти ӯ тӯлонитар хоҳад шуд, вагарна вай ҳам ҳоло вазъи шаҳру шаҳракҳоро наомӯхтааст…

РАИСОНИ ФАРОМӮШШУДА

Як тамоюли бисёр нохуби муносибат бо кадрҳо вуҷуд дорад, ки дар ин бора сухан нарондан мумкин нест. Ин муносибат баъди аз вазифа сабукдӯш гардидани онон аст. Садхо бор мо худ такрор мекунем, ки кадрҳо хазинаи тиллоии давлатанд. Пас, чаро ин хазина поймол мешавад?! Чунонки гуфта шуд, Соҳиба Юлдошева дар ноҳияи Спитамен аввал чун муовини раиси ноҳия чанд сол хизмати хуб кард, сипас ҳамчун раис ҳам байни мардум соҳиби обрӯ ва нуфуз гардид. Баъди аз кор рафтанаш-чӣ?! Касе аз ҳоли ӯ хабар нагирифт. Аз рӯи шунидам, ин зани ҳассос ғам хӯрда, гирифтори беморӣ шудааст. Наход муносибати мо ба ходими ҷамъиятию давлатӣ ҳамин гуна бошад?! Охир ӯ ҷиноят содир карда, гирифтори гуноҳи азиме нашудааст-ку?!

ЗАФАРОБОД ОБОД МЕШАВАД, ВАЛЕ БА ДАРДИ МАҲАЛГАРОЙ ПЕЧИДААСТ

Ноҳияи Зафарободро дар замони шӯравӣ намояндагони даҳҳо халқияту миллатҳо обод карда буданд. Аввали солҳои навадум бошад, дар натиҷаи варшикастагии муносибатҳои иқтисодию хоҷагӣ ин ноҳия ҳам ба вазъияти басо душвор дучор гардида, даҳҳо оилаи фотеҳони собиқ ба манзилу маконҳои аҷдодӣ рахти сафар бастанд. Аммо ба бахти сокинонаш дар натиҷаи ҷорӣ шудани муносибати нави бозаргонию ташкили хоҷагиҳои хусусию фермерӣ аз охири солҳои навадум оҳиста-оҳиста нохия рӯ ба тараққи овард. Набояд фаромуш кард, ки пеши рохи тамоман касиф шудани вазъиятро сармоягузорон гирифтанд. Маҳз бо дастгирии молиявии онҳо хоҷагиҳои хурд рӯ ба инкишоф оварданд ва ҳоло дар ноҳия ҳатто саноати замонавӣ ба вуҷуд омада, дар таҳкими буҷету иқтисодиёти он саҳми калон дорад.

Дар ноҳия як анъанаи нохуби маҳалгароӣ ва дар ҳамин замина халал расондан ба фаъолияти мақомоти иҷроия мавҷуд аст, ки зимнан онро ошкор намекунанд. Тарафгирй, имкони сунъӣ ба вуҷуд овардан барои манфиатҳои шахсӣ, беэътиборй ба тараққиёти ояндаи ноҳия ба обрӯю эътибори сарварони он таъсири манфӣ мерасонд. Дар ин байн баробари раиси ноҳия таъин гардидани собиқ муовини аввали раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодиров як қадар ин камбудиҳо ислоҳ шуда бошад ҳам, ин равандҳо идома ёфтанд ва дар як соли раисии Б.Сафаров халали ҷиддӣ расонданд. Алҳол ба ноҳия мутахассиси варзидаи соҳаи кишоварзӣ Қурбонбой Каримов сарварӣ мекунад ва умед аст, ки ин кадри таҷрибанок ва дар вазифаҳои пурмасъулият коркарда симои шаҳракҳои ноҳияро бакуллӣ дигар мекунад ва хоҷагии онро бемайлон тараққӣ хоҳад дод.

ҶОНИШИНҲОИ «ҲАРҶОПАРАК»

Дар бораи раисони шаҳру ноҳияҳо сухан ронда, оид ба тез-тез иваз шудани муовинони онҳо, сардорони ташкилоту идораҳои ноҳиявӣ ҳарф назадан мумкин нест. Танҳо як ноҳияи Мастчоҳро мисол мегирем. Пас аз шодравон Саидшариф Шарифов, ки чанд сол роҳбари ноҳия буд, бо омадани раисони дигар қариб ҳафтод фисади муовинони раис ва роҳбарони хоҷагиҳо ва муассисаю ташкилотҳои ноҳия дар зарфи ду-се сол иваз мешуданд. Ҳар муовини раис, роҳбари дастгоҳи ӯ, ки мутасаддии як соҳаи хоҷагии халқ мебошад, ҳанӯз кору вазифаашро пурра азбар накардаю ноҳияро наомӯхта, ё бо хости худ ва ё бо тақозои сарвар ба кори дигар мегузарад. Чунин амал қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо пас аз иваз шудани раис рух медиҳад, ки ба ҷои манфиат зарари калони маънавӣ меоварад.

Мисолҳое, ки аз вилояти Суғд овардам, хоси як маҳал нест, балки дар вилояти Хатлону ноҳияҳои тобеи марказ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ чунин муносибат мушоҳида мегардад.

ГЕНЕРАЛҲОИ НОШИНОС

Азбаски оид ба фаъолияти сохторҳои қудратӣ солҳои пеш миш-мишҳои зиёде дар байни мардум буду алҳол ҳам гоҳ-гоҳ одамон норизогии худро иброз мекунанд, чанд нуктаро баён карданӣ ҳастам. Шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент, Истаравшану Исфара, Конибодому ноҳияи Б.Ғафуров калонтарин шаҳру ноҳияи мамлакат маҳсуб мешаванд. Дар замони шӯравӣ дар шӯъбаи корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо қариб, ки мутахассиси рутбаи полковникдошта вуҷуд надошт. Дар тамоми ҷумҳуриамон як ё ду нафар генерал буду халос. Ба идораи вилоятии милиса полковник сарварй мекард, дар шаҳру ноҳияҳо бошад, майору капитанҳо роҳбар буданд. Корашон ҳам назаррас буду фаъолияти тобеонашон ҳам. Шӯъбаҳо он қадар кормандони зиёд ҳам надоштанд, вале ҳар нафари низомиро мардум хуб мешинохт, эҳтиром мекард.

Акнун садҳо нафар пол ковнику подполковник дорем, шумораи генералҳоямон ҳам қариб ба шумораи генералҳои мамлакатҳои калонтарин баробар аст. Он қадар шӯъбаю зершӯъба ва идораҳои махсуси милиса ва сохторҳои низомии гуногунтаъинот зиёд шудаанд, ки кас ба ҳисобаш ҳам сарфаҳм намеравад. Дохил шудан ба кор ба ин сохторҳо ва бахусус прокуратураю мақомоти гумрук душвор шудааст, ки кас сари калобаашро ёфта наметавонад. Асосан дар ин сохторҳо «одамони худӣ» бо кор таъмин мешаванду халос. Ҳарчанд даҳҳо мисолу санадҳо дорам, аз истифодаи онҳо дар ин мақола худдорӣ мекунам ва танҳо ҳамин нуктаро таъкид карданӣ ҳастам, ки вақти он расидааст, як маротиба ва ё ду-се маротиба паи ҳам аттестатсияи ҳаққонии соҳаро гузарондан, аз рӯи талаботи таъкидоти Президенти мамлакат сифатҳои шахсӣ, кордонӣ, дониш, одамият, ҷаҳонбинӣ, масъулиятшиносӣ, ватанпарварӣ, забондонӣ, эҳтиромашон ба халқу миллат, бахусус мардуми оддӣ санҷида шаванд. Зеро аз кадрҳои сохторҳои мазкур шикояти одамон хеле зиёд аст…

НАВДАВЛАТОНИ БОЛОГУЗАР

Солҳои охир боз ду соҳа -шабакаҳои тобеи «Барқи тоҷик» ва газ, чунонки одамони оддӣ бо тамасхур мегӯянд, ба «соҳаи престижний» табдил ёфтааст. Муҳандисоне, ки ҳафт – ҳашт сол пеш «бо сари хам» кор мекарданду ғуруру ҳавобаландӣ надоштанд, ҳоло ба «шахсони азиз» мубаддал гаштаанд. Сарвари асосии «Суғдгаз» хатто ба маҷлисҳои вилоятӣ иштирок карданро ба худ эб намебинаду муовинонашро мефиристад. Роҳбари идораи шаҳри Хуҷандии он бошад, таъиноту фармоишҳои муовинони раиси шаҳрро наҳама вақт ба инобат мегирифтааст. Кормандони идоранишине, ки ба гирифтани ҳаққи гази истифодакардаи мардум мутасаддӣ ҳастанд, чунон аз худ рафтаанд, ки соатҳо дар ҷои корашон онҳоро пайдо карда наметавонед ва агар «ба бахтатон» ҳозир шуда монанд, бо кибру ғурур ва писханду нотавонбинӣ ба одамони одди муроҷиат мекунанд. Ҳол он ки ғундоштани ҳаққи гази истифодашуда вазифаи аввалиндараҷаи онон мебошад. Кас дар ҳайрат мемонад, ки ин гуна кадрҳоро кай, дар куҷо ва чӣ тавр тарбия кардаанду интихобу ҷо ба ҷо гузоштаанд?!

Барқчиёне, ки челонгари оддиянду бо устоҳо, сардорони минтақаҳо, муҳандисон ба маҳаллаҳо мебароянд, худашон шоҳу табъашон вазир аст. Дар натиҷаи беназоратии чанд соли охир (тирамоҳу зимистони солҳои 2007-2008 истисност) ин зумра ба «фурӯши хатти озоди барқ» худсарона чунон одат карда буданд, ки «казо-казоҳо» пеши онҳо гардан каҷ карда меомаданд. Дар натиҷаи беэътибории кадрҳо дар ин соҳа сари калобаи кори таъминоти барқро имрӯзҳо базӯр меёбед. Доир ба кадрҳои бесалоҳияти ин соҳа низ санадҳои бисёре мавҷуданд, вале намехоҳам, мақола аз ин ҳам «пурбортар» гардад…

ЧӢ БОЯД КАРД?

Муҳимтарин масъалаи шахсияти кадрҳо ба масъулиятшиносӣ, иҷрокунандагӣ ва салоҳияти онҳо вобаста мебошад. Ин сифатҳо асоситаринанд, ки ҳар мутахассисро соҳиби обрӯ ва нуфуз мегардонанд. Талаботи имрӯза аз кадрҳо бояд дар ҳамин меъёр бошад.

Барои боз ҳам нуфуз пайдо намудани сиёсати кадрҳо, такмилу инкишоф додани тарзи интихоб, тарбия, пешниҳод, ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи шаҳрию ноҳиявӣ дар марҳилаи кунунии тараққиёти ҷомеа чунин таклифҳои мушаххас дорам, ки баъзеи онҳоро дар китобхоям зикр кардаам.

Якум, раисони шаҳру ноҳияҳо бояд ё аз ҷониби тамоми мардуми шаҳр ё ноҳия ва ё дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ё ноҳия интихоб карда шаванд. Тарзи таъинотӣ дар солҳои аввали истиқлолият дурустии худро собит кард, зеро он вақт аз ҷониби роҳбари давлат таъин кардани раисони шаҳру нохияҳо зарур ва талаботи замон буд, инро амнияти марзу бум ва сиёсати давлат тақозо мекард. ҳоло шукри сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон давлати тоҷикон рӯ ба инкишоф ниҳодааст ва ба амнияти он ягон қувва таҳдид карда наметавонад.

Дуюм баҳри баланд бардоштани дараҷаи масъулиятшиносӣ, ҳалли фаврии масъалаю муаммоҳои маҳал бояд қисме аз кадрҳои роҳбарикунандаи сохторҳои салоҳиятдор, амсоли прокуратура, судҳо, милиса, гумрук, пулиси андоз ва монанди инҳо то як андоза дар назди ҳокимияти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо ҳисоботдиҳанда бошанд. Таъину интихоби сарварони ин сохторҳо бояд бо ризоият ва ё мувофиқати раисони шаҳру ноҳияҳо таъину интихоб карда шаванд.

Сеюм. «команда»-бозӣ бояд дар системаи ҳокимияти давлатӣ пурра барҳам дода шавад, зеро он ба коррупсия, ошнобозӣ, хешутаборчигӣ, маҳалгароӣ оварда мерасонад, ки оқибатҳои нохуби онро мо борҳо мушоҳида кардаем. Бо омадани раиси нав тамоми ҷонишинҳо, мудирони шӯъбаҳо, сардорони идораҳо аз кор мераванду ба ҷои онҳо «командаи нав» меояд, мардум чӣ кор карданашро намедонад, ҳол он ки дар байни роҳбарони собиқ одамони соҳибобрӯю эътибор кам нестанд ва одамон ба онҳо эътиқод доранд. Кадрҳои нав бо муоширату рафтор, гуфтору амал, ақлу идрок, донишу фаросат то ба боварию ихлоси мардум сазовор шудан муддати тӯлонӣ мегузарад, ки ин фосилаи вақт бар зарари кор аст.

Чорум, оид ба сабукдӯшкунии рохбарони дараҷаи аввали шаҳру ноҳияҳо чунин таклифи мушаххас доран, ки чандон нав нест. Аз таърихи дӯшин то замони шӯравию баъди он маъмул аст, ки ба одами аз вазифаи пурмасъулият сабукдӯшшуда айбнома эълон мешавад, то мардуми оддӣ камбудию хатогии ӯро фаҳмад. Ин анъана боз аз он ҷиҳат зарур аст, ки шахси аз паси рохбари сабукдӯшшуда ба иҷрои вазифа саркарда хатою камбудии вайро такрор намекунад. Солҳои охир мардум ҳеҷ муқаррар карда наметавонад, ки ин ё он раис барои чӣ аз вазифааш гирифта шуд. Яъне, ҷанбаи тарбиявии амали аз кор гирифтан сарфи назар мегардад.

Панҷум, шаъну шарафи кадрҳои роҳбарикунандаро пос доштан зарур аст. Пеш аз он ки ба ягон қарори қатъӣ биёем, бояд чор тарафи масъаларо санҷида, хулоса бароварда, пас амал намоем. Гоҳе мешавад, ки дар нишастҳои матбуотӣ, мақолаҳои ҳангоматалабонаи рӯзномаҳо дар ҳаққи ин ё он сарвар суханҳои бебаркаш гуфта мешаванд ва е пешакӣ дар байни мардум миш-мишҳо паҳн мегарданд. Эҳтиёт кардани кадр муҳимтарин вазифаи сохторҳо ва тамоми ҷомеа мебошад.

Шашум, захираи асосии кадрҳо ҷавонон мебошанд. Инро борҳо сарвари давлат таъкид мекунанд, ки тарбияи кадрҳои ҷавон дар донишгоҳҳои дохили мамлакат ва берун аз он бояд дар мадди аввал қарор гирад. Аммо таассуфовар он аст, ки бештари ҷавонони дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ таълиму тарбиягирифта роҳи бозгаштро фаромӯш мекунанд. Ҳол он ки аксари онҳо фарзандони одамони мансабдор ва шахсони доро ҳастанд. Хуб мебуд, ҳар сол ақаллан дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ рӯйхати (бо зикри ному насаб ва вазифаи хизматии волидон) бо квотаи Президент барои таҳсил ба мамолики хориҷӣ равандагон, баробари ин рӯйхати ҳарсолаи хатмкардагон чоп карда мешуд.

Ҳарчанд боз дигар таклифҳои мушаххас дорам, бо ҳамин иктифо карда, зикр карданиям, ки дар ин мавзуъ боз чанд мақолаи дигар ҳоҳам навишт ва дар онҳо низ дигар пешниҳодҳои худро шарҳу баён хоҳам кард.

Сиёсати кадрии мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз мубрамтарин равандҳои бозсозии даврони Истиқлолият маҳсуб мешавад. Мисолҳое, ки дар ин мақола истифода ва таклифҳое, ки пешниҳод кардаем, барои андеша ва баҳс пешкаши хонандагон мегарданд. Банда ҳамчун як нафар олими ҷомеашинос, шахсе, ки қариб тамоми умр дар корҳои ҳизбию давлатӣ кор кардаам, фикру мулоҳизоти шахсии хешро баён намуда, итминони комил дорам, ки коршиносон, мутахассисон, сиёсатмадорону сиёсатшиносон, аҳли илме, ки бо ҷомеашиносӣ машғул ҳастанд, дар ин бора андешаҳояшонро баён хоҳанд кард. Ин ҷониб кӯшиш намуд, ки дар мақола ба иззати нафси касе нарасад ва доир ба шахсияти нафаре носазо нагӯяд. Мулоҳизот оид ба кадрҳои сохторҳои низомӣ, соҳаи барқу газ бе мисоли конкрет оварда шуданд, бо умеди он ки минбаъд ҳам зарурати санадоварӣ нахоҳад шуд, ҳарчанд ки мисолҳои зиёди аниқу дақиқро таҳи даст доштем. Умумигӯӣ ба он хотир буд, ки кадрҳои масъулу масъулиятшинос ҳамон зарбулмасали халқии «духтарам, ба ту мегӯям, келинам, ту ба гӯш бигир!»-ро хуб мефаҳманду дар асоси он кор мекунанд. Ба ҳар ҳол умедворам, ки рӯзноманигорон масъалаи сиёсати кадрро на ба маъракаи ҳаёҳуйи навбатии ҳангоматалабона табдил медиҳанд, балки дар атрофи он баҳси солими илман асоснок ва заминаи таҷриба бавуҷудомада ташкил менамоянд.

March 20, 2010 - Posted by | Адабиёт, Адабиёт ва санъат, Адиб, Душанбе, Карим Абдулов, Кахрамоннома, Мастчох, Муаррифинома, Identity, Mastchoh |

6 Comments »

  1. zinda boshed dustam,

    Comment by Мухаммадчон Фармонзoд | July 8, 2010 | Reply

  2. I looked through this page
    it is made very perfectly and is so attractive but one fake professor is unnessecery there ,you know who he is ,he has written books one of them is may be more then 50 pounds or so (as if he has written them himself but I know who they are written by )
    so ,anyway you did good but strive for licking out the truth more and more
    avoid fake once please ,it will be in your favour .

    Wish you all the best and do your best .

    Comment by Tuychiboy | October 4, 2010 | Reply

  3. Руҳаш шод, Худояш раҳмат кунад, эшон аз маъдуд донишмандони Точикистон буд, чояшро касе наметавонад пур кунад.

    Comment by Сайидюнуси Истаравшани | December 7, 2010 | Reply

    • bo durud.
      Omin

      Comment by Firdavsi Azam | December 7, 2010 | Reply

  4. Сиёсатномаи асри ХХI agar imkone medoshti barodar Firdavs hamin kitobi Abdulovro ba blokat meguzoshti.
    Tashakkur!!

    Comment by Sufi | April 22, 2011 | Reply

  5. Карим Абдулов абадзиндааст. У марди окилу доно буд. Хамчунин, аз мехнат наметарсид. Худованд Чояшонро аз ЧАННАТ сазовор гардонад. ОМИН.

    Comment by Сино Хусейнов | November 11, 2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: