Фирдавси Аъзам

Адабу фарҳанги Мастчоҳ

Салими Аюбзод


Salimi Ayubzod
Салими Аюбзод 18 августи соли 1960 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар нашрияҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», «Ҳафтганҷ» ва «Чароғи рӯз» кор кардааст. Охири соли 1992 Тоҷикистонро тарк намуда, дар Маскав ба сифати котиби масъули ҳафтаномаи «Голос» ва таҳлилгари «Независимая газета» фаъолият намуд. Дар соли 1995 барои кори доимӣ ба радиёи «Озодӣ» даъват шуд ва ба Прага кӯчид. Муаллифи осори мустанади «Ҳамосаи пайкон» (1988), «Сад ранги сад сол. Тоҷикон дар қарни бистум» (2002) ва бадеии «Девор (1991), «Гунги хобдида» (1999). Осораш ба забонҳои англисӣ, чехӣ, олмонӣ, русӣ ва эстонӣ нашр шудаанд. Собиқ узви садорати Иттифоқи журналистони СССР, барандаи ҷойизаи аввали Конфедератсияи кишварҳои муштаркулманофеъ дар соли 1990.Дар зер чанде аз навиштахои ин рузноманигори саршносу шахири точикро манзур мегардонем.

Кимёи хусусии ду президент

Дӯсти хорвати ман изҳори ҳайрат кард, ки президенти кишвараш Стипе Месич дар бораи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, хеле самимона сӯҳбат мекунад ва ба ӯ баҳои баланд медиҳад. Вай мегӯяд, ин ду нафар аз ҳамдигар хеле дуранд ва маълум нест, чӣ кимиёе онҳоро ба ҳам овардааст.

Ҳарду баробар китф дарҳам мекашем ва хайрухуш мекунем. Аммо ин гуфтаҳои ҳамкасбам соатҳо баъд зеҳни маро машғул медорад. Воқеан, тавре аз ҳарду ҷониб мегӯянд, пазироии Месич аз Раҳмон дар Загреб аз дидори ду раҳбари давлат фарқ мекард. Месич ба Раҳмон хеле меҳрубонтар буд, то бо дигар сарони давлат, ки ба Загреб сафар кардаанд.

То куҷо пазироии Раҳмон аз Месич дар Душанбе фарқ мекард, гуфтан душвор аст, зеро раҳбари Тоҷикистон зоҳиран аз ҳамаи меҳмононаш ба хушӣ истиқбол мекунад. Вале нишастубархостҳои Загреб мисли ин аст, ки Месич ва Раҳмон на танҳо ҳамчун ду раҳбар ба ҳам муносибат мекунанд, балки равобити онҳо бештар аз ин аст. Чаро?

Худи Месич дар нишасти хабарии муштарак бо Раҳмон дар рӯзҳои сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба “ягонагии тафовутҳо”, як мафҳуми фалсафии назири “шабоҳати баҳамзидҳо” ишора кард. Дар тафсири ихтироъи ӯ оҷизам, аммо аз донишгоҳ дар ёдам мондааст, ки ду қутб аз он лиҳоз ба ҳам шабеҳанд, ки ҳарду қутбанд ва бо ин аз рангорангиҳое, ки дар мобайни қутбҳо ҷойгиранд яксон фарқ мекунанд. Ҳамин яксонӣ сабаби шабоҳати онҳо мешавад.

Вале ҳамкасби хорвати ман шояд нахостааст, ба воқеъият амиқтар бингарад, зеро шояд монандиҳо аз тафовутҳо бештаранд.

Ҳам Месич ва ҳам Раҳмон як замоне дар умри худ аъзои ҳизби коммунист буданд. Ба таври нохудогоҳ аз идеологияи ин ҳизб вижагиҳое боқӣ монда метавонанд, ки кас фикр мекунад, аз онҳо раҳоӣ ёфтааст, аммо амалан гумон аст, ин вижагиҳо аз реша зудуда гардад.

Дувум, ҳарду раҳбари кишварҳои хурданд. Хорватия аз лиҳози қаламрав ба ними Тоҷикистон ҳам баробар нест. Уқдаи “хурдӣ” дар ҳалқаи давлатҳои бузург ҳамеша онҳоро ба ҷустуҷӯи ҳамдигар мебарад.

Теъдоди аҳолӣ. Хорватия қариб 5 миллион нафар дорад ва Тоҷикистон бештар аз 7 миллион. Хорватия дар дили Аврупо ҷойгир аст, Тоҷикистон дар дили Осиё ва ҳамон гуна ки Тоҷикистон аз батни Иттиҳоди Шӯравӣ берун омадааст, Хорватия як гӯшаи собиқ Югославияи Федератив буд.

Аммо ҳамаи ин метавонад танҳо зоҳири масъала бошад. Баъд аз ду мулоқоти раисиҷумҳур Раҳмон бо ҳамтояи арманаш Роберт Кочариён низ андешаҳое ба миён омад, ки ҳоло ду дӯсте пайдо шуданд, ки шабоҳати зиёди шахсӣ доранд ва сарнавишти таърихии миллатҳояшон низ заминаи хуби ҳампаймонист. Вале аз ин равобит муроди назаррасе ҳосил нашуд. Чаро ҳоло бояд аз ҳусни нияти Месич ва Раҳмон ба ҳамдигар таҳаввули муҳиме барои ду кишвар ва ду миллат ба вуқӯъ пайвандад?

Шахси огоҳе гуфт, яке аз сабабҳои наздикии хоси Раҳмон ва Месич дар он аст, ки дар ҳамоишҳои байнулмилалие ҳарду дар як меҳмонсаро зистаанд. Аммо гумон аст, ин “ҳамзистӣ”-и чандрӯза заминаи ҳусни нийят ва тафоҳум бошад. Ҳарчанд ҳодисаи таърихие ба ёд меояд, ки ҳамзистии шоир Бозор Собир ва котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Абдраҳмон Додобоев дар як меҳмонсаро ҳангоми сафари хориҷӣ назар шоири муборизро ба сарони ҳизб тағйир дода, сабаби нармише дар мавзеъгирии он вақт тундравонаи Собир гашта буд.

Дар ин пасманзар оё сафари расмии ҳайати Тоҷикистон ба Хорватия фақат як иқдоми ҷавобӣ буд ё дарвоқеъ пайомадҳои неке барои ҳарду ҷониб хоҳад овард?

Ёдбуди сафари Бухоро ва Самарқанд
1madrasa
Хотираҳои ин сафар дар лаҳзаҳои гуногун тикка-тикка ба ман бармегаштанд, аммо чун тасодуфан аз миёни китобу коғазҳо дафтарчаи қайдҳои ондаврагиамро ёфтам ва чашмам ба номҳову таърихҳо афтод, гӯё дубора худро дар ин ду шаҳри бузурги ниёкон ҳис кардам ва ҳар сонияи он сафари хуршедиро дигарбора ба сар бурдам.

Номҳо имкон дод, чеҳраҳо рӯшантар пеши назарам оянду суханҳо шунавотар дар гӯшам садо диҳанд ва санаҳо фазову ҳолу ҳавои 21 сол пешро дар пиндорам зинда карданд.

ҲАЙАТИ РАСМӢ

Субҳи 24-уми октябри соли 1988 мудири киностудияи “Тоҷикфилм”, Саъдулло Раҳимов, ба ман занг зад ва пурсид, оё ин омодагиро дорам, ки дар як ҳайати расмӣ ба Бухоро ва Самарқанд сафар кунам. Билофосила ризоият додам. Гуфт, пас бояд ба назди раиси вақти Иттиҳоди синемагарони Тоҷикистон Давлат Худоназаров омада, аз ҷузъиёти ин маъмурият огоҳ шавам.

Устод Давлат гуфт, ин як сафари муҳими фарҳангист ҳамроҳ бо коргардони шаҳир Виктор Мирзоянтс, донишманди маъруф Ҳазрат Сабоҳӣ, ҳунарпешагони моҳир Ҳошим Раҳимов ва Асламшоҳ Раҳматуллоев. Ҳадаф аз сафар муаррифии филми “Кафорат” буд, ки чанде пеш рӯи парда омада, аз аввал то охир ба забони тоҷикӣ таҳия гаштааст.

Мебоист офарандаи симои асосии филм, ҳунарпешаи нодир ва варзишгари машҳур, Мӯсо Исоев ё Мӯсо Паҳлавони кӯҳпайкар низ бо мо ба Бухоро мерафт, вале он рӯзҳо вай дар Боку буд ва натавонист, то оғози сафари мо ба Душанбе баргардад.

Барномаи сафари мо бо мақомоти давлатии Узбакистон ҳамоҳанг шуда, қарор буд, сарварони шаҳру вилоятҳо низ моро ба ҳузур бипазиранд.

ДАР РОҲ

Соати 10-и шаб ба қатори роҳи оҳан нишастем. Сафар барои як журналисти ҷавон бо чунин ашхос хеле хушоянд буд. Мироянтс ва Асламшоҳ қиссаҳои ҷолиб нақл мекарданд. Махсусан, аз лаҳзаҳои хандаовари наворгирии филми “Кафорат”.

Шодравон Мирзоянтс бо вуҷуди мӯйлабҳои гангстерияш қадпаст ва хурдҷусса буд ва мегуфт, банаворгирии Мӯсои таҳамтан ӯро ба ромкунандаи шер ё фил монанд кардааст. Ҳошимҷон ҷиддӣ буд ва агар қиссае мегуфт, худ аслан намехандид, дар ҳоле ки дигарон аз ханда шикамашонро медоштанд. Ҳазрат Сабоҳӣ бештар ба хондану навиштан машғул буду мегуфт, сафар дар қатори роҳи оҳан беҳтарин фурсати навиштан аст.

Аммо ҳама як изтиробе доштем, ки оё сафари мо ба Бухоро ва Самарқанд чӣ гуна хоҳад гузашт. Ҳарчанд бо оғози сиёсати горбачевии бозсозӣ дар соли 1985 тоҷикони ин ду шаҳр сар афрошта буданд, ки аз ҳуқуқи худ дифоъ кунанд, мақомоти Узбакистон дар пасманзари рӯйдодҳои Қарабоғи Кӯҳӣ ҳушманду қатъӣ намудор мешуданд.

БОСМАЧИЁНИ ХУБ

Соати 12-и рӯз ба Когон расидем. Дар вокзал сардори Раёсати фарҳанги ҳукумати вилояти Бухоро, Ҳомидҷон Мухторов моро пешвоз гирифт. Саломуалейки ӯ ба забони русӣ буд, аммо пас аз лаҳзае комилан табиӣ ба тоҷикӣ гуфт: “Хайр, хуш омадетон. Шинетон мошинҳоба.” Мо хандидем.

Мухторов пурсид, филме, ки барои намоиш ба мардуми Бухоро овардаем, дар бораи чист. Мирзоянтс гуфт, дар бораи давраҳои босмачигарӣ.

Ҳазрат илова кард, аввалин филме, ки ҷанбаъҳои мусбати ин ҳаракатро нишон медиҳад. “Яъне, дар бораи босмачиёни хуб?” суол кард Мухторов. Ман гуфтам, “босмачии пушаймоншуда”.

Роҳбалади мо дигар чизе нагуфт, вале маълум буд, ки хеле ҳайратзада аст. Воқеан ин нахустин филми “Тоҷикфилм” буд, ки симои мураккаби босмачиро матраҳ мекард. Шодравон Мӯсо Исоев симои муҷоҳидеро бо ҳунари баланд офарид, ки дар байни оташи ватанхоҳӣ ва оби тараҳҳум ба мардуми худ монда буд.

Зимнан, “Тоҷикфилм” бештар бо филмҳое машҳур гашта буд, ки дар онҳо босмачиён танҳо аз зовияи манфӣ нишон дода мешуд.

МАКТАБИ РӮДАКӢ

Ҳомидҷон Мухторов моро ба меҳмонхонаи “Зарафшон” дар маркази шаҳри Бухоро овард ва дарҳол пас аз ҷобаҷо шудан ба мактаби ба номи Рӯдакии ноҳияи Рометан бурд. Дар ин мактаби тоҷикӣ, ки соли 1930 таъсис ёфтааст, вақти сафари мо 564 хонанда таҳсил мекард.

Мудири он, дастпарвари Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе, номзади илми филология, Қурбоной Саидова бинои начандон бузург, аммо ороставу зебои мактабро ба мо нишон дод.

Муовини раиси кумиҷроияи вилояти Бухоро Мӯбина Саъдуллоевна Муҳаммадова низ моро ҳамроҳӣ мекард ва гуфт, аз лиҳози саводу дониш мактаби Рӯдакӣ яке аз беҳтарин мактабҳои вилоят аст. Омӯзгорони он хатмкардагони донишгоҳу донишкадаҳои Самарқанду Бухоро, Душанбе, Хуҷанд ва Тошканд будаанд. Бо кӯмаки бахше аз ин омӯзгорон дар ҳамин ноҳия боз як мактаби ҳаштсолaи тоҷикӣ боз шудааст.

СЕ МАКТАБИ ТОҶИКӢ

Ба гуфтаи хонуми Муҳаммадова, дар ҳамин ноҳия мактаби дигаре мавҷуд аст, мактаби ба номи Охунбобоев, ки солҳо пеш тоҷикӣ буд, аммо дертар онро ба мактаби узбакӣ табдил доданд. Ҳамон соли 1988, вақте дар ин мактаб синфҳои тоҷикӣ кушоданд, дигар касе ба синфҳои узбакӣ нарафт ва дар натиҷа мактаб пурра тоҷикӣ шуд.

Хонуми Муҳаммадова ҳикоя кард, ки худи ӯ то синфи чаҳорумияш дар мактаби узбакӣ хондааст. Вай ин таҳсилро “маҷбурӣ” номид ва вақте пурсидам, ки чаро, гуфт, ӯро ба мактаб мебурдаанд ва то вақте ки бобояш дар таги тиреза меистодааст, вай ҳам нишаста дарсҳоро гӯш мекард. Вақте ки бобояш мерафт, вай ҳам аз синф баромада мегурехт, зеро аз ончӣ дар синф мегузашт, чизе намефаҳмид. Пас аз синфи чаҳор волидайн маҷбур шудаанд, ӯро ба мактаби тоҷикӣ диҳанд.

Дертар дар соли 1991 ман шунидам, ки ҳам мактаби Охунбобоев ва ҳам ҳаштсола маҷбуран ба мактабҳои узбакӣ табдил дода шуданд. Аммо он вақт мақомоти Узбакистон ҷуръат накарда буданд, ки забони таълим дар мактаби Рӯдакиро иваз кунанд. Ҳоло вазъ чӣ гуна бошад?

КӮДАКОНИ ТОҶИКИ БУХОРО

Чашмони онҳо ҳаргиз аз ёдам намеравад. Дар ҳама чизи дигар онҳо аз хонандагон ҳар мактаби дигари дунё фарқе надоштанд. Шӯхию бозӣ мекарданд, ба ҳар тараф медавиданд, дод мезаданд. Аммо вақте мулоқоти мо оғоз ёфт, толорро сукути тамом фаро гирифт ва ҳангоме ки Ҳазрат Сабоҳӣ аз минбар сӯҳбат мекард, ман ба онҳо нигаристам ва дурахши чашмони онҳо ҷовидона дар хотираам нақш баст.

Ин чашмони гушнамасти онҳое буданд, ки ташнаи сухананд. Чашмони онҳое, ки гӯё медонистанд, қурбони бозиҳои бадбахтиовари бузурге шудаанд ва маҷбуранд дар чунин фазои пурдурӯғу изтиробангез ба воя расанд. Чашмони интизор. Чашмони кӯмакхоҳ.

Ҳазрат аз рушди ҳунари синемо дар Тоҷикистон ва достони филми “Кафорат” сӯҳбат мекард. Ногоҳ аз миёни толор дасте боло шуд ва кӯдаке пурсид, чаро намоишҳои телевизиони Тоҷикистонро намешавад дар Бухоро дид? Ҳазрат посухро ба ихтиёри намояндаи ҳукумати Узбакистон гузошт, ҳарчанд афзуд, ки бисёр хуб мешуд, агар мавҷҳои ин телевизион то диёри Айнӣ мерасиданд.

Пас пурсишҳои дигаре сарозер шуд. Чаро китобҳои дарсии онҳо кӯҳна ва каманд? Чаро маҷаллаҳо дер дастрас мешаванд? Хонандае гуфт, ки дар маҷаллаи маскавии “Советский экран” дар бораи чанд филми тоҷикӣ мақола хондааст, аммо ҳеч яке аз ин филмҳоро надидааст.

ЗАБОНИ МОДАРӢ

Шахсан ман худро гунаҳкор ҳис мекардам. Гӯё тифлакон аз ман ҳимояту пуштибонӣ мехостанд, вале ман тавони чунин имдодро надоштам.

Вақте навбати сухан ба ман расид, пас аз зарурати таҳкими равобит миёни Бухоро ва Душанбе шеъри “Забони модарӣ”-и Бозор Собирро хондам.

Ҳарчӣ ӯ аз моли дунё дошт, дод.
Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод.
Суннати волою девон дошт, дод.
Тахти Сомон дошт, дод.

Душмани донишгадояш “Дониш”-и Сино гирифт.
Душмани бесуннаташ “Девон”-и Мавлоно гирифт.
Душмани санъатфурӯшаш санъати Беҳзод бурд,
Душмани бехонааш дар хонаи ӯ ҷо гирифт.

Дод ӯ аз даст гурзи Рустаму Сӯҳробро.
Барбарии нотавонеро тавоно кард ӯ.
Номи худро мисли гӯри Рӯдакӣ аз ёд бурд.
Қотилони хешро машҳури дунё кард ӯ…

Ин тасвири дилгудози вазъи бухороиён буд. Дар идома сухан аз он меравад, ки тоҷик ҳама чизашро дод, аммо на забонашро ва забон буд, ки дар тӯли таърих тоҷикро наҷот дод.

Шеъри Бозор бачагони Бухороро шефтаву шайдо карда буд. Шояд на ҳама ба маъниҳои амиқи он дар он лаҳза сарфаҳм мерафт, вале танҳо лаҳну оҳанги шеър кофӣ буд, ки хунро дар рагҳои наврасони Бухоро ба ҷӯш орад.

Дар фосилаи кӯтоҳи пас аз суханҳо ва намоиши филм чандин нафари онҳо назди ман омад ва мехостанд, бо ман сӯҳбат кунанд ва акс бигиранд. Шояд фикр мекарданд, ман Бозор Собирам, аммо нахостам “шоирдузд” бошам ва ҳанӯз пеш аз қироати шеър муаллифро барояшон ошно карда будам.

НАМОИШИ ФИЛМ

Филми “Кафорат” васеъформат буд ва фақат қисмати марказии кадри он дар парда зоҳир шуда, барҳои он дар деворҳои паҳлу намудор гаштанд. Талошҳои Мирзоянтс барои ислоҳи вазъ натиҷае надод, зеро имконияте аз ин беш мавҷуд набуд. Ман шӯхӣ кардам, ки девори Бухоро барои афкору ҳунари ӯ тангӣ мекунад.

Бо вуҷуди намоиши сюрреалистӣ, ки гоҳе ҳолати бозиҳои имрӯзаи компютериро мегирифт, бачаҳо аксаран рӯи фарш нишаста, ба паҳлуи ҳам ғучида, диккак филмро тамошо мекарданд. Аз ҳама муҳимаш ин буд, ки ҳаргиз забони худро аз пардаи бузурги синемо нашунида буданд ва ҳамин чиз арзишеро дошт, ки якуним соат машаққат кашанд.

Дархости ман аз намояндаи комиҷроияи вилояти Бухоро, ки беҳтар аст, филмро дар кинотеатри марказии колхоз намоиш диҳем ва хонандагони ҳарсе мактаби тоҷикии ноҳия, падару модарони онҳоро низ он ҷо ҷамъ оварем, натиҷа надод. Барои мо регламенти маҳдуд омода карда буданд. Чунончи, дар Шофирком, деҳаи устод Айнӣ, намоиши филм аслан номумкин гашт…

Достони сафари Бухоро (Бахши 2)
4_bukhara__16
Вақте қатори мошинҳои мо аз кӯчае дар деҳаи Маҳаллаи Боло мегузашт, Ҳазрат Сабоҳӣ ба мо хонаеро нишон дод, ки Садриддини Айнӣ солҳои бачагияшро он ҷо гузарондааст. Дархости моро ба зиёрати ин манзил ва ҳам деҳаи Соктаре роҳбаладонамон бо баҳонаи тангии фурсат напазируфтанд. Аз алам ин кӯчаи пурдарахт ва дарвозаҳои мунаққаш ҷовидона дар ёди ман монд. Вале беш аз ҳама “девори Бухоро” хотирнишин буд.

Агар ягон бор посхаи аз барфу борон хокшудаи поинтар аз қади одамро дида бошед, ин аст Девор Бухоро. Самти дарунии он, яъне тарафи шаҳр, хонаҳои пастаки назарногир дорад ва беруни он пахтазоре доман паҳн кардааст.

Боварам наомада буд, ки Исмоили Сомонӣ худро ба ҳамин девор ташбеҳ дода бошад. Магар ин буд деворе, ки як аспуароба аз болояш мегузашт? Девор ба ҳамин ҳол афтод, ки мо дар чунин ҳолем ва бухороиён дар чунин ҳол.

ШАҲРАКИ ВИЛОЯТӢ

Бардошти куллии ман ин буд, ки соҳибони кунунии Бухоро амдан хостаанд, онро ба як шаҳраки одии музофотӣ табдил диҳанд, зеро шукӯҳу ҷалоли ин нофи ҷаҳон ба манфиати онҳо набудааст. Шӯравӣ ҳам ба чунин сиёсат розӣ буд, зеро намехост, шаҳре, ки дар борааш мегуфтанд, “Бухоро маркази ислому дин аст”, дастовардҳои низоми шӯравиро камранг кунад.

Шаҳре, ки як замон дар пояи марказҳои хилофати исломӣ қарор дошт, маҳкум ба ин шуда буд, ки дар баробари шаҳрҳои навбунёди шӯравӣ ба як осорхонаи кӯчаку нимвайрона табдил ёбад.

“КУТАМАН”

Ин ҳол ба рӯҳияи мардуми Бухоро низ таъсир гузошта буд. Рӯҳияи онҳоро мо дар мулоқоте шоҳид шудем, ки бо аҳли яке аз колхозҳои ноҳияи Шофирком дар мактаби миёнаи рақами 9, ба номи Рӯдакӣ баргузор шуд. Сӯҳбат дар бораи филми “Кафорат” ором гузашт, вале чун ман боз шеъри “Забони модарӣ”-ро хондам ва гуфтам, забони форсии тоҷикӣ аз ҳамин ҷо оғоз ёфтааст ва бояд дар ин ҷо устувору шодоб боқӣ бимонад, аввал сукуте дар миён афтод ва сипас пирамарде навбати сухан гирифт.

Вай тақрибан чунин гуфт: “Ин ҷо дар бораи забон гап заданд, ман пурра ба ин суханон розиям. Ҳамин дирӯзакак буд, ки набераам вақте ки дарсҳояшро тайёр мекард, аз ман пурсид, ки “кутаман” ба тоҷикӣ чӣ мешавад. Ман гуфтам, “кутаман”? О магар ҳаминро ҳам намедонӣ. “Кутаман” чӣ мешавад, намедонӣ? О “кутаман” — ин…ин… Яъне ин, “кутаман”… Чанд бор ин калимаро такрор кардам, хуб фикр кардам, аммо наёфтам, ки “кутаман” ба тоҷикӣ чӣ мешавад. Хестаму яктаҳамро пӯшида, асоямро гирифтам ва чойхона омадам. Якчанд нафар аз ҳамсолонам он ҷо нишаста буданд…”

Мӯйсафед чанд номеро ба забон гирифт ва дар ҳоле ки ба ин сару он сари толор гашта нигоҳ мекард, гуфт, ёдатон ҳаст, фулониҳо, Шумо ҳам он ҷо будед.

Сипас афзуд, “ҳамаи Шуморо пурсидам, якта ба якта пурсидам, ҳеҷ кадоматон надонистед, ки “кутаман” ба тоҷикӣ чӣ мешавад. Баъд яке аз муаллимон, ки он ҷо меомад, гуфт, “кутаман” ба тоҷикӣ “интизор мешавам” аст. Ҳамаамон “воҳ” гуфтему хандидем, ки ин қадар осон будааст, дар сари забонамон буду гуфта наметавонистем.”

Пирамард лаҳзае сукут варзид. Ҳама дар толор сокит буданд. Сипас гуфт, “манзури ман ин ки ҳамин хел якдонаӣ мо оҳиста–оҳиста калимаҳоро гум мекунем ва як рӯзе мерасад, ки дигар ба фарзандонамон гуфта наметавонем, ки ин калима ба тоҷикӣ чӣ мешавад. Ва ҳамин хел як рӯз забонамонро аз даст медиҳем, фаромӯш мекунем…”

ФАРЁДИ ДАРД

Мӯйсафед хеле самимона ва бадард сӯҳбат мекард ва гӯё як толор мардуми хуфтаро аз хоб бедор кард. Мавҷи сухан бархост. Яке мегуфт, “чаро ва кӣ моро дар ҳудуди Узбакистон гузошт”, дигаре изофа мекард, “барои чӣ бачаҳои мо бояд ба забони бегона мактаб хонанд” ва савумӣ меафзуд, ки чаро ноҳия рӯзномаи тоҷикӣ надорад?

Ман тасаввур мекардам, ки агар дар Рометан ҳам мо на танҳо бо мактабиён, балки бо мардум мулоқот мекардем, чӣ радду бадалҳое ба миён меафтод.

Ҷавоне бархост ва гуфт, архивҳоро хондааст ва донистааст, ки то соли 1950 дар Шофирком ҳама тоҷик будаанд, акнун ними аҳолӣ дар ҳуҷҷатҳояшон узбак нависонда шудаанд. Дигаре афзуд, як масхарабозист, ки вай ва хоҳараш тоҷиканд, аммо додараш узбак, ҳол он ки ҳама аз як падару модар ба дунё омадаанд. Вай гуфт, тамоми талошҳои ӯ барои ислоҳи ҳуҷҷати додараш натиҷае надодаанд.

Зане аз ҷой хест ва гуфт, дар идораи шиносномадиҳӣ ҳам тоҷикон кор мекунанд ва ин масъалаҳоро медонанд, вале мегӯянд, барояшон аз марказ ба онҳо фармон шудааст, ки ҳамаи навзодонро узбак нависанд ва касе намехоҳад, бояд бо бору бунааш ба Тоҷикистон кӯчида равад.

ЭЪТИРОЗИ РАИС

Раиси колхоз, марди фарбеҳ ва тангчашм, ки паҳлуи мо дар садр нишаста буд, фарёд зад, ки ин ҷо барои чунин гапҳо ҷамъ нашудаем, балки барои тамошои филм, бас кунед, иғваогариҳоро. Вай ба пирамарде, ки баҳсро бо достони вожаи “кутаман” сар карда буд, нигариста, мушт дар ҳаво такон дод, ки ҳоло ист, бо ту сари кор хоҳам дошт. Ҳампаҳлуи пирамард гап андохт: “Рости гапро гуфтааст, чӣ шудааст?”

Ҳазрат Сабоҳӣ ва Ҳошим Раҳимов тақрибан баробар ба раис рӯ оварданд ва гуфтанд, ба одамон фишор наоред, монед, гапашонро гӯянд ва дилашонро холӣ кунанд.

Раис аз ҷой бархост ва гуфт, ҳеҷ гуна тамошои филм намешавад, ҷамъомад — тамом! Вай “филм” не, балки “пилм” талаффуз кард. Мардум дар як они воҳид хомӯш шуданд. Раис аз саҳна фуромад ва тарафи дар рафт. Қомати кӯтоҳи ӯ дар ин лаҳзаҳо аз қадди баланди аҳли толор болотар буд. Вай хаёле мелангид. “Қомати кӯтоҳи манғит аз манори каллаи аҳли Хуросон шуд баланд…”

Ҳамаи талошҳои Мирзоянтс ва дигар аъзои ҳайати мо бефоида буд. Раис ва намояндаи кумитаи иҷроияи шаҳр моро ба мошинҳо даъват карданд. Мардум, ки аз думболи мо ба берун рехта буданд, хоҳиш карданд, агар филмро намоиш намедиҳед, ақаллан як пиёла чойи моро бигиред.

ПЕШНИҲОДИ МИРЗОЯНТС

Виктор Мирзоянтс, зодаи Қӯрғонтеппа, фарзанди падари арман ва модари рус, урфу одати тоҷиконро ба дараҷаи олӣ медонист. Вай гуфт, “аз насиба, аз нон рӯ тофтан гуноҳ аст.” Ин суханон сабаб гашт, ки мо ба тарафи хоначае дар паҳлуи маҷлисгоҳ равон шудем. Намояндаи кумитаи иҷроия бо мо омад, вале раис наомад.

Дар мизҳои баҳамчаспондаи ин ҳуҷра дастархони пур аз нозу неъмат омодаи мо буд. Вале ҳеҷ яке аз мо иштиҳо надоштем. Нишстему як буридагӣ нон насиба кардем. Аҳли деҳа бо ҳамдардӣ ба мо менигаристанд ва ғамгин буданд. Ман ба онҳо гуфтам, парво накунед, ҳамаи ин ҳодисаро мо ба раҳбарони вилоят мерасонем. Ба пирамарди “кутаман” ҳам бигӯед, ки аслан ҳаросе надошта бошад. Замона дигар шудааст. Раҳбарони вилоят ҳама чизро хуб мефаҳманд.

ДАҲОНИ ТАЛХ

Бархостанӣ будем, ки бухороиён гуфтанд, ҳоло таомро меоранд. Мо рад кардем. Онҳо номи таомеро гуфтанд, ки махус барои мо омода карда буданд. Шалғамчаҳои хурде, ки дар мантупазак бо буғ пухта шудаанд, аз ёдам намеравад. Шалғам одатан талхие дорад. Даҳони мо аз сӯҳбатҳои ноҷӯр ва рафтори бехирадонаи раис талх шуда буд, аммо ин шалғамчаҳо онро ширин кард.

Ман тасмими қатъӣ гирифтам, ки аз бадрафтории раис ба раҳбарони вилоят шикоят хоҳам кард…

Умари Хайём ва босмачиёни қарни бист

Бовар дорам, каме дар шигифт хоҳед буд, ки Умари Хайёмро бо босмачиён чӣ нисбату пайвандест? Вале набояд чунин гумошт, ки мақсад аз ин сарлавҳа танҳо ҷалби таваҷҷӯҳи хонанда аст. Муаллифон баъзан ду ё се мафҳум ё номи комилан аз ҳам дурро дар як саф мегузоранд ва хонанда ҳаққи инро дорад, ки вақти хондан дараҷаи пайванд байни онҳоро худ муайян кунад.

Хуб. Бори дигар ба сарлавҳа нигаред: ” Умари Хайём ва босмачиёни қарни бист”.

Нахустин пайванд байни ду мубтадои мо ин аст, ки соҳиби торнигор солҳост, орзу дорад, дар бораи шахсияти Умари Хайём ҳамчун шоири файласуф ё файласуфи шоир ва симои аслии муборизони зидди рус дар солҳои 1918-1931 матлабе нависад. Ду матлаби ҷудогонае дар як сар.

Пайванди хеле заъиф ва шахсӣ, на?

ЧЕҲРАҲОИ БОРИЗ

Ҳам дар бораи Хайём, саҳеҳтараш, муносибат ба рубоиёти Хайём ва ҳам дар бораи босмачиён, дақиқтараш, назари доноён ба ин ҷумбиш порчаҳое дар китоби “Сад ранги сад сол” навиштаам.

Аслан, нахустин сухани нисбатан некро дар бораи “босмачиён”-и ватанхоҳ ҳанӯз соли 1989 дар “Адабиёт ва санъат” нашр карда будам. Талоши таҳқиқи симои Хайёмро дар вижагуфтори “Ҳамнафас” ҳамроҳ бо ҳамкорам, Раҳматкарими Давлат ва журналистони ҷавон Абдураҳими Умарзоду Нилуфари Собир карда будем.

Аммо ин ду мавзӯъи ҷолиб ба ин ё он сабаб ҳамеша ба ман бармегарданд ва зеҳнамро пур мекунанд.

Барои намуна, дар баҳсе, ки рӯйи 10 чеҳраи боризи садаи гузашта доштем, ҳеч кас номи ягон муборизи зиддиболшевикиро, ки дар таърих бо истилоҳи ғалати “босмачӣ” мондаанд, наовард.

“Босмачӣ” ва “босмачигарӣ” — номгузории бегонагон ба падидаи зидди худашон аст. Шабеҳи “ашрор” ва “душман” дар Афғонистони давраи ҷанги Шӯравӣ, ки акнун худи номгузорон ҳам маҷбуранд, аз ин вожаҳо парҳез кунанд.

Ҳоло “ашрор”-ро “муҷоҳид” меноманд, вале “муҷоҳидон”-и мо ҳамоно “босмачӣ” мондаанд. Ин яке гӯё “сафед” шуд, он яке на танҳо дар забони номгузорони бегона, балки ҳатто дар нигоҳи мардуми худи мо низ ҳамоно “сиёҳ” боқӣ мондааст. Ва ин сиёҳномист, ки намегузорад, ҳеч яке аз муҷоҳидони давраи ҳуҷуми болшевикро дар сафи чеҳраҳои боризи қарн ҷой бидиҳем.

Сахтем. Сахткукшуда. Кукшуда барои садсолаҳо.

Ё САФЕД, Ё СИЁҲ…

Аслан биниши мо ҳамоно болшевикист, зеро ба иллати нокомиҳои сунъӣ ва таҳмилшудаи давраи истиқлолият ва ҳасрати замони осудаи шӯравӣ, мо ҳанӯз аз зери мероси болшевизми ҷанговар берун нашудаем. Ҳама кас ё ҳама чиз бароямон ё сафеданд, ё сиёҳ. Ранги дигаре вуҷуд дошта наметавонад.

Агар фикр мекунед, чунин биниш ҳамроҳи насли калонсол то ба имрӯз расидааст, иштибоҳ мекунед, зеро нигоҳи насли ҷавони мо низ зери ин таъсир аст ва фарқи чандоне надорад.

Агар “Сад ранги сад сол”-ро хонед, он ҷо устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, ки намояндаи насли калонсоли мост, мегӯянд, ки ҳаракати, ба истилоҳ, “босмачӣ” яксон набуд ва ба чандин шохаҳо ҷудо шуда, дар байни онҳо афрод ва шахсиятҳои гуногуне вуҷуд доштанд. Ин суханон ҳанӯз дар соли 1999 садо дода буданд.

Аз он ҷо ки то ҳол ин рангорангӣ таҳқиқ ва исбот нашудааст, мо исми намояндагони танҳо як тарафи ҷабҳаро ба номгӯи 10 чеҳраи бориз ворид мекунем (Шириншо Шотемур, Нусратулло Махсум…) ва тарафи дигар аз бунёд рад мешавад. Сиёҳ мемонад.

ҲОМИД, НУСРАТШОҲ, ДАВЛАТМАНД…

Аз хурдсолӣ дар хотир дорам, ки мардуми Масчо номи муҷоҳидони худ, махсусан Ҳомидро бо муҳаббат ба забон меоранд. Ҳатто дар сахттарин давраҳои сонсур ва пайгарди замони шӯравӣ низ дар маҳфилу гаштакҳо одамон Ҳомидро ҳамчун як қаҳрамон ва инсони нек ёд мекарданд.

Яке симову чеҳраи ӯро тасвир мекард, ки чашмони калону дурахшон ва зебое доштааст. Дигаре бо бовари тамом мегуфт, чилтанҳои пок ёри Ҳомид буданд, ки тир дар ӯ пай намекард. Савумӣ меафзуд, Ҳомид ҳаргиз асиронашро намекушт, балки силоҳи онҳоро гирифтаву озодашон мекард (хислате ки дертар дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд шунидаем). Чаҳорумӣ изофа мекард, Ҳомид модарашро бисёр дӯст медошт ва вақте ки асиронро озод мекард, мегуфт, онҳо ҳам модар доранд ва агар кушта шаванд, ҷигари модараш хун хоҳад гашт.

Ҳамчун сипаҳсолор муваффақ буд ва марзҳои ҳокимияти мири Масчоро то марзи Самарқанд кашонда буд. Тибқи асноди маҳфуз дар бойгониҳои Русия, сарони артиши сурх аз Ҳомид ҳам ҳарос доштанд ва ҳам ӯро эҳтиром мекарданд. Биноан, ба камияш се бор кӯшиданд, бо Ҳомид сулҳ ва ӯро ба тарафи худ мойил кунанд.

Ҳомид дар навбати худ ин созишҳои муваққатиро барои таҳкиму танзим ва тамрини нерӯҳояш истифода мекард, ҳарчанд ин ҳолат шубҳаву гумонеро дар дили мир ва атрофиёни ӯ ангезиш медод. Ин ҳам дар ҳоле ки худи мири Масчо Аҳмадхоҷа омодагӣ мегирифт, Ҳомидро ба русҳо бифурӯшад.

Ниҳоят, Ҳомид дар баҳори соли 1923 бо хиёнат ва ба дасти Асрорхон, бародари кӯчаки мири Масчо кушта шудааст. Ҳалокати ӯ сабаб гашт, ки болшевик тавонист, дар муддати кӯтоҳ водиеро, ки солҳо наметавонист, ишғол кунад, ба даст орад.

НОМҲОИ ДИГАР

Масчо як минтақаи стратегӣ буд, зеро ҷумбиши зиддирусии водии Фарғонаро бо муҷоҳидони Бухорои Шарқӣ пайванд мекард. Вақте ин шоҳраги ҷиҳод бурида шуд, ҳам дар Фарғона ва ҳам дар Бухорои Шарқӣ таназзули муқовимат ба болшевик оғоз гирифт.

Дар ҳарду тарафи дараи Масчо, чӣ дар Фарғона ва чӣ дар Бухорои Шарқӣ фармондеҳони зиёди дигаре аз худ корномаҳое боқӣ гузоштаанд.

Чунончӣ, Давлатманд дар Балҷувон, Эшони Султон дар Дарвоз, Фузайл Махсум дар Қаротегин, Иброҳимбек дар Ҳисор. Тибқи гузоришҳое, ки ман дар бойгонии Маскав хондаам, Эшони Султон ва Фузайл Махсум дар якҷоягӣ 1700 сарбози яккачин доштанд. Дар ҳамин бойгонӣ номи фармондеҳи дигареро дидам, ки дар пажӯҳишҳои таърихнигорони мо қариб вонамехӯрад.

Русҳо бо ваҳшати тамом аз Абдуҳафиз ном бурдаанд, ки 2 500 разманда дошт ва дар оғози соли 1921 назорати водии Раштро комилан ба даст гирифта буд.

МУДОХИЛАИ БЕГОНАГОН

Муҳаққиқони рус, Александр Зевелев, Юрий Поляков ва Александр Чугунов дар китоби “Басмачество: Возникновение, сущность, крах” менависанд, Мирнишинии Масчо дар соли 1919 ҳайатеро ба мулоқот бо намояндагони Англия фиристод. Ин ҳайат дар тобистони ҳамон сол ба Обурдон баргашта, паём расонд, ки аз хориҷ кӯмакҳои бузурге хоҳад расид.

Амир Сайид Олимхон ҳам аз кӯмакҳои молии давлатҳои хориҷӣ ёд кардааст, аммо мегӯяд, ин ваъдаҳои бузург тақрибан ҳаргиз аз сухан ба амал бадал нашудаанд. Баракс доғи чунин иртибот барои ҳаракати ҷиҳодӣ зиёни бештар расондааст.

Дастгоҳи таблиғоти русию болшевикӣ ҷумбиши ватанхоҳонаи минтақаро вокуниши синфи доро ба низоми нав ва натиҷаи мудохилаи нерӯҳои ҷаҳонӣ шумурда, ин ақидаро дар зеҳни мардум чун нақш ба санг ҳак кардааст.

Яке аз сабабҳои дигари бадномии муҷоҳидони солҳои 1920-30 дар омезиши онҳо бо афсару эмиссарҳои турк аст. Табъан худи онҳо ба танҳоӣ ин имконро надоштанд, ки ба нерӯи болшевик пирӯз оянд ва аз ноилоҷӣ ба афроде монанди Анварпошшо ё Салимпошшо, Алиризо, Дониёр, Талъатзода, Оллоҳназар, ки ҳарбиёни таҳсилдида буданд, такия заданд.

Афзоиши нуфузи Иброҳимбеки лақай ва фармондеҳони ӯ — Мулло Турдӣ, Кенҷа, Халарбек, Бердӣ-додхоҳ ва монанди онҳо дар давраҳои поёни муборизаи зидди болшевик ин муборизаро рӯҳияи ғайритоҷикӣ дод.

Аммо ин ҳақиқат ҳам мавҷуд аст, ки бахши умдае аз гурӯҳҳои ҷиҳодии “босмачиён” даст бе беадолатиҳо низ задаанд. Яғмогарии онҳо, душманиву рақобати байниҳамӣ, хиёнату бадахлоқии онҳоро низ шоҳиду шаҳодат зиёд будааст. Лекин бояд дар назар дошт, ки таблиғоти коммунистӣ дар 70 сол бо тамоми роҳу васила ба саропо сиёҳ кардани ин ҳаракат машғул буд ва тавонист, ақидаи яктарафаеро ташаккул диҳад, ки ҳамчун пардаи сиёҳ пеши чашми моро мегирад. Ё айнаки сиёҳ.

Дар зимн, мағлубшудагон ҳамеша гунаҳкоранд ва ғолибон ҳамеша бегуноҳ.

АММО ЧАРО ХАЙЁМ?

Оре, чаро Хайём? Магар ӯ рабте ба Фузайл Махсум дошт ё боре дар маҳфили Нусратшоҳ нишаста буд?

Гуфтам, ки ин ҳарду аз мавзӯъҳои дерсолаву деринаи ман будаанд, чун то ҳанӯз чизе нанавиштаам, ки маро қонеъ кунад, пайваста бар ман бармегарданд. Аз офаридгори пок нерӯ мехоҳам, ки ин корҳоро рӯзе аз рӯзҳо анҷом бидиҳам.

Сониян, фароянде ки имрӯз шакл гирифтаву то рафт устувортар мешавад, ҳардуро яксон ба чангол гирифтааст. Агар муборизони зидди болшевикро имрӯз бо гардиши 180-дараҷаӣ комилан сафед мегӯянд ва аз онҳо бут метарошанд, Хайёмро, ки дар замони шӯравӣ як майпараст мешумурданду пайкараашро низ якпаҳлу ва бо пиёлаи май офариданд, акнун порсову парҳезгор ва имому авлиё меноманд.

ХАТАРИ ТОМГАРОӢ

Тоҷикон як хислат доранд, ки ба ҳар афкор ё назария бо тамоми дилу ботин дода мешаванд. Дар давраи шӯравӣ коммунисттар аз тоҷик дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ набуд.

Узбакҳо ҳам шӯравӣ буданд, вале аввал ғами худро мехӯрданд, баъд ғами Маскавро, он ҳам агар барояшон суде дошта бошад. Гурҷиҳо низ гӯё сарсупурдаи Шӯравӣ буданд, вале ба тағйир ёфтани алифбояшон роҳ надоданд. Қазоқҳо ҳанӯз дар замони шӯравӣ даъво доштанд, ки нимаи беҳтару муҳимтари забони русӣ моли онҳост.

Вале мо рангорангиро тоб надорем. Ё инсара ё онсара. Азбас умре дар васат зистаему ҷабри ин чорроҳаро кашидаем ва дар мағзи кӯҳҳо паноҳ ҷустаем, ба миёнанишинӣ ҳассосияти миллӣ дорем.

Ё шояд ҳофизаи хуни қавми империявӣ (Ҳахоманишиён, Сомониён) ороммамон намегузорад?

Ҳоло ҳам ҳамин аст. Агар мусулмонем, бояд ҳатман талош кунем, ки мусулмонтар аз ҳамаи мусулмонони ҷаҳон бошем, ҳанафитар аз ҳамаи ҳанафиҳо ва салафитар аз ҳамаи салафиҳо. Фақат ҳамеша қудрату тавоноии худ ва натиҷаҳои мудохилаи бегонагонро фаромӯш мекунем. Аз ёд мебарем, ки зӯри инро надорем ва он мудохилаҳо ҳаргиз ба суди мо набудааст. Фикр намекунем, ин ҳама идеологияҳо барои он даркор буданду даркоранд, ки роҳро барои нуфузи бегонагон дар ватани мо ҳамвор кунанд.

Ин аст, ки имрӯз бархе Наврӯзро рад мекунад ва бархи дигар Авасторо. Фирдавсию Синоро ҳам аз мо дур мекунад. Гӯё ин бузургворон ба мо бегона ва оину фарҳанги таърихиамон ба мо ҳароманд.

Боз ба куҷо хоҳем рафт?

10 симои боризи садаи 20
gafurov
Пажӯҳишгари пуркор, устод Наҷмиддини Ковиёнӣ ақидае дорад, ки бояд таърих ва фарҳанги тоҷик дар расонаҳои Эрону Афғонистон муаррифии бештар пайдо кунад. Вай низ ба мисли устоди дигар, сардабири донишномаи “Ираника”, Эҳсони Ёршотир, бар ин аст, ки ҳавзаи илм ва фарҳанги порсигӯён фаротар аз марзҳои сиёсист ва ин қаламравро ба гуфтаи шоир Бозор Собир сарҳад забони муштарак аст.

Ковиёнӣ дар Амстердами Ҳолланд, Ёршотир дар Ню Йорк ва Бозор дар Сиеттли Амрико ба сар мебаранд.

Facebook ё Чеҳранома нишон медиҳад, ки порсигӯён ҳоло дар ҳамаи гӯшаву канори ҷаҳонанд ва ин сомона онҳоро муттаҳид мекунад.

Ҳар кӣ дар он матои худро ситоиш мекунад, дар ҳоле ки як ҷо ҷамъ омадан худ баёнгари решапайвандист. Албатта, инро ҳам бояд гуфт, ки як қатор ҷавонони тоҷикистонӣ (ба эҳтимоли зиёд, шогирдони мактабҳои туркию тоҷикӣ) бо тамоми нерӯ дар Facebook ба таблиғи забон ва фарҳанги туркӣ машғул буда, гоҳе то ба авҷи пантуркизм мерасанд.

ТАРҲИ КИТОБИ НАВ

Наҷмиддини Ковиёнӣ дар пайи навиштани китобест дар бораи 10 чеҳраи маъруфи илму фарҳанги Тоҷикистон ва нақша дорад, ки ин асар ҳамзамон дар Эрон ва Афғонистон ба нашр расад. Ман пешниҳод кардам, ҳамзамон дар Тоҷикистон низ.

Вале ба гумонам, китоб дар Аврупо нашр хоҳад шуд, зеро харидорони чунин дастнависро дар ин се кишвар намебинам. Дар ҳар се бодия боде мевазаду мегӯяд, “ман дар чӣ хаёлу фалак дар чӣ хаёл.”

ПЕШНИҲОДИ ДИГАР

Дар ҳоле ки устод Наҷмиддин аз ман кӯмак ва ҳаммуаллифӣ хостаанд, пешниҳод кардам, тарҳ каме тағйир хӯрад.

Аввалан, бояд ин 10 чеҳраро дар як маҳдудаи замонӣ гирифт. Фаразан, 10 чеҳраи маъруф, шоиста ва бонуфузи садаи бистум.

Зеро агар аз садаи 10 сар кунем, гузиниши ин чеҳраҳо кори хеле сахт хоҳад буд. Сониян, барои аксарият ҷолиб хоҳад буд, аз тариқи ин 10 чеҳра ба таърихи пуршӯри мардуми тоҷик дар садаи гузашта нигарист, ки як риштаи начандон пажӯҳида аст.

СУОЛИ БАҲСОФАРИН

Дар ҳоле ки мо ду тан ба пайрезии пардозаи кори худ машғулем, барои як озмун пурсишеро дар Facebook нашр кардам ва дар воқеъ посухҳои ҷолибе гирифтам.

Навиштам, агар бузургони садаи бистуми тоҷиконро номбар кунем, чӣ феҳрасте ба даст хоҳад омад?

Посухҳо хеле ҷолиб буданд. Аксарият Садриддини Айнӣ, Аҳмадшоҳи Масъуд, Бобоҷон Ғафуров, Шириншо Шоҳтемур, Лоиқ Шералӣ, Ҳабибуллоҳи Калаконӣ (Бачаи Саққо), Эмомалӣ Раҳмон, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Тоҳири Абдуҷабборро ном бурданд.

Ҳамчунин як ё думартабагӣ аз Сотим Улуғзода, Фузайл Махсум, Раҳмон Набиев, Ҳаёт Неъмат, Абдумалик Абдуллоҷонов, Абулқосим Лоҳутӣ, бародарон Осимӣ, Давлат Худоназаров, Далери Назар, Абдулғанӣ Мирзоев, Садри Зиё, Носирҷон Маъсумӣ, Акбари Турсон, Саъдинисо Ҳакимова, Чинор Имомов, Абӯалӣ Сино, Фаррухи Қосим ва Абдулҳамид Ҷӯраев ном бурда шуд.

Шигифтангез буд, ки яке аз мубоҳисон мехост, Ислом Каримов ҳам ба ин номгӯй шомил гардад.

ТАРАФИ ДИГАРИ ҚАҲРАМОНӢ

Сардаргум рафтам. Яке аз ширкаткунандагони баҳс навишт, ки ҳатман Бобоҷон Ғафуров ва Абдумалик Абдуллоҷонов дар ин рӯйихат бошанд. Пурсидам, оё ин дуро ба ғайр аз зодгоҳ чӣ чизе муштарак аст?

Посух дод, ки корномаи Ғафуров маълуму машҳур аст, аммо Абдуллоҷонов рамзи муқовимати миллист, ки дар интихобот пирӯз шуд, аммо таҳти хатар фирор кард ва аз ҳама муҳимаш, ба хотири ормонҳои миллӣ бо сарҳанги ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев ҳамроҳ нашуд ва соли 1998 бо канорагирии хеш ба авҷи хунрезии нав дар Тоҷикистон монеъ гашт.

Изофа кард, ки вай ҳам чандон ҳавохоҳие ба шахси Абдуллоҷонов надорад, аммо бояд ҳақиқатро эътироф кард. Ман ба андеша афтодам. Шояд меъёри бузургӣ ҳар давру замон фарқ кунад? Мегӯянд, дар даврони мо муҳим нест, қаҳрамоние кунед, муҳим ин аст, ки номардӣ накунед.

Антон Чехов буд ё Достоевский, ки мегуфт, “кӯчак шуд инсон, кӯчак шуд қаҳрамонӣ!”

ШӮҲРАТ Ё ЗАҲМАТ?

Вале чист меъёр? Шӯҳрат ё кор? Боз ҳам дугонагии мафҳумҳо. Чеҳрае ҳаст, ки дунё ӯро мешиносад ва бо василаи ӯ тоҷиконро. Ин худ аллакай хидмати бузургест. Ва чеҳрае ҳаст, ки дунё аз ин бузургвори “хонагӣ” хабаре надорад, вале ӯ буд, ки миллатро ба ҳаракат овард, ҷони наве ба ин ҷисми пиру ғафлатзада дамонд ва бо ин ояндаву бақои онро таъмин кард.

Шакке нест, ин ҷо ду роҳи гуногунро мебинем, вале пурсиш ин аст, ки таносуб куҷост. Метавон гуфт, ки 70 дарсади шӯҳрат ба 40 дарсади заҳмати шоқа баробар аст? Кадоме муҳим аст: дар сатҳи ҷаҳон машҳур шудану бо ин боло бурдани обрӯйи тоҷик ё дар зери замин тапидану наҷот додани ин қавм ба ҳидояти он ба баландтарин қуллаҳои ҷаҳонӣ?

Дида шудааст, ки дар роҳи шӯҳрати ҷаҳонӣ гоҳе бояд ба хештан ва ҳамхунони худ хиёнат кард. Лекин натиҷаи он метавонад, ҳамаи пастиҳоро пӯшонад ва талҳоро ба кӯҳсору кӯҳдоманро ба қуллаҳо табдил бидиҳад.

БУЗУРГОНИ БЕНОМ

Ин ҳам дида шудааст, ки меҳнати ҳамарӯзаи шахси гумном ва хоксоре метавонад, ҳамин гуна натиҷаҳои бузурге бидиҳад ва дастикам як миллатро аз зиллату уқубат берун кашида, ба шоҳроҳи бузургӣ равона кунаду касе номи он шахсро надонад.

Пас чӣ гуна метавон бе иштибоҳ бузургони худро дарёфт ва гиромӣ дошт?

Пас, аз ин ду кадоме бузургтаранд?

Яке аз ҳамсӯҳбатони ман дар Facebook навиштааст, бояд Зани тоҷикро дар садри ин рӯйихат гузошт, Модари тоҷикро, ки тавонистааст, чунин фарзандонро ба дунё орад.

БА ҲАР ҲОЛ…

Чунин ба назар мерасад, нақши шӯҳрат дар ин моҷаро баландтар аст.

Агар номи Шуморо дар байни 10 номзад бигиранду касе аз ҳеҷ гӯшае ба ин мухолифат накунад ва ҳама ба шӯҳрати Шумо қойил бошад, пас дар воқеъ бузургед.

Аммо агар касе гуфт, дар умри сараш номи Шуморо нашунидааст ва чӣ гуна чунин шахси номашҳур метавонад, аз бузургони як миллат бошад, аломати саволе дар баробари номи Шумо зуҳур хоҳад кард.

Дар чунин баҳс ҳатман Мирзо Турсунзода аз Тоҳири Абдуҷаббор ва Аслиддини Соҳибназар болотар хоҳад буд.

Вале фикр намекунед, ки дар ин маврид шефтаи қолабҳои кӯҳна ва пойбанди таблиғоти рӯз мебошед?

Гӯшаи дигари баҳс: Мансаб инсонро бузург мекунад ва ё инсон мансабро. Дар як мақом ду нафар кор кард, яке ба арши аъло расид ва дигаре дар ҳамин мақом гумном гашт. Вале агар якумӣ ба он мақоми давлатӣ ё ҷамъиятӣ намерасид, номашро мешунидем?

Пас, аввал бояд меъёр ё ҷадвали арзишҳо мушаххас шавад.

ЧЕНАКИ БУЗУРГӢ

На ба ҳайси бароварди ниҳоӣ, балки ҳамчун пешниҳод мегӯям, ки шояд муҳимтарин ченак дар баробари шӯҳрат ва дастовардҳои умр азхудгузаштагӣ ба хотири рушди миллист.

Бояд дид ин афрод агар аз рӯйи самараҳои кори худ ё бо истифода аз мақому манзалати расмии хеш ба қуллаҳо расидаанд, оё тавонистаанд, барои мардуми худ аз ҷону мол ва аёлу пайвандони хеш даст кашида бошанд?

Ин шояд яке аз даҳҳо ченак бошад, аммо шояд аз муҳимтарини онҳо.

Аз сӯи дигар, саф додани номҳо низ худ метавонад, бештари меъёру маҳакро рӯшан намояд.

ПУРСИШ АЗ ШУМО

Бовар дорам, ки бе кӯмаки Шумо ин феҳраст сохта нахоҳад шуд.

Лутф бикунеду чанд лаҳзаи умри гаронмояи хешро сарф ва номи онҳоеро, ки мехоҳед, дар феҳрасти 10 чеҳраи боризи тоҷикони садаи бистум бубинед, ин ҷо сабт бикунед.

“Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо”, суруш меояд аз Ҳофизи ширинкалом.

Ва агар дар бораи меъёру ченакҳо низ гуфтание доред, рӯйи чашм, биёед бо ҳам онҳоро муайян кунем.

November 12, 2009 - Posted by | Bukhara, Culture, Адабиёт ва санъат, Ишк, Кахрамоннома, Маскав, Муаррифинома, Озоди, Пажухиш, Тоҷикистон, Чароғи рӯз, Шеър, Identity, Mastchoh, Salimi Ayubzod, Tajiks, َФолклор

6 Comments »

  1. Мо фахр мекунем,ки чунин нависандаи бочасорат,бузург,олим ва адолатхох аз Масчо хастанд.ХУДО мададгорашон бод.Шумо низ дар панохи ХУДО бошед Фирдавс.

    Comment by олимбек | May 8, 2010 | Reply

    • Zinda boshed barodari aziz Olimbek!
      Muvaffak dar umur va ehson dar amal!

      Comment by Firdavsi Azam | May 16, 2010 | Reply

  2. Бафикрам китоби “Сад ранги сад сол”и ин нависандаи бузург баъди китоби “Точикон”и Гафуров пурарзиштарин ва сахехтарин китоби таърихи ба хисоб меравад.

    Comment by dust | May 27, 2010 | Reply

    • salom barodar!
      durust farmudaed,.zinda boshed.

      Comment by Firdavsi Azam | May 28, 2010 | Reply

  3. Дар Масчох бо номи Точикистон ягон деха хаст?

    Comment by Cабур | March 29, 2011 | Reply

  4. Salom barodar Firdavs!!!
    Dar voqe` Mastsho va vodii Zarafshon (yagon zarra mahalgaroi nadoram va Tjro ba gufti Bozor ba xasu xokash dust medoram)diyori olimxez bolotar az on diyori insonparvar ba ma`noi tomi inson!!!
    Salimi Ayubzod ehtiyoj ba ta`rifu tavsifi man nadorad va bo yak kalima u fidoii millat ast.
    Salomat boshi barodar Firdavs blogi xub!!!!!!!!!!!!

    Comment by Sufi | April 22, 2011 | Reply


Leave a reply to Firdavsi Azam Cancel reply