Фирдавси Аъзам

Адабу фарҳанги Мастчоҳ

Салими Аюбзод

Salimi Ayubzod
Салими Аюбзод 18 августи соли 1960 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар нашрияҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», «Ҳафтганҷ» ва «Чароғи рӯз» кор кардааст. Охири соли 1992 Тоҷикистонро тарк намуда, дар Маскав ба сифати котиби масъули ҳафтаномаи «Голос» ва таҳлилгари «Независимая газета» фаъолият намуд. Дар соли 1995 барои кори доимӣ ба радиёи «Озодӣ» даъват шуд ва ба Прага кӯчид. Муаллифи осори мустанади «Ҳамосаи пайкон» (1988), «Сад ранги сад сол. Тоҷикон дар қарни бистум» (2002) ва бадеии «Девор (1991), «Гунги хобдида» (1999). Осораш ба забонҳои англисӣ, чехӣ, олмонӣ, русӣ ва эстонӣ нашр шудаанд. Собиқ узви садорати Иттифоқи журналистони СССР, барандаи ҷойизаи аввали Конфедератсияи кишварҳои муштаркулманофеъ дар соли 1990.Дар зер чанде аз навиштахои ин рузноманигори саршносу шахири точикро манзур мегардонем. Continue reading

November 12, 2009 Posted by | Bukhara, Culture, Адабиёт ва санъат, Ишк, Кахрамоннома, Маскав, Муаррифинома, Озоди, Пажухиш, Тоҷикистон, Чароғи рӯз, Шеър, Identity, Mastchoh, Salimi Ayubzod, Tajiks, َФолклор | 6 Comments