Фирдавси Аъзам

Адабу фарҳанги Мастчоҳ

Мусо Исо



Мусо Исоев соли 1952 дар дехаи Пастигави нохияи Мастчох ба дунё омада, омузишгохи касбию техникии нохия ва донишкадаи варзиши пойтахти чумхуриро хатм кардааст.Устоди варзиш, кахрамони чандин каратаи чумхурият оид ба гуштини классики ва дзю-до , кахрамони Озарбойчон аз руи гуштии дзю-до.Нахусин мастчохие, ки дар кино накшхои асоси, аз чумла дар филмхои “Кафорат”,”Номзад”, “Бори 300” офаридааст.Дар филми “дарду алами афгон” хамрохи хунарпешаи машхури итолиёви Микеле Плачидо накш офаридааст.
Соли 1992 аз чониби дастахои номаьлум дар Душанбе вахшиёна ба катл расид.Дар зер маводеро, ки каблан дар нашрияи Фараж оиди катли ин хунарманд чоп шуда буд, манзур мегардонам.

Катли Шери Масчо

Маро барои он мекушанд, ки аз ман метарсанд. Этел Лилиан Войнич, «Ғурмагас»

– Рӯзе ки уқоб ба чанги рӯбаҳ мемирад, бояд аз пистони гов оби сиёҳ резад ва ин сияҳширро ба коми тифли навзод не, балки ба ҳалқи касе бояд чакконид, ки дар нафасҳои вопасин, акси қурбониёнаш пеши дидагонаш давр мехӯранд

– Рӯзе ки уқоб ба чанги рӯбаҳ мемирад, зебодухтаронро ба оғӯши пажмурдаи мӯйсафедони аз оташи шаҳват чашмонашон дурахшон бояд партофт, то гулистони олиҳаи зебоиро мисоли бузҳои нав аз оғил раҳошуда, поймол намоянд

– Рӯзе ки уқоб ба чанги рӯбаҳ мемирад, хирманҳои гандумро оташ зада, бояд ҷуворӣ коррид, то чӣ лаззат доштани кулчаи ширмоли модар аз даҳонҳо биравад

– Рӯзе ки уқоб ба чанги рӯбаҳ мемирад, олимону донишмандонро «душмани халқ» эълон карда, китобҳоро ба коми оташ бояд андохт, то бесаводон ба ҳоҷатхонаҳо накашанд

– Рӯзе ки уқоб ба чанги рӯбаҳ мемирад, сарҳои баландро бояд паст кард, занҷири ғуломӣ ба гардан барои хоҷаи бегона ба дину фарҳангу ойин, харвор, бемузд, ба ивази пораи ноне, ки хоҷа пеши гурбааш партофтани онро фаромӯш карда, оҳиста-оҳиста ҷон бояд канд

– Рӯзе ки уқоб ба чанги рӯбаҳ мемирад, дари ибодатгоҳҳоро бубаста, издиҳоми пулмастонро ба майкада бояд раҳнамунӣ кард

– Рӯзе ки уқоб ба чанги рӯбаҳ мемирад, аблаҳонеро, ки наметавонанд номи худро бинвисанд, ҷойи Рӯдакӣ садри шеър бояд таъин намуд, то ҳар касе саводе дорад, аз эҳсоси шарм пеши вай ба чашмаш нангарад

– Рӯзе ки уқоб ба чанги рӯбаҳ мемирад…

– Ин рӯз барвақт дирӯз шуда!!!!

Ҷавонмард ё Рекет?

Ҳарчанд ба таъсири ҷанги шаҳрвандӣ, ки барои фурсати кӯтоҳе ғук хешро ҳампарвози уқоб донисту китфакони нотавони кӯтоҳ хешро баландтар аз сарҳои мағрур пиндоштанд, имрӯз аз вожаҳое чун «ҷавонмардӣ», «озодагӣ» ёд овардан, шояд лаҳзае хешро дар оғӯши қиссаҳои «Чор дарвеш», «Самаки айёр», «Синдбоди дарёгард», «Ҷомеъ-ул- ҳикоёт» тасаввур кардан бошад.

Имрӯз, ки ҷомеа виҷдону шараф, номусу нангро ба тарозуи сармоя бармекашад, аз ин «вожаҳои архаистӣ» ёд овардан, шояд барои касе нишонаи қафо мондан аз замона аст ва пӯзханде бо шунидани ин вожа дар лаби аксари шахсиятҳои муваффақ ва саршиноси ҳама табақаҳои аҳолии кишвар гул кунад.

Аммо, замоне на он қадар дур – фурсати кӯтоҳе барои таърих, аммо лаҳзаи умре барои як инсон, барои он ки ин вожаҳоро ба номи онҳо ҳаммаъно ҳисобанд, мардоне соҳибном талоши адолат мекарданд ва дар ҳар моҷаро бештар ба он мекӯшиданд то ҷавонмардиву озодагиро пайванди номашон созанд.

Ин буд, ки ин ному насаби эшон маъруфтар дар ҳама дойира аз ному насаби соҳибмансабон ва унвонҳои зиёди ифтихорӣ буд ва ҳарфи эшон гоҳо бештар аз ҳукмномаҳои коғазӣ коргартар меомад ва бо ҳама нозукӣ риоя мешуд.

Шояд касе аз ин ҷавонмардон озодагиро, даъвогарии адолатро аз «Самаки айёр» нахонда буд ва шояд касе ҳам тибқи ойини дерини айёрон, барои «пешвои рӯҳонӣ»-и хеш – Самаки айёр шодихӯрда набуд.

Вале, чун режими Шӯравӣ дар фурсатҳои вопасинаш на ҳамеша бо он шиорҳои камбағалпарварие дошт, метавонист ҷонибдорӣ аз адолату ҳақиқат кунад ва гоҳо дар баробари машинаи райисону вазирону обкому райком, қашшоқу нодору нотавон оҷиз мемонд, рӯй меоварданд ба ин чеҳраҳо чун ба охирин умед.

Ҳар нафаре аз пеши худ ба ин шахсиятҳо ҳар хел ном мегузошт. Яке ҷавонмардашон меномид, дигаре «рекет», саввумӣ «тарозуи адолат» мегуфт, чаҳорумӣ «шахсияти дойираи криминалӣ». Вале, аҷиб, ки номи эшон аз забон ба забон мерафт ва боварӣ ба онҳо дар баъзе маврид бештар аз эътиқод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд. Аслан, таҳлили он ки ин нафарон ба кадоме аз ин номгузориҳо мувофиқанд, фурсат металабад, зеро андешаҳо дар ин маврид аз ҷониби таҳлилгарони вазъи сиёсии собиқ Шӯравӣ яксон нестанд.

Албатта, Душанберо ҳам чун як шаҳри собиқ Шӯравӣ наметавон истисно кард: Ба қавли рӯзноманигори тоҷик, шоҳиди зиндаи он солҳо Сафват Бурҳонов «дар миёнаи солҳои ҳаштодум калимаи «рекет» дар собиқ Шӯравӣ мӯд шуда буд ва дар Душанбе чанд нафар, мисоли Холид, Ҳаким, Мӯсо Исоев, Ёқуб Салимов, Рауф, Ғаффор Мирзоев ва Ҳикмати Говро «рекет» меномиданд. Ҳар яке «ҳудуд» – и худро доштанд ва дар ин «территория» ҳама гуна ҷангу ҷидолро маҳз онҳо ҳал мекарданд».

Аммо, шоҳиди дигари воқеаи он солҳо, Фаридуни Собир мегӯяд, «дар миёни онҳо Мӯсо «рекет» набуд, балки як варзишгари соҳибноми касбӣ буд ва то ҷое дасташ мерасид, ба ҳар фитодае кӯмак мекард».

Вале, ин баҳсро ба вақти дигар мегузорем, зеро бо оғози ҷангу нооромиҳо дар Тоҷикистон, нерӯҳои сиёсӣ мӯҳтоҷ ба ин шахсиятҳо шуданд, минҷумла ба Мӯсо ва ҳамаи эшон ба моҷароҳои сиёсӣ, фақат дар сангарҳои гуногун шарик гардиданд. Маҳз нерӯҳои сиёсӣ онҳоро то андозае аз лақаби бадномшудаи «рекет» наҷот доданд ва ҳатто баъзеашонро то ба вазирӣ расониданд.

Тақдири ин шахсиятҳо аҷиб буд: Рауф тарки Тоҷикистон кард, Ёқубу Ғаффор алъон дар зиндон ҳастанд, Ҳикмат ягона нафарест дар ҳудуди кишвар, аммо Мӯсо Исоев, Ҳаким дар ин мобайн кушта шуданд.

Қиссаи имрӯзи мо аз Мӯсо Исоев аст. Мӯсои паҳлавон, Мӯсои ҳунарманд.

Ман ҷони ғариба мебарам Дилварзин…

Дар мавриди Мӯсо Исоев ҳарф зада, наметавон як ҳодисаи муҳими таърихиро, ки то ба имрӯз таърихнигории тоҷик баҳои ягона надодааст, нодида гирифт. Зеро ин ҳодисаи таърихӣ бевосита ба зиндагиномаи қаҳрамон пайвандӣ дорад. Ин зӯран кӯчонидани мардуми Мастчоҳи Кӯҳӣ ба дашти ташналаби Дилварзин мебошад.

…Мавриди зикр аст, ки муҳоҷират барои мардуми масчоӣ падидаи нав набуд. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, муҳоҷирати масчоиҳо ба Панҷакент, Исфара, Варзоб, Ромит ҳанӯз аз асри нуздаҳ оғоз шудааст. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам, қисме аз онҳо ба вилояти Чимкенти Қазоқистон ҳиҷрат карданд ва ҳатто мактаби тоҷикӣ доштанд, ки он ба номи Фирдавсӣ буд.

Муҳоҷирати маҷбурӣ соли 1953, дар замони котиби якуми ҳизби коммунисти Тоҷикистон будани Бобоҷон Ғафуров сурат гирифт. Аввал мардуми деҳаҳои болонишини Масчоро, аз қабили Ярм, Водиф, Деҳавз, Деҳиссор, Туро, Худгифи эшонҳо, Самҷон, Лангар ва ғайра ба ноҳияи Нов (ҳозира ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Спитамен) кӯчониданд. Ин ноҳия тақрибан ҳаштод фисад узбакнишин буд ва баъзе ба ин андеша ҳастанд, ки амали Ғафуров ба хотири мустаҳкам кардани минтақаҳои сарҳадӣ бо «тоҷикони тоза» буд. Вале, далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар муҳоҷирати соли 1953, мардуми кӯчонидашударо ду тақсим карда, аз ҳамдигар дар масофаи дур ҷойгир карданд то нуфузашон зиёд нашавад. Ду соли минбаъда, муҳоҷиркунонии маҷбурӣ идома ёфт. Ҳатто дар вилоят ситоди муҳоҷиркуниро бо роҳбарии Ибодулло Оқилов, ки аслан зодаи Ғарм буд, таъсис доданд. Раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Масчо Насим Салимов ба роҳбарияти вилояти Ленинобод изҳор дошт:

«Шумо мардуми деҳаҳои болонишини Масчоро муҳоҷир карда истодаед. Ҳам ман ва ҳам котиби райком Файзӣ Султонов аз деҳаҳои поённишини Масчо ҳастем. Мардуми деҳаҳои болонишин гумон мекунанд, ки мо махсус ин амалро анҷом дода истодаем. Ё ҳамаи Масчоро кӯчонед ё умуман накӯчонед. Қисм-қисм кӯчонидани аҳолӣ метавонад норизоиро ба вуҷуд орад. Шумо бо қисман кӯчонидани аҳолӣ Масчоро нест мекунед». Дар вилоят ба ҳарфи Салимов касе гӯш надод. Он вақт вай аз муносибати хубаш бо Ғафуров ва ҳамяроқ буданаш дар ҷанги Финланд бо Назаршо Додхудоев истифода бурда, арзашро ба онҳо расонид. Ғафуров ба қарори қатъӣ омад: Масчо пурра кӯчонида шавад!

Соли 1955 боқимондаи масчоиҳоро ба дашти Дилварзин ва ноҳияи Хуҷанд (ҳоло ба номи Бобоҷон Ғафуров) кӯчониданд. Дар оғоз мехостанд номи ноҳияро Сомғор гузоранд, ки номи як деҳаи узбакнишин буд. Вале Салимов ба ин номгузорӣ зиддият нишон дод ва талаб кард то номи ноҳия боз ҳам Масчо гузошта шавад.

Бисёре аз шоҳидони ин муҳоҷират, бо дарназардошти вазъи иқтисодии имрӯзаи Масчои нав, сари ин андеша ҳастанд, ки муҳоҷират амали дурандешона буд, зеро то ба ин имрӯз, мардум дар кӯҳистони Масчо намеғунҷид, вазъи иқтисодиаш беҳтар намешуд. Вале, баъзе далелҳое ҳастанд, ки бинобар номувофиқӣ бо иқлим, аз 22 000 нафари кӯчонидашуда, дар солҳои аввали муҳоҷират дар як сол то ба 200 кӯдак (!!!) вафот кардаанд, деҳаҳои Масчои Кӯҳӣ ба хотири он ки мардум дубора барнагардад, бо булдозерҳо ҳамвор карда шуданд, чанд нафар аз хокдони авлоду аҷдод ҷудо шудан нахоста, даст ба худкушӣ заданд. Танҳо як Ҳамчунин, ваъдаи роҳбарон ҳам то андозае дурӯғ буд: Ба онҳо макони биҳиштӣ ваъда карда, ба хонаҳои нимсохти бедару тиреза оварданд. Агар ба рақамҳои оморӣ ҳам таваҷҷӯҳ кунем, шумори масчоиҳое, ки дар солҳои 1949-1960 таваллуд шудаанд, камтар аз рақамҳои пешина ва баъдина дар мавриди таваллуд аст.

Рӯбоиёти ғамангезе аз забони муҳоҷирони иҷборӣ, аз ғуссаи мардуми беватаншуда ва оромкадаи азизонро ба ҳукми тақдир партофта, дар идома иншо шуд ва баъдтар, шоирони касбии аслан масчоҳие, мисоли Олимхон Исматӣ аз ин сӯзи ҷудоӣ забон баркушоданд. Бо оғоз шудани раванди бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ, рақамҳои оморӣ дар мавриди ҳалокати масчоҳиён ҳангоми муҳоҷирати иҷборӣ дар ВАО пайдо шуданд, аз забони ҳунармандони масчоҳӣ, мисоли Муродбек Насриддин, Лола Азиз рубоиёти ҷигарсӯзе садо доданд. Ба мисоли:

Ман ағбая сар кардам ба пушти бурсо,

Сад сол гузарад дилам кашули Масчо

***

Дилварзина бин, дорад шамолу шӯриш,

Масчоба намерам бари раҳдуриш.

Ҳар лаҳза ба ёди хонаи бобоӣ,

Дуд мекунадо дилам мисоли мӯриш.

***

Ҳар кас ба Масчои кӯҳан по мундай,

Маҷнун будасо, дар ишқи Лайло мундай.

Ман ҷони ғариба мебарам Дилварзин,

Бечора дилам, дар райи Масчо мундай.

Мегӯянд, ҳадафи асосии Бобоҷон Ғафуров аз маскун намудани мардуми Мастчо дар дашти Дилварзин, ба хотири он сурат гирифт, ки то аз нуфузи ӯзбакҳо ба сарҳадоти Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунад. Ба фикри ин донишманд, танҳо мардуми мағруру саркаши Масчо метавонистанд ба раванди узбакишавии сарҳади Тоҷикистон пойдорӣ кунанд.

Ин мавзӯи сӯҳбати дигарест. Аммо, муҳим он буд, ки қаҳрамони мо – Мӯсо паҳлавон соли 1952, як сол пеш аз оғоз шудани муҳоҷирати иҷборӣ, дар деҳаи Пастиғави ноҳияи Масчоҳи кӯҳӣ таваллуд шуд ва аз даҳҳо ҳамсолони дар ин кӯчокӯч ҳалокшудааш ҷонсахттар баромада, дар рӯйи дастони модараш Фазилатмоҳ,дунболаи падараш Исобек, тарки кӯҳистон кард.

Марги гург дар зери панҷаи Шер

Дар мавриди паҳлавонии Мӯсо Исоев қисса карда будем. Аммо, суоли мантиқие бармеояд, ки сабаби танҳо дар синни 35-солагӣ ба офаридани нақшҳо ҷалб кардани ӯ чӣ буд? Чӣ коргардонҳои тоҷикро водор кард як паҳлавони азимҷусса ва қавибозуро ба саҳнаи кино кашанд?

Барои пайдо кардани посухи мантиқӣ ба ин суол, бояд пеш аз ҳама ба нақшҳои офарида ва вазъи сиёсии он солҳо таваҷҷӯҳ кард.

Даврони бозсозӣ то як андоза андешаи коргардонҳоро ҳам дар мавриди ҳодисоти таърихӣ дигар кард. Масалан агар офаридани нақши босмачӣ дар замони шӯравӣ лозим мешуд, ҳатман ин қаҳрамон нафаре буд ҷоҳил, дар арсаи ҷанг беҳунар, чандзана ва қотили бераҳму бефаросат, комилан образи манфӣ. Вале, дар давраи ошкорбаёнӣ, коргардонҳо мисоли зиёиёни пешқадам ба чунин хулоса омаданд, ки босмачиён комилан образи манфӣ нестанд ва ба ин хотир, ақалан дар иҷрои нақши онҳо шахсони як андоза беҳтарро интихоб карданд.

Дар филми «Кафорат» нақши Низомро ба Мӯсо супориданд. Қиссаи интихоб шудани Мӯсоро барои иҷрои ин нақш, Мухтор Боқизода, дар мақолаи «Мӯсо бо Комиссар Катани ҳамкорӣ мекунад», («Ҷавонони Тоҷикистон», 14.02.1990).) чунин ҳикоят менамояд:

«Яке аз филмҳое, ки барои офаридани нақши беҳтарин Мӯсо бо мукофоту дипломи махсус қадрдонӣ шудааст, филми «Кафорат» мебошад. Соли 1988 он дар фестивали филмҳои миллӣ дар Кохи Борбад баргузор гардида буд, ҷои аввалро гирифт. Офарандагони филм барои интихоби қаҳрамон барои офаридани нақши асосӣ – Низом азоб мекашиданд. Даҳҳо нафар актёрҳои касбии даъватгардида, мувофиқ набуданд. Шахсе лозим буд, ки ин нақшро табиӣ ва самимӣ офарад. Пас аз ҷустуҷӯҳову сарсониҳои зиёде ба коргардон В. Мирзоянс муяссар гашт, ки бо Мӯсо вохӯрад. Аз ин рӯ ба рӯ омадан, Мирзоянс кӯдаквор хурсандӣ менамуд. ӯ ба паҳлавон хуб зеҳн монда, ба «Тоҷикфилм» даъват намуд.

Филмро ба навор гирифтанд. Мирзоянс аз интихоби Мӯсо дар симои марди кӯҳистонӣ қаноматманд буд:

– Раҳмат бародар, ту аз актёрҳои касбӣ ҳам хубтар нақшро бозидӣ».

Аммо ба қавли корманди «Тоҷиккино» Баҳриддин Мерганов, сабаби бо коргардони филм шинос намудани Мӯсо маҳз ӯ гаштааст. Вай дар сӯҳбат бо мо чунин гуфт: «чун ман бо Виктор Мирзоянс шинос будаму фаҳмидам, ки онҳо дар интихоби қаҳрамони асосӣ мушкилӣ мекашанд, дарк кардам, ки симову сурати қаҳрамон бо Мӯсо Исоев мувофиқ меояд, пешниҳод кардам то ӯро дар филм даъват кунад».

Директори «Хонаи кино» Саъдулло Раҳимов ҳунармандона бозидани нақши Низомро иқрор мекунад: «Истеъдоди Мӯсо Исоевро ман дар ҳамин филм («Кафорат») ва «Асрори нӯҳ пайғамбар» мушоҳида карда будам».

Гулбика – хоҳари зани бародари Мӯсо, ба журналист Музаффар Розиқзода лаҳзаи аҷиберо ҳангоми офаридани ин филм қисса кардааст:

«…Коргардон ба Мӯсо Исоев пешниҳод менамояд, ки гургеро бояд дар ҳолати беҳушӣ, зеро панҷаҳояш пахш намояд. Аммо шодравон Мӯсо Исоев ба коргардон мегӯяд, ки «бояд ман боре бо гург қуввасанҷӣ намоям». ӯ бо гург қуввасанҷӣ менамояд ва дар натиҷа, зери дастони Мӯсо гург ба ҳалокат мерасад».

Ҳамчунин, ба қавли хоҳараш, ки дар сӯҳбат бо Музаффар Розиқзода иброз доштааст, «ба Мӯсо барои офаридани нақш дар ин филм машинаи сабукрави тамғаи «Вилус» (УАЗ) тӯҳфа кардаанд».

Дар идома, Мӯсо Исоев бо кӯмаки Ҳошим Гадо, Ҳошим Раҳим, Исфандиёри Ғулом, Асламшоҳи Раҳматулло, Убайдуллои Раҷаб, Гулсара Абдулло ба омӯхтани нозукиҳои кино машғул шуду коргардонҳо бештар вайро барои офаридани нақши мардони пурқувват, ҷасур, нотарс даъват мекарданд. Ва ба ин сабаб, ғайричашмдошт, Мӯсо бештар ба офаридани нақши сардори босмачиён даъват мешуд.

Саъдулло Раҳимов – директори «Хонаи кино», дар мавриди Мӯсои ҳунарманд чунин ба ёд меорад:

«Соли 1987 ман ба ҳайси директори «Тоҷикфилм» ба кор омадам. Он вақт банаворгирии филми «Кафорат» рафта истода буд. Ин аввалин филми Виктор Мирзоянс буда, Мӯсо Исоевро нақши қаҳрамони асосиро мебозид.

Ман ӯро аввалин бор ҳамон вақт дидам ва эҳсос кардам, ки Мӯсо бо вуҷуди ҷуссаи паҳлавонӣ доштанаш, дили бисёр нозуку ҳасос дорад. Шахси бисёр эҳсосӣ ҳам ҳаст. Аз каме сухани ноҷой, ғамгину рӯҳафтода мешуд.

Баъд аз ин, соли 1989 ман ба ҳайси директори «Тоҷикфилм» ба Сурия рафтам, зеро дар он ҷо ба наворгирии филми «Асрори нӯҳ пайғамбар» мерафт. Дар миёни дигар қаҳрамонҳо Мӯсо низ буд, ки нақши сардори қабилаи арабиеро бозӣ мекард. Нақши ӯ ба ҳамон сурату ҷуссаи паҳлавониаш мувофиқ буд.

Азбаски Мӯсо бори аввал ба хориҷа сафар карда буд, худро бисёр нороҳат эҳсос мекард. Боре чунин шуда буд, ки ӯ бо ҳамроҳии Убайдулло Раҷабов бозор мераванд ва вақте нарху наворо мепурсанд, як фурӯшанда нархи кадом матоеро қимат баҳогузорӣ мекунад. Мӯсо мегӯяд: «гарени». Чун савдогар бо забони форсӣ шинос будааст, мепурсад ки : «гаруне?» Ин ҳодисаро У. Раҷабов бо як обуранги зебо нақл карда буд ва он дар хотираҳо боқӣ мондааст.

Хулоса, ман Мӯсоро як инсони хоксор, меҳрубон ва ба мурча озоре намерасонда, дарёфтам. Аз нигоҳи ман, ягона нақше, ки Мӯсо Исоев хеле хуб, касбӣ ва гуё нақши худашро офаридааст, ин нақши деҳқоне мебошад, ки дар ҷустуҷӯи роҳи зиндагии худаш мебошад. Дар фазои ғолиб омадани сохтори шӯравӣ, дар сари дуроҳае мондааст. Намедонад, ки интихоби кадом роҳ дуруст аст: бо шӯравиҳо равад ё бо босмачиҳо.

Ин нақши марде буд, ки роҳашро гум карда буд ва роҳ меҷуст.

Вақте ӯ ба кино рӯ овард, орзӯ дошт нақшҳои боз ҳам хубтар офарад. Зеро ӯ киноро хеле дӯст дошт.

Масалан, гоҳ- гоҳ мегуфт: «Муаллим, ман метавонистам фалон нақшро нисбати фалонӣ нағзтар иҷро кунам». Албатта, ин сӯҳбатҳои ғайрирасмӣ буд, аммо он нишонаи орзуву ормонҳои амалинашуда буданд. Баъзан дар ин ҳолатҳо барояш чунин менамуд, ки коргардонҳо ӯро ҳамчун ҳунарпеша намебинанд. Бештар мегуфт: «Ман мехоҳам ҳамчун ҳунарпеша нақш офарам, аммо онҳо танҳо ҷисми маро мебинанд. Онҳо дар кино танҳо мехоҳанд паҳлавонии маро истифода баранд. Ҳол он ки ман метавонам дигар нақшҳоро ҳам бозӣ кунам».

Яъне ӯ нақшҳои ҳирфавиро дар назар дошт. Аммо барои ин чизҳои дигар ҳам даркор буд, то ин ки он истеъдоди дар вуҷудашбударо берун бароварда тавонад. Манзурам ин ки ғайр аз он ки хоҳиш дорӣ, боз истеъдод ҳам лозим аст ва барои ин албатта, устод зарур буд. Лекин ӯ ки Донишкадаи санъатро нахонда буд, устоде надошт».

Қувваозмоии Мӯсо бо Комиссар Катани

Феврали соли 1990. Дар Душанбе ногаҳон намоиши эътирозие оғоз гардид, ки бо хунрезӣ анҷомид. Ин ҳодисаҳо дар таърих бо номи «воқеаҳои февралӣ», «баҳманмоҳи хунин» ёд мешавад. Ана, дар ин рӯзҳои ҷанг коргардони маъруфи Руссия Владимир Бортко дар Тоҷикистон наворгирии филми «Шикасти афғон»-ро оғоз кард. Барои офаридани нақши асосӣ, ҳунарпешаи маъруфи итолиёвӣ Микело Плачидо даъват гардида буд. Вай ба тамошобини тоҷик бо офаридани нақши Комиссар Катани дар сериали «Ҳаштпо» («Спрут») ошно буд. Дар ин сериал вай нақши корманди пулисеро бозӣ мекунад, ки ҷасурона алайҳи мафия мубориза мебарад ва маҳз ин ҷуръати ӯ сабаби маҳбубияти ҳунарманд шуд. Шоҳидон қисса мекунанд, ки дар он вазъияти муташанниҷ Бортко аз хидмати дивизияи 201-и Русия, мусаққар дар Душанбе, истифода бурда буд. Ҳангоми танксавор гузаштан аз яке хиёбонҳои Душанбе, мардуми ба шӯромада, танкро печониданд. Ва аз даруни он ба пешвози мардум Микело Плачидо баромад. Сангбороне, ки интизор буд, оғоз шавад, бо гулборон анҷом ёфт. Баъдтар, вақте дар кишвар оташи ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд, ба яке аз пешвоёни сиёсӣ Сафаралӣ Кенҷаев лақаби «Комиссар Катани» доданд.

Ба Мӯсо Исев муяссар гардид то бо ана ҳамин гуна ҳунарманди пуровоза дар як филм нақш офарад. Боз ҳам барои офаридани нақши пешвои муҷоҳидони разманда алайҳи русҳо бо исми Одил.

Дар мусоҳибаи дар боло ёдшудабо Мухтор Боқизода, Мӯсо мегӯяд:

«Дар гӯшаи хотирам ҳам набуд, ки бо актёри номӣ мисоли Микело Плачидо кор хоҳам кард. Ҳатто ҳоло хам боварам намеояд, ки ман бо чунин актёри варзида рӯ ба рӯ қувва меозмоям. Аз рӯи маълумотҳои пешакӣ, дар ин филм ман бояд нақши як нафар сарвари гурӯҳи муҷоҳидонро ва Плачидо нақши майори русро офарад».

Бахриддин Мерганов, корманди «Тоҷиккино» мегӯяд, ки Мӯсо мукотибаашро бо актёри итолиёвӣ баъди банаворгирии филми «Шикасти афғон» ҳам идома медод:

«Мӯсо нақшаҳои зиёде дошт. Бо Микело Плачидо алоқа дошт. Дар назар буд, ки дар як филми итолиёвӣ ӯро барои нақшофарӣ даъват мекунанд».

Ба қавли пайвандони Мӯсо, ки ба рӯзноманигор Музаффар Розиқзода гуфтаанд: «ҳунарманди машҳури синамои Итолиё Микело Плачидо ҳамеша ба шодравон Мӯсо Исоев як нуктаро таъкид мекардааст, ки «Мӯсо биё ман туро ба Итолиё бурда, дар қатори ҳунармандони синамои ҷаҳонӣ филмҳо омода намоям, то ситораи филмҳои ҷаҳонӣ шавӣ. Ба ин қаду қомат, усулҳои хуби нақшофарӣ шӯҳратёр мегардӣ». Вале Мӯсо дар посух иброз медорад, ки барои ман беҳтарин ва муқаддастарин макон Ватанам аст».

Чаро Мӯсо нақши Восеъро набозид?

Баҳриддин Мерганов, корманди «Тоҷиккино» мегӯяд, ки нақши Восеъро дар филми «Ашк ва шамшер» бояд Мӯсо мебозид,аммо бо сабаби барои вай номаълум, иҷрои ин нақш ба зиммаи Маҳмадсаид Пиров (ҳозир раиси ТВ «Сафина») гузошта шуд:

«Дар филми «Ашк ва шамшер», ки директораш Охунов Ҷӯрабек буд, дар нақши Восеъ аввал Мӯсоро пешниҳод карда буданд. Баъдан, намедонам бо кадом сабаб, номзадии ӯро рад карда, Маҳмадсаид Пировро интихоб карданд».

Дар мусоҳибаи Мухтор Боқизода бо Мӯсо ҳам ин суол матраҳ гардидааст:

«Аввал Мӯсоро барои офаридани кинои Восеъ даъват карданд. Худи Мӯсо хоҳони он буд, ки нақшро Ҳошим Гадо офарад. Аммо Тоҳир Собиров Маҳмадсаид Пировро интихоб кард»- менависад рӯзноманигор ва дар идомаи сӯҳбат, худи Мӯсо Исоев дар ин маврид чунин иброз медорад:

«Ман намедонам, ки Маҳмадсаид дар офаридани ин филм ба чӣ комёб мегардад, вале дили ман ба филми Восеъ месӯзад. Ҳарчанд актёри касбӣ нестам, аз баду нек огаҳам. Таърихи гузаштагонамонро ба қадри зарурӣ медонам. Қаҳрамонони миллатамро парастиш мекунам. Барои дигарон намедонам, лек барои ман симои Восеъ натанҳо як шахси қаҳрамон аст, балки симои миллати тоҷик аст. Бинобар ин, дар офаридани симоҳои миллӣ андеша бояд кард. То ки ба мардуми берун симои воқеии мардуми тоҷикро ҷилвагар созем», «Мӯсо бо Комиссар Катани ҳамкорӣ мекунад», («Ҷавонони Тоҷикистон», 14.02.1990).

Мухтор Боқизода мегӯяд: «яке аз шартҳои асосӣ барои иҷрои нақш ин буд, ки Восеъ бояд аспашро пуштора карда, аз дарё мегузаронид. Аз иҷрои ин лаҳзаи таҷрибавӣ танҳо Мӯсо баромад, вале интихоб сари номзадии вай қарор гирифт».

Журналисти дигар, шоҳиди ин ҳодисаҳо Сафват Бурҳонов бошад, интихоби коргардон Тоҳир Собировро воқеӣ мешуморад:

«Ҳарф задан бо лаҳҷаи мардуми Балҷувон, донистани расму ойин аз муҳимтарин ҷузъиёти филм дар бораи Восеъ буд. Ба ин хотир, маҳз Маҳмадсаид Пиров интихоб гардид, ки нисбати дигар номзадҳо дар масъалаҳои номбаршуда, бартарият дошт».

Бояд гуфт, ки ҳунармандии Мӯсо Исоев дар замонҳое рост омад, ки натавонист онро дер давом диҳад. Чунки он солҳо дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуду ӯро ба майдони сиёсат кашиданд. Аниқтараш, қувваҳо, шахсиятҳое пайдо гардиданд, ки мехостанд аз нерӯ ва обрӯи Мӯсои паҳлавон дар байни ҷавонон, истифода баранд. Аммо чеҳраҳои шинохтае ҳастанд, ки то ҳол аз Мӯсо ҳамчун ҳунарманд ёдоварӣ мекунанд. Масалан, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода мегӯяд: «ӯ як ҳунарманди касбӣ ва дорои ҷуссаи паҳлавонона буд. Аз ин рӯ, бо иҷрои нақшҳои шахсони тануманд ва қудратманд дар байни мардум маҳбубияти зиёде дошт. Чун дар баробари ин, ӯ як инсони хушсӯҳбат ва кушодарӯй буд, ҳамеша дар атрофаш одамон ҷамъ мешуданд».

Андешаҳое низ ҳастанд, ки аз кӯҳистони дурдаст кам ҳолатҳое мешавад ҳунарманд ва ё эҷодкоре барояд, ки дар ин соҳа муваффақ гардад. Шояд ин андешаҳо аз набудани имкониятҳои сайқал додани истеъдод пайдо шудаанд. Ин андешаро Музаффар Розиқзода низ дастгирӣ мекунад:

«Мӯсо аввалин ва алҳол ягона мастчоҳие мебошад, ки дар олами синамои тоҷик нақшҳои асосиро, аз ҷумла дар филмҳои «Кафорат», «Асрори нӯҳ пайғамбар», «Номзад», «Груз – 300»-ро бозидааст. Дар филми «Шикасти Афғон» бо ҳамроҳи ҳунарпешаи машҳури итолияви Микело Плачидо нақш офаридааст».

Созмони «Зарафшон»

Бо оғози ҷанги шаҳрвандӣ ва баъди ғалабаи нисбӣ аз ҷониби нерӯҳои оппозитсионӣ алайҳи нерӯҳои ба истилоҳ «коммунистпараст», қартаи маҳал, ки то ба ин дам дар зери шиорҳои пурдабдабаи миллӣ ва исломӣ ниҳон буд, ба бозӣ даромад. Нерӯҳое, ки то ба ин дам ба армонҳои миллӣ ва исломӣ бовар доштанд, дар як лаҳзаи кӯтоҳ дарёфтанд, бозичаи дасти бозингарони пурҳунари маҳаллӣ будаанд. Ба ҳамин хотир, ба таври оҷилӣ созмонҳои маҳаллие таъсис ёфтанд, ки муроди пешвоёни он мавқеъ ёфтан дар доираҳои маҳаллӣ буду бас! Яъне, гӯё эшон дар зери таъсири андешаҳои исломӣ ва миллӣ дар сафи нерӯҳои оппозитсионӣ ба роҳи хато рафта буданд ва ҳадафҳои маҳаллиро фаромӯш карда буданд. Атобеки Амирбек баъди дарки он ки миёни ӯ ва исломгароён ҷарии бетаге аст, созмони маҳаллии «Лаъли Бадахшон»-ро, Аслиддини Соҳибназар созмони маҳаллии «Водии Ҳисор»-ро ва Мӯсо Исоев созмони маҳаллии «Зарафшон», намояндагони Хуҷанд созмони «Ҳамдилон» -ро таъсис доданд. Дар Кӯлоб бошад, кайҳо боз созмони маҳаллии «Ошкоро» фаъолият мекард.

Мавқеи мардуми водии Зарафшон аз ҳама печидатар буд. Дар муддати даҳсолаҳои ҳукмравоӣ намояндагони Хуҷанд онҳоро ба мансабҳои баланд роҳ намедоданд ва шахсиятҳои маъруфи баромадашон аз ин минтақа, дар ду майдони муқобили якдигар истода, умедвор буданд, ки ин номеҳрубонӣ дар минбаъд бояд ҷуброн шавад.

Дар як ҷониб, муовини вақти Кумитаи гумрук Мавлон Олимов, раиси дафтари матбуоти Президент Карим Абдулов, раиси Шӯрои Олии ҶТ Сафаралӣ Кенҷаев, генерали Вазорати Амният, дар минбаъд раиси Кумитаи гумрук Худойқул Ҳамроқулов, депутати Шӯрои Олии ҶТ, Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов, сардабири рӯзномаи «Садои мардум», депутати Шӯрои Олии ҶТ Муродулло Шералиев, раиси Комиссияи интихоботи ҶТ Холмурод Шарифов ва дигарон, дастгирӣ аз сиёсати Президенти қонунан интихобшуда Раҳмон Набиев мекарданд. Дар ҷониби дигар бошад, депутати Шӯрои Олии ҶТ, раиси вақти Ҳукумати шаҳри Душанбе Мақсуд Икромов, собиқ ҷонишини сарвазири ҷумҳурии Тоҷикистон Отахон Латифӣ, номзад ба мақоми депутати Шӯрои Олии ҶТ, сардабири рӯзномаи «Чароғи рӯз» Додоҷони Атовулло, номзади илми филология Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшиносон Сафар Абдулло, Дӯстмуҳаммади Дӯст ва маъруфтарин аз миёни онҳо қозикалони вақти ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ки вақтҳои охир вайро ҳам баъзе пешвоёни майдони «Шаҳидон» «зарафшонӣ» меҳисобиданд, шомил мешуданд.

Вақте созмони «Зарафшон» дар Кохи «Ваҳдат» таъсис меёфт, дар ҷаласаи аввал барои интихоби раис баҳс бархост. Вақте чун нафари маъруф дар пойтахт номзадии Мӯсо Исоевро пешбарӣ карданд, Қурбон Восеъ, – адабиётшиноси тоҷик ва яке аз ҷонибдорони мавқеи Сафаралӣ Кенҷаев, барои интихоби ин номзад зид баромад. Аммо, ҷамъомадагон пуштибонӣ аз номзадии паҳлавон карданд, зеро ба эшон ҷусса ва нуфузи Мӯсо барои ҳимояти манфиати маҳаллӣ лозим буд.

Ин созмон барои манфиатҳои маҳаллӣ коре накард. Натавонист ақалан шахсиятҳои маъруфи баромадашон аз як минтақаро дар ду ҷониби соҳил ба ҳам орад. Кӯшишҳои ҷудогона барои оштӣ додани Сафаралӣ Кенҷаев ва Тӯраҷонзода, Мақсуд Икромов ва Кенҷаев бемуваффақият анҷом ёфтанд. Дар ҳамон вақт ду шахсияти маъруфи баромади иҷтимоиашон аз Мастчо ба назди Мӯсо омаданд то ӯро барои барқарор кардани муносибати нек бо Кенҷаев моил кунонанд. Аммо, паҳлавон онҳоро шунидан нахост.

Агар бо диди воқеӣ бингарем, дар ин фурсат мардуми ин минтақа имкони таърихии ба сари қудрати сиёсӣ омаданро абадан аз даст доданд. Ба ҳам омадани ҳамаи чеҳраҳо дар як сангар шояд метавонист ба дасти эшон лаҷоми сиёсиро диҳад. Вале эшон ба хотири ҳадафҳои миллӣ, динӣ, идеологӣ натавонистанд ба ҳам оянд. Онҳо армонҳояшонро болотар аз манофеи маҳаллӣ гузоштанд ва дар идома, сангинтарин ҷазо гирифтанд:

Мавлон Олимов, Олимҷон Абдулов (писари Карим Абдулов), Муродулло Шералиев, Муҳиддин Олимпур, Отахон Латифӣ, Сафаралӣ Кенҷаев ба дасти қотилон кушта шуданд, Мақсуд Икромов дар роҳи баромад аз Самарқанд ба таври пурмуаммо дар садамаи автомобилӣ ҳалок шуд, (Дар оянда Маркази тадқиқоти журналистӣ роҷеъ ба ин ҳодиса мавод омода хоҳад кард), нависанда Абдурофеъ Рабиев ба таъсири ҷанг ду фарзандашро аз даст дод, Додоҷон Атовулло, Сафар Абдулло, Салим Аюбзод то ба ҳол дар ғурбат ҳастанд, Лоиқ Шералӣ ба марги тадриҷӣ ҳалок гардид (бо вуҷуди сӯхтанҳояш аз дарди Ватан оқибат имрӯз «қаҳрамони маҳаллӣ» номида шуд).

Дар яке аз сархатҳои аввалини ин қурбониён Мӯсо Исоев меистод.

***

Дар ҳолати дар Душанбе мондан марги Мӯсо яқин менамуд. Инро ҳамаи нафароне, ки дар он шабонарӯз дар Душанбе бо паҳлавон рӯ ба рӯ шуда буданд, ёдовар мешуданд. Салими Аюбзод мегӯяд:

«Мӯсо доғи хунине дар дили ман аст. Як ҳафта ё чанд рӯз пеш аз боздошт шуданаш, ман ӯро дар Қарияи Боло, дар кӯча дида, пиёда шудам ва ҳамсӯҳбат гардидем. Дар дасташ се кулча нон дошт. (чӣ аломате?) Мегуфт ҳамин қадар дастрас кард, зеро нонфурӯшҳо нонашонро дар они воҳид тамом карданду рафтанд. Гуфтамаш, бояд дар шаҳр намонад. Гуфт, чанд рӯз пеш баргашт ва дар шаҳр хоҳад монд, зеро гуноҳе накардааст, қатраи хуне нарезондааст. Ба ёдаш овардам, ки тарафаш тир андохта буданд ва ҳатто аз китф захмияш карданд, оромаш нахоҳанд гузошт. Гуфт: «бобо, мард бояд нагурезад, мардона биистад».

Гуфтам, ин гурехтан нест, худро ҳифз кардан аст. Гуфт, худатон аз шаҳр равед, ҳама мешиносанд, Шуморо дар телевизион дидаанд, чаро намеравед?

Боз гуфтамаш, паҳлавонеро чун ӯ зинда нахоҳанд гузошт, аз рӯи сиёсат набошад ҳам, камаш аз рӯи рашку ҳасуд… Гуфт: «на, бобо, ман гуфтам, ҳамин ҷо мемонам, пас мемонам».

Ба дили ман, вай ба ҷои ҳамаи мо дар он шаҳри мотамзада бозмонду мо фирор кардем»…

Яке аз наздикони паҳлавон, Дӯстмуҳаммади Дӯст меафзояд:

Мӯсоро 3 рӯз пеш аз қатлаш тасодуфан вохӯрда гуфтам, ки «бародар Шумо бояд аз Душанбе равед. Гуфт: Ман чӣ кор кардам, ки аз Душанбе равам?»

Он нафароне, ки паҳлавон ҳастанд, ҳазор душман доранд. Дар вазъияти нооромӣ қасосгирҳо пайдо мешаванд. Мӯсо душмани зиёд дошт».

СаидшоХ Акрамзод ин лаҳзаҳоро батафсил қисса кардааст:

«Тирамоҳи соли 1992, аниқтараш 12 сентябр Абдураҳмон Маликов (мудири шӯъбаи молияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчо), Тоҷиддин Саидолимов (раиси шуғли аҳолии ноҳияи Мастчо) ва камина меҳмони устоди Донишгоҳи давлатии миллӣ Давлатов Муллошо будем. Сухан дар бораи Мӯсо

рафт ва аз мо хоҳиш намуданд, ки ҳатман пагоҳ вайро пайдо намуда, ба Мастчо ҳамроҳи худ бубарем. Чунки дар Душанбе ба вай хатари марговар таҳдид дорад ва ӯ бояд ҳатман ба Мастчо баргардад. Барои мо пайдо кардани паҳлавон мушкилие надошт, чунки медонистем ҳатман ӯро нисфирӯзӣ дар чойхонаи «Роҳат» бо дигар дӯстонаш пайдо мекунем.

Рӯзи 14 сентябр, соати 13 ӯро пайдо намуда, бо ӯ сӯҳбати тӯлонӣ доштем. Дар охир розӣ шуд, ки пагоҳ дар ҳамин соат боз дар ҳамин чойхона вомехӯрем ва бо ҳамроҳии мо ба Мастчо бармегардад. Рӯзи 15-уми сентябр дар соати муайян омад, чеҳраи асабонӣ дошт. Пас аз нишастан гуфт: «ако, ба Мастчо намеравам, чунки мардум мегӯянд, ки Мӯсо тарсид ва аз шаҳри Душанбе гурехт, ин ойини ноҷавонмардист. Рафиқони худро намехоҳам танҳо гузорам». Боз аз нав ба вай фаҳмонидем, ки ба рафиқони ӯ хатар таҳдид намекунад, аммо мондан дар ин шаҳр барои Мӯсо хатари садфойизаи маргро дорад. Чунки дар давоми се рӯзи дар Душанбе буданамон, нафарони хайрхоҳи паҳлавон, ки намехостанд вай кушта шавад, гуфтанд дар рӯйхати онҳое, ки кушта мешаванд, Мӯсо дар сархат мебошад.

Пас аз огоҳ гаштани ин ҳақиқат, ғамгин шуд ва гуфт: «ба Худо, ман ягон кори баде накардаам (касеро накуштаам, ё майиб накардаам, ки маро кушанд)». Мо ба вай фаҳмонидем, ки дар сурати сӯхтор хушку тар ба ҳам месӯзад, дар ҷанги шаҳрвандӣ гунаҳкор ва бегуноҳ фарқ надорад ва дар ҳолати барнагаштан ба зодгоҳ, ҳатман кушта мешавӣ. Ваъда дод, ки ман баъзе чизҳои заруриро ҷамъ оварам ва корҳои дигареро ба сомон расонам, ҳатман пагоҳ бо ҳамроҳии Шумо ба Мастчо парвоз мекунам. Рӯзи охирин дар дақиқаи аввал гуфт, ки ман аз Душанбе ба ягон ҷо намеравам. Пас гуфт, ки дӯстони дар ин ҷо будаи ман гуфтанд, ки шумо муболиға мекунед ва дар пойтахт бароям ягон хатаре вуҷуд надорад. Аз шумо маъзарат мехоҳам. Мо ба вай худоҳофизӣ намуда, аз дил гузаронидем, ки Мӯсоро охирин маротиба мебинем. Воқеан ҳамин тавр шуд.

Пас аз баргаштан, воқеаро ба бародари бузургаш Одинамуҳаммад фаҳмонида, вайро водор намудем, ки рафта Мӯсоро орад. Бародараш ғамгин шуд ва гуфт, ки вай одами якрав аст ва мумкин, ки ман ҳам натавонам ӯро баргардонам. Ба вай фаҳмонидем, ки аз номи модараш хоҳиш намояд. Одинамуҳаммад таъҷилан ба Душанбе рафт ва танҳо баргашт. Гуфт, ки Мӯсо мегӯяд ба Мастчоҳ барнамегардам, то ки мардум нагӯянд Мӯсо аз Душанбе фирор кард».

Табиист, ин ҳама огоҳ карданҳо аз марги яқинаш ба худи паҳлавон ҳам таъсири рӯҳии худро расонида буд. Апаи Мӯсо – Гулбикка чунин ба хотир меорад:

«Вақте бори охирин ба Мастчо омад, гуфтам:

-Мӯсоҷон, ман барои аз тири душман халосӣ ёфтанат (сӯйиқасди «Наҷоти Ватан» дар назар аст. ред.) ин гӯсфандро худоӣ мекунам.

ӯ хандид: -Апаҷон, ман ин дафъа баргардам, баъд гӯсфандатонро хун мекунед. Вақте ки роҳ сӯи Душанбе гирифт, ҳафт маротиба аз назди мошин баргашта, ҳама аҳли оиларо оғӯш гирифт. – То дидор, дар амони Худо бошед,- гуфт. Дар дили аҳли оила сиёҳие пайдо шуд».

Вале Мӯсоро ниҳоят дӯстонаш тавонистанд ба Мастчои кӯҳӣ гусел кунанд. Аммо, паҳлавон дар зодгоҳи аҷдодӣ зиёд наистод. Таънаи нафаре ва пойфишории ба қавле «шогирдон»-аш ӯро дубора ба Душанбе, ба пешвози марг овард.

Қатли паҳлавон

Танҳо ба хотири он ки саҳнаи марги Мӯсо боис ба барангехтани низоъ нашавад, тафтиши ин қазияро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳавола мекунем, зеро то ба имрӯз нисбати ин ҳодиса парванда боз накардаанд. Аммо, дӯсти Мӯсо, адабиётшинос Дӯстмуҳаммади Дӯст гуфтааст, ки «ӯро дар мавзеи совхози Варзоб парронидаанд ва он қотил лақаби «генерал» доштааст». Хоҳараш Гулбика бошад, дар сӯҳбат бо рӯзноманигор Музаффар Розиқзода гуфтааст, ки «ба қавли як зани шоҳид ӯро 80 тир задаанд». Фикр мекунам, барои мақомоти марбута агар лозим шавад, пайдо кардани маълумот дар бораи он ки он солҳо дар совхози Варзоб кӣ чунин лақаб дошт, кори душворе нест.

Танҳо ҳаминро ёдрас мешавем, ки ӯро он БТР рост ба совхоз овард ва дар ин ҷой саҳнаи марги Мӯсо тақрибан чунин сурат гирифтааст:

«Генерал» ба паҳлавон пешниҳод кард, ки пеши пойи вай зону занад. Паҳлавон рад кард. Дар ин ҳол, ба қавле, мӯйсафеде, ки ӯро ҳам барои истинтоқ оварда буданд, аз Мӯсо зора мекунад:

– Писарам, илтимос зону зан, агар хоҳӣ, ба ҷойи ту ман зону мезанам.

– Падар бархез! Ин номардон агар сар пеши пояшон кӯбӣ, ки маро мекушанд. Беҳтараш, бигзор бо сари баланд бимирам.

«Генерал» фарёд кард:

– Зону мезанӣ! Ана бубин, чӣ хел зону мезанӣ! – ва ба қавли рӯзноманигор Ҷӯра Юсуфӣ 32 тир ва ба қавли сайти интернетии «www. teatr.ru» 80 тир, аввал ба пойи паҳлавон ва баъд ба ҷисми вай холӣ шуд.

Субҳи дигар, ҷасади Мӯсоро аз минтақаи «Карер»-и ноҳияи Ленини собиқ пайдо мекунанд.

Ба сӯйи вопасин манзил

Гулбика, – хоҳари Мӯсо ба рӯзноманигор Розиқзода чунин ҳикоят кардааст:

«Ҳар рӯз аз Душанбе хабар меомад, – касе барои ҷасади Мӯсо ояд, аз ӯ бадтар мешавад. Бародари калониам Одинамаҳмад қасам ёд карданд, ки агар ҷасади бародарамро наорем, худро фарзанди инсон намеҳисобам. Бо вуҷуди вазъияти бади пойтахт, бародарам бо ёрии дигар дӯстонаш пас аз як ҳафта ҷасади Мӯсоро оварданд».

Саидшоҳ Акрамзоди Хуросонӣ, он рӯзҳоро чунин тасвир мекунад:

«Декабри соли 1992, хабари кушта шудани Мӯсо расид. Бародари ӯ Одинамуҳаммад бо ҳамроҳи чанд нафар хостанд барои овардани ҷасади Мӯсо ба Душанбе парвоз кунанд, аммо дар он рӯзҳо фурудгоҳи Душанбе баста буд.

Бародари Мӯсо аз он ҷо баргашт ва пагоҳирӯзӣ бо ҳамроҳии раиси хоҷагии Юсуф Вафо, – Муродбеки Юлдош ба назди раиси ноҳия Қурбонов Малик рафтанд ва хоҳиш намуданд, ки барои овардани ҷасади Мӯсо ба Мастчо аз Ҳукумати навтаъсиси Тоҷикистон хоҳиш кунанд то мошинаи санитарӣ ҷудо намоянд.

Раиси ноҳия Қурбонов Малик ба муовини аввали раиси Маҷлиси Олӣ Достиев Абдумаҷид занг зада ин хоҳишро расонид ва Достиев зуд ин хоҳишро иҷро намуд. Мушкили дуввум суоли «кӣ ҷасадро ҳамроҳӣ менамояд?» буд, чунки ағбаҳо баста буданд. Мошин бояд аз Регар, Сариосиё ва шаҳри Китоби ӯзбакистон мегузашт ва Мӯсоро дар он ҷо мешинохтанд…

Аз сабаби алоқаи телефонӣ набудан, маҷбур гаштем, ки аз утоқи кории раиси кумитаи бехатарии ноҳия, полковник Шарифов Мирзосафар занг занем. Хушбахтона, он кас ба мо ин иҷозатро доданд. Аз он ҷо ба хонаи Мӯсо занг задем ва ман аз ҳамсари мотамзадааш пурсидам, ки дар назди шумо аз дӯстони марҳум кӣ ҳаст?. ӯ ҷавоб дод, ки ҳамсояамон акои Шералӣ (профессори тиб) ва Муллобек Файзиев (корманди вазорати корҳои хориҷӣ) ва яке аз беҳтарин дӯстони Мӯсо. Ба қавли Низомӣ:

Ба май хӯрдан садҳо бувад ёр,

Якеро баҳри рӯзи ғам нигаҳ дор.

Ин ду нафар дар он рӯзҳои шум буданду халос. Дигарон канораҷӯӣ намуданд. Дар тамоси телефонӣ ба Муллобек гуфтам, ки «оё метавонед ҷасади Мӯсоро ҳамроҳӣ кунед?». Вай ҷавоб дод, ки ҳатман ин корро мекунам. Ба ӯ гуфтам, ки ин кор хатарро дар пеш дорад ва ӯ гуфт, ки ман ин чизро ҳам медонам, аммо ҳатман, Худо агар хоҳад, мурдаи абгор аз тири хунхорро ба Мастчо мерасонам.

Воқеан Муллобеки ҷавонмард ин кори мушкилро бо мушкилоти зиёде анҷом дод ва ҷасади абгор аз тири Мӯсоро ба назди модари пири вай Фазилатмоҳ расонид. Ин воқеа, ҳодисаи Сӯҳроб ва Таҳминаро ба хотир меорад. Фоҷиаи модари пири Мӯсоро ба сухан баён кардан номумкин аст, ҳама ашки ҳасрат мерехтанд».

Гулбика мегӯяд, ки «аз ғами Мӯсо модарам аз чашм маҳрум гашта, вафот карданд».

Ҷанозаи Мӯсо

«Ҷасад бегоҳирӯзӣ ба Мастчо расид- менависад Саидшоҳ Акрамзод, – ҷаноза соати 12 – и пагоҳирӯзӣ эълон гашт. Дӯстони Мусо кинокамера гирифтанд ва хостанд, ки он рӯзи сиёҳро барои ояндагон сабт намоянд. Афсӯс, ки ин кор дар он рӯз номумкин буд, – аз кумитаи амнияти вилояти Ленинобод даҳҳо нафар кормандон ба он ҷо омаданд, сабтбардорӣ, гузаронидани митинги мотамро пурра манъ намуданд». Журналист Ғолиби Мирзо мегӯяд:

«Ҳангоме, ки ҷасадро ба Мастчо меоранд хурду калон, пиру ҷавони Мастчо ашк мерезанд. Дар ин вақт он дӯстоне, ки муовини дасти рост ва чапи Мӯсо дар Созмони «Водии Зарафшон» буданд, омада соате ҳам наистоданд».

«Ҳама бо сари хам, бе ягон овоз ба гӯристон равона гаштанд – идома медиҳад Саидшоҳи Акрамзод, – бо хомӯшии комил ҷасадро ба хок супориданд. Пас аз ҷаноза хондани мулло, мардум хостанд парока

Чура ЮСУФИ шоир ва нависандаи точик дар марги Мусо марсияе навишта, ки онро манзур мегардонем.

ДАРЕFИ ПАҲЛАВОН МУСО…

(Сугвории паҳлавон ва ҳунарпешаи кино Мусои Исо–шаҳиди чанги шаҳрвандй).

Дареғи паҳлавон Мусо, ки худ тимсоли Масчо буд,

Дареғи қадду болояш, ки парру боли Масчо буд,

Дареғи он суханҳояш, ки аз иқболи Масчо буд,

Дареғи пайкари сангаш, ки чун аҳволи Масчо буд,

Дареғи қисмати талхаш, ки мисли фоли Масчо буд.

Дареғи паҳлавон Мусо, ки худ тимсоли Масчо буд,

Дареғи қадду болояш, ки парру боли Масчо буд.

Ҳунарманде, ки нақши хеш бозй кард, охир ку?

Чаҳонеро зи буди хеш розй кард, охир ку?

Нахуст аз ҳастии худ бозсозй кард, охир ку?

Тану чонаш ба хуни худ намозй кард, охир ку?

Дареғи он чавонмарге, ки худ омоли Масчо буд.

Дареғи паҳлавон Мусо, ки худ тимсоли Масчо буд,

Дареғи қадду болояш, ки парру боли Масчо буд.

Бинои одамиятро сутуни устуворе буд,

Ба он чусса, бо он ҳашмат ҳалиме, хоксоре буд,

Шарофат дошт, ҳиммат дошт, гуй обшоре буд,

Зи Рустам сад нишоне дошт, марди бовиқоре буд,

Яке оринажоди аслие аз моли Масчо буд.

Дареғи паҳлавон Мусо, ки худ тимсоли Масчо буд,

Дареғи қадду болояш, ки парру боли Масчо буд.

Ба зури даст кай ҳосид варо бар пушт хобонид,

Ки ахтарҳо раманд он гаҳ, ки пайдо мешавад хуршед!

Вале як ахтари манҳус, ки аз Иблис шуд тавлид,

Барои як тани Мусо сию ду тир боронид,

Дилам фарёдборон аз забони лоли Масчо буд.

Дареғи паҳлавон Мусо, ки худ тимсоли Масчо буд,

Дареғи қадду болояш, ки парру боли Масчо буд.

Соли 1992.

Advertisements

January 26, 2010 - Posted by | Bukhara, Culture, Душанбе, Душман, Кахрамон, Мастчох, Муаррифинома, Мусо Исо, Озарбойчон, Озоди, Тоҷикистон, Фараж, Хасодат, Identity, Mastchoh, Mentor, Tajiks

4 Comments »

  1. Хеле сахифаи пурмухтаво ва чолиб.Саломат боши Фирдавс,Рухи Шери Мастчо хурсанд мешавад. Бузургон ва Пахлавонон марг надоранд.Номи Мусо худ ифтихори Мастчох аст.

    Comment by bahtier | January 30, 2010 | Reply

  2. Akoi Bakhtiyor Shumo mehruboned va lutf mekuned. dar hakikat mo insonhoro odat bar on shuda, ki az buzurgonu pahlavononu kahramonon dar hole sukhan mkunem, ki oftobi umri ishon alakay gurub karda ast.
    Ba har hol umed dorem,ki arvohu muboraki ishonro bo yodovari az kornomahoi ishon shod megardonem.

    Comment by Firdavsi Azam | January 31, 2010 | Reply

  3. Ташакур додар, дар хакикат кахрамони мардуми Мастчохи-бостон арзандаи суханхои волою пок мебошад.

    Comment by Usmon | December 20, 2010 | Reply

  4. Соли 1992 аз чониби дастахои номаьлум дар Душанбе вахшиёна ба катл расид…….
    Ин тур гуфтан номардист. Хама медонанд ки он вакт Фронти халки дар Душанбеву Варзоб хукмрон буд….чи гурухи номаълум гуфта мегарди Фирдаси бобош?????

    Comment by Мусои зинда | May 25, 2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: