Фирдавси Аъзам

Адабу фарҳанги Мастчоҳ

Чура Юсуфй


Jura Yusufi
Чура Юсуфй 16 апрели соли 1957 дар дехаи Худгифи Сояи Кухистони Мастчох ба дунё омадааст. Донишгохи Давлатии Точикистонро соли 1979 хатм карда, дар рузномаи “Машъал”-и Мастчох, хафтаномахои «Ориён», «Сугд», «Сугдиён» ва макотиби нохия кор кардааст. Раиси бахши нохиявии Бунёди забони точикй, муовини сардабири хафтаномаи мустакили “Вароруд” (ш. Хучанд) мебошад.
Ашъораш дар матбуоти вилоятиву чумхурй, мачмуахои “Риштаборон”, “Навсафар”, “Чашмаи шоир” ба табъ расидаанд. Китоби алохидаашро бо номи “Шохаи сабз” нашриёти “Адиб” соли 1989 дар мачмуаи “Санги овоз” ба табъ расонда буд. Соли 1996 нашриёти Рахим Чалил китобчаи илмию оммавии у “Аз таърихи Мастчох”-ро чоп кард. Муаллифи чандин киссахои хуччатй, аз кабили «Хафт пайкор», «Манори Дехманора», «Шахиди хунар» мебошад.
Чура Юсуфй рузноманигор аст. Яке аз дастёбтарин сохибхирфа дар чодаи рузноманигорист, ки анкариб ба 100 нафар рузноманигорони шинохтаи кишвар хукми устодй дорад.
Ашъораш ба китоби “Хуршедхои гумшуда” (Эрон, 1998, бо хати форсй) рох ёфтаанд.

АНДАР ХАМИ ЯК КУЧА
Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт,
Мо ҳануз андар хами як кучаем.
МАВЛАВЙ.
Аз ишқ чу девона,
Бо ақл чу бегона,
Аз ҳеч кй парво на,
Аз ҳеч чй парво на,

Гуям ҳама дам: ё ҳу!
Гуяд қадамам: ё ҳу!
Гуяд қаламам: ё ҳу!
Чуби аламам: ё ҳу!
Ман ҳастаму ман, ё ҳу!
Ман ҳастаму ё ман ҳу!

Сар чарх занад, ё ҳу!
Бар чарх занад, ё ҳу!

У дар ману ман дар у,
Чон дар тану тан дар у,
Гуяд агарам мегу
Ояд зи чигар ё ҳу!

Сар чарх занад, ё ҳу!
Бар чарх занад, ё ҳу!

Шере рамад аз оҳу,
Деве рамад аз абру,
Дар пои дили бадху,
Занчир шавад гесу.
Оҳу чу занад ё ҳу,
Абру чу занад ё ҳу,
Гесу чу занад ё ҳу,

Сар чарх занад, ё ҳу!
Бар чарх занад, ё ҳу!

Дил мекашадам он су,
К-обаш бувад андар чу,
По мебарадам он су,
К-обаш набувад дар ру.
Гар дар қафасам, ё ҳу,
Монанди хасам, ё ҳу,
Ё мисли касам, ё ҳу,
Бонги чарасам, ё ҳу,
Дар ҳар нафасам, ё ҳу,
Бар дуст расам, ё ҳу.

Сар чарх занад, ё ҳу!
Бар чарх занад, ё ҳу!

Сар дар ҳарами зону,
Сар дар қадами зону,
Безор зи сад бону,
Безор зи сад чоду,
Аз ҳақ талабам як бу,
Аз ҳақ талабам як му,
Аз ҳақ талабам як су,
Аз ҳақ талабам як ру,
Аз ҳақ талабам як чу,
Аз ҳақ талабам як у!

Сар чарх занад, ё ҳу!
Бар чарх занад, ё ҳу!

Ман нестам, уяст, у,
У нест, манам у, у.

Сар чарх занад, ё ҳу!
Бар чарх занад, ё ҳу!

У ман шудаву ман у…
Дор аст маро дору.

Сар чарх занад, ё ҳу!
Бар чарх занад, ё ҳу!

ҚАСИДАИ ДИЛ
Аё дил, дар муҳаббат шармсорй
Хаёли дидани дидор дорй?
Дусад паймон ба паймона шикастй,
Чавоният гузашту бодахорй.
Ба чои кас хасе дидию оташ,
Шудй аз даст дода бурдборй.
Рафиқони қаторият қароранд,
Туй сарлашкари сад беқарорй.
Ҳимороне басо мошинсаворанд,
Ҳанузам ту савори як ҳиморй,
Басо шогирдҳот устод гашта
Туй устоди чашмони хуморй.
Бувад анборат аз тухми сухан пур,
Гаҳе тарбуз, гаҳе сабзй бикорй.
Гаҳ аз худ меравй он сон, ки афтй
Гаҳе ҳам соддаиву хоксорй.
Агар ёрон туро девона хонанд,
Аду омузад аз ту ҳушёрй.
Зи ту дар майкада суфитаре нест,
Туро майхора гуяд нобакоре.
Дар ин бозори аждарҳои баднафс,
Чу кирмак ношудию бебароре.
Фиреби рубаҳон то чанд хурдан,
Дило, шеро, биёвар ҳар чй дорй.
Хиёнатро макун ҳаргиз шиорат,
Амонатро чу охир месупорй.
Шифои комил аз ёри ҳақиқист,
Зи беморон чй мечуй ту ёрй.
Сиёсат чун муҳаббат гашт, эё дил,
Бувад маснад ғараз аз дустдорй.
Ҳама кас лоф аз ишқи Ватан зад,
Вале тарсам намемонад диёре.
Набишкаста ҳануз завлонаи по,
Шудем аз нав ғуломи ихтиёрй.
Ба Сомону ба сомонй бинозем,
Дарй гум кардааст аммо бухорй.
Бихоҳам ҳар чавони точикамро,
Чу Аҳмадшоҳ гурди сарбадоре.
Чавонмарди чаҳон хоҳй шуд, эй дил,
Самаквор ар биёмузй аёрй.
Хамуш, эй дил, сухан аз буда мегу,
Набошад вақти ашъори шиорй.
Мабур аз ин чаҳон, бар он чаҳон банд,
Ки доми ишқ беҳ аз растагорй.
Ба хоки пои ёрон шав нагунсор,
Кушад ғам, гар набошад ғамгусоре.
Ба девону париён кори ту нест,
Ва ононро набошад бо ту коре.
Зи деву аз парии дигаре тарс,
Ки бинмоянд худро ёри ғоре.
Бас аст, эй дил, насиҳат гуфтани ман,
Ки ҳастам сояи ноустуворе
Ту худ донй дигар хомуш кардам,
Забонро чуз ба “оре”-ву ба “оре”!
Ало дил, ҳар ду зору нотавонем,
Агар аз дуст набвад дасти ёрй.
Хушо, лутфаш битобад бар сари мо,
Ба сони офтоби навбаҳорй.
Ману ту бе ману ту монда он гоҳ,
Шавем маҳви чамолаш зарраворе…

Advertisements

June 2, 2009 - Posted by | Муаррифинома, Шеъру тарона

1 Comment »

  1. ustod Yusufi martdest hakikatguyu hakikatnigoru hakikatbin.Man eshonro chunin meshinosam,Shumo chi guna meshinosed on kasro honandagoni aziz!?

    Comment by Karomat | June 5, 2009 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: