Фирдавси Аъзам

Адабу фарҳанги Мастчоҳ

Гулноз

IMG_0166 ДАР ШУКУФАРЕЗИ НИГОХИ ИРФОН
Мафохиме вучуд доранд, ки асли зухури ин отифаи равонии инсонро тавзех медиханд ва дар ин миён эхсос, тафаккур, хаёл, маърифат, дарк, шинохт ва амсоли ин дар саргахи диданихову шуниданихо аз шеър карор дорад. Чун шеър аслан як навъ маърифати лахза, фурсат, ходисаву вокеа, холат ва хатто як ашёст, пас кадами эхсосот дар ин каламрав пешгузар хам метавонад бошад. Чаро? Чун башарият худ барои расидан ба маърифати кулл эхсосро ба масобаи нардбоне карор дод, ки руи он боло шави ва уруч намои то ба фарози осмонхои асолат, ки онро зинахои дигаре аз аклу идроку фалону фалону ва мунтахои он, ки макарраш шахри хафтуми Аттор- яъне Ишк аст, боло мебаранд, бираси. Аз хамин чост, ки дар андешахои мунтакидону файласуфон ва хатто худи шоирон иттисоли равонии шоир, ашё, шеър вачхи мухимми рисолати шеър гуфтан аст, ки туфони нихояти ин анчумани васл, чунонки борхо гуфтаем,хамон нидои «Аналхак» аст, ки аз uояти шавки беандоза аз ниходи шахси шоир ба сурати «Анашшеър» берун меояд, то равшан кунад бароямон асолати шеърро. Continue reading

Advertisements

August 26, 2009 Posted by | Culture, Гулноз, Донаи нигох, Ишк, Кахрамоннома, Муаррифинома, Пажухиш, Хунар, Шеър, Шеъру тарона, Identity, Mastchoh, Mentor, Poetry, Tajiks, َФолклор | 5 Comments