Фирдавси Аъзам

Адабу фарҳанги Мастчоҳ

2.Абёти Дилварзини


Идомаи чакидахои мастчохи аз навиштаи каблии Аз «Хулбуи лаби чу » то «Сузани патефон». Мо дар навиштаи кабли дар бораи ашъору чакидахои халкии мардумони Мастчохи Кухи маълумот дода будем ва инчо мехохам шумо хонандаи нуктасанчро бо чакидахои дилварзини низ шинос намоям.Лутфан ба зер таваччух намоед.
Ман духтари пахтакора ёраш бошам
Дар пахтачини хамдами кораш бошам.

Кошке ки худо муаллимам гардунад,
Дафтарча гирад,биёд ба пешам хунад.

Мошин ба савор шудему кардем ханда
Дилварзи барои коргурезо ганда

Мактабба фуром барфи калон меборад
Ёри мана бин бо чурахош харф дорад.

Дар шахрои мо на муфтию на кози
Мо дастибадаст кунем Хукумат рози

Тилфуни идорахо ду мели муят,
Мунанди электрик сафеди руят.

Червон тиям аэроплан бардорад,
Моро бараду бар ватано фурдорад.

Лампушка ба болои сарат рушнои
Як буса гирад ин бачаи масчои

Ай чураи чон биё равем матлубот
Дар пои шумо кулуши панчум мебот.

Повиска ба дастам доду мерам раюн
Очаш мана диду духтараш шуд гирюн.

Мошин ба савор шудем ба оби дида,
Тагдир набудаи нону насиб бурида.

эй чураи чон биё шинем дар парта,
Ту сузани патефон шаву ман карта.

Парти ману парти чураям пушти ба пушт,
Хар лахза нигохи зери чашмат мана кушт.

Офтоб шиношинай ба кадди бурсо,
Чашмам чорай, дилам кашуни Масчо.

Дар дасти шумо доданд китоби конун
Мактабба намераванд занони нодун

Хасрат дорам тамом куни мактабата,
Дастмол кунам кошони серравганата.

Рахмат ба Хукумат ки кушод мактабаша,
Хар банда ба когаз мекашад максадаша.

Табелчи шавам тафтиш кунам корота,
Истода тамошо мекунам кошото.

Хукумати мо мактаби халки кардай,
Хукуки зану марда баробар кардай.

Мактаб меравам дар дасти ман як дафта,
Дар гушаи бом шистай мисоли кафтар.

Як обе хурам оби зарафшон бошад,
Як ёре гирам табелчи колхоз бошад.

Сангои сафеду дури мактабба мурам,
Дастони сафеди ручказебатба мурам.

Сузад рахи Мастчоху ангишт нашавад,
Ин ганштани Дилварзин фаромуш нашавад.

Давида бурамадам ба руи устал,
Гап мезанамо фикру хаёлам духтар

Сар то сари айлока хурдаст молаш,
Дар дафтари колхози баромад номаш.

Имрузаба меравам ба чули Янток,
Чунунаи нозанин кунам вактата чок.

Мактаб гирадам дар пеши ёр мехунам,
эй ёри азиз дар харду кошат чунам.

Э ёри азиз лотинира медуни,
Дафтар гирию ои ба пешам хуни.

Мактаба фуром чура ба вакти дарсат,
Дастпуна шавам, гири ба банди дастат.

Хуккумати мо Хукумати рахматбод,
Кулли амали нагза ба дасти зан дод.

Аз хуна бурумади ба сад таншвикот,
Озод шудани тура намехохад акот.

Мошинба савор шудему гаштем равон,
Эй очаи чон моро ба хотир бирасон.

Advertisements

June 14, 2009 - Posted by | Муаррифинома, Шеъру тарона, َФолклор

4 Comments »

  1. Ruboihoi vodii Zarafshon va mastchohi az jolibtarin ruboihoi folklori tojik mahsub meyoband.Man vakti risolai heshro dar mavzu’i folklori vodii zarafshon himoya krdam, rosti chizhoi jolibe dar borai ruboihoi mastchohi omukhtam.

    Comment by Naimjon | June 15, 2009 | Reply

  2. Idi vahdat muborak dustam!

    Comment by Soro | June 26, 2009 | Reply

  3. Додари азиз!ин коре,ки Шумо кардаед лоики тахсин аст,ва хохони саломати,умри дароз ва бурдборихои Шумоям.Бо эхтиром Шариф Муллоев!

    Comment by Sharif | December 17, 2009 | Reply

    • Tashakur ako!
      Az in ki sare ba sahifai mo zaded, izhori sipos mekunam.zinda boshed.
      Firdavs

      Comment by Firdavsi Azam | December 20, 2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: