Фирдавси Аъзам

Адабу фарҳанги Мастчоҳ

Аъзами Хучаста


Azam Khujasta Аъзами Хучастасоли 1955 дар дехаи Худгифи Соя, нохияи Мастчох ба дунё омад.Соли 1972 мактаби миёнаи раками 10-ро хатм намуда, дар хамон сол ба донишкадаи таърихи ДДТ дохил шуд. Аз соли 1977 то соли 1985 дар мактаби миёнаи раками 10 омузгор буд. Дар солхои 1985-1988 дар Афгонистон ба унвони тарчумон кор кард. Аз соли 1988 то 1996 хабарнигори рузномаи “Машъал” буд. Аз соли 1997 то кунун корманди бахши точикии “Садои Хуросон” аст.
Мачмуаи ашъораш бо номи “Соярушан” дар Чумхурии Исломии Эрон ба табъ расидааст.

Чопи нахустин маҷмӯаи шеъри «зулол»

Дар Эрон бо ҳуруфи форсӣ ва сириллик аввалин маҷмӯаи шеъри зулол, шакл ё сохти ҷадиди шеър дар адабиёти форсӣ, нашр шуд, ки муаллифаш шоири тоҷик Аъзами Хуҷаста аст.
Мавсуф аз кормандони радиои «Садои Хуросон» аст, ки 15 сол ба ин сӯ дар Машҳади Эрон ба зиндагӣ мекунад.

Асосгузори шеъри зулол Додо Билвердӣ ё Абулфазли Додо, шоири эронӣ аст, ки аввалин зулолашро 22-юми январи соли 2010 гуфтааст. Ҳоло ҳудуди 100 нафар дар Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон бо ин сабк шеър мегӯянд, аммо аввалин маҷмӯаро шоири тоҷик нашр кардааст.

Дар як сӯҳбати телефонӣ аз Аъзами Хуҷаста пурсидем, ки оё ин чӣ шеър аст ва чӣ вижагиҳо дар қиёс бо назми анъанавиву шеъри сафед дорад?

-Агар ба таърихи нақлиёт нигарем, аввал, ароба буд, баъд мошину қатор ва ҳавопаймо пайдо шуданд, сабки зулол ҳам идомаи ҳамон навовариҳо дар шеъри классикии форсӣ аст. Як вижагиаш дар ин аст, ки аввал қолаби зулол пайдо шуд, баъд шеъраш. Масалан, аввал ғазал пайдо шуд ё рубоӣ, пас аз он муҳаққиқон гуфтанд, ки бо ин вазн ғазал сароида мешавад, бо фалон вазну қофия ва ҳаҷм рубоӣ.

Шеъри зулол ин тавр нест. Мисраи аввал ба як вазн аст. Мисраи дуввум ду-се, мисраи севвум севу чор ҳиҷо зиёдтар ва боз баръакс кам шуда меравад ва бо вазни мисраи аввал анҷом меёбад.

Суол: Маҷмӯаи аввалини Шумо нашр шуд. Таври маълум, эрониҳо ба шеър, ба қавле хеле сахтгир ҳастанд. Бахусус, агар гап дар бораи сабки нав равад. Оё то ба ҳол чӣ вокунишҳо шудаанд?

Хуҷаста: Рӯзи яксолагии шеъри зулол – 22-юми январи соли 2010, ростӣ, ба ин сабк як ҳамлаи густарда дар сомонаҳои интернетӣ аз сӯи бархе шоирон сурат гирифт. Вақте он матолибро хондам, хулоса кардам, ки дақиқан ҳамон сарнавишти Нимо Юшич, ки асосгузори шеъри озод ё шеъри сафед дар адабиёти форсӣ аст ва сарнавишти Сӯҳроби Сипеҳрӣ, ки як сабк, як равияи ҷадидро дар шеъри форсӣ ба вуҷуд овард, такрор шуд.

Додо Билвердӣ ба унвони муаллифи ин сабк мавриди танқидҳо, ҳатто на танқидҳо, балки маҳкумиятҳои шадид қарор гирифт. Мунаққидон мегӯянд, зулол на қолаб аст, на сабк аст. Маҳкумиятҳояшон ба ин бармегардад, ки ин шеъри нав нест, такрорист. Замоне касе бо номи Фардин дар Эрон ин гуна шеър гуфтааст. Мо таҳқиқ кардем ва ба хулосае расидем, ки як шеъри Фардин монандие ба зулол дорад, аммо қавоиди онро риоя накардааст. Аммо арзёбиҳо ҳанӯз чизи ҷадиди созандаеро ошкор накардаанд.

Аммо баъзе ҷо бардоштам ҳамин аст, ки ин маҳкумиятҳо ба муносибатҳои шахсии ҳамон нафаре, ки маҳкум мекунад ва асосгузори зулол — Додо Билвердӣ робита доранд. Ин барои ман шахсан муҳим нест. Барои ман худи сабк муҳим аст. Аммо интизорем, ки бархе виҷдонҳо бедор мешаванд ва холисона, ҷудо аз ин ки муаллифи ин сабк кӣ аст, мӯшикофӣ мекунанд.

Суол: Худи шумову шеъри зулоли шуморо маҳкум кардаанд?

Хуҷаста: Бале. Як бор маҳкум шудам, фақат ба он хотир ки шеъри зулол гуфтам, веблогамро дар яке аз сайтҳо бастанд ва вурудамро ба веблог мамнӯъ карданд. Як номаи муаддабона ҳам заданд, «ба далели он ки шумо аз фалонӣ пайравӣ мекунед, мо веблог ва имзои шуморо масдуд кардем, то иттилои сонавӣ мунтазир ва шикебо бошед.» Ҷаҳони маҷозӣ – интернет бепоён аст, ман омадам аз тариқи дигар ва боз шеър мегӯям.

Суол: Тавре мебинем, теъдоди маҷмӯаатон хеле кам аст. Сабаб мушкили молист ё ба қавле, рафтан ба иктишоф, тавре ки мегӯянд, «разведка»?

Хуҷаста: Вақте мехостам китоб чоп кунам, гуфтам, ки то рӯи кор омадани китобе ба ин сабк мунтазир шавам. Аммо дӯсти хеле наздикам, ки шоиру мунаққиди хубе ҳаст, Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ ва низ Ҷӯра Юсуфӣ аз Хуҷанд гуфтанд, ки чаро мунтазир мемонӣ, аввалин бош. Ман ҳам омадам майдон.

Машварат кардем, ки аз тарафи рост ба форсӣ ва аз тарафи чап ба сириллик шеърҳо ҷойгир шаванд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Хулоса кардем, ки теъдодаш ҳазор нусха бошад. Бо ношир сӯҳбат кардам. Истиқбол кард, аммо вақте қарордод мекардем, баҳси теъдод омад, гуфтам, 1000 нусха. Ношир дар ҳайрат афтода, гуфт, барои 70 миллион нафар дар Эрон, 7 миллион дар Тоҷикистон ва беш аз 20 миллион дар Афғонистон, қаламрави Шӯравию Ховари миёна ҳамин 1000 нусха? Гуфтам, чизи ҷадид аст.

Ҳоло ҳамин теъдод ҳам ба фурӯш меравад ё не. Гуфтам, ин як нашри озмоишӣ аст, ку бубинем, чӣ тур мешавад. Омадем ба майдон ва ҳоло мунтазирем, ки аҳли адаб мепазиранд ё танқид мекунанд, ки инро ҳам қабул дорем. Аммо ҳеҷ гоҳ маҳкумиятҳоро қабул надорам, боз меравам ҷилавтар, ба пеш.

Суол: Оё мешавад як шеър аз ин маҷмӯаатонро барои мо бигӯед?

Хуҷаста: Сапедаро салом,
Маҳи зи нав расидаро салом,
Умеди зиндагӣ, навиди растани башар,
Тулӯи рӯзи растахез ва субҳи навдамидаро салом,
Зи нури ояҳо ба коиноти синаҳо,
Азизи ҷону дидаро салом,
Падидаро салом!

___________________________________________________________

Эъчоз

Ин аст ин, ватан
Ин хилвати зебои ту ва ман
Дар чилва омада атри нигоҳи хоҳише
То бударо бақо дихад боре дар ин сафои тан ба тан
Дар умқи об ахтарон гулмоҳиҳо шуданд
Аз мавчи поки рақси ёсуман
Дар чашмаи чаман

Оё кй дида буд
Гулро ба руи об дар сучуд?
Аз Каҳкашон ба руи об сачодда омада
Ин гушаи чаман шуда ойинаи боғе даруни руд
У дар вучуди ман,ҳам дар вучуди мову ту
Бобе зи олами боқй кушуд
Ҳам гуфту ҳам шунуд

Агар он турки шерози

Агар он турки шерози
Камони абру аз чашмони худ гирад
Ва даст аз горати дилхои муштокон нигах дорад
Ба як гулхандаи зебои у бахшам
Хама дилхои шайдоро

Агар он турки шерози
Синони гамза аз мижгон барчинад
Надуздад хуш аз сархо, нагирад сабр аз дилхо
Фидои ишку нозу хусни у созам
Хазорон чашми шахлоро

Агар он турки шерози
Зи себи гамгабаш арзониям созад
Анори бозу бар чоми лабони ташна бифшорад
Ба як чурьа майи лабхои у бахшам
Чахони чому миноро

Чабри ту

Лабгиряам ожанг шуд
Дар роҳи ту пойи нигоҳам ланг шуд
Оҳам даруни синаам саркуб шуд в-аз дуди он
Ойинаи ду дидаам пурзанг шуд
Дунё бароям танг шуд

Дар коргоҳи ёди ту

Дар коргоҳи ёди ту
Дар гушаи хамуши оҳи ёди ту
Ман рондаам, фитодаам,бе худ ва бетуам, бубин
Дигар кучо шавам ман шоҳи ёди ту
Тардам зи роҳи ту

Одоби буса ин набуд
Дар соғари лабонат ангубин набуд
Лабро ниҳода бар лабам, чашмат ба суи дигаре
Оғушат он бирешами маҳин набуд
Оре, оре, чунин набуд!

Дер омадиву рафтй зуд
Расми рафоқату дилдорй ин набуд
Дар шаҳри хаста хастаам кардй ба ваъдабозиҳо
Дигар на ту, на ман, на шодию суруд
Ман монадаму сигору дуд

Эй сорбон

Эй сорбон, оҳиста рон
То роҳиён аз худ раҳанд, дар бехудй
Бори гарони чисмро аз чомаи тан баркананд
То дил тачаллигаҳ шавад,к-аз бедилй
Ҳарф аз забонам меравад

Эй сорбон, оҳиста рон
К-ин роҳи пуршебу фарози зиндагй
Монанди ман дилдодае дар кишвари озодаҳхо
Ҳаргиз набинад,чун равам,ҳамроҳи ман
Ёду нишонам меравад

Эй сорбон, оҳиста рон
То бори дигар буса бар чонон занам
В-он турки дилозорро оғуш гирам ончунон
Мо ҳарду дар ҳам гум шавем,дар хайли ту
Он дилситонам меравад

Эй сорбон, оҳиста рон
То ман ҳама буду набудамро гирам
Ин чо намонам як нишон аз рафтану аз омадан
Оташ занам ин хонаро бо оҳи худ,
Фардо тавонам меравад

Ало ё айю ха соки

Ало ё айю ҳа соқй
Бигир манрову дар руди шароб андоз
Ва дар мастй зи худ бегонаам кун, то ки баъд аз ин
Расам бар соқии аслию май хоҳам
Ва ҳал созам мушкилҳо

Ало ё айю ҳа соқй
Биё, лабрез кун ин чоми Чамшедй
Даме бо ёди Дорову фалоти Ориён гирйем
Ки бо он қудрату шаъну чалоли худ
Фуру рафтанд дар гилҳо

Ало ё айю ҳа соқй
Дари майхона бикшо,пири мо омад
Биё, муғбача шуд хаста зи омоли хиёбонй
Варо аз нав ба куи майкашон орем
Ки ёбад роҳи манзилҳо

Ало ё айю ҳа соқй
Магу паймона сар омад,ки токистон
Ҳануз ангурҳо дорад,кулолй куза месозад
Ва Чоми Чам ба ҳукми чархаи таърих
Ба гардиш ҳаст чун дилҳо

Фоли ман бигир

Биёву фоли ман бигир
Ба чашми каҳвайи, ту ҳоли ман бигир
Маро бубар ба нокучо, зи хеш берунам бикун
Биафканам ба деги асли худ нишони қилу қоли ман бигир
Биё, бигу ки ман чаро ба ин диёр омадам?
Суроғи посухи саволи ман бигир
Раҳи уболи ман бигир

Иштибох шуд?

Магар чи иштибоҳ шуд?
Нигоҳи ман даричаи гуноҳ шуд
Зи роҳи дида омади маликаи дилам шудй
Ки ин ғуломи по бараҳна шоҳ шуд
Ва ҳамнишини моҳ шуд

Кунун биё канори ман
Ки човидона гул кунад баҳори ман
Магу ки иштибоҳбуд қаробати нигоҳи мо
Ба як назорае шуди нигори ман
Калиди ифтихори ман

Ману ту ёру ҳамзабон
Ки ҳамдилй ба ишқи мо шуда тавон
Биё, ки Тусу Суғдро дубора мо қарин кунем
Ва човидон шавад фалоти Ориён
Ба зери боми осмон

Чора

Чу дидамат, нигоҳ
Ба ман намекунй, зи сина оҳ
Кашидаму зи сарнавишти шуму зишти худ
Ки бар муроди мо нашуд, паноҳ
Бичустам аз Илоҳ

Дар мазори Модар

Туро оғуш мегирам
Ва он чо меравам аз ҳуш мемирам
Дар ин дунё ба ғайр аз турбати поки Ту, эй Модар
Зи ҳар чизе, ки буду ҳаст дилгирам
Ва аз ин зиндагй серам

Нигар чун сахт мағмумам
Дар ин дунё зи худ ҳам бе ту маҳрумам
Падар рафту Ту рафтию сафо аз хонаи мо рафт
Ту гуйи дар чаҳон бар ғусса маҳкумам
Ачаб танҳову мазлумам

Ҳамеша дар сафар будам
Чудо аз суҳбати гарми Падар будам
Набудам, то бигирам пояи тобутат, эй Модар
Ки рузи марги Ту ман бехабар будам
Маро бахшо, ки кар будам

Расидам бар мазори Ту
Дуо хондам, нишастам дар канори Ту
Падарро дар мазористон гумонам зинда медидам
Ки меовард бар Аъзам баҳори Ту
Хушо бар рузгори Ту!

Бе бахона

Биё, тарона гу
Зи ишқу ошиқй фасона гу
Канори ман нишин ва бесадо ба қалби ман
Зи рамзу рози Каҳкашон, зи панду фанди ин замона гу
Биёву обшори му ба шонаҳои ман бирез
Ҳадиси гунчаву чавона гу
Ва бе баҳона гу

Дили ман

Дилам парвоз мехоҳад
Дар ин орзукада ҳамроз мехохад
Ҳама ёри забониянд,ҳарфи муфт мегуянд
Дили хушбоварам эъчоз мехоҳад:
Яке ҳамсоз мехоҳад

Хаёлам бирақсад

Ба ёдат хаёлам бирақсад
Даруни сина боғи висолам бирақсад
Дар ин фасли поиз ба ёди канори баҳоронаат
Ниҳоли умеди безаволам бирақсад
Ва шеьри зулолам бирақсад

Болида биё

Хандида биё
Эй нури дилу дида, биё
Оғуши маро зи ишқу мастй пур кун
Бар хилвати ман чу нури маҳ наҳифу ларзида, биё
Аз қолабу қоби қилу қол берун шав
Дар бехудй печида биё
Болида биё

Шаби кадр
Хастихо хай шудаанд
Хама раххои дуо тай шудаанд
Аз чудои дигарам харфу хичое набувад
Хамаги шефтаи най шудаанд
Масти он май шудаанд

Меъроч
Сапедаро салом
Маҳи зи раҳ расидаро салом
Умеди ҳай шудан, навиди растани башар
Тулуи рузи растахез ва субҳи навдамидаро салом
Зи нури ояҳо ба коиноти синаҳо
Азизи чону дидаро салом
Падидаро салом

Зулоли интизор

Канори рохи интизор
Умед баста бар нигоҳи интизор
Миёни ин замину осмон чу сояи сароб
Фитода бе садо ба чоҳи интизор
Кашида охи интизор

Касе садо намекунад
Варо зи чоҳи ғам раҳо намекунад
Дар ин кавири интизори пурсароби бе уфуқ
Барои чони у дуо намекунад
Ба у вафо намекунад

Биё, умед мерасад
Зи куйи ошно навид мерасад
Чароғи ишқи покро ба қалби хеш зинда дор
Ки пайки рафъати сапед мерасад
Чу нури шед мерасад

Шаробам бидех

Шаробам бидеҳ
Мачоли савобам бидеҳ
Шудам хаста аз худ биёву дигар
Дар ин рафту омад тавону шитобам бидеҳ
Биё соқй бехуд зи худ кун маро
Майи ноби нобам бидеҳ
Азобам бидеҳ

Дарахти пир

Дарахти пир

Ба зери осмон дилгир
Умед аз барфу боронхо надорад
Замона дар начоти у намуда бо чафо таъхир
Миёни шохахои зарду урёнаш дахшат нола мехонад
Бахору поизаш хамсон, такдираш бе таъбир
Надорад баргу бар чун мушти беангушт
Хама рафтанд мисли тир
Ба по занчир?

Бахори ту гузашт

Виқори ту гузашт,
Нигоҳам аз канори ту гузашт.
Ту шаҳсавори “Чип”-и ҳусн ва “Бенз“-и кибр,
Муҳаббати пиёдаам зи сояи ҳисори ту гузашт.
Ниҳода “линз”-и нописандй бар ду чашми маст,
Чй бе асар хумори ту гузашт,
Баҳори ту гузашт

Калби ман

Руд дарё мешавад
Гулшану гулгашт сахро мешавад
Абрхо беоб ташна, даргурез аз офтоб
Чашмаи беоб хамчун чашми чори куххо во мешавад.
Ин хама як гушае аз олами калби ман аст
К-ин чунин пойину боло мешавад,
Чамъу танхо мешавад

Гиряхо
Гиряхо ханда шуданд
Ашкхо ахтари рахшанда шуданд.
Чини пешонй уту шуд зи насими нигахат
Харчй ожанг ба рухсору чабин буд, хама ранда шуданд.
Оре, оре зи кадамхои Ту дар олами дил
Хама ормон зи нав зинда шуданд,
Махи тобанда шуданд.

Кош

Кош шабнам будаме
Бо лабони гунча хамдам будаме
Мегирифтам бусахо аз гунаи бобунахо
Руи боли шахпаракхо,руи барги нарми марям будаме.
Мепаридам дар рикоби абрхои нукрайи
Махви хусни чумла олам будаме,
Шоду бегам будаме

Чй шуд?

Сигор ба лаб гирифт,
Панох миёни боги шаб гирифт.
Рахо намуда халка – халка дуд ба осмон
Ту гуйи дар хисори дуд рахо бишуд ва сузу таб гирифт.
Магар гунохи у чй будаву чй шуд, инчунин
Зи довари замон адаб гирифт?
Дурй аз тараб гирифт?

Mаст мешавад
Майхона маст мешавад
Дар дасти у паймона маст мешавад
Чу мерасад ба хонаи дилҳои ошиқони ишқ
Девору бурчи хона маст мешавад
Кошона маст мешавад

Лаҳзае..

Чоми Чам лабрез шуд,
Рустами Дастон зи чо нимхез шуд,
Ибни Синo дар Бухоро набзи беморе гирифт
Нолаи най шуд баланд,чун ҳалқаҳо дар гушҳо овез шуд.
Ҳофизи Шерозу Саъдй масти ашъори Камол
Лаҳзае қалби замон Табриз шуд
Килки ман очиз шуд

Бо ман бимон

Бо ман бимон
Манро зи худ марон
Ин калбу рухи хастаро
Бо мехрубонй суи худ бихон.
Ман як гариби ошикам манро навоз
То зиндатар шавад фарханги кавми ориён.
Мо хамзабону хамдилем, як решаем,
Озодазодаем, инро бидон!
Огуши худ кушо, биё,
Сард аст ин чахон,
Манро марон

Мо ва ту

Марав,бишин,
Меравад замин
Ва мову ту ду рохием,
Миёни сохили шаку якин,
Чу омадан ба мо набуд, кй дидааст
Чй гуна шакл мегирад набарди куфру дин?
Агарчй омадан барои рафтан аст,
Чаро ману ту мешавем гамин?
Дубора меравем, ба хок
Мешавем ачин,
Хамин,хамин!

Ман ёри хароботам

Ман ёри хароботам,
Дилдодаву дилдори хароботам,
Дар махбаси озодй дар банду ба У банда
Дар банду чунин озод, як чокари аброри хароботам.
Ин гуша чахоне хаст,гох Тур, гахе Каъба, гох нор, гахе фирдавс
Ёху бизанад хар шай,ин чо хама махшур в-ойинаи Мансуранд бар дори хароботам.
Аз худ хама бигзаштанд, то ёр шаванд бо ёр, то гумшударо ёбанд,
В-он гумшуда пайдо буд,дар партави анвори хароботам.
Ин чо хама танхоанд, ин чо хама дар У чамъ,
Хайратзадаи кори хароботам,
Тимори хароботам.

Маро бибус!
Маро бибус!
Макун ибо, бибус!
Багал бикун чу кудакон,
Хамушу нарму бесадо бибус!
Зи кайдхо фирор кун,ба ман бирас,
Ба руи ин замин, зери ин само бибус!
Нишотро ба мулки синахо бирез,
Насими поки гамзудо, бибус!
Маро ба буса маст кун,
Макун хаё, бибус!
Биё, бибус!

Бигзор бигирям!(Дар суги дустам Муллоназр)

Ман зор бигирям,
Бо дидаи хунбор бигирям
Дар марги азизе, ки азизи хамагон буд
Гампора шавам, бо дилу бо синаи афгор бигирям.
Марги ту ки ойинаи подоши накуйи ба разилону хасон буд,
Бишкаст дили чумлаи ёрон, ки аз ин кор бигирям.
Бовар накунад марги туро ин дили пора
Бо чашму дили чор бигирям,
Бигзор бигирям!

Бояд фаромушат кунам?
Бояд фаромушат кунам
Фарёдро чун халка дар гушат кунам
Ёди туро берун кунам аз тору пуди хотирам
Дар олами матрукае чун муртаде бо гам хамогушат кунам.
Берун шавам аз банди Ту в-аз нав бисозам хешро, то дар чахони бешу кам
Бо он хама дорандагй,бечораву як хонабардушат кунам.
На,на! Мабодо инчунин,ман бе Ту хечам,хеч, хеч,
Мастона о, бо буса гулпушат кунам
Чун чоми май нушат кунам

Субх

Субх дамидааст
Ва рузи нав зи рах расидааст
Шамими ёди дилбаре чу атри ахтарон
Ба муя-муяхои олами сукути ман давидааст.
Дарахти бенавои пайкарам чавонахо зада, ба шоху барги он
Навиди сабз будани дигар зи богхо расидааст.
Бунафшазор гаштааст хазони марзи дил,
Маро гами наве харидааст,
Касе надидааст.

Шеърам зулол шуд

Шеърам зулол шуд
Ҳар сатру ҳарфу вожа бол шуд
Марзи замону фосила дар ҳам шикасту рафт
Ишқам ба мулки дил фаъол шуд
Ҳачрам висол шуд

Хоб

Ман хоб дидаам
Худро канори об дидаам
Марде фитода гушае бе ҳушу бе нафас
Дар гушaе як киштии шикастаро ғарқоб дидаам
Ин мард аз кучо в-ин киштии шикаста чист?
Як фоли ноби ноб дидаам
Арбоб дидаам

Ишки шумо

Дар ишқи шумо бандам
Дар бандаму озодаму хурсандам
Он лаҳза ки пойи дил дар зулфи шумо овехт
Аз он чй ҳавасҳо буд,бибридаму бо роҳатй дил кандам.
Акнун ки шудам маҳбус дар майкадаи чонон
Ман шокири алтофи Худовандам
Меболаму механдам

Бахор ояд хаме

Буйи баҳор ояд ҳаме
Аз боғҳо савти ҳазор ояд ҳаме
Дар ёлаҳо аз лолаҳо бишкуфта гулханҳои ишқ
Дар хилвати дашту даман ангезаи бусу канор ояд ҳаме.
Акнун табассум бе ибо гул карда дар боғи лабон
Ин туҳфаро чонҳо нисор ояд ҳаме
Дар сар хумор ояд ҳаме.

Барои наберахоям
Набераам
Ки ханда мекунад
Ба сеҳри хандаҳои пок
Маро ба хеш банда мекунад.
Ва қалби ман дубора гарм мешавад
Ба ин чаҳони сарду пуртазоди зиндагй
Ва шод мешавам, шукуфае ба боғи умри ман
Ба покии чавонаҳои моҳ во шуда
Ва рузҳои рафтаи ҳаёти ман
Ба қолаби хамин шукуфаҳо
Дубора эҳё шуда.
Ва мекунам дуо
Барои у.

Мехр ва мухр

Мехр
Дар калби мо
Чавона мезанад
Карордоди ишкро
Ману ту бо нигохи гарми худ
Таъйид кардa будаем
Ва бусахои мо
Дар ин санад
Мухр

Як шабе буд
Як шабе буд
Дар барам ширинлабе буд
Имтихону озмуни тобу табро
Кулбаи мо мактабе буд
…як шабе буд

Бачагй

Бачагй афсона буд
Чангбозй дар даруни хона буд
Додару хохар хама пахлуи хам, бе дарду гам
Модари гамхору мушфик субху шом дар гирди мо парвона буд
Дар камоли бениёзй, мо хама саргарми бозй дар хами лутфи падар
Чучахо будему шохи хар дарахти боги у чун лона буд
Муи моро чун насими богхо дар субху шом
Панчахои нарми модар шона буд
Олами чонона буд!

Дурй то чанд

Дурй то чанд
Эй Бухоро,эй Самарқанд?
Вақти он аст эй ду фарзанди ятим
Боз оеду шавед бо решахои хеш пайванд.
Гарчй теги чахлу гафлат, беадолат дуятон аз мо чудо кард,
Медихад ин дарси таърих бар тамоми наслхо панд
Об агар садпора, аммо бо хам аст
Окибат хукми Худованд
Бишканад банд!

Ман интизор
Абри бахор
Ба марзи синаам бибор
Бибор ки калби ташнаам ба ишки пок
Зи дасти чохилони дун дар ин кавир шуда фигор.
Чавонаи умеди ман фусурдааст
Ва хонаам тихй зи ёр
Ман интизор.

Омадам

Дубора омадам, салом
Ба қалби пора-пора омадам, салом
Ман омадам, ки хаста аз фироқу дуриҳо шудам
Ва дарк кардаам висолро туи, ту чора, омадам,салом.
Дигар миёни мову ту ҳар он чй фосила, мабод,
Шикаста бурчу бора омадам, салом
Шарора, омадам, салом

Марав
Аз хонаам марав
Аз олами афсонаам, марав
Ин гушаи биҳиштиро дузах макун, бишин
Эй ҳури ман, фариштаам,аз мичмари кошонаам марав
То атри ту печидааст бар руҳи манзилам
Ман даври ту парвонаам, марав
Чононаам, марав!

Бе ту

Биҳишт
Урду зада
Бо лола дар ёла
Лаби чу сабза рақсон аст
Насиму атр мепечанд бо ҳам
Ба саҳро абр мегиряд
Ва ман бо ёди ту
Урду задам
Бе ту

Зулолро дуруд

Зулолро дуруд
Ба аҳли дил, камолро дуруд
Чаҳони шоирй сафои дигаре гиирфт
Ба руҳи шеъри порсй, нумуи болро дуруд
Кунун уручи тоза мекунад ба Каҳкашон фасоҳати каломи мо
Қасида, маснавй, ғазал…бигу, ки аҳли ҳолро дуруд
Ва нойи Мавлавй навои дигаре гирифт
Ки Шамси безаволро дуруд
Зулолро дуруд

Зулоли вахдат

Эй ҳамзабон дуруд,
Форсизабони човидон, дуруд
Мо баргу бору ҳосили як нахли воҳидем
Бар оли поки мо, бар точики эрониву афғон дуруд.
Аз Балх то Хучанд,аз Исфаҳону аз Ҳирот то Тусу Рай, Фархору Ашт,
Бар хостгоҳи фозилон, бар дудмони ошиқон дуруд.
Дигар миёни қалбҳо на марзу монеа
Эҳё шавад ин хонадон,дуруд
Эй ориён дуруд!

Тараб

Чу шаб фаро расид
Қаробати ду лаб фаро расид
Ситораҳову Каҳкашон назорагар шуданд
Ки дар замини бeкарон шаҳомате ачаб фаро расид
Фироқу дурй аз миёна пар кашиду рафт
Ва базми тобу таб фаро расид
Тараб фаро расид

Магу

Аз ишқи ман магу
Аз иштиёқи ман сухан магу
Ҳаргиз магу, ки ман туро ёр гаштаам
Ҳатто ба булбулону сарву лолаи боғу чаман магу
Ин чо каломи ишқ даҳшат кунад ба по
Аз омили даҳшатфикан магу
Эй гулбадан, магу

Биё

Зи ман марам, биё
Раҳо зи ғам, биё
Баҳор омада, ту ҳам биё
Биё канори чашмаҳо канори ҳам шинем
Ба бустон, ба ин ҳарам биё
Зи ман марав, биё

Барои як дуст

Дар ҳавоят гиря кардам
Аз ту бишнидам шикоят, гиря кардам
Гуфтй, муҳточи дуои, то раҳй аз мушкилот
Ру ба осмонҳо намуда, хонда аз чон дуоят, гиря кардам
Зиндагй афсона ҳасту ҳам гахе руъёву хоб
Чун бигуфтй ин ривоят, гиря кардам
Аз бароят гиря кардам

Базм

Чу шаб фаро расид
Қаробати ду лаб фаро расид
Ситораҳо ва Каҳкашон назорагар шуданд
Ки дар замини бекарон шаҳомате ачаб фаро расид
Фироқу дурй аз миёна пар кашиду рафт
Ва базми тобу таб фаро расид
Тараб фаро расид

Хонақоҳ

Пире ба хонакох
Дар ру ба руи хилваташ Илоҳ
Аз худ чудо буду гуи ба Ҳақ расида буд
То аз вучуди худ ё аз вучуди ин замин шуяд гунох
Хайфо ки пири мо аз хонакохи чисми худ
Чое нарафту сар расид рох
Дар мавчи иштибох

Буса

Буса
Шукуфта буд
Дар боғи лабонат
На аз лабон ки аз нигох
Нигохи гарми ман.Ва калби ман
Чу мохие ба бозй буд
Ба хавзи чашми ту
Ва хосилаш
Фироқ

Шом

Шоми ҳичобй буд
Чашмони моҳи шабрав обй буд
Афсонаи муҳаббати оғози ишқи мо
Фарчоми як шаби бехобй буд
Қасри ҳубобй буд

Шайтон

Шайтон
Расида буд
То шайтанат кунад
Манро зи роҳи мустақим
Осон ба доми ғафлат афканд.
Ё Раб, биҳй настаъин
То бори чандумин
Иблис шавад
Рачим

Зулоли хоб

Хоби ман аз сар парид
Парру боли хоби манро кас надид
Чун шудам бо ёди у бехуд зи худ дар калби шаб
Гуши ман афсонаи руъё шинид
Рузи нав аз рах расид.

Бахор мерасад

Бахори лолазор мерасад
Бахор мерасад
Бахори лолазор мерасад
Вале зи бими лашкари мучаххази хазон
Гумонам ин бахори мулки ошикон бо губор мерасад
Дигар насими тоза аз чаман намевазад
Ва нолаи фирор мерасад
Шикор мерасад

Эй ошиқон
Дар баҳорон чома аз тан барканед,
Танбараҳна чониби саҳро равед.
МАВЛАВИ
Эй ошиқон,эй ошиқон, Наврузи олам омада,
Айёми ишқу ошиқй бар хитаи Чам омада
Хезед бар саҳро равед, пироҳан аз тан барканед
Шодй кунед, шодй кунед, поёни ҳар ғам омада
Дар ҳастии худ гум шавед, дар Каҳкашон анчум шавед
Шуре ба по созед ҳаме, дарё ба шабнам омада
Чоми сабуҳй оваред, то ақл оқилтар шавад
К-ин муҳтасиб аз доварй нолону мулзам омада
Андар рикоби ин баҳор як ишқи поку беғаше
Бо накҳати бобунаҳо бар қалби Аъзам омада
Нашиносанд


Ин тоифа эҳсоси дили мо нашиносанд
Бе дард маризанд, мудово нашиносанд
Бехуд шудаанд аз худу бегонапарастанд
Дар хонаи худ модару бобо нашиносанд
Мурдобнишин гаштаву дармондаву зоранд
Амвочи хурушандаи дарё нашиносанд
Аз шарқй буриданду ба ғарбй нарасиданд
Раҳгумзадаанд, дидаи бино нашиносанд
Дар шаҳр зи ҳамшаҳр ба ҳар су бигурезанд
Дар бодияҳо пахнаи саҳро нашиносанд
Худ чорагари дарди чаҳон будаву имруз
Дар чораи худ ҳикмати Сино нашиносанд

*******


“Омаданам рафтан аст, рафтани ман омадан”
Зиндагиам чист,чист?Дору гири мову ман
Ин “ман”и ман “мо” нашуд ,аз худи танҳо нашуд
Чашми дилаш во нашуд, дар қафаси ин бадан
Кушиши баҳри бақо – фалсафаи буданам
Бардагие беш нест ин ҳама бардору зан
Ман ба ҳазорон умед бар дари дуст омадам
Ваҳ, нашинохт у маро,гуфт: бирав аз Ватан
Рафт ба бод орзу, ишқи дилам хок шуд
Пйкари ман нест чуз як часаде дар кафан
Ошиқиро гур кун дар дили худ, эй рафиқ
Ошиқй ин чо мачу чуз ба калому сухан
Тоқати дил ток шуд з-ин ҳама бегонагй
Сидқ бибояд ки чуст берун аз ин анчуман

Мисра аз Фарзона
******

Дигар ҳеч


Маро ту сарзаниш макун,
Ки сарнавишт сарзаниш намешавад.
Чаро ки сарнавишт дар сиришт ҳак шуда,
Барои ҳастй дар сиришт
Маҳак шуда
Ба шеърҳо ишораам макун,
Зи дурҳо назораам макун.
Дигар маро марон,
Маро бихон,
Ба морҳои бозуят ба беди пайкарам бипеч,
Дигар ҳеч,
Дигар ҳеч,
Дигар ҳеч!
*****
Омадам ба ин гулшан булбулон ҳама рафта
Ёсу лола пажмурда боғбон ҳама рафта
Дар дарахти фарвардин нолаи хазон хуфта
Мурғакони хушилҳон бо фиғон ҳама рафта
Руду чашма хушкида обҳо ҳама бетоб
Аз канори ин дарё ташнагон ҳама рафта
Руҳи поки мардонаш дар хами пушаймони
Фарру файзи ачдоди ноаён ҳама рафта

*****

Бо хештанам, аммо аз хеш гурезонам,
Ман гумшудаам дар худ, пайдояму пинҳонам
Роҳе, ки сипардам ман, чоҳе ба карон будаш
Афтода ба чоҳам ман, гумкардаи Канъонам.
Дар мулки каён чустам худро, нашудам пайдо
Дар чамъи зи худ ғофил чун бод парешонам
Ин чо ҳама аҳли “қол”, аз “ҳол” ҳама дуранд
Афтода ба як кунче дилсарду пушаймонам
Саркуб шуд ишқи дил бо панчаи дилкурон
Ман гушаи матрукам, як хитаи вайронам
Рустам, ту кучо хобй, он фарри каёнй ку?
Дар мулки Самангон бин, ман бардаи туронам

********

Шеър шоир мешавад

Шеър шоир мешавад
Вақте ту бо сеҳри сухан
Байтҳои ноб иншо мекунй.
Шеър шоир мешавад
Вақте ту бо начвои гул
Розҳои сина ифшо мекунй.
Шеър шоир мешавад
Вақте ки ту
Медиҳй бар вожаҳо умри абад
Ҳарфҳоро солики дунёи мантиқ мекунй
Менавозй пайкари эҳсосҳо
Ишқро бар ошиқон шайдову ошиқ мекунй.

Шеър шоир мешавад
Вақте ки ту
Шона бар зулфи парешон мезанй
Сурма бар абруву чашмон мезанй
Шеър мегардй саропо дар назар
Оташ андар олами чон мезанй.

Шеър шоир мешавад

Гули Марям


Ай хонуми даймоҳй, моро ту баҳор астй,
Ай лутфи шаҳаншоҳй, шахдиву хумор астй.
Ту туркиву ман точик, ту хушгилу ман ошиқ,
Туркона кушй моро, баҳ-баҳ чи нигор астй.
Мо дар раҳи ту фардем, н-аз руи ҳавасбозй,
Донам,ки немедонй, донй, ки на ёр астй.
Мо сайди туем бингар, завлона ба по дорем,
Дар доми туем, аз чи дар қасди шикор астй.
Гоҳе гузарй аз мо нодидаву бепарво,
Пайваста шитобони, ту тундсавор астй.
Ҳар дидани ту моро бар хеш намоёнад
Оййина мо ҳасти, бе гарду ғубор астй.
Теҳрону Душанберо пайванд диҳем бо ҳам
Ту ҳалқаи васли мо,на ҳалқаи дор астй.

Кош

Барфи нахустин омаду рафт
Аммо
Кай расад барфи охир
Ту медонй?

Ҳануз пушти тирезаи баста
Ки ях бар захомати шишаҳо афзудааст
Китоби сарди рузҳоро мехонй.
Пушти тиреза
Дарахтон ҳамчунон бо дастони урён
Ба роҳи чучаҳо дар сояи сукут хуфтаанд
Ва интизор дар соқаҳояшон чавона задааст.
Ин зимистон таманнои гармй
Дар шохаҳои дарахтон ях зад
Ва насими руйидан туфон шуд

Ин зимистон табассум дар лабони духтарон сармо хурд
Ва эҳсос дар коби чашмҳо тагарг шуд
Ва шушаҳои яхй дар чангалҳо барг шуд

Кош ин барфи охирин бошад
То сабри гандида
Дар пайванди нур ва гармй об шавад
Ва дар шохаҳои хушкида
Гушвора хандаи офтоб шавад.

Торнигорхои Аъзам Хучаста 

Он суи руйдод 

Чашмаи зулол 

Газалхои Хучаста 

Аз Точикистон бишнавед 

 ЗУЛОЛХОИ ТОЧИКЙ

Чашмандоз 

Соярушан 

Advertisements

May 31, 2009 - Posted by | Culture, Адиб, Аъзами Хучаста, Ишк, Кахрамоннома, Мавлоно, Муаррифинома, Пажухиш, Садои Хуросон, Соярушан, Тоҷикистон, Худгифи Соя, Шеър, Шеъру тарона, Эрон, Identity, Mastchoh, Mentor, Poetry, Tajiks

7 Comments »

  1. Azam Khujasta na in ki shoijri boobrujyu nomdori Mastchoh, balki ruznomanigori varzidai in diyor mahsub meyobad.U solhost, ki dar vodii kalau she’r kadam mezanad.Baroyajshon kalami shamshersurat va saodati hayot mekhoham.
    Ba Firdavs tashakkur meguyam, ki chunin somona tashkil namudaast.
    Bo sipos
    Shuhrat

    Comment by Shuhrat | June 5, 2009 | Reply

    • Shuhrati giromi!
      Az lutfu iltifotaton siposguzoram baroi chunin bahoguzorivu kadrdoniyaton.Bo umedi hamkorihoi minba’d1
      firdavs

      Comment by Firdavsi Azam | June 6, 2009 | Reply

  2. Kadr va arsish kardani buzurgoni diyor az nakutarin korhost va ba vija nashru tablig namudani osori garonbahoi eshon inchunin az behin korhoest, ki yak tan az fardi ogohdil ya’ne Shumo Firdavsi A’zam in ikdomro pesh giriftaed.
    baroyaton dar in masiri karordoshta tavfiku baror mekhoham.
    SAalomat boshed.

    Comment by Bobojon | June 13, 2009 | Reply

    • Бародари гироми Бобочон!
      Ин албатта лутфу мехрубонии шумост,ки бандаро чунин васф намудаед.Албатта муаррифи кардану ба мардум расонидани осору навиштахои бузургон худ як ибодат аст.
      Зинда бошед.

      Comment by Firdavsi Azam | June 13, 2009 | Reply

  3. Салом Акои мехрубон. Абёти рухнавози Шуморо бори дигар хондам. Дар хакикат шеъру маъниофари халолатон бод.Шеъри Шумо дар зимистон одамро ба бахор мебарад. Гармии шеър сардихои фасли сарморо бехуда мекунад.Ин шеър,ин тароват аст…..

    Comment by bahtier | January 18, 2010 | Reply

  4. Dodari aziz Bakhtiyor man dar jodai she’r shogirdi padari buzurgvori shumo hastam.
    Azam Khujasta

    Comment by Firdavsi Azam | January 21, 2010 | Reply

  5. Ба худованд шукр, ки хамин интернет хасту мо аз навиштахои рангоранги дустони худ огах мешавем. Ин бор низ аз лаззати шеьри боз як дусти дигарам бахра бурдам ва худоро шукр мегуям. Тавфики бештар дар ин чода бароятон мехохам.

    Comment by Мирасрор | February 4, 2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google+ photo

You are commenting using your Google+ account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: