Саттор Хусейн

Инчо мехохам аз хаёту фаолияти марде харф бизанам, ки вокеан фардест чонфидову мехнати, хирадманду насихатгу ва хикматдон, ки лоики тахсину кадрдонист.Мардест ки такабуру магрури аз у бегонаанд,мардест номдор дар фазои мухиту диёр!Уро Саттор Хусейн мегуянд(Сатторов Хусейн).Ин марди хамвора дар руи кутуби набавию осмони дар хакикат дар миёни мардуми махал ва гирду атроф бо тачоруби касб бинмудааш ва бо фахму заковати кордонияш шахиру номдор аст.Азбаски Мулломирхусейн тагои падарм мебошад, мо низ чун падар уро таго-гуён садо мекунем. Хонаи Худоро зиёрат намудааст,аммо кабл аз ин ки рох суи хонаи Худоро бигирад, манзили садхо кулуби башарро ободу шод кардааст,ки ин худ мусовист бо мушарраф шудан ба хонаи У. Read more »
Салими Аюбзод

Аз соли 1990 хабарнигор ва аз 1995 корманди Дафтари марказии радиои Озодист.
Дар соли 1960 дар ноҳияи Масчо ба дунё омадааст. Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар нашрияҳои гуногун дар Душанбе ва Маскав кор кардааст.Аз соли 1995 дар Праг кору зиндагӣ мекунад. Мудири бахши сиёсӣ ва иҷтимоии ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”, ноиби сардабири “Ҳафтганҷ” ва сардабири нашрияи “Чароғи рӯз” буд. Муаллифи шаш китоби мустанад ва бадеӣ ва барандаи Ҷоизаи аввали Конфедератсиюни иттифоқҳои журналистии Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд дар соли 1991 аст.Дар зер чанде аз навиштахои ин рузноманигори саршносу шахири точикро манзур мегардонем. Read more »
КУРБОН ХУСАЙНИ
КУРБОН ХУСАЙНИ 16 июли соли 1939 дар дехаи Худгифи Офтобр.и нохияи Масчо ба дунё омада соли 2005 ба рахмати Хак пайвастаанд. Форигуттахсили Институти педагогии шахри Ленинобод (хозира Донишкадаи омузгории шахри Хучанд ба номи Б. Гафуров) буда,чихилуяк сол пешаи омузгориро ба душ дошт. Чакидахои хомааш дар нашрияхои «Машъал»: «Ом.згор»: «Начот» «Хакикати Ленинобод» «Чархи гардун»: тазкираи «Хуршедхои гумшуда»: мачаллаи «Оинаи зиндагиū» чопи /ИИ: Тазкираи дучилдаи «Аз садр то сока»-и чопи Ирон: китобхои «Аз таърихи Мастчох»: «Сурмаи дил» «Начвои сардара»: ва гайра ба табъ расидаанд. Борхо дар садо ва симои чумхури ва радиои«Садои Хуросон» бо шеърхои тару тозааш баромад кардааст.
Устод Хусайни муаллифи китобхои «Рози нигох» (1994с. нашриёти «Симург» ) ва «Ривояти Масчо» (1999с.нашриёти «Салим»): «Шаби кадр» (2005с. нашриёти «Деваштич» ш. Душанбе) мебошад. Read more »
Нуъмон Рачабзода
Нуъмони Раҷабзода 20-уми октябри соли 1971 дар ҷамоати Мастчоҳ, ноҳияи Мастчоҳ ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №10 соли 1989 шомили факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон гашта, ин даргоҳи маърифатро соли 1994 хатм менамояд. Фаъолияти кории хешро Нуъмони Раҷабзода ба сифати омузгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ва синфҳои ибтидоӣ дар мактаби миёнаи №24 оғоз карда, дар тарбияи шогирдон наздики даҳ сол саҳми муассир гузошт. Пайваста навиштаҳояш дар нашрияҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба чоп мерасиданд. Фаъолияти рузноманигории худро дар ҳафтаномаи «Суғд» соли 2002 оғоз карда, баъдан муҳаррири масъули ҳафтаномаи «Суғдиён» интихоб мегардад. Котиби масъули нашрияи «Анвори дониш» низ бар уҳдаи у вогузошта мешавад. Баъдан фаъолияти хешро ҳамчун хабарнигор дар ҳафтаномаи «Вароруд» идома дода, айни замон мухбири махсуси ҳафтаномаи «Омузгор» дар вилояти Суғд мебошад. Аз соли 2008 узви Иттифоrи журналистони Тоҷикистон аст. Дар зер чанд намуна аз навиштахои уро манзур мегардонем. Read more »
Гулноз
ДАР ШУКУФАРЕЗИ НИГОХИ ИРФОН
Мафохиме вучуд доранд, ки асли зухури ин отифаи равонии инсонро тавзех медиханд ва дар ин миён эхсос, тафаккур, хаёл, маърифат, дарк, шинохт ва амсоли ин дар саргахи диданихову шуниданихо аз шеър карор дорад. Чун шеър аслан як навъ маърифати лахза, фурсат, ходисаву вокеа, холат ва хатто як ашёст, пас кадами эхсосот дар ин каламрав пешгузар хам метавонад бошад. Чаро? Чун башарият худ барои расидан ба маърифати кулл эхсосро ба масобаи нардбоне карор дод, ки руи он боло шави ва уруч намои то ба фарози осмонхои асолат, ки онро зинахои дигаре аз аклу идроку фалону фалону ва мунтахои он, ки макарраш шахри хафтуми Аттор- яъне Ишк аст, боло мебаранд, бираси. Аз хамин чост, ки дар андешахои мунтакидону файласуфон ва хатто худи шоирон иттисоли равонии шоир, ашё, шеър вачхи мухимми рисолати шеър гуфтан аст, ки туфони нихояти ин анчумани васл, чунонки борхо гуфтаем,хамон нидои «Аналхак» аст, ки аз uояти шавки беандоза аз ниходи шахси шоир ба сурати «Анашшеър» берун меояд, то равшан кунад бароямон асолати шеърро. Read more »
Олим Салимзода
28 январи соли 1956 дар дехааи Худгифи Соя чашм ба олам гушуд. Тахсили хамагониро дар дабистони № 10 фаро гирифт. Соли 1978 бахши журналисти Донишгохи давлатии Точикистонро бо бахои аъло поён дод. Мудати 10 сол дар рузномаи «Точикистони Совети» фаъолият дошт. Хамчунин, 6 соли баъди дар Кумитаи давлатии матбуот раиси шурои чумхуриявии танзими тарчумаи адабиёт ва сардори сарраёсати табъу нашри матбуоти даври ва байналмилалии Вазорати ахбор буд. Read more »
2.Абёти Дилварзини
Идомаи чакидахои мастчохи аз навиштаи каблии Аз «Хулбуи лаби чу » то «Сузани патефон». Мо дар навиштаи кабли дар бораи ашъору чакидахои халкии мардумони Мастчохи Кухи маълумот дода будем ва инчо мехохам шумо хонандаи нуктасанчро бо чакидахои дилварзини низ шинос намоям.Лутфан ба зер таваччух намоед.
Ман духтари пахтакора ёраш бошам
Дар пахтачини хамдами кораш бошам.
Кошке ки худо муаллимам гардунад,
Дафтарча гирад,биёд ба пешам хунад.
Read more »
Шохмансури Шохмирзо
Шохмансури Шохмирзо 7 Майи соли 1971 дар рустои Худгифи Соя, нохияи Мастчох дар оилаи зиёи ва фархангпарвар мутаваллид гаштааст. Соли 1988 ба Донишгохи Давлатии Миллии Точикистон шомил гашта, тахсилро дар риштаи рузноманигори идома дод , сипас онро соли 1993 бо муваффакият ба итмом расонд. Инчунин бо чаридахои мухталифи кишвар аз чумла бо “Сухан”, “Оинаи зиндаги”, “Анбоз”, “Точикистони совети” ва радиои чумхури хамкори дошт ва дорад. Мавсуф солхои 1996-1999 дар нохияи Мастчох муаллими литсей буд ва замоне хамчун муовини сардабири рузномаи Машьал ифои вазифа мекард.. Read more »
Шохмирзои Хучамухаммад
Мавсуф 18 феврали соли 1949 милоди дар рустои Худгифи Соя , нохияи Мастчох дар оилаи зиёи чашм ба ин олами хасти во намуда.Узви конфедератсияи байналхалкии журналистон Шохмирзои Хучамухаммад кайхост, ки аз соликони чодаи Сухан мехсуб меёбад.Мавсуф дар рузномаи нохияи Мастчох- “Машъал”, “Агитатори Точикистон”, кумитаи радио ва телевизиони чумхурии Точикистон фаолият дошта,хамчунин муаллифи кутуби “Сурмаи дил” (хамрох бо писараш Шохмансур) ва “Касидаи чавонмарди” (дар хамкори бо Мирзохамдами Шарифзода) буда “Ахтари зулматсуз” асари сеюмини уст, Read more »
1. Аз «Хулбуи лаби чу » то «Сузани патефон»
Бешубха аст, ки замону макон, мухити ичтимои ба зиндаги ва фаъолияти инсон таъсир мегузорад, зеро инсон дар доираи онхо мемонад ва берун аз онхо буда ва шуда наметавонад.Чунин таъсир дар фолклор-хикмати халк низ дида мешавад, зеро мардумро одат буда ки бо шеър тавъам зистаанд.Кам одаме ёфт мешавад, ки дар инчо 50-60 байту рубои надонад ё бо оханг нахонад.Мухит чунин инсонхо тарбият менамуд. Read more »
Чура Юсуфй

Чура Юсуфй 16 апрели соли 1957 дар дехаи Худгифи Сояи Кухистони Мастчох ба дунё омадааст. Донишгохи Давлатии Точикистонро соли 1979 хатм карда, дар рузномаи “Машъал”-и Мастчох, хафтаномахои «Ориён», «Сугд», «Сугдиён» ва макотиби нохия кор кардааст. Раиси бахши нохиявии Бунёди забони точикй, муовини сардабири хафтаномаи мустакили “Вароруд” (ш. Хучанд) мебошад.
Ашъораш дар матбуоти вилоятиву чумхурй, мачмуахои “Риштаборон”, “Навсафар”, “Чашмаи шоир” ба табъ расидаанд. Китоби алохидаашро бо номи “Шохаи сабз” нашриёти “Адиб” соли 1989 дар мачмуаи “Санги овоз” ба табъ расонда буд. Соли 1996 нашриёти Рахим Чалил китобчаи илмию оммавии у “Аз таърихи Мастчох”-ро чоп кард. Муаллифи чандин киссахои хуччатй, аз кабили «Хафт пайкор», «Манори Дехманора», «Шахиди хунар» мебошад.
Чура Юсуфй рузноманигор аст. Яке аз дастёбтарин сохибхирфа дар чодаи рузноманигорист, ки анкариб ба 100 нафар рузноманигорони шинохтаи кишвар хукми устодй дорад.
Ашъораш ба китоби “Хуршедхои гумшуда” (Эрон, 1998, бо хати форсй) рох ёфтаанд. Read more »
Аъзами Хучаста
Соли 1955 дар дехаи Худгифи Соя, нохияи Мастчох ба дунё омад.Соли 1972 мактаби миёнаи раками 10-ро хатм намуда, дар хамон сол ба донишкадаи таърихи ДДТ дохил шуд. Аз соли 1977 то соли 1985 дар мактаби миёнаи раками 10 омузгор буд. Дар солхои 1985-1988 дар Афгонистон ба унвони тарчумон кор кард. Аз соли 1988 то 1996 хабарнигори рузномаи “Машъал” буд. Аз соли 1997 то кунун корманди бахши точикии “Садои Хуросон” аст.
Мачмуаи ашъораш бо номи “Соярушан” дар Чумхурии Исломии Эрон ба табъ расидааст.
21 ноябри соли 1984 дар рустои Худгифи Сояи устони Сугди Чумхурии Точикистон чашм ба ин дунёи хасти во намуда аст.Мавсуф хатмкардаи Донишгохи Давлатии шахри Хучанд буда, факултаи забонхои хоричиро ба итмом расонида аст.Кам-кам машки шеьру калам мекунад. Навиштахояш дар рузномахои устонии “Вароруд”, “Хамсояхо”, ва рузномаи нохиявии Мастчох “Паёми дуст” дарч мегарданд..У инчунин дар рузномахои “Сугд” ва “Сугдиён” фаолият намудааст.











