Фирдавси Аъзам

Адабу фарҳанги Мастчоҳ

Маликнеъмат



Маликнеъмат дар таърихи 20 ноябри соли 1959 дар дехаи Мадрушкати нохияи Мастчох мутаввалид шудааст.Маликнеьмат аз шоирони бузурги Мастчох махсуб меёбад,ки айни замон дар литсейи №1 фаолият мекунад.Вазифааш чонишини директор, омузгори забони точики.
Дарачот: Аълочии маорифи Точикистон, аълочии фарханги Точикистон.
Узви ИН Точикистон, узви ИР Точикистон, номзади илмхои суханшиноси.
Муаллифи китобхои «Нилуфари махтоб», «Одамасп», «Эхёи Мадрушкат»,
«Ин дарахтон», «Маснавии нави» ва монографияи илмии «Рашахоту айнилхаёт»-и Фахруддин Алии Сафи ва мохияти адабию ирфонии он».
Дар зер чанд намуна аз ашьори Маликнеьмат манзур мегардад.

Нигох

Нигохи мо ба хам дар печутоб аст,

Аз ин сиххо замири мо кабоб аст.

Ба кадри хамдигар бояд расидан,

Ки айёми шабобасту шабобаст.

Ин одамон

Аз чй рў ноодаманд ин одамон,

Бо шаётин хамдаманд ин одамон.

Чун зи сар то пояшон машки хавост,

Дам даму дам бедаманд ин одамон.

Хотам аз камзарфишон дар мотам аст,

Дар хаёли ишкаманд ин одамон.

Доимо аз якдигар чун гургу меш,

Рама-рама мераманд ин одамон.

То бувад некутаринаш бадтарин,

Хор дар пойи хаманд ин одамон.

Гарчй бисёранд дар рўи замин,

Дар накўкорй каманд ин одамон.
Cуг

Зи ѓамат пир шудам, эй фарзанд,
Зишту дилгир шудам, эй фарзанд.

Дилам аз зиндагии бе ту монд,
Паи тадбир шудам, эй фарзанд.

Хабари марги ту мачрўхам кард,
Забару зер шудам, эй фарзанд.

Марги фарзанд балое будаст,
Хадафи тир шудам, эй фарзанд.

Ба сарам ѓусса биёмад барваќт,
Бемахал пир шудам, эй фарзанд.

Гушнаи рўи ту будам, валлох,
Зи чахон сер шудам, эй фарзанд!

Хитоб

Умр бедорист, мурдан хамчу хоб,
Сўхбати моро ба бедорй биёб.

Зиндагй бе мост мисли мурдагй,
Орзухо чумлагй накше бар об.

Чои моро кас набитвонад гирифт,
Дар чахони зери моху офтоб.

Анчуман бе нури мо монанди гўр,
Кас чу мо бар ту нагўяд харфи ноб.

Ќадри мо дар зиндагй нашнохтй,
Баъди мурдан мурдаи моро макоб.

Чахд кун, шояд ба гарди мо расй,
В-он дигар валлоху аълам биссавоб!
Точикона сухан


Биёву точикона сухан гую обам кун,
Ба сехри ин суханат махви изтиробам кун.

Дар ин нишемани гавго, ки номи у дунёст,
Шароби бехушона деху масти хобам кун.

Маро бубар ба тамошои олами руъё,
Сабукинону сабуксайр чун хубобам кун.

Ман аз кашокаши рузу шабон нажанд шудам,
Луоби нури анкабути офтобам кун.

Ба рахгузори киёмат агар замон ёби,
Бишур хоки марову дар инкилобам кун.

Миёни гумшудагони хазор растохез,
Забон ба точики гуфтан кушо, хитобам кун.
22 августи 2009.

Гумчу

Бахор омад, аз он гул бу чаро нест,
Чахон бо ман даме якру чаро нест?
Ба хокаш гиряхо кардам, насабзид,
Алифкадди камонабру чаро нест?
Барои Юсуфи гумгаштаи хеш,
Фавайло мезанам хар су, чаро нест?
Дилам аз чустани у хаста гардид,
Худоё, дилбари дилчу чаро нест?
Сабохам бе рухи шедаш сиёх аст,
Дарего, он бути махру чаро нест?
Маликнеъмат, дар ин дунёи нобуд,
Хама хастанд, охир у чаро нест?

3 марти 2010.


Олами хаёл

Шино мекард охиста,
Ба мурдоби фалак нилуфари махтоб.
Ба ёдам муи шабранги ту меомад,
Парид аз лонаи чашмам калоги хоб.
Хаёлам лобалои кишвари афсонаи ишки ту пар мезад,
Ки дар он чо ба чуз ман чумла шахризодхо буданд,
Хама Юсуфхову Хусраву Фарходхо буданд.
Китоби киссахои хусни ту дар даст,
Ба хар чо бехуду мастона мерафтам.
Ба даври оташи ищки ту боли орзухоро,
Кушода хамчунон парвона мерафтам.
Вале, эй гофил, аз ошуби эхсоси хурушонам,
Кучо рафти, намедонам…
Даме ки лулии шаб андаруни кулбори абр чо мекард курси ниммаи махро,
Сукуте буд дар сахро…
Галат гуфтам,
Садое буд дар сахро,
Садои инфичори синаи ман буд,
Садои тундаре аз абри андуху гами деринаи ман буд.

March 15, 2010 - Posted by | Culture, Адабиёт ва санъат, Адиб, Ишк, Кахрамоннома, Мавлоно, Маликнеъмат, Мастчох, Озоди, Пажухиш, Тоҷикистон, Хунар, Шеър, Шеъру тарона, Identity, Mastchoh, Mentor, Poetry, Tajiks, َФолклор |

1 Comment »

  1. salom Firdavsi aziz!!!Az inki ejodiyoti ustod Maliknematro az somona joy doded khushhol shudem va baroi ustod dar ejodiyot va tadrisashon muvaffaqiyat va burdboriro khohonem.

    Comment by Odinamuhammad | March 25, 2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: