Фирдавси Аъзам

Адабу фарҳанги Мастчоҳ

Абдумалик Зухури


Абдумалик Зухури 20 ноябри соли 1951 дар дехаи Ревомутки нохияи Кухистони Мастчох таваллуд шудааст.Соли 1976 ба шуъбаи иктисодии Донишгохи давлатии Точикистон шомил шуда, онро соли 1971 пирузмандона хатм намудааст.

Муддате дар идораи шуъбаи молияи нохия, КСН-17 ба хайси сармутахассис ва аз соли 1978 то имруз дар чамъияти саххомии “Сомониён” дар  риштаи хисобу китоб хамчун сармухосиб адои вазифа менамояд.

Намунаи ашъораш дар китобхои муштараки “Хордаста” , “Сурмаи дил” ва рузномаву мачаллахои чумхури ба чоп расидаанд.

“Хамосаи сахар”-нахустмачмуаи шоири умедбахш Абдумалик Зухури мебошад.

Мазхари мухаббат

Дар сухбате файласуфе нобига мегуяд, ки “Шоирон нисбати эхсосоти отифии худ бепардаанд.Онхо уро урён мекунанду азият медиханд”.Мухаккики бузурги ирони Ризо Барохани низ бар ин фикр аст ва таъйид  мекунад, ки факат инсонхои озод, ки андешаву паём ва розхои кафасиро метавонанд берун кашанд, шоиранд.Мо хамаруза чандин нафареро мебинем, ки дар тули зиндагияш ду-се мисраъ мавзун кардаанд ва бо иддаи шоири рази ахсти мекунанд.Ман ба худ ичозаи довари намедихам ва барои худ тасдик ё инкори шоирии онхо (ё шоирии худам) далел хам надорам.

Аммо хар вакте Абдумалик Зухури бо тавозуъ такрор мекунад, ки “Ман шоир нестам, манзурам аз сурудани тарона буданамро ранг бахшидан ва  озоди ёфта аст”, ман меандешам, ки дар вокеъ ин харфхо пазируфтанист.Инсон бояд барои худаш равзане созад, то миёни вучуди кучаки худ ва вусъатободи офок аробита афрузад.Абдумалик Зухури, ки сармухосиби хочагии обруманде мебошад,хамаруза дар анбухи когазу китоб ба сар мебарад ва дар миёни ин хама  ракам ва зарбу таксиму чамъу тарх яке мебинад, ки аз пушти дафтари кораш баччаи аробасаворе сурудгуён мегузарад, паррандае чакомаи бахор мехонад ва офтоб ба зиндагонии нуронии худ идома мебахшад.Хамин дидан-танаффуси зебост.Ва милоди хар шеър барои Абдумалик Зухури як танаффуси барохат аст барои нафас кашидан, барои  аз кайдхои зиндаги рахо ёфтан, барои будан.Устод Бозор Собир чандин сол кабл китоби ашъори худро ба Абдумалик тухфа кардаанд ва бо лутфи гуллувомез чунин навиштаанд:

Абдумалик андар хисоб

Дорад хунархо бехисоб,

Дар сархисоби шеър хам,

Бех аз мани сохибкитоб…

Шеър бузургтарин ангезаест, ки рухро хамеша мутахаррик нигох медорад. Яъне шеръ зиндагии рух аст.Ва хар, ки шеър мегуяд шояд то андозае ташнагихои чонашро мешиканад ё кушиши шикастан мекунад, шояд бо шеър гуфтан як шодии ноошноеро дар худ эхсос мекунад, шояд худро бо дунёи улви наздиктар мебинад,шояд таскин мебахшад ба дардхои хуручандааш ва шоядхои дигар.Абдумалик Зухури барои карашмаи вожахои шеър дар рухи худ чои сазовор пайдо кардааст.Ин харду пешаро дар худ муросо додан ба рушд бахшидан хунари андак нест.

Абдумалик Зухури дар кулбораш тушае дорад бо номи Ихлос.Холо, ки солики рохи шеър аст, ман дар орзуи онам, ки мархила ба мархила ба пеш равад,бо мадади мехру ихлос ва он асои муъчиза, ки номаш калам аст.Он чи Абдумаликро ба шеър пайванд медихад, маъсумии кудаконаву имони бехалал ва дилу нигохи шуста аст.У бо мухаббати соликона ва иродати содикона намозгузори Шеър ва Шоир аст.Масалан китоби устод Лоикро пайдо мекунад ва муковаи зеботарине бо тасовири шоирона ба у мебандад, чехраи Гулрухсорро аз оинаи чахоннамо мебинад ва чандин руз хушбахт мегардад, бо акси шоирони Ачам таквимхо месозад, ба Хучанд махфилхои шеър аз Мастчох як сабад гул меорад.Кош ин ишку ихлос боз хам Абдумалик Зухуриро бадрака бошад ва барад бо худ ба самти зебои, ба дурдасти мунаввар, ба суи субхи хакикат. Ва ин бор, ки аз пушти тирезааш бачаи аробасаворе байтхои Зарафшон дар лаб масти зам-замахо мегузарад, сар аз когази хисоб бардорад ва бияндешад, ки дили у хам мазхари ишку шоирон ва хонаи шеър аст.

Фарзона

Сабак

Месузаму месозам дар хасрати чонона.

Ман рохи варо поям у дар рахи майхона

Печида ба гамхоям, дилмондаи дунёям,

Ту айшу тараб дори,бо шеваи риндона.

Бар пурсиши дарвешон харфе ту намегуи,

Бо чумла биомези, бо мои ту бегона

Ожанги чабини чун номаи нохонда

Ё накши парешонист дар кисмати пешона.

Чонро ба лаб оварди бо ваъдаи дидорат,

Бар куи гарибон о, чун ганч ба вайрона.

Бозор ба комаш бурд тифлони дабистонро,

Дашном биомузанд на киссаю афсона.

Туркон бишиникастанд ар абруи Хилолиро,

Абруи хилоли ту дорад хами туркона.

Бояд, ки сабак гирем аз дудаи Сомони,

Доданд зимоми худ бар мардуми бегона.

Чоми ба Хирот овард мардони Хуросонро,

Ноил зи Хирот омад бар махфили Фарзона

Газал

Барге зи гули руи ту чидан натавонам,

По аз сари куи ту кашидан натавонам.

Нокомии хичрони ту аз дил наравад хеч,

То аз лаби канди ту чашидан натавонам.

Аз пахлуи хокам гузар, аз буи ту хезам,

Харчанд, ки зулфи ту шамидан натавонам.

Бо амри худо гармтар аз гунаи сабзат,

Дар хар ду чахон олиха дидан натавонам.

Гуфти, ки бирав, пеши ту дулгир шудам ман.

Чонам биравад аз ту буридан натавонам.

Хохам , ки занам буса кафи пои туро, лек,

Чун сабза ба рохи ту дамидан натавонам.

Ман ашки нагунсораму аз шурии толеъ

Хайфо, ки ба пои ту чакидан натавонам

Аз тези нигохи ту калам тез намудам,

Дардо, ки ба гарди ту расидан натавонам.

Ба шоирае.

Эй, ки бо лутфи сухангуии шевои дари,

Мисли нушина ба Сухробиву худ пай набари.

Гайри фарзона ба души ки фитад бори сухан?

Ёри ту бод худо  дар талаби рахсипари.

Чашми бемори ту афсонаи афсун дорад,

Нози шахноза биёри, дили шахзода бари.

Чашмпушидакушоит киёмат бошад,

гар бипуши шаби тор,в-ар бикушои, сахари.

Навсафаркардаи мо хамватанонро диди?

Кай ба поён бирасад зиллати ин дарбадари.

Ин мабодо, ки дигар бор шароре хезад,

Кас наёби ба кафанбурриву бар шотабари.

Кори торихи чафобори табартаксимро,

Наршахи ёд надорад ва надонад Табари.

Фоли Хофиз

Дарахти талхро боди хазон бех.

Сафои субхро бонги азон бех.

Даме бо ту ба хилватгоху мачлис

Маро аз маснади шохи чахон бех.

Ба ёди ту чавон рафтан чу Пайрав,

Басе аз умри  бе ту бекарон бех.

Саги куи туро бусам чу Мачнун,

Гили даргохат аз Боми Чахон бех.

Чи бошад гарки чашмони ту гардам,

Лаби майгунат аз ратли гарон бех.

Ба пешат кудаки нодонтаринам,

Хар он лутфе , ки фармои, хамон бех.

Даво чуям куну аз фоли Хофиз,

“Ки охир кай шавад ин нотавон бех?”

Чунин омад чавоб аз байти Хоча:

“Висоли у зи умри човидон бех”

Илтичо

Ало, эй рухи Мачнуни ручуъ кун,

Ба мо аз ишки Лайли гуфтугу кун.

Ба чуз ту покбозу покрав нест,

Баёни киссаатро му ба му кун.

Намегунчад ба олам дуди охам,

Чунунамро ту дар худ чустучу кун.

Суроги куи он сабзинару гир,

Маро бо Лайлии ман ру ба ру кун.

Агар  сузам зи махчури чу Яъкуб,

Биовар хоки пояшро, ки “бу кун”

Маро то мардумон осон надоранд,

Хикоёти чамолаш ку ба ку кун.

Чу абре бар сари хокам нагиряд,

Губорамро парешон су ба су кун…

Advertisements

December 20, 2009 - Posted by | Абдумалик Зухури, Ишк, Кахрамоннома, Муаррифинома, Пажухиш, Шеър, Шеъру тарона, Identity, Mastchoh, Poetry, Tajiks

2 Comments »

  1. Mastchoh in kadar shoir dorad!

    Comment by akmal | December 21, 2009 | Reply

  2. Салом хамсинф, хуб мешуд, ки аксхоро сари чанд вакт нав мекардед

    Comment by Саидкосим | April 19, 2012 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: