Фирдавси Аъзам

Адабу фарҳанги Мастчоҳ

Варзиш

Дуои ҳочи – чемпиони чаҳон

Аз 2 то 30 октябри соли чори дар Тошканд (Узбекистон) мусобикоти 8-уми чаҳон оид ба гуштингирии камарбанди барпо шуд. Дар ин ракобат дастаи миллии Точикистон низ иштирок дошт.  ҳочи Максуд Ашуров, гуштингир, футболбоз, мурабби, дастпарвари МТМ № 2, ноҳияи Мастчоҳ яке аз uолибони ин мусобика гардид. Мо суҳбате доштем бо ин паҳлавони точик.

Муаррифинома

ҳочи Максуд Ашуров 4-уми октябри соли 1971 дар деҳаи Роuи ноҳияи Мастчоҳ таваллуд шудааст. Маълумоташ оли: факултаи карз ва молияи ДДХ, uолиби мутлаки мусобикаи идонаи гуштини Мастчоҳ, чемпиони чаҳон оид ба гуштини камарбанди (соли 2009). Солҳои 2001-2002 дар ҳайати дастаҳи футболи «Олими Каримзод» ва «Зарафшон-Бобочон» ду маротиба чемпиони вилояти Суuд.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд, чонишини аввали раиси федератсияи футболи ноҳияи Мастчоҳ, муассис ва сармураббии дастаи Мастчоҳ «Бустон».

-Шуморо дар пойтахти кишвари ҳамчавор чи тавр истикбол карданд?

-Хеле хуб. Худи раиси федератсияи гуштини камарбандии Узбекистон Рустам Исҳоков кабул кард ва бароямон шароити хуб муҳайё сохт. Дар меҳмонхонаи Плазма чой доданд, ки нархи як шабонарузаш 65 $ мебошад. Баъди як шабонаруз аз дигар меҳмонхона чой гирифтем.

-Лутфан, оид ба набардҳоятон чанд ҳарфе мегуфтед?

-Кобили кайд аст, ки дар набарди калиди бо паҳлавони армани Арутин Fарибиён хеле заҳмат кашидам, хеле бакувват будааст.

Ба ҳамаи  ин нигоҳ накарда, аз усули махсуси худ истифода бурдам ва то анчом 3 сония монда буд, ки Fарибиёнро чаппагардон кардам. Дар зурозмоии ниҳои ракиби ман паҳлавони узбек Каҳрамон Турсунбеков Андичони буд. Пеш аз набард коршиносон уро хеле васфу муҳобот мекарданд. Банда омодагии ҳаматарафа дида, бо истифода аз усули махсусам дар ду дакика неву дар як дакикаву 30 сония варо ба пушт хобонидам.

-Иртиботи Шумо бо варзиш, ки як рукни чавонмарди ба ҳисоб меравад, меросист?

-Аз овони кудаки ва мактабхони ба риштаҳои гуштин, футбол волейбол ва муштзани раuбати беандоза доштам. Падари бузургворам Гулмаҳмад Ашуров омузгори собикадор, паҳлавони забардасте ҳастанд дар гуштин. Он кас аз хурдиам ба ман тарзу усули гуштиро меомузонданд. Вокеан, дар гушти устоду пири камина падарам ҳастанд. Ногуфта намонад, ки бобоям ҳам, ки худораҳматиро «Паҳлавони Роuи» мегуфтанд, дар каламрави Зарафшону Истаравшону Рашт дар гушти ва човандози ҳамто надоштанд. Дар бораи бобои паҳлавонам ҳафтавори шоири шодравон Кувватбек Давлат «Гулбонг» маводи чолиб нашр карда буд.

-Мегуянд, ки ҳочи Максуд баъди чемпиони чаҳон шудан таги пул мондааст, яъне пас аз пирузи ба шумо чи мукофот доданд?

– (Механдад). Соҳиби медали тилло шудам, бароям унвон бас буд, боз 300 доллар туҳфа карданд, вале муҳимтар аз ҳама ба шарафи пирузии банда дар Тошканд парчами Точикистони азизам парафшон гашт ва Суруди милли навохта шуд.

-Харочоти рафтуомад аз кисаи ки буд?

-Лозим ба ёдоварист, ки ба сабкат рафтанамон аз ҳисоби федератсияи гуштии камарбанди (раисаш Анвар Косимов) буд.

-Омадан аз ҳисоби ки?

-Аз ҳисоби худамон.

-Боз киҳо ба шумо кумак расонданд?

– Вакте ки озими Тошканд будем, мухлисон – афроди саховатпешаи мастчоҳи Баҳодур Фатҳуллоев, Мирзобек Охунов, ҳусейн Рузиев, ҳочиакбар Назаров, Урмон Тошев ва Турсунбек ҳомидзода ба мо кумак намуданд. Боиси хурсандист, ки паҳлавони умедбахш Мирзосаид Ёров дорандаи медали нукраи Осиё ва биринчи дар чаҳон, чемпиони мутлаки Точикистон (камарбанди) ва Муҳаммадчон Миров чемпиони ЧТ дар вазни 90кг ба сабкати Чоми президенти Тотористон рафтанд. Фардони ҳотампешиаи мазкур ба эшон низ кумаки хешро расонданд.

– Тошканд аз нигоҳи Шумо?

– Вокеан, Тошканд чун айёми шуравист аз нигоҳи сиёси, яъне

мардумсолори ва демократи нест. Асное, ки он чо будам, бо чашми худам дидам,ки маводи танкидии расонаҳои хабарии чаҳон оид ба Узбекистон ба ҳакикат наздик мебошанд. Нафароне, ки бо онҳо суҳбат доштам, ба мо хеле меҳрубон буданд, некхоҳие доштанд. Мардумаш кишвари моро хеле ситоиш мекарданд. Аз ин лиҳоз, ки ҳукуки башар дар Точикистон поймол намешавад, ошкорбаёнии васеъ аст, барои ривочи соҳибкори ҳама дарҳо кушодааст. Сиёсати хирадмандонаи дарҳои кушоди сарвари давлат Эмомали Раҳмон ва икдомҳои хучастаи эшонро дастгириву ситоиш мекарданд. Вокеан, онҳо афзуданд, ки ояндаи шумо, мардуми шумо дурахшон аст, зеро аллакай аз бунбасти комуникатсиони раҳо ёфтед. Проблемаи умдаатон- ин рахо ёфтан аз бунбасти энергетики ҳаст, ки итмимон дорем, дар ин чабҳа низ пируз хоҳед шуд.

-ҳочи Максуд, оё Шумо саҳмияҳои Роuунро харидори мекунед?

-Бале , бо кадри имкон. Агар чор сол пеш саҳмияҳо ба фуруш бароварда мешуданд, як-ду чархаи Роuун имруз гардон мебуд. Бовар дорам онҳоро ҳама харидори мекунанд ва дар навбати аввал – варзишгарон.

-Гуштигири писандидаатон кист?

– Бидуни шубҳа – Расул Бокиев, дорандаи медали биринчии олимпиадаи Пекин, каҳрамони имрузаи Русия.

-Дуои ҳочи чемпион?

– Аз оне, ки чонро офаридаасту бароямон ҳам раҳмон асту ҳам раҳим, таманно дорам,ки барои ҳама хушбахти ва солимиро ато фармояд! Омин!

ҳамсинфони каҳрамони чаҳон ҳочи Максуд Ашуров –  Бокимаҳмад Раҳматов, Бобои Охун Бобозода, Шерхон Шарифов, Урмон Тошев, Абдулазиз Абдураҳимов, Мир Одинаев, Тоҳир Соҳатшоев ва дигарон уро бо комёбии беназираш табрик мегуянд ва барояш танисиҳату хотири чамъ ва дастовардҳои тозаи варзиширо таманно доранд.

Пахлавонони Сугд бо медалхо баргаштанд

Аз 22 то 30 октябр дар шахри Тошканд 4-умин фестивали чахонии сабз оиди кeштии анъанави барпо гардид. Дар доираи он аввал мусобикоти 8-умини чахон оид ба гeштини камарбанди баргузор гашт. Мураббии дастаи мунтахаби Чумхурии Точикистон Набичон Дадобоев иброз дошт, ки хайати дастаи мо зиёда аз 35 пахлавон мураттаб гардида буд, ки кабл аз сабкати чахони ва осиёи бо ибтикори раиси Федератсияи гeштии камарбандии ЧТ Анвар Косимов дар шахри Истаравшан мархалаи омодагии хаматарафаро гузаронданд.
-Вокеан, дар ракобати чахонии собикадорони аз 36-сола боло Сафаркул Тошмуродов дар вазни 95, Бобо Тошмуродов дар вазни 75 кг ба макоми аввал даст ёфтанд. хочи Максуд Ашeров дар байни пахлавонони аз 36-сола то 45-сола дар вазни 95 кг сохиби медали тиллои сабкати чахони шуд,-гуфт Набичон Дадобоев.-Толиб хасанов-95 кг, Эрназар Fоибназаров-95 кг, Шукур Ёриев-85 кг сохиби медали нукра гардиданд. Пахлавонон хусейн Орифов 100 кг, Баходур Курбонов бо медалхои биринчи кадрдони карда шуданд.
Дар байни чавонони аз 18-сола то 35-сола: Сeхроб Ёриев-60 кг, Азизбек Каробеков сохиби медали биринчи гардиданд. Дар мусобиготи якуми чахон оид ба камарбанди (тарзи классики) хусниддин Тошмуродов дар вазни 81 кг, Йeлчи Тошмуродов дар вазни 90 кг сохиби макоми дуюм гардиданд. Мирзосалим Ёров дар вазни 100 кг сохиби медали биринчи шуд.
Хотиррасон менамоям, ки пахлавонони мо хамзамон дар доираи ракобати мусобикоти Осиё оид ба хамин навъи гeшти ширкат варзиданд. Дар ракобатхо аз рeи усули озод пахлавонон Сeхроб Ёриев, Ризомат Курбонов 81 кг, Хусрав Очилов 81 кг, Йeлчи Тошмуродов 90 кг, С. Эрназаров 100 кг сохиби макоми сеюм ва бо медалхои биринчи сазовор кардиданд. Пахлавони чавони умедбахш Мирзосалим Ёров дар вазни зиёда аз 100 кг баромад кард ва сохиби медали нукра шуд.
Вокеан, аз рeи тарзи классики бошад, Ризомат Курбонов 73 кг чойи дуюмро ишгол кард. Шавкат Зарифов 100 кг, С. Эрназаров 100 кг, Абдуали Сатторов 66 кг, х. Тошмуродов 81 кг ва Фуркат Каландаров 90 кг сохиби макоми сеюм гардиданд.
Дар байни духтарон Фарогатхон Абдуллоева 62 кг, Зeхро Турсунова 58 кг, Дилбар Султонова 66 кг, Насиба Алимова 62 кг, Мадина Шамсиева сохиби медалхои биринчи шуданд.
Дар охир хаминро куфтани хастам, ки чавонтарин пахлавони чемпионати Осиё Умедбек Тошмуродов (соли 1993) вазнаш 83 кг кахрамони сабкат гардид.
-Рузи баргашт дар посгохи сархадии нохияи Мастчох намояндагони МИХД нохия, мухлисон моро бо тамоми вижагиаш пешвоз гирифтанд. хайати даста асосан аз пахлавонони шахри Истаравшан мураттаб гардида буд, -гуфт дар хотима Наби Додобоев.-Ба истиснои хочи Максуд Ашуров, Мирзосалим Ёров аз нохияи Мастчох, Фуркат Каландаров аз нохияи Чаббор Расулов ва Толиб хасанов аз нохияи Бобочон Fафуров. Аз чи сабаб бошад перомуни ин мусобикоти чахони кам иттилоъ аст. Садо ва симои узбек ва точик хомуш аст ба истиснои ТВ «Мастчох» ва радиои ЧТ. хол он ки аз мусобикоти чихати махалли, шахри, нохияви дошта гаштаю баргашта иттилоъ медоданд, -гуфт дар фарчом Набичон Дадобоев.
Тахияи Мирзои ДИЛДОРИЁН.
Махсус барои сомонаи Фирдавси Аъзам

Advertisements

2 Comments »

  1. ман як Эроне хастам ки дар донишгохи давлатии тичорат дарс мехонам ва кишвари шуморо дуст дорам. агар шуморае телефонро бидахи дар сафари баъд бо шумо ошно мешавамю

    Comment by хикмат | January 6, 2010 | Reply

  2. Tashakkuri ziyod dusti azizi hamjavori mo Hikmat!, Dar gushae tamosi in somona shumo imkon dored ki tavassuti email bo mo dar irtibot boshed.

    Comment by Firdavsi Azam | January 8, 2010 | Reply


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s

%d bloggers like this: