Фирдавси Аъзам

Адабу фарҳанги Мастчоҳ

Саттор Хусейн



Инчо мехохам аз хаёту фаолияти марде харф бизанам, ки вокеан фардест чонфидову мехнати, хирадманду насихатгу ва хикматдон, ки лоики тахсину кадрдонист.Мардест ки такабуру магрури аз у бегонаанд,мардест номдор дар фазои мухиту диёр!Уро Саттор Хусейн мегуянд(Сатторов Хусейн).Ин марди хамвора дар руи кутуби набавию осмони дар хакикат дар миёни мардуми махал ва гирду атроф бо тачоруби касб бинмудааш ва бо фахму заковати кордонияш шахиру номдор аст.Азбаски Мулломирхусейн тагои падарм мебошад, мо низ чун падар уро таго-гуён садо мекунем. Хонаи Худоро зиёрат намудааст,аммо кабл аз ин ки рох суи хонаи Худоро бигирад, манзили садхо кулуби башарро ободу шод кардааст,ки ин худ мусовист бо мушарраф шудан ба хонаи У. Ба кавли амакам Шохмирзо ба табиати тагоям Мулломирхусейн чоплусию хушомадгуи, дуруггуию тамаъ, хасудию кинаварзию беномуси барояш бегонанаанд.Мудом насихат бар забон дорад.Мудом дар паи омузиш аст.Ба пириву кухансолии хеш нигох накарда тагои барнодилам хамвора дар масири чустучуву омузишу такопу карор дорад.Чун эшон ангуштшуморанд пироне, ки дар ин сину сол “пои” сухбати китоб бинишинанд.Чун кас (ман худ борхо аз дарёи сухбати эшон шиновар будаам) пои сухбату гуфтугуи эшон менишинад, вокеан аз он сухбату муколамаи пурмухтавову дакик (хар хаводису хотиротро бо санадхои дакик меоранд Ф.А) ва андарзии эшон чахон-чахон маънавиёту маърифат ба даст меорад.Тагоям ба кавле ва ба ибораи махалли “куни” гапу тачоруб хастанд.Зиндагии ин гуна пирони бо тачрибаву бохирад худ як мактаби тарбияву ахлок аст барои хар барнову чавоне огохдил!
Дар зер мехохам тарчумаи хол ва хаёту фаолияти ин марди мехнатию дар айни замон эчодкорро аз забони зиндаи худи у манзур гардонам.

“Ман Сатторв Хусейн соли 1928 дар рустои Худгифи Соя дар Мастчохи Кухи чашм ба ин дунёи хасти во намудаам.Оилаи мо иборат аз ду духтару ду писар буд.Бо амри такдир рузи шуме ба сари хондони мо омад,ки дар соли 1936 модари мехрубони худро барои хамеша аз даст додем.Модарам ба он чахон рехлат намуд.Падари боору нанги банда пас аз даргузашти хамсараш дасти фарзандонашро баргирифта дар соли 1941 рохи Тошкент Чумхурии Узбекистонро пеш гирифт.Дар шахри Тошкант падарм хона ичора гирифта, дар хамон чо кору зиндагони менамудем.
Дар шахри Тошкант падарм хона ичора гирифта, дар хамон чо кору зиндагони менамудем. Ва у моро дар хамон чо зери каноди тарбият мегирифт.Баъд аз расо 7 соли марги модарам ин бор кисмат киблагоху сутуни хонаводаи моро низ аз мо чудо кард ва хондаш Худо ба суи хеш.Падар дар соли 1943 даргузашт.Худи хамон сол дар мохи август амакам аз Мастчох ба Тошкент омада хохару аппаму додарамро аз даст гирифта ба зодгох равон шуданд,аммо ман бо эшон хамрох нашудам ва дар манзили хешовандону пайвандон дар ин шахри гариб зиндагиро давом додам.Аз соли 1943 то соли 1945 яъне муддати ду сол ман ба марди корию савдогари рузхоро дар ин шахри гариб ба шом табдил медодам.Баъд дар соли 1945 мохи июл амакам, хамоне ки оли 1943 омада хохарону додарамро ба зодгох гирифта бурд, омада бо иддаои он, ки ман холо калон шудааму камолёфтаам ва бояд ба зодгох омада хону мони падарамро сохиби кунам.Хамон соле, ки ба зодгох ба Мастчох омадам, хамоно ба кору бори колхоз шуруъ намудам.Аз соли 1947 ба хайси хисобчии бригадир шуда то соли 1949 фаолита бурдам, баъд аз он то соли 1950 мудири фермаи хайвоноти калон шуда кор кардам.Ва соли 1951 чун сардори бригадир ба колхоз таъин шудам.Сипас бо максади тайёр ва омода намудани замини кишт соли 1957 ман ва 4 нафари диггарро барои фатхи замини корам ва Дилварзин сафарбар намуданд.Ман омада се трактор гирифта хафтсад гектар майдони заминро бо сифати баланд шудгор намудам, ки нахустон шуда кори заминро дар микёси нохия ба итмом расонидам. Ман чандин маротиба накшаи солонаи чи пахтаву чи галларо ба хирмани нохия барзиыд супоридаам,ки бо ин ташаббусхоям мехнати маро кадр намуда бо чандин мукофоту тухфахо сарафроз намуданд.Соли 1975 маро ба мачлиси пешкадамони хочагии кишлоки Чумхурии Точикистон вакил таъин намуданд.Ва ба Душанбе рафта се руз мачлис гузаронидам ва нихоятан маро бо бисёр мукофотхои пулию хотирави сарафроз намуданд.”

Дар давоми чихил(40) соли фаолияти сардори хочаги маро аз тарафи давлат чунин унвону мукофотхо додаанд:
1)Соли 1962 унвони устози пахтаи Чумхурии Точикистон.
2)Соли 1974Грамоти Фахрии Чумхурии Точикистон.
3)Дипломи дарачаи дуюм.
4)иштирокчии намоишхои комёбихои халки СССР.
5)Соли 1981 захматкаши мехнат.
6)Голиби мусобикахо дар мехнат.
7) Ордени мехнат ва дахои дигар, чамъ 19то унвонхо.

Тагои кордону ботачрибаам дар баробари кору фаолияти мехнати инчунин даст ба чандин корхои илмию эчоди задааст.Корхои илмию пажухишие ки у анчом дода иборат аст аз кутуби аз забони турки ба точики тарчума намудаи Саттор Хусейн:

1) “Меърочи нубуват”
2)Киссаи “Чангномаи Имом Мухаммади Ханафия бо Зуфунуни покдоман ва корнамоии Зуфунун баъди имон оварданаш”
3)Киссаи “Амири Абумуслим, аз оиладор шудани падари Абумуслим то то халок шудани у”
4)Киссаи “Хазрати Оли ва Боборавшан”
5) “Нодир-ул-меърочи хазрати Рисолатпанох Мухаммад с/с”
6) Киссаи “Хазрати Юсуф ба Зулайхо”, ки бехтарин киссаи хонданист.
Ин корхо ва тарчумахои тагоям Мулломирхусейн хаме кори дастиянд ва хануз руи чопро надидаанд ва умед аст дар оянда онхёро манзури хонандаи закии точик гардонем.
Имруз чун бо тагоям Саттор Хусейн сухбат мекунам, дармеёбам,ки у аз он пирамардони пуркору кордонест, ки суханаш моли фардохост ва насихату андарзхояш барои хар яки мо чун чавшанест бар тан, нурест бар дидагон ва чарогест дар тирагии куччахои зиндаги.
Устози пахтаи Чумхурии Точикистон, нафакаххури ахамияти чумхурияви,
Саттор Хусейн.

Инчунин, ба хамаи ин нигох накарда ин марди хирадманди заки аз соликони чоддаи сабзи шеър аст.У шеър мегуяд ва бо шеър ба насли чавон хадиси андарзию насихати мегуяд.У якин медонад, ки шеъру сухан умри човидони доранд ва дар эшон вожаи куханшави мавчуд нест ва сухану шеър пойдору човидонанд,аз ин хотир шеър мегуяд то ки монад човидона, бекарона,ботарона, ошикона ва шоирона…

<><><><><><><><>

Бигуфти гуфтанихоро ба сад бор,
На гул монад на хору хас на гулзор.
Чи донад кадри гулро зогу каргас,
Нахонам шархи худро пеши хар кас.
Суханро бо сухандон гуй, ки донад,
Ба назди бехабар зоеь бимонад.

Назира ба газали Мулломухаммадсалим

Дар сари болини ман аз акрабоёнам набуд,
Бо ки гуям дарди дилро, ман намеоднам хануз.
Дар канорам хавзи обу андарун пурлою буй,
Ташнаи оби Зарафшон, чашмасоронам хануз.
Дар бахорон сабзахо сар мезананд дар зодгох,
Чашмаи Широб дар хотир дурахшонам хануз.
Хасрату андухи худро бо ки гуяд ин гариб,
Иштиёки пиру барно , чумла ёронам хануз.
Ку Ибодулло, Рачабмахмад бипурсан (д) холи ман,
Рахти рехлат баста, “ёсин”хон нигахбонам хануз.
Рузи маргам пояи тобут мебоянд гиранд,
Ё намеёбанд хабар ёрону хешонам хануз.
Маркаби чубин савроу мебарандам суи гур,
Акробоёнам зи ман гофил буванд дар рохи дур.
Мондаам танхову бекас чун гарибонам хануз.
Кош мешуд, Махсуми ман пеш пеши тобутам,
“Ох падар” мегуфту менолиду мекард хасратам,
Аз фирокаш сухтам, гирёниу нолонам хануз.
Сухтам андар гамаш хокистару ахгар шудам,
Дил ба гам гаркиду рузард мисли зар шудам,
Умр бо гирдоби гам бигзашту хандонам хануз.
Пас аз он маркаб фуроранд хонаи кабрам ниханд,
Хок резад бар сарам хонанд дуову дарраванд,
Яккаву танхо бимонам, дилпуримонам хануз.
Эй худоё лутф фармою забон аз ман магир,
Очизу дармондаам аз сухбати Мункар-Накир,
Мечакад ашки хунин аз дида боронам хануз.
Ман надорам зоди рохил, тушаи лоик ба худ,
Хобу хур буд одатам, дилро гирифта чангу дуд,
Ман умедвор аз савоби нури Курьонам хануз.
Хар ки хонад номаам донад аз ин дайри кухан,
Мераванд пиру чавону гулруху хам пиразан,
Хам (м) бо теги ачал бибрида яксонам хануз.
Шоху дарвешу гарибу мустамандонро бубин,
Рустаму Сухробу Салму Туру Бормонро бубин,
Хишт зери сар ба хоки тира хамсонам хануз.

Advertisements

November 25, 2009 - Posted by | Culture, Муаррифинома, Саттор Хусейн, Шеър, Шеъру тарона, Mastchoh, Mentor

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: