Фирдавси Аъзам

Адабу фарҳанги Мастчоҳ

Асрори Азиз


Асрори Азиз санаи 23 декабри соли 1977 дар деҳаи Худгифи Офтоб аз оилаи коргар ба дунё омадааст.Сентябри соли 1984 ба дабистон шомил гашта онро соли 1994 хатм намудааст.Худи ҳамон сол ҳуҷҷатҳояшро ба Омузишгоҳи тибби супорида кабул мешавад ва соли 1997 пас аз хатми омузишгоҳ фаолияти кории хешро аз беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ дар шуъбаи “Эҳё” ба ҳайси беҳёр огоз намудааст.Аз соли 2000-ум инҷониб дар маркази саломатии “Зарафшон” ба сифати беҳёри бачагона адои вазифа намуда истодааст.Асрори Азиз аз зумраи он пизишконест, ки дар миёни ҷомеаи Мастчоҳ аз oбрую эҳтироми вижае бархурдор аст.Дунбола…

Мардуми фарҳангпарвару фарҳангдусти Мастчоҳ аз мардуми сухандону суханпарвари Тоҷикистон махсуб меёбанд, ки албатта сарчашмаи сухандонию хушхонии ин мардум ниёгони бофарҳангу адабпарвари мо тоҷиконанд, ки чандин ҳазор сол тухми сухану хирадро маҳфуз нигошта ба имрузиён мерос мондаанд. Бешак Асрори Азизро метавон аз ҷумлаи пайравони сухани ноби аҷдодони хеш номид, ки имруз дар баҳри шеър шиновар аст ва кулборе дорад аз ишку меҳру дард. Асрор шеър мегуяд шеъри мондагор, шеъри дарду фироку нолаҳои зор-зор.У чун дигар шоирон ҳаргиз иддаои шоир будани ҳешро намекунад.Пизишк,шоир Асрори Азиз чун шоир Абдумалик Зуҳури тавониста ду касб ё худ ду пешаро бо хам орад ва онҳоро бо ҳам муросо диҳад.Ончизе ки Асрорро бо шеър васл мекунад ин ҳамон покии дилу дидаи кудаконаи уст. Шеър барои у як навъ васила ё худ ҳолати танаффусу тафреҳ аст.У мегуяд: “Ҳар замон чун шъере эҷод мекунам, сабукие дар руҳи хеш эҳсос мекунам” Албатта шеър фарогатбаҳшу танаффусдеҳ аст агар онро хуб дарк куни ва хуб эҷод куни.

Дар зер чанд намунае аз ашъори Асрори Азизро манзур мегардонем ва барои ин шоири умедбахш калами буррову андешаи бикру илҳоми тоза таманно мекунем

Рубоиёт

Дил дар тани мо муьҷизаи раҳмон аст,

Ҳам пояи дину манзили имон аст.

Дар зулмати тору гумраҳи чун машьал,

Хуршеди мунири роҳи мо “Курьон” аст.

Ман ғарқаи гирдоби гуноҳам, ё раб,

Дар доми ғаму кулфати оҳам, ё раб.

Зулмоти ҷуҳули садди роҳам гашта,

Ту машаьали тобандаи роҳам, ё раб.

Сарат дар хок созад, бенамози,

Дилатро чок созад, бенамози.

Ибодат кун вагарна дар ду олам,

Туро нопок созад, бенамози.

Хоҳи ки шави ту соҳиби ризқу фароз,

Доим бувадат раво туро ҷумла ниёз.

дар манзили эҳироз бошу ҳамадам,

Дар сумиаҳо гузор, “панҷвақта” намоз.

Чанголи қазо ба домани ҷон ояд,

Аз ғайб ба фармудаи ҷонон ояд.

Маҳбуби амонат намудем, он руз,

Эй кош ки бахшиданаш осон ояд.

Ишқи ту садои дидагонам бошад,

Ҳастии ту умри ҷовидонам бошад.

Дил з-и ишқи ту пок мекунам дар он руз,

Дасти малакулмавт ба ҷонам бошад.

Васф

Ду чашмонат сиёҳанду хумори,

Ду рухсори ту гулҳои баҳори.

Лабонат сурхи оташгуну дилкаш,

Ду абруят камони дилкушои.

Намуди дидаро во, теғи дидор,

Бизад дилро ба доми беқарори.

Нишинам то ба рузи васли дилҳо,

Ба ёдат руи роҳи интизори.

Видоь

Зи барат фирор дорад, дили ошиқу ғарибам,

Зи гули лабони зебо ту масоз бенасибам.

Раҳи ошиқи азизам, раҳи орзую уммед аст,

Ояти висол гуям, шави ҳамдаму ҳабибам.

Фориғ аз хаёли руят, дили ман ба дард ояд,

Зи ту бошадам умеде, шави дармону табибам.

Бигзашт

Сад ҳайф, ки умри навҷавони бигзашт,

Атторсифат сузи ниҳони бигзашт.

Тоат зи хаёл дур кардем, афсус,

Табрези бузургу пайравони , бигзашт.

Олам, ки макони аблаҳон гардида,

Руми зи ғами ҷаҳони фони, бигзашт.

Нокоми

Ман сокини вайронаам, аз ман бигурезед,

Савдоию бехонаам, аз ман бигурезед.

Дар маҳфили ирфон суханам ёд наоред,

Ҳамсуҳбати паймонаам, аз ман бигурезед.

Нопоку дилам сокини олудамакон аст,

По дар раҳи майҳонаам, аз ман бигурезед.

Дур аз дари масчидаму аз минбару меҳроб,

Овораи бутхонаам, аз ман бигурезед.

Беҳуши фуру бурда ба комаш сару ҳушам,

Ман бесару девонаам, аз ман бигурезед.

Н-оред майи ноби накухона бароям,

Майхораи бадхонаам, аз ман бигурезед.

Хаёли ранҷур

Мисли моҳе дар фазои ёди ман,

Нурборон менамои шомгоҳ,

Муддате, зери сияҳабри хаёл,

Ноаён мемони аз теғи нигоҳ.

З-оғуши абрисияҳруи фироқ,

Боз мегирам туро андар паноҳ.

Аз мунират ёди раҳгумгаштаам,

Роҳ меёбад ба суи шоҳроҳ.

Меравад дар шоҳроҳи куи ту,

Ҷисми бемори хаёлотам ба роҳ.

Норасида бар висоли руи ту,

Аз ҳалокат мефитад дар нимароҳ

Муноҷот

Пургуноҳу бенамозам, эй худованди карим.

Аз шароб беэҳтирозам, эй худованди карим.

Нест ҳамрозе маро оғуши ин шоми сияҳ,

Бо ту гуям дарду розам,эй худованди карим.

Меравам з-ин маҳкама бенури имонат, дареғ,

Заррае ҳамроҳ созам, эй худованди карим.

Тоату зикрат накардам он замони имтиҳон,

Сархаму расво насозам, эй худованди карим.

Ё раҳимо ҳадяе аз раҳматат рузи ҷазо,

Кош, сози сарфарозам, эй худованди карим.

Меравам бо ғурабату армону ҳасрат, дастгир,

Эй худовандо, худовандо, эй худованди карим

Доғи ҳиҷрон

Мазан дар доми армону биё ғамро бисузонем,

Марези ашки чашмонам, ки дунёро машуронем.

Макун моро бадар ин шом з-ишратхонаи васлат,

Ки масти бодаи ишқу висолу аҳду паймонем.

Макун соқи қадаҳҳоро ту лабрези шароби ҳаҷр,

Биёр аз бодаи васлат,ки бо лабҳо бинушонем.

Нигар дил ҷомаи ҳиҷрон ба тан афканда менолад,

Биё баҳри муҳоҷир мо қабои васл пушонем.

Пур аз бори ғаму армон,ниҳоли умри ширинам,

Насими хуррами бархез, ки ғамҳоро барафшонем.

Сури Исрофил

Дидаҳо ғафлатқарину дидаи бедор ку?

Қалбҳо бесабру тоқат, он дили саббор ку?

Ҳар яке пушида бар тан ҷомаи олудаги,

Он қабои эҳтирози аҳли тақводор ку?

Баҳри ободонии манзилгаҳи уқбои хеш,

Тавбаҳои бешумору нолаҳои зор ку?

Ҷумлае сокин шуда дар манзили кибру ғурур,

Аҳли берун аз манозилгоҳи истиқбор ку?

Мардумон афтода дар роҳи фиреби якдигар,

Назди даргоҳи худо паймону истиғфор ку?

Пас бигу, Асрор,баҳри муьминони бехабар,

Он ҳама фармудаҳои ҳазрати Ҷаббор ку?

Пушаймони

Шаби тору дили пурдарду оҳам,

Равони осмон теғи нигоҳам.

Ба даргоҳат намоям тавба эй кош,

Худовандо ки бахшои гуноҳам.

Фазои дил шабистону сиёҳ аст,

Биёр аз чархи имон нури моҳам.

Накардам тоату зикру ибодат,

Раҳимурраб маяфкан руи роҳам.

Фикандам ҷомаи муҳрим зи андом,

Хушо, дорои анҷоми мубоҳам.

Бисози, ҳадяе дар рузи маҳшар,

Зи нури раҳмати покат, илоҳам.

Advertisements

January 12, 2010 - Posted by | Culture, Адабиёт ва санъат, Асрори Азиз, Ишк, Кахрамоннома, Муаррифинома, Пажухиш, Тоҷикистон, Хунар, Шеър, Шеъру тарона, Identity, Mastchoh, Mentor, Poetry, Tajiks, َФолклор

1 Comment »

  1. куча торик,
    Хона торик
    Дида торик
    Дил торик.
    Хам замину
    Осмону
    Руи дуне
    хама торик.

    Comment by rasuli hamro | September 3, 2011 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: