Фирдавси Аъзам

Адабу фарҳанги Мастчоҳ

Нуъмон Рачабзода


Нуъмони Раҷабзода 20-уми октябри соли 1971 дар ҷамоати Мастчоҳ, ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №10 соли 1989 шомили факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон гашта, ин даргоҳи маърифатро соли 1994 хатм менамояд. Фаъолияти кории хешро Нуъмони Раҷабзода ба сифати омузгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ва синфҳои ибтидоӣ дар мактаби миёнаи №24 оғоз карда, дар тарбияи шогирдон наздики даҳ сол саҳми муассир гузошт. Пайваста навиштаҳояш дар нашрияҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба чоп мерасиданд. Фаъолияти рузноманигории худро дар ҳафтаномаи «Суғд» соли 2002 оғоз карда, баъдан муҳаррири масъули ҳафтаномаи «Суғдиён» интихоб мегардад. Котиби масъули нашрияи «Анвори дониш» низ бар уҳдаи у вогузошта мешавад. Баъдан фаъолияти хешро ҳамчун хабарнигор дар ҳафтаномаи «Вароруд» идома дода, айни замон мухбири махсуси ҳафтаномаи «Омузгор» дар вилояти Суғд мебошад. Аз соли 2008 узви Иттифоrи журналистони Тоҷикистон аст. Дар зер чанд намуна аз навиштахои уро манзур мегардонем.

МУСАВВИРИ МОНИКАЛАМ
Андешахо дар бораи асархои нави Рассоми халкии Точикистон Комил Ёдгоров
Санъати рассомии точик таърихи кадима дорад. Мо дар хошияи китобхои арзишмандтарини ниёгонамон накши дастони мусаввиронро мебинем, ки бо рангу тобишхои ба худ хос сахифахои аврокро мунаккаш кардаанд. Бо вучуди он ки дар кишвари мо рассомони маъруф зиндаги ва фаъолият доранд, аммо дар мачмуъ вазъи имрузи санъати рассоми чавобгуи талабот нест. Чавонон ба санъат он кадар майлу рагбат надоранд. Сабаби ин холат дар кори вазнин, захматталаб ва камхаридор будани асархои мусаввирон мебошад. Дар шароити кунуни дар кишвари мо офаридахои бехтарини рассомони точик бо нархи арзонтарин ва бо душвори ба фуруш мераванд. Ва аксар вакт, хоричиён аз мухточ будани рассомон истифода бурда, бехтарин мусавварахо, нодиртарин асархоро бо нархи хеле арзон харида, ба ватани худ мебаранд. Точикон дар азал зебопарастанд ва мехри зебопарастиро дар дил мепарваранд, оянда, бовари дорем, ки бехбудии рузгори мардум ба шукуфоии санъати точик рох мекушояд.
Ва инак, сухбати мо бо ин марди хунар ва мусаввири моникалам.

Устоди азиз, вокеан тасвирхо ва накши дастони Шуморо дар бисёре аз минтакахои Точикистон мушохида кардан мумкин аст. Дар бораи асархои пурарзиши Шумо дар гортолорхои осорхонаи вилояти Сугд дар нашрияхо маводи зиёде ба табъ расид. Дар байн чанд соле гузашт ва айни замон кадом мусавварахои хешро муаррифи кардани хастед?
-Ташаккур, муддати чанд солест, ки сафари хаёлие дорам, ба сохили дарёи Зарафшони пуртугён. Ва се асари офаридаи ман махз ба ин марзу обу хок вобастагии кави доранд. Ин асархо натичаи захматхои чандинсолаи ман мебошанд ва ба онхо номхои «Тарки дарбор», «Катли шоир» ва «Сугддухтарон» гузоштам. Вокеан ин расмхо тачассумгари дунёи ботинии рассом буда, умедворам аз тарафи мухаккикон бахои сазовор мегиранд.
-Имсол чашни 1150-солагии устоди шоирон Абуабдуллохи Рудаки тачлил мегардад. Биёед, дар бораи ин мусаввараи нотакрор, ки «Тарки дарбор» ном дорад ва симои устод дар он инъикоси вокеии худро ёфтааст, андешарони кунем…
-Бо пешниходи Президенти Точикистон имсол 1150-солагии Одамушшуаро Абуабдуллохи Рудаки чашн гирифта мешавад. Ба ифтихори ин чашни фархунда ва гиромидошти устоди шоирони олам асареро бо номи «Тарки дарбор» офаридам. хаёти эчодкорон ва ахли хунар ба душворихо мегузарад. Ба кавли шоир:
Муи сафедро фалакам ба ройгон надод,
Ин риштаро ба накди чавони харидаам.
Зиндагии устод аз соли 1979 инчониб маро ором намегузорад. Дар фосилаи 29-сол асар нотамом монда буд ва умедворам то рузи чашн онро пурра ба анчом расонида, ба маърази тамошо мегузорам. Он идея ва максаду мароме, ки чанд сол пеш дар андешаву афкори ман ба вучуд омада буд, дар асар пурра накши хешро ёфтааст. Тасвири ман «Хайрбод бо устод» ном дошт, ки ахиран онро бо номи «Тарки дарбор» иваз кардам. Устухонбандии асар хеле мураккаб ва мукаммал аст. Ягон харакат дар расм такрор намешавад, бо хамдигар монанд нестанд ва дар умумият хама кахрамони асосии асарро чамъбаст мекунанд. Устод Рудаки дар тарафи чап, дар назди асп истода, ба сафар тайёри мебинад. Дар симои хама персоначхо гаму дард эхсос карда мешавад. Ин гувохи он аст, ки шогирдон нисбати устоди хеш мехри беандоза доранд. Лахзаи хайрбод наздик аст ва аз фироки дустони пурхунар дил ба фарёд меояд. Устод Рудаки дар сини пиронсолаги тасвир шудадар дасти чап ассо ва ба дасти рост риши сафедашро сила мекунад ва аз хаёт шукргузори менамояд.
Дар поёнтар чавоне шеъри устодро кироат мекунад, ки ин гувохи човидонии ашъори Рудакист. Номи нек ва човидонии устод дар тасвир инъикоси хакикии хешро ёфтааст. Аммо, худи бинанда метавонад, бо фахмиш ва биниши худ ба ин тасвир бахо дихад. Манзараи асарро бинохои он вактаи Бухорои Шариф оро медиханд ва дар мукаммал гаштани тасвир бегона нестанд.
-Дар бораи зиндагии ахли калам ва дарду ранчхои кашидаи онхо бисёр навиштаему хондаем. Ва ин дарду зиндагии пур аз ранчу азоб дар тасвирхои Шумо низ бо рангхои хос чилвагар мешаванд. Муроди ман мусаввараи «Катли шоир» аст ва дар яке аз сухбатхо зикр карда будед, ки бо котили Туграл хамсухбат гаштаед…
-Рости, харф задан сари ин мавзуъ барои ман хеле душвор аст. Шоири бузурги миллатро куштанд, онхо дарк намекарданд, ки марги олим марги оламест. Зиндагии Туграл ва фочиаи шоири бузург дили маро сахт лабрези дарду андух кард. Ва дар тасвир ин дарду гаму ранч ва андухи ботинии рассом бо рангхои махсус офарида шудаанд, ки чашми хакбин ба дарки он бехтар сарфахм меравад. Ба тасвири манзараи фочиавии марги шоир соли 1994 шуруъ карда, пайваста онро такмил медодам. холати поймол намудани маънавиёт, маърифат ва фарханги халкро аз тарафи як туда бесаводон дар асар нишон додаам. Фочиа дар сохили дарёи Зарафшон рух медихад, аммо агарчи чисман шоирро нобуд карданд, аммо ашъори баландпарвози у номи уро абадан човидони гардонидааст. хамчунин, дар асар тудаи одамони бетараф, ки онхо ночизию нотавонии худро эхсос мекунанд, тачассуми худро ёфтаанд. Дар яке аз сафархои хеш ба водии Зарафшон бо муйсафеде хамсухбат гаштам, ки худро котили Туграл муаррифи кард. Ин муйсафеди аз кардаи хеш пушаймон, таъкид кард, ки ман танхо амри сарваронро ичро кардаму халос.
Тибки ривоятхо Туграл мехост, дар рузи катлаш завчаашро даъват кунанд, аммо уро ичозат надоданд. Бо назардошти ин ки рухи Туграл шод гардад, завчаашро чунин тасвир кардам, ки ба зону зада, шоирро ба хок афтидан намемонад. Дар паси онхо дарахти мевадоре акс ёфтааст, ки дар шохааш кабутаре нишаста ва дарахти пурбор ашъори Туграл ва кабутар ифодагари рамзи рухи бешикасти шоир аст. Бо вучуди он ки силохбадастон хеле азимчусса ва мусаллаханд, хатто кадди онхо баробари зонухои афтидаистодаи шоир хам намерасанд. Яъне, онхо бо бузургии худ, бо тиру туфанги худ аз шоири побарахна ва хуншор очизу нотавонтаранд. Афсарон шоди намекунанд, аз кори хеш гамгинанд ва аз ниходи дил, хуб дарк мекунанд, ки таърих ин рафтори вахшиёнаи онхоро хеч гох намебахшад.
Осмони манзараи асар хуншор аст ва ин ранг бо хуни рехта истодаи Туграл омехта шуда, заминро хам лолагун месозад. Тарзи доштани ярок дар дасти навкарон композитсияи асарро хеле мукаммал гардонидааст. Агар таваччух кунед, дар расм мо чахорчубаи ростро мебинем. Ин чунин маъни дорад, ки дар он давра инсонхо сухани хешро озод гуфта наметавонистанд. Яъне, аз чахорчуба берун баромадан мумкин нест, агар як кадам берун пой гузори, фочиае ба сарат хохад омад. Дар тарафи чап дар нуги силох парчами сурх чило медихад, ки ифодагари хукмронии хокимияти вакт мебошад.
Симои Туграл бо рангхои махини кабуд офарида шудааст ва ин гувохи он аст, ки аз чисми шоир хун равона гардида, уро ба суи марг мебарад.
Мухтарам Комил Ёдгоров! Мехнати вазнини занону ноболигон ва тачассуми он дар асархои Шумо ба мушохида мерасад. Ба ин мавзуъ низ Шумо таваччух зохир карда, асархои алохидаи хешро бахшидаед, ки «Сугддухтарон» намунае аз онхо мебошад…
-Ба ин мавзуъ бори дуввум бармегардам. Соли 1994 вакте ки дар шахри Панчакент кору эчод мекардам, хаёти душвор ва бенихоят вазнини занони кухистонро дида, расме бо номи «Коркарди тамоку» офаридам. Дар ин асар тасвири манзараи кишти тамоку аз шинондан то ба чамъоварии он руи сафха омадааст. Духтарчае дар пеш бо дахону бинии баста, бо куртаи сафед ва пешдомани сиёх ба дастонаш барги тамокуро чудо мекунад ва ин ифодагари он аст, ки ноболигон хам ба мехнати вазнин ва захрогин чалб гардидаанд. Аз тарафи рост бошад, чавонзани зебоебо чехраи гамгин баргхои тамокуро бо хам пайваста, хамел мекунад. Дар паси асар ду зан ба шинондан ва об рехтани нихоли навбари тамоку машгуланд. харакатхои симохои офаридаи тасвир аз проблемаи руз будани ин мавзуъ далолат мекунанд. Дар тарафи рости асар сутуне тасвир шудааст, ки пешайвонро нигох медорад ва дар он тамокуро хушк мекунанд. Дар кунчи боло кафасеро мебинем ва мухити зисти хона чунин офарида шудааст, ки он аз тамокузор тафовуте надорад. Дар дохили кафаси овезон кабки нимчон акс ёфтааст, ки он ифодагари хаёти ин нозаниндухтарон мебошад. Онхо дигар илоче надоранд ва дар ин мухити зист ва танг зиндагии хешро ба пеш мебаранд.
Сухбатнигор Нуъмони Рачабзода

МАСЪУДНОМА
Аз дил наравад ёди ту, гар хун равад аз дил…

(Тасвири кахрамонии Ахмадшохи Масъуд дар шеъри муосири точик)
Дар адабиёти оламшумули форси дар бораи пахлавонию кахрамонии диловарон ва гурдони лашкаркашу лашкаршикан ва чоннисорихои онхо ашъори зиёде офарида шудааст. Мисоли равшани тараннуми мардонаги ва диловарию механпарастиро дар достонхои безаволи «Шохнома»-и хаким Абулкосим Фирдавси метавон мутолиа кард, ки намунаи олии он корномахои тахамтани майдони харб ва пахлавони маглубнопазир Рустами Достон мебошад. Оре, дар хар давру замон мардонагию диловарии фидоиёни рохи хак ва муборизаи онхо алайхи бедодгарихои чомеа мавриди ситоиши ахли калам будааст.
Дар рўзгори мо кахрамонихои диловари майдони корзор ва муборизаю чоннисорихои нахусткахрамони миллии Афгонистон шахид Ахмадшохи Масъуд дар навиштахои ахли калам ва донишмандони Шарку Fарб бозтоби хосе доштааст. Шахид Ахмадшохи Масъуд на танхо дар Афгонистон, балки дар аксари кишвархои чахон хамчун тимсоли мубориза алайхи тачовузгарихои хоричиён шинохта шудааст. Агар ба зиндагиномаи Ахмадшохи Масъуд нигохе афканем, хуб дарк мекунем, ки шахиди кахрамон кисмати зиёди умри хешро дар чангу пайкор алайхи душманони гаддор ва госибони тачовузкори хоричиву дохили паси сар кардааст. Барои Ахмадшох «дўстдории ватан нишони имондорист» ва барои хифзи марзу хоки ватани азиз аз душманон, ў чони хешро фидо карда, армону хасрати бекарона дар дили мардуми шарифи Афгонистон барчой гузошт. Дар бораи чавонмардихои шахиди кахрамон китобхои зиёде навишта шудаанд ва дар ашъори шоирони порсигўй сифатхои мардонагию диловарии Ахмадшох пайваста тавсиф мегардад.
Дар матбуот ва навиштахои ахли калами Точикистон диловарию корномаи шахид Ахмадшохи Масъуд бо тобишхои гуногун мавриди тахлилу барраси карор гирифтааст. Дар китоби «Чонпайванд»-и мухаккик, донишманд ва нависандаи забардаст Мирзо Шукурзода мусохиба бо шахиди кахрамон ва сафари адиб ба дараи душмангудози Панчшер хеле муассир тахия шудааст.
Бахусус, ду маколаи хеле таъсирбахш ва чолиб дар бораи мучохиди кахрамон Ахмадшохи Масъуд хеле бо сўзу гудоз ва хисси баланди ватандўсти иншо шудаанд. Хабари марги Шери Панчшер адибро хеле рўхшикаста гардонд ва дар он рўзи мудхиш танхо байте ба ёди ў омада, ки бахри таскини дили хеш ба забон овардааст:
Аз дил наравад ёди ту, гар хун равад аз дил,
Ёди ту чу хун нест, ки берун равад аз дил!
Зимни зиёрати маркади шахид Ахмадшохи Масъуд хотироти хешро муаллиф бо чунин сатрхои пурсўз ба калам медихад:
«Мо ба зиёрати оромгохи Масъуди шахид мешитобем. Аз камари кўххои лочвардие равонем, ки чун пирони мотамзада сукут ихтиёр кардаанд… Дидем, ки аз дур макбарае гарки нур рух намуд. Гунбади сабзфоми он гўё ранг аз осмони нили рабуда, аз хиндукуш майли уруч то бекаронахоро дорад. Ин аст хилватгохи Масъуд, ки ба кавли як шоири точики даризабон «зери хокаш офтобе хуфтааст». Ин пушта макбараи шахиди бузургворро гўиё чун тухфаи даргохи илохи рўи кафхо нигах доштааст. Мо ба мухити бихиштгуна ва кибриёи афтодем, ки калам дар баёни шархаш хун мегиряд».
Ахмадшохи Масъуд харчанд дар Афгонистон чонфидои карда, дар он чо шахид гашт, аммо дар Точикистон аз махбубияти хосе миёни ахли чомеа, махсусан фархангиён бархурдор аст. Яке бо номи Масъуд китоби шеърашро огоз мекунад ва дигаре бо ифтихори ў фарзандашро Ахмадшох ва ё Масъуд номгузори мекунад. хатто зимни номгузори ба хотири эхтиром ва ихлосе, ки нисбати Ахмадшох ва зодгохи ў–Панчшер ва мардуми гаюру диловари он доранд, чанд муассиса ва коргох дар Точикистон Панчшер номгузори шудааст.
Шоираи точик Гулрухсор аз марги Ахмадшох бо таассуф ва оху шеван нола мекунад ва зикр карда, ки «Ахмадшохи Масъуд аз мо рафт, аммо чанд модари точик, ки писар ба дунё оварданд, Масъуд ном ниходанд».
Зи баъди сад хазорон сол,
Зи каъри сад кабат хоки сиях.
Аламхои ту бар ёдам расанд,
Фарёд хохам кард.
Шахрияи Ахтамзод, шоираи дигари точик ба поси хотири шахиди кахрамон садо баланд мекунад ва дар як рубоии хеш Ахмадшохро «сарбайти баёз» ва «киблаи роз»-и ахли ниёз муаррифи мекунад:
Ту моли ниёзи мо буди, Ахмадшох,
Сарбайти баёзи мо буди, Ахмадшох.
Бар чониби ки намози худ бигзорам,
Ту киблаи рози мо буди, Ахмадшох.
Таърих чандин кахрамонхоро дар ёд дорад, ки дар рохи мубориза бо ачнабиён чонфидои кардаанд. Кахрамонии Ахмадшохи Масъуд аз лавхаи хотираи инсонхо хеч гох зудуда нахохад шуд. E дар карни бист ягона кахрамонест, ки чахон бо номаш ифтихор мекунад. Ахмадшох барои хар кадами хоки механ мубориза бурд ва дар ин рох чони хешро курбон кард. Дар Афгонистон бо карори Раиси Чумхури ин кишвар хомид Карзай ба Ахмадшохи Масъуд унвони нахусткахрамони миллии Афгонистон дода шуд. Академик Мухаммадчон Шакури баробари кахрамони Афгонистон Масъудро кахрамони миллии Точикистон низ мешуморад:
«Сарнавишти мо аз фаъолияти кахрамонони Афгонистон вобаста аст. Ахмадшохи Масъуд накши мухиме дар таърихи Хуросони Бузург ичро кард. E кахрамони миллии Точикистон низ хаст».
Шоири ширинкаломи точик Бозор Собир симои кахрамони диловарро дар шеър ба риштаи тасвир кашида, менависад:
Дар тўдаи абр хирмани гирдаи мох,
Дидам, ки шинос менамояд ногох.
Гуфтам, ки хамин шапуи афгони буд,
Чун рамзи чиход дар сари Ахмадшох.
(«Шоиру шеъре агар хаст», шахри Душанбе, нашриёти «Адиб»-2006, сах. 163).
Чанде пештар китоби нави ашъори шоир ва рўзноманигори варзида Чўра Юсуфи бо номи «Андар хами як кўча» дар шахри Хучанд ба табъ расид. Шоир ба як зумра абармардони илму фарханг ва бузургмардони таърих шеърхо бахшида ва бад-ин васила моро хўшдор медихад, ки ба кадри бузургон бояд бирасем ва ин навиштахо ифодагари фарёди дили пурдарди муаллифанд:
Замона кушт моро бе бахона,
Намедонад сари моро бахо на!
Занад бар магзи миллат санги душман,
Ки бе магзе нахезад хеч дона.
Марги кахрамони шахид Ахмадшохи Масъуд дар баробари дигар хамватанон ва хамзабонон беш аз хама шоирро афсурдахол гардонидааст. Дар шеъри «Дар сўгвории Шери Панчшер» чунин сатрхои чонсўз ва интикомчўёнаро мутолиа мекунем:
Ба мисли шер Ахмадшохи Масъуд,
Яке лашкаркаши лашкаршикан буд.
Ба чанги рўбарў ин марди точик,
Баровард аз димоги душманон дуд.
Адўвонаш, дарего, рўбахона,
Варо бо хилахо карданд нобуд.
Аминам, шерзодон меситонанд,
Бахои хунаш аз агёри бехуд.
(«Андар хами як кўча», шахри Хучанд, нашриёти «Ношир»-2007).
Дар баробари навиштани шеърхо васфи кахрамонию диловарии Ахмадшохи Масъуд дар адабиёти муосири точик устод Мўъмин Каноат бо номи «Масъуднома» достоне навишта, дар огози он максад аз таълифи ин хамосаро чунин шарх додаанд:
«Ин хамоса хафт номаи сарбамўхр, розхои ботинии Ахмадшохи Масъудро ба хонанда мерасонад. Дар ду давраи набарди ў, даврони чиход ва муковимат шахсияти ў дугона таъриф ё тахриф шудааст. Ман кўшидам чанбахои инсони ва кахрамонии ўро шоирона чилва дихам. Ин асар ангораест аз чехраи нотакрори рустамона, орифона ва ошиконаи Масъуд. E кахрамони марказии достон, симои бадеи ва ормони аст».
Дар огози достон шоир аз хамлаи русхо ва дигар ачнабиён ба Афгонистон ва рўбарў гаштан ба муковимати мардуми сарбаланди ин кишвар хикоят карда, хамлаи душман ва харобкорихои онхоро чунин тасвир кардааст:
Алайхи мо сафи тайёра меомад,
Ва бўи чанги як сайёра меомад.
Басе аскар фаромад рўи барзанхо,
Ба пайкори сиёхе хайли рахзанхо…
Паёпай бомб мерезанд, мехезанд,
Дар ин хоки мукаддас хок мебезанд.
Ва меболанд то Санги арўси мо,
Чу оташ дар фазои обнўси мо…
Мохи апрели соли 1984 дар набарди хафт се фиркаи шўрави, 30 хазор сарбоз, 200 чархбол, 60 чати чанги, 1200 василаи харби ва танк иштирок кард. Нерўхои шўрави ба куллахо фуруд омада, ба водии Панчшер поён рафтанд ва дар мухосира афтоданд. Ишора ба ин ходиса шоир дар идомаи хамосаи хеш аз чавонмардихои кахрамони шухраи дахр шахид Ахмадшохи Масъуд ёдовар мешавад:
Ва дидам сарнишинаш дар кафас омад,
Ба зери чатр бо боли хавас омад.
Ва дидам кахрамони рус буд, овах,
Рахо кардам, бирав аз рах, аё берах!
Пирўзи дар набард алайхи ачнабиён Масъуди пахлавонро хеле рўхбаланд месозад ва ў умедвор буд, ки акнун «хангоми намози бомдоди субхи кишвар» фаро расидааст ва метавон аз вахдату хамдили сухан кард:
Ба хифзи ин ватан ё ин чаман бо рус чангидам,
Шаби ялдои кишвар дар багал фонус чангидам.
Пас аз чанги дарозе рус рафту рўз дигар шуд,
Ва хангоми намози бомдоди субхи кишвар шуд.
Нишастам бо умеде дар намози вахдати миллат,
Ки орад меваи тавхид нахли захмати миллат…
Орзую омоли ягонаи Ахмадшохи Масъуд он будааст, ки кишварашро орому осуда ва озод бубинад. Аммо, ботаассуфи зиёд, баъди пирўзи бо ачнабиён чанги дохили дар кишвар огоз гардид, ки Масъудро боз аз сари нав ба майдони набард бурд. Орзуи омоли Ахмадшохи Масъудро дар идомаи матлаби хеш устод Мўъмин Каноат чунин баён доштааст:
Ба амри дил мухандис мешавам охир,
Ва тархи орзуям мекунам зохир.
Ба кохе мегузорам появу бунёд,
Ки бошад манзари як миллати озод.
Ва аз санги Сулаймон бурчу девораш,
Ва аз Аржанги Моно богу гулзораш.
Ва дар идомаи матлаб шоир мефармояд:
Ба шакли дил бисозам гунбади онро,
Ки бошад мавчгири мехр кайвонро.
Чу ин миллат диле дар Осиё будаст,
Чу ин миллат саре дар Ориё будаст.
Ва аз лаъли Бадахшон мекунам кандил,
Бутони Бомиёнро мекунам тахвил.
Ва аз Уммулбилод ангора месозам,
Басич ин кишвари садпора месозам…
Бо таассуфи зиёд зикр карданием, ки кохе, ки Ахмадшохи Масъуд мехост, бунёд кунад, нотамом монд. Ахмадшохи Масъуд шахид гашт, вале барои амали кардани ахдофи хеш, яъне бунёди кохи вахдат заминахои боэътимод гузошт.
Шахиди шухраи дахр, нахусткахрамони миллии Афгонистон Ахмадшохи Масъуд бо пайкори хеш дар чашми ахли башар нишон дод, ки муборизаи ў, хадафи ў озодию истиклол ва оромию осоиши кишвараш мебошад. Ин мубориза, ин шаходат номи ўро на танхо барои мардуми шарифи Афгонистон, балки барои чахониён маъруф ва азизу муътабар гардонд. Мутаассифона, бархе нотавонбинони кўрдил хидмати шахид Ахмадшохи Масъуд ва муборизаю чоннисорихои ўро алайхи мутачовизин нодида мегиранд ва ба сўи кахрамони милли ва хамсафонаш санги маломат меафкананд. Аммо набояд фаромўш кард, ки таърих оинаи хакнамост ва ба хар кас мувофики хидмат ва захматаш дар чомеа бахо хохад дод.
Нўъмони Рачабзода
P7160096
Фарзанди маънавии Имоми Аъзам
Ду дурре зи як гавҳар

Андешаҳо перомуни рисолаҳои «Зиндагӣ ва осори Имом Абуҳанифа» ва «Ақидаи Имом Абуҳанифа»-и Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода, ки ду дурреро мемонанд аз як гавҳар, гавҳари рахшандаи пурфурўѓ аз баҳри бекарони Абуҳанифашиносӣ. Гавҳаре, ки бо ҳама шаъшааву тобандагиаш ба мисли анвори хуршеди фурўзон тачаллибахши дилу дидаҳои пайравони ҳақиқии ин Имоми бузург мебошад ва офарандаи ин гавҳарро метавон бо камоли ихлос фарзанди маънавии Имоми Аъзам номид…
Зиндаги ва рўзгори авлоди Одам аз ибтидо то имрўз шоҳиди барҳаыыи он аст, ки маҳз донишмандони некрою бедордил ва некхоҳу хайрҷу, чун ворисони арзандаи паёмбарони Худованд бо партави нури офтоби ҳикмату шахсияти паёмбаргунаи хеш роҳи мардумро равшан намуда, сабаби авҷи хушбахти, саодат, иззат ва сарбаландии мардумон гардидаанд.
Устоди раббони ва асотиди арҷмандро метавон дар зиндаги ба хуршеди тобон ташбеҳ кард, ки аз он ба ыалби инсонҳо ҳамавора нури маърифату худшиноси таҷалли мекунад ва тавассути хизматҳои арзандаи онҳо башарият аз зиндаги ҷаҳолату разолат раҳо шуда, ба дунёи хираду тамаддун раҳсипор шудааст. Вуҷуди ин тоифаи мардумро дар ҳар давру замон бидуни тардид метавон муъҷиза ва раҳмати Парвардигори бузург номид. Яке аз ин гуна уламои раббони донишманди мумтоз устоди фозилу ыавидониш дарёниҳоду хуршедыалб ва нурбахшу нурафкан, раҳбари маънавии ҲНИТ, сиёсатмадори маорифпарвар ва мукаррамном муҳтарам Муҳаммадшариф Ҳимматзода мебошанд, ки шахсияти муниру муҷаллои ин марди Худо барои имрузиён ва аҳли илму дин ва мусулмонони кишвар намунаи ибрат ва шоистаи пайравист.
Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода аз шумори уламои ҳаыиыии дину сиёсат ҳастанд, ки хадамоти арзандаи эшон дар эҳёи маърифати динӣ, неъмати ислом, эчоди сулҳ, шинохти шахсиятҳои маъруфи исломии фарҳангу давлатдории точик, таҳаққуқи ислоҳи шуури сиёсӣ, динӣ, мазҳабӣ ва маънавии мусалмонони Точикистон сутуданӣ ва қаҳрамонона аст.
Паямбари акрам, ҳазрати рисолатпаноҳ Муҳаммади Мустафо (с) дар як ҳадиси муборакашон мефармоянд: Олим се нишона дорад: ростгўӣ, парҳез аз ҳаром ва фурўтанӣ дар баробари умуми мардум. Аз ҳамин дидгоҳ шахсияти Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода фарогири ҳамаи ин нишонаҳост. Бунёдгузор, муассис ва падари ҳақиқии ҲНИТ, сиёсатмадори сулҳофарин ва муслиҳу мучаддади ҳаёти маънавии мусалмонони кишвари мо, устоди равоншод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз хадамоти барчаста ва шахсияти хуршедгунаи Муҳаммадшариф Ҳимматзода ёдоварӣ намуда, бо камоли ихлос навиштаанд, ки: «бародар Ҳимматзода бо часорати комил дар густариши даъвати исломӣ ва эҳёи муқаддасоти миллӣ саҳми бориз гузоштаанд. Ҳалқаҳои дарсиашон дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва атрофи он аз маъруфияти зиёде бархурдор буд. Шогирдони зиёдеро тарбия намуда, ба камол расонидаанд, ки имрўз дар суфуфи ҲНИТ машѓули фаъолият ҳастанд. Дар давоми фаъолияти якчоя дар ҲНИТ пеш аз солҳои навад ва баъди он борҳо мавқеи таѓирнопазирии ўро мушоҳида намудаам. Умуман гуфта метавонам, ки ўро ҳеч чиз, на сарвати дунё, на чоҳу чалол аз масираш мунҳариф сохта натавонист».
Оре, устод Ҳимматзода ҳамигунаанд ва садоқаташон ба Ислом ва ормонҳои исломӣ, миллати точик, мусалмонон ва Точикистони биҳиштманзар достонест ибратпазир, ки то кунун саҳифае аз он иншо нагардидааст. Ҳарчанд перомуни шахсият, ормон, авотифи инсонӣ ва исломии эшон бузургоне амсоли устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳиддин Кабирӣ ва дигар бародарон дар раъси соҳибмақомони ҲНИТ, инчунин сиёсатмадорону донишмандоне чун профессор Абдунабӣ Сатторзода, Абдумачид Достиев, Шодӣ Шаболов андешаҳои худро баён кардаанд, аммо танҳо дар сифати ҳиммати баланди маънавии устод Ҳимматзода, ки бо вучуди бемории бистарӣ будан лаҳзае аз иншои андешаву мақолаҳо ва ҳатто рисолаҳои илмӣ таваққуф накардаанд, метавон китобҳои бузургҳачме навишт.

Ҳар як андеша, маыола, гузориш ва рисолаҳои устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода, ки нашр ва пешкаши шаҳрвандони Ҷумҳурии азизамон мегарданд аз тафаккури баланд, огоҳии комили ҷаҳони щании маънави ва муҳаббати бузурги эшон ба ислом, мусулмонон, тоҷик, Тоҷикистон, миллат, хирад ва инсондустиашон гувоҳи медиҳад. Мо ин навиштаи худро бо тавсиву ташҳиди устод Ҳимматзода пур кардани нестем. Танҳо мехоҳем бо диди хираду маънавиёти кучаки худ чанде аз андешаҳоямонрои дар атрофи ду рисолаи муҳтаво, ҳаыыони ва пураҳмиятии эшон, ки дар Абуҳанифашиносии тоҷик таҳаввулоти тозае бахшида, уфуыҳои навро дар ин бахши муҳими исломшиноси боз намудаанд, манзури алоыамандон созем.
Соҳибназарон ва умуман хурду калони Тоҷикистони биҳиштманзар хуб огоҳ ҳастанд ва аз мо ҳам беҳтар медонанд, ки пас аз интишори фармони Президенти кишвар Эмомали Раҳмон дар бораи эълон дрштани соли 2009-ум чун Соли бузургдошти Имоми Аъзам дар ыаламрави мамлакат сафи «Абуҳанифашиносон»-и огоҳу ноогоҳ, ки матбуоти кишварро аз навиштаҳои ба ном илми-омавии худ пур кардаанд, ру ба афзоиш аст. Ҳар нафар шоҳиди он ҳастем, ки ин ё он ҳафтанома дар мавзуи мазкур бо имлои ин ё он олими маъруф ё нафаре ношинохта маыом ё гузоришро чоп намуда ё фалон китобчае дар бораи Имоми Аъзам ба нашр расидааст. Аммо хушбахтона маҳз ыалами устод Ҳимматзода ҳануз 6-сол ыабл аз интишори ин фармон ба нашр расидааст. Яъне, рисолаи «Зиндаги ва осори Имом Абуҳанифа» замоне ба мардум пешниҳод гардид, ки дар он айём дар атрофи шахсияти ин Имоми ҷалилулыадр меандешиданд, ва олу ба шахсияти пурфурущаш тавассуташон ыатрае аз оби баҳр ҳам набуд, ҳарчанд имруз ҳама дар Тоҷикистон Абуҳанифа мегуянд ва мекушанд, ки шинохти худ аз Абуҳанифаро ба дигарон манзур созанд. Ин амали онҳо андешаи мо то андозае фармоиши намоиши садоыаташон ба сиёсати ҳукумат ва Президент аст. Аммо устоди арҷманд М. Ҳимматзода рисолаҳои хешро дар поя ё асоаи фармони касе, ба шуҳрату молу даромади ҳангуфте иншо накардаанд, танҳо бо маысади ыонеъ намудани ниёзи маънавии ҷомеа, ҷавонон ва ва аҳли хираду маърифати Тоҷикистон ба шинохти чеҳраи воыеии Абуҳанифа, омол, андеша, шахсият ва хадамоти барҷастаи ин мураббии маънавии миллатҳо Имоми азиз хусусиятҳое дидам, мазҳаби ҳанафи ҷаҳонгир шудани ин мазҳаб таълиф намуданд.
Асари «Зиндаги ва осори Имом Абуҳанифа» то кунун се мароти-ба солҳои 2003-2004 ва 2009 ба нашр расидааст. Нашри дар соли 2004-ум анҷом ёфтани китоби мазкур асосан ба дархости аҳли илму адаб, бахусус уламои дини вилояти Сущд аз ҷониби нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалили вилояти мазкур сурат гирифтааст.Дар сафҳои 2-уми ин нашри мазкур як тан аз олимон ва кодимони дини вилоят, аниытараш як тан аз муфассирони маъруфи милатамон, муаллифи «Тасвири Осонбаён» Ҳоҷи Абуа ломиддин арзи сипоси худро аз таълифи китоби «Зиндаги ва осори Имом Абуҳанифа» иҷозомшавии нашри китоб дар вилояти Сущд аз ҷониби устод Ҳимматзода баён карда чунин гуфиааст: Хурсандии мо ҳадду канор надорад, ки иҷозаи шафавии нашри чунин китоби пурмувтаво дар ихтиёри мо гузошта шуд. Бале ҳаы ба ҷониби муаллифи китоб аст, ки ишон фармудаанд, ҳаводорони мазҳаби Нуъмон ибни Собит набояд куркурона, балки ҳаыиыату шахсияти ин марби бузург ва соҳибмазҳабро дониста, таылид кунанд. Банда умедворам, ки дар сурати хондани чунин китоб ва огоҳ шудан аз ҷонфидоиҳои Имоми Аъзам, иншооллоҳ аз таылиди куркурона ба ҳаыиыат бадал мешавад, зеро ки будани Имоми Аъзам (р) бо роҳи хеле муфассал дар ин китоб баён шудааст.
Абуаломуддин дар идомаи ин ҷумлаҳо ба нафароне, ки ки аз у хоҳиш карданд, ки дар бораи Имоми Аъзам чизе бинависад, тавсия мекунад, ки ин асари пурмувтаво яъне, «Зиндаги ва осори Имоми Аъзам»-и Ҳимматзодаро мутолиа намуда, ниёзи худро дар ин бахш ыонеъ созанд, зеро дар сурати мавҷуд будани китрби мазкур, ҳоҷати дигар барои китоби ҷудогонае аз ҷониби ман зарурат надорад. «Акнун ба шахсоне, ки аз ман хоҳиш кардаанд, то дар бораи таърихи Имоми Аъзам (р) чизе барои тоҷикмазҳабон нависам, тавсия мекунам, ки бо дастрас будани ин гуна китоб дигар ҳоҷаи ба навиштани ман нест. Хоҳишмандоне, ки мехоҳанд аз рузгори ин марди бузург чизеро фаҳманд, бо хондани ин китоб ыонеии худро иншооллоҳ бароварда метавонанд.»
Дар поёни арзи сипоси худ Абуаломуддин аз Худованд таманнои онро кардааст, ки сафи устод Ҳимматзода барин уламои донишманд, ҳаыиыатҷу ва аз таассубро дар кишвари азизи мо афзун гардонад ва дар кору эҷоди онҳо пирузиҳо комёбиҳо рузи диҳад: Дар охир дасти дуъо ба даргоҳи Худои беҳамто бардошта, хоҳиши онам, ки Худованд сафи чунин уламои ҳаыиыатҷу ва дур аз таассубро зиёд гардонад ва дар эҷодиятҳои ояндааш мувффаыиятҳо ато фармояд.
Нашри дар маркази маъмурию фарҳанги вилояти Сущд шаҳри Хуҷанд сурат гирифтани китоби «Зиндаги ва осори Имом Абуҳанифа»-и устод М. Ҳимматзода дар ҳаҷми 28-саҳифа ва бо тираҷи ду ҳазор нусха пешкаши алоыамандон гардидааст. Рисолаи мазкур аслан як навъ паҷуҳиш ё худ асари илми буда, доир ба паҳлуҳои гуногуни зиндаги фаъолиятҳои илми, сиёси ва маънавии Имоми Аъзам баҳс мекунад. Китоб зери назари се иан олимони маъруфи кишвар М. Диноршоев, И, Усмонов ва А. Саттор зада ба чоп расида, аз муыаддима, 4 боб иборат буда, дар таълифи он аз 43 масдару манбаъ ва маохизу сарчашмаҳои тирози аввали Исломшиноси ва Абуҳанифашиноси аз камоли шариф «Ыуръони маҷид» сар карда то «Фатҳулбори»и Ибни Хаҷар, «Аласыали мо Муыаддима»-и Ибни Халдун истифода шудааст.
Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар муқаддимаи китоби мазкур зарурати тадвини онро зикр ва аз шахсияти бузурги Имоми Аъзам ёдоварӣ карда мегўянд: «Амоми Аъзам Абўҳанифаи Куфӣ (р) яке аз пешвоёни фиқҳи аҳли суннат ва аввалин имом аз аиммаи муслимин буда, барои асри худ ва наслҳои оянда, то рўзи қиёмат роҳи пайравӣ ва амал кардан бар асосҳои аҳкоми шариатро бо фиқҳу ичтиҳоди худ равшан ва осону ҳамвор сохтааст. Абўҳанифа ба мисли як қуллаи олие буд, ки дигар фуқаҳо дар фиқҳ, ба таъбири Имом Шофеъӣ «аёли ў буданд». Таъбири мазкур ифода мекунад, ки ҳамаи донишмандони фиқҳ, ки баъди ў омадаанд, ба асосҳои вазъкардаи ў муҳточ буданд ва аз он истифода кардаанд. Бинобар ин бидуни муболиѓа метавон гуфт, ки ў донишмандтарини уммат нисбати аҳкоми шаръ, ки аз чониби Худо ва Расули ў (с) омадааст буд. (саҳ.3)
Дар идомаи ин андешаҳо устод Ҳимматзода аз зуҳду тақво, саховатмандиву ахлоқи Қуръонии Имом Абўҳанифа изҳори назар намуда, таъкид менамоянд, ки ин гуна авсофи Имом то кунун пурра васф карда нашудааст ва ин имоми бузург тамоми зиндагии худро дар роҳи дарёфти ризои Худо паси сар карда, ба унвонҳои Имоми Аъзам ва Имомулмуслимин маъруф гардида, агарчӣ на қурайшӣ ва на араб буда, вале дар сояи бузургии Ислом, ки миёни рангу чисми одамон фарқ намегузорад, бо касби маърифату маънавият ва парҳезгории худ ба бисёре аз қурайшӣ ва арабҳо бартарӣ пайдо кардааст. «Зуҳду тақво, вараъу сахо, базлу исори ў, (яъне Абўҳанифа) инчунин ахлоқи Қуръониаш ба ҳадде буд, ки касе онро пкрра васф карда натавонад. Ў ризои Худоро бар ҳама чиз муқаддам медонист, ҳатто агар ўро шамшерҳо пора кунанд, дар ин роҳ ҳама чизро таҳаммул мекард. Ў сазовори унвонҳои Имоми Аъзам ва Имомулмуслимин гардид ва ин бартарии хоси Ислом аст, ки миёни рангу чинси одамон фарқ намегузорад. Агарчӣ ў на қурайшӣ ва на араб буд, вале дар сояи Ислом ва бо касби илми фиқҳ ва фазлу тақвое, ки дошт, бар бисёр қурайшиҳо ва арабҳо бартарӣ пайдо кард». (саҳ. 3- 4).
Устод Ҳимматзода дар муқаддимаи ин асари пураҳамияти худ зуҳуои Имом Абўҳанифаро барои мардум ва фарҳангу маърифати исломӣ лутфу марҳамати Худовандӣ дониста, таъкид мекунанд, ки : « Худованд аиммаеро мисли Абўҳанифа ва шогирдонаш ва дигар мучтаҳидон барои ин муҳим гуморидааст, то мардум бо пайравӣ аз онҳо бо суҳулат битавонанд, фиқҳи ақида, фиқҳи ибодат ва муомилатро биомўзанд ва барои умумри дигар фориѓ шаванд».
Ҳақ ба чониби Устод Ҳимматзода аст, ки дар идомаи ин андешаҳо чунин гуфтаанд, ки бузургии Абўҳанифа барин шахсиятҳо барои ҳар кас онгоҳ муайян ва мушаххас мешавад, то зиндагӣ, андеша ва мазҳаби ўро бо камоли диққат омўзад ва ҳадафи асосии устод ҳам аз таълифи ин китоб ҳамин аст:
« Бузургии ин Имоми чалилулқадр барои шахс онгоҳ равшан мешавад, ки зиндагии ўро ҳамачониба мавриди мутолиаи чиддӣ қарор дода, ба паҳлўҳои мухталифи ҳаёташ ошно гардад. Агарчӣ баъзе аз донишмандон дар ин замина хидматҳое анчом дода бошанд ҳам, вале ба хотири боз ҳам бештар ошно намудани соҳиби мазҳаб барои пайравонаш, тасмим гирифтем, ки паҳлўҳои гуногуни ҳаёт ва зиндагии ўро бо такя ба сарчашмаҳои муътамад ва ривоёти мувашшақ барои хонанда пешкаш намоем. Зеро бисёр паҳлуҳои зиндагии ичтимоӣ, сиёсӣ, ақидатӣ ва илмии ин Имоми чалилулқадр барои аксари пайравони маслаки мазҳабаш, бахусу дар диёри Мовароуннаҳр, ки ҳама аз он пайравӣ мекунанд, пўшида мондааст. (саҳ. 66).
Идомаи ин гуфтаҳо ин ҳақиқати бебаҳсро барои мо бозгў мекунад, ки «Агар дар бораи фазлу бузургӣ, тақвову вараъ, илму фиқҳи ин бузургмард ҳар қадар васфкунандагон санову ситоиш кунанд, ба назари банда боз ҳам ҳаққи онро адо накардаанд. Вале дар бисёр маврид дар атрофи номи ў ривоятҳои носаҳеҳ ва ѓайритаъйидшудаи ҳам мусбат ва ҳам манфӣ зиёд овардаанд, ки шахс баъди мутолиа ва баррасӣ метавонад, ҳақиқатро аз миёни ривоятҳо чудо кунад. Ба ҳар сурат шахс ҳамон вақт бузургии ин мардро каме бошад ҳам мешиносад, ки ба сарчашмаҳои мўътабар рў оварда, паҳлуҳои мухталифи ҳаёти ўро мавриди мутолиа ва омўзиш қарор диҳад».
Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар муыаддимаи асари «Зиндаги ва осори Имом Абуҳанифа»-и худ барҳаы ыайд мекунад, ки ҳар як пайрави мазҳаби ҳанафи, бояд аз усулҳои ососии мазҳаби ҳанафи огоҳ бошадва шахсияту зиндаги, омолу афкор ва мавыеи сиёсиву ишитмоии Имоми Аъзамро донад. пайравии у аз Имом огоҳона бошед ,на мутасифона.. зеро ин амр боиси шинохтани дурусти соҳибмазҳаб барои муыаллидони уст: «маълумоти мо ҳар ыадар нисбати мавыеи илми, сиёси, эътиыоди ва иҷтимоии Абуҳанифа (р) бештар бошад , ҳамин ыадар таылиду табиятшиноси аз мазҳабу манҳаҷи у ыавитару асосноктар мешавд, ҳам худамон илман мутаыоид мешавем ва ҳам метавонем тарафи муыобилро ыоноатманд бисозем
Боби аввали рисолаи «Зиндаги ва осори Имом Абуҳанифа» «Илми Абуҳанифа ва манбаи он», «Машоихи Абуҳанифа», «Омузиш ва таҷрибаи Имом Абуҳанифа». Асри Имом Абуҳанифа ва «Ҳадис ва раъй» буда Шуру аз сафҳои 10-уми китоб то сафҳои 129 саҳифаро дар бар мегирад. Чуноне аз асомии боб ва навиштаҳои он бармеояд, дар ин бахш сухан дар хусуси ҳаёту рузгор виҷашҳои замони зинданги ва асри Имом, манбаъҳои асосии таҳсил, маърифат, машоих ва таырибан Имоми Аъзам баён гардидааст, навиштаи охирини ин боб дар марбут ба ҳадис ва раъй иншо шудааст.
Хонанда дар ин боби китоб бо чеҳраи воыеии Имом Абуҳанифа дар зиндаги, таҳсил, фаолиятҳои у дар арсаи тиҷорат ва ҷалби мардум ба роҳи ҳаыиыии Ислом ва пайрави аз суннати Расули Акрам (с) ошно гардида, аз аылу ҳушу зираки, дироят, таыво ва ҷаҳони фикрии Имрм Абуҳанифа огоҳ мешавад. Зимни навиштани ин боби рисолаи худ, устод М. Ҳимматзода, дар асоси манбаи ҳаыыони, исломи, ва таҳлили ривоятҳои мутобиы ба шахсияти волои Имом Абуҳанифа тавонистаанд, ки симои Имомро ҳамчун муттаыии асили фармудаҳои Худованди Бузург, донанда ва амалкунандаи ахлоыи «Ыуръони Маҷид» ва суннати Расулуллоҳ ва поягузори илми фиыҳ чун чарощи дурахшони уммати ислом пеши назари мардуми Тоҷикистон ҷилвагар созанд. Боби дуввуми китоб «Авкори Абуҳанифа ном дошта, аз навиштаҳои Афкору фиыҳи Имом Абуҳанифа «Нодири Абуҳанифа ба байтулмол (хазинаи давлат) ва ҳаыыи моликияти мардум ба он «ором Абуҳанифа (р) дар масоилу илми калом», «Ыадар (таыдир) ва амали инсон», «Халыи Ыуръон», «Раъйи Абуҳанифа баёни маыоми фикр», «Орову афкори Абуҳанифа роҷеъ ба одамон ва ҷомеа», иборат буда, шуруъ аз сафҳои 143 то сафҳои 184 яъне 41 сафҳоро дар бар гирифта ба гуфти худи Устод Ҳимматзода:
«Дар ин бахши рисола дар барои ду чиз сухан меравад:
1. Афкори Абуҳанифа(р) роҷеъ ба масоили сиёси ва эътиыодие, ки фикри уламои асрашро ба худ ҷалб ва машщул карда буд.
2. Фиыҳи Абуҳанифа(саҳ 143) Дар идомаи ин андешаҳо устод зикр кардаанд: «Бахши якум шомили роъйи имом(р) дар бораи Хилофат, шартҳои он, ки метавонад халифа бошад ва асосҳои байъат мешавад. Ин бахш шомили раъйи Имом (р), дар баёни Имон, муртакиби гуноҳ, афъоли инсон ва алоыаи он бо таыдир низ мебошад. Инчунин шомили илми калом, ба он ҳадде, ки дар асри Абуҳанифа (р) маъруф гашта буд ва дар баёни гўшаҳои ичтимоӣ ва ахлоқии афкори ў мебошад.
Ҳақ бар чониби устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода аст, ки зимни навиштани ин боби китобашон таъкид кардаанд, ки дар атрофи андешаҳои сиёсии Имом ё худ раъйи ў дар масоили марбут ба сиёсат чизе дар шакли таҳрири чудогона ва ё мачмуан дар маноқиб, осори таърихӣ сабт нашудааст. Бинобар ин бояд дар ин хусус барои фаҳму дарки андешаҳои сиёсии Имоми Аъзам бояд ба саҳифаҳои ахбору кутуб ручуъ карда шавад: «Дар ҳеч китоби маноқиб ва ё таърих дар бораи раъйи Абўҳанифа (р) рочеъ ба масоили сиёсӣ чизе ба шакли таҳрирӣ ва мачмуан забтӣ наомадааст. Аз ин лиҳоз барои фаҳмидани ороии сиёсии Имом (р) бояд мо онро дар зимни саҳафоти ахбору кутуб чўсиучў намоем, ки шояд дар ин бора як ҳамоҳангии мунсифона ва як сурати возеҳро барои тафаккури сиёсии Имом дошта бошем» (саҳ. 143)
Хушбахтона дар такя ба ҳамин асл, яъне чусиучў ва заҳамоти зиёда ба устод Ҳимматзода муяассар шудааст, ки рочеъ ба шахсияти сиёсии Имом Абўҳанифа ва тафаккури сиёсии ў як ҳамоҳангии мунсифона ё худ матлаби чолиберо ба хонандагон ироа намоянд.
Боби саввуми китоб «Фиқҳи Абўҳанифа» уныон дошта, аз матолиби «Фиқҳи Абўҳанифа», «Усул ва маъхазҳои фиқҳи ҳанафӣ», «Суннат», «Фатвои саҳоба», «Ичмоъ», «Қиёс», «Истеҳсон», «Урф» иборат буда, шурўъ аз саҳифаи 189 то 236, яъне 47 саҳифаро дар худ ѓунчоиш дода, чуноне ки аз номаш пайдост, дар хусуси фиқҳи Абўҳанифа, аслҳо ва виҷагиҳои марбут ба он иншо шудааст. Дар ибтидои ин боб мехонем, ки: «Дар байни фуқаҳо як чизи комилан мусаллам аст, ки Абўҳанифаро асосгузори илми фиқҳ медонанд. Агар ин ҳукмро каме сабуктар карда бигўем, мумкин аст, ки гуфта шавад, ки Абўҳанифа(р) муассиси мадрасаи фиқҳ ва асосгузори он дар Ислом мебошад. Барои ҳамагон маълум аст, ки Имом Шофеъӣ (р) дар миёни аиммаи мусалмонон чӣ мавқеъ дорад. Ў чунин мегўяд: «Мардум дар фиқҳ аёли (муҳточ, миннатпазир) Абўҳанифаанд». (саҳ. 189).
Оре, воқеан чунин аст ва онро дар ҳамин боби сеюми рисолаи «Зиндагӣ ва осори Абўҳанифа» ба таври возеҳу равшан дармеёбем.
Боби чаҳорум ва охирини китоб «Имом Абўҳанифа ва инкишофи мактаби фиқҳии ў ном дошта, чуноне ки аз исмаш пайдост, хонанда баъди мутолиаи он бо шогирдони Абўҳанифа, хидматашон дар роҳи инкишоф ва тарвичу ташвиқи таълимоти ў ва мазҳаби Имоми Аъзам (р), радди баъзе аз шубҳаву гумонҳо, ки дар тўли таърих ба шахсияти Абўҳанифа ироа шудааст, васфи Имоми Аъзам аз дидгоҳи дигар бузургони Ислом, мучтаҳидин ва мухарричини мазҳабаи ҳанафӣ маълумоти мукаммал мегирад. чанд чумлае, ки устод дар бахши хотимаи китоби худ овардаанд, ин воқеиятро собит месозад, ки эшон бо камоли иродату ихлос ва ишқу алоқаи бепоён ба шахсияти Имом Абўҳанифа ин рисолаи пурмаѓз ва маҳаббатномаи ибратпмсанди хуро иншо кардаанд: «Дар ҳақиқат Абўҳанифаалам буд, алам дар фиқҳу ҳадис, дар ибодату вараъ, дар ахлоқу одоби фозила, дар насиҳату хайрхоҳии уммат.
Воқерн ў дар сухани ҳақ, ки Худо ба он амр кардааст алам буд, дар гуфтану расонидани ҳақ, дар сабр кардан ба душвориҳои фаровоне, ки роҳи ҳақро гирифтааст, намуна буд». (саҳ. 306)
Чумлаҳри баъдинаи ин бахш хеле муҳаббатангез, самимӣ ва пурсадоқат эчод гардидаву рўи коѓаз рехтаанд, ки ба хонанда таъсири қалбию рўҳӣ мегузоранд ва бозгўкунандаи фарзанди маънавии Абўҳанифа будани устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода ҳастанд. Бубинед, хонандагони азиз, ки устод ба пешгоҳи рўҳи абадзиндаи Имоми Аъзам мурочиатан чиҳо гуфтаанд:
«Хушо ба роҳат! Хушо ба пешвоият! Хушо ба манҳачу маслакат! Раҳмату ризои Худо бар ў бод! Худованд мақоми ўро дар олитарин дарачаҳои Фирдавс, зери ливои Мустафо (с), ҳамроҳи онҳое, ки ба онҳо инъом кардааст, аз паямбарон, сиддиқон, шуҳадо, солеҳон, ки онҳо беҳтарин рафиқанд баланд кунад».
Баъди анҷоми боби охирини китоб, инчунин чанд сафҳои дигарро устоди азиз Ҳимматзода чун замима таҳти унвони «уламои барҷаста ва китоб ҳам машҳури ҳамагон» ба хонандагон пешниҳод карданд, ки хеле ҷолиби диыыат аст ва чуноне аз номаш пайдост, агарчи навишта роҷеъ ба беҳтарин уламои соҳибкитоб ва асарҳои маъруфи мазҳаби ҳанафи маълумот дода шудааст.
Умуман рисолаи «Зиндаги ва осори Имом Абуҳанифа» як асари фарогири ҳам илми ва ҳам донишманди мебошад. Киҳо муаллифи он симои воыеии Имоми Аъзам ва наышу маыоми ин абармардро дар густураи фарҳанги воло ва исломи аз умыи таърих ва амбуҳи ривоятҳои саҳеҳу щайри саҳеҳ, сафҳаҳои таърихи маорифи исломи берун кашида, ба хонандагони ҳамватани худ манзур месозад. Сабку услуби китоб илмию таҳыиыоти бошад ҳам, вале мушкилфаҳм набуда дастраси ҳамаи табаыаҳои аҳолии кишвар мебошад. Таҳлил хулосабарориҳо дар атрофи воыеаву ҳодисаҳои марбут ба сарнавишти Имоми Аъзам, шахсияти шогирдону пайравони мактаби фиыҳы у ва фикру дарёфти андешаҳои сиёсию иҷтимоии Имом Абуҳанифа дар китоб хеле мантиыи, амиы, илман асоснок ва ыонеъкунанда баён шудааст, ки ин имтиёз ва мартавии маънавии китобро хеле воло гардонидааст.
Оре рисолаи «Зиндаги ва осори Имом Абуҳанифа» аз ҳар ҷиҳат ыобили таърифу тавсиф наыду баррасии мусбату мебошад. Аммо муаллифи он устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода ба иншои он ыаноатманд нашуда, ҷиҳати боз хоси аз нигоҳи аыида ва равиши фикрии Имоми Аъзам дар Илогриётшиносии Исломи асари дигари худ аниытараш дурдонаи дувумашонро дар Абуҳанифашиноси бо номи «Аыидаи Имом Абуҳанифа» пешниҳоди мардуми Тоҷикистон карданд.
Рисолаи «Аыидаи Имом Абуҳанифа» дар нимаи дуввуми соли 2008-ум, дар ҳаҷми 235 саифа ба теъдоди 1000 нусха аз ҷониби манбаи ҶДММ «Мотурдиён» чоп ва манзури хонандагон гардидааст.
Рисолаи «Аыидаи Имом Абуҳанифа»-и Муҳаммадшариф Ҳимматзода аз пешгуфтор, ки бо номи «Сабаби таълифи китоб» иншо шудааст, аз 6 бахш иборат мебошад. Дар сабаби таълифи китоб муаллифи он омилҳо ва заруриёти таснифи ин китобро баён карда зикр менамояд, ки мардуми диёрамон солҳо ин ҷониб пушт бар пушт пайрави фиыҳи Абуҳанифа ҳастанд, аммо дар илми аыида аз аыидаи каломии Абумансури Мотуриди мекунанд ва гумон доранд, ки ҳамин аыида аыидаи Имоми Аъзам аст, вале дар асл чунин набуд. Бинобар ин зарурату ниёзе дар замони мо пеш омадааст, ки рисолаи ҷудогонае дар ин мавзуъ навишта шуда, пешкаши аҳли ҷомеа гардад. Аз ҷониби дигар имруз дар кишвар гуруҳҳое пайдо шудаанд, яъне аниытараш ҷаврне зуҳур кандаанд, ки аз камогоҳи ва таассуботи ба пешвоёни бузурги уммат ба монанди Абуҳанифа эърод гирифтаву забондарёб ва дар баъзе маврид таъкид бадгуи менамоянд, ки албатта ин аз камогоҳии эшон аст. Дар робита ба ҳамин омилҳо устод М. Ҳимматзода таслим гирифтанд пас аз чанд соли нашри «Зиндаги ва осори Имом Абуҳанифа»-ашон рисолаи ҷудогонае дар хусуси Аыидаи Имоми Аъзабинависанд, ки Худованд барояшон арзони фармуд ва ҳамин Аыидаи Имом Абуҳанифа аст: Ба ҳамагон маълум аст, ки ин мусалмони диёри мо ҳамаги аз ыадимулайём ҳанафимазҳаб мебошанд, барои муаррифии соҳиби мазҳаби чанд сол муыаддам амали ночизе анҷом дода, китобе бо номи «Зиндаги ва осори Имоми Аъзам Абуҳанифа (р)-ро таыдими хонандагон намуда будам. Баъди анҷоми кор ҳамеша дар фикри он будам, ки барои муаррифии Имом мардуми мо ба як рисолаи алоҳида дар баёни аыидаи Абуҳанифа (р) эҳтиёҷ доранд, зеро мардуми диёри мо агарчи ҳанафимазҳабанд, вале шиносоии саҳеҳ ба аыидаи Имоми мазҳаби худро надоранд, чаро, ки аз ыарнҳо ба ин тараф Мовароуннаҳр ыаламрави аыидаи каломии Имом Абумансури Матуриди буда ба таври таыли аз аҷдод ҳамин аыидаро таълим гирифта ба авлоди худ мунтаыил кардаанд…
Аз тарафи дигар ваытҳои охир гуруҳҳое пайдо шудааст, ки бузургон ва гузаштаи ин уммат забондарози карда аз ҳар гуна таън ру намегардонанд. Ҳатто пешвоёни матбуи ин уммат, ки дар тули ыарнҳо ба ҳайси имомону бузогзодагон мавриди ыабули ҳамагон гаштаанд, низ аз таъни онҳо дар амон намондаанд. Албатта аксари онҳо ҷавонони камогоҳанд, ки шояд аз ҷиҳати иллати шиносои ба ҳама паҳлуҳои илми аыида ва афкори аиммаи бузгвори ин уммат дар таылид ба дигарон аз руи таассуб ҳарфҳое гуфтаву навиштаанд ва онро такрор мекунанд. Ҳамин зарурат боиси гардид, то иыдом ба ин амал намоям» (саҳ.74).
Барои пурмуҳтаво, пурмазмун ва тасаввуроти амиыу даыиы баён кардани аыидаи Имоми Аъзам Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар рисолаи «Аыидаи Имом Абуҳанифа»-ашон бардошти лозим аз аыидаи Таҳови ва мухтасари «Ал-Ибона»-и Ршъариро гирифта, ба асари худ ҳамроб намудаанд, ки аыидаи Табови асли аыидаи Имоми Аъзам аст: «Барои муыоранат ва истифодаи бештар лозим донистам, ки «Аыида Таҳови» ва мухтасари «Ал-Ибона»-и Ашъариро ҳамроҳ намоям. Зеро он чиро, ки Имом Таҳови дар рисолаи худ ҷамъ овардааст, он бидуни шак аыидаи Абуҳанифа (р) ва шогирдонаш мебошад. Аз ҷумла Абуҷаъфари Таҳови мегуяд:
«Он чи зикр мешавад баёни аыидаи аҳли суннат вал ҷамоат тибыи мазҳаби фуыаҳои миллат, Абуҳанифа Нуъмон ибни Собити Куфи ва Абуюсуф Яъыуб ибни Иброҳими Ансори ва Абдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбони аст. Эътиыоди эшон дар усули дин ва пайравиашон аз дини Худованди раббулоламин ҳамин аст». (саҳ. 5)
Бахши аввали китоби «Аыидаи Имом Абуҳанифа» «Илми аыида ном дошта, нахуст дар ҳаҷми 10 сафҳа аз сафҳои 7 то 17 устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар хусуси илми аыида, ҷойгоҳи он дар тафаккури исломи, сарчашмаҳои мсосии мыидаи Имоми Аъзам ва манбаъҳои асоси дарёфти ҳамин аыида изҳори назар кардаанд. Устод барҳаы ыайд мекунанд, ки: «Аыида асоси дин ва мазмуни шаҳодат додан ба ягонагии Худованди таъоло ва рисолати Муҳаммад мебошад. Он рукни аввали аркони дин аст, пас таваҷҷуҳу эҳтимол та аыида ва маърифати он, инчунин шинохти чизе, ки ба аыидаи ҳалол ворид мекунад, воҷиб аст, то ин сон ба биниши дуруст бошад. Зеро ҳар гоҳ дин бар мсоси саҳеҳ бунёд шавад, он назди Худованди таъоло дини маыбул хоҳад.» (саҳ 7)
Ҳамин тавр устод Ҳимматзода ҳамчунин аз ташаккули афкори каломи дар олами ислом, зарурати тадвини китобу рисолаҳо дар хусуси аыида, ташреҳи аыида Имомони мҳли суннат Абуҳанифа Имом Молик, Шофеи ва Аҳмади Ҳанбал аз ҷониби гиогирдонаашон ва улмои баъдие, ки дар замина асарҳое эҷод кардаанд, аз он ҷумла дар атрофи китоби «Аыидаи таҳови» муаллифаш Абдуҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Саломаи Аздии Таҳови ва шуруҳи он ибрози аыида намудаанд ва чунин овардаанд: «Аз ҷумлаи чунин пешвоёни дин, ки дар аыидаи салаф таълиф намудаанд, Имом Абуҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Саломаи Аздии Таҳови мебошад. Эшон аз уламои ыарии сеюми ҳиҷри дар Миср буд. «Аыидаи Таҳови»-ро дар ыадим ва ҷадид садҳо нафар шарҳ шуданд. Вале аксари шарҳҳо тибыи манҳаҷи мутааххирин таълиф гашта ҳатто холи намебошанд ва дар бисёр мавридҳо ба асри «Аыидаи Таҳови» мухолифат доранд. Дар миёни шарҳҳои ин китоб Изз ибни Абулиззи Ҳанафи машҳур ба Шарҳи таҳовия, аз беҳтарин шарҳҳои «Аыидаи Таҳовия» масҳуб мешавад, ки он мавриди эҳтимол ва таваҷҷуҳи уламо ыарор гирифтааст. Ин китоб аз ҷумлаи беҳтарин марозаи аыида маҳсуб мешавад. (саҳ10)
Баъдан устод ҳимматзода дар хусуси Абумансур Мотурии Самарыанди ва таълимоти у, ки мардуми мо аслан дар аыида пайрави у ҳастанд андешаҳои худро баён карда дуруст ыайд менамоянд, ки дар мантаҷи Мотурди аылгари ва таъвил бисёр ба мушоҳида мерасад, ки ин мухолифи мамхаҷи Имоми Аъзам аства албатта омилҳои вобаста ба рухдоди амалро ину устоди илм тавзеҳ додаанд: Дар диёри мо ки ыаламрави мактаби фиыҳи Имоми Аъзам Абуҳанифа (р) аст, дар усули аыида аз мактаби каломии Мотуриди пайрави мекунанд. Агарчи Имом Абумансур Мотурдии Самарыан-ди дар фиыҳ ҳанафи аст ва тавассути се насл ба шогирдии Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбони шогирди Абуҳанифа мерасад, вале таҳти омилҳои замони худ ыарор гирифта барои дидгоҳ аз аыидаи аҳли суннат дар муыобили фирыаҳои бидъайкор ва разди афкори ботили онҳо аз манҳаҷу услуби худи онҳо истифода бурдааст Мотурди нияти хай рва нек дошт, вале дар манҳаҷи у аылгарои ва таъвил бисер ба мушоҳида мерасид, ки он мухолифон манҳаҷи салаф, Махсусан манҳаҷи Имо Абуҳанифа (р) мебошад» саҳ11)
Ба тавозеҳи устод Ҳимматзода ихтилоф дар илми аҳком раҳмат, вале ин кор дар тавҳид хато бтдъат ва ҳатто куфр аст, бинобар бар назари Имоми Аъзам муъмине ки ҳар чизе аз аыида омухтани он ҷоиз ва савоб аст, дар роҳи дарёфти он бояд фуругузори накунад: «Иихтилоф дар илми аҳком раҳмат аст, вале ихтилоф дар илми тавҳид ва усули дин залолат ва бидъат ва хато аст ҳатто дар илми аҳком бахшида шудааст, балки муттаҳид дар хатояш арҷ дарёфт мекунад, дар ҳоле хато дар аыида куфр ва гуноҳ аст. Аз ҳамин ҷиҳат Имом Абуҳанифа (р) ба шахсе, ки донистани нозукиҳои тавҳид барояш мушкил шавад, мефармоянд: «Ҳар гоҳ барои инсон фаҳмидани нозукиҳои илми тавҳид мушкил шавад, уро лозим аст, дарҳол ба таври иҷтимои ҳар чизе, ки он назди Худованд онро эътиыод кунад, то ваыте, ки шахси донишманди илми аыидаро биёбад ва аз у суол кунад ва ба таври муафассал мушкилиашро бартараф кунад. Дар талаби донистан таъхир кардан ҷоиз нест ва шахс маъмур нигоҳ дошта намешавад.» (саҳ12)
Пас аз байни «Илми аыида» дар ҳамин бахши «Китоби Имом Абуҳанифа» ду навиштаи дигар бо номи «Аыидаи бо аыидаи дигар имомон дар масоили усули дин фары надоранд» дар се сафҳа, яъне сафҳаи 17 то 20 ва «Мавыеи Имом Абуҳанифа дар масъалаи имом аз дигар имом фары мекунад, дар 14 сафҳа Шуруъ аз сафҳаҳои 20 то 34 сабт шудааст, ки чуноне аз унвони онҳо пайдост, дар ин навиштаҳо устод Ҳимматзода дар хусуси ягонагии аыидаи Имом Абуҳанифа оммаи аҳли суннат дар масоили усули дин тафовути мавыеъ ва назари Имоми Аъзам аз дидгоҳи дигар оммаи суннат дар масъалаи имом андешаҳо, таҳлилҳо, тавзеҳот ва хулосаҳои даыиыу илман асоснок ва ба ба поён мантиы устувории худро баён кардаанд.
Бахши дуввуми китоб «Баҳс дар илми калом» ном дошта шуруъ аз сафҳои 35 то сафҳои 103-уми яъне 68 сафҳаи рисоларо дарбар гирифта, дар хусуси дидгоҳи аҳли салаф ва халаф доир ба масоли марбут ба сифати Худованд тавзеҳи баъзе оёту ҳадис дар ин замина, тасаввуроти саҳоба дар бораи оёти марбут ба сифат ва масоили ихтилофи миёни ашъариҳо ва мотуридиҳо иншо шудааст. Бахши саввум «Мухтасари тарҷумаи ҳоли Имом Абуҳанифа» ном дошта, зиндагинома, маыом, таълимот ва мавыею манзалати имомро бо таваҷҷуҳ ва муроҷиат ба сарчашмаҳои асили маърифати исломи ва диди тоза ба хонанда рушан месозад. Бахши чаҳоруми китоб «Фиыҳи Акбар», яъне номи китоби Имом унвон дошта, калонтарин бахши рисола маҳсуб мешавад ва онро аслан шарҳи тозае ба китоби маъруфи «Фиыҳи Акбар» метавон номид. Рости ин баъши рисола хеле фарогир ва дар айни замон муъҷаз ва равшанкунандаи аыидаи Имом Абуҳанифа дар хусуси асли тавҳид, сифатҳои Аллоҳ, махлуы набудани Ыуръон, маҷбур накардани Худованд касеро ба куфр ва имон, маъсум будани паямбарон, афзали мардум баъди анбиё киҳоянд, ҷоиз набудани такфир ба сабаби иртикоби гуноҳ, муъҷизаи анбиё, каромати авлиё ва корҳои щайримуътози душманон, дидани Худованд дар охират, баробарии муъминон дар асли чизе, ки бар он имон доранд, дар баёни шафоат, асос, ҳавз, биҳишт, дузах, ҳидоят ва гумроҳ кардан, азобт ыабр ва саволи Мункару Накир, таъбир кардан аз сифоти Худованд ба щайри араби, даргузашти Расул(с) ва фарзандони , мушкилоти илми тавҳид ва тартиби ҳалли он, инчунин хабари меъроҷ ва аломатҳои ыиёмат баҳс мекунад.
Умуман рисолаи «Аыидаи Имом Абуҳанифа»-и устод Муаммадшариф Ҳимматзода аз ҳар ҷиҳат муфиду судманд, пурмуҳтаво, пурмащз ва чарощи ҳидоятест, ки ыалбҳоро рушанию неру, аыидаро муҳкам, тасаввуротро салим мегардонад, дури гуҳарборест, ки хазинаи Абуҳанифашиносии тоҷикро щани мегардонад. Дурре, ки асолати аыидаи Имоми Аъзамро ба ваҷҳи аҳсан ба муаррифии саҳеҳ намоён ва ҷилвагар месозад. Ба ибораи дигар дар баробари тавсифи ҳам «Аыидаи Имом Абуҳанифа» ва ҳам «Зиндаги ва осори Имом Абуҳанифа» ба ду дурре из як гавҳар, метавон ин ду асари муҳиму муфид ва пурманфиатро ба ду мащзе зм як бодом ташбеҳ кард, ки коми ҳамаи мусалмонони Тоҷикистон, яъне пайравони тоҷики Имоми Аъзам ва ҳанафимазҳабони дигарро ширин месозад. Аз ин ру, бо эҳтироми бепоён ва мамнунияти комил аз заҳамоти офарандаи ин ду дурдонаи нодири маънави ба устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода самимона арзи сипо намуда, гуфтанием:
«Хушо ба шахсияти Шумо устод! Хушо ба ҳиммати маънавиятон, хушо ба офаридаҳои фарҳангию илмиаатон, ки бо ин корномаи пурарзиш руҳи поки Имом ва пайравони ҳаыиыии онро хушнуд намудед ва фарзанди маънавии Абуҳанифа будани худро собит кардед. Худованд барои ин амал ба Шумо арҷи азим ато намояд ва шифои комил насибатон гардад, омин ё раббулоламин!».
025
Ҳама олам тан асту Эрон дил…

Номи расмӣ: Ҷумҳурии Исломии Эрон
Дини расмӣ: ислом
Забони расмӣ: форсӣ
Воҳиди пул: риёл
Мавқеияти ҷуғрофӣ: Осиё, Ховари миёна
Навъи ҳукумат: Ҷумҳурии исломӣ
Рузи миллӣ: 12 фарвардин
Масоҳат: 1648195 км мураббаъ
Ҷамъият: 70495782 нафар

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ховари миёна воқеъ шуда, табиати рангоранг дорад ва бо кишварҳои мухталифе ҳаммарз аст. Ҷамъияти Эрон беш аз 70 миллион нафар аст, ки дар 30 остон парокандаанд. Эрон дар шимол аз ғарб ба шарқ бо кишварҳои Туркиё, Арманистон ва Озарбойҷон ҳамсоя мебошад. Дарёи Хазар дар шимоли Эрон воқеъ гардидааст. Кишварҳои Туркманистон, Афғонистон ва Покистон низ бо Эрон ҳамсарҳад мебошанд. Беш аз 55%-и аҳолӣ дар шаҳрҳо сукунат доранд. Танҳо дар шаҳри Теҳрон, ки пойтахти Эрон аст, зиёда аз 10 миллион нафар сокинанд. Шаҳрҳои муҳими дигари Эрон иборатанд аз Табрез, Машҳад, Шероз, Исфаҳон, Нишопур, Язд, Аҳвоз, Хуррамшар, Рашт, Зоҳидон, Кирмоншоҳ, Бушаҳр ва ғайра…
Баробари вориди Машҳади муқаддас гаштан садои ҳамзабонон ва ҳамдилони ҳамдинро бо забони ноби форсии тоҷикӣ шунида, мафтуни гуфтугузори бародарони эронӣ гардидем. Воқеан барои ҳамаи сокинони ин кишвари афсонавӣ забони форсӣ забони модарӣ маҳсуб мешавад ва ҳама қавму миллатҳо озодона бо ин забон ҳарф мезананд ва ифтихор аз он мекунанд, ки «аҳли ҳар куҷо бошанд, ҳама эронианд». Сафари мо бо ҳайати панҷоҳ нафара ба сарзамини таърихии Эрон ба ифтихори ифтитоҳи бистуякумин намоишгоҳи байналмилалии китоб мутобиқ омад. Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар рузҳои сафари мо ба муносибати ҳафтаи бузургдошти муаллим чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ баргузор гардиданд. Дар ҳар шаҳре, ки мо қадам мегузоштем, ба ифтихори гиромидошти ҳафтаи муаллим шиору овезаҳо ба назар мерасиданд, ки ин ифодагари қадрдонӣ аз заҳмати сангини омузгорон мебошад. Ба ифтихори гиромидошти ҳафтаи муаллим мехоҳем матолибе чанд дар бораи муаллим, тарбиятгар ва мақоми устод андешаҳои хешро руи сафҳа оварем.
Муаллими азиз, рузат муборак!
Таваҷҷуҳи моро овезаҳои зиёде дар бораи муаллим ва нақши тарбиятгар дар ҷомеа ба суи хеш ҷалб мекард. «Пушти клоси ҳар муаллим ҳама фардоҳои рушан нишастааст»-навишта буданд дар овезае. ҳама нашрияҳои Эрон дар бораи мақоми муаллим мақолаҳои ҷолиб ба нашр расонида, барҳақ аз заҳмати муаллим ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ матолиби хонданиро дастраси аҳли ҷомеа гардониданд. Дар ҳафтаномаи «Партави меҳр» нашрияи созмони омузиш ва парвариши остони Исфаҳон раиси ин созмони бонуфуз оқои Баротӣ навиштааст: «Дар нигоҳи ҳақиқат ва адолат ҳар руз бояд рузи муаллим ва рузи таҷлил аз хадамоти ин табақаи мумтози фарҳангӣ ва иҷтимоӣ бошад».
Ин навиштаҳо дар бораи мақоми муаллим моро руҳбаланд карданд ва овардани чанде аз суханони пурҳикмат шояд дар ҷомеаи мо низ то андозае мақоми омузгоронро баландтар бардорад.
ҳазрати Имом Ҷаъфари Содиқ (а) мефармоянд: «ҳангоме ки рузи қиёмат шавад, Худованд тамоми инсонҳро ҷамъ мекунад ва чун тарозуи аъмол ниҳода шуд ва хуни шаҳидонро бо маркаби қалами олимону муаллимон бисанҷанд, арзиши маркаби онон бар хуни шаҳидон фузунӣ хоҳад дошт. Ин арзиш бад-он ҷиҳат аст, ки шаҳидон дар сояи илм ва тарбияти муаллимон ва таълими шоистаи онҳо ба Худо роҳ ёфта ва лаёқати шаҳодат насибашон хоҳад шуд».
Имом Хумайнӣ (р.а) фармудаанд: «Нақши муаллим дар ҷомеа нақши анбиёст, анбиё ҳам муаллими башар ҳастанд. Тамоми миллат бояд муаллим бошанд ва фарзандони ислом тамоми афродаш бояд муаллим бошанд ва тамоми афродаш мутааллим!».
Муаллим дар каломи шаҳид Риҷоӣ чунин баҳо дода мешавад: «Муаллимӣ шуғл нест, муаллимӣ ишқ аст. Агар ба унвони шуғл интихобаш кардаӣ, раҳояш кун ва агар ишқи туст, муборак бод!».
Дар нашрияи «Партави меҳр» меҳрномае дар бораи муаллимон бо чунин сатрҳои самимӣ ба зевари табъ ороста гардидааст: «Муаллим имонро бар лавҳи ҷону замирҳои пок ҳак мекунад ва нидои фитратро ба гуши ҳама мерасонад. ҳамчунин сиёҳии ҷаҳлро аз дилҳо мезудояд ва зулоли доноиро дар равони башар ҷорӣ месозад. Дағдағаи муаллим ҳамеша ин аст, ки ҳаёти башар бар мадори арзишҳо ва каромоти инсонӣ бичархад ва шинохти Худову мактабу дин ҳиммати асосии одамӣ бошад ва ҳеҷ бегонаеро маҷоли таҷовуз ба фарҳанги арзиши дину меҳан набошад».
«Муаллимӣ шуғл ва ҳирфа нест, балки завқ ва ҳунари тавонмандӣ аст. Муаллимӣ дар Қуръон ба унвони ҷилвае аз қудрати лоязоли илоҳӣ, нахуствижаи зоти муқаддаси Худованди таборак ва таоло ҳаст. Дар нахустин Қуръон, ки бар қалами мубораки пайғамбари акрам (с) нозил шуд, ба ин ҳунари Худованд ишора шудааст: «Бихон ба номи парвардигорат, ки ҷаҳониёнро офарид. Инсонро аз хуни баста сиришт, бихон ва парвардигорат каримтарин аст, ҳамон ки омухт бо қалам, омухт ба инсон ончиро, ки намедонист». Дар ин оят Худованд худро муаллим мехонад ва ҷолиб ин, ки муаллим будани худро баъд аз офариниши печидатарин ва беҳтарин шоҳкори хилқат, яъне инсон овардааст.
Чу Қофи қудраташ дам бар қалам зад,
Хазорон нақш бар лавҳи адам зад.
Ба муносибати айёми бузургдошти мақоми муаллим дар Ҷумҳурии Исломии Эрон чорабиниҳои зиёд тули як ҳафта баргузор гардиданд. Зимни раҳоварди сафар бо омузгорон суҳбату мулоқот доштем. Онҳо аз касби интихоб кардаи хеш розиву мамнунанд ва муаллимони мактабҳо то 600 доллар маош мегирифтаанд. Устодони донишгоҳ бошад, аз 1000 доллар изофа моҳона доранд.
Саҳифаи нашрияро варақ зада, шеъре бо номи «Мақоми муаллим» писандам афтод, ки порае аз онро пешкаши хонандагони арҷманд менамоям:
Метавон дар сояи омухтан,
Ганҷи ишқи ҷовидон андухтан.
Аввал аз устод ёд омухтем,
Пас сувайдои савод омухтем.
Аз падар гар қолаби тан ёфтем,
Аз муаллим ҷони рушан ёфтем.
Эй муаллим чун кунем тавсифи ту,
Чун Худо мушкил тавон таърифи ту,
Эй ту киштии наҷоти руҳи мо,
Эй ба туфони ҷаҳолат Нуҳи мо.
Як падар бахшандаи обу гил аст,
Як падар рушангари ҷону дил аст.
Лек агар пурсӣ кадомин бартарин,
Он ки дин омузаду илму яқин.

РУЗҳОИ ХУШИ КИТОБ
ва ё дар маҳзари афрузандаи дониш зону мезанем.
Маросими ифтитоҳи бистуякумин намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон дар Мусаллои бузурги Имом Хумайнӣ (р.а) баргузор шуд. Доктор Парвиз Довудӣ муовини аввали раиси ҷумҳур зимни хайрамақдам ба тамоми дастандаркорони нашр, таъкид кард, ки: «фазои фикрӣ ва фарҳангии кишвар ба баракати намоишгоҳи китоб нуроният гирифта ва иншооллоҳ қодир бошад энерҷӣ ва хуроки фикрии як соли кишварро фароҳам кунад».
Вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ Муҳаммад ҳусайн Саффори ҳарандӣ зимни суханронии хеш зикр намуд: «ҷо дорад, ки дар маҳзари китоб зону бизанем ва аз нури тобони он баҳра бигирем ва ояндаи хешро бо китоб равнақи бештар бахшем». Соли гузашта дар Эрон 54 ҳазор номгуи китоб ба нашр расид. Рақами маҷмуъи ноширони кишвар ба 8296 мерасад, ки аз ин миён 3551 ношир бо парвонаи муваққат ва 433 ношир бо парвонаи доимӣ дар ҳавзаи нашр фаъол ҳастанд. Кишвари Эрон дар 12 намоишгоҳи китоби хориҷӣ ширкат варзида, таҷрибаи дигар кишварҳоро дар намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон истифода кард. Аз дастовардҳои асосии намоишгоҳҳо он будааст, ки таваҷҷуҳи 77 кишвар ба намоишгоҳи китоб ҷалб карда шуд ва имсол 770 ношири хориҷӣ дар намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон ҳузур доштанд.

Вусъати намоишгоҳи китоби Теҳрон 112 ҳазор метри мураббаъ бо ҳудуди 2000 ғурфа ҳаст. Аз лиҳози масоҳат дуввумин намоишгоҳи байналмилалии ҷаҳон ва аввалин намоишгоҳи минтақа аст. ҳудуди 1898 ношири дохилӣ дар ин намоишгоҳ ҳузур доштанд, ки аз ин миён 1398 ношир ғурфа доранд.
Арзиши китобҳои хориҷии арза шуда дар намоишгоҳ 35 миллион евроро ташкил медиҳад. Панҷоҳ дар сади онҳо чопи солҳои 2007-2008 мебошанд. ҳамчунин беш аз 200 нишаст дар сарои аҳли қалам баргузор гардид, ки аҳамияти зиёдеро бархурдор буданд.
Беҳтарин ноширони Ҷумҳурии Исломии Эрон бо сифати баланд ва мазмуну мундариҷаи ҷолиб арзишмандтарин китобҳоро пешкаши ҳаводорон ва дустдорони китоб гардониданд. Бахусус, китобҳои бачагона ва рангобарангии онҳо таваҷҷуҳи бинандаро беихтиёр ба суи хеш ҷалб месохт. Осори шоирони бузурги форс-тоҷик бо сифати баланд ба нашр расида, харидори зиёд доштанд. ҳама ҷо сухан дар бораи тахфиф мерафт. Дар рузҳои намоишгоҳ арзиши китобҳо то 20% поён оварда шуд. Намоишгоҳ хеле серодам буд ва аз тамоми гушаву акнофи олам меҳмонон дар толорҳои зебо ва тозаву озодаи он гаштугузор карда, китобҳои дилхоҳи хешро харидорӣ мекарданд. Дар Теҳрон рузҳои хуши китоб оғоз гардид ва ба қадри китобу аҳли қалам расидани эрониёнро бори дигар эҳсос кардем.
Хамчунин ба гуруҳи мо имкон даст дод, ки аз нашриёти «Офсет»-и Теҳрон боздид ба амал биоварем. Бузургию ҳашамат ва нашри китобу маҷаллаҳо бо технологияи навтарин моро мафтун сохт. Дастгоҳҳои замонавӣ ин ҷо насб гардидаанд ва нашри китобу нашрияҳо бо сифати бениҳоят баланд ба роҳ монда шудааст. Рафиқи ҳамсафари ман изҳор дошт, ки кош дар Тоҷикистон чунин як нашриёт медоштем. Вазъи зиндагии кормандони нашриёт низ хеле хуб мебошад. Онҳо то 1000 доллар маош мегиранд ва аз имтиёзҳои гуногун низ бархурдоранд.
Исфаҳон-нисфи ҷаҳон, пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом.
Баъдан мувофиқи барнома сафари мо ба шаҳрҳои таърихии Эрон идома ёфт. Тавассути автобус ҷониби Исфаҳон-пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом раҳсипор гардидем. ҳар қадам ёдгориҳои таърихӣ, масҷиду мақбараҳо, манзараҳои дилангез пеши назари мо пайдо мешуданд. Ёдгориҳои таърихӣ дар ҳолати хеле хуб нигаҳдорӣ мешаванд ва аз таъриху фарҳанги пурғановати мардуми эронинаҷод ҳикоят мекунанд. Боду ҳавои мусоиде дорад Исфаҳон. Дар соҳили Зояндаруд, ки обаш нисбати солҳои гузашта хеле фаровон буд, барои истироҳату фароғати мардум гулгаштҳои беҳтарин муҳайё карда шудааст. Пулҳои таърихии Исфаҳон 400-сол муқаддам сохта шудаанд, ки таваҷҷуҳи сайёҳонро ба суи хеш ҳамчун оҳанрабо ҷалб месозанд. Дар бораи Исфаҳон чунин маводи ҷолибро мутолиа кардем, ки дар хотираҳоямон нақш баст:
«Исфаҳон-пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом, ин шаҳри гунбадҳои лоҷувардӣ, ки чун нигористоне дилпазир ва марвориди бебадил дар қалби Эронзамин медурахшад». ҳар кас аз шаҳри Исфаҳон дидан кунад, гуфтаи маъруфи «Исфаҳон-нисфи ҷаҳон»-ро бори дигар ба ёд меоварад ва ба дурустии ин калом эътимод мекунад. Ин шаҳр дар ҳақиқат беҳтарин ҷилвагоҳи осори ҳунарии замон ва намудори имони бетазалзули завқи пурфуруғи созандагони он будааст ва мо имруз аз ин ҳама зебоию шукуҳ лаззат мебарем. Обҳои нилгуни майдони бузурги шаҳр мисли оинаи зеботарин гунбадҳо ва манорҳоро мунъакис менамоянд. Ин шоҳкориҳои ҳунар ва меъморӣ авҷи ҷалолу азамати замони Сафавиҳо ва шукуҳи даврони салтанати шоҳ Аббос ва асри тиллоии ҳунару фарҳанги Эронро бори дигар нишон медиҳанд. Майдони «Нақши ҷаҳон» ва масҷиди Лутфуллоҳ ҷойи беҳтарин барои фароғату истироҳати мардум мебошад. ҳар руз ин макони муқаддасро ҳазорон-ҳазорон нафар меҳмонон зиёрат мекунанд. Масҷиди Имомро, ки шоҳкории меъмории эронӣ маҳсуб мешавад, бо эҳтироми хос назар карда, ба офарандаи он садҳо маротиба аҳсан мехонанд. Бо вуҷуди ин ки асри ҳозир ба дараҷаи баланди тараққиёти илму фарҳанг расидааст, инсон қудрате надорад, чунин шоҳкории таърихиро бори дигар биофарад. Гунбади ин масҷид беш аз 50 метр иртифоъ дошта, ғарқ дар кошиҳои хушнақшу дилфиреб аст. Мадхали боазамат, гунбади бошукуҳ ва манорҳои он намоишгари қудрати имон ва шигифтии ҳунар аст ва инсонро сахт таҳти таъсир қарор медиҳад. Дар атрофи саҳни масҷид айвонҳои баланд бо тоқҳои баланд, ки ҳама кошикорӣ шудаанд, мавҷуданд. Айвонҳои шарқию ғарбӣ ба меҳробҳо роҳ доранд. Кохи муҷалалли «Чиҳил сутун» дар миёни боғи васеъ қарор гирифтааст. Тамоми ин сутунҳо дар замони шоҳ Аббос оинакорӣ шуда буд ва шукуҳу шаҳомати онро ба маротиб меафзуд.
Дар болои Зояндаруд пулҳои зиёде бунёд гардиданд, ки пули Хоҷу аз ҷумлаи онҳост. Ин пул то ба ҳануз побарҷост ва аз оғози бунёди он то ба имруз беш аз 400 сол мегузарад. Ин пул чунон сохта шудааст, ки гоҳе вазифаи обанборро низ иҷро мекард. Обро ҷамъ мекарданду дар вақти зарурат онро равона мекарданд. Нақшу нигораҳои пул низ таваҷҷуҳи касро ба суи хеш ҷалб месозад. Чун ёдгории таърихӣ, ин пул айни замон истифода намешавад, аммо чанд даҳсола муқаддам аз болои он танку мошинаҳои ҷангӣ гузашта буданд. Айни замон бо тарҳи нав дар болои Зояндаруд панҷ пули нави замонавӣ бунёд гардидааст, ки нақши онҳо дар пешрафти ин шаҳри таърихӣ хеле назаррас мебошанд.
Дар Исфаҳон мазори Соибро зиёрат карда, болои қабри орифи бузургвор шеърхонӣ кардем. Қабри Соиб зиёратгаҳи аҳли дил гаштааст ва мардум бо хондани оятҳои каломи раббонӣ ва ашъори пурмуҳтавои шоири ориф руҳи уро шод медоранд.
Мувофиқи барнома мо ба донишгоҳи Исфаҳон қадам ниҳодем. Раиси донишгоҳ марди фозил ва оқил дар бораи ҳамкориҳо ва нақши донишгоҳ муфассалан суханронӣ кард. Аз номи гуруҳ чанд нафар зимни суханронии хеш барои ҳамкории донишгоҳҳои Тоҷикистон бо донишгоҳи Исфаҳон ибрози назар карданд. Донишгоҳи Исфаҳон дар радифи донишгоҳҳои мумтози Эрон шинохта шудааст. Дар ҳайати кадрии донишгоҳ 450 устод, донишёр, устодёр ва мураббӣ шомиланд, ки ба таълиму тадрис пайваста машғуланд. Дар донишгоҳи Исфаҳон донишкадаҳои адабиёт ва улуми инсонӣ, тарбияти бадан ва улуми варзишӣ, забонҳои хориҷӣ, донишкадаи улум, улуми идорӣ ва иқтисодӣ, улуми тарбиятӣ ва равоншиносӣ, фаннӣ ва муҳандисӣ, риёзию компютерӣ ва ғайраҳо фаъолият мекунанд. Китобхонаи марказии донишгоҳ бо 10 бахш ҳудуди 126 ҳазор ҷилд китоби форсӣ ва си ҳазор китобҳои лотинӣ ва ҳамчунин садҳо нашрияҳои лотинию форсӣ ва ҳазорон ҷилд насхи хаттӣ ва ғайраро фаро гирифтааст. Илова бар ин, 13 китобхонаи дигар бо беш аз сесад ҳазор ҷилд китоб дар донишкадаҳо ва хобгоҳҳо дар хидмати донишомузон мебошанд. Донишгоҳи Исфаҳон бо даҳ миллиону ҳаштод ҳазор метри мураббаъ фазои сабз яке аз сарсабзтарин нуқоти табии остони Исфаҳон маҳсуб мешавад. Саронаи фазои сабзи ҳар нафар дар ин донишгоҳ 58 метри мураббаъ буда, дар Исфаҳон бошад он танҳо 16 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Пеш аз он ки сайри таърихие ба «Боғи гулҳо» дошта бошем, рубоии зеринро васфи шаҳри фарҳангии ҷаҳони Ислом оварданием:
Санг дар ин шаҳр тимсоли гул аст,
ҳар сутуне ошёни булбул аст.
Исфаҳон ҷонмояи ин ҳарфҳост,
Исфаҳон рангинтарини зарфҳост.

Боғи гулҳо ба дил фараҳу шодӣ мебахшад
Дар замоне, ки сайёраро ҳар замон хатари экологӣ таҳдид мекунад ва осмони мусаффоро абрҳои тираи чангу ғубор фаро гирифтаанд, барои муҳофизати гулу раёҳин дар баъзе аз минтақаҳо боғҳои азим бунёд мегардад. Зебоӣ, буи хуши накҳати гулҳо, обҳои равон, майдонҳои сабз дили инсонро болида мегардонанд. Боғи гулҳо аз беҳтарин макони истироҳатию фароғатии шаҳри Исфаҳон мебошад. Нисбати дигар шаҳрҳои Эрон Исфаҳон бо боду ҳавои мусоиди хеш фарқ мекунад. Дар «Боғи гулҳо» бошад инсон бо тавонмандии хеш манзараеро ба вуҷуд овардааст, ки дил лабрези фараҳ мегардад. Ин ҷоро ҳар руз ҳазорон нафар хонандагони мактаб тамошо мекунанд ва аз зебоии ин макони афсонавӣ баҳра мебардоранд. Дар дили кудакон меҳри парвариши гулҳо, буттаву дарахтонро бедор мекунанд ва онҳо нисбати табиат ва муҳити зист бетафовут нагашта, ба он бо меҳру самимият менигаранд. Дар «Боғи гулҳо» гардиш карда, афсункории табиатро мушоҳида намуда, орзуе дар дил мепарварем, ки шояд рузе расаду дар Тоҷикистон низ чунин боғе бунёд гардад.
Боғи гулҳо яке аз тарҳҳои ибтикории созмони паркҳо ва фазои сабзи шаҳрдории Исфаҳон аст, дар соли 1375 дар арсаи вусъати 55000 метри мураббаъ эҳдос гардидааст. Дар боғ беш аз 350 навъи гиёҳҳои гуногун парвариш меёбанд. Масоҳати сабзи боғ: 38000 метри мураббаъ, масоҳати сатҳи сахт: 17000 метри мураббаъ, масоҳати кулли гиёҳони пушиш: 30000 метри мураббаъ ва муҳити боғ 1035 метрро фаро гирифтааст. Аз решаву гулҳои гуногун барои сохтани дорувориҳо васеъ истифода мебаранд. Бешак, «Боғи гулҳо» аз беҳтарин макони истироҳатию фароғатии Исфаҳон маҳсуб мешавад ва шоир онро чи хуб васф кардааст:
Арғунун ҷоми ақиқ ба суман хоҳад дод,
Чашми наргис ба шақоиқ нагун хоҳад шуд.
Шоми Исфаҳон он қадар зебост, ки дар тасвири он кас оҷизӣ мекашад. Гуруҳи мо бо Исфаҳон ва мардуми меҳмоннавозу донишманд хайрамақдам гуфта, ру ҷониби зодгоҳи абармардони бузург-шаҳри Нишопур ниҳодем. Дар лаби ҳар кас мисраи ҳунарманди маъруфи эронӣ «Дилам меход ба Исфаҳон баргардам» садо медод ва ин баёнгари он буд, ки мо воқеан нисбати ин шаҳри бостонии эрониён меҳр ва дилбастагии хос доштаем.
Аз хоки Нишопур садо ояд боз…
Мо ба шаҳри Нишопур наздик мешавем. Ба машом буи хуши гулу лолаву раёҳин мерасад. ҳама дар андешаву ғарқи хаёлоти ширинанд. Баъди чанде марқади бузургон ва шоирону орифонро, ки дар Нишопур хок шудаанд, зиёрат хоҳем кард. Дар андешаву афкори ман рубоии устод Лоиқ Шералӣ сайр мекард, ки фармуда:
Аз хоки Нишопур садо ояд боз,
Фарёди дил аз ҳарду саро ояд боз.
Эй дуст, агар то ба фалак дод занем,
Хайём ба хаймааш, куҷо ояд боз!
Шоми Нишопур дар назди марқади чароғони ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ равшан ҷилвагар мешуд. Гунбади баланди марқади шоир таваҷҷуҳи ҳар касро ба суи хеш ҷалб месохт. Мо дар сари қабри риёзидон ва мунаҷҷими бузург лаҳзае сукут кардем. Сипас бо навбат ихлосмандони рубоиёти оламгири Умари Хайём аз эҷодиёти шоири бузург шеърхонӣ кардем. Ба ёдам рубоии шоир омад, ки фармуда:
Ёрон, чу ба иттифоқ меод кунед,
Худро ба ҷамоли якдигар шод кунед.
Соқӣ чу майи муғона бар каф гирад,
Бечора маро ҳам ба дуо ёд кунед.
Баъди хондани ин рубоӣ бо хондани оятҳои мубораки каломи раббонӣ марқади шоирро тарк гуфтем.
Дар якуним километрии қабри Хайём марқади шоири ориф Фаридуддини Аттори Нишопурӣ ҷой гирифтааст. Қабри орифи бузургро аввалин маротиба Мир Алишери Навоӣ пурра таъмир карда буданд. Баъдан бо гузашти айём марқади шоир хеле обод ва зебо гашт. Дар девораҳои гунбади қабри Шайх Аттор ашъори дилписанди шоир ҳаккокӣ шудаанд. Бо тиловати оятҳо ва хондани чанд пора шеър аз ин орифи бузург марқади бузургмарди ҷаҳони исломро тарк гуфтем. Инсон дар ин ҷо лаҳзае бошад ҳам худро дар олами руҳоният эҳсос мекунад. Бекихтиёр байти:
Аттор руҳ буду Саноӣ ду чашми у,
Мо аз пайи Саноиву Аттор меравем.
ба ёд омад ва бо чашмони ашколуд аз марги муфоҷоти ин орифи бузург, ки ба дасти муғулони ситамгар анҷом пазируфт, аз гунбади пурнақш берун омадем.
Фирдавс мақом бодат, эй Фирдавсӣ
«Фирдавсӣ султони шеър аст ва «Шоҳнома» шоҳиди салтанати уст». Дар бораи шоири ҳамосасарои форс-тоҷик ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ бузургон ва аҳли адаб суханҳои пурҳикмат гуфта, дар эҳёи таърихи Эронзамин нақши уро муассир арзёбӣ кардаанд. Фирдавсӣ бо навиштани «Шоҳнома»-и безаволи хеш таърихи Аҷамро зинда кард ва бад-ин маънӣ дар як байти хеш ишора карда, мефармояд:
Басе ранҷ бурдам дар ин соли си,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
Тус дар рузгорони гузашта вилояти муҳим маҳсуб мешуд ва дар атрофи хеш чанд шаҳрро муттаҳид месохт. Аммо чархи гардуни гардон яксон намемонад. ҳануз дар замони зиндагии Фирдавсӣ ғазҳо шаҳрро вайрону валангор карданд. Баъдан қадами номубораки муғулҳо ин шаҳри ободу зеборо ба хок яксон кард. Мироншоҳ писари Темур ин ноҳияро лагадкуби суми сутурони хеш сохт. Тадриҷан шаҳри Машҳад обод мегашт ва аз шаҳри Тус ва атрофи он ба ҷуз ёдгориҳои таърихӣ ва гунбаду қалъаҳо, ки баёнгари ҳаводиси ноороми он солҳо мебошанд, чизе боқӣ намонд. Пайкари шоири ҳамосасароӣ Эронзамин пас аз вафот дар боғи худаш ба хок супорида мешавад. Тибқи манбаъҳои дастрасшуда, бинои қадимии оромгоҳи вай то замони ҳукумати Қоҷор низ побарҷо буд. Баъдан гуруҳе аз бузургони Хуросон бинои вайроншударо таъмир ва таҷдиди иморат карданд. Оромгоҳи феълии шоир соли 1367 шамсӣ бо ҳамон зоҳири пешин ва зербинои 965 метри мураббаъ бунёд гардид. Оромгоҳи шоири муосири зиндаёд Маҳдӣ Ихвони Солис низ дар ҳамин боғ ва дар канори музей воқеъ гаштааст.
Дар руи санги мақбараи Фирдавсӣ байтҳо аз «Шоҳнома»-и безавол ҳаккокӣ шудаанд. Дар зербинои оромгоҳ бошад, тасвирҳои ҷанг ва диловарию шуҷоати қаҳрамонони асосии ин шоҳасари безавол бо рангу тобишҳои хос инъикос ёфтаанд. Начандон дуртар аз марқади шоир музей мавҷуд аст, ки дар он беҳтарин экспонатҳо ва мусаввараҳо оид ба зиндагию фаъолияти ин шоири бузург ҷамъ оварда шудаанд.
Баъди он ки ба Фирдавсӣ ва руҳи оламгири у хайрбод гуфтем, дар роҳ вориди зиндони ҳоруния гаштем. Ин зиндон дар замони халифа ҳорунрашид бунёд гашта буд ва дар хонаҳои тангу тори он замоне тарафдорони аҳли байтро маҳбус карда буданд.
Зиёратгоҳи аҳли дил
Машҳади муқаддас аз шаҳрҳои ободу маъмури Эрон маҳсуб мешавад. Машҳад пурравнақтарин, пурҷозибатарин ва пуртараддудтарин шаҳрҳои Эрон аст. Теъдоди ҳуталҳо ва меҳмонпазирҳои ин шаҳр аз маҷмуъи ҳамаи ҳуталҳои шаҳрҳои Эрон бештар аст. Дар тамоми фасли сол миллионҳо мусофиронро аз саросари Эрон ва кишварҳои дигари ҷаҳон Машҳад пазироӣ мекунад. Ин ҷо зиёратгоҳи аҳли дил аст ва мақбараи имоми ҳаштуми шиаён-ҳазрати Ризо (а), дар ин ҷо воқеъ гардидааст, ки ҳудуди дувоздаҳ қарн пеш дар ин минтақа ба шаҳодат расида буд. Мардуми мусалмони Эрон ва бисёре аз мусалмонони ҷаҳон зиёрати имом Ризо(а)-ро тавфиқи илоҳӣ медонанд ва нисбат ба он иштиёқ меварзанд. Баъди боздид аз осорхона мо вориди ҳарами мубораки ҳазарати имом Ризо (а) гардидем. Бародарони эронӣ чун донистанд, ки мо аз Тоҷикистон ба зиёрати ин макони муқаддас омадем, бо садои баланд ба номи пайғамбари гиромӣ, ҳабиби Худо, ҳазарати Муҳаммад (с) дуруд фиристоданд. Нақшу нигор, кошикориҳо, тиллокороиҳои мақбараи имом Ризо (а) моро мафтун сохт. ҳазорон-ҳазор нафар сокинони Эронзамин ва меҳмонон аз кишварҳои мухталифи дунё ҳар руз ба зиёрати оромгоҳи ин марди бузург, ки ҷоми шаҳодатро нуш карда буд, меомаданд ва бо ихлоси комил ва дуову дуруд аз пайравони аҳли байт ёдоварӣ карда, бо руҳи болида бармегаштанд.
Ба ҷои охирсухан ва ё худ Эрон дили замин бошад.
Сафари якҳафтинаи мо ба кишвари афсонавии Эрон анҷом пазируфт. Бо таассуроти болида ба зодгоҳи хеш баргашта, азамату бузургӣ ва шукуфоию зебоии Эронзаминро пеши назар оварда, чанд байте аз Низомии Ганҷавӣ ба ёд омад, ки бо овардани он ба навиштаҳоям ҳусни хотима мебахшам:
ҳама олам тан асту Эрон дил,
Нест гуянда з-ин қиёс хиҷил.
Чунки Эрон дили замин бошад,
Дил зи тан беҳ бувад, яқин бошад.
Нўъмони Раҷабзода
Хуҷанд-Душанбе- Машҳад- Теҳрон- Душанбе- Хуҷанд.

October 11, 2009 - Posted by | Ишк, Кахрамоннома, Муаррифинома, Нуъмон Рачабзода, Пажухиш, Санъат, Турку точик, Хунар, Шеъру тарона, Identity, Mastchoh, Poetry, Tajiks, َФолклор

2 Comments »

  1. “Пас аз хатми мактаби миёнаи №10 соли 1989 шомили факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон гашта, ин даргоҳи маърифатро соли 1974 хатм менамояд…”

    1994, шояд.

    Comment by Дориюш | October 13, 2009 | Reply

    • Durud bar Doriushi kabir!
      Sipos, az on, ki ishtibohi imloii maro isloh namuded, tashakkur. Vokean duston oinai yakdigarand.

      Comment by Firdavsi Azam | October 19, 2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: