Фирдавси Аъзам

Адабу фарҳанги Мастчоҳ

Шохмирзои Хучамухаммад


Шохмирзои ХучамухаммадШохмирзои Хучамухаммад 18 феврали соли 1949 милоди дар рустои Худгифи Соя , нохияи Мастчох дар оилаи зиёи чашм ба ин олами хасти во намуда.Узви конфедератсияи байналхалкии журналистон Шохмирзои Хучамухаммад кайхост, ки аз соликони чодаи Сухан мехсуб меёбад.Мавсуф дар рузномаи нохияи Мастчох- “Машъал”, “Агитатори Точикистон”, кумитаи радио ва телевизиони чумхурии Точикистон фаолият дошта,хамчунин муаллифи кутуби “Сурмаи дил” (хамрох бо писараш Шохмансур) ва “Касидаи чавонмарди” (дар хамкори бо Мирзохамдами Шарифзода) буда “Ахтари зулматсуз” асари сеюмини уст, ки аз рузгору корномаи Кахрамони Мехнати Сотсиалисти зиндаёд Навруз Рачабов хикоят мекунад. Муаллиф бо сухани буррову сухани нишонрас симои кахрамонро тавре нигориш дода, ки ягон нофахмие дар нисбати у боки намемонад.Ба нависанда паи офаридани осори нав ба нав илхоми пурчуш мехохем ва таманно мекунем, ки ин “Ахтар” тамоми зулматхоро бисузад.

Муждаи тавлид

Гурубе ки муждаи тавлид меорад

Агар дунё ба кас поянда мебуд,
Мухаммад то киёмат зинда мебуд.

Махз хамин афкор, ки хеч кас сутуни ин дунё нест ва ин “ачузаи хазор домод” ба касе вафо накардааст, моро хузур мебахшад, ки аз рехлати нобигагону дарёдилону навха бар фалак наандозем ва маргро чун як падидае, ки бояд хузур ёбад ва огози зиндагии сармади гардад, бипазирем.

Холо ин бор мехохам аз зиндагии пур аз мубориза, талош, пайгирихои мудовим, чонфидоихои Кахрамони Мехнати Сотсиалисти Наврузмухаммад Рачабов хадис гуям, ки тавонист бо часорати ботинию фитри, некнафасию хирадманди, хикматдони дар мухиту фазои диёр асаре човидона гузорад.
Донишманди хушкареха,мубаллиги таъриху адабиёти точик дар Ирон Мирзо Шакурзода боре дар сухбати хосае гуфта буд: “Ман Навруз Рачабовро барои он дуст медорам ва эхтиром мекунам, ки гами абадиёташро мехурад ва дар миёни рохбарони замон ягона фардест, ки аз сарвар буданаш одамияту олимияташ боло меистад.”
Худованд уро гуё барои хамин сифатхо сиришта буд.Ба табиаташ чоплусию хушомадгуи, дуруяги, тамаъ, фиску фасод, кинаварзию беномуси бегона буданд.Аслан у наметавонист, ки ин феълу хуйхоро ба худ дошта бошад.

Хамин бурдбории у буд, ки кабл аз судури фармони кахрамонияш вайро беш аз харвакта мардум дуст медоштанд.Дигар рохбарон чун ба бемористон меафтиданд, тамаллуккрона паи тамаъу оз, тарс (дар дафтари хисобу китоб ба номам ишора шавад), мансабчуи ба “аёдат” мерафтанд, аммо авсофу сутудае, ки дар боло зикрашон рафт, мардумро во медошт, ки ба беморбинии Рачабов раванд.
Хануз дар зинда будани у дар сифоташ бисёр нигоштанду суруданд.Аммо бунёди хар шахс баъд аз марг бо мурури айём бехтару возехтар ифшо мегардад.Ман дар ин рислоаи азм гирифтам, ки чун дусту мухлисе , ки бо мархум нону намакхур ва аз гулистони фазилату хикматаш буе бурда будам, порахоеро аз умри гаронмояаш сабт менамоям.Алхол бо “одами хуб буд” гуфтани ман муроде хосил намешавад. Бехтараш ба авроки ин рисола дида духта, ва равони у рахматхои бепоён ва охираташро обод мехохем.

Ситораи ситорадор
Хар аср ё худ карн инсонхои мубораку номуборак, ситорахои саъду нахсе дорад.Кахрамони киссаи хуччатии вокеъанигори шинохта Шохмирзои Хучамухаммад инсонест, ки хашт даха дар асри бист зиста.Ва мо хамдарсони хамасрон медонем, ки ин карн басе кахрамононеро ситора бахшидааст.Ин ситорахо низ чун ахтарони осмон саъдхо доранду нахсхо.Ин ситорахо низ чун анчуми само устувору паррон, аёну ноаён мешаванд.
Хушбохтона, бо рахнамунии килки суханпарваре чун Шохмирзо мо бо кайхони дили ситораи ситорадоре мисли Кахрамони Кори Сотсиалисти Навруз Рачабов ворид мешавем.Ва аз ин кайхони дурр хар ки мувофики зарфи хеш бахрае хохад бардошт.
Чура Юсуфи
шоир, узви Иттиходияи нависандагони Точикистон

Тулуъи абади

Фардро рабти чамоат рахмат аст,
Чавхару уро камол аз рахмат аст.
То тавони бо чамоат ёр бош
Равнаки хангомаи ахрор бош.
Мухаммад Икбол

Инсонхои шуста, инсонхои созанда, инсонхои покизаслу некуманиш василае хастанд барои давом ёфтани зиндаги ва барои вучуди мафохиме, ки чавхари будан аст, яъне Ишк,неки, шарофат, имон , зевои ва муродифи инхо.Дар як хадиси Расули Акрам (с) омадааст, ки бехтарини амалхо пас аз имон овардан ба Худо, мухаббат овардан ба мардум аст.Инсони комил касест, ки як умр тавофи каъбаи дил кард, бо хар кадам хайру баракат рехт, бо хар сухан чонхои сухтаро мархам ниход, бо хар нафас рушнои дамид.Инсони комил гуруб надорад. ИН офтоб, ки дар чашмхо гурубид, дар дилхо тулуъи абади хохад кард.Рисолаи суханваи тозакор Шохмирзои Хучамухаммад номаи тафсири инсони комил аст, бозгхуи кору пайкори касест, ки чун мазхари ишк ва мучассамаи неки дар пиндори зиндагон абадият ёфтааст.

Боре дар як махфили шеър адиби суханпарвари мо шеъреро дар ситоиши Наврузмухаммади Рачабзода кироат кард.Ахли махфил ба василаи ин шеър ин бузургмардро шинохтанд ва сипос гузориданд. Инак “Ахтари зулматсуз” ин китоби мехр, ки дар дасти ман шуд, маро боз ба ёди он родмарди бехамто мебарад.Ба ёди касе , ки харгиз чашмобачашми ман карор надошт, боз хам то ман расид.Он арчахое ки дар мазори у сабзанд, ки медонад то кай сабз хоханд монд, аммо тухми савобе, ки у киштааст,хамаруза барои ояндагон паёми тозаи милоди уст. Китоби Шохмирзои Хучамухаммад низ ёфгораи сабзест, барои Наврузмухаммади Рачабзода.Ман ба ин пайкарасози бомухаббат тахсин мегуям ва таманно мекунам, ки хастии худи у низ идомаи хастии кахрамонаш бошад.
Фарзона шоираи махбуби точик

Advertisements

June 9, 2009 - Posted by | Кахрамоннома, Муаррифинома

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: