Фирдавси Аъзам

Адабу фарҳанги Мастчоҳ

Гулноз


IMG_0166 ДАР ШУКУФАРЕЗИ НИГОХИ ИРФОН
Мафохиме вучуд доранд, ки асли зухури ин отифаи равонии инсонро тавзех медиханд ва дар ин миён эхсос, тафаккур, хаёл, маърифат, дарк, шинохт ва амсоли ин дар саргахи диданихову шуниданихо аз шеър карор дорад. Чун шеър аслан як навъ маърифати лахза, фурсат, ходисаву вокеа, холат ва хатто як ашёст, пас кадами эхсосот дар ин каламрав пешгузар хам метавонад бошад. Чаро? Чун башарият худ барои расидан ба маърифати кулл эхсосро ба масобаи нардбоне карор дод, ки руи он боло шави ва уруч намои то ба фарози осмонхои асолат, ки онро зинахои дигаре аз аклу идроку фалону фалону ва мунтахои он, ки макарраш шахри хафтуми Аттор- яъне Ишк аст, боло мебаранд, бираси. Аз хамин чост, ки дар андешахои мунтакидону файласуфон ва хатто худи шоирон иттисоли равонии шоир, ашё, шеър вачхи мухимми рисолати шеър гуфтан аст, ки туфони нихояти ин анчумани васл, чунонки борхо гуфтаем,хамон нидои «Аналхак» аст, ки аз uояти шавки беандоза аз ниходи шахси шоир ба сурати «Анашшеър» берун меояд, то равшан кунад бароямон асолати шеърро.
Ин масири куллии милоди шеъри ростин, ки хазорсолахо суханварони моро ба дунболи худ мекашид, мизони аслии тафсири рисолати шоир карор хам гирифт ва он суи ин чода заминае барои шинохти кадру хачми тафаккур ё хунари шоирона ба вучуд омад, яъне ин шоир то кадом андоза ва чи гуна ин рохро тай кард, то худро бишносонад ва дарунмояи рухоният ва андешаву тафаккури хешро дар фаросуи ин хакикат муаррифи намояд.
Унвони китоби тозаи шоира Гулноз, ки чанде аз тарики интишороти «Ношир» шахри Хучанд руи чоп омадааст, «Парвози дунё» буда, бо хуруфи сириллик ва хам форси мунташир гардидааст. Интихоби ашъор ва баргардонии ашъори ба хати форси аз чониби шоир ва адабиётшинос Нурали Нурзод сурат гирифта, хамчунин тахкикоти мавсуф ба унвони «Зери борони шукуфарези нигох» ба мачмуа илхок гардидааст.
«Парвози дунё» кулборест, тушахое аз эхсосу маърифати муаллифро дар фосилае бо ном аз даричаи нигох то шеър ва ба uавuое аз сукут чойгузин кардааст. дар вусъати ин чахони андеша меърочест, ки бо самъи зангулаи барои хонанда савори чархи чубини лаби дарёи тафаккури хеш ва саманди нигохи uаврнигар ба суи осмонхои асолат ва абрхое аз канори чашмонаш обнушанда, диёри ситораи сахар бо дастоне пур аз у парвоз хохад кард. Ин фосилае, ки аз нигох то шеър унвон кардаем, бархак як маншаъе дар андешахои гуяндаи он дорад ва фосилаву фурсати тахрики тафаккурашро дар хамин чодаи расидан ба асолати шеър ифода мекунад ва бехикат нест, ки ин марзи андешидан унвонии китоби пешаи у хам хаст, яъне «Аз нигох то шеър». Хамин нигох аст, ки аз моварои худи инсон маншаъ мегирад ва файзе дар он аз эхсосоти шинохтану донистан мерезад ва ба тадрич аз хастии инсон берун мешавад, то равад ба умки ашёву ходисахо то мувассил гардад ба онону хулул ёбад ва дар фарози хамин расидаги фариштаеро бо номи шеър пешоруи ману мо гузорад ва башорате аз будани худ бидихад. Барои шинохтани рисолати як тан шоири ростин ба назари мо кофист, ки мачмуи гирудорхо, набарду пархош, иттисолу инзивохо, васлу хичронхои хамин фосила- яъне аз нигох то шеър тафсир ёбад. Шояд ин лахзахову дакоик дар назари аввал ношинохтани аст ва дар назари сони сурати хачми як мафхуми чуuрофие амсоли аз фалон чой то фалон чой. Аммо uавртару фаротар аз ин нигоххои зохирии мо ин хамон фосила аст, ки боз хам мегуям, Шайх Аттор онро дар хафт шахр тафсир намуд. Магар не, миёни ин фосила хам хафт унсуре метавон пайдо кард, ки то расидан ба шеър- куллаи ниёиш ва мехроби васли шоир бо Худо вучуд доранд. Гушоиши дидаи басират, парвози нигох, бархурди хакикати шинохт бо мехвар, эхсос, ки аввалин зинаи маърифат ва даруннигариро эчод мекунад, аксуламали нигох, ки шояд пижвоке аз маърифати сувари аст, тафаккур ва мунтахо милоди хулосаи ирфон, яъне шеър.

НАВРЎЗ
Лолахо дар сар
сабадхои пур аз уммед
аз диёри гарм меоянд,
Навчавониро ба руи куххо
хандида – хандида.

Сар зи зону карда боло донахо,
тахти оханги фанои барф,
то ба истикболи Пири хок меоянд,
дар фазо
раксида – раксида.

Оина аз мехрубонияш
нахустин бор
бо дуруuе нарм
дерсолонро тасалли медихад.
Завки гарми будан акнун
умр мебахшад нигахро
баъди хоби фурсати сарди.
Дасти ишки мо
гардани зебоиро
печида – печида.

Он ки
ман аз кунчи чашмонаш бурун гаштам,
монда дар он су
даруни бешаи бесамту дилгире,
сархуш аз дуди каноат.
Ишкро
ранчида – ранчида.

Беша аз номехрубонихои абр,
баъди огохи зи хисси сухтан,
абр хохад шуд замоне.
Ман ба суяш тирамохе
аз бахорон хохам омад.
То бируяд ёдхои сабзи у
аз муйхои решааш,
То зилоли мехрубони хар дарахт

корчхоро
хамчу рамзи бозгаштанхо,
ба назди хонахои мурчагон,
чун дарахтони азим,
бори дигар аз чабини хок руёнанд.
То ба суяш тифлакон оянд
бо сабадхошон,
Завкро
бишнида – бишнида.

Донаи нигох

Сабох аз чашма шуд берун
Само тархи гули истора мерезад
Ба руи суфраи эхсос.

Садои оби кам дар чуяхо
чун харфхои дерсолон мешавад чори
Парастуи зарифе
Лахзаи тайрон
Uамамро диду дар тархи фазо шах шуд.
Ман аз оби нигохи лолахои сода донистам,
Ки онон низ точик будаанд як рузгори дур.

Ба руи рохи бовар хоб карда сояхои пир
Ту ногах омади аз имтидоди ишк
То фасли нави имкон
Пушаймонтар зи дарёхо
Паси беди азими сабз
Чони оташине кардам пинхон
Ки ту нодида манро бигзари аз боuу
пайванди ба фардохои беман, бо хаёли ман…

Навои сабзи сабзиш
Бо чаноре боз мегардад
Даруни донаи холи.
Чавони човидонам гуй,
Даруни чашмхоям
Чанд донак аз нигах бокист?

Миёни халкаи торики шабхо руз кучак шуд.
Ва дар оби сабуки чашмае uунчид,
Овои чавони човидон дар ахтаре таркид.
Ситора бо садои пора- пора дар фазо пошиду бишнидам:
Рузи дигарат такрори имруз аст.
Вале ин бор
Мебинад туро он суи беди сурх.

П А Р В О З И Д У Н Ё

Мурuобии сапеди мах аз uояти сукут,
То умки мавчхои замон меравад фуру.
Дар куллаи калам чу гули шаб шукуфтаам,
Оре, манам тачаллии махтобранги ту.

Кам монд ин диле,ки чакидаст умри зуд,
Бехуда дар чазираи туфонии хаёт.
Аз шеъри ман бурун шаву дасти маро бигир,
Як барги лоларо ба кафат монам аз нишот.

Афшурдахои ёди ман имшаб зи дидаам,
Чун накхати латиф тарашшухи сабз буд.
Актори хун чакида зи ангуштхои мо,
Гуё ба лобалои танам сабки набз буд.

Гардун чу мурuи шонакабуди сапедсар,
Боле фуру хамида ба атрофи хокдон.
Тухми сиёхи хок ба зери каноти у,
Рузе кушуда мешаваду мепарад чахон.

Ту,эй таркиби рухи дури дури ман,
Ту,эй андухи сар то по сурури ман.

Маро хобиди дар руъёи бечашмон,
Нахустин нусхаи ман дар шуури ман.

хамон истораи,ки абр месузи,
Туи ачзи шукуфони uурури ман.

Ту,эй ранги пас аз борони хоколуд,
Пароканди сабои шарки нури ман.

Туи такдири чашмонам дар ин олам,
Туи шодии дастони сабури ман.

Ба хавзи ёди ширини ту мепошад,
Гули беранги марямро зухури ман.

Туи,як лахзаи вомонда дар девор,
Ба кунчи тоблуи сабзтури ман.

Хало! (аз дасти овои ту мегирад
Сиришки хастаи уммеди дури ман)

ПАРАНДАЕ ДАР ФАЗОИ ХОДИСА

Лахзахо мегузаранд,
Ва дар нишемани руз
Ба дастгохи чахон меафтанд,
То ки таърих шаванд.

Дари зебои дабистони ишкро бастам.
Гули неру чидам,
Дар хиёбони хобхои шабехи uам.
Парандаест дар ин чо
Ки чанд сол
Фурудгох намеёбад,
Парандаест,ки дар куллаи чанори нигох
Менишинад гох-гох.

Гули неру чидам,
Ки чашмхо бикушоям
Ва дидахои туро
Дар васати як чамане,ки
Варак-варак бишукуфад
Ва дастхои туро
Миёни
Лолазорони ношукуфта шиносам,
Аз тахочуми нигох
Наафтам
Зи мехрубонии борон
Тачзия нашавам.

Замони н-омада
Таърих надорад
Фазои ходиса холист дар он.
Парандае
Ба замони гузашта
Парвоз кард
Вуруди таърих шуд.

Парандаи андух
дар фазо боки монд,
uаму парвози вай он суй надошт.

Аз ту ,аз ту медонам марги аввалинамро
Баъди макси дил дидам будани навинамро.

На,намурдаам бахшой душамани азизи ман ,
Дар канори худ дорам узри нозанинамро .

Чодари сиёхи uам бар сари замин афтод ,
Сахфае набуд резам харфи остинамро.

Ин чарохати рухам аз куланги маъни буд,
Ку нафас ,ки пур созад рахнаи чабинамро?

Санги сабри мо гул кард аз нами бахори чашм,
Орзу нигах дорад ишки махмалинамро.

Коиноти андухе мефитад ба боми дил,
Лола медамад рузе фарши мармаринамро.

Савсани намози ёд атри шаб намуд эчод,
Эй сабо, кучо бурди мушки бехтаринамро?

То рахо шавад субхе аз канораи чашмам
Охири шаб эхё кун дидани заминамро.

—————————————————————–
Ту биё ба суи дида , гули ашк чида-чида ,
Ки мабод рах зани гум чу савори сарбурида .

Зи хароси хусни чашме , ки мухити бекарон аст,
Нигахе нигох дорам чу махи зи шаб рамида.

Ва дамидаам сахарро ,ки панах начуи аз мо ,
Хама хонахо пур аз нур, хама пардахо парида.

Назарат танаффуси ишк агар аст мешуморам ,
Чи фароuатест моро ба макоми ношанида.

Ману ин часорати хис туву заъфи бенишони,
Дилу холигохи бовар,лабу чашми ночашида.

Ба пиёлаи пур аз мох бигузор захр пошам,
Ки чахони сахт бемор равад аз фуруuи дида.

Ману ту зи бечавони чу киёми сидк ойем,
Ба тафаккури хамоне,ки зи нокучо расида.

*** ***
Хаста шуд зи ороми чашми лахзапироям,
Дар фазои пиндоре чатри нурполоям.

Эй хакоики охар,эй шакоики бовар,
Бе ту чашму гесуро,гу,чи гуна ороям?

Чун хиёнати дида ошкори дил гардид,
Катра-катра афтода хушахои парвоям.

То тапидани вактам дар дакоики меод,
Руи рохи пайдоят чашмаи пазироям.

хамнишини оташхо буданам набуд осон,
Зарра-зарра мурданро чун шарора паймоям.

Рахмро фузунтар кун бо хар он чи зебо хаст,
Котили uами мо шав,мехрубони фардоям.

Эй садои боли субх,эй насими буи нур,
Ракси хоби занчири дар шукухи руъёям.

*** *** *** ****
Аз диёри ситораи сахарам,
Инфичори ту хаст дар назарам.

Рухро мечакам ба пираханат,
То ки пайдо куни зи худ асарам.

Шабнам аз нуги миччагон резам,
Шохаи нурам ашкхо самарам.

Камар оина бахри арвох аст,
Гох-гох низ суи он нигарам

То бубинам туро дар он поки ,
Дуст дори сахаргахе агарам.

Чунбиши нуру хун сабох орад,
Фурсате,ки зи осмон гузарам.

Мурuи ёдам асири чашмонат,
Чониби хештан чи гуна парам?

**** **** *****

Хасрате дар шитоб мемонам,
Хамчавори укоб мемонам.

Зиндаги рухи оташи сабз аст,
Ман дар ин нашъа хоб мемонам.

Як кафас орзуи мурданро,
Дар ниходи хароб мемонам.

Номаи нокушудаи ишкам,
Лаззате дар хичоб мемонам.

Бо хама изтироби хохишхо,
Дар хузурат зи тоб мемонам.

Хамзабон буд рузу шабхоям,
Руи сахфа шахоб мемонам.

Охирин лахзахои зебои,
Нукта пас аз шабоб мемонам.

Савсанам,меравам фуру дар худ,
Бо хамин зери об мемонам.

August 26, 2009 - Posted by | Culture, Гулноз, Донаи нигох, Ишк, Кахрамоннома, Муаррифинома, Пажухиш, Хунар, Шеър, Шеъру тарона, Identity, Mastchoh, Mentor, Poetry, Tajiks, َФолклор

5 Comments »

  1. وبلاگ تان بسیار قشنگ است. موفقیت های هرچه بیشتری برای تان آرزومندم.

    Comment by Omayoun | September 26, 2009 | Reply

  2. виблоги тон ро дар листи виблогам гуэоштам.

    Comment by Omayoun | September 26, 2009 | Reply

  3. Salom va durud bar Firdavsi aziz man Rustam va donishju dar donishgohi Tehron .imruz dar borayi shumo az osodi matlab khondam va az google nomi shumoro serch kardam va kheli khushholam ki shumoro paydo namudam …man ahli sher hastam va sherro xeli dust medoram dar borayi loigh va shoironi tojik dar Eron matlabi ziyod navishtam va dar ruznomaho va majalahoyi Eron chop kardam …va dust doram bo shumo oshno shavam va bo hhamdigar irtiboti farhangi va ilmi va adabi va dusti doshta boshem man weblogam http://www.roostamajami.blogfa.com meboshad khushol meshavam bo shumo oshno shudam man dar intizori javobi shumo hastam ghalamaton hamavakt sabz va zibo bod…

    Comment by Rustam | October 20, 2009 | Reply

    • Durudu salom huzuri shumo Rustami giromi!
      Az in, ki vakti khshro dunboli yak bandai hakiru kuchak va kamarzish namudaed, izhori siposu ehtirom mekunam.Man niz shodam, ki bo chun shumoe irtiboti dusti bunyod kardaam va umedvoram, ki in dustivu robitahoi hamajonibai mo ba muvaffakiyathoi benazir khohad rasid.banda shumoro goibona meshinosam va hamchun shoir medonamaton.Man albatta fe’lan dar ruznomai siyosiyu ichtimoii “Varorud”-i ustoni Sugd faoliyat mekunam va har haftae matolibam dar on darj megardad.Aslan man ba tadkikotu pajushishi Mavlonoshinosi dar Garb mashgulam va umedvoram dar in zamina rohyob khoham shud, pas az on, ki az Amriko omadam dast ba takopui osori jahongiri Mavlono zadam.
      Khub,incho ba’ze makoloti man dar in somona mavjud ast, metavoned, bubined http://mavloiman.wordpress.com/ va http://khfirdavs.wordpress.com/
      Khudo nigahbon fe’lan , minba’d dar irtibot khohem bud.

      Comment by Firdavsi Azam | October 21, 2009 | Reply

  4. Matlabi Gulnozro fardo inshaalh mexonam hozi fursatam kam …

    Comment by Rustam | October 20, 2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: