Фирдавси Аъзам

Адабу фарҳанги Мастчоҳ

Санъат

Инчо дусти азизи мо Абдукодири Абдукаххор бо як нафар узви гурухи навбунёди эстрадаи точик бо номи Фаридуни Нурулло, ки сарварии хамин гурухро бар душ дорад сухбате ороста аст, ки манзури хонандагони арчманди ин торнигор мегардонем.Фаридун зодаву парвардаи Мастчох аст ва имруз дар миёни эстрадаи точик алкай аз мавкеи намоёне бархурдор мебошад.

Тулуъи гурухи “Хуршед”
дар осмони эстрадаи Сугд

Мусохиба бо Фаридун Нуруллоев яке аз хофизони гурухи овозаманду чавони “Хуршед”, ки ахиран дар миёни эстрадаву дигар гуруххои хунари дар Сугд аз махбубияти хосе бархурдор будааст

-Таъсису номгузории гурухи “Хуршед ” идеяи ки буд ва рочеъ ба таърихи бунёди гурухатон каме харф мезададед?

– Таърихи созмон ёфтани гурухамону номгузории он хело ачоиб аст. Ман соли 2007 аз мухочирати мехнати аз Русия тоза баргашта будам, ки Хисрав Алиев, яке аз хонандахои хуби гурухамон бо ман даъвати якчоя суруд хондаро кард. Ман ба ин пешниходи у рози шудам ва яке аз хофизони дигари гурухамон Хисрав Амонrулов, ки бо мо rаблан риштаи дусти дошт, низ бо мо пайваст. Мо rаблан низ бо хам соли 2003 якчоя суруд хонда будем. Пас аз ин тасмим гирифтем, ки бо хам як албоми охангу сурудхои худро барорем, аммо бо кадом ному гурух барои мардум муаррифи кардани мо норушан буд. Мо rаблан барои гурухамон номхои зиёдеро чун Мехр, Мижгон, Зарафшон, Нозанин интихоб карда будем, вале хеч яке аз ин номхо писандамон наомад. Бо пешниходи дусти азизам Хисрав Амонrулов гурухамонро бо эхтироми бародарашон, ки Хуршед ном доранд, “Хуршед” номгузори кардем, ки хануз хам бо ин ном фаъолияти хунари дорем. Пас якчанд суруди худро аз rабили “Чоно, ту кай меои?” ва “Нозанин”-ро барои пахш ба радиои “Тироз” додем. Хушбахтона, мардум моро хело хуш rабул карданд ва хамин дастгирии мухлисон буд, ки моро барои эчоди сурудхои тозаву нав водор сохт ва то хол пайваста эчод карда истодаем.

Гурухи шумо чанд сол боз дар сахнаи хунар фаъолият мебарад ва дар интихоби матни сурудхоятон бо кадоме аз шуаро хамкори доред?

– Аз мохи январи соли 2008 гурухи мо дар сахнаи эстрада фаъолияти хунари дорад. Албатта, ин фурсати кам аст барои фаъолияту муаррифи, аммо шукри Худованд, ки мардум дар ин муддати кутох моро шинохтанд ва мо пайваста кушиш мекунем, ки бештар сурудхои хубу дилнишине барои мардум пешкаш намоем. Дар мавриди хамкори бо шоирон бояд гуфт, ки мо бештар аз шеърхои шодравон Лоиr Шерали истифода мекунем. Чаро ки устод Лоиr дар ашъораш дар мавзуи ишr хело шеърхои дилнишину зебое гуфтааст, ки бештар ин шеърхои ошиrона барои мо, ки хануз чавон хастем, писанду дархури завrамон аст. Ва як нуктаи дигарро бояд rайд кард, ки шеърхои устод Лоиr воrеан шоирона ва хело сода гуфта шудаанд, ки дарки онхо барои омма мушкиле нест. Баъдан бо шоирони хубе чун Олимхон Исмати ва Лоиrи Эхсонзод хамкории хубе дорем ва дар минбаъда низ хохем дошт. Аммо баъзе аз матни сурудхои мо моли худи мост, яъне мо худ кам-кам шеър хам эчод мекунем, харгиз бо ин харфхоямон даъвои шоири надорем.

-Тавре маълум аст, гурухи “Хуршед” як чанд суруд бо забони хинди мехонад ва оё дар минбаъда низ хондани сурудхои дигари хиндиро дар наrша доред?

-Бале, воrеан бо забони хиндиву лахни афгони суруд хондан хело барои мо писанд аст. Яъне, мо хамеша кушиш мекунем, ки дар хар албоми сурудхоямон сурудхои хинди бошад. Кишвари {индустон, ки мамлакати афсонавист, тавониста дар чахон бо мусиrиву хунари воло худро муаррифи кунад. Бубинед, шодравон Кароматтуллохи Rурбон хело бо забони хинди сурудхониро дуст медошт ва хатто яке аз бехтарин хунармандони замони мозии {индустон Мухаммадрофеъро барои худ устод хонда буд, ки ин нишон медихад ки санъату мусиrии мардуму кишвари {индустон хело ва хело бузург аст. Ва гурухи мо минбаъд низ сабти клипхои нави хиндиро ба наrша гирифтааст.

Дар мавриди репхонии баъзе аз хофизони навпайдои точик чи назар доред?

-Бисёре аз гуруххову хофизоне пайдо шудаанд, ки имруз, мутаассифона, бо матнхои харобу бемаъни ва дур аз фарханги мардуми точик ба репхони шугл доранд. Барои насли чавон хуб аст, ки ин жанр бошад ва дар ин жанр фаъолият кунанд, вале набояд матну оханги харобе дошта бошанд, ки чавононро ба корхои зишту роххои бад хидоят кунад. {амrадами замон будан хуб аст, лекин фаромуш набояд кард, ки мо аз таборони Борбади Марвази хастем ва набояд аз мусиrиву хунари ачдодии хеш фаромуш кунем.

То хануз чанд барномаи консертии худро доир кардаед ва консерти аввалини шумо кай баргузор шуда буд?

-Аввалин консерти гурухи мо 1-уми июли соли 2008 дар шахри Панчакент доир гардида буд, ки мардуми ин диёри бостони хело моро хуш rабул карда буданд. Баъдан барномаи дигари консертии мо 20 августи соли 2008 дар шахри Чкаловск бо пазириши хубе аз чониби хаводоронамон гузашта буд. Пас аз он бо тавлиди чанд суруди тоза мо консерти дигари худро 24 декабри соли гузашта дар Маркази чавонони шахри Хучанд доир карда будем, ки аз чониби мардум хело хуш пазируфта шуд. Ва консерти чахоруми мо дар таърихи 16 майи соли равон дар шахри Чкаловск садо дода буд, ки аз чониби мардум истиrболи гарм ёфт. Иншооллох, ба ин зудихо гурухи мо тасмим дорад, ки албоми нави худро барои мухлисон пешкаш намояд ва консерти нави мо низ дар ояндаи наздик баргузор хохад шуд.

-Сарчашмаи харочоти сабти суруду клипхои шумо аз кучост ва мушкили аслие, ки дар аксар маврид монеъи кору фаъолияти шумо мегардад, кадом аст?

-Аслан мо то хануз ягон сарпарасти молиявие надорем ва харочоти молиявии гурухамонро мо худамон пардохт мекунем. Мушкили аслие, ки имруз дар аксар маврид монеи мо мешавад, ин аст. Бояд гуфт, ки барои хубтар муаррифи шудани хар гуруху хофиз сарпараст хело хам наrши мухим дорад. Барои сабти хар суруду клип хело маблаги зиёд сарф мешавад ва барои хамин гуфтан зарур аст, ки сифтаи клипхо низ бастаги ба вазъи молияви дорад. Баъдан ба Зайнинидин Каримов продюссери хушсалиrа изхори сипос мекунам, ки моро хамеша дастгири мекунанд ва дар оянда низ умед хаст, ки кумаки худро барои гурухи мо дарег нахоханд дошт.

-Чанд хафта rабл бо як хонуми русзабон дар назди Маркази чавонон як дует хондед. У киву чикора аст ва риштаи пайвастани шумо бо ин хонум аз кучо маншаъ мегирад?

-Бале, воrеан дуруст гуфтед. Он хонум аз Русия буда, исмаш Кристина аст ва хампешаву яке аз сомеи хамешагии сурудхои мо мебошад. У хамаги чанд руз аст, ки ба Хучанд омада буд ва билохира, моро чустучу карда дар донишгох пайдо кард ва хохиш кард, ки ман бо у суруд хонам. Ва чун шумо медонед, бо он хонум дар назди Маркази чавонон бо хам суруд хондем, ки хело мардум аз ин дует истиrболи хубе карданд. Кристина холо мухассили консерваторияи шахри Маскав мебошад ва rавл дод, ки гурухи моро ба Маскав хохад бурд.

-Бо умеди хунарнамоии шумо дар Маскав ва ташаккуру сипос барои сухбати самими.

-Саломат бошед!

Advertisements

No comments yet.

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: